Главная / Биология / НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМИ

НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМИ

МЕРОСГУЗОРИИ ХАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНХО:  Мендел дар тачриба меросгузории танхо хафт чуфт аломати нахудро дида баромад. Баъдан бисёр тадкикотчиён меросгузории чуфти аломатхои гуногуни организмхои дигарро омухта, конунхои Менделро татбик намуданд. Ин конунхо барои хамаи организмхои бо рохи чинси афзоишкунанда хосанд. Баъдтар маълум гардид, ки дар нахуди хушбуй ду аломат, яъне шакли гард ва ранги гулхо бевосита ба мерос нагузашта, наслхо факат ба волидон монанданд.

khromosoma

Тадричан адади чунин мисолхо, ки бо конуни сеюми Мендел итоат намекунанд, зиёд шуд. Хамин тавр, маълум гардид, ки коидахои таксимшавии бевосита дар наслхо, ё комбинатсияи озод ба хамаи генхо хос нест. Дар хакикат барои хар организм аломатхои бисёре хосанд, вале микдори хромосомахо махдуд (кам) аст. Аз ин маълум мешавад, ки дар хар хромосома нафакат як, балки якчанд ген чойгиранд. 

Чунин холат боиси дигар шудани конуниятхои меросгузории генхо гашта, ин масъаларо олими барчастаи Амрико, генетик Т.Морган исбот намудааст. Фарз кардем, ки ду гени А ва В дар як хромосома чойгиранд ва организме, ки барои дурагакуни интихоб шудааст, бо ин генхо гетерозигот аст.

Дар анафазаи якуми таксимшавии мейози хромосомахоигомологи дар вакти кашиш хурдан ба кутбхои бо хам мукобил дар хучайрахои гуногун чойгир шуда, ба чои чор навъ ду навъи гамета пайдо мешавад, ки ин мухолифи дурагакунии дигибриди ва конуни сеюми Мендел мебошад. Агар организми гомозиготи бо генхои ресессиви дошта (аа ва вв) дурага карда шаванд, пас ба чои 1:1:1:1, ки барои дурагакунии тахлили хос аст, тачзияи 1:1 пайдо мешавад:

Чунин номувофики аз конуни таксимшавии бевоситаи аломатхо далели он аст, ки генхои ин аломатхо дар як хромосома чойгиранд ва хамрох ба мерос мегузаранд. Инро дар мисоли мушаххас дида мебароем. Агар магаси дрозофилаи хокистарранги болаш муътадилро бо магаси сиёхи бебол дурага кунем, он гох дар насли якум хамаи магасхои дурага боли муътадили хокистарранг доранд. Ин организмхо дигетерозиготианд, яъне бо ду чуфти аллелхои гении худ фарк мекунанд ва гени дорандаи боли муътадил нисбат ба боли нопурра ва гени хокистарранг нисбат ба сиёх доминант аст. Дар дурагакунии тахлили насли якумро бо дрозофилаи гомозиготии ресессиви (сиёхи бебол) дурага кунем, дар насл-хои Г2 бештари наслхо фенотипи волидонро сохиб мешаванд (расми 9.5).

Расми 9.5. Аломатхои гуногуни ирси дар дрозофилахо:

А – хокистарранг, боли муътадил,

Б – сиёх, боли нопурра (мункариз),

В – хокистарранг, боли нопурра,

Г – сиёх, боли муътадил.

Ду шакли охир дар натичаи якчоя шудани аломатхои волидон дар шакли чиллики пайдо шудаанд.

Нарина Модина

Ходисаи хамрох ба мерос гузаштани генхое, ки дар як хромосома чойгиранд, меросгузории часпида ном гирифтааст. Генхои дар як хромосома чойдоштаро хампайвасти (часпаки)-и генхо меноманд.

Ба мерос гузаштани генхои хампайваст (хамрох ба мерос гузаштани онхо)-ро, ки дар як хромосома чойгиранд, конуни Морган меноманд. Хамин тарик, конуни сеюми Мендел факат барои меросгузории чуфти аллелхо (генхо), ки дар хромосомаи гайригомологи чойгиранд, хос аст.

Генхои дар як хромосома чойгирифта, ки хамрох ба мерос мегузаранд, гурухи хампайвастро ташкил мекунанд. Аз сабаби он, ки дар хромосомахои гомологи генхои аллелидар нуктахои якхела (локус) чой гирифтаанд, гурухи хампайвастро ду хромосомаи гомологи ташкил мекунанд. Гурухи хампайваст баробари микдори хромосомахои гаплоидии хар як намуд аст. Дар инсон 46 хромосома, гурухи хам пайваст-23, магаси дрозофил-8 хромосома, гурухи хампайваст 4, нахуд-14 хромосома, гурухи хампайваст-7 ва гайра.

Лекин дар натичаи тахлили меросгузории хамчаспии генхо маълум гардид, ки дар баъзе мавридхо коидаи хамчаспии генхо тагйир меёбад.

Мейозро ба хотир оред. Дар профазаи якуми таксимшавии мейози хромосомаи гомологи ба хам часпида (конюгатсия), дар байни онхо доду гирифти кисмхо (ивазшави) ба амал меояд, ки инро чилликишави меноманд (расми 6.7).

Дар натича комбинатсия (якчояшави)-и нави генхо дар хромосомахо ба амал меояд. Дар натичаи чилликишави, дар баъзе хучайрахо кисмхои ба хам монанди хромосомахои гомологии генхои А ва В иваз шуда, гаметахои Ав ва аВ пайдо мешаванд. Дар наслхои онхо чор шакли фенотипи дида шуда, ба комбинатсияи бевоситаи генхо монанд аст. Аммо микдори таносуби фенотипхо ба таносуби 1:1:1:1, ки хоси дурагакунии тахлилии гибриди мебошад, мувофик нест. Барои исботи ин далел ба мисоли дар боло овардаи магаси дрозофила, ки бо аломати худ фарк мекунанд, менигарем. Дар баъзе мавридхо дар насли Г1 шаклхои фардхои нав пайдошуда, нисбат ба фардхое, ки ба волидон монанданд, камтаранд, аз чумла, магаси хокистарранги бебол (расми 9.5.) ва сиёхи болаш муътадил. Пайдо шудани ин микдори ками фардхо (8,5% аз хар як шакл) натичаи халал ёфтани хампайвастии генхост.

Хамин тарик, часпакии генхо пурра ва нопурра буда, сабаби вайрон шудани часпакии генхо чилликшави, яъне доду гирифти кисмхои хромосомаи гомологи дар таксимшавии профазаи мейози аст.

Т.Морган исбот намуд, ки чи кадаре генхо дар хромосома аз хамдигар дур чойгир шуда бошанд, эхтимолияти чилликишави хамон кадар зиёд ва фоизи фардхо бо омезиши гаметахои нав бисёр буда, аз волидон фарк мекунанд. Дар генетика масофаи байни генхои дар як хромосомаи гомологи чой доштаро бо фоизи гаметахои чилликшуда нисбат ба микдори умумии гаметахо, ки дар натичаи омезиш (рекомбинатсия)-и генхои хромосомаи гомологи пайдо мешаванд, муайян мекунанд. Ченаки масофаи байни генхои дар як хромосома чойгирифта ба як фоиз чилликишави баробар аст. Чунин ченак ба шарафи Т.Морган, морганоид ном гирифтааст.

Саволхо барои санчиш:

  1. Хампайвастии (часпакии) генхо чист?
  2. Гурухи хампайвасти аз чи иборат аст? Кадом хромосомахо як гурухи хампайвастиро муайян мекунанд?
  3. Кадом ходиса хампайвастии генхоро вайрон мекунад?

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …