Главная / Илм / МЕТАСТАЗ

МЕТАСТАЗ

metastazМЕТАСТАЗ (Metastasis; ба маънои гузариш, чойивазкуни), манбаи дуюми бемори, ки дар натичаи аз манбаи якуми он ба организм пахн гаштани омили бемориовар (хучайрахои омос, ангезандаи сироят ва г.) пайдо мешавад. Вобаста ба тарзи густариш М.-хои лимфагени ва гематогениро фарк мекунанд. Аз руи тасаввуроти хозира М. густариш (диссеминатсия)-и хучайрахои омоси бадфарчомро дар назар дорад. Холатхои ба М. табдил ёфтани омосхои некфарчом низ дучор меоянд. Кобилияти хосил кардани М., яъне ба воситаи лимфа ва хун ба организм пахн гаштан, хоси хучайрахои солим низ мебошад (мас., хучайрахои чарби, хучайрахои хунофари магзи устухон ва г.). Хусусияти асосии хучайрахое, ки М. хосил мекунанд, дар рушди онхоро назорат карда натавонистани организм аст. Укдахои ба М. табдилёфта тамоми хусусиятхои омоси аввалро, ки аз он пайдо шудаанд, сохиб мегарданд (сохти микроскопи, кобилияти хосил кардани хучайрахои монанд ва г.).
Тарзи М.-и гематогени нисбатан хуб тахкик шудааст (дар шуш, чигар, устухон ва диг. узвхо). М.-и гематогени чанд давраи инкишоф дорад: 1) аз омоси аввалин канда шудани хучайра ва аз девораи раг гузашта ба хун хамрох гаштани он; 2) дар хун гардиш кардани хучайрахои омос; 3) ба девораи раг часпидан ва дар он чо инкишоф ёфтани хучайраи омос; 4) девораи рагро сурох карда берун омадани массаи омоси ва дар бофтаи узви зарардида инкишоф ёфтани М. Мавчудияти М. далел ба шакли густариши гирифтани бемори аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …