Главная / Илм / Олу дар Канзи Шифо (Китоб)

Олу дар Канзи Шифо (Китоб)

olu_-660x330Дар тиб аксар олуи сиёх ба кор меравад, ки пухта шодоб ва ширин шуда бошад. Мизочи олуи сиёх дар дарачаи якум хунук ва дар дувум тар аст. Мизочи дигар олухо низ такрибан ба он наздик мебошад. Хислатхои шифобахши он: модоме ки олуи сиёх аз нуктаи назари тибби чолиби диккат аст, вале мо барои мукоиса хусусиятхои олухои дигарро низ ба забон мегирем.

Олуи сиёх хамчун гизо камкувват, вале мулоимкунанда ва лагжонандаи дарун аст, хусусан дар тари пухтагии он ин хислат зиёдтар мебошад, зеро рутубат ва часпандаги дар он афзун аст. Агар олуи сиёхро пеш аз таом бихуранд, сафрои ракикро меронад, дарди сари аз гарми баамаломада ва табхои сафровиро фоида дорад; галабаи сафро, яъне афзудани сафроро хомуш мекунад, кайи сафровиро бозмедорад, ташнагиро таскин медихад, харорати дил ва шиддати тафси онро хомуш мегардонад, хориши баданро нест мекунад, сафрои ракик (суюк)-ро ба воситаи исхол дафъ месозад; бечо (бехузур) гаштани дилро, ки аз бисёр шудани моддаи сафро дар меъда ба амал омада бошад, дафъ менамояд; хусусан майхуш (туршу ширин)-и он дар ин бобат пуртаъсир аст. Вале олуи сиёхи ширин дарунро суст ва мулоим мегардонад ва бо ин хислаташ бештар дарунро меронад. Басост, ки навъи турши олуи сиёх дарунро меронад. Зеро ки он дар шикам ба чизхои турш бирасад, онхоро мулоим сохта, аз чояшон канда ва чудо намуда дафъ мегардонад, вале агар ба моддахои гайри турш бирасад, дарунро шах мекунад.

Агар олуи сахти майда бошад, баъд аз хурдан дарунро сахт мекунад. Агар инро бо шахдоб бихуранд, он гох дарунро меронад, инчунин барои дарун безарар мегардад. Олуи хушкро дар об бипазанд ва он обро соф карда бо асал ё бо шакар, ё бо тарангабин (шакари янток) биёшоманд, дарунро мулоим месозад. Олуи сафед бадхазм аст ва монанди олуи турш дарунро намеронад.

Гули олуро бихоянд, аз боло ба поин фуромадани моддахои зарарнокро манъ мекунад. Агар онро куфта ба сар гузошта банданд, дарди сареро, ки аз гарми бошад, нафъ мебахшад.

Барг ё решаашро дар об чушонида, бо он об гаргара кунанд ва он обро дар дахан гардонанд, аз майна фуромадани назларо манъ мекунад, варами забончаи халкум ва омоси гадудхои бодомшакли гулуро тахлил медихад ва милки дандонро мустахкам мегардонад. Агар ин обро бинушанд, кирмхои меъдаро ихроч мекунад.

Баргашро куфта, ба зери ноф гузошта банданд, кирмхои шикамро мекушад. Вале олуро бисёр бихуранд, ба майна зарар дорад — ин гуна офати онро бо челон хурдан ислох метавон кард; агар ба меъда зарар расонад, гулканд бояд истеъмол намуд. Микдори як бор хурдан аз меваи олу дар як руз то 150 грамм аст. Мизочи шилмаш аз шилми бодомхо гармтар аст, вале хушкиаш камтар аз он мебошад.

Ин шилмро ба захмњо гузошта банданд, дар онњо гушти солим меруёнад. Агар инро соида, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез мегардонад. Агар бо сирко хамир карда, ба шукуфањои пуст гузошта банданд, шифо мебахшад ва љушишњои бадани кудаконро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …