Главная / Гуногун / РИСОЛАТИ КИМЕГАРИ

РИСОЛАТИ КИМЕГАРИ

Замоне ки ман ин китобро ба хондан шуруъ кардам, фасли поиз чояшро ба зимистон медод. Асар маро ончунон дар худ кашид, ки дигар дар ихтиери худ набудам. Кахрамони ормончуи соддаи асар маро ба олами рангхову охангхои роздору печидагирех, чахони мочарову мачозии кисматсоз бурда буд. Сари хар кадам ба неку бади зиндаги ва рангомезии кисмати инсон, садокат ба арзишхои волои башари ва урфу одоти халку миллатхои гуногун ру ба ру омадам. Ин хама бо усули афсона ва е хаелию руъеи бозгу шудааст, ки шохиди шахсият ва истеъдоди нависанда аст .

Ин чи китоб аст?

Ин китоб романи “Кимегар”-и Пауло Куэло мебошад, ки ба тозаги бо дастранчи нависандаи шинохта Чонибек Акобир ва мутарчими нозуктабъ Истад Косимзода руи нашр омадааст. Мавриди тахия ва тарчума карор гирифтани ин роман баенгари завки баланд, дониши амик ва чахонбинии васеъи онхо мебошад. Бо захмати сангин дар ин айем ба дасти хонанда гузоштани чунин як асари шоиронаи пур аз розу ниез, таззоду хидояту башоратхо аз чониби хар ду кори хайру бохимматонае мебошад. Ва бе ягон мухобот гуфтан мумкин аст, ки бо ин амалашон миени башари чахонсоз шохпули фарханги сохтаанд.

Зайле дар пешгуфтори китоб омадааст, ин роман яке аз асари хонотарини замони мо ба хисоб меравад. Романи “Кимиегар” ба 46 забон тарчума ва дар бештар аз 120 кишвари чахон ба чоп расида, аз икболи камназир бархурдор шудааст. Тибки маълумоти як мачаллаи байналмилали “Кимегар” яке аз дах китоби пурфуруши чахон дар соли 1998 махсуб шудааст. Хатто дар чандин кишвар онро чун китоби дарси истифода мебурдаанд.

Танхо хамин гуфтахои боло кофист, ки хулоса барорем: “Романи “Кимиегар” асари писандида аст!” Ва ман бовар дорам, ки он писанди хонандаи точик мегардад.

Аз сатрхои нахуст асар хонандаро ба худ чазб мекунад. Вокеан хам нависанда дар як сарогози кучак тавонистааст афсонаеро дар афсона бигунчонад. Ва ин афсона чунон зебост, ки хонандаро ба афсонаи дигаре хидоят менамояд. Ва дар поени сарогоз кимегар хам беихтиер икрор мешавад: “Чи достони зебое!”.

Бале, натанхо сарооз, балки тамоми роман зебост. Он бо забони шево, услуби равон ва гановати беназир иншо гаштааст. Забону баени адиб пур аз рамзу роз ва дигар санъатхои офарандагист. Ва бехуда хам адабиетшиносон “сабки шоирона, вокеъгаро ва фалсафии уро” ситоиш накарда будаанд.

Кахрамони асосии асар чавони соддаи ормончуе ба исми Сантяго мебошад. Волидони у орзу доштанд, ки писарашон кашиш бишавад. Вале Сантяго аз кудаки руъеи шинохтани чахонро дар сар дошт.

Бале, одамизод бо орзу зинда аст. Вакте чизе намемонад, ки онро орзу куни, он гах зиндаги мазмуни худро гум мекунад. Зеро ки ангезае барои идомаи хает боки намемонад. Он гуна ки Аллома Мухаммад Икбол мефармояд:

Орзуро дар дили худ зинда дор,

То нагарди кабзаи хоки мазор.

Сантяго барои расидан ба орзуяш, ки он чун афсона шахси сифат мешавад, касби чупониро пеша мекунад. Ки дар чавони афсонаи шахси надорад?! Ба фикрам чунин чавонро ефтан амри мухол аст! Албатта дар он синну сол хама чиз равшану возех аст, хама чиз имконпазир менамояд. Вале бо гузашти замон айен мегардад, ки ба максад расидан кори осон нест. Тахкики афсонаи шахси аклу заковати борикбин, нигохи амик ва диди мушохидакори Сантягоро такозо мекунад. Чун инсон ин сифатхоро доро нест, ба ноумеди таслим мешавад. Ин боис мешавад, ки нотавони бар калбаш рох биебад. Ва ихтиерашро дар зиндаги аз даст медихад. Аз ин рузи сиех, бахти бад нест. Вале инсон инро аз сарнавишт мебинад. Ва мо садхо бор шохиди он шудаем, ки инсони бадбахт гуфтааст: «Такдирам хамин будааст». Вале кахрамони асар инро бузургтарин дуруги олам мешуморад.

Ва шояд ин хактарин сухани олам бошад!

Санъати рамз дар роман бисер мохирона истифода шудааст. Ва он чун таронаи дилнишин ба дили хонанда нишаста, уро ба дуст доштан ва кадр кардани зиндаги хидоят мекунад. Номи роман хам рамзист. “Кимегар” чи маъни дорад, яке аз кахрамони асар посух медихад: “Яъне касе, ки табиат ва чахонро мешиносад”. Ин чавоб худ ба мавзуи асар ишора мекунад. Хар як инсоне, ки ба дуне меояд бе рисолати кимегари наметавонад рисолати хешро ичро намояд. Ва Хоча Хофиз чи хуб гуфта: “Оламе аз нав бибояд сохт в-аз нав одаме”. Дар ин робита чуноне, ки яке аз кахрамонхои асар мегуяд: “Тасодуф вучуд надорад”.

Бале, дар дуне хеч чиз тасодуф рух намедихад. Хар чизе, ки ба амал меояд сабаб дорад. Ва хар амале, ки содир мегардад хатман подош дорад. Ва подшохи пир хам ба Сантяго бесабаб панд намедихад:

…«хама чиз як чизи вохид аст»…

…«ба хотир дошта бош, хамеша бояд бидони, ки чи мехохи»…

Рамзи нозуки дигаре, ки баен мешавад, зиндаги тибки ойини Ислом аст. Ва ин хамон чизест, ки “асли мусоид” ном дорад е “бахти тозакорхо”.

Чун як нафар ба Сантяго хиенат карда, уро аз дастранчи бо азобхо дарефта махрум месозад, дигар у чупон набуд ва хеч чиз надошт. Бегонае буд, ки хатто забони мардуми он кишварро намедонист. Худро хеле кучаку бадбахт эхсос мекунад. Бо эхсоси талхи меандешад, ки дигар ба хеч кас эътимод нахохам кард. Вай аз шиддати хастаги дар бозор ба хоб меравад. Паш аз он ки ба хоб фуру равад, фикр мекунад: “Ман мочарочуе дар чустучуи ганч хастам”. Вале вакте аз хоб мехезад дунеи тозаеро мебинад ва эхсоси хушбахти мекунад. Нахуст ба марди ширинифуруш ру ба ру меояд. Нависанда ботини ин мардро дар симои зохириаш рушан месозад. Вай онро чунин тасвир мекунад: “Дар чехраи он мард лабханде буд, ки дар дигар чехрахо дида намешуд. Саршор аз шодмониву ишк ба хает буд ва омода буд то рузро бо шодмони огоз кунад”.

Ин фурушандаи арабзабон ба Сантягои испанизабон ба як дид маъкул мешавад. Ва ба у ери дода сохиби ширинии болаззат мегардад. Ва эхсос мекунад, ки: “… чизхои тозае ед гирифтан дорад”. Дар зехнаш андешае чира мешавад, ки агар забонро медонист, чахонро кашф мекард. Бале, бехуда: “Забон дони – чахон дони!” – нагуфтаанд.

Баъд Сантяго ба марди булуфуруш вомехурад. Чун у ниез ба пул дошт, таклиф мекунад, ки чомхои вайро тамиз кунад. Дар иваз танхо пули нахор хохиш мекунад. Точири булур дар чавоб сокит мемонад. Сантяго – “сукут аломати ризо” – хамаи гулдонхои точирро тамиз мекунад. Пас аз ин онхо барои нахор хурдан ба кахвахонаи кучаке медароянд. Точири булур лабханде зада, ба Сантяго мегуяд:

“ – Ниезе ба тамиз кардан набуд. Конуни Куръони карим моро муаззаф медорад, ки гуруснаро сер кунем.

Писарак пурсид:

– Пас чаро гузоштед, ки ин корро бикунам?

– Чун булурхо касиф буданд ва ба ману ту лозим буд, ки зехнамонро аз андешахои зишт пок кунем”.

Вокеан хам худотарсию пархезгори, дилу нияти софу пок сабабгори ба максуд расидан мегардад. Дар акси хол бадбахти афзун меояд, чуноне Саъди гуфта:

Ятиме, ки нахонда Куръон дуруст,

Кутубхонаи хафт миллат бишуст.

Дилу нияти софу пок ба Сантяго имкон медихад, ки на танхо пули кофи ба даст оварад, инчунин ба тичорати марди булурфуруш равнак бахшад. Ва марди булурфуруш ба ин тан дода, икрор мешавад: «Ту мояи ифтихори ман хасти. Ту ба магозаи булурфурушии ман рух бахшиди».

Дар рохи максуд Сантяго бо кимегар ру ба ру меояд. Кимегар ба у рози бузургеро ошкор месозад: «Хар кас бар руи замин хамвора тачаллибахштарин рисолат дар саргузашти чахон аст».

Бале, чунин буд, мебошад ва хохад монд!

Ба акидаи кимегар инсонхо инро намедонанд, хама чизхои соддаро намепазиранд ва худро донову бино метарошанд. Вай ба Сантяго мегуяд: «… Хакикати соддаи вучуди чахон тазмине бар вучуди чахоне комилтар аст. Аммо инсонхо ахамияти чизхои соддаро арзише коил набуданд ва шуруъ карданд ба навиштани рисолахо, тафсирхо ва макомоти фалсафи. Хамчунон гуфтанд, ки рохро бехтар аз дигарон мешиносанд».

Хангоми мутолиаи ин сатрхо ду мисра шеър ба едам омад:

Аз мардумаки дида бибояд омухт,

Дидан хама касрову надидан худро.

Бале, бояд хамвора ба дигарон, ба атрофамон нигарем. Натанхо нигарем, балки эхтиром бипазирем, чуноне ки кимегар хатто ба сукути сахро эхтиром мегузорад. Зеро хама мавчутоти олам зинда асту рух дорад. Бо забонхои бисере сухан мегуянд. Моро меозмоянд ва меомузонанд. Ва дорои огохии кабл аз вукуъ хастанд. Ва хар кас метавонад аз бозгуии ин мавчудот пайвандиеро дар зиндагии худ биебад.

Дар бисер мавридхо мардум аз Худованд такозои пуштибони мекунанд. Ва дар чое таъкид мешавад: «Чун оянда аз они Худованд аст». Табиист, ки суоли: «Пас чи гуна ояндаро метавонем пешбини кунем?» – ногузир аст. Ба ин суол пешгу посух медихад: «Аз рохи нишонахои «акнун». Рози оянда дар «акнун» аст. Агар ба «акнун» тавачух куни, метавони онро бехтар куни. Ва агар «акнун»-ро бехтар куни, он чи пас аз он рух медихад, бехтар мешавад».

Ва боз дар чое таъкид мешавад: «Худованд асрори худро саховатмандона ба офаридахояш ошкор мекунад». Рисолати хастию пуяндагии хар инсон ин аст, ки онро мушаххас дарк кунад ва ба умкаш сарфахм биравад. «Ва ин хамон чизест, ки онро «амал» меномем».

Ва Сатяго боз пандхои пирамардро ба ед меорад:

«Вакте бо тамоми вучуд чизеро орзу мекуни, неруи мусбат – Рухи Чахон бо туст ва саросари кайхон хамдастат мегардад».

«Саъй кун нишонахоро биеби ва ба онхо эхтиром бигузори».

Ва Сантяго ба хама мавчудот эхтиром мегузорад ва меомузад. Аз хайвонхо, паррандагон, сахро ва бештар ба корвонхо тавачух мекунад. Зеро онхо печухами зиедеро тай мекунанд ва хамвора ба суи як максад мераванд.

Кам-кам аз сиру асрори кимегарон огохи меебад. Кимегарон он кадар ба оташ нигох мекардаанд, ки дар ботини худ андак-андак зехни онхо хамаи арзишхои дунеро аз даст медодааст. Ва фулузоте ки солиени зиед харорат бубинад, хамаи хосияти худро аз даст медихад ва танхо Рухи чахон дар он боки мемонад. Ва Сантяго охиста-охиста ба натичае мерасад, ки кимегариро бояд дар зиндагии рузмарра омухт. Ва набояд фаромуш кард, ки: «хама чиз як чизи вохид аст». Бад-ин ру лозим нест, ки охан бо мис ва мис бо тилло баробар бошад. Хар кадоме вазифаи худро дар ин ягонаги анчом медихад. Касе ки дар афсонаи шахсии дигарон дахолат мекунад, афсонаи шахсии худро кашф нахохад кард.

Риштаи сюжети асарро боз як риштаи нозуки дигаре кави медорад, ки он ишк аст. Ва он мохирона корбаст шудааст. Вай барои айении рухи психологии кахрамон истифода мегардад. Вокеан хам зиндаги водор мекунад, ки ишкро бишносем. Агар ба хает бо дидаи ибрат бингарем, эътимод хосил мекунем, ки ишк зиндагиро зебову гуворо месозад. Ин аст, ки кимегар ба Сантяго мегуяд: “Ишк неруест, ки Рухи Чахонро водор ба тахаввул ва такомул мекунад”. Хар касе намаки ишкро чашида бошад, хеч гох аз олами инсоф берун намеравад. Ва хамвора мекушад, ки бехтар аз оне бошад, ки хаст. Ишки хакики хеч гох инсонро аз амали гаштани афсонаи шахсиаш боз намедорад. Дар акси хол он як орзуву хаваси пуч аст. Ва баъдтар Сантяго ба боди магрур мегуяд: “Ишк варзидан ба маънои он аст, ки метавони дар чахонофариниш, хар чизе боши”.

Ишки Фотима баенгари рамзи нозуке мебошад. Он на танхо риштаи мухаббати ду халкро, балки ду мазхабро ба хам мепайвандад. Фотима Сантягоро аз рох намезанад, балки хидоят мекунад. Хангоми гусел ба у мегуяд: “Пеш аз ин орзумандона ба сахро менигаристам. Акнун умедворона менигарам. Падарам рафт, аммо ба суи модарам бозгашт”.

Ин ба Сантяго кувва мебахшад, имони уро кави мегардонад. Ва бо бовари ваъда медихад: “Бармегардам, хамон тавр, ки падарат ба суи модарат баргашт”.

Аклу заковати борикбин, нигохи амик, диди мушохидакорона ва ишки пок Сантягоро кавируху кавиирода мегардонад. Ва кимегар уро аз санчиш гузаронда, мегуяд: “Бояд шучоати туро меозмудам. Барои онон, ки дар чустучуи забони чахонианд, шучоат бузургтарин мухаббат аст”.

Вакте кимегару Сантягоро хамчун чосус асир мегиранд, кимегар аз фармондех се руз мухлат мегирад, то ки худро ба бод табдил дихад. Байни кимегару Сантяго чунин сухбат барпо мегардад:

“Кимегар бо лахни бисер ширине гуфт:

– Худро ба ноумеди таслим накун. Ин боис мешавад натавони бо калбат сухбат куни.

– Аммо ман намедонам чи гуфта ба бод табдил шавам!

– Касе зистани афсонаи шахси фикр мекунад, медонад барояш чи аст. Танхо як чиз метавонад як руъеро ба номумкин табдил кунад: тарс аз шикаст.

– Ман аз шикаст наметарсам. Факат намедонам чи гуна ба бод табдил шавам.

– Пас бояд ед бигири. Зиндагиат ба хамин вобаста аст.

– Ва агар наметавонам?

– Дар холи зистани афсонаи шахсиат мемири. Ин бисер бехтар аз мурдани хамчун милюнхо одами дигар аст, ки харгиз намедонанд афсонаи шахси вучуд дорад. Вале бо вучуди ин нигарон набош. Маъмулан марг боис мешавад одам зиндагиро бештар эхсос кунад”.

Ва нихоят калбаш ба Сантяго дар бораи Рухи Чахони сухан мегуяд:

“… инсони хушбахт инсонест Худовандро даруни худ дорад…”.

“… хар инсоне бар руи замин ганче дорад, ки дар интизори уст”.

Ва кунун калбаш кодир буд, ки ба у ганчро нишон дихад. Ва нависанда ин холати Сантягоро чунин ба калам медихад: “Ва чавон дар Рухи Чахон гарк шуд ва дид, ки рухи чахон бахше аз рухи Худованд аст ва дид, ки рухи Худованд рухи худи уст. Ва дид, ки бадин тартиб метавонад муъчиза кунад”.

Ва у муъчиза мекунад, худро ба бод табдил медихад. Ин рамзи нозук ишора бар он аст, ки инсон ба хама чиз кодир аст.

Пас аз пайдо кардани ганч, Сантяго ба чунин хулоса меояд: “… ба рости зиндаги барои касе ки афсонаи шахсиашро дунбол мекунад, саховатманд аст”.

Чун дар дуне инсоне нест, ки орзуе надошта бошад ва чуеи ганче набошад, пас бояд саргузашти кахрамони софдили романи “Кимиегар” – Сантягоро дар замираш обутоб бидихад. Хар кас, ки аз мутолиаи ин асар шарафеб гардад, ба дилаш дуне-дуне шодиву фарах, хиссиети гарму гуворо ва поку латиф ворид мегардад. Дар калбаш шуълаи мухаббат бедор гашта, рангу бу ва хусну таровати зиндаги афзун мешавад. Дуне ба чашмаш чун тиру камон ба чилва меояд. Ва дар гушаш суханони кавию маргуладор ва саршори мехру мухаббати Сантяго танин меандозад:

“ – Омадан дорам Фотима, меоям!”.

2 январи соли 2006

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …