Главная / Чамъият / Муайян кардани андозаи зарар

Муайян кардани андозаи зарар

Моддаи 192-и Кодекси Мехнат. Муайян кардани андозаи зарар

  1. Андозаи зарари ба корфармо расонидашуда аз руи талафоти вокеи дар асоси маълумоти хисобу китоби мухосиби муайян карда мешавад.
  2. Хангоми камомад, касдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, махсулоти нимтайёр, маснуот (махсулот), аз чумла хангоми тайёр кардани онхо, хамчунин асбобу анчом, либосхои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашудаи корфармо, ки ба фондхои (воситахои) асоси мансубанд, андозаи зарар аз руи нархи бозории махалли мазкур дар рузи расонидани зарар (аммо на камтар аз арзиши тавозуни бо назардошти дарачаи фарсудагии молу мулк) хисоб карда мешавад.
  3. Дар холатхои дигар андозаи зарар бо нархи бозори, ки дар махалли мазкур дар рузи расонида шудани зарар мавчуд аст, хисоб карда мешавад.
  4. Тартиби махсуси муайян намудани андозаи чуброни зарари ба корфармо расонидашуда бо рохи камомад, касдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, махсулоти нимтайёр, маснуот (махсулот), аз чумла хангоми тайёр кардани онхо, хамчунин асбобу анчом, либосхои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда бо татбики карат ба онхо, инчунин дар холатхое, ки андозаи вокеии зарар аз андозаи аслии он зиёд аст, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …