Главная / Чамъият / Накшаи генералии махалли ахолинишин

Накшаи генералии махалли ахолинишин

Моддаи 51-и  Карори шахрсози. Накшаи генералии махалли ахолинишин

  1. Бо накшаи генералии махалли ахолинишин инхо муайян карда мешаванд:
    – самтхои асосии рушди худуди махалхои ахолинишин бо назардошти хусусияти рушди ичтимоию иктисоди, шароити табиию иклими ва дурнамои шумораи ахоли;
    – минтакабандии худуд ва бонавбат будани иморатсозии онхо;
    – тадбирхо чихати хифзи худуди махалхои ахолинишин аз таъсири холатхои фавкулоддаи хусусияти табии ва техногенидошта, рушди инфрасохторхои мухандиси, наклиёти ва ичтимои;
    – таносуби худудхои махалхои ахолинишини бунёдгардида ва бунёднагардида;
    – худудхои захирави барои рушди махалхои ахолинишин;
    – сархадхои махалхои ахолинишин;
    – дигар масъалахои вобаста ба рушди худудхои махалхои ахолинишин.
    2. Накшаи генералии шахр ва лоихаи банакшагирии минтакахои наздишахри метавонанд хамчун хуччати ягона дар асоси созишнома миёни макомоти ичроияи махалии хокимияти давлатии худудхои хамсархад тахия карда шаванд.
    3. Накшаи генералии махалхои ахолинишини шахрхои хурд ва дехахои калон метавонад якчоя бо накшахои муфассали банакшагири хамчун хуччати ягона тахия карда шавад.
    4. Хангоми тахияи накшаи генералии махалхои ахолинишине, ки дар худуди он объектхои мероси фарханги мавчуданд, накшаи таърихию меъмории махалли ахолинишин ва минтакахои хифзи объектхои мероси фарханги ба назар гирифта мешавад.
    5. Накшахои генералии шахрхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон вогузор кардааст, Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози бо иштироки раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо тасдик менамояд. Накшаи генералии шахракхо ва махалхои ахолинишини
    дехотро дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи шахрсози раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо ба Мачлиси вакилони халки дахлдор барои тасдик пешниход менамоянд.
    6. Коидахои асосии лоихаи накшахои генералии махалхои ахолинишин то тасдики онхо бо тартиби мукарраргардида бо вазорату идорахои дахлдор ва ташкилотхои сохави мувофика карда мешаванд.
    7. Дар давраи тахияи накшаи нави махалхои ахолинишин масъалахои вобаста ба чудо кардани китъаи замин барои сохтмон дар худуди махалхои ахолинишин бояд тибки тартиби мукарраргардида бо тахиягари он мувофика карда шаванд.
    8. Банакшагири ва сохтмони объектхо дар худуди махалхои ахолинишин бе мавчуд будани накшаи генерали ва дигар хуччатхои шахрсози манъ аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …