Главная / Илм / МАСТи

МАСТи

mastiМАСТи, мастшави, тагйири чараёни физиологи ва рухи, ки дар натичаи истеъмоли шароб ба амал меояд. Микдори муайяни алкухул хастагии рухиро як дарача кам карда, хисси хурсандиро ба вучуд меорад, кайфиятро хуш мегардонад. Чунин хиссиёт барои одам муваккати аст. Шахс баробари афзоиши микдори спирт ба хаячон меояд, кобилияти худназоратро гум мекунад, бадкахру бадчахл, гамгину рухафтода мешавад. Одами маст махз дар хамин холат бадахлоки ва чиноят (авбоши, тачовуз ба номус, хатто одамкуши) содир карда метавонад. Холати гамангез ва рухафтодаги, муносибати бетафовут ба окибати рафтори худ баъзан шахси мастро ба худкуши мерасонад. Шахсе, ки дар хушёри ягон маротиба чанчол накардааст, дар натичаи як бор нушидани шароб метавонад рафтори ношоиста содир намояд. Гайр из ин, хангоми як маротиба истеъмол кардани микдори зиёди шароб сахт захролуд шудан мумкин аст. Дар сурати мунтазам ва аз хад зиёд истеъмол намудани машруботи спиртдор кас ба он сахт одат мекунад (ниг. Майзадагии музмин).
Хангоми истеъмоли машруботи спиртдор ба кадри аз меъда ва руда чаббида шудани он микдори алкухул дар таркиби хун меафзояд. Он баъди ду соат ба хадди бештарин мерасад (дар мавриди истеъмоли яккаратаи он), баъд тадричан кам мешавад; 10% – и алкухул тавассути шуш, гурда ва пуст бетагйир аз организм ихроч мегардад (бокимондаи онро ферментхои махсус оксид мекунанд). Алкухул дар организм суст оксид мешавад. Усулхои хозираи тадкикот муайян кардаанд, ки хатто баъди як бори истеъмоли шароб микдори андаки алкухул тули 2 хафта дар организм боки мемонад, харчанд дар хун баъди 4 – 5 соат он бархам мехурад (дар мавриди якбора ба микдори зиёд нушидани шароб – баъди 12 соат). Алкухул гун шуда, баъд ба системаи асабхои маркази (аввал ба ташкилахои зеркишр ва майнача, сипас ба кишри магзи сар, ки он чо дуру дароз меистад) мегузарад. Микдори ками машрубот касро ба хаячон меорад, вояи зиёди он кишр ва марказхои хаётан мухими майнаи дарозруя (нафаскаши, мухаррики рагхо)-ро боздошта, боиси ихтилоли нафаскаши ва гардиши хун мешавад. Хангоми аз алкухул сахт захролуд шудан, марг фаро мерасад.
Зухури аломатхои аввалини М. ба дарачаи спиртнокии машрубот ва серии шикам вобаста аст. Дарачаи М. – ро вобаста ба микдори алкухули ба 1 кг вазн истеъмолшуда, тобоварии шахс ба он, инчунин аз руи холати организм хангоми истеъмоли машрубот муайян мекунанд. Дар вакти хастаги ва логари андак арак одамро сахт маст мекунад. Дар холати хастагии рухи бошад, таъсири мастиовари алкухул кам мешавад. Махсусан кудакон, кухансолон, шахсони гирифтори беморихои чигар, меъда, ихтилоли эндокрини ба таъсири машруботи спиртдор хеле хассосанд. Тахмин мекунанд, ки агар консентратсияи алкухул дар хун то 2 ‰ бошад, М.-и сабук, то 3 ‰ – М. – и миёна ва то 4 ‰ – М.-и вазнин махсуб меёбад. Агар консентратсияи алкухул дар хун аз 5 ‰ зиёд бошад, он халокатбор аст. Бо вучуди ин хангоми дар хуни одамони гуногун як хел будани консентратсияи алкухул дарачаи мастии онхо хар хел шуда метавонад.
Дурахшидани чашм, кадре сурх шудани руй, зиёд гаштани махсули гадудхои чарб ва арак, суст шудани набз аввалин аломатхои М. мебошанд. Одами маст гарми, сустии форам, кушодашавии иштихоро хис мекунад. Эхсоси хушнудии рухи ва чисмони (ба ном эйфория), яъне кайфияти хуш, оромии фаъолияти рухи ва чисмони, равшании таассуроти хис ба вучуд меояд. Баъди 10 – 30 дак. гавхараки чашм васеъ, набз ва фишори хун муътадил мешаванд. Ба кадри афзоиши вояи алкухул фаъолияти рухи ва чисмони меафзояд, яъне кадамхо калони ноустувор, овоз баланд, нутк берабт, таърифу тавсифи аз будаш зиёд, сифати кор паст мешавад. Гаризахо ошкор шуда, хислатхои пушидаи шахс (рашк, хавобаланди, ранчиш ва г.) зохир мегарданд.
Хангоми ба дарачаи миёна будани М. кас тадричан хоболуд ва бехол шуда, хобаш сахт мебарад. Баъди бедор шудан, эхсоси бехоли, шалпари, камиштихои, хисси вазнинии сар, норозиги аз худ ва атрофиён, хашмгини ба вучуд меояд. Кобилияти рухи ва чисмонии шахс суст мегардад.
Дар вакти М. – и вазнин кас чои худро муайян карда наметавонад, нутк суст мешавад, алокаи хиссиёт аз бадан меравад. Аксар вакт кай (чун реаксияи мухофизи организм) мушохида мешавад. Баробари афзоиши захролуди ихтилоли шуур афзуда, нафаскаши ва тонуси дилу раг суст мегардад, бехаракати, камкувватии мушакхо, гаранги рух медихад. Фалачи маркази нафаскаши, инчунин инкишофи игмо (кома) шахси мастро ба марг мерасонад. Холати хумори баъди М. – и вазнин бештар аён мешавад. Одами маст баъди хушёр шуданаш вокеахои бо у руйдодаро ба хотир оварда наметавонад. Муддати чанд шаборуз мумкин аст хоб вайрон шавад. Дар чунин холат окибати истеъмоли дорухои хобовар ногувор хохад шуд. Дар баъзе мавридхо ба ном М. – и патологи инкишоф меёбад, ки он бо ихтилоли вазнини шуур, васвос ва фиреби эхсосот мегузарад. М. – и патологи барои атрофиён ва худи шахс хатарнок аст.
Ёри хангоми захролуди аз алкухул. Пеш аз хама зуран кай кардан зарур аст, то ки бокимондаи алкухул аз меъда дур, чаббиши минбаъади он ба хун катъ ва захролуди пешгири карда шавад. Дар ин маврид таъсири об чун воситаи кайовар кам, баъзан хатто хатарнок аст (об ба хирной даромада нафастанги ё газаки узвхои нафаскаширо ба вучуд оварданаш мумкин аст); гайр аз ин ба одами маст хамеша микдори даркории обро нушонидан имкон надорад (он микдор обе, ки ба у менушонанд суръати чаббиши алкухули меъдаро тезонида, мастиро зиёд мекунаду бас). Ангезиши бехи забон усули бехатари кайовари аст; дар ин хол ба шахси маст ёри расондан даркор, то ки маводи кай ба рохи нафас дохил нашавад ( уро хам карда, сарро рост нигох доштан лозим). Агар шахси маст дароз кашида бошад, хангоми кай сарашро поён карда, ба пахлу мегардонанд. Барои бартараф намудани тахайюч ва зиёд кардани тонуси мушакхои дил кордиамин, корвалол, валокордин додан мумкин аст. Валерианка (чакра, курс) таъсири хуб мерасонад. Истеъмоли дорухое манъ аст, ки рагхои иклилии дилро васеъ мекунанд (нитроглитсерин, валидол); ин дорухоро факат хангоми дард кардани дил (агар шахси маст пеш онхоро ба тавсияи духтур истеъмол карда бошад) додан мумкин аст. Агар бадани шахси маст гарм ва сурх шуда бошад, уро ором карда, хоб меравонанд. Дар сурати паридани ранг ва хунук хурдан, уро дархол бо курпаи гарм пушонда, ба пояш гармкунак мегузоранд, спирти навшодир (ба микдори кам, то ки луобпардахои рохи нафас насузад) буй кунонда, адонизид ё кордиамин медиханд, духтурро даъват менамоянд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

БА ТАНЗИМОРИИ МУХИТИ КОРИИ WINDOWS

Системаи оператсионии Windows дорои имкониятхои бенихоят васеи батанзимории мухити кории худ мебошад. Максад аз танзими …