Главная / Гуногун / Конуни ЧТ Дар бораи ислохоти замин

Конуни ЧТ Дар бораи ислохоти замин

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи ислохоти замин

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1992, №10, мод 139; соли 1994, №15-16, мод 252; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1995, №22, мод 276; соли 1997, №9, мод. 117; соли 2006, №3, мод. 165)

Фасли  1. КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Вазифахо ва максади ислохоти замин

Вазифахои ислохоти замин дар Чумхурии Точикистон аз мухайё намудани шароит барои тараккиёти баробархукуки шаклхои гуногуни хочагидори дар замин, ташаккули иктисодиёти бисёрсоха, истифодаи окилона ва хифзи замин иборат буда, максадаш зиёд намудани махсулоти кишоварзи мебошад.

Моддаи 1 . Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ислохоти замин

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ислохоти замин ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилали, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат аст. 

Моддаи 2. Мундаричаи ислохоти замин

  1. Ислохоти замин мачмуи чорабинихои хукуки, иктисоди ва ташкилию техники мебошад, ки ба муносибатхои сифатан нави заминистафодабари гузаштанро таъмин менамояд.
  2. Дар чараёни гузаронидани ислохоти замин хукуки хар як шахрванд ва коллективи мехнати дар интихоби ихтиёрии шакли заминдори, заминистифодабари ва фаъолияти хочагидори дар замин таъмин мегардад.

Талаб кардани заминхои бобои ва вакф ба эътибор гирифта намешавад.

Моддаи 3. Самтхои асосии ислохоти замин

Самтхои асосии ислохоти замин аз инхо иборатанд:

Ба  руйхатгирии  тамоми заминхо аз руи гуруххо, тарзхои заминдори, заминистифодабари ва намудхои замин;

муайян кардани заминхои истифоданашаванда ва гайриокилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси заминимакоми хокимияти ичроияи мaхалли (хукумати нохия)бо максади азнавтаксимкунии он  бахри самаранок истифода бурдани замин;

додани замин ба истифодаи якумраи мероси ба шахрвандони Чумхурии Точикистон барои ташкили хочагихои дехкони (фермери) ва касбхои анъанавии мардуми, инчунин китъаи замини назди хавлиги;

аз нав таксимкунии замин дар холатхои тачдиди сохтори ташкилоту корхонахои кишоварзи;

мукаррар ва аник кардани cархади вохидхои маъмурию худуди мaхалхои, ахолинишин ва сохтори замину хочагидории онхо;

ба расмият даровардан ва аз нав ба кайд гирифтан хуччатхое, ки хукуки истифодабарии китъаи заминро муайян менамоянд.

Моддаи 4. Мархилахои гузаронидани ислохоти замин

Ислохоти замин мархила ба мархила гузаронида  мешавад.

Дар мархалаи аввал ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати хукуки ихтиёрдории замин, аник намудани cархадхои маъмури, муайян намудани талаботи шахсони вокеи ва хукуки ба замин, ташкил кардани фонди махсуси замин барои аз нав таксим намудани он дода мешавад.

Дар мархалаи дуюм макомоти ичроияи мaхаллии хокимияти давлати ва макомоти давлатии заминсозии Чумхурии Точикистон корхои ба шахсони вокеи ва хукуки барои истифодабари додани заминро амали менамоянд.

Моддаи 5. Макомоте, ки ислохоти заминро амали мегардонанд

  1. Гузаронидани ислохоти замин ба ухдаи макомоти ичроияи  мaхаллии хокимияти давлати ва макоми давлатии заминсозии Чумхурии Точикистон гузошта мешавад;
  2. Хадамоти давлатии танзими замини  макоми давлатии заминсозии Чумхурии Точикистон ва макомоти он дар мaхалхо оиди таъмини ислохоти замин вазифахои зайлро анчом медиханд:

бакайдгирии давлатии заминистифодабари ва ба рас­мият даровардани хукуки истифодаи замин;

бахисобгирии давлатии замин, кадастри замин ва мониторинги за­мин;

амали гардондани корхои танзими замин, мураттаб сохтани накшахои кулли истифодаи замин, накшаю лоихахои танзими замин, баходихии замин ва ба харита даровардани гурухи заминхо;

назорати давлати ба истифодаи замин;

Шурохои депутатхои халк дар доираи салохияти худ оиди масъалахои ислохоту танзими замин дар асоси маводи пешниходкардаи аз тарафи Хадамоти давлатии танзими замини Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон карор кабул менамоянд;

 

Моддаи 6. Таъмини  молиявии    ислохоти замин

Ислохоти замин аз хисоби бучетхои чумхурияви ва махалли, заминистифодабарандагон ва дигар манбаъхо гузаронида мешавад.

 

Фасли П. БАХИСОБГИРИИ ЗАМИН

 

Моддаи 7. Вазифахо ва гузаронидани бахисобгирии замин

Бахисобгирии замин бо максади аник кардани маълумотхо оиди мавчудият ва таксимоти фонди замини Чумхурии Точикистон гузаро­нида мешавад.

Бахисобгирии замин аз руи гурух, заминдори, заминистифодабари ва намудхои он гузаронида мешавад.

 

Фасли III. ФОНДИ МАХСУСИ ЗАМИНИ МАКОМИ ХОКИМИЯТИ ИЧРОИЯИ МAХАЛЛИ (ХУКУМАТИ НОХИЯ)

 

Моддаи 8. Ташкили фонди махсуси замин

  1. Фонди махсуси замин аз хисоби заминхои зайл ташкил карда мешавад:

заминхое, ки хукуки истифодаи онхо мутобики моддаи 37 Кодекси замини Чумхурии Точикистон катъ мегардад;

заминхои кишоварзии аз истифода баромада ё ба катори замин­хои киматашон пасттар гузаронидашуда;

заминхои эхтиёти;

заминхoи бе дарахту буттазори фонди чангал, ки барои истифода дар истехсолоти кишоварзи мувофиканд;

заминхое, ки гайриокилона  истифода бурда мешаванд;

заминхои дигари ташкилоту корхонахои кишоварзи, ки пештар дар ислохоти кишоварзи истифода нашудаанд;

  1. Заминхои фонди махсуси макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар соли чори пурра таксим нашудаанд, ба фонди захираи давлати дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Таъминоти фонди махсуси замин

Фонди махсуси заминро макомоти ичроияи мaхаллии хокимияти давлати ба шахсони вокеи ва хукуки ба максади истифодаи кишоварзи ва дигар максадхо медиханд;

 

Моддаи 10. Муайян намудани заминхои истифоданашаванда ва гайриокилона истифодашаванда

  1. Заминхои истифоданашаванда ва гайриокилона истифодашавандаро макоми  давлатии  заминсозии Чумхурии Точикистон бо рохи бахисобгири, инчунин мувофики тартиби назорат ба риояи конунхои замин, тартибдихии накшаю лоихахои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинга он муайян менамоянд.
  2. Хуччатхо оиди муайян намудани заминхои истифоданашаванда ва гайриокилона истифодашаванда барои халли масъалаи мусодира ва ба фонди махсуси замин дохил намудани онхо ба макоми хокимияти ичроияи мaхалли (хукумати нохия) пешниход карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Гирифтан ва ба фонди махсус дохил намудани замин

Китъахои заминро макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати аз   заминистифодабарандагон ба фонди махсус дар асоси хуччатхои пешниходкардаи макомоти давлатии заминсозии Чумхурии Точикистон мегирад.

Барои мусодира намудани китъахои замин ва ба фонди махсус дохил намудани онхо розигии заминистифодабарандагон талаб карда намешавад.

Хангоми ба карори мусодираи замин рози набудан истифодабарандаи замин метавонад ба суд ё суди иктисоди  шикоят кунад;

То вакти ба заминистифодабарандагони нав супурдани заминхо онхоро заминистифодабарандагони собик истифода мебаранд.

Моддаи  12. Шартхои таксимкунии фонди махсуси замин

  1. Китъахои замин аз фонди махсус мувофики тартиби танзими замин, чун коида, яклухт чудо карда мешаванд.
  2. Китъахои замин аз фонди махсус дар навбати аввал ба шахсони вокеи ва хукуки барои истифодаи кишоварзи дода мешаванд.
  3. Шахрвандони дар мaхалхои дахлдор истикоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзи мебошанд ва дар сохаи ки­шоварзи тачрибаи кори амали доранд, барои гирифтани китъаи замин, хукуки афзалиятнок доранд.

Ба хочагихои кишоварзии ёрирасони корхонаю иттиходияхо ва муассисаю ташкилотхои саноати ва дигар корхонаю идтиходияхо ва муассисаю ташкилотхо китъахои замин дар асоси озмун дода мешаванд.

Фасли IV. ТАЧДИДИ СОХТОРИ ТАШКИЛОТУ  КОРХОНАХОИ  КИШОВАРЗИ ВА ИСЛОхОТИ ЗАМИН

Моддаи 13. Шаклхои хочагидори

Тачдиди сохтори ташкилоту корхонахои кишоварзи новобаста аз тобеияташон бо рохи ташкил намудани хочагии дехкони, ширкати хочагидори, кооперативи истехсоли ва дигар шаклхои хоча­гидори бо розигии коллективхои мехнати гузаронида мешаванд.

Моддаи 14. Ба расмият даровардани китъахои замин хaнгоми тачдиди сохтори ташкилоту корхонахои кишоварзи

  1. Ба хочагихои дехкони, ширкати хочагидори, кооперативи, истехсоли, дигар намуди  хочагидори, ки дар чараёни тачдид ташкил меёбанд, китъахои замин аз хисоби заминхои тачдидгардида дода мешаванд.
  2. Андозаи китъаи замине, ки барои хочагии дехкони, кооперативхои кишоварзи, коллективхои ичорави дода мешавад, аз руи микдори заминхои мавчудаи хочаги муайян мегардад, ки он ба фонди таксимшаванда чудо карда мешавад.
  3. Макомоти  ичроияи мaхаллии хокимияти давлати дар асоси лоихаи заминсози оид ба чудо намудани китъахои замин ба заминистифодабарандагони  нав карор кабул мекунад;

Баъди кабули карор лоихаи заминсози амали мегардад ва хукуки истифодаи замин барои заминистифодабаранда ба расмият дароварда мешавад.

Моддаи 15. Гайридавлатикунони ва хусусигардонии хочагихои муассисахои илми

Гайридавлатикунони ва хусусигардонии пойгоххои кишоварзи,нуктахои ёрирасонии муассисахои илми- тадкикоти ва хочагихои ба онхо баробар эътирофшуда, хочагихои махсуси тухмипарвари, растанипарвари ва зотпарвари танхо ба розигии Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Фа сл и V. МУКАРРАР НАМУДАНИ САРХАДИ ВОХИДХОИ МАЪМУРИЮ ХУДУДИ ВА  МАХАЛХОИ АХОЛИНИШИН

Моддаи 16. Аник ва мукаррар намудани худудхои мaхалхои ахолинишин

Анику мукаррар намудан ва ё тагйир додани cархади мaхалхои ахолинишин дар мавридхои зайл сурат мегирад:

набудани cархадхои мaхали ахолинишин;

тагйир ёфтани накшаи генералии мaхали ахолинишин;

додани замини иловаги барои эхтиёчоти мaхали ахолинишин.

Барои хар як мaхали ахолинишин ва вохидхои маъмурию худуди cархадхоро тафсир намуда, маводи накшаю харита тартиб дода мешавад.

Сархади мaхалхои ахолинишини дехотро макомоти ичроияи мaхаллии хокимияти давлати муайян менамояд.

Сархадхои мaхалхои ахолинишин ва вохидхои маъмурию худуди, ки мувофики тартиби муайяншуда тасдик шудаанд, дар асл, бо аломатхои марзи чудо карда мешаванд.

Моддаи 17. Додани замин дар мaхалхои ахолинишини дехот

Додани замин ва дигар муносибат дар худуди мaхалхои ахолинишини дехот мутобики моддаи 8 Кодекси замини Чумхурии Точикистон сурат мегирад

Фасли VI. БАРАСМИЯТДАРОРИ ВА ТАЧДИДИ РАСМИЯТИ ХУЧЧАТХОИ ХУКУКИ ИСТИФОДАБАРИИ  КИТЪАХОИ ЗАМИН

Моддаи 18.Тартиби азнавбакайдгирии хуччатхо

1.Шахсони вокеи ва хукуки, ки дар истифодаашон китъаи замин доранд,дар холати надоштани хуччатхои дахлдори тасдиккунандаи хукуки истифодаи замин ба макомоти ичроияи мaхалли хокимияти давлати бо дархост мурочиат менамоянд.

  1. Макомоти ичроияи мaхаллии хокимияти давлати дархости воридшударо ба кайд гирифта, барои тайёр намудани пешниходот ба макомоти махаллии заминсози мефиристад.
  2. Макомоти ичроияи мaхаллии хокимияти давлати вазифадоранд дар муддати як мох дархости аз нав барасмиятдарории хуччатхоро барраси намуда, карори дахлдор кабул намоянд.
  3. Макомоти махаллии заминсози оид ба муайян намуданихудудхои заминистифодабари бо дарназардошти гирифтани китъаи замин ба фонди махсус, инчунин тагйир додани худуди махалхои ахолинишин корхои заруриро ичро менамояд ва хуччатхоро (лоихаи заминсозиро) барои тасдик ба макомоти ичроияи мaхаллии хокимияти давлати пешниход менамояд. Баъди тасдики хуччатхо (лоихаи заминсози) ва дар махал нишон додани сархадхо ба заминистифодабаранда хуччати тасдиккунандаи хукуки истифодаи замин дода мешавад.
  4. Шахсони вокеи ва хукуки, ки китъаи замин доранд, дар сурати доштани хуччатхои шаходатдихандаи хукуки истифодаи замин, барои бакайдгири ба макомоти махаллии заминсози бо дархост мурочиат менамояд.
  5. Макоми махаллии заминсози дархостро барраси намуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, хукуки истифодаи заминро ба кайд мегирад ва ба шахсони вокеи ва хукуки хуччати тасдиккунандаи хукуки истифодаи замин медихад.

 

Моддаи 20. Ба расмият даровардани хуччати хукуки истифодаи якумраи меросии замин

  1. Ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар каламрави чумхури истикомат мекунанду дар ихтиёри худ замин доранд ва ин замин ба онхо ба максадхои дар моддаи 12 Кодекси замини Чумхурии Точи­кистон зикршуда дода шудааст, асноди тасдиккунандаи хукуки истифодаи якумраи меросии замин.
  2. Хангоми ба расмият даровардани хуччатхо ба замине, ки барои богдори ва обчакории дастчамъи чудо шудааст ва ба китъахои замине, ки мавриди истифодаи инфиродии аъзоёни рафокат мебошанд, санадхои давлатии хукуки сохибии якумрии мероси дода мешавад.
  3. Аъзои рафокати богдори ва обчакори хукук дорад мувофики хохиши худ иморату дарахтони ба у тааллукдоштаро дар китъаи за­мине, ки ба сохибии якумрии мероси дода шудааст, ба шахси дигар фурушад ё ройгон дихад. Дар ин маврид розигии рафокат талаб кар­да намешавад.

 

Моддаи 21. Нигох доштани хукуки истифодабарии замин то ба расмият даровардани хуччатхо

То барасмиятдарории хуччатхои исти­фодаи замин,шахсони вокеи ва хукукии каблан муайяншуда хукуки  истифодаи китъахои заминро нигох медоранд.

 

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                       Р. НАБИЕВ

5 марти соли 1992  шахри Душанбе.

№ 594.

 

 

КАРОРИ ШУРОИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар хусуси татбики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ислохоти замин»

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1992, №10, мод 140)

 

Шурои Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ислохоти замин» аз лахзаи ба нашр расиданаш татбик карда шавад.

 

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                    С. КЕНЧАЕВ

5 марти соли 1992  шахри Душанбе.

№ 595.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …