Главная / Илм / МИЗИ КОРӢ Дар Windows

МИЗИ КОРӢ Дар Windows

Тавре ки қайд кардем, ҳангоми пахш намудани тугмаи POWER -и блоки системавии компютер, аз диски системавии винчестер ба таври автоматӣ системаи оператсионии Windows ба хотираи фаврии он дохил карда мешавад ва дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро Мизи кории (Desktop – Рабочий стол) система меноманд.

Мизи корӣ муҳити графикиест, ки дар он объектҳо ва элементҳои идоракунии Windows инъикос карда мешаванд. Умуман, ҳангоми кор бо ин система ҳар он чизе, ки истифода бурда мешавад ё ба объект ё ба элементи идоракунии Windows тааллуқ дорад.

mizi-koriiwindows

Мизи кориро равзанаи асосии Windows мегўянд. Он одатан бо расмҳои предметҳои гуногун пур карда мешавад. Дар қисми поёнии расмҳо номашон оварда мешаванд. Ана ҳамин расмҳо нишонаҳои (icons – значки) объектҳо мебошанд.

Нишонаҳо, тавре ки медонем, тасвири графикии объектҳои Windows мебошанд. Ҳамаи нишонаҳои Мизи кориро ба нишонаҳои махсус ва корӣ ҷудо кардан мумкин аст.

Нишонаҳои махсус аз ҳамдигар шаклан фарқ доранд, вале нишонаҳои корӣ якхелаанд. Аксарият нишонаҳои махсус Расми 2. Мизи кории системаи Windows

доимо дар Мизи корӣ мавҷуданд, аммо нишонаҳои кориро ҳар як истифодабарандаи компютер мувофиқи таъбу завқи худ ва аз рўи зарурати истифодабариаш дар миз ҷой медиҳад ё аз он мебардорад.

Нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст ва номаш Мой компьютер (Компютери ман – My computer) мебошад, имконият медиҳад, ки аз дискҳо программаҳои лозимӣ кофта ёфта шуда, ба кор дароварда шаванд. Инчунин программаи Мой компьютер барои ба системаи умумӣ пайваст намудани ҳамаи қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер хизмат мерасонад. Ин нишона ба гурўҳи нишонаҳои махсус мансуб аст.

Нишонаи Kорзина (Сабад – Recycle Bin)-и Мизи корӣ барои нигоҳ доштани папка ва ҳуҷҷатҳое хизмат мерасонад, ки онҳо барои истифодабарӣ муваққатан лозим нестанд. Барои дар шакли корӣ барқарор намудани онҳо кифоя аст, ки Корзинаро кушоем ва аз рўйхати он папка ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷудо намоем. Ин нишона низ нишонаи махсус аст.

Дар Мизи корӣ ҳамчунин нишонаи махсуси дигаре мавҷуд аст, ки онро Портфель (Портфел – My briefcase) меноманд. Портфел асосан барои аз як компютер ба компютери дигар кўчонидани информатсия хизмат мерасонад.

Дар Мизи корӣ ба ғайр аз нишонаҳои папкаҳои системавӣ, ки шаклашон аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд, боз нишонаҳои якранги папкаҳои кории гуногун ва нишонаҳои ярликҳоро дидан мумкин аст. Нишонаҳои ярликҳо аз дигар нишонаҳо бо аломати фарқ мекунанд.

Дар қисми поёнии Мизи корӣ сатри тасмашакле мавҷуд аст, ки дар он тугмаи Пуск (Оғоз – Start) ҷойгир шудааст. Ин сатрро сатри Панели масъалаҳо (Taskbar – Панель задач) меноманд. Панели масъалаҳо яке аз элементҳои идоракунии Windows ба шумор меравад.

Дар қисмҳои ҳудудии (канорӣ) Мизи корӣ панели Microsoft office-ро низ ҷойгир кардан мумкин аст. Дар ин панел нишонаҳои программаҳои ҳатмии оффис ва дигар программаҳои амалӣ нишон дода мешаванд.

Саволҳо:

  1. Мизи корӣ чист?
  2. Барои чӣ Мизи кориро равзанаи асосии Windows меноманд?
  3. Нишонаҳои Мизи кориро ба чанд гурўҳ ҷудо мекунанд?
  4. Нишонаҳои махсус аз нишонаҳои корӣ чӣ фарқ доранд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Ба таври мухтасар дар бораи функсияҳои нишонаҳои Мой компьютер, Корзина ва Портфель маълумот диҳед.
  3. Нишонаҳои Мизи кории Windows-ро бо навбат кушоед ва объектҳои дохили онро маънидод намоед.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …