Главная / Илм / МАСТӣ

МАСТӣ

mastiМАСТӣ, мастшавӣ, тағйири ҷараёни физиологӣ ва рӯҳӣ, ки дар натиҷаи истеъмоли шароб ба амал меояд. Миқдори муайяни алкуҳул хастагии рӯҳиро як дараҷа кам карда, ҳисси хурсандиро ба вуҷуд меорад, кайфиятро хуш мегардонад. Чунин ҳиссиёт барои одам муваққатӣ аст. Шахс баробари афзоиши миқдори спирт ба ҳаяҷон меояд, қобилияти худназоратро гум мекунад, бадқаҳру бадҷаҳл, ғамгину рӯҳафтода мешавад. Одами маст маҳз дар ҳамин ҳолат бадахлоқӣ ва ҷиноят (авбошӣ, таҷовуз ба номус, ҳатто одамкушӣ) содир карда метавонад. Ҳолати ғамангез ва рӯҳафтодагӣ, муносибати бетафовут ба оқибати рафтори худ баъзан шахси мастро ба худкушӣ мерасонад. Шахсе, ки дар ҳушёрӣ ягон маротиба ҷанҷол накардааст, дар натиҷаи як бор нӯшидани шароб метавонад рафтори ношоиста содир намояд. Ғайр из ин, ҳангоми як маротиба истеъмол кардани миқдори зиёди шароб сахт заҳролуд шудан мумкин аст. Дар сурати мунтазам ва аз ҳад зиёд истеъмол намудани машруботи спиртдор кас ба он сахт одат мекунад (ниг. Майзадагии музмин).
Ҳангоми истеъмоли машруботи спиртдор ба қадри аз меъда ва рӯда ҷаббида шудани он миқдори алкуҳул дар таркиби хун меафзояд. Он баъди ду соат ба ҳадди бештарин мерасад (дар мавриди истеъмоли яккаратаи он), баъд тадриҷан кам мешавад; 10% – и алкуҳул тавассути шуш, гурда ва пӯст бетағйир аз организм ихроҷ мегардад (боқимондаи онро ферментҳои махсус оксид мекунанд). Алкуҳул дар организм суст оксид мешавад. Усулҳои ҳозираи тадқиқот муайян кардаанд, ки ҳатто баъди як бори истеъмоли шароб миқдори андаки алкуҳул тӯли 2 ҳафта дар организм боқӣ мемонад, ҳарчанд дар хун баъди 4 – 5 соат он барҳам мехӯрад (дар мавриди якбора ба миқдори зиёд нӯшидани шароб – баъди 12 соат). Алкуҳул ғун шуда, баъд ба системаи асабҳои марказӣ (аввал ба ташкилаҳои зерқишр ва майнача, сипас ба қишри мағзи сар, ки он ҷо дуру дароз меистад) мегузарад. Миқдори ками машрубот касро ба ҳаяҷон меорад, вояи зиёди он қишр ва марказҳои ҳаётан муҳими майнаи дарозрӯя (нафаскашӣ, муҳаррики рагҳо)-ро боздошта, боиси ихтилоли нафаскашӣ ва гардиши хун мешавад. Ҳангоми аз алкуҳул сахт заҳролуд шудан, марг фаро мерасад.
Зуҳури аломатҳои аввалини М. ба дараҷаи спиртнокии машрубот ва серии шикам вобаста аст. Дараҷаи М. – ро вобаста ба миқдори алкуҳули ба 1 кг вазн истеъмолшуда, тобоварии шахс ба он, инчунин аз рӯи ҳолати организм ҳангоми истеъмоли машрубот муайян мекунанд. Дар вақти хастагӣ ва лоғарӣ андак арақ одамро сахт маст мекунад. Дар ҳолати хастагии рӯҳӣ бошад, таъсири мастиовари алкуҳул кам мешавад. Махсусан кӯдакон, кӯҳансолон, шахсони гирифтори бемориҳои ҷигар, меъда, ихтилоли эндокринӣ ба таъсири машруботи спиртдор хеле ҳассосанд. Тахмин мекунанд, ки агар консентратсияи алкуҳул дар хун то 2 ‰ бошад, М.-и сабук, то 3 ‰ – М. – и миёна ва то 4 ‰ – М.-и вазнин маҳсуб меёбад. Агар консентратсияи алкуҳул дар хун аз 5 ‰ зиёд бошад, он ҳалокатбор аст. Бо вуҷуди ин ҳангоми дар хуни одамони гуногун як хел будани консентратсияи алкуҳул дараҷаи мастии онҳо ҳар хел шуда метавонад.
Дурахшидани чашм, қадре сурх шудани рӯй, зиёд гаштани маҳсули ғадудҳои чарб ва арақ, суст шудани набз аввалин аломатҳои М. мебошанд. Одами маст гармӣ, сустии форам, кушодашавии иштиҳоро ҳис мекунад. Эҳсоси хушнудии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ (ба ном эйфория), яъне кайфияти хуш, оромии фаъолияти рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, равшании таассуроти ҳис ба вуҷуд меояд. Баъди 10 – 30 дақ. гавҳараки чашм васеъ, набз ва фишори хун мӯътадил мешаванд. Ба қадри афзоиши вояи алкуҳул фаъолияти рӯҳӣ ва ҷисмонӣ меафзояд, яъне қадамҳо калони ноустувор, овоз баланд, нутқ берабт, таърифу тавсифи аз будаш зиёд, сифати кор паст мешавад. Ғаризаҳо ошкор шуда, хислатҳои пӯшидаи шахс (рашк, ҳавобаландӣ, ранҷиш ва ғ.) зоҳир мегарданд.
Ҳангоми ба дараҷаи миёна будани М. кас тадриҷан хоболуд ва беҳол шуда, хобаш сахт мебарад. Баъди бедор шудан, эҳсоси беҳолӣ, шалпарӣ, камиштиҳоӣ, ҳисси вазнинии сар, норозигӣ аз худ ва атрофиён, хашмгинӣ ба вуҷуд меояд. Қобилияти рӯҳӣ ва ҷисмонии шахс суст мегардад.
Дар вақти М. – и вазнин кас ҷои худро муайян карда наметавонад, нутқ суст мешавад, алоқаи ҳиссиёт аз бадан меравад. Аксар вақт қай (чун реаксияи муҳофизи организм) мушоҳида мешавад. Баробари афзоиши заҳролудӣ ихтилоли шуур афзуда, нафаскашӣ ва тонуси дилу раг суст мегардад, беҳаракатӣ, камқувватии мушакҳо, гарангӣ рух медиҳад. Фалаҷи маркази нафаскашӣ, инчунин инкишофи иғмо (кома) шахси мастро ба марг мерасонад. Ҳолати хуморӣ баъди М. – и вазнин бештар аён мешавад. Одами маст баъди ҳушёр шуданаш воқеаҳои бо ӯ рӯйдодаро ба хотир оварда наметавонад. Муддати чанд шаборӯз мумкин аст хоб вайрон шавад. Дар чунин ҳолат оқибати истеъмоли доруҳои хобовар ногувор хоҳад шуд. Дар баъзе мавридҳо ба ном М. – и патологӣ инкишоф меёбад, ки он бо ихтилоли вазнини шуур, васвос ва фиреби эҳсосот мегузарад. М. – и патологӣ барои атрофиён ва худи шахс хатарнок аст.
Ёрӣ ҳангоми заҳролудӣ аз алкуҳул. Пеш аз ҳама зӯран қай кардан зарур аст, то ки боқимондаи алкуҳул аз меъда дур, ҷаббиши минбаъади он ба хун қатъ ва заҳролудӣ пешгирӣ карда шавад. Дар ин маврид таъсири об чун воситаи қайовар кам, баъзан ҳатто хатарнок аст (об ба хирной даромада нафастангӣ ё газаки узвҳои нафаскаширо ба вуҷуд оварданаш мумкин аст); ғайр аз ин ба одами маст ҳамеша миқдори даркории обро нӯшонидан имкон надорад (он миқдор обе, ки ба ӯ менӯшонанд суръати ҷаббиши алкуҳули меъдаро тезонида, мастиро зиёд мекунаду бас). Ангезиши бехи забон усули бехатари қайоварӣ аст; дар ин ҳол ба шахси маст ёрӣ расондан даркор, то ки маводи қай ба роҳи нафас дохил нашавад ( ӯро хам карда, сарро рост нигоҳ доштан лозим). Агар шахси маст дароз кашида бошад, ҳангоми қай сарашро поён карда, ба паҳлу мегардонанд. Барои бартараф намудани таҳайюҷ ва зиёд кардани тонуси мушакҳои дил кордиамин, корвалол, валокордин додан мумкин аст. Валерианка (чакра, қурс) таъсири хуб мерасонад. Истеъмоли доруҳое манъ аст, ки рагҳои иклилии дилро васеъ мекунанд (нитроглитсерин, валидол); ин доруҳоро фақат ҳангоми дард кардани дил (агар шахси маст пеш онҳоро ба тавсияи духтур истеъмол карда бошад) додан мумкин аст. Агар бадани шахси маст гарм ва сурх шуда бошад, ӯро ором карда, хоб меравонанд. Дар сурати паридани ранг ва хунук хӯрдан, ӯро дарҳол бо кӯрпаи гарм пӯшонда, ба пояш гармкунак мегузоранд, спирти навшодир (ба миқдори кам, то ки луобпардаҳои роҳи нафас насӯзад) бӯй кунонда, адонизид ё кордиамин медиҳанд, духтурро даъват менамоянд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО, тавобил, моддаҳое,ки барои беҳтар кардани мазаи хӯрок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …