Главная / Маданият ва санъат / ММД-и Чумхурии Точикистон: Мачмуи махсулоти дохили

ММД-и Чумхурии Точикистон: Мачмуи махсулоти дохили

Рушди вокеии ММД-и Чумхурии Точикистон. Тахлили вазъи нишондихандахои асосии рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон дар  моххои январ-сентябри соли чори нишон дод, ки дар ин давра дар кулли сохахои иктисоди милли тамоюли мусбии рушд нигох дошта шуда, дар мачмуъ устувории нишондихандахои макроиктисодии чумхури таъмин карда шуд.

Мачмуи махсулоти дохилии чумхури дар давраи хисоботи ба 47517,9 млн. сомони баробар гардид. Рушди вокеии он 7,0 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондихандаи хамин давраи соли сипаригардида 0,2 банди фоизи зиёд мебошад.

Индекс дефлятори ММД дар ин давра ба 104,7 фоиз баробар гардид.

Хачми номинали ва рушди вокеии ММД дар нух мохи солхои 2014-2018

mmd-tojikiston

Дар мачмуъ рушди ММД аз хисоби хамаи сохахои иктисодиёт, ки онро ташаккул медиханд, таъмин гардид. Истехсолоти саноати дар нух мохи соли чори нисбат ба хамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз, мачмуи махсулоти кишоварзи 4,0 фоиз, маблаггузори ба сармояи асоси 15,8 фоиз, хачми умумии гардиши савдо 15,6 фоиз ва хизматрасонии пулаки 2,0 фоиз афзуд.

Таносуби нишондихандахои асосии макроиктисодии чумхури дар нух мохи солхои 2017-2018 дар чадвали зерин оварда шудаанд.

 

Номгуи

Нишондихандахо

Суръати афзоиш (бо фоиз)
январ – сентябри

соли 2017

январ – сентябри соли 2018 таносуб

+ / –

ММД 106,8 107,0 0,2
Мачмуи махсулоти кишоварзи 106,1 104,0 – 2,1
Хачми истехсоли махсулоти саноати 122,0 113,5 -8,5
Маблаггузори ба сармояи асоси 104,3 115,8 11,5
Гардиши савдои чакана 106,2 107,3 1,1
Хизматрасонихои пулаки ба ахоли 102,4 98,6 – 3,8
Гардиши савдои хоричи 99,0 109,1 10,1
– содирот 134,0 89,8 -44,2
– воридот 88,4 117,9 29,5
Сатхи таваррум (нисбат ба декабри соли гузашта) 5,6 3,9 1,7

Аз нишондихандахои мазкур бармеояд, ки суръати рушди сохаи саноат нисбат ба хамин давраи соли сипаригардида 8,5 банди фоизи, кишоварзи 2,1 банди фоизи поён рафта, сохаи маблаггузорихо ба сармояи асоси 11,5 банди фоизи ва гардиши савдои чакана ба андозаи 1,1 банди фоизи зиёд шуданд.

Дар давраи хисоботи хачми суръати гардиши савдои хоричи нисбат ба хамин давраи соли гузашта 10,1 банди фоизи, аз чумла хачми воридот 29,5 банди фоизи зиёд гардида, хачми содироти мол 44,2 банди фоизи кохиш ёфтааст.

Тахлили муфассал оид ба сабабхои кохишёбии суръати рушди сохахои кайдгардида дар кисмхои ба ин соха дахлдори гузориши мазкур пешниход мегардад.

Аз руи таксимоти сохтори мачмуи махсулоти дохили,  45,6 фоизи арзиши иловашуда дар истехсоли молхо   (47,6 фоиз дар январ-сентябри соли 2017), 43,1 фоиз тавассути хизматрасони (41,3 фоиз) ва 11,3 фоиз аз хисоби андозхои холис (11,1 фоиз) ба амал омадааст.

Аз нишондихандахо бармеояд, ки дар сохтори ММД хиссаи истехсоли молхо нисбат ба хамин давраи соли гузашта 2,0 банди фоизи кохиш ёфтааст, ки ин асосан аз хисоби кам гардидани хиссаи кишоварзи дар сохтори ММД ба андозаи 2,1 банди фоизи ба вукуъ пайваст. Хамзамон афзоиши хиссаи сохаи саноат ба андозаи 0,1 банди фоизи ба назар мерасад.  Хиссаи сохтмон дар сатхи соли гузашта боки монд.

Дар давраи хисоботи  афзоиши хиссаи хизматрасонихо дар сохтори ММД нисбат ба хамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизиро ташкил дод, ки он асосан аз хисоби зиёд гардидани хиссаи арзиши изофа дар сохаи савдо ва хизматрасонихо ташаккул ёфтааст.

Дар моххои январ – сентябри соли чори воридоти андозхои гайримустаким 5458,0 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба хамин давари соли гузашта 13,9 фоиз зиёд мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

duo-nur

Дуои «Нур»

Асноди дуои «Нур» Ибни Товус аз Хазрати Салмони Форси (раз) ривоят намуда, ки: Биби Фотимаи …