Главная / Гуногун / Лашкар ва аслихаи Аморати Бухоро

Лашкар ва аслихаи Аморати Бухоро

Кушуни аморати Бухоро асосан аз лашкари савора иборат буд. Онхоро навкар меномиданд. Навкарон барои хизмати худ аз намудхои гуногуни андози давлати озод буданд. Барои хизмати сарбози хар кадоми онхо харсола галладона (гандум, чувори), сарулибос ва микдори ночизи маош мегирифтанд. Дар вакти эълони чанг навкар вазифадор буд, ки бо ярок ва аспи худ ба назди хокими вилоят хозир шавад. Агар аспи навкар хангоми амалиёти чанги халок шавад, ба у аз хисоби давлат аспи дигар медоданд. Хамчунин хуроки лашкарро аз акиби кушун бо уштурхо бор карда мебурданд.

Кушуни амир аз тарафи дахбоши ва юзбошихо идора карда мешуд. Сарварони лашкар аз давлат ба сифати танхох замин мегирифтанд.

1b3f89b7bedd39e0b126e679f42c94fc

Яроки навкарон асосан найза ва шамшер буд. Як кисми ночизи онхо камонхои пилтаги доштанд. Дар ибтидои асри XIX як кисми сарбозон хатто бо камонгулак мусаллах буда, сипари охани ё чарми дар даст доштанд.

Дар вакти амалиёти харби барои мухосира намудани истехкомхо, сохтмони купрукхо ва дигар корхо ба хайати лашкар аз хисоби дехконон ва косибхо, карачирикхо даъват мешуданд. Онхо бо аспони худ ба чанг мерафтанд. Азбаски ярок намерасид, карачирикхо каланду бел мегирифтанд.

Лашкари амир бо тупхои миси низ мусаллах буд. Тупхоро ба ароба бор карда мебурданд. Аз хар туп дар як руз 5 ё 6 тир кушодан имкон дошт.

Дар ибтидои асри XIX аморати Бухоро дорои 3600 навкар буд. Як кисми онхо мукими шахри Бухоро, кисми дигараш дар вилоятхо истикомат мекарданд. Онхо дар вакти чанг бо фармони амир фавран мебоист чамъ оянд.

Соли 1837 амир Насрулло лашкари пиёдагарди доими ва баталёни тупчиёнро ташкил кард. Онхоро сарбоз меномиданд. Сарбозхо дар давраи чанг сарулибоси махсус, камзули сурх, шалвори сафед ва телпак мепушиданд. Микдори сарбозон 2000 буд. Мухлати хизмати сарбози маълум набуд. Дар миёнахои асри XIX микдори тупхои лашкари Бухоро ба 80 расид.

Бо ин кувва ва кувваи сарбозон ба амир Насрулло муяссар мешавад, ки давлати нисбатан мутамарказ ташкил намуда, аз болои мулкхои дигар галаба ба даст орад.

Куввахои харбии хонии Хуканд дар нимаи аввали асри XIX аз Аморати Бухоро кам фарк мекард. Лашкари савораи хон доими набуд. Онхо дар вакти чанг чамъ меомаданд. Саворахо низоми муайян ва яроки якхела надоштанд. Аз хазина хар кадом сарбоз орду биринч ва дар як сол ду чома мегирифт. Ба ивази маош ба сарбозон ва сардорони онхо баъзан инъомхо медоданд. Сарбозони савора аз хон асп ва баъзан замини кишт мегирифтанд. Силохи лашкари Хуканд аз силохи кушуни Бухоро бехтар набуд. Танхо як кисми ночизи сарбозон бо камони пилтаги мусаллах буданд. Чамъи лашкари хон дорои 100 туп буд.

Кисми ташкилии кувваи харбии хони Хуканд дар нимаи аввали асри XIX аз куввахои низомии Аморати Бухоро кам фарк мекард. Вале назар ба лашкари Бухоро сусгтар буд. Бинобар ин ба амирони Бухоро муяссар гаштааст, ки дар чангхои бо хони Хуканд суратгирифта борхо дастболо гашта, чандин маротиба маркази хонигари – шахри Хукандро ишгол намоянд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …