Главная / Илм / Наъноъ дар Канзи Шифо (Китоб)

Наъноъ дар Канзи Шифо (Китоб)

pudinai_bogi-660x330Наъноъ —  дар баъзе махалхо точикон пудинаи боги хам меноманд. Баргхояш назар ба баргхои пудина резатар, нозуктар ва суфтаву хамвортар аст. Мизочаш дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: наъноъ дар хама чихатхои тибби кавитар аз пудина мебошад. Агар инро бихуранд, гарми мебахшад, фарах меоварад, дилро кави мегардонад, хуни гафсро ракик (суюк) месозад, моддахои хунукмизочро пароканда менамояд. Наъноъи тарро бо орди чав даромехта, ба пешони бимоланд, дарди сарро, ки сабабаш хунуки бошад, шифо медихад.

Оби наъноъи тару тозаро дар офгоб гафс гардонанд, инро усораи наъноъ мегуянд. 0,5 грамм усораи наъноъро дар равгани гулисурх хал карда, дар бини то се дафъа бирезанд, ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар ин усораро дар шахдоб хал карда, нимгарм бичаконанд, дарди гушро таскин медихад.

Наъноъро куфта бар забон бимоланд, дагалии онро дафъ мекунад. Ва агар инро бихоянд, дарди дандонро сокин мекунад. Усораи инро биёшоманд, хунрави ва хун кай карданро катъ мекунад; дарди узвхои даруни сина ва пахлуро шифо мебахшад; рутубатхои касабаи шуш, худи шуш ва узвхои даруни синаро мепазонад ва барои хорич гаштан мухайё месозад, инчунин узвхои даруни синаро аз моддахои зарарнок пок мекунад.

Чун наъноъро бо сунбул якчо дар об бичушонанд ва он обро бинушанд, дарди дил ва тапидани меъдаро шифо мебахшад; куввати мосикаи (нигохдорандагии) узвхои хозима (меъда, рудахо, чигар ва сипурз) ва сари (дахани) меъдаро кави мегардонад, оругро бархам медихад, кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, дафъ мекунад, инчунин хамаи навъхои кирми шикамро мекушад; агар наъноъро бо сирко бихуранд, хунравихоро манъ мекунад.

Ду-се шохи наъноъро бо оби анори турш биёшоманд, хиккак (хикичок)-ро таскин медихад; бехузур (бечо) шудани дил, кай ва исхолро манъ мекунад, иштихо

меоварад, ташипи меъдаро бархам медихад, дарди дил ва дарди меъдаро ба ибро меоварад. Чун наъноъро бо камтар мустако бихоянд, хиккак ва дшггапакро бархам медихад, дилро кувват мебахшад, фарах меоварад, зардпарвинро дафъ мекунад ва бохро (пушти камарро) кави мегардонад. Наъноъро бо тухми анор бихуранд низ исхолро мебандад.

Чун ду-се шохи онро дар шир бимоланд, монеъи баста шудан, яъне гафс гаштани он шир мегардад. Наъноъро бо сирко ва дигар туршихо бихуранд, намегузорад, ки он туршихо ба асабхо зарар расонанд, инчунин онро бо махсулоти шири бихуранд низ, хамин таъсирро дорад. Хуллас, наъноъро дар сиканчабинхо ва дугоб дохил менамоянд, инчунин инро бо панир низ мехуранд.

Наъноъро куфта, аз ру гузошта банданд, меъдаро гарм ва кави мегардонад ва иштихоро баланд мекунад. Инро куфта, бо орди чав хамир сохта гузошта банданд, шири дар пистон шахшударо хал ва равон мекунад, вале худашро батанхои куфта гузошта банданд, барои бавосир даво мешавад; бо мавизи ангур сиришта гузошта банданд, варами хояро тахлил ва дарди онро таскин медихад.

Агар занон пеш аз мучомаат наъноъро хуб куфта аз таг бардоранд, хомила шуданро манъ мекунад. Вале хурдани наъноъ бод пайдо мекунад ва агар бисёр бихуранд, дар гулу хоришро ба амал меоварад. Давои ин зарархояш карафс хурдан аст.

Микдори як бор хурдан аз наъноъ дар як руз то 9 грамм мебошад. Наъноъро бо намак якчо куфта гузошта банданд, захри саги девона газидаро дафъ мекунад. Агар онро хоида гузошта банданд, шиддати захри каждумро мешиканад. Наъноъро куфта, бо орди чав хамир карда гузошта банданд, пучак ва чиртакхоро мепазонад ва ба онхо дору мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …