Главная / Ҷамъият / Муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

Муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

( Ахбори Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2004,№2, мод. 33; 2005 год, №12, мод. 649)

Маҷлиси намояндагон 19 ноябри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳоеро, ки ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, муайян намуда, барои таъмини бехатарии шахсии шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, ҳифзи муҳити зист, моликият ва пешгирии сӯиқасдҳои ҷиноятии ба амнияти ҷомеа нигаронида, равона гардидааст.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

бехатарӣ ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ- вазъи ҳимояи шахсият, ҷомеа ва давлат аз вайрон намудани тартиботи муқарраргардидаи муомилоти маводи тарканда;

маводи тарканда- пайвастагиҳои кимиёвӣ ё омехтаи онҳо, ки таҳти таъсири беруна (воситаҳои ангезанда) хусусияти худпаҳншавӣ дошта,  метавонанд ба зудӣ таркиби кимиёвиашонро дигар кунанд ва ба маводи газмонанди дорои фишори баланд табдил ёфта, гармии зиёд хориҷ намоянд;

маводи таркандаи таъиноти гражданӣ- маводи тарканда, воситаҳои ангезанда, борутҳо, таркибу омехтаҳои пиротехникӣ, инчунин маҳсулоти ба онҳо асосёфта, ки барои истифода бо мақсадҳои саноатӣ, техникӣ ва маишӣ (минбаъд маводи тарканда) таъин гардидаанд;

маводи таркандаи таъиноти саноатӣ- маводи тарканда ва маҳсулоти ба онҳо асосёфта, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани корҳои таркишӣ истифода мегардад;

маводи таркандаи таъиноти техникӣ ва маишӣ- мавод ва маҳсулоте, ки барои истифода бо мақсадҳои техникӣ ва маишӣ таъин гардидааст;

корҳои таркишӣ- маҷмӯи ҷараёнҳои технологие, ки оид ба тайёр кардан ва гузаронидани таркишҳо алоқаманданд, инчунин бартарафсозии оқибатҳои хатарноки он;

муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ- коркарди технологӣ, озмоиш, истеҳсол, борбандӣ, интиқол, боркунӣ, борфарорӣ, омодасозӣ барои истифода, истифодабарӣ, нигаҳдошт, комиссия, паҳн намудан, гирифтан (мусодира), истифодаи партовҳо, нобуд кардан, воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, додан аз як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, баҳисобгирии ҳаракати маводи тарканда;

маводи пиротехникӣ- омехтаҳо, маҳсулоти дар асоси онҳо тайёршуда, ки барои истеҳсоли самаранок дар шакли гармӣ, равшанӣ, оташ, садо, дуд ва ё маҷмӯи онҳо, ки ба мақсадҳои техникӣ ва маишӣ таъин гардидаанд;

борутҳо- пайвастаҳо ё омехтаҳое, ки қодиранд ба таври устувор, бе гузаштан ба детонатсия бо ҷудо намудани миқдори зиёди маводи газнок оташ гиранд;

тайёр намудани маводи тарканда- омодасозии маводи тарканда ба ҳолате ки қобили истифода мебошад;

истифодабарии маводи тарканда- гузаронидани корҳои таркишӣ, ба даст овардани самараи пиротехникӣ ва корҳо бо маҳсулоти дар асоси маводи тарканда таҳияшуда бо мақсадҳои техникӣ ва маишӣ;

паҳнкунии маводи тарканда- амали шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои иваз намудани молик, истифодабаранда ё ихтиёрдори маҳсулоти тарканда, аз ҷумла боррасонӣ, дастрас намудан, фурӯш, комиссия, ваколатдоркунӣ ва додани маводи тарканда равона гардиданд;

маводи ангезанда- воситаҳое, ки детонатсия ва оташгирии моддаи таркандаро ба амал меоранд;

истифодаи партовҳои маводи тарканда- аз нав кор кардани маводи тарканда;

оташфаввораҳо- чорабинии тамошобоб (намоишӣ) бо истифодаи маводи пиротехникӣ.

 

Моддаи 2. Предмети танзим ва соҳаи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки байни шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо иштироки сармояи хориҷӣ ва шахсони воқеие, ки дар муомилоти маводи тарканда иштирок мекунанд, ҳангоми коркард, озмоиш, истеҳсол, борбандӣ, боркунӣ, борфарорӣ, интиқол, нигоҳдошт, тайёр намудан, истифодабарӣ, баҳисобгирии ҳаракати маводи тарканда, инчунин паҳн намудани онҳо, гирифтан, истифодаи партовҳо, нобуд сохтан, воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла транзити маводҳои тарканда ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ аз инҳо иборатанд:

-муайян ва ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-тасдиқи кадастри маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-инчунин дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ

Мақоми ваколатдор дар доираи салоҳиятҳои худ ваколатҳои зеринро дорост:

-назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-назорати давлатӣ оиди аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқии ба муомилоти маводи тарканда ҷалбшуда риоя намудани талаботи қонуни мазкур ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар ин соҳа амалкунанда;

-боздошти фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо, ҳангоми риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар ин соҳа амалкунанда;

-додани иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;

-танзими дигар масъалаҳое, ки ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ба амал меоянд;

-таҳияи стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ.

 

Моддаи 6. Асосҳои танзими давлатии муомилоти маводи тарканда

Танзими давлатии муомилоти маводи тарканда инҳоро дар бар мегирад:

-иҷозатномадиҳии намудҳои дахлдори фаъолият;

-стандартонӣ ва сертификатсиякунонии ҳатмии маводи тарканда;

-суғурта намудани хавфи масъулият вобаста ба муомилоти маводи тарканда;

-батартибандозии иҷозатдиҳӣ ба шаҳрвандон барои фаъолияти вобаста ба муомилоти маводи тарканда;

-гузаронидани назорати давлатии муомилоти маводи тарканда;

-батартибандозии шароити таъмини нигаҳдории маводи тарканда бо мақсади пешгирии истифодаи беиҷозати онҳо;

-тасдиқ ва пешбурди кадастри давлатии маводҳои тарканда;

-муоинаи давлатии экологии истеҳсол ва истифодаи маводи тарканда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Кадастри давлатии маводи тарканда

Кадастри давлатии маводи тарканда нашрияи расмии дорои маълумоти мураттабшуда оид ба маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ва маҳсулоти пиротехникии барои истифода бо мақсадҳои техникию иҷтимоӣ пешбинишуда мебошад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода иҷозат дода шудааст.

Тартиби таҳия ва пешбурди кадастри давлатии маводи тарканда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи тарканда

Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи тарканда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

 

Моддаи 9. Стандартонӣ ва сертификатсияи маводи тарканда

Маводи таркандаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва ба ҳудуди он барои истифодабарӣ воридшаванда бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.

Стандартонӣ ва сертификатсияи маводи тарканда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дода мешавад.

 

 

 

Моддаи 10. Суғуртаи хавфи масъулияти вобаста бо муомилоти маводи тарканда

Масъулияти шахси ҳуқуқии анҷомдиҳандаи муомилоти маводи тарканда барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва ё амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд тибқи шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ суғурта карда шавад.

 

Моддаи 11. Талабот нисбат ба шахсони анҷомдиҳандаи корҳои вобаста ба маводи тарканда

Ба корҳои вобаста ба маводи тарканда он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешаванд, ки агар:

-мувофиқи номгӯи бемориҳое, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон   муқаррар намудааст, аксуламали тиббӣ надошта бошанд;

-аз тайёрии махсус ва аттестатсия гузашта бошанд.

Талабот нисбат ба тайёрии махсуси шахсони анҷомдиҳандаи муомилоти маводи тарканда, шакли ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи иҷрои корҳои вобаста ба маводи тарканда ва тартиби додани онҳо аз тарафи мақомоти идоракунии давлатии ваколатдоршуда дар соҳаи муомилоти маводи тарканда дар доираи салоҳияташон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Назорати давлатии муомилоти маводи тарканда

Назорати давлатии муомилоти маводи таркандаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи марҳилаҳояш мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ амалӣ менамояд.

Роҳбарони субъектҳои фаъолияти хоҷагидории иштирокчии муомилоти маводи тарканда ӯҳдадоранд, ба мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро диҳанд, инчунин ба он ҳамкорӣ намоянд. Додани маълумоти махфӣ ба шахсони сеюм манъ аст.

Мақоми ваколатдор метавонад дар доираи салоҳияташ ҳангоми вайрон кардани талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур фаъолияти шахсони ҳуқуқиро муваққатан боздорад.

 

Моддаи 13. Коркард ва озмоиши маводи тарканда

Коркард ва озмоиши маводи тарканда бояд аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатнома бо риояи талаботи стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқшуда анҷом дода шавад.

 

Моддаи 14. Истеҳсоли маводи тарканда

Истеҳсоли маводи тарканда аз тарафи шахсони ҳуқуқии барои иҷрои чунин фаъолият иҷозатдошта сурат мегирад.

Шахсони ҳуқуқие, ки истеҳсоли маводи таркандаро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию  ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд мувофиқи шакли ҳисоботдиҳии омории давлатӣ  оид ба номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, инчунин шумораи фурӯхташудаю боқимондаи маводи тарканда ба мақоми ваколатдор  ҳисобот пешниҳод намоянд.

Меъёр ва қоидаҳои истеҳсоли маводи тарканда аз тарафи мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 15. Паҳн намудани маводи тарканда

Паҳн намудани маводи таркандаро шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи дахлдор, инчунин иҷозати мақоми ваколатдор барои ба даст овардани маводи тарканда анҷом медиҳанд.

Тартиби паҳн намудани маводи тарканда аз тарафи мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ муқаррар карда мешавад.

Шахсони ҳуқуқии машғули паҳн намудани маводи тарканда ӯҳдадоранд:

-маводи таркандаи харидашуда, фурӯхташаванда ва  додашавандаро ба ҳисоб гиранд, инчунин ба муддати даҳ сол нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро таъмин намоянд;

-фурӯш ва додани маводи таркандаро дар ҳолате анҷом диҳанд, ки агар харидорон (гирандагон) барои дастрас намудани маводи тарканда иҷозати мақомоти ваколатдорро дошта, дар зери назорати онҳо бошанд;

-дорои сертификат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сертификаткунонии маводи тарканда бошанд.

Паҳн намудани маҳсулоти пиротехникии ба мақсадҳои техникию маишӣ истифодашаванда ва ба кадастри давлатии маводҳои тарканда дохил нашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи аз тарафи мақоми ваколатдор додашуда сурат мегирад.

 

Моддаи 16. Нигоҳ доштани маводи тарканда

Ҳуқуқи нигоҳ доштани маводи таркандаро шахсони ҳуқуқие доранд, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома ва иҷозати мақоми ваколатдорро гирифтаанд.

Маводи тарканда бояд дар шароите нигоҳ дошта шавад, ки гум нашудани сифат ва ҳифзи онҳо таъмин гардад. Қоидаҳои нигоҳдошти маводи тарканда аз тарафи мақоми ваколатдор дар доираи салоҳияташ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 17. Интиқоли маводи тарканда

Интиқоли маводи тарканда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои интиқоли борҳои хатарноки аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқшуда ва бо мувофиқаи идораҳои манфиатдор дар намудҳои нақлиёти махсус анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Истифодаи маводи тарканда

Истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва маводи таркандаи таъиноти техникии ба кадастри давлатии маводҳои тарканда дохилшуда бояд танҳо ба мақсадҳои дар иҷозатнома нишондодашуда сурат гирад.

Тартиби истифодаи маводи тарканда мувофиқи қоидаҳои дар соҳаи муомилоти маводи тарканда, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва ё бо супориши он аз ҷониби мақоми ваколатдор танзим мегардад.

Истифодаи маводи тарканда, дар ҳолатҳое ки агар чунин истифодабарӣ боиси садама, таҳдид ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ гардад ё вазъи фавқулоддаро ба миён орад, манъ аст.

Ташкилотҳои ҳарбикунонидашудаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд маводи таркандаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

 

Моддаи 19. Гузаронидани оташфаввораҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар асоси иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи аз ҷониби мақоми ваколатдор додашуда оташфаввораҳо гузаронанд.

Маҳал, вақт ва шартҳои гузаронидани оташфаввораҳо бояд бо мақомоти ваколатдор мувофиқа шаванд.

Гузаронидани оташфаввораҳо бояд тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқи қоидаҳои аз тарафи пиротехникҳои махсус тайёркардашуда ва аттестатсияшуда, бо истифодабарии таҷҳизоти бакорандозандаи аттестатсияшудаю маҳсулоти пиротехникии сертификатсияшуда ва риояи меъёрҳои бехатарӣ сурат гирад.

Тартиб ва қоидаҳои гузаронидани оташфаввораҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи салоҳияташон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Нобуд кардан ва истифода бурдани партовҳои маводи тарканда

Маводи таркандаи корношоям, ки ҷавобгӯи шарт ва талаботи техникӣ ва стандартҳо намебошанд, бояд нобуд ё истифода бурда шаванд.

Нобуд кардани маводи таркандаро шахсони ҳуқуқие анҷом медиҳанд, ки барои коркард, озмоиш, истеҳсол ва истифодаи он иҷозатнома доранд.

Истифодаи партовҳоро шахсони ҳуқуқие анҷом медиҳанд, ки барои истеҳсоли маводи тарканда иҷозатнома доранд.

Нобуд кардан ё ба истифодабарӣ додани партовҳои маводи тарканда аз як шахси ҳуқуқӣ ба дигараш дар асоси иҷозатномаи мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 21. Баҳисобгирии маводи тарканда

Баҳисобгирии маводи тарканда ҳангоми ҳама гуна намуди муомилоти он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 22. Воридот, содирот ва транзити маводи тарканда

Воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва транзити маводи тарканда ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 23. Муваққатан аз муомилот гирифтани маводи тарканда

Муваққатан аз муомилот гирифтани маводи тарканда метавонад дар ҳолатҳои зерин анҷом дода шавад:

-агар молик дорои иҷозатномаи дахлдор ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда набошад;

-аз тарафи шахси ҳуқуқӣ тибқи таъинот истифода набурдани маводи тарканда, ё аз ҷониби ӯ имконнопазирии нигаҳдории маводи тарканда;

-дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тартиби аз муомилот гирифтани маводи тарканда, инчунин мақомот ва шахсони мансабдорро, ки ҳуқуқи гирифтани маводи таркандаро доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 24. Маҳдудиятҳое, ки нисбати муомилоти маводи тарканда муқаррар гардидаанд

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад:

-муомилоти маводи тарканда ҳангоме, ки субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ тибқи қоидаҳои муқарраршуда барои таъмини нигоҳдории маводи тарканда ва пешбурди баҳисобгирии гардиши маводи тарканда шахси масъулро надорад;

-тибқи таъинот истифода накардани маводи тарканда;

-истифодабарии маводи тарканда барои гузаронидани корҳои таркишӣ, ки аз сертификатсия нагузаштааст ва ба кадастри давлатии маводҳои тарканда дохил карда нашудааст;

-паҳн намудани маводи таркандаи барои содирот истеҳсолшуда, ки мувофиқи шартҳои техникӣ ба талаботи давлатҳои воридкунанда ҷавобгӯ буда ва ба шартҳои техникии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мувофиқ нестанд;

-гузаронидани корҳои таркишӣ ва истифодаи маҳсулоти пиротехникӣ бо мақсади техникӣ аз тарафи шахсоне, ки шаҳодатномаи дахлдори тахассусӣ ё иҷозатномаи шакли муқарраргардида надоранд;

-ирсоли маводи тарканда тавассути шабакаи алоқаи почта;

-интиқоли маводи тарканда ҳамчун бори дастӣ ва бағоҷ бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ  ва бе таҷҳизоти махсуси таъминкунандаи бехатарии онҳо аз таркиш;

-истифодабарии маводи тарканда ҳамчун предмети вориси ҳуқуқӣ ва гарав.

 

Моддаи 25. Тартиби ҳал намудани баҳсҳо

Баҳсҳое, ки дар натиҷаи истифодаи Қонуни мазкур ба вуҷуд меоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 27. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 1

 

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Эшони Ахлиддин

Чаро ғам мехури аз баҳри мурдан,

Ҳеҷ як доро зи дорогияш боло нашуд, Ҳеҷ як мутриб ба оҳангаш соҳиб нашуд, Ҳама …