Главная / Илм / МИЗИ КОРИ Дар Windows

МИЗИ КОРИ Дар Windows

Тавре ки кайд кардем, хангоми пахш намудани тугмаи POWER -и блоки системавии компютер, аз диски системавии винчестер ба таври автомати системаи оператсионии Windows ба хотираи фаврии он дохил карда мешавад ва дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро Мизи кории (Desktop – Рабочий стол) система меноманд.

Мизи кори мухити графикиест, ки дар он объектхо ва элементхои идоракунии Windows инъикос карда мешаванд. Умуман, хангоми кор бо ин система хар он чизе, ки истифода бурда мешавад ё ба объект ё ба элементи идоракунии Windows тааллук дорад.

mizi-koriiwindows

Мизи кориро равзанаи асосии Windows мегуянд. Он одатан бо расмхои предметхои гуногун пур карда мешавад. Дар кисми поёнии расмхо номашон оварда мешаванд. Ана хамин расмхо нишонахои (icons – значки) объектхо мебошанд.

Нишонахо, тавре ки медонем, тасвири графикии объектхои Windows мебошанд. Хамаи нишонахои Мизи кориро ба нишонахои махсус ва кори чудо кардан мумкин аст.

Нишонахои махсус аз хамдигар шаклан фарк доранд, вале нишонахои кори якхелаанд. Аксарият нишонахои махсус Расми 2. Мизи кории системаи Windows

доимо дар Мизи кори мавчуданд, аммо нишонахои кориро хар як истифодабарандаи компютер мувофики таъбу завки худ ва аз руи зарурати истифодабариаш дар миз чой медихад ё аз он мебардорад.

Нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст ва номаш Мой компьютер (Компютери ман – My computer) мебошад, имконият медихад, ки аз дискхо программахои лозими кофта ёфта шуда, ба кор дароварда шаванд. Инчунин программаи Мой компьютер барои ба системаи умуми пайваст намудани хамаи кисмхои асоси ва иловагии компютер хизмат мерасонад. Ин нишона ба гурухи нишонахои махсус мансуб аст.

Нишонаи Kорзина (Сабад – Recycle Bin)-и Мизи кори барои нигох доштани папка ва хуччатхое хизмат мерасонад, ки онхо барои истифодабари муваккатан лозим нестанд. Барои дар шакли кори баркарор намудани онхо кифоя аст, ки Корзинаро кушоем ва аз руйхати он папка ва хуччатхои заруриро чудо намоем. Ин нишона низ нишонаи махсус аст.

Дар Мизи кори хамчунин нишонаи махсуси дигаре мавчуд аст, ки онро Портфель (Портфел – My briefcase) меноманд. Портфел асосан барои аз як компютер ба компютери дигар кучонидани информатсия хизмат мерасонад.

Дар Мизи кори ба гайр аз нишонахои папкахои системави, ки шаклашон аз хамдигар ба кулли фарк доранд, боз нишонахои якранги папкахои кории гуногун ва нишонахои ярликхоро дидан мумкин аст. Нишонахои ярликхо аз дигар нишонахо бо аломати фарк мекунанд.

Дар кисми поёнии Мизи кори сатри тасмашакле мавчуд аст, ки дар он тугмаи Пуск (Огоз – Start) чойгир шудааст. Ин сатрро сатри Панели масъалахо (Taskbar – Панель задач) меноманд. Панели масъалахо яке аз элементхои идоракунии Windows ба шумор меравад.

Дар кисмхои худудии (канори) Мизи кори панели Microsoft office-ро низ чойгир кардан мумкин аст. Дар ин панел нишонахои программахои хатмии оффис ва дигар программахои амали нишон дода мешаванд.

Саволхо:

  1. Мизи кори чист?
  2. Барои чи Мизи кориро равзанаи асосии Windows меноманд?
  3. Нишонахои Мизи кориро ба чанд гурух чудо мекунанд?
  4. Нишонахои махсус аз нишонахои кори чи фарк доранд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Ба таври мухтасар дар бораи функсияхои нишонахои Мой компьютер, Корзина ва Портфель маълумот дихед.
  3. Нишонахои Мизи кории Windows-ро бо навбат кушоед ва объектхои дохили онро маънидод намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …