Главная / Илм / Овоз чист

Овоз чист

Саид аз руи одат чашми чапашро кушода, ба соати девори нигох кард. Сипас курпаро болои сар кашида, пахлуи дигар гашту чашм пушид. Ганаб карда буд, ки овози завчааш уро як кад паронд. Овози у чунон баланд буд, ки Саид харосида: «Ха, ха. Чи гап?!» – гуён, аз хоб бедор шуд.

– О, хез! Лангар зада мехоби-чи? – бо оханги маломат гуфт завчааш.

– Чи, ба кор дер мондам?

– Не, имруз якшанбе-ку.

Саид хадаха ба гиребони майкааш се-чор бор туф кард.

– Уфф… Кариб захракаф шуда будам. О, набошад чаро бедор карди?

– Овоза ки медихад! – бо тамасхури ошкоро гуфт завчааш.

– Овоз? – дасту по гум кард Саид. – Чи хел овоз?

– Эха, аз ботлоки сиёсат берун мондаи-ку! – бо истехзо нидо намуд завчааш. – О, имруз интихобот

– Чи?! Боз интихобот! – шурид Саид ва ру-руи хона кадамзанон гур-гур кард: – Ман дар хурди хамин кадар ба мактаб намерафтам, он кадаре ки холо ба интихобот. Хар руз интихобот.

– Тибки Сарконун ин интихобот, – гуфт завчааш димогаш сухта.

– Чи?! – Саид истода ба руи завчааш нигарист. – Сарконун? Боз инаш чи?

– Чи. Сарконунро намедони? Сарконун, яъне Конституция.

– Ана хамин хел точики гуй-дия, – гур-гур кард Саид. Сипас бедимог пурсид:

– Боз киро интихоб мекунем?

– Депутатхоро, – тачанг шуда чавоб дод завчааш.

– Чанд каcанд? – дархол пурсид Саид.

– Мегуянд, ки бист кас буданд. Бо кувваи ярок хаждах касаш номзадиашро гирифтааст. Ду кас Алию Вали мондааст.

– Чи доданд? – саросема боз савол дод Саид.

– Хеч чиз, – бо иллат посух дод завчааш.

Саид бо хайрати том ба руи завчааш чашм духт.

– Чи хел, хеч чиз? О-о, доим медоданд-ку?

– Э, ту аз хавои тагирёбандаи сиёсати замон бехабар мондаи. Акнун депутатхо медони чи мегуянд? Намедони? Набошад шунав. Онхо мегуянд, ки: «Ваъда медихем, ки ваъдаи хушку холи намедихем» мегуянд. Акнун на ину на он.

– Ха-а, ин тавр гуй, – охи сард кашид Саид. – Набошад худат рафта ба чои ман хам овоз бидех.

– Намешавад. Акнун хар кас бояд худаш рафта овоз дихад. Хатто шиносномаро хам тафтиш мекардаанд.

– Набошад рафтем, якчоя овоз дода меоем.

– Ту хушёри ё не, – кавок андохт завчааш. – Якчоя равем, то меоем, ки хонаро руфта бурдаанд. Аввал ту рав, ман хоная бони мекунам, баъд ман мераваму ту хонаро бони мекуни.

Саид акнун аз дар баромадани буд, ки завчааш бо садои баланд гуфт:

– Ист!

Саид ба акиб гашт.

– Чи? – пурсид у.

– Кани, либосхоятро каш! – амр дод завчааш.

Ханги Саид канд.

– Чи, пеш аз овоз додан…

– Не, натарс. О, ту ба хашар мерави, ки либоси кори пушидаи. Интихобот – ид аст. Либоси тоза пуш.

– Чи чои айб, – гуфт Саид. – Гап дар шакл не, дар мазмун.

– Э, холо ки ба мазмун эътибор медихад.

Саид дигар дам назад. О, чи бо зан бози кунию чи бо думи шер. Ва «дили ёрам намонад» гуфта, пас гашт. Вай ба ин кор он кадар вакти зиёд сарф накард. Зеро хамаги як либоси тоза дошт. Онро у «чойравак» мегуфт.

Саид акнун по ба остона монда буд, ки боз занаш садо дод:

– Ист!

Саид ба акиб гашт.

– Боз чи гап?

– Хушёр шав, – гуфт завчааш. – Ба касе ки овоз дех гуянд бидех. Фахмиди?

Дили Саид ба тапиш афтоду дар посух гуфт:

– Эха-а, гапи нав-ку!

– Ха, замона дигар, нав шудаги.

Саид охе кашиду бо талхи изхор намуд:

– Пас ту мехохи, ки ман аз демократия руй тобам…

– Беакли накун. Руй натоби гарданатро метобанд. Фахмиди?

Саид аз тарси он ки мабодо завчааш алами Исоро аз Мусо гирад, «ха, хуб» – гуён, чони худро халос кард. Вай аз хона баромада, суи участкаи интихоботи рох пеш гирифт. Ногох овози суруде ба гушаш расид. Истод. Гуш андохт. Хофизе гулу даронда месуруд.

Аз Хисору аз Бадахшон,

Аз Кулобу Ленинобод

Мерасад хар лахза бар гуш:

«Интихобот! Интихобот!»

Касе сулфид. Саид як кад парид. Дар ру ба руяш пирамардеро дид. Пирамард бардам, чусту чолок буд. Вай чун одами шинос, даст дода, гарму чушон бо Саид вохурди кард. Саид хам аз руи одоби шарки бо пирамард вохурди намуд.

– Ситораат гарм метобад, бачам, аз кучо мешави?

– Аз Точикистон! – шодон хитоб намуд Саид.

– Мефахмам, бачам, лекин хуни нофат дар кучо рехтааст?

– Дар Хордара.

– Хордара? – саросема, гуё чизи азизи гумкардаашро ёфта бошад, хурсанд шуд пирамард ва боз пурсид:

– Писари ки мешави?

– Писари Хаскаш.

– Наход? О, нагуфтам, ки ким-чи хел ширин метоби. Охир, фарзанди чураи худам будаи-ку-а.

Пирамард Саидро ба огуш гирифта, мисли писараш ба кундаи синааш зер кард, аз бехи гарданаш бусид.

– Ошнои мо чи хол дорад? Чанд сол боз надидаам уро. Соку саломатанд?

– Не, гузаштанд…

– Эъ, не-е?! Оббо… «Фарёд зи дасти фалаки чомакабуд, ёрони маро омада, як-як рабуд», – пирамард аз киса руймолча бароварда, нами чашмонашро пок кард. Сипас дурудароз ояте хонда, падари рахматии Саидро ба неки ёд кард.

Лахзае харду хомуш монданд.

– Исто, ки, бачам, ба овоздихи рафта истодаи? – яхи хомуширо шикаста пурсид пирамард.

– Ха, бобо, – хушхолона посух дод Саид.

– Чи хубе, чи хубе, муборак шавад. Овоз додан кори савоб, бачам. Ха, кори басо савоб. Хам карз ва хам фарз.

Пирамард пашшаи шилкин барин ба Саид часпид. Ва халтаи гапро кушод.

– Дунё чаппа шудааст, бачам. Ха, набошад Валия чию депутати чи. О, вай як «тарошаи аз бом» руйи замин омада. Хамон «аз зин афтода». Лекин пояшро аз рикоб намегирад. Чумхуриро хароб кард. Холо у луб-лучак. На пул дораду на пушту панох. Ба кавли точико «на оташи сузону на оби сард!» Ба кавли русо «ни рыба ни мясо!» «Аз бебасарон умеди неки набаред!» – гуфтаанд. Агар уро руйи сахнаи сиёсат биёрем вой бар холи мо! Али бошад, гапи дагар. Вай арзанда! О, у вазн дорад вазн! Пул дорад, пули бисёр. Боз ошнохои зиёд, ошнохои зур дорад. Пулу ошно хама чизро хал мекунад. Хо, мегуянд-ку: «пул бошад чангалба шурбо!» Шиораш: «кавл доди ичро кун, ваъда доди вафо кун!»

– Э, бобо кадом депутат аз сад ваъдааш яктояшро ичро кардааст, ки…

– Не-не, у дигар, мекунад. Ха, агар сад ваъда дихад, садтояшро ичро мекунад. Ман ба ин имон дорам. Хуш, ту бо чи овоз медихи?

– Ана бо хамин дастам.

– Не, бо дил, бо акл ё амри вичдон?

– Ё харсе!

– Чи хубе, чи хубе! Хуш, дилу аклу вичдонат ба ки овоз медихад?

– «Бе пир марав, дар бимони, харчанд Сикандари замони» мегуянд. Шумо гуед, ки ба ки овоз дихам, ба Али ё Вали?

– Ба хафт пуштат рахмат, бачам. Тарбияи хуб гирифта будаи. Моя, ки хурмат мекуни, хатман хурмат мебини. «Дар хар кор машварат бояд, кори бемашварат наку наояд» – гуфтаанд. Шумо холо чавон. Мо кам не, гам не зиёда аз бист интихоботро дидем. Ха, гапи мана гири ба Али овоз бидех, бачам.

– Худам хам дар хамин ният будам. Як дуо дихед, бобо.

– Илохо, ман вори пири бодавлат шави! – дуо дод пирамард.

Дар даромадгохи участкаи интихоботи уро чор духтари зебо пешвоз гирифт. Гул барин зебо, тару тоза буданд онхо. Хаваси кас меомад.

– Биёед, биёед! – мехрубонона гуфт яке. – Хуш омадед!

– Добро пожаловат! – бо табассум гуфт дуюми.

– Хуш келибсиз! – хушхолона гуфт сеюми.

– Нури дида, точи сар! – гуён, чоруми ба у як дона мехчагули суп-сурх такдим намуд. Ва чунон табассуми кушандае ба у хадя намуд, ки мехчагул гуё аз рашк пажмурда гашт.

«Сохтакори!» – нидо намуд дар дил Саид. Бо вучуди ин аз шоди дили у ба бози даромад. Ва у бо дили бозингар вориди толори овоздихи гашт. Паси хашт миз хашт зебосанами дигар менишастанд. Яке аз дигаре зеботар буд. Лахзае гуё дар чояш шах шуд. Сипас хамаи онхоро як-як аз назар гузаронд. Гуё барои худ арус интихоб мекарда бошад. Сипас ба он мизе ки харфи «Х» дошт наздик шуд. Зебосанам аввал ба у табассуме хадя намуду баъд бюллетен дода:

– Медонед-а? – гуфта пурсид ва чавоби саволашро интизор нашуда, илова намуд: – Касеро ки намехохед хат занед.

Ва дар баробари ин бо ангушти ишорати мохирона номи Валиро нишон дод. Яъне уро хат бизан. Оташаке ба чисму чони Саид зад, хисси газаб пайкарашро сухт. Вале худро ба даст гирифта:

– Гап нест! – гуфт.

Зебосанам боз ба у як табассуми кушанда хадя намуд. Саид ба кабина, ки аз бахмали сурх сохта шуда буд, даромад. Саросема ба ин су – он су нигарист. Не, хама чояш руст, касе намебинад. Тамоми кабинаро аз назар гузаронд, ки боз камера ё жучок намонда бошанд. Не, хеч чиз набудаги барин. Бо вучуди ин хам шуда, бюллетенро бо танаш пушонд. Ва бо кахр «номат дар гур!» – гуён, Алиро хат зад.

18 январи соли 2000

 

 

гкихч

ГКХЧ

Пап№33Г=808(кафо)

 

 

Зане хангоми ворид шудан ба бинои Мачлиси намояндагон аз зинапоя меафтад. Раиси парлумон уро мебардорад. У аз раиси парлумон изхори миннатдори мекунаду мегуяд, ки ба ивази мехрубонияш чи кор кунад. Раиси парлумон дар чавоб мегуяд:

– Дар интихоботи оянда ба ман овоз дихед.

Зан дар чавоб мегуяд:

– Мухтарам раис, ман хангоми афтидан аз поя лат хурдаам, сарам дар чояш.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

soxranit-fayl

Нигохдории файл (Сохранить файл)

Хар як хуччати тартибдодашуда бояд дар диски сахт сабт карда шавад. Дар акси хол баъди …