Главная / Илм / МЕЗОЛИТ ВА НЕОЛИТ

МЕЗОЛИТ ВА НЕОЛИТ

Замони мезолит ва неолитро одатан ба 10–15 хазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи хаёти инсони дар хар махал хар хел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракхои мавчудаи археологи ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ахолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти кабилавии модаршохи зиндагони мекардаанд. Дар ин давра олоти истехсолот нисбатан мукаммал ва бехтар мегардад. Усулхои нави асбобу олотсози: сайкал додан, парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онхо хеч асаре набуд, ба таври васеъ пахн мешаванд. Сохахои нави хочаги, аз кабили кулоли, зироат ва чорводори низ ба вучуд меоянд. Мувофики шароити табии дар нохияхои гуногуни Осиёи Миёна маконхои шикорчиёни мохигир, шикорчиёни чорводор ё худ барзгарони ибтидои пайдо мешаванд.

Осори мезолит

mezolitОсори давраи мезолит хусусан дар махалхои сохили Каспи ба таври муфассал тадкик шудааст. Намунаи барчастаи он бозёфти диккатангези А.П.Окладников — гори Чабал мебошад. Маълумот ва мадракхои аз ин чо бадастомада дар солхои охир ба тавассути кашфи боз як махзани ёдгорихои кадима – гори Замзамчашма афзунтар гардид. Дар табакахои пуршумори маскуни ин горхо ва дигар ёдгорихои наздики Каспи даххо ва садхо асбобу абзори хурди сангичахмоки боки мондааст, ки аз байни онхо, алалхусус, олоти шакли хандаси: китъаи доира (сегмент), секунча, шакли мунхариф (трапетсия) чолиби диккат аст. Маълумот ва мадракхои археологи шаходат медиханд, ки дар давраи мезолит ва огози неолит дар баробари шикори хайвонот сайди мохи ва гизогундори ривоч меёбад. Ёдгорихои сохили Каспи бо хосияти худ ба маданияти хамонвактаи Осиёи Пеш каробат доранд[1].

хангоми ковиши бошишгохи Туткавул дар махалли сохтмони ГЭС-и Норак осори нодири мезолит ба даст омад. Дар ин чо дар катори олоти маъмули мезолити Осиёи Пеш (кордхои сангии якдама, сегментхо ва г.) олоти дагал-таре низ ёфт шуд, ки онхо мезолити хазорахои ХIII–VII то милоди Туткавулро бо маданияти даврахои сонитари хисор марбут месозанд. Осори Дараи Шур хам маконан ва хам тавсифан ба маданияти номбурда наздик аст. Ин осор дар 20 км шарктари Туткавул вокеъ мебошад.

Дар бошишгохи Обикиик, ки дар чои аз каторкухи Рангинтог баромадани рохи Душанбе – Кургонтеппа чой гирифтааст, як силсила олоти ачоиби мезолит ёфт шуд.

Аммо осори дар Помир кашфшуда аз ин ёдгорихо ба кулли фарк мекунад. Дар ин чо, дар шароити фавкулоддаи кухистон, дар иртифои мутлаки аз 3,5 хазор то 4,2 хазор метр аз сатхи бахр, баландтарин дар чахон кароргохи одамоне ёфт шуд, ки 95 хазор сол пеш зиндаги ба сар бурдаанд (ин сана ба воситаи тахкики физикии ангишти оташдони кароргохи Ошхона муайян гардидааст)[2].

Ин хосиятан маданияти дигарест, ки аз мезолити  гарби ба кулли фарк мекунад. Дар он асосан асбобу олоти дурушт, мисли белчахои аз санги кайрок сохташуда, ба назар мерасанд, яъне дар ин чо бештар техникаи давраи палеолит хукмфармо буда, аз олатхои хандаси асаре хам дида намешавад. Он аслан кароргохи шикорчиён будааст, ки дар фасли тобистон ба ин махалли аз сайд фаровон кучида меомадаанд. Дар кароргохи Ошхона чор табакаи маскун кашф гардид, беш аз 10 хазор олат чамъ карда шуд[3].

Осори неолит

Тахминан 9–7 хазор сол кабл аз ин асри нави санг огоз ёфтааст.

Дар Осиёи Миёна се умумияти мадании таърихиро, ки аз якдигар бо шароити зиндаги ва осори худ фарк мекунанд, метавон аёнан мушохида намуд. Дар хамин мархила дар хаёти чамъияти инсони тагйироти таърихи руй медихад. Инсоният аз масраф ва захираи неъмат ба тавлид ва истехсоли он кадам мегузорад – чои шикор ва гизогундориро зироат ва чорводори ишгол менамояд. Ин дигаргуниро гохо «инкилоби неолит» меноманд. Албатта, вокеан ин тавр нест, балки ин ном факат шартист.

Дар тули доманаи Копетдог он вактхо масканхои ахли маданияти Чайтун – кабилахое, ки аз тамоми кавму тоифахои сокини Иттифоки Совети пештар ба зироат шуруъ намудаанд, вокеъ гардида буданд. Онхо дар дехкадахои кабилави, дар хонахои кулухи зиндагони мекарданд. Чорводори низ аз машгулиятхои асосии онхо ба шумор мерафт. Асбобу олоти дехконии онвакта аксаран аз досхои содаи сангичахмоки иборат буданд, ки онхо 36,5 фоизи олатхои тадкикшударо ташкил менамоянд. Аз навъхои зироат бештар гандум ва чав кошта мешуд. Дар катори аслихаву абзори сангичахмоки порахои зарфи гили хам пайдо гардиданд, ки аз мавчудияти кулоли дар он замон гувохи медиханд. Зарфхо дасти сохта, баъзан бо хатхои ислими ва накшунигори туросо оро дода мешуданд. Ин холо кадимтарин намунаи осори кулолии Осиёи Миёна мебошад.

Ба санъати сафолиёти Чайтун хеле фаровон будани асбобхои майдаи санги хос аст. Дар ин чо пайкони тир ё найза мутлако дучор нашуд. Аз афти кор, асбоби мехнат ва чанг аз сангхои майда сохта шуда, баъд васл карда мешуд[4].

Дар хамон даврахо барои сафолпази кураву хумдонхои махсус вучуд доштанд, гарчанде худи асбобхои сафоли кам истехсол мешуд.

Дар яке аз бошишгоххои маданияти Чайтун – дар Чупонтеппа кабрхое ёфт шуданд, ки хусусияти ба худ хос доранд ва ин хусусият дар даврахои сони хам ба назар мерасад ва он иборат аз хамин аст, ки кабр дар худи бошишгох дар руи хавли ё дар дохили хонахо канда мешуд. Дар байни бошишгоххои ин маданият Пассочиктеппа макоми махсус дорад ва махз дар хамин чо биное ёфт шуд, ки, аз афти кор, бинои чамъияти мебошад. Дар яке аз деворхои ин бино бо ранги сиёху сурх сурати даррандагону чаррандагон ва накши ачоиб кашида шудааст[5]. Ин сурат яке аз кадимтарин суратхои руидевори дар СССР мебошад.

Дар давраи неолит сокинони сохилхои камбориши чануби Туркманистон барои обёри зохиран факат дамиши обро истифода мебурданд. Барои ин махсус чуйхо меканданд ва палхо месохтанд. Дар айни хол дар мачрои мобайнии дарёву дарёчахо вокеъ будани баъзе бошишгоххо шояд далели он бошад, ки оби он дарёву дарёчахо барои обёрии заминхои лаби дарё истифода бурда мешуд. Чорводори хеле равнак ёфта бошад хам, ба туфайли шикор низ хеле гушт (дар Чайтун кариб 25%) ба даст оварда мешуд, гайр аз ин пусту устухони чорво низ дар рузгор ба кор мерафт[6].

Дар макони ин маданият – Чайтун низ чандин мучассамачахои гилии хайвонот ва одамонро ёфтаанд. Ин мучассамахо, ба акидаи В.М.Массон, маъбадхои кабилави мебошад[7]. Замон ва таърихи мавчудияти ёдгорихои асосии маданияти Чайтун хазораи VI пеш аз милод аст.

Кабилахое, ки ба умумияти дигар тааллук доштанд, дар дашту чулгахои Осиёи Миёна, хусусан дар вохаи Бухоро ва канорахои бахри Арал хаёт ба сар мебурданд. Ёдгорихои аз онхо бокимондаро бо номи «маданияти Калтаманор» ёд мекунанд. Вай асосан маданияти шикорчиён ва мохидорон буда, бо хамин чихат аз маданияти пеш аз ин зикршуда тафовут дорад. Калтаманорихо, зохиран, дар мархалахои охири тараккиёти худ ба ром кардани хайвонот ва аз худ кардани зироати ибтидои шуруъ намудаанд. Санаи маъмули мавчудияти ин умумияти кабилави хазораи IV–III пеш аз милод аст.

хамин тарик, дар он замон инкишофи номавзуни маданиятхои асри санг ба амал меояд. хафриёти Чонбозкалъаи 4, ки аз он чо бокимондахои манзили калони гирдашакли аз чубу камиш сохташудаи ба чамоаи кабилавии иборат аз 100 нафар ва бештар аз он тааллукдошта пайдо гардид, хаёти кабилахои калтаманорро хеле барчаста тасвир менамояд. хамин навъ манзили боз хам калонтар дар кароргохи Ковати 7 ёфт шуд.

Хусусияти маданияти Калтаманор аз олатхои хурди сангичахмоки ва инкишофи техникаи васла зохир мегардад. Санги чахмок аз кухи Султонуиздог ба даст оварда мешуд. Дар ин чо кони санг ва устохонаи сохту пардохти олоти сангичахмоки (Бурли 3), ки ба давраи Калтаманор тааллук доштааст, пайдо гардид. хамчунин аз масканхои кадима бисёр асбобхои сафоли, аз чумла сафолхои накшунигорин ёфт шуданд[8].

Дар кухистон ва махалхои назди кухсори Осиёи Миёна умумияти кабилавии севум – маданияти хисор макон ёфта буд. Ин вокеа хам «неолити кухистон» аст, яъне давраест, ки бо шароити махсуси зиндагонии одамони даранишин тавсиф меёбад. Нахустин мухаккики маданияти хисор А.П.Окладников чихатхои нихоят фарккунандаи олатхои сангии ин маданиятро, ки кисми асосии онхоро асбобу абзори кайроксанги ташкил додаанд, хотирнишон намуда буд. Бозёфти чунин асбобу олот дар Осиёи Миёна мебошад. Хусусияти дигари ин маданият иборат аз он аст, ки дар байни ёдгорихои он аз асбобхои сафоли хеч як асаре дида намешавад. Ба акидаи А.П.Окладников, ахли маданияти хисор аввалин барзгарони вилоятхои кухистон буда, дар баробари зироат ва чорводори шикор хам дар хаёти онхо мавкеи худро нигох медоштааст. Бозёфтхои Туткавул (сохили чапи дарёи Вахш дар наздикии Норак), ки он чо дар масохати калоне макони бисёртабака ва пуросори онвакта тадкик мешавад, таърихи пайдоиш ва чараёни инкишофи маданияти хисорро равшантар хохад намуд.

Дар Туткавул чор табакаи маскун (ду табакаи маданияти мезолити хазораи Х–VIII пеш аз милод ва ду табакаи мутааллик ба худи маданияти хисор) кашф гардид. Дар табакахои маданияти хисор бокимондахои оташдони нимдоираи аз санг чидашуда, иичунин «хоначахо»-и махсуси аз деворахои чандкабатаи санги биноёфта пайдо шуданд. Ин гуна суфачахо, ки зохиран хамчун бунёди манзилхои сабукбори чуби хизмат мекардаанд, дар хафриётхои Шарки Наздик низ дарёб гардиданд»[9].

Дар байни бештар аз 40 хазор маснуоти асри санг, ки аз хафриёти Туткавул ба даст омадааст, табархои хуби суфта, кордхои тез, абзорхои дастии хонаги: дарафш, парма, белча ва бисёр олатхои сохту пардохти чуб мавчуданд. Аслихаи асосии шикори аз найза ва синон иборат буд, ки ба дастахои чуби ё устухони тег нишонда, бо мум ва ширеш махкам мекарданд. Кисмати асосии ёдгорихои маданияти хисорро олатхои калони санги кайроки ташкил менамоянд. Асбобу олоти устухони хеле кам ба назар мерасад. Аз хафриёти ин нохия устухонхо – аввалин осори антропологии ахли маданияти хисор низ ёфт шуданд.

Мувофики усули радиокарби муайян карданд, ки табакаи болоии маскуни хисор 5150±140 сол пеш аз милод вучуд доштааст.

Мукаррар кардани асосхои иктисодии мархалаи туткавулии маданияти хисор нихоятдарача душвор аст. Вале аз мадракхои археологи чунин бармеояд, ки он маскани шикорчиён ва гундорандагони неъматхои табии набуда, балки одамони навакак ба шаклхои истехсолкунандаи хочаги кадамгузошта мебошанд. Иктисодиёти сокинони кадимаи Туткавул бештар ба мархалаи «пайдоиши зироат ва чорводори» наздик аст. Як катор нишона ва аломатхо гувохи медиханд, ки чорводори мавкеи асоси доштааст. Дар байни устухонхои микдоран ками хайвонот, ки аз табакахои маскуни берун оварда шудаанд, устухони буз ва гусфанди хонаги ба назар мерасанд.

холо дар дасти мо баъзе далелхое мавчуданд, ки барои муайян кардани худуди интишори маданияти хисор имкон медиханд. Ин навъ ёдгорихо асосан вохахои сарзамини имрузаи Точикистонро фаро гирифтаанд. Ёдгорихои мушобехи ин, ки дар дигар нохияхои кухистони Осиёи Миёна, аз чумла дар шимоли Точикистон, Фаргона ва сохилхои Иссиккул дучор меоянд, мутаассифона, то хол дуруст омухта нашудаанд.

Таърихи мавчудияти маданияти хисор ва санахои асосии осори он низ муайян карда шуд. Маълум гардид, ки ин маданият на камтар аз се хазор сол (хазорахои VI–III пеш аз милод) давом кардааст. Ёдгорихои давраи аввали ин маданият дар Туткавул, давраи миёна дар Куи Булёни Дангара ва нихоят давраи охири он дар Теппаи Гозиёни хисор махфуз мондаанд[10].

Масъалаи гузаштан аз маданияти хисор ба фулуз хануз ба дарачаи кофи тадкик нагардидааст.

[1] Окладников А.П., 1966 а.

[2] Бутомо С.В. ва диг., 1964.

[3] Ранов В.А., 1962 б.

[4] Массон В.М., 1971, сах 27

[5] Дар хамон чо, с.51.

[6] Дар хамон чо, с. 81–89.

[7] Массон В.М., 1966 б, с. 88.

[8] Толстов С.П., 1948 а. с. 59–66; Виноградов А.В., 1968; Коробкова Г.Ф., 1969.

[9] Иraidwood R.J. 1967, р. 106-107.

[10] Коробкова Г. Ф., Ранов В. А., 1968.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …