Главная / Илм / Лоласурхак

Лоласурхак

lolasurxak-660x330Лоласурхак  — инро ба таври одди лола хам меноманд. Ин гиёхест баргаш ва гулаш монанди кукнор, вале кузаи сараш назар ба кузаи кукнор хеле майда мебошад, тухмаш хам нисбатан резатар. Гулаш одатан панч барг дорад, садбаргаш хам мавчуд мебошад.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: 7 грамм гули хушкашро куфта, бо майи пухтаги биёшоманд, дарди узвхои даруни шикамро, ки дафъатан ба амал омада бошад, таскин медихад ва бисёр пуртаъсир аст.

Гули хушки онро куфта, ба воситаи найча дар бини пуф кунанд, хуни биниро хамон дам катъ мекунад. Ва агар инро бипошанд, хунравиро, ки аз хар як узв бошад, манъ месозад.

Барг ва пояи онро бо кохи чав дар об чушонида, он обро бинушанд, шири занхо, пешоб ва хайзро равон мекунад. Оби гиёхи тари онро дар офтоб гафс гардонанд, инро усораи лоласурхак меноманд. Усораи инро бимоланд, захмхоро аз рим пок мегардонад, иллати пустпартоиро дафъ мекунад, варами чашмро тахлил медихад.

Усораи онро дар бини бирезанд, майнаро аз рутубатхои зарарнок пок мегардонад. Оби гиёхи тари онро дар чашм чаконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин оби барги гули онро батакрор бичаконанд, низ хамон таъсирро дорад. Гули хушки онро махин куфта, чун сурма ба чашм кашанд хам, гули чашмро нест мекунад.

Гули онро бо пусти сабзи чормагз якчо куфта, гузошта банданд, муйро сиёх мегардонад ва шукуфаи пустро дафъ мекунад. Хар руз 3,5 грамм тухми онро бо оби хунук биёшоманд ва бо он мудовамат намоянд, иллати песро дафъ мекунад. 3,5 грамм куббаи (кузаи) онро бихуранд, девона мекунад. Аз инаш эхтиёт бояд шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …