Главная / Гуногун / НАКЛУ РИВОЯТХО ДАР БОРАИ АБУАЛИ ИБНИ СИНО

НАКЛУ РИВОЯТХО ДАР БОРАИ АБУАЛИ ИБНИ СИНО

Абуали ибни Сино аз љумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати кобилияти баланди илмиашон дар катори намоёнтарин арбобони маданияти пешкадами љахон  меистанд. Эљодиёти доманадори ин мутафаккири забардаст хануз дар овони бархаёт буданаш донишмандони маъруфи Шаркро дар хайрат оварда  буд. Асархои илмии Сино баъдтар тамоми мамлакатхои Гарбро  тасхир кард ва то асри ХV111 «Ал-конун-фитибб»-и у китоби асосии сохаи тиб ба шумор мерафт.

Дар хакикат, Сино дар бобати мардумро аз беморихои гуногун рахонидан ва аз бахшхои табиат ба манфиати мардум истифода кардан хизмати нихоят бузурге кардааст.

Бар замми ин хама  истеъдоду кобилият, аклу заковати фавкулодда, Сино ба маънои пуррааш инсон буд. Бо раъиятпарвари ва адолатпешаги ном бароварда буд.

Хамаи ин обрую эътибори уро дар назари мардум боло бардошта, барои ба вуљуд омадани як силсила наклу ривоятхо дар бораи у сабаб шудааст. Гуфтаи устод С. Айниро дар ин љо иктибос кардан хеле бамаврид аст: «Шояд аз љихати аз одат берун олами бузург буданаш ва ба муносибати пешааш – табобат ба халк наздик  буданаш  бошад, ки дар бораи Абуали ибни  Сино дар миёни омма афсонахои бисёре пахн шудааст».

Ин гуна афсонаю ривоятхо, ки кисман дар замони  худи Ибни Сино ба вуљуд омадаанд, дар байни халкхои Осиёи Миёна васеъ пахн гаштаанд. Онхо инчунин дар байни мардуми кишвархои дигари Шарк – Эрон, Афгонистон, Хиндустон ва гайра хеле маъмул ва машхуранд.

Як микдори ин асархо дар тули солхо бо ташаббус ва саъю кушиши шахсони људогона, адибон, муаррихон ва фолкльоршиносон љамъ шуда, ба воситаи маљмуаю тазкирахо ва асархои илмию адаби манзури хонандагон гардидаанд.

Ба муносибати  љашни мубораки Абуали  ибни Сино мо Фонди дастхатхои Шуъбаи фольклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АФ РСС Тољикистонро аз назар гузаронидем. Маълум шуд, ки дар ин Фонд дар зарфи ду се дахсолаи охир таввасути экспедицияхои  фольклори ва дустдорони эљодиёти даханакии халк аз нохияхои гуногуни Тољикистон ва махалхои тољикнишини Узбекистон  наклу ривоятхое, ки бо номи Ибни Сино алокаманд мебошанд, бисьёр љамъ омадаанд.

Китоби мазкур, ки нахустин маљмуаи наклу ривоятхо дар бораи Сино ба хисоб меравад, дар асоси материалхои хамин Фонд  тартиб  ёфтааст. Дар маљмуа факат ду ривоят профессор В. Асрори ба табъ расонида (Жур. «Шарки Сурх», 1952, раками 8) илова шуд.

         Материалхои маљмуа нишон медиханд, ки онхо аз љихати мавзуъ ва мундариља  гуногунанд ва мухимтарин љихатхои  хаёт ва фаъолияти  Ибни Синоро фаро гирифтаанд. Ин аст, ки дар он асархо  гох чун олим ва мутуфаккири забардаст, гох чун табибу хакими муъљизакор, гох чун кимьёгари мумтоз ва гох чун табиатшиноси мохир ва мутахассиси пурдони сохаи астрономия тасвир ёфтани Ибни Сино ба мушохида  мерасад.

         Бино ба мазмуни ривоятхо Ибни Сино шахсест, ки доимо гами аз дарду ранљ халос  кардани мардумро  мехурад ва таъмини саломатии одамонро у аз бузургтарин  карзхои инсонии худ  хисоб мекунад. Вай хамчун донишманди беназири илми тиб ва хакими  гамхору мехрубон асрори табобатии чандин гиёххоро  кашф намуда, онхоро барои рафъи беморихо  тавсия кардааст. Хосиятихои бешумори захри мор, асал ва хазориспандро низ бори аввал Ибни Сино ошкор  сохтааст. Ба акидаи халк хосияти шифобахши чои кухи ва пудинаро низ бори нахуст Сино муайян кардааст. Дар ривоятхо инчунин кайд карда мешавад, ки аввалин касе, ки шуллукро барои аз бадан дур сохтани хуни  мурдор  тавсия кардааст, Ибни Сино мебошад.

         Абуали ибни Сино дар наклу ривоятхои халки ба сифати як нафар рухшиноси сохибистеъдод низ амал мекунад. Масалан, дар ривоятхои «Дуруги шифобахш», «Ахсан», «Фарьёди судманд», «Ибни Сино ва подшох» бо роху усулхои гуногун касалихои рухию љисмониро табобат кардани Ибни Сино акс гардидааст.

         Умуман, дар байни  материалхои ин маљмуа  наклу ривоятхое, ки дар хусуси табибию хакимии Абуали ибни Сино бахс мекунад,  мавкеи намоёнро ишгол менамоянд. Сабаби ин дар он аст, ки Ибни Сино дар сохаи  тиб ва муолиљаи хар  гуна беморихо  бештар фаъолият нишон додаст ва у  дар байни халк  хам, пеш аз хама, хамчун табиби хозик маъруф ва машхур  аст.

         Дар ривоятхои халки тасвири сохахои дигари фаъолияти Ибни Сино низ ба назар мерасад. Чунончи, дар як катор наклу ривоятхо педагоги асил, муаллими  бузурги ахлок ва таргиботчии Ибни Сино бахшида шудаанд ва дар онхо дар бораи мактабхони ва омухтани илму дониш  шугл  варзидани у сухан ронда мешавад. Дар ривояти «Устод ва шогирд» бошад ба фаъолияти шоирии Ибни Сино ишора рафтааст.

         Илова бар ин дар байни материалхои мављуда «Саргузашти Ибни Сино ва Абусоли» ва «Сино ва илми симьё» барин баъзе ривоятхое  низ дучор меоянд, ки дар  онхо Абуали ибни Сино хамчун сохир амал мекунад. Албатта, ин ду ривоят (ба истиснои лахзахои кисми аввали ривояти якум) ба хаёт ва фаъолияти Ибни Сино хељ гуна муносибате надорад, зеро  дар ягон љо дар бораи бо сехру сохири сарукор доштани Ибни Сино чизе гуфта нашудааст ва то кунун ягон далеле, ки ин масъаларо акаллан андаке ба тасдик мерасонида бошад, дар даст надорем. Ба фикри мо, ба вуљуд омадани ин навъ ривоятхо  низ бо масъалаи аз тарафи халк хамчун як донишманди беназир тасаввур када шудани Ибни Сино алокаманд  аст. Ба ибораи  дигар гуем, азбаски халк аз дараљаи баланди илму дониш  ва кобилияти  беандозаи  Ибни Сино моту мафтун  гардида буд, бовар  доштааст, ки ин марди хирад аз асрори сехру сохири хам ба дараљаи  аъло огох мебошад.

         Ба хамин тарик, халк дар наклу ривоятхо  дар тасвири шахсият ва ба вуљуд  овардани образи Сино аз тарафхои гуногуни фаъолияти у наздик шудааст. Образи Сино аз тарафхои гуногуни  фаъолияти у наздик шудааст. Образи Сино, ки дар наклу ривоятхои халки буньёд ёфтааст, образи мукаммали бадеи буда, аклу хирад ва азму  иродаи инсони комилро дар худ таљассум намудааст. Халк бавоситаи тасвири  ин образ дар баробари талкину ситоиш  кардани фазилатхои  хуби инсони – некию накукори, дустию рафокат, раиятпарвари, хакљуи, фурутани, мехнатдусти, некбини, химматбаланди, зираки, дурандеши ва хоказо љохили, бахили ва кутохандеши барин хислатхои зиштро  ба зери танкид  гирифтааст. Умуман, дар ривоятхо талкини масъалахои мухимтарини ахлок ва ифодаи гояхои хайр ва некиву накукори макоми махсусе  дорад, ки ин гуна масъалахо ва гояхо бо масъалаю гояхои дар асархои доир ба ахлок  навиштаи Ибни Сино хеле мувофикат мекунад.

         Наклу  ривоятхое, ки дар ин маљмуа дохил шудаанд мехрномаи халк ба донишманди бузург ва олиму  адиби Шарк, ба яке аз барљастатарин нобигахои  илму фарханги башар – шайхурраис Абуали ибни Сино мебошад. Ин асархо, ки солхои сол аз  дахон ба дахон ва аз насл ба насл  гузашта, то замони мо махфуз мондаанд, бешубха, як навъ зухуроти хисси кадршиноси, пос доштани ному хотири Ибни Сино ва кадр кардани хизматхои шоистаи у аз тарафи мардум донистан мумкин аст.

         Хануз хамаи наклу ривоятхои оиди Ибни Сино пурра ба даст наомадаанд. Умед аст, ки ин кори хайрро фольклоршиносон минбаъд  давом  медиханд. Вале он хама наклу ривоятхое, ки то имруз љамъ  шудаанду намунахои  бехтарини онхо дар ин маљмуа истифода гардидаанд, барои тадкики фаъолияти доманадори Ибни Сино ва равшан кардани  тарафхои  ноаёни зиндагии у ба дараљаи муайян  ёри мерасонад. Ин наклу  ривоятхо инчунин дар бораи фикру акида ва муносибати мардум нисбат ба љихатхои  људогонаи хаёт, оила, одамон ва гайра маълумоти муфид медиханд ва дар бобати шиносо шудан бо тарзи зиндагиаш ва урфу одатхои табакахои гуногуни  иљтимои низ аз материалхои судманд ба хисоб мераванд.

         Забон  ва тахрири наклу ривоятхои маљмуа яксон нестанд: агар як кисми онхо ба забони адаби гуфта шуда бошанд, кисмати дигарашон омехтаи хусусиятхои забони адаби ва баъзе љихатхои шеваи ин ё он махаланд. Азбаски маљмуа ба доираи васеи хонандагон  пешниход мешавад, забони матнхое, ки хусусияти шеваро аз бар кардаанд, то хадди  имкон ба забони адаби наздик карда шуд.

         Дар маљмуа ривоятхои «Абуали ва бемор» ва «Сино ва љавони дардманд» аз љихати мазмун якхелаанд. Бо вуљуди ин он ду нухса ба сари  худ асари мустакиланд ва аз хамдигар ба бисьёр љихатхо фарк мекунанд. Бинобар ин, дар маљмуа дохил кардани ин ду нусхаро лозим донистем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …