Главная / Маданият ва санъат / МУКАДДИМАИ КИТОБИ ТОЧИКОН

МУКАДДИМАИ КИТОБИ ТОЧИКОН

Халки точик ба иттиходи бузурги миллатхои сотсиалисти, ки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалистиро ташкил додаанд, дохил мешавад. Вай хамрохи бародари калони худ – халки кабири рус ва дигар халкхои бародари мамлакатамон тахти рохбарии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети бо кадамхои устувор ба суи коммунизм пеш меравад.

Аз кадимулайём риштахои гусехтанашавандаи дустию хамкори халкхои Иттифоки Советиро ба хам пайваста, муборизаи якчояи зидди золимон ва истилогарон онхоро муттахид сохтааст. Инро дар тимсоли робитахои таърихии узбекхо, точикхо, туркманхо, киргизхо, казокхо, каракалпокхо ва дигар халкхои республикахои Осиёи Миёна метавон возеху равшан мушохида намуд.

Тадкики таърихи халки точик барои донистани манбаъхои равобити анъанавии халкхои Осиёи Миёна кумак хохад расонд. Хусусан точикон ва узбекон, ки ташаккули халкияти онхо дар асоси умумии нажоди карор гирифтааст, бо хамдигар алокаи хеле наздик доранд. Чунон ки узбекон аз сарвати мадании халки точик бахраманд мегардиданд, хамин тарика, точикон низ аз комёбихои маданияти халки узбек файзёб буданд; хусусияти маданияти модди, урфу одат, санъат ва хунархои халкии точикон ва узбекон чунон наздиканд, ки гохо дар байни онхо фарк гузоштан мумкин намешавад. Таърихи даврахои кадимтарин, кадим ва хамчунин давраи асримиёнагии ин халкхо хеле шабех ва аксаран яксон буда, илова бар ин сайри тараккиёти он дар як сарзамин ба вукуъ пайвастааст. Бо вучуди ин, ду халк ташаккул ёфт, ки имруз ба миллатхои сотсиалистии точик ва узбек мубаддал гардидааст.

kitobi_tojikon-180x300Бинобар хамин хам омузиш ва тахкики таърихи точикон, сахми ба худ хоси онхо ба ганчинаи тамаддуни башари бо омузиш ва тахкики таърихи хамаи халкхои Осиёи Миёна, бо ошкор намудани он чи ки онхоро муттахид сохтааст, алокаи чудонашаванда дорад. Дар асоси чунин омузиш решахои амики таърихии хамкории бародаронаи халкхои Осиёи Миёнаро муайян кардан имконпазир хохад шуд.

Чунон ки маълум аст, таърихи точикон, мисли хамаи халкхои Осиёи Миёна, бо таърихи бисёр халкхои шарки хоричи, кабл аз хама, хиндустон, Покистон, Афгонистон, Эрон, кишвархои араб ва як катор мамлакатхои дигар алокаманд аст. Мо — таърихшиносони совети ба робитахои таърихии халкхои Осиёи Миёна ва шарки хоричи, ки онхоро дар мубориза барои сулх ва пешрафти ичтимои муттахид месозад, бахои баланд медихем.

Дар асархои олимони буржуази гузаштаи халкхои Шарк, аз он чумла точикон, хамчун силсилаи беинтихои чангу чидолхо ва табаддулоти дарбори тасвир ёфта, бештар наклу ривоятхо дар бораи подшохон, хокимон ва сипахсолорон оварда мешаванд; гох-гох дар байни ин наклу ривоятхо баъзе маълумоти рочеъ ба таърихи маданиятро дучор омадан мумкин аст. Муаррихони буржуази конунияти таърихиро дар ин холат ё умуман рад мекунанд ё худ аз нуктаи назари идеалисти тафсир медиханд.

Тамоми хуччат ва мадракхои фаровони оид ба таърихи Осиёи Миёна нишон медихад, ки кушишхои як катор муаррихони буржуази, аз чумла муаллифони ба Ватани совети хиёнат карда, ба хизмати империалистон гузашта, ки таърихи халкхои ин сарзаминро холи аз зиддиятхои синфи ва муборизахои синфи вонамуд карда, онро факат чун арсаи задухурд ва низоъхои ирку нажодхои мухталиф ба калам додани мешаванд, бехуда ва бенатича аст. Ин кабил муаррихон бар хилофи далелхои илми иркро бо халк айният дода, «назария»-и ханнотонаи мумтозии ин ё он ирки «асил»-ро пеш меронанд. Дар айни замон онхо ба як типи нажодии помири-фаргони нисбат доштани узбекон ва точиконро инкор мекунанд. Умуман кушиши аз нуктаи назари иркият тавзех додани таърихи Осиёи Миёна, хамчунин дигар кишвархо, зарарнок ва аз чихати илми тамоман беасос аст.

Шарху баёни хакикатан илмии ходисахои хаёти ичтимои, иктисоди, сиёси ва мадании халкхои гуногун факат дар партави таълимоти марксисти-ленини доир ба таърихи чамъият имконпазир мегардад. К.Маркс механизми тараккиёти чамъиятиро дохиёна муайян намуда, гуфтааст: «Одамон дар истехсолоти чамъиятии хаёти худ ба муносибатхои муайян ва зарурии ба иродаи худашон вобастанабудае – ба муносибатхои истехсолие дохил мешаванд, ки ин муносибатхо ба зинаи муайяни инкишофи куввахои истехсолкунандаи моддии онхо мувофик меоянд. Мачмуи ин муносибатхои истехсоли сохти иктисодии чамъиятро, базиси реалиеро ташкил мекунад, ки бар болои ин базис надстройкаи хукуки ва сиёси пойдор мегардад ва шаклхои муайяни шуури чамъияти ба ин базис мувофик меоянд. Тарзи истехсолоти хаёти модди сабабгори умуман протсессхои сотсиали, сиёси ва маънавии хаёт мегардад. Шуури одамон хастии онхоро муайян намекунад, балки, баръакс, хастии чамъиятии онхо шуури онхоро муайян мекунад. Куввахои истехсолкунандаи моддии чамъият дар зинаи муайяни инкишофи худ ба муносибатхои истехсолии мавчуда ё худ – ки ин факат ифодаи хукукии хамин муносибатхо аст – ба муносибатхои моликият, ки дар дохили хамин муносибатхо он куввахо то хол инкишоф меёфтанд, зид меоянд. Ин муносибатхо, ки пештар шакли инкишофи куввахои истехсолкунанда буданд, акнун кишани онхо мегарданд. Он гох давраи револютсияи сотсиали фаро мерасад. Бо тагйир ёфтани асоси иктисоди дар тамоми надстройкаи бузург ба таври каму беш тез табаддулот ба амал меояд»[1]. Илми марксисти-ленини чунин мавкеи мухими базис – мачмуи мураккаби муносибатхои истехсолии ин ё он мархалаи тараккиёти таърихиро ба асос гирифта, конуни амали мутакобили базис ва надстройка, роли фаъоли надстройка ва шаклхои муайяни шуури чамъиятии алокамандии он, маданияти маънави ва моддиро ошкор менамояд. Бехтарин сарватхои маданияти маънави ва модди, ки дар давоми хазорон сол аз тачрибаи чамъиятию таърихии инсоният руидаанд, самараи фаъолияти модди, илми ва бадеии башарият, дониши пешкадам, назария ва шаклхои мутараккии тафаккури эчоди, яъне мероси мадани, бо тамоми маънихои умумисотсиологии он чун василаи муктадир дар тахаввулоти амики чамъияти хозира хизмат мекунад. Ин аст, ки мо ба омухтан ва тахкики амалии гузаштаи таърихии гании халкхо пардохта ва ба он тачдиди назар намуда, дар рохи пешрафти хакикии ичтимои ва ташаккули шахсияти мутаносиби коммунисти аз он неруи тозаи маънави хосил мекунем.

Чунон ки маълум аст, муборизаи синфи кувваи ба харакатоварандаи тараккиёти таърихии чамъияти антагонисти мебошад. Аз ин ру, шуру ошубхои халки хар гох чамъияти осиёимиёнагиро ба ларза меоварданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс навиштаанд: «Озод ва гулом, патритсий ва плебей, помешик ва крепостной, усто ва шогирд — хулоса, золим ва мазлум нисбат ба якдигар дар антагонизми доими буданд, муборизаи пай дар паи гох пинхони ва гох ошкор мебурданд, ки ин мубориза хамеша бо азнавсозии револютсионии тамоми бинои чамъияти ё бо халокати умумии синфхои муборизакунанда анчом меёфт»[2]. Барои таърихшиносон чунин нишондоди В.И.Ленин багоят мухим аст, ки марксизм ба кашф кардани конунияти ин ходисахое, ки «ба назар печдарпеч ва харчумарч менамоянд», рох нишон дод, яъне вай назарияи муборизаи синфиро кашф кард[3]. Илми таърихшиносии совети гузаштаи халки точик ва дигар халкхои Осиёи Миёнаро махз аз хамин нуктаи назар тахкик менамояд.

хануз солхои 20-ум рочеъ ба масъалахои чудогонаи таърихи мадани ва сиёсии Осиёи Миёна тадкикоти зиёде ба миён омад. Очеркхои В.В.Бартолд оид ба таърихи точикон, киргизхо ва туркманхо, асари умдаи у «Таърихи хаёти мадании Туркистон», бехтарин асархои таърихи ва адабиётшиносии асосгузори адабиёти советии точик устод Садриддин Айни, инчунин як идда тадкикоти А.А.Семёнов ва М.С.Андреев махз дар хамон вакт таълиф ва нашр гардида буданд.

Дар солхои 30-юм методологияи марксисти дар тадкикоти таърихшиносон мавкеи асосиро ишгол менамояд. Донишмандони таърих мадракхои илмии пештар бадастомадаро аз дидгохи материализми таърихи дубора аз назар мегузаронанд (дар ин маврид махсусан хидмати А.Ю.Якубовскийро бояд хотиррасон кард), маъхазхои нав пайдо мешаванд, дар худуди Точикистон нахустин экспедитсияхои археологи ба кор шуруъ карданд.

Солхои пас аз чанг давраи бозёфтхои хеле зиёди маъхазхои мухталиф ва пуранвои таърихи ба шумор меравад. Дар ин давра архивхои кадима, санадхои асримиёнаги, материалхои оид ба сиккашиноси, археология, палеоантропология, забоншиноси ва гайра ба даст меоянд. хамаи ин ба амиктар гардидани тадкикот ва пурратар омухтани конунияти протсесси таърихи имконият фарохам меоварад. Дар баробари тадкики баъзе масъалахои алохида таърихчиён ба таълифи баъзе асархои калони монографи ва мачмуахо сар карданд.

Дар соли 1947 муаллифи ин сатрхо асари чамъбасткунандаи «Таърихи мухтасари халки точик»-ро таълиф намуда, худи хамон сол ба забони точики ва сипас, се маротиба (охирин бор дар соли 1955) ба забони руси чоп карда буд, ки хар дафъа бо тасхеху иловахо аз нав тахрир меёфт. Ин асар дар асоси тахлили марксисти тараккиёти таърихии халки точикро аз даврахои кадимтарин то соли 1917 ба таври мухтасар баён менамояд. Илова бар ин муаллиф дар таълиф ва тахрири асари сечилдаи коллективии «Таърихи халки точик», ки солхои 1963–1965 дар Москва аз тарафи Академияи фанхои Точикистон нашр гардид, бевосита иштирок дошт. Дар солхои баъд у кори худро дар тадкики проблемахои таърих ва маданияти халки точик давом дод. Материалхои фаровони бадастомада танзим ва тахлилу чамъбасти худро такозо мекарданд.

Ин асар, ки бо унвони «Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна» ба диккати хонанда пешниход мешавад, аз ду китоб иборат буда, давраи тулониро аз замони пайдоиши чамоаи инсони дар сарзамини Осиёи Миёна то галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар бар мегирад.

Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти чамоати ибтидои дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум хаёти кавму кабилахои мухталиф – ачдоди точикон дар давраи инкишофи муносибатхои гуломдори тавзех меёбад. Дар фасли севум такдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зухури муносибатхои феодали мавриди барраси карор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараккиёт ва баркарории сохти феодали баён мекунад. Китоби дувум фаслхои панчум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панчум таърихи халки точикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз хамрохшавии Осиёи Миёна ба Россия ва таракки ёфтани муносибатхои капиталистиро то галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд. Маълумоти мухтасари манбаъхои таърихи, руйхати адабиёт ва маъхазхои иктибосшуда, фехристи номхои тамоми асар дар охири китоби дувум оварда мешавад. Чун дар ин чо номи асархо ба сурати мукаммал зикр ёфтаанд, дар поварак факат ба ихтисораи онхо ишора хохад шуд.

Муаллиф, бешак, ба тадкики муфассали хамачонибаи тамоми масъалахои таърихи халки точик накушидааст. Асли максади вай вокеа ва ходисахои асосии таърихиро бо тадкики проблемахои хеле мухим, мураккаб ва баъзан мубохисави пайвастан аст.

Бисёр чихатхои таърихи даврахои кадимтарин, кадим ва аввали асри миёнаи точикон холо чунон ки бояду шояд омухта нашудааст, аммо материалхои нав хеле фаровонанд. Аксар вакт масъалахои марбут ба ин чихатхоро ба таври катъи хал кардан имконпазир намегардад. Бинобар ин муаллиф баробари шархи прагматии фактхо фарзияхои хамкасбони совети ва хоричиро аз назар гузаронида, мушохида ва нуктаи назари худро сарехан баён менамояд. Табиист, ки дар ин сурат накл нисбатан тафсил ёфта, истинод ба сарчашмахо ва ишора ба тадкикоту нашрияхои таърихшиноси, бостоншиноси, сиккашиноси, забоншиноси, катибашиноси ва адабиётшиноси зиёдтар хохад гардид.

Дар ин китоб, ки асосан материалхои дар осори илми ба дарачаи кофи тавзехёфтаро дар бар мегирад, мо ба кадри имкон аз такрори муаллифони дигар худдори намудем. Чунончи, инро дар фасли давраи асри миёна, ки таърихи сиёси ва кисман мадании он тавассути тадкикоти чанд насли шаркшиносони рус ва совети, пеш аз хама, В.В.Бартолд, А.Ю.Якубовский, А.А.Семёнов, Е.Э.Бертелс, П.П.Иванов ва дигарон ба таври муфассал омухта шудааст, метавон мушохида намуд. Ба ин сабаб истинод ва ишорахои повараки ин фасл нисбат ба фаслхои дигар мачмуи ва хулосавист.

Баъзе проблемахое, ки дар ин китоб мавриди тахлил карор гирифтаанд, аз инхо иборатанд: дарачаи тараккиёти маданият ва иктисодиёти Осиёи Миёна дар асри биринчи ва робита бо кабилахои хиндустон, Эрон ва кишвархои дигар; масъалаи ориёи ва асоси нажодию забонии тоифа ва халкхои кадимаи Осиёи Миёна, хиндустони шимоли, Афгонистон, Эрон ва даштхои байни Европа ва Осиё; пайдоиш ва инкишофи чамъияти синфи; зухур ва тахаввули оини зардушти, синтези маданияти Осиёи Миёнаю Эрон, хиндустону Юнони Кадим; пайдоиш, хронология ва маданияти Кушониён. Ба тавсифи сохти ичтимоию иктисодии Осиёи Миёнаи кадима боби махсусе бахшида шуда, дар баробари тахкики таърихии ин проблемаи мураккабтарин тамоми материалхои мавчуда, ки хиссае аз онхо нахустин бор ба ин муносибат бардошта шудаанд, ба риштаи тахлил кашида мешаванд.

Таърих ва маданияти аввали асримиёнагии Тахористон ва Сугд хеле батафсил тадкик шуда, ба тагйироти прогрессивии хаёти чамъият: тараккиёти куввахои истехсолкунанда ва пешрафти фавкулоддаи маданияти бадеи боис гардидани пайдоиш ва инкишофи муносибатхои феодали мукаррар карда мешавад. Дар хакикат хам, Осиёи Миёна дар даврахои кушони, аввали асри миёна ва баъдтар хам яке аз мухимтарин марказхои мадании шарк хисоб меёфт.

Дар бобхое, ки ба пойдоршави ва инкишофи муносибатхои феодали бахшида шудаанд, диккати асоси ба комёбихои наве, ки илми совети дар давоми зиёда аз ду дахсолаи охир дар ин соха ноил гардидааст, нигаронида мешавад. Дар ин чо, пеш аз хама, тадкики тараккиёти куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли, конуниятхои хаёти иктисоди ва падидахои муайяни он дар назар дошта шудааст.

Дар китоб ба ошкор намудани хусусиятхои хоси хар як давра ва тадкики чараёни инкишофи созмонхои чудогонаи ичтимоию сиёси диккати махсус дода шуд. Муаллиф аз маълумоти риштахои гуногуни илм ва сарчашмахо ба таври васеъ истифода бурд, ки онхо кабл аз ин чи дар тасвири манзараи умумии таърих ва чи дар тавсифи тараккиёти чамъияти Осиёи Миёнаи асримиёнаги нихоят кам ё тамоман мавриди истифода вокеъ нашуда буданд. Маданияти асримиёнагии халки точик мухтасар, вале бо фаро гирифтани тамоми чабхахои он: адабиёт, илм, санъат, хунари меъмори ва маданияти модди баён ёфт.

Муаллиф чараёни пайдоиши кавму нажодхоро низ ба тадкик гирифта, барои нишон додани рохи ташаккули халки точик ба чамъ ва тахлили хамаи мадракхои ба илми имруза маълуми манбаъхои хатти, забоншиноси, палеоантропологи ва антропологи, этнографи ва адабиётшиноси саъю кушиш намуд. Ба ташаккули халки узбек хам кисмати махсус бахшида шуд – дар ин чо, мисли дигар кисматхои китоб, натичахои тадкикоти хамкасбони узбекамон, ки мабдаи кадимаи пайдоиши кавми узбек, дарачаи баланд ва бикрияти маданияти халки узбекро ба таври конеъкунанда нишон додаанд, мавриди истифодаи васеъ карор гирифт.

Дар асар шарху тафсири окибати ба давлати хахоманиши, империяи юнону макдуни ва хилофати араб хамрох карда шудани Осиёи Миёна, ки дар адабиёти илмии мо, аз чумла, дар таълифоти худи муаллиф мавчуд буданд, то андозае вусъат пайдо намуд. Бояд гуфт, ки дар ин бобат ду навъ шарху тафсир маъмул аст: яке – ситоиши истилогарон ва паст задани савияи маданияти халкхои Осиёи Миёна, ки хоси илми буржуазист; дигаре – тахкику тавзехи дар илми совети мукарраршуда аст, ки дар он аз руи инсоф диккати асоси ба муборизаи озодихохонаи халкхои Осиёи Миёна бар зидди истилогарон ва нишон додани махсусият ва савияи баланди маданияти махаллии ин сарзамин нигаронида мешавад. Пештар муборизаи зидди акидахои буржуази ва ба онхо мукобил гузоштани шарху тафсири марксисти факат як кисми ин масъаларо – асосан вокеахои сиёсиро фаро мегирифт. Аммо чихатхои ичтимоию иктисодии масъала дар канор монда, гайрикофи тадкик мешуд ё нодуруст баён меёфт. Муаллиф кушиш намуд, ки ба тадкики хамачонибаи ин масъала пардохта, онро бо материалхои оид ба муносибат ва робитахои иктисоди ва таърихию мадании халкхо ва синтези мадани пурратар созад.

Инсоният махз ба тавассути ривочи истехсолот ва маданият, мубодилаи комёби, дониш ва тачрибахои амали ба пешрафти худ ноил гардидааст. Муборизаи муттафиконаи халкхо, ки дар чараёни он дусти ва бародарии онхо ба вучуд омада, беш аз пеш устувор мешуд, дар мукобили тохтутозхои харобиовар ва горатгаронаи урдухои Искандари Макдуни, Чингизхон, Темур ва дигар истилогарон монеаи сахте гардида буд. хамкори дар рохи пешрафти ичтимои, алокахои мусолиматомези тичоратию иктисоди ба инкишофи синтези мадани мусоидат менамуд. Ба ин маъни санъати Юнони Кадим, санъати Кандахор, ки дар худ бехтарин офаридахои мардуми хиндустон, Осиёи Миёна, Порт ва Юнонро пайвастааст ва адабиёти арабизабонро бо фазилатхои байналмилалии он метавон хотиррасон кард. Иртиботи наздик ва гани сохтани маданияти якдигар боиси тавлиди сарватхои муштараки мадани гардид. Дар айни замон анъанахои махалли, хусусият ва чихатхои ба худ хоси маданияти халкхо, аз он чумла ахолии даврахои кадим ва асри миёнаи Точикистон ва умуман халкхои Осиёи Миёна, ки маданияти оли ва ба дарачаи баланди тараккиёт расидаро ба вучуд овардаанд, махфуз монд.

Харитахои таърихи аз китоби «Таърихи халки точик (ч. I– II, М., 1963–1964) иктибос шудаанд. Тасвирхоро Эрмитажи давлати, Институти санъатшиносии РСС Узбекистон, Институти таърихи ба номи Ахмади Дониши Академияи фанхои РСС Точикистон, музеи Британия, ташкилоти бостоншиносии Франсия дар Афгонистон ва дигар муассисахои илмии совети ва хоричи ва инчунин донишмандони чудогона лутфан дар ихтиёри муаллиф гузоштанд.

Таълифи асар дар соли 1970 анчом ёфта буд. Бинобар ин, дар он асосан хамон манбаъхо ва тадкикотхое, ки то охири соли 1969 ва аввали соли 1970 дастраси муаллиф буданд, мавриди истифода карор гирифтанд. Он чи ки баъдтар, то аввали соли 1977, ба даст омад, дар нашри точикии асар кисман истифода шуд.

Нашри русии китобро олимони совети ва хоричи ба неки истикбол карданд ва такризхои зиёд далели ин аст. Вале баъди нашри русии китоб аллакай панч сол[4] гузашт, ки ин дар айёми инкишофи босуръати илм муддати кам нест. Дар ин солхо маъхазхои мухталиф ва пуранвои таърихи пайдо шуд, археологхо хам ба бисёр кашфиётхои бехамто ноил шуданд. Оид ба даврахои гуногун бисёр асархои илмии тадкикоти интишор гардиданд. Худи муаллиф низ тадкики хаматарафаи масъалахоеро, ки дар китоб дарч шуданд, идома дода, худуди хронологии онро аз нимаи аввали асри ХVIII то галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр расонид. Дар натича зарурат пеш омад, ки баъзе нуктахои асар тагйир дода шуда, баъзе чойхои он мукаммал ва баъзе фаслхои он муфассалтар карда шавад. Вале гуфтан даркор, ки бандубасти асар тагйир наёфт ва факат ба сабаби афзудани хачм китоб ба ду кисм чудо карда шуд.

Муаллиф ба хамаи онхое, ки бо маслихат, илова ва кайду эродхои муфиди худ ба у кумак карданд, алалхусус ба А.Е. Бертелс, И.С. Брагинский, Э.А. Грантовский, Е.А. Давидович, А.М. Мирзоев, И.М. Оранский, В.А. Ранов, В. А. Ромодин, албатта, ба мухарири нашри русии китоб Б.А. Литвинский ва мухаррири нашри точикии китоб А. Мухторов ташаккури самими изхор менамояд.

[1] К.Маркс, Ф.Энгельс. Асархо (Нашри дувуми руси), чилди 13, с.6-7.

[2] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асархо, чилди 4, с. 424.

[3] В.И. Ленин. Асархо, чилди 21, с. 16.

[4] Сарсуханро Б. Uафуров дар аввали соли 1977 навиштааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …