МАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологи барои аз гузаи чашм ва бофтахои он берун овардани чисмхои бегона (заррахои охан, пулод ва г.) кор мефармоянд. М. ч. электри ва доими мешавад. Дар М.ч. майдони магнитиро ба тавассути чараёни барк хосил мекунанд. М.ч. – и доимиро аз хулахои махсус месозанд; онхо зуд магнитнок шуда, ин хосияти худро дуру дароз нигох медоранд. Барои берун овардани чисмхои бегонаи мултахима, карния ва кисми пеши гузаи чашм аз М.ч.-и доими истифода мебаранд. Электромагнитхои пуриктидори чашм барои берун овардани чисмхои бегонае, ки чукур чой гирифтаанд (ба воситаи бурриши пардаи берунии гузаи чашм), ба кор мераванд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …