Главная / Чамъият / Муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани

Муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани

( Ахбори Мачлиси  Олии Чумхурии Точикистон  соли 2004,№2, мод. 33; 2005 год, №12, мод. 649)

Мачлиси намояндагон 19 ноябри соли 2003 кабул кардааст

Мачлиси милли 12 феврали соли 2004 чонибдори намудааст

 Конуни мазкур асосхои хукуки ва принсипхои танзими муносибатхоеро, ки хангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани дар худуди Чумхурии Точикистон ба миён меоянд, муайян намуда, барои таъмини бехатарии шахсии шахрвандон, хифзи хаёт ва саломатии онхо, хифзи мухити зист, моликият ва пешгирии суикасдхои чиноятии ба амнияти чомеа нигаронида, равона гардидааст.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

бехатари хангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани- вазъи химояи шахсият, чомеа ва давлат аз вайрон намудани тартиботи мукарраргардидаи муомилоти маводи тарканда;

маводи тарканда- пайвастагихои кимиёви ё омехтаи онхо, ки тахти таъсири беруна (воситахои ангезанда) хусусияти худпахншави дошта,  метавонанд ба зуди таркиби кимиёвиашонро дигар кунанд ва ба маводи газмонанди дорои фишори баланд табдил ёфта, гармии зиёд хорич намоянд;

маводи таркандаи таъиноти граждани- маводи тарканда, воситахои ангезанда, борутхо, таркибу омехтахои пиротехники, инчунин махсулоти ба онхо асосёфта, ки барои истифода бо максадхои саноати, техники ва маиши (минбаъд маводи тарканда) таъин гардидаанд;

маводи таркандаи таъиноти саноати- маводи тарканда ва махсулоти ба онхо асосёфта, ки аз чониби шахсони хукуки хангоми гузаронидани корхои таркиши истифода мегардад;

маводи таркандаи таъиноти техники ва маиши- мавод ва махсулоте, ки барои истифода бо максадхои техники ва маиши таъин гардидааст;

корхои таркиши- мачмуи чараёнхои технологие, ки оид ба тайёр кардан ва гузаронидани таркишхо алокаманданд, инчунин бартарафсозии окибатхои хатарноки он;

муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани- коркарди технологи, озмоиш, истехсол, борбанди, интикол, боркуни, борфарори, омодасози барои истифода, истифодабари, нигахдошт, комиссия, пахн намудан, гирифтан (мусодира), истифодаи партовхо, нобуд кардан, воридот ба худуди Чумхурии Точикистон, содирот аз худуди Чумхурии Точикистон, транзит тавассути худуди Чумхурии Точикистон, додан аз як шахси вокеи ё хукуки ба дигар шахси вокеи ё хукуки, бахисобгирии харакати маводи тарканда;

маводи пиротехники- омехтахо, махсулоти дар асоси онхо тайёршуда, ки барои истехсоли самаранок дар шакли гарми, равшани, оташ, садо, дуд ва ё мачмуи онхо, ки ба максадхои техники ва маиши таъин гардидаанд;

борутхо- пайвастахо ё омехтахое, ки кодиранд ба таври устувор, бе гузаштан ба детонатсия бо чудо намудани микдори зиёди маводи газнок оташ гиранд;

тайёр намудани маводи тарканда- омодасозии маводи тарканда ба холате ки кобили истифода мебошад;

истифодабарии маводи тарканда- гузаронидани корхои таркиши, ба даст овардани самараи пиротехники ва корхо бо махсулоти дар асоси маводи тарканда тахияшуда бо максадхои техники ва маиши;

пахнкунии маводи тарканда- амали шахсони вокеи ё хукуки, ки барои иваз намудани молик, истифодабаранда ё ихтиёрдори махсулоти тарканда, аз чумла боррасони, дастрас намудан, фуруш, комиссия, ваколатдоркуни ва додани маводи тарканда равона гардиданд;

маводи ангезанда- воситахое, ки детонатсия ва оташгирии моддаи таркандаро ба амал меоранд;

истифодаи партовхои маводи тарканда- аз нав кор кардани маводи тарканда;

оташфавворахо- чорабинии тамошобоб (намоиши) бо истифодаи маводи пиротехники.

 

Моддаи 2. Предмети танзим ва сохаи амали Конуни мазкур

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки байни шахсони хукуки сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки, аз чумла бо иштироки сармояи хоричи ва шахсони вокеие, ки дар муомилоти маводи тарканда иштирок мекунанд, хангоми коркард, озмоиш, истехсол, борбанди, боркуни, борфарори, интикол, нигохдошт, тайёр намудан, истифодабари, бахисобгирии харакати маводи тарканда, инчунин пахн намудани онхо, гирифтан, истифодаи партовхо, нобуд сохтан, воридот ба худуди Чумхурии Точикистон, содирот аз худуди Чумхурии Точикистон, аз чумла транзити маводхои тарканда ба воситаи худуди Чумхурии Точикистон ба миён меоянд, танзим мекунад.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз  Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Ваколатхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани

Ваколатхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани аз инхо иборатанд:

-муайян ва чори намудани сиёсати давлати дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани;

-тасдики кадастри маводи таркандаи таъиноти граждани;

-муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани;

-хамохангсозии фаъолияти байналмилали дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани;

-инчунин дигар ваколатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

 

Моддаи 5. Ваколатхои макоми ваколатдор дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани

Макоми ваколатдор дар доираи салохиятхои худ ваколатхои зеринро дорост:

-назорати давлати дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани;

-назорати давлати оиди аз тарафи шахсони вокеию хукукии ба муомилоти маводи тарканда чалбшуда риоя намудани талаботи конуни мазкур ва хуччатхои меъёрии дар ин соха амалкунанда;

-боздошти фаъолияти корхонахо, ташкилотхо, хангоми риоя накардани талаботи Конуни мазкур ва хуччатхои меъёрии дар ин соха амалкунанда;

-додани ичозатномахо барои фаъолият дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани;

-танзими дигар масъалахое, ки хангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани ба амал меоянд;

-тахияи стандартхо, меъёрхо ва коидахо дар сохаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти граждани.

 

Моддаи 6. Асосхои танзими давлатии муомилоти маводи тарканда

Танзими давлатии муомилоти маводи тарканда инхоро дар бар мегирад:

-ичозатномадихии намудхои дахлдори фаъолият;

-стандартони ва сертификатсиякунонии хатмии маводи тарканда;

-сугурта намудани хавфи масъулият вобаста ба муомилоти маводи тарканда;

-батартибандозии ичозатдихи ба шахрвандон барои фаъолияти вобаста ба муомилоти маводи тарканда;

-гузаронидани назорати давлатии муомилоти маводи тарканда;

-батартибандозии шароити таъмини нигахдории маводи тарканда бо максади пешгирии истифодаи беичозати онхо;

-тасдик ва пешбурди кадастри давлатии маводхои тарканда;

-муоинаи давлатии экологии истехсол ва истифодаи маводи тарканда мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 7. Кадастри давлатии маводи тарканда

Кадастри давлатии маводи тарканда нашрияи расмии дорои маълумоти мураттабшуда оид ба маводи таркандаи таъиноти граждани ва махсулоти пиротехникии барои истифода бо максадхои техникию ичтимои пешбинишуда мебошад, ки дар худуди Чумхурии Точикистон барои истифода ичозат дода шудааст.

Тартиби тахия ва пешбурди кадастри давлатии маводи тарканда аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Ичозатномадихии фаъолият дар сохаи муомилоти маводи тарканда

Ичозатномадихии (литсензиякунонии) фаъолият дар сохаи муомилоти маводи тарканда мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият».

 

Моддаи 9. Стандартони ва сертификатсияи маводи тарканда

Маводи таркандаи дар Чумхурии Точикистон истехсолшуда ва ба худуди он барои истифодабари воридшаванда бояд хатман сертификатсия карда шаванд.

Стандартони ва сертификатсияи маводи тарканда мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  анчом дода мешавад.

 

 

 

Моддаи 10. Сугуртаи хавфи масъулияти вобаста бо муомилоти маводи тарканда

Масъулияти шахси хукукии анчомдихандаи муомилоти маводи тарканда барои расонидани зарар ба хаёт, саломати ва ё амволи шахсони вокеи ва хукуки бояд тибки шартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба таври хатми сугурта карда шавад.

 

Моддаи 11. Талабот нисбат ба шахсони анчомдихандаи корхои вобаста ба маводи тарканда

Ба корхои вобаста ба маводи тарканда он шахрвандони Чумхурии Точикистон ичозат дода мешаванд, ки агар:

-мувофики номгуи беморихое, ки Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон   мукаррар намудааст, аксуламали тибби надошта бошанд;

-аз тайёрии махсус ва аттестатсия гузашта бошанд.

Талабот нисбат ба тайёрии махсуси шахсони анчомдихандаи муомилоти маводи тарканда, шакли хуччатхо оид ба хукуки ичрои корхои вобаста ба маводи тарканда ва тартиби додани онхо аз тарафи макомоти идоракунии давлатии ваколатдоршуда дар сохаи муомилоти маводи тарканда дар доираи салохияташон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Назорати давлатии муомилоти маводи тарканда

Назорати давлатии муомилоти маводи таркандаро дар худуди Чумхурии Точикистон дар хамаи мархилахояш макоми ваколатдор дар доираи салохияташ амали менамояд.

Рохбарони субъектхои фаъолияти хочагидории иштирокчии муомилоти маводи тарканда ухдадоранд, ба макоми ваколатдор хуччатхо ва маълумоти заруриро диханд, инчунин ба он хамкори намоянд. Додани маълумоти махфи ба шахсони сеюм манъ аст.

Макоми ваколатдор метавонад дар доираи салохияташ хангоми вайрон кардани талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур фаъолияти шахсони хукукиро муваккатан боздорад.

 

Моддаи 13. Коркард ва озмоиши маводи тарканда

Коркард ва озмоиши маводи тарканда бояд аз тарафи шахсони хукуки дар асоси ичозатнома бо риояи талаботи стандартхои давлати, меъёр ва коидахои аз тарафи макоми ваколатдор тасдикшуда анчом дода шавад.

 

Моддаи 14. Истехсоли маводи тарканда

Истехсоли маводи тарканда аз тарафи шахсони хукукии барои ичрои чунин фаъолият ичозатдошта сурат мегирад.

Шахсони хукукие, ки истехсоли маводи таркандаро анчом медиханд, сарфи назар аз шакли ташкилию  хукуки ухдадоранд мувофики шакли хисоботдихии омории давлати  оид ба номгуй ва хачми истехсоли махсулот, инчунин шумораи фурухташудаю бокимондаи маводи тарканда ба макоми ваколатдор  хисобот пешниход намоянд.

Меъёр ва коидахои истехсоли маводи тарканда аз тарафи макоми ваколатдор дар доираи салохияташ мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 15. Пахн намудани маводи тарканда

Пахн намудани маводи таркандаро шахсони хукуки хангоми мавчудияти ичозатномаи дахлдор, инчунин ичозати макоми ваколатдор барои ба даст овардани маводи тарканда анчом медиханд.

Тартиби пахн намудани маводи тарканда аз тарафи макоми ваколатдор дар доираи салохияташ мукаррар карда мешавад.

Шахсони хукукии машгули пахн намудани маводи тарканда ухдадоранд:

-маводи таркандаи харидашуда, фурухташаванда ва  додашавандаро ба хисоб гиранд, инчунин ба муддати дах сол нигох доштани хуччатхои бахисобгириро таъмин намоянд;

-фуруш ва додани маводи таркандаро дар холате анчом диханд, ки агар харидорон (гирандагон) барои дастрас намудани маводи тарканда ичозати макомоти ваколатдорро дошта, дар зери назорати онхо бошанд;

-дорои сертификат ва ё дигар хуччатхои тасдиккунандаи сертификаткунонии маводи тарканда бошанд.

Пахн намудани махсулоти пиротехникии ба максадхои техникию маиши истифодашаванда ва ба кадастри давлатии маводхои тарканда дохил нашуда аз чониби шахсони вокеи ва хукуки бе ичозатнома ё дигар хуччатхои ичозатдихандаи аз тарафи макоми ваколатдор додашуда сурат мегирад.

 

Моддаи 16. Нигох доштани маводи тарканда

Хукуки нигох доштани маводи таркандаро шахсони хукукие доранд, ки барои чунин намуди фаъолият ичозатнома ва ичозати макоми ваколатдорро гирифтаанд.

Маводи тарканда бояд дар шароите нигох дошта шавад, ки гум нашудани сифат ва хифзи онхо таъмин гардад. Коидахои нигохдошти маводи тарканда аз тарафи макоми ваколатдор дар доираи салохияташ мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 17. Интиколи маводи тарканда

Интиколи маводи тарканда тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва коидахои интиколи борхои хатарноки аз тарафи макоми ваколатдор тасдикшуда ва бо мувофикаи идорахои манфиатдор дар намудхои наклиёти махсус анчом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Истифодаи маводи тарканда

Истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноати ва маводи таркандаи таъиноти техникии ба кадастри давлатии маводхои тарканда дохилшуда бояд танхо ба максадхои дар ичозатнома нишондодашуда сурат гирад.

Тартиби истифодаи маводи тарканда мувофики коидахои дар сохаи муомилоти маводи тарканда, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик шудааст ва ё бо супориши он аз чониби макоми ваколатдор танзим мегардад.

Истифодаи маводи тарканда, дар холатхое ки агар чунин истифодабари боиси садама, тахдид ба хаёт ё саломатии ахоли гардад ё вазъи фавкулоддаро ба миён орад, манъ аст.

Ташкилотхои харбикунонидашудаи давлатии Чумхурии Точикистон хукук доранд маводи таркандаро тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода баранд.

 

Моддаи 19. Гузаронидани оташфавворахо

Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд дар асоси ичозатнома ё дигар хуччатхои ичозатдихандаи аз чониби макоми ваколатдор додашуда оташфавворахо гузаронанд.

Махал, вакт ва шартхои гузаронидани оташфавворахо бояд бо макомоти ваколатдор мувофика шаванд.

Гузаронидани оташфавворахо бояд тибки тартиби мукарраргардида мувофики коидахои аз тарафи пиротехникхои махсус тайёркардашуда ва аттестатсияшуда, бо истифодабарии тачхизоти бакорандозандаи аттестатсияшудаю махсулоти пиротехникии сертификатсияшуда ва риояи меъёрхои бехатари сурат гирад.

Тартиб ва коидахои гузаронидани оташфавворахо аз чониби макомоти корхои дохили дар доираи салохияташон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Нобуд кардан ва истифода бурдани партовхои маводи тарканда

Маводи таркандаи корношоям, ки чавобгуи шарт ва талаботи техники ва стандартхо намебошанд, бояд нобуд ё истифода бурда шаванд.

Нобуд кардани маводи таркандаро шахсони хукукие анчом медиханд, ки барои коркард, озмоиш, истехсол ва истифодаи он ичозатнома доранд.

Истифодаи партовхоро шахсони хукукие анчом медиханд, ки барои истехсоли маводи тарканда ичозатнома доранд.

Нобуд кардан ё ба истифодабари додани партовхои маводи тарканда аз як шахси хукуки ба дигараш дар асоси ичозатномаи макомоти ваколатдор анчом дода мешавад.

 

Моддаи 21. Бахисобгирии маводи тарканда

Бахисобгирии маводи тарканда хангоми хама гуна намуди муомилоти он бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

Моддаи 22. Воридот, содирот ва транзити маводи тарканда

Воридот ба худуди Чумхурии Точикистон, содирот аз худуди Чумхурии Точикистон ва транзити маводи тарканда ба воситаи худуди Чумхурии Точикистон мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

Моддаи 23. Муваккатан аз муомилот гирифтани маводи тарканда

Муваккатан аз муомилот гирифтани маводи тарканда метавонад дар холатхои зерин анчом дода шавад:

-агар молик дорои ичозатномаи дахлдор ё дигар хуччатхои ичозатдиханда набошад;

-аз тарафи шахси хукуки тибки таъинот истифода набурдани маводи тарканда, ё аз чониби у имконнопазирии нигахдории маводи тарканда;

-дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Тартиби аз муомилот гирифтани маводи тарканда, инчунин макомот ва шахсони мансабдорро, ки хукуки гирифтани маводи таркандаро доранд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 24. Махдудиятхое, ки нисбати муомилоти маводи тарканда мукаррар гардидаанд

Дар худуди Чумхурии Точикистон манъ карда мешавад:

-муомилоти маводи тарканда хангоме, ки субъекти фаъолияти хочагидори тибки коидахои мукарраршуда барои таъмини нигохдории маводи тарканда ва пешбурди бахисобгирии гардиши маводи тарканда шахси масъулро надорад;

-тибки таъинот истифода накардани маводи тарканда;

-истифодабарии маводи тарканда барои гузаронидани корхои таркиши, ки аз сертификатсия нагузаштааст ва ба кадастри давлатии маводхои тарканда дохил карда нашудааст;

-пахн намудани маводи таркандаи барои содирот истехсолшуда, ки мувофики шартхои техники ба талаботи давлатхои воридкунанда чавобгу буда ва ба шартхои техникии дар Чумхурии Точикистон амалкунанда мувофик нестанд;

-гузаронидани корхои таркиши ва истифодаи махсулоти пиротехники бо максади техники аз тарафи шахсоне, ки шаходатномаи дахлдори тахассуси ё ичозатномаи шакли мукарраргардида надоранд;

-ирсоли маводи тарканда тавассути шабакаи алокаи почта;

-интиколи маводи тарканда хамчун бори дасти ва багоч бе ичозати макомоти корхои дохили  ва бе тачхизоти махсуси таъминкунандаи бехатарии онхо аз таркиш;

-истифодабарии маводи тарканда хамчун предмети вориси хукуки ва гарав.

 

Моддаи 25. Тартиби хал намудани бахсхо

Бахсхое, ки дар натичаи истифодаи Конуни мазкур ба вучуд меоянд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Чавобгари барои вайрон намудани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 27. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон                                 Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 1

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …