Главная / Биология / Оксигенро хорич кардани баргхо

Оксигенро хорич кардани баргхо

Дар рушнои гази карбонатро фуру бурда, оксигенро хорич кардани баргхо

Чи тавре ки каблан кайд кардем, фотосинтез равандест, ки дар рушнои аз моддахои гайриорганики об ва гази карбонат дар барги сабзи растанихо моддахои органики (канд, охар) хосил мегардад ва оксиген хорич мешавад. Растанихо гази карбонатро аз хаво кабул мекунанд (фуру мебаранд). Дар таркиби хаво 0,03 фоиз гази карбонат мавчуд аст.

Барои аник кардани он, ки гази карбонати хаво хакикатан дар раванди фотосинтез иштирок мекунад, тачрибаи зерин ёри мерасонад. Ду тубаки на он кадар калонро, ки дар онхо растании хонагии анчибар ё гули тутиё нашъунамо мекунад гирифта, дар чои торик мегузорем, то ки моддахои органикии дар барг мавчудбуда пурра истифода шаваид. Баъди 2-3 руз тубакхои растанидорро ба руи як порча шиша гузошта онхоро бо сарпуши шишагин мепушонем. Ба зери сарпуши тубаки якум дар пахдуи гули тутиё як стакан махлули ишкори тез мегузорем. Ба зери сарпуши дуюм бошад, стакани мах- лули содадоштаро, ки ба он махлули сусти кислотаи гидрогенхлорид илова карда шудааст, мегузорем. Хар ду сарпушхоро пушонида, ба гирдаш руганак (вазелин) молида, ба рушнои мемонем.

barg-oksigenДере нагузашта, дар зери сарпуши тубаки якум гази карбонат намемонад, чунки онро ишкор тез фуру мебарад. Дар зери тубаки дуюм.бошад, баръакс, микдори гази карбонат зиёд мешавад. Чунки бо таъсири содаю кислота ба микдори зарури гази карбонат хорич мешавад.

Пас аз як руз сарпушро аз болои растанихо гирифта, аз хар кадоми онхо яктоги барг гирифта, чун дар тачрибахои гузашта гузаронидаамон (сах. 64), хосил шудан ё нашудани охарро месанчем. Мебинем, ки барги аз растании тубаки якум гирифтаамон (дар ша- роити нихоят ночиз будани микдори гази карбонат ё набудани он) бо таъсири йод кабуд намешавад, яъне охар хосил нашудааст. Баръакс, барги аз растании тубаки дуюм гирифтаамон (дар шароити гази карбонати барзиёд) бо таъсири йод кабуд мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки дар чунин шароит ба микдори зиёд охар хосил шудааст.

Хамин тавр, дар хосил шудани охар (ё канд) мавчудияту иштироки гази карбонат хатми мебошад. Растанихои руизамини гази карбонатро аз хаво мегиранд. Растанихои оби бошанд, гази карбонати дар об халшударо фуру мебаранд. Масалан, чунин тачриба мегузаронем. Шохчаи растании оби — элодеяро ба банкаи обдор андохта, болояшро бо киф мепушонем. Ба иуги киф пробиркаи пуробро чаппагардон карда мепушонем. Баъд банкаро ба чои равшан мегузорем.

Дар рушнои дере нагузашта, аз шохчахои элодея хубобчахои гази номаълум хорич шуда, аз пробирка обро фушурда берун мекунад В& Баъди якчанд соат газ тамоми пробиркаро пур мекунад. Он гох пробиркаро берун бароварда, ба он дархол чубчаи нимсузро дохил мекунем. Чубча шуълавар мешавад. Аз ин чунин мебарояд, ки дар пробирка гази оксиген, ки баргхои сабзи элодея дар равшани (дар раванди фотосинтез) хорич кардааст, чамъ шудааст.

Агар банкаи элодеядор ё тубаки растанидорро, дар чои торик гузорем, оксиген хорич намешавад, зеро растани факат дар рушнои гази карбонатро фуру бурда, оксигенро хорич мекунад.

  1. Дар растанихои сабз охар аз кадом моддахо хосил мешавад?
  2. Кадом тачриба нишон медихад, ки растанихои сабз дар рушнои гази карбонатро фуру мебаранд?
  3. Растанихои оби оё оксигенро хорич мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …