Главная / Илм / Обсабз дар Канзи Шифо (Китоб)

Обсабз дар Канзи Шифо (Китоб)

obsabzИнро дар баъзе мавзеъхо точикон чома (чапон)-и курбокка хам меноманд, дар обхо, одатан, пайдо мешавад. Бехтаринаш он аст, ки дар обхои ширин ба хам расида бошад. Мизочаш дар дарачаи дувум сард ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: онро куфта, батанхои ё бо орди чав якчо карда гузошта банданд, хунравиро аз хар узве, ки бошад, манъ мекунад, сурхбодро дафъ менамояд, варамхои гармро тахлил медихад; табхои гарм, никрис (подагра) ва чурраи (даббаи) кудаконро шифо мебахшад. Агар инро дар равгани зайтун чушонида, гузошта банданд, асабхоро башиддат мулоим мекунад.

Чун обсабзро дар равгани зайтун чушонида фуру баранд ва аз болояш оби гарм бинушанду кай кунанд, зулуки дар гулу часпидаро ихроч мекунад.. Обсабзи хушкро куфта бихуранд, исхоли сафровиро мебандад.

Он чи обсабзеро, ки монанди ришхо бошад 3,5 грамм аз он бо се-чор дона мурч ва камтар тамокуи хушк, ки хамаро бо оби чилим махин соида, хабхо баста, субх ба дили нахор фуру баранд, барои хамаи иллатхои сипурз, ки аз хурдани алафхои бисёр бемори ба он расида бошад, шифо мебахшад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …