Главная / Чамъият / Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон

Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

Дар бораи Кушунхои сархадии

Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон  

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1255

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 11, соли 2004, моддаи 620) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

аз 11-уми феврали соли 2005, № 596

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 2, соли 2005, моддаи 72) чонибдори гардидааст.  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2005, № 3, мод. 121; с. 2008, № 3, мод.186; с. 2014Ю №11, мод. 657; Конуни ЧТ аз 15.03.2016 с., №1287)

Конуни мазкур асосхои хукуки, принсипхои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтор, салохияти Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, намудхои санчиш ва назорати фаъолияти онхоро муайян менамояд.

Моддаи 1. Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон

Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон (минбаъд – Кушунхои сархади) намуди махсуси кушунхоянд, ки барои химоя ва мухофизати Сархади давлатии Чумхурии Точикистон (минбаъд – Сархади давлати), тамомияти арзи, сохибихтиёри ва амнияти Чумхурии Точикистон таъин шудаанд. (КЧТ аз 20.03.08с., №365)

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Кушунхои сархади

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Кушунхои сархади ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипхои фаъолияти Кушунхои сархади

Фаъолияти Кушунхои сархади дар асоси принсипхои зерин сурат мегирад:

–          конуният;

–          эхтиром ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

–          таъмини амнияти давлат;

–          эхтироми мутакобилаи сохибихтиёри, тамомияти арзии дигар давлатхо ва мустахкамии сархадхои давлати;

–          хамкории мутакобилаи хамачониба ва судманд бо макомоти сархадии давлатхои хамхудуд;

–          халли осоиштаи масъалахои сархад;

–          ягонагии системаи Кушунхои сархади ва мутамарказонии идоракунии онхо;

–          яккасардори;

–          мувофикати шакл, усул ва воситахои ошкоро ва гайриошкорои фаъолият;

–          хамкори бо макомоти хокимияти давлати, макомоти худидораи махалли, иттиходияхои чамъяити ва шахрвандони Чумхурии Точикистон.

Моддаи 4. Вазифахои Кушунхои сархади

Вазифахои Кушунхои сархади инхоянд:

–          хифз ва химояи Сархади давлати, тамомияти арзи ва манфиатхои иктисодии Чумхурии Точикистон дар Сархади давлати;

–          таъмини риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Сархади давлати ва ичрои ухдадорихое, ки аз санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон доир ба масъалахои низоми Сархади давлати бармеоянд;

–          иштирок дар халли масъалахои мудофиа ва таъмини амнияти Чумхурии Точикистон дар Сархади давлати;

–          ёрирасони ба макомоти хифзи хукук, хифзи табиати Чумхурии Точикистон дар химояи хукук ва манфиатхои шахрвандон, боигарии табии ва мухити зист дар хатти сархади.

 

Моддаи 5. Рохбари ва идоракунии Кушунхои сархади

Рохбарии умуми ва назорати фаъолияти Кушунхои сархадиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Рохбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Кушунхои сархадиро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон – Фармондехи Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон амали менамояд, ки бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовини якуми Фармондехи Кушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти милли хамзамон сардори Сарситоди Кушунхои сархади мебошад.

Муовини якум ва муовинони Фармондехи Кушунхои сархади бо Фармони Президента Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (КЧТ аз 15.03.16 с., №1287)

 

Моддаи 6. Ваколатхои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон оид ба

                      рохбарии Кушунхои сархади

 

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон:

– тибки тартиби мукарраргардида рохбарии умуми ва назорати фаъолияти Кушунхои сархадиро амали намуда, дар он Шурои харбиро ташкил ва хайати онро тасдик менамояд, ваколатхои шахсони мансабдори Кушунхои сархадиро дар халли масъалахои оперативи, ташкили- штати, кадри, молияви ва дигар масъалахо мукаррар менамояд (КЧТ аз 15.03.16 с., №1287);

– ситодхои (гуруххои) оперативиро оид ба хамохангсози ва рохбарии амалиётхои муштарак хангоми гузаронидани чорабинихо дар Сархади давлати, бо чалби кувва ва воситахои дигар макомоти ичроияи хокимияти давлати ташкил менамояд;

– Кушунхои сархадиро дар муносибат бо макомоти конунгузори, ичроия ва судии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, хамчунин идорахои сархадии давлатхои хоричи намояндаги менамояд;

– оид ба сохтор ва шумораи Кушунхои сархади, андозаи маблаггузории бучети барои Кушунхои сархади ба Президенти Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход менамояд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон лоихахои фармонхо ва карорхоро оид ба таъсис, азнавташкилдихи, бархамдихи, чойгиркунони, азнавчойгиркунонии кисмхои харби ва вохидхои Кушунхои сархади, консепсия, накшаи такмил ва рушди Кушунхои сархадиро пешниход менамояд;

– сохтор ва штати кисмхои харби ва вохидхои Кушунхои сархадиро тасдик намуда, ба онхо дар доираи шумораи мукарраргардида, фондхои таъминоти пули, музди мехнат, инчунин штати воситахои наклиёт, техникаи чанги ва махсус тагйироти зарури ворид менамояд;

– оинномаи Кушунхои сархадиро барои тасдик ба Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи  Точикистон пешниход менамояд;

– ба хизматчиёни харбии Кушунхои сархади бо тартиби мукарраргардида рутбаи аввалини афсари, рутбаи харбии пеш аз мухлати афсар, рутбаи як зина баландтар аз рутбаи харбии дар штат барои мансаби харбии ишголкарда пешбинишударо медихад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1287);

– бо тартиби мукарраргардида афсарон ва хизматчиёни Кушунхои сархадиро ба вазифахои харбие, ки аз чониби афсарони калон ишгол карда мешаванд, таъин ва озод менамояд, рутбаи афсарии калонро то полковник  медихад;

– ба баррасии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба дохил намудани вазифахои харбии Кушунхои сархади ба номгуи вазифахое, ки аз чониби афсарони олирутба ишгол карда мешаванд, таклифхо пешниход менамояд;

– ба баррасии Президенти Чумхурии Точикистон дар хусуси ба хизматчиёни харби додани рутбахои олии афсари, инчунин озод намудани онхо аз хизмати харби таклифхо пешниход менамояд;

– намояндагони расмии Кушунхои сархадиро дар давлатхои хамхудуд  дар мувофика бо Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин менамояд;

– ба баррасии Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи бо мукофотхои давлати ва унвонхои фахри сарфароз кардани хизматчиёни харби ва кормандони гайрихарбии Кушунхои сархади, инчунин дигар шахсоне, ки барои ичрои вазифахои Кушунхои сархади ёри мерасонанд, таклифхо  пешниход менамояд;

– нисбати хизматчиёни харбии Кушунхои сархади аз хукукхое, ки дар Оинномаи интизомии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, истифода мебарад;

– тартиби аз чониби Кушунхои сархади додани ахбороти оперативи, махсулоти махсуси техники ва дигар воситахоро ба идорахои сархадии давлатхои хоричи мукаррар менамояд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи аз худуди Чумхурии Точикистон баромадани хизматчиёни харбии Кушунхои сархади ба Президенти Чумхурии Точикистон дархост пешниход менамояд;

– маблагхоеро, ки барои нигохдории Кушунхои сархади чудо гардидаанд, таксим  менамояд;

– меъёр ва тартиби харочоти воситахои молиявиро барои гузаронидани чорабинихои оперативи вобаста ба анчом додани  фаъолияти разведкави ва оперативи-чустучуи, инчунин вобаста ба хифзи Сархади давлати, ки Кушунхои сархади амали мегардонанд, мукаррар менамояд;

– дар мувофика бо Президенти Чумхурии Точикистон дар хусуси кабули намояндагони идорахои сархадии давлатхои хоричи, инчунин фиристонидани намояндагони Кушунхои сархади ба давлатхои хоричи карор кабул намуда, бо ин максад дар доираи маблаггузори аз хисоби бучети давлати харочоти молиявиро муайян менамояд;

– дигар ваколатхоро мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали менамояд. (КЧТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 61. Ваколатхои Фармондехи Кушунхои сархади

 

Фармондехи Кушунхои сархади:

– рохбарии  бевосита  ва идоракунии оперативии фаъолияти Кушунхои сархадиро таъмин намуда, барои омодагии хизмати-чанги ва тарбияи хизматчиёни харбии Кушунхои сархади шахсан масъул мебошад;

– доир ба ташкили ситодхои (гуруххои) оперативи оид ба хамохангсози ва рохбарии амалиёти муштарак хангоми гузаронидани чорабинихо дар Сархади давлати, бо чалби кувва ва воситахои дигар макомоти ичроияи хокимияти давлати ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон (минбаъд – раиси Кумита) таклифхо пешниход менамояд;

– доир ба сохтор, шумораи Кушунхои сархади, штатхои кисмхои харби ва вохидхои Кушунхои сархади дар хачми маблаггузории бучети барои Кушунхои сархади ба раиси Кумита  таклифхо пешниход менамояд;

– оид ба таъсис, азнавташкилдихи, бархамдихи, чойгиркунони ва азнавчойгиркунонии кисмхои харби ва вохидхои Кушунхои сархади, консепсия, накшаи такмил ва рушди Кушунхои сархади ба раиси Кумита таклифхо  пешниход менамояд;

– гузаронидани фаъолияти разведкави, оперативи-чустучуи ва тахкикиро дар системаи Кушунхои сархади мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон назорат менамояд;

– афсарон ва прапоршикхоро бо тартиби мукарраргардида  ба вазифахои харби таъин ва аз вазифахои харби озод менамояд, рутба харбии прапоршик, прапоршики калон ва рутбахои харбии афсариро то рутбаи харбии капитан медихад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1287);

– дар бораи бо мукофотхои давлати ва унвонхои фахри сарфароз кардани хизматчиёни харби ва кормандони гайрихарбии Кушунхои сархади, инчунин дигар шахсоне, ки барои ичрои вазифахои Кушунхои сархади ёри мерасонанд, ба раиси Кумита таклифхо  пешниход менамояд;

– дар доираи салохияти худ дигар ваколатхоро амали менамояд.

(КЧТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 7. Сохтори Кушунхои сархади

 

Кушунхои сархади аз Дастгохи маркази, раёсатхои Кушунхои сархади дар вилоятхо, отрядхои сархади, кисмхои харби, комендатурахо, дидбонгоххо (заставахо), нуктаи гузаргоххои сархади, Донишкадаи сархади, муассисахои тибби-харби, таълими, вохидхои махсус ва вохидхои таъминоти акибгохи иборат мебошанд(КЧТ аз 15.03.16 с., №1287).

Шумораи штати ва сохтори Кушунхои сархади аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон  тасдик карда мешавад. (КЧТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 8. Химояи маълумот дар бораи Кушунхои сархади

 

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба Кушунхои сархади ба хизмати харби бо тарзи ихтиёри шомил шудаанд ва ба онхо барои шиносои бо маълумоти дорои сирри давлати рухсат дода мешавад, аз расмиёти ичозат ба маълумоти дорои сирри давлати мегузаранд. Вайрон намудани ухдадории ошкор накардани сирри давлати боиси чавобгарии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

 

Моддаи 9. Кувва ва воситахои Кушунхои сархади

 

Ба мафхуми кувва ва воситахои Кушунхои сархади Кушунхои сархади ва макомоти Кушунхои сархади дохил мешаванд.

Кушунхои сархади фаъолияти хизмати-чангиро дар химоя ва хифзи Сархади давлати амали менамоянд. Ба фаъолияти хизмати-чангии Кушунхои сархади амалхои пайваста, фаъол, аз руи вакту макон ба хам мувофикашуда, ки барои таъмини фаъолияти харби, оперативи (разведкави, оперативи-чустучуи), харбии техники, намояндагии сархади, иттилоотию тахлили, маъмури ва дигар намудхои фаъолият, ки дар Сархади давлати, дар доираи каламрави наздисархади, нохияхои наздисархади, минтакахои масъул ва гузаргоххои Сархади давлати гузаронида мешаванд, тааллук доранд.

Макомоти Кушунхои сархади аз макомоти разведка ва макомоти назорати сархади иборат мебошанд.

Макомоти разведка фаъолияти разведкави ва оперативи-чустучуиро бо максади ба даст овардани маълумот дар бораи душмани эхтимоли, дигар маълумоти чолиби диккат, барои ошкор сохтан, пешбини намудан ва бархам додани фаъолияти разведкави-тахриби ва дигар амалхои гайриконуни дар Сархади давлати ва худуди наздисархадиро бо воситахо ва усулхои махсус (оперативи) амали менамояд.

Макомоти назорати сархади чунин фаъолиятро амали менамоянд:

– назорати давлатии риояи низоми Сархади  давлати,    низоми сархади, низоми гузаргоххо ба воситаи Сархади давлати;

– ошкоркуни, огохкуни ва пешгирии чиноятхо, хукуквайронкунихои маъмури, ки ба низоми мукарраргардидаи Сархади давлати, низоми сархади ва низоми гузаргоххои Сархади давлати тахдид мекунанд;

– якчоя бо дигар макомоти махсуси ваколатдори назорати давлати ба воситаи Сархади давлати гузаронидани шахсон, воситахои наклиёт, бор, мол ва хайвонот;

– дигар вазифахои Кушунхои сархади, ки дар конунгузори  мукаррар  гардидаанд.

(КЧТ аз 20.03.08 №365)

 

Моддаи 10. Хамкории Кушунхои сархади бо дигар макомот

 

Кушунхои сархади фаъолияти худро дар якчояги бо макомоти ичроияи хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон, сарфи назар аз шакли моликият, дар мувофика бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

Бо максади таъмини амнияти миллии Чумхурии Точикистон Кушунхои сархади дар мувофика бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон саривакт ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон оид ба ходисахои вайронкунии Сархади давлати, ки аз руи онхо тахкик мегузаронад, инчунин оид ба ворид гардидан ба Чумхурии Точикистон ва аз худуди он баромадани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд  иттилоъ медихад.

Кушунхои сархади дар мувофика бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон бо макомоти хокимияти давлати, идорахои сархадии давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали оид ба масъалахои сархади дар асоси санадхои хукукии байналмилалие, ки аз чониби Точикистон эътироф гардидаанд, хамкори менамояд.

(КЧТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 11. Фаъолияти намояндахои расмии Кушунхои сархади

 

Намояндагони расмии Кушунхои сархади дар давлатхои хамхудуд фаъолияти худро дар асоси созишномахои дутарафа ичро менамоянд.

 

Моддаи 12. Риояи хукук ва озодихои инсон ва шахрванд дар фаъолияти Кушунхои сархади

 

Чумхурии Точикистон хангоми аз чониби Кушунхои сархади ичро намудани фаъолияти худ риоя намудани хукук ва озодихои инсонро кафолат медихад.

Хама гуна махдудкунии хукуку озодихои инсон ва шахрванд аз чониби Кушунхои сархади ва шахсони мансабдори онхо факат тибки асос, доира ва тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки аз чониби Точикистон эътироф гардидаанд, мумкин аст. Хамзамон ба хизматчиёни харби ва хайати гайрихарбии Кушунхои сархади амалхои паст задани шаъну шарафи шахрвандон манъ аст.

Шахсони мансабдори Кушунхои сархади вазифадоранд, ки ба шахрвандон аз руи дархости онхо оид ба сабаби аз тарафи Кушунхои сархади махдуд карда шудани хукук ва озодихои онхо ахборот ва тавзехот диханд.

Маълумоти дар рафти фаъолияти Кушунхои сархади дар бораи хаёти шахсии шахрванд ба даст омада, ки ба шаъну шарафи у алокаманди доранд ё ба манфиатхои конунии у зарар расонида метавонанд, бо розигии шахрванд ба хеч кас, ба истиснои холатхои дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишуда, хабар дода намешаванд.

Шахрванде, ки амал ва ё беамалии шахсони мансабдори Кушунхои сархадиро боиси поймол шудани хукуку озоди ва манфиатхои конунии худ мехисобад, хукук дорад, ки ба макомоти болоии Кушунхои сархади, прокуратура ё суд шикоят намояд.

 

Моддаи 13. Хукук ва вазифахои Кушунхои сархади

 

Кушунхои сархади ухдадоранд:

– тавассути тамоми имкониятхои мавчуда ба таври гайриконуни тагйир додан ва убури Сархади давлатиро дар махал рох надиханд;

– хучуми мусаллахонаро ба каламрави Чумхурии Точикистон зада гардонида, мочарохои мусаллахона ва дигар мочарохоро дар Сархади давлати пешгири намоянд, аз ин касдхои чинояткорона ахоли, моликияти давлати ва дигар шаклхои моликиятро химоя намоянд;

– вайронкунандагони Сархади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд;

– аз тарафи шахсон ва воситахои наклиёт берун аз гузаргоххо ё бо тарзи гайриконуни гузаштани Сархади давлатиро пешгири намоянд ва ба онхо рох надиханд;

– ичрои ухдадорихоеро, ки аз санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон оид ба масъалахои низоми Сархади давлати бармеоянд, таъмин намоянд;

– риояи коидахои низоми Сархади давлатиро, ки хусусияти ичозати ё огохкуни доранд, низоми сархади ва низоми гузаргоххои Сархади давлатиро назорат намоянд;

– фаъолияти кушуни, разведкави, оперативию кушуни, харби-техники ва низоми – гузариро анчом диханд;

– пешбарии парвандахоро оид ба конуншиканихои маъмурие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба ихтиёри онхо вогузор намудааст, анчом диханд, дар доираи салохияти худ ин парвандахоро барраси намоянд ва карорхои оиди онхоро ичро кунанд;

– аз руи парвандахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба ихтиёри онхо гузоштааст, тахкики пешаки баранд;

– конуншиканихоеро, ки бо таъмини хифзи Сархади давлати вобастаанд пешгири намоянд;

– дар мавриди зарурат чустучу ва амалиёти сархади гузаронанд;

– назорати мухочиратиро дар гузаргоххои Сархади давлати амали намоянд.

Кушунхои сархади хукукхои зеринро доранд:

– дар заминхое, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз руи меъёрхои мукарраршуда ба истифодаи бемухлат (доими) дода мешаванд, иншооти заруриии мухандисию техники бунёд намоянд, сохтмони хатхои алока ва коммуникатсияро анчом диханд, техника ва силохро чойгир ва истифода кунанд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

– хангоми ичрои вазифахои хизмати дар хар китъаи махал карор дошта бошанд ва дар он озодона рафту омад кунанд, аз моликон ва истифодабарандагони китъахои замин дар минтакаи сархад чудо намудани чойро барои рафту омади нарядхои сархади, тачхизонидан ва дар холати дуруст нигох доштани гузаргоххои миёни панчарахо, гузаргоххои миёни дигар монеъахо талаб намоянд;

– бо максади пешгири ва рафъи вайронкунии низоми Сархади давлати, низоми сархади, низоми гузаргоххои Сархади давлати хуччатхои зарурии шахсон, хуччатхои воситахои наклиётро санчанд, воситахои наклиёт ва борхои дар онхо бударо аз назар гузаронанд;

– тавассути нарядхои сархади шахсонеро, ки барои вайронкунии Сархади давлати, низоми сархади, низоми гузаргоххои Сархади давлати гумонбар шудаанд, нигох доранд ва шахсан аз назар гузаронанд, чунин шахсонро ба ихтиёри чузъу томхо, кисмхои Кушунхои сархади ё чойхои дигар барои ошкор намудани холатхои сархадшикани баранд;

– шахсонеро, ки низоми Сархади давлати, низоми сархади ё низоми гузаргоххои Сархади давлатиро вайрон кардаанд, чихати тартиб додани протокол ба мухлати то 3 соат ва дар холатхои зарури барои мукаррар кардани шахсият ва муайян намудани холатхои конуншикани то 3 шабонаруз ба таври маъмури дастгир намоянд ва аз ин холат ба таври хатти ба прокурор дар муддати 24 соат аз лахзаи дастгир кардан хабар расонанд;

– дастгиршудагонро аз назар гузаронанд, хамчунин азназаргузаронии шахси ва дар мавриди зарурат гирифтани чизу чораи хамрохи онхо буда ва хуччатхои онхоро анчом диханд. Дар хусуси хар як холати ба таври маъмури дастгир кардан, азназаргузаронии шахсии дастгиршуда, азназаргузарони ва гирифтани чизу чораи хамрохи у буда протокол тартиб дода мешавад;

– бо ичозати прокурор шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрвандиеро, ки Сархади давлатиро гайриконуни убур кардаанд, ва дар асосхои пешбининамудаи конунгузории чумхурии Точикистон оиди онхо дар бораи ба макомоти сархади давлатхои хамхудуд супоридан ё аз худуди Чумхурии Точикистон ба тарики маъмури берун кардан карор ва халномаи зарури кабул шудааст, то вакти барои ичрои карор ва халномаи зарури боздоранд;

– шахсонеро, ки ба таври маъмури боздошта шудаанд, дар бинохои махсуси барои ин максадхо тачхизонидашудаи Кушунхои сархади нигох доранд;

– харакати шахсон ва воситаи наклиётро дар доираи каламрави наздисархадимуваккатан махдуд ё манъ намоянд, хамчунин шахрвандонро ба нуктахои алохидаи махал рох надиханд;

– дигар хукукхоро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, амали намоянд.

Дар сурати чори намудани низоми вазъияти фавкуллода дар худуди наздисархади ба Кушунхои сархади бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мумкин аст, хукук ва ухдадорихои иловаги танхо дар доираи химояи Сархади давлати вогузор шаванд.

 

Моддаи 14. Хайати шахсии Кушунхои сархади

 

Хайати шахсии Кушунхои сархади аз хизматчиёни харби ва кормандони гайрихарбии Кушунхои сархади иборат мебошад. Таъмини Кушунхои сархади бо хайати шахси мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо тартиби зерин ба рох монда мешавад:

– бо хизматчиёни харби – ба таври ихтиёри дохил гардидан ва даъват намудани шахрвандони Чумхурии Точикистон ба хизмати харби;

– бо кормандони гайрихарби – ба таври ихтиёри ба кор даромадан.

Ба хизматчиёни харбии Кушунхои сархади (гайр аз хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро ба тарики даъват адо мекунанд) шаходатномахои хизматие, ки намунааш аз чониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст, дода мешавад.

Хизмати харби дар Кушунхои сархади мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Фаъолияти мехнатии кормандони гайрихарби дар Кушунхои сархади мутобики конунгузории мехнати Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Тайёр кардан, азнавтайёркуни, такмили ихтисоси кадрхо  ва мутахассисони Кушунхои сархади дар мактабхои таълимии харбии Чумхурии Точикистон, марказхои таълими (мактабхо), инчунин дар асоси шартномахои байналмилали дар мактабхои  таълимии харбии дигар давлатхо ба рох монда мешавад.

 

Моддаи 15. Кормандони гайринизомии Кушунхои сархади

(бо КЧТ аз 20.03.08с., №365 хорич карда шуд)

 

Моддаи 16. Истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус, силох ва техникаи харби дар фаъолияти

                       Кушунхои сархади

(КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Кушунхои сархади химояи Сархади давлатиро дар доираи каламрави наздисархади анчом дода, чихати зада гардонидани хучуми мусаллахона ба каламрави Чумхурии Точикистон, пешгири кардани кушиши рабуда ба хорича бурдани хавопаймохо, киштихои дарёи ва дигар воситахои налиёти, силох ва техникаи харбиро истифода мебаранд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

Силох ва техникаи харбиро хамчунин дар ин мавридхо истифода бурдан мумкин аст: (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

– бар зидди шахсон, хайвопаймохо, киштихои дарёи ва воситахои наклиётие, ки Сархади давлатиро бо вайрон кардани тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон» мегузаранд (гузаштаанд), дар чавоби кувваи истифодабурдаи онхо ё дар холатхое, ки пешгирии сархадшикани ё дастгир намудани сархадшиканон бо усулхои дигар имкон надорад;

– барои хифзи шахрвандон аз хамлае, ки ба хаёт ва саломатии онхо тахдид мекунад;

– барои озод кардани гаравгонон;

– барои зада гардонидани хучум ба хизматчиёни харби, шахсоне, ки оид ба мухофизати Сархади давлати вазифаи хизмати ё карзи чамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онхо дар сурате, ки ба хаёти онхо хатар тахдид мекунад;

– барои зада гардонидани хамла ба чузъу томхо ва объектхои Кушунхои сархади, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо ва сохторхои харби, ки дар химояи Сархади давлати иштирок менамоянд, аз чумла барои расонидани кумак ба киштихои дарёи, хавопаймохо ва чархболхо дар вакти баргардонидани хучум ба онхо.

Пеш аз истифодаи силох ва техникаи харби дар бораи истифодаи онхо бояд огохии аник дода шавад ва тирпарронии огохкунанда сурат гирад.

Силох ва техникаи харби хангоми зада гардонидани хучуми мусаллахона ба каламрави Чумхурии Точикистон, хамлаи ногахони ё мусаллахона ба хизматчиёни харби ва дигар шахрвандон, хучум бо истифодаи техникаи харби, хавопаймохо, киштихои дарёи ва дигар воситахои наклиёт, мукобилияти мусаллахона, бо силох гурехтани шахсони дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огохи ба кор бурда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

Хизматчиёни харби хукук доранд, барои безарар сохтани хайвононе, ки ба хаёт ва саломатии хизматчиёни харби ва дигар шахрвандон тахдид мекунанд, хамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёри силохро истифода баранд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

Ба кор бурдани силох ва техникаи харби манъ аст: (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

– ба мукобили занон ва ноболигон, ба истиснои холатхои хучуми мусаллахона аз тарафи онхо ё мукобилияти мусаллахона ва ё хучуми гурухие, ки ба хаёт тахдид мекунанд;

– ба мукобили хавопаймохо, киштихои дарёи ва дигар воситахои наклиёте, ки мусофир доранд;

– ба мукобили шахсоне, ки Сархади давлатиро гайриконуни убур кардаанд ё касди убури онро доранд, агар амал аник тасодуфи бошад ё бо сабаби фалокат, тахти таъсири омилхои бартарафнашавандаи табии ба амал омада бошад.

Хангоми ичрои вазифахои марбут ба химояи Сархади давлати дар доираи каламрави наздисархади хизматчиёни харбии Кушунхои сархади воситахои махсус (дастбанд ё воситаи дигар барои дастбанди, калтаки резини, моддахои ашковар, воситахои садо ва рушноидихандае, ки таъсири ба тарафи дигар чалб кардани диккатро доранд, асбобхо барои манъи мачбурии наклиёт), кувваи чисмони, аз чумла усулхои чангии мухориба ва сагхои хизматиро ба кор мебаранд.

 

Модддаи 17. Химояи хукуки ва ичтимоии хизматчиёни харбии Кушунхои сархади ва аъзои оилаи онхо

 

Хизматчиёни харбии Кушунхои сархади аз хукукхо, имтиёзхо, кафолатхо ва чуброни давлати, инчунин аз вазъи хукукие, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо мукаррар кардаанд, истифода мебаранд.

Хизматчиёни харбии Кушунхои сархади хангоми ичрои вазифахои хизмати хамчун намояндагони хокимият баромад мекунанд ва тахти химояи давлат мебошанд.

Ичрои талаботи хизматчиёни харбии Кушунхои сархади хангоми адои вазифахои хизмати аз тарафи шахрвандон ва шахсони мансабдор хатми мебошад. Дар сурати гайриконуни будани чунин талабот нисбати амалхои хизматчиёни харбии Кушунхои сархади бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят карда мешавад.

Амалхои гайриконуни нисбати хизматчиёни харбии Кушунхои сархади ва шахрвандоне, ки ба онхо дар мухофизати Сархади давлати ёри мерасонанд, ки дар итоат накардан, тахкир кардан, мукобилият нишон додан, тахдид намудан, расонидани зарари чисмони ва ё суикасд намудан ба хаёт, саломати ва молу мулки онхо зухур ёфтаанд, инчунин дигар амалхое, ки ба хизматчиёни харбии Кушунхои сархади барои ичрои вазифахояшон халал мерасонанд, чавобгарии дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраршударо пешбини мекунад.

Кормандони гайринизомии Кушунхои сархади дар холати чалб намудани онхо ба чорабинихои ба мухофизат ва химояи Сархади давлати дахлдошта, ки ба ухдадорихои хизматии онхо алокамандии бевосита надоранд, аз хукукхои ба хизматчиёни харби додашуда истифода мебаранд.

Таъминоти пулии хизматчиёни харбии Кушунхои сархади аз маоши мохонаи вазифави ва маоши мохона барои рутбаи харби, ки маоши мохонаи таъминоти пулии хизматчиёни харбии Кушунхои сархадиро ташкил медихад, иловапули барои собикаи хизмат ва дигар иловапулихо иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни харбии Кушунхои сархади аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 18. Масъулияти хизматчиёни харбии Кушунхои сархади

 

Хизматчиёни харбии Кушунхои сархади дар хадди салохияти худ, ки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян кардаанд, мустакилона карор кабул менамоянд. Барои амалхои гайриконунии худ онхо мувофики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Дар холати аз тарафи хизматчии харбии Кушунхои сархади ичро намудани фармони (фармоиши) гайриконуни шахси мансабдоре, ки ин фармонро (фармоишро) баровардааст, чавобгар аст.

 

Моддаи 19. Силоху аслиха ва воситахои тачхизотии Кушунхои сархади

(КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Кушунхои сархади бо силоху аслиха, техникаи харби ва махсус, молу мулки харби-техники, ки барои ичро намудани вазифахои ба зиммаи онхо гузошташуда заруранд, таъмин карда мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

Таъмири силоху аслиха ва техникаи Кушунхои сархади дар корхонахои таъмирии Кушунхои сархади ва дар корхонахои дар ихтиёри макомоти хокимияти давлати оид ба мудофиа ва дигар макомоти хокимияти ичроия буда бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин дар корхонахои давлатхои хорича бо тартиби дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст муайянгардида гузаронида мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

Назорати сифати силоху аслиха, техникаи харби ва махсус, молу мулки харби-техники ва дигар молу мулк, корхо ва хизматрасонихоро, ки аз тарафи корхонахо ичро мешаванд, намояндагони харбии Кушунхои сархади, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардонанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Моддаи 20. Таъминоти молияви ва модди-техникии Кушунхои сархади

 

Таъминоти молияви ва моддию техникии Кушунхои сархади аз хисоби маблагхои бучети давлатии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

Меъёр ва тартиби таъминоти моддию техникии Кушунхои сархади бо пешниходи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 21. Назорати прокурори

 

Назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхоро дар фаъолияти Кушунхои сархади Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он дар доираи ваколати худ татбик менамоянд(КЧТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                              Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 82

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …