Главная / Биология / Организм ва хосиятхои асосии он

Организм ва хосиятхои асосии он

Инсон ва табиат. Мувофики гуфтаи падари физиологияи рус,олими бузург И.М.Сеченов, мавчудияти организм бе мухити беруна гайриимкон аст. Барои он ки дар байни организм ва мухит мунтазам мубодилаи моддахо ба амал оянд, организм бояд аз мухит оксиген ва моддахои гизои гирад. Аз хисоби онхо хучайрахои нав ба вучуд меоянд, ки кори узвхо, масалан мушакхоро таъмин менамоянд. Дар баробари ин организм ба мухити беруна махсулоти нодаркор, моддахо ва гармии зиёдатиро хорич мекунад.

organ

Ба организм инчунин омилхои гуногуни табии: тагйирёбии харорати хаво, намноки, нурхои радиоактиви – нурхои офтоб, боридани барфу борон, туфон, тундбод, сухтор, заминчунби таъсир мерасонанд. Хангоми каме тагйир ёфтани чои зист организм кори худро тагйир дода, ба шароити нав мутобик мешавад. Масалан, хангоми баланд шудани харорати хаво нафаскаши ва кори дил тез шуда, аз бадан бештар арак чудо мешавад.

Одам бо баробари ба вучуд овардани шароити хуби зиндаги (манбаи доимии гарми, об, неру, манзил, асбобхои гуногуни мехнат, сарулибос, дору, наклиёт) нисбат ба дигар организмхои зинда метавонад худро ба омилхои номусоиди мухити табии бештар одат кунонида, воситахои аз он мухофизаткуниро ба вучуд орад.

Хамаи ин шароити мусоид дар натичаи фаъолияти максадноки тамоми чамъияти инсони дар давоми хазорсолахо ба вучуд оварда шуд. Ба туфайли ин одам тавонист, ки дар хар хел  интакахои чугрофии Замин: дар Шимоли Дур ва биёбонхо, дар руи замин ва зери об, дар водихо ва нохияхои баландкух, дар зери замин ва коинот зиндаги кунад. Одам бе ягон тайёрии махсус дар харорати хавое, ки то ба 60° (аз +50°С то +70°С) тагйир меёбад, зиндаги карда метавонад. Дар чунин холат одам на танхо зиндаги мекунад, балки дар шароити табии барояш гайримукаррари босамар кор хам карда метавонад.

Одам чун як чузъи зинда бо табиат хамкори мекунад. Аз табиат нафту газ, маъдану масолехи бинокори гирифта, онхоро чун махсули мехнати худ истифода мебарад. Барои хаёти одамон инчунин махсулоти наботот ва хайвонот зарур аст. Хамин тавр, одам нисбат ба мухити табии истеъмолкунанда мебошад. Дар айни хол одам заминхоро обёри карда, дар пеши рохи мачрохои харобиовар бандхо месозад, бахрхои сунъи ба вучуд оварда, табиатро тагйир медихад.

Муносибати тарафайни одаму табиат масъалаи нисбатан изтиробовари чамъияти имруза мебошад. Ин маълум аст – табиат мухити сукунати одам мебошад. Ба он на танхо холати саломатии имрузаи ахолии руи замин, балки ояндаи инсоният вобаста аст. Муносибати тарафайни одаму табиат бояд ба коидахои окилона ва сарфакорона истифода бурдани захирахои табии ва бехтар кардани мухит асос ёбад. Амалиёти тарафайни табиату одам бояд на номуташаккилона, балки бо раванди назорати чидди ба амал бароварда шавад. Одам барои пурра нигох доштани мухити табиат, максаднок тагйир додани он масъул аст. Дар мамлакати мо мухофизати табиат кори умумихалки буда, онро конун муайян кардааст. Тадбирхои мухофизати табиат ба таври илми асоснок ва амали гардонида мешаванд. Нигох доштани тозагии хаво, захирахои об, хок, олами набототу хайвонот гарави саломатии чисмони ва маънавии насли инсоният аст. 

Табиати биоичтимоии одам. Одам зери назорати ду барнома – биологи ва ичтимои ба камол мерасад. Барномаи биологи хусусияти сохт ва физиологияи организми одамро муайян мекунад. Вай дар раванди тахаввулоти дуру дароз ба миён омадааст. Хромосомахо ирсияти биологи буда, ба одам аз волидайнаш мегузаранд. Барномаи ичтимои аз таъсири мухит ва одамони гирду атроф ташаккул ёфтани шахсияти одам вобаста мебошад. Мохиятиичтимоии одам аз чунин сифатхо, ба монанди ахлок, вичдон, ватандусти, маълумот, фарханг ва гайра иборат аст. Барномаи ичтимоиро тамоми инкишофи чамъиятию таърихии инсоният ба миён оварда, он аз насл ба насл намегузарад. Хар як одам дар давоми умри худ дар байни одамони ба худ монанд, яъне чамъияти одамон зиндаги карда, онро тадричан меомузад.

Хар насли калонсол дар ташаккул ёфтани шахсияти насли хурдсол сахм мегузорад. Дар чараёни ин зухуроти ботинии одам муносибати у ба таъсири шароити беруна низ ташаккул меёбад. Дар корхои фоиданоки чамъияти иштирок кардани одам дар ташаккул ёфтани шахсияти у накши халкунанда мебозад. Вазифаи хар як чамъияти пешкадам аз тарбия намудани насли солим, аз чихати эчоди ва маънави гани гаштани инсони хакики иборат мебошад. Ташаккул ёфтани чунин шахсият раванди дуру дароз ва мураккаб аст.

Саволхо

  1. Амалиёти тарафайни организм бо мухити беруна аз чи иборат аст?
  2. Омилхои биологи ва ичтимои дар ташаккул ёфтани одам чун шахсият чи ахамият доранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …