Главная / Чамъият / Коидахои хисобкунии музди миёнаи мехнат барои пардохти рухсатихои мехнати, кумакпули

Коидахои хисобкунии музди миёнаи мехнат барои пардохти рухсатихои мехнати, кумакпули

Бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз « I » июни соли 2007 № 313 тасдик шудаанд 

Коидахои хисобкунии музди миёнаи мехнат барои пардохти рухсатихои мехнати, кумакпули дар вакти аз кор рафтан, кумакпули барои корношоямии муваккати ва дигар холатхое, ки ба пардохти музди миёнаи мехнат алокаманданд

  1. Коидахои умуми
  2. Хамин Коидахо тартиби хисобкунии музди миёнаи мехнати кормандонро хангоми пардохти рухсатихои мехнатии пардохтшавандаи асоси, дарозкардашуда, иловаги, таълими ва эчоди, инчунин барои пардохти чубронпули барои рухсатии истифоданашуда, дар давраи бо кор таъминкуни, хангоми хисоби кумакпули дар вахти аз кор рафтан, хангоми ичро нагардидани меъёрхои коркард, бекористи ва истехсоли махсулоти нуксдор на бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар ва ноилоч ба кор хозир нашудан, дар сафари хизмати карор доштан, ичрои вазифахои давлати ё чамъияти, кумакпули барои корношоямии муваккати, кумакпули барои хомиладори ва таваллуд, хангоми додани кафолатхои иловаги барои занону чавонон, ки хисоби андозаи музди миёнаи мехнатро талаб мекунанд, муайян менамоянд.
    2. Коидахои мазкур ба тамоми ташкилоту муассисахо ва корхонахо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон татбик мегарданд.
  3. Пардохти рухсатихои мехнати, кумакпули дар вакти аз кор рафтан, чубронпули барои рухсатии истифоданашуда ва музди миёнаи мехнат дар давраи бо кор таъминкуни
  4. Хисобкунии музди миёнаи якмохаи мехнат барои пардохти рухсатихои мехнатии харсолаи пардохтшавандаи асоси ва иловаги (аз он чумла рухсатихои дарозкардашуда), рухсатихои таълими ва эчоди, инчунин барои пардохти чубронпули барои рухсатии истифоданашуда, аз хисоби музди миёнаи мехнат дар 12 мохи таквими, ё бо хохиши корманд аз рузи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёри тарифи), анчом дода мешавад.
    4. Барои муайян намудани музди миёнаи мохонаи мехнат музди миёнаи якруза истифода мешавад. Музди миёнаи якруза барои пардохти маблаги рухсати бо рохи таксими хамаи маблагхои вокеии хисобкардашуда барои давраи 12 мох, ё аз лахзаи баландшавии охирини маошхои вазифавии амалкунанда (меъёрхои тарифи) ба микдори пурраи моххои то пешниходи рухсати ва ба коэффитсиенти 29, 3 – микдори миёнаи рузхои таквими муайян карда мешавад. Хисоби пардохти рухсати бо рохи зарб задани музди миёнаи якруза ба шумораи рузхои таквимии рухсати амали мешавад.
    а) агар рухсати аз хисоби музди миёнаи мехнати аз давраи рузи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёрхои тарифи)дода шавад, хангоми хисоб кардани музди миёнаи мехнат хамаи пардохтхои баъди баландшави суратгирифта, инчунин мукофотхо ва дигарпардохтхои (ба гайр аз маоши вазифави) то баландшави анчомдодашуда ва ба давраи хисоботи (12 мох) дохилшаванда, ба хисоб гирифта мешаванд. Мукофотхо, гайр аз мукофотхои яквакта ва пардохтхои мазкури давраи то зиёдшави ва ба давраи хисоботи дохилшаванда ба андозаи зиёдшави тасхех мегарданд;
    б) агар давраи хисоби пурра кор карда нашуда бошад, рухсати аз руи музди миёнаи мехнати якруза, ки бо тарзи таксим намудани музди мехнати вакти вокеии коркардашуда ба микдори моххои пурраи кори ва ба рузхои таквимии рухсати, ки мувофики моддаи 90 Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон муайян гардидааст, зарб зада, пардрхт карда мешавад.
    5. Дар холати дар давраи хисоби мавчуд набудани музди мехнат, аз чумла хангоми пардохти давраи ноилоч хозир нашудан ба кор, хангоми хафтаи кории нопурра, рузи кории нопурра ва ё музди мехнати даврахое, ки аз хисобкуни хорич карда шудаанд, музди мехнати миёнаи якруза аз руи маблагхои вокеии хисобкардашуда дар давраи се мохи таквимии охири ичрои кор, бевосита пеш аз давраи хисоботи бо тасхехи минбаъдаи онхо ба андозаи зиёдшавии маошхои вазифави (меъёрхои тарифи) муайян карда мешавад. Агар корманд хам дар давраи хисоботи ва хам то давраи хисоботи ва дар мохе, ки холати баамаломада ба нигохдории музди миёнаи мехнат алокаманд аст, музди мехнати вокеии хисобкардашуда ё рузи кори надошта бошад, дар ин маврид музди миёнаи мехнат аз руи меъёрхои тарифии дарачаи мукарраргардида ва маоши вазифави муайян карда мешавад.
    6. Хангоми пардохти маоши собити вактбайъ (аз чумла дастмузди собити кафолатнок, ё изофамузди фоизнок, вале бе дигар намудхои иловагии мукофотпули), музди миёнаи мехнати якруза бо рохи таксими маоши вазифавии мохонаи охирини корманд бо иловапулихо ба коэффитсиенти 29, 3 муайян карда шуда, ба шумораи рузхои таквимии рухсати зарб карда мешавад. Хангоми мавчуд будани дигар намудхои мукофотпулихо музди миёнаи мехнати якруза бо тартиби банди 4 Коидахои мазкур муайян карда мешавад.
    7. Хангоми хисоб намудани музди миёнаи мехнат барои пардохти рухсатихои харсолаи мехнати аз давраи хисоботи вакте, ки дар давоми он корманд дар рухсатихои бемузд ё кисман пардохтшаванда карор дошт ва барои нигохубини кудак то синни мукаррарнамудаи конун расидани у кумакпули гирифтааст, хорич карда мешавад. Дар холати кисман нигох доштани музди мехнат хангоми озодшави аз кор, ин кисм аз хисоби музди миёнаи мехнат хорич карда мешавад. Руззои иди гайрикори, ки ба давраи рухсати рост меоянд, дар вакти муайян намудани давомнокии рухсатихо ба хисоб гирифта намешаванд ва пардохт карда намешаванд.
    8. Хангоми бо корманд кать намудани шартномаи (карордоди) мехнати, хисобкунии музди миёнаи мехнат барои пардохти чубронпули барои рухсатии истифоданашуда, давраи гузаштан ба кори дигар, кумакпули дар вакти аз кор рафтан, нигохдории музди миёнаи мехнат дар давраи бо кор таъминкуни, мутобики талаботи бандхои 4-7 Коидахои мазкур амали мегардад.
    III. Пардохти музди миёнаи мехнати корманд хангоми ичро нагардидани меъёрхои коркард, бекористи ва истехсоли махсулоти нуксдор на бо айби корманд, ичрои вазифахои давлати ё чамъияти, дар сафари хизмати карор доштан, барои давраи ноилоч ба кор хозир нашудан, додани кафолатхои иловаги барои занону чавонон, ки хисобкунии андозаи музди миёнаи мехнат ро талаб менамоянд.
    9. Музди миёнаи якрузаи мехнат дар холати пардохти кафолатнок, хангоми ичрои вазифахои давлати ё чамъияти, истехсоли махсулоти нокис, бо назардошти дарачаи зарар ва бекористи на бо айби корманд, хангоми ноилоч хозир нашудан ба кор ва дар дигар холатхо (гайр аз пардохти рухсатихо, хисоб кардани нафака ва кумакпулихо) бо рохи таксим кардани маблагхои вокеии хисобшуда дар 3 мохи таквимии холати мушаххаси каблии вакти пардохт ба корманд дар ин холатхо (аз санаи 1 то 1 мохи дигар) ва ба коэффитсиенти теъдоди миёнаи якмохаи рузхои кори бо назардошти давомнокии муътадил ё кутохи вахти корие, ки конунхои Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, муайян карда мешавад.
    10. Барои муайян намудани музди миёнаи якрузаи мехнат дар холати давомнокии вакти кории муътадил (40 соат дар як хафта) хангоми хафтаи кории шашруза коэффитсиенти 25,0 – хисоби миёнаи рузхои кории
    якмоха ва хангоми хафтаи кории панчруза коэффитсиенти 20,6 – теъдоди миёнаи рузхои кори дар як мох истифода карда мешавад. Хисоби музди миёнаи мехнат дар ин давра бо рохи зарб задани музди миёнаи мехнати якруза ба теъдоди рузхои кории хисобшаванда амали мегардад.
    11. Хангоми бахисобгирии чамъбастии вакти кори, музди миёнаи мехнат дар асоси музди мехнати соатбайъ хисоб карда мешавад. Барои он ки маблаги пардохт муайян карда шавад, бояд музди мехнати хисобкардашудаи давраи хисоботи (меъёрхои тарифии мохона, маош) ба фонди вакти кории миёнаи якмоха, ки ба 165,0 соат дар як мох баробар аст, таксим карда шавад ва маблаги музди мехнати миёнаи соати хосилшуда ба микдори соатхои вокеии дар ин давра коркардашуда зарб зада шавад.
    12. Азнавхисобкунии меъёрхои тарифии (маошхо) соатбайъ хангоми хафтаи кории 35 – соата бо рохи таксим намудани фонди вакти кории миёнаи якмоха ба коэффитсиенти дахлдори 1,14 (40 : 35), инчунин барои дигар низомхои (16, 18 ва 24 соата) хафтаи корие, ки мувофики конунгузорихои Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд, анчом дода мешавад.
    13. Маблаги умумии музди миёнаи мехнат бо рохи зарб задани музди миёнаи мехнати якруза ё яксоата ба шумораи рузхо ё соатхои кории корманди мазкур, ки тибки чадвали (речаи) кори дар фосилаи вакте, ки бояд пардохта шавад, муайян мегардад.
    IV. Пардохти кумакпулизхои сугуртаи ичтимоии давлати: кумакпули барои корношоямии муваккати ва кумакпули барои хомиладори ва таваллуд
    14. Музди миёнаи якрузаи мехнат барои хисоб кардани кумакпули барои корношоямии муваккати бо рохи таксими музди миёнаи мехнати мохона ба хамаи рузхои кории мохи корношоями муайян карда мешавад. Вобаста ба андозаи кумакпулии марбута бо хисоби фоиз нисбат ба музди мехнат (аз 60 то 100 фоиз) кумакпулии рузона бо рохи зарб задан ба теъдоди рузхои корие, ки дар хамин мох дар натичаи корношоями аз даст дода шудаанд, муайян карда мешавад.
    15. Барои кормандони дорои низоми мукофотии музди мехнат хисобкунии музди миёнаи якмохаи мехнат барои пардохти вакти корношоямии муваккати аз гисоби музди миёнаи мехнати мохонаи 3 мохи пурраи кории пеш аз корношоямии муваккатии корманд анчом дода мешавад. Ба кормандоне, ки вакти кории онхоро ба хисоб гирифтан гайриимкон аст, (онхое, ки корро дар хона мекунанд, тайёркунандагони махсулоти кишоварзи, кироякорони шахсони алохида ва гайра) кумакпули вобаста ба корношоямии муваккати, аз хисоби музди миёнаи мехнат дар 12 мохи охири кор, вобаста ба маблаги пардохташудаи аъзохаккии ичтимои хисоби карда мешавад.
    16. Барои хисобкунии кумакпули барои корношоямии муваккати, (хомиладори ва таваллуд), музди мехнати вокеии хисобкардашуда бо маблаги на зиёда аз маоши вазифавии дукарата ё меъёри тарифии дукарата истифода бурда мешавад. Хамин махдудият дар холати маъюбии мехнати, беморихои касби, хомиладори ва таваллуд, ки дар ин мавридхо кумакпули ба андозаи музди миёнаи мехнати вокеи, бидуни махдудияти маблаги маоши дукарата (меъёрхои тарифи) дода мешавад, ба назар гирифта намешавад.
    17. Музди миёнаи мехнати якруза барои хисоб кардани кумакпули барои хомиладори ва таваллуд бо рохи таксими хамаи маблагхои вокеии хисобкардашуда барои давраи 3 мох, ё аз лахзаи баландшавии охирини маошхои вазифавии амалкунанда (меъёрхои тарифи) ба хамаи рузхои кории мохи корношоями то пешниходи ба рухсати барои хомиладори ва таваллуд рафтани коргарзан (аз рузе, ки пардохти музди миёнаи мехнат хисоби шудааст) ва пас аз он ба микдори рузхои таквими корношоями дода шуда, ки онро муассисаи тибби мукаррар менамояд (аз 70 то 180 рузи таквими) зарб зада мешавад.
    18. Хангоми хисобкунии музди миёнаи мехнат барои хисоби кумакпулихо хамаи намудхои пардохти музди мехнат, ки дар банди 20 Коидахои мазкур пешбини шудаанд, хам аз чойи кори асоси ва хам аз ду чойи кори, инчунин маблагхои подоши хакки калами муаллиф ва маблагхои мукофотпулихо аз шартномахои (карордодхои) мехнати барои мудаат ё кори муайян, дар сурате, ки аз онхо хакки сугурта ситонида шудаст, ва назар гирифта мешаванд.
    19. Даврахои корношоямии муваккати ё рухсати барои хомиладори ва таваллуд хангоми хисобкунии музди миёнаи мехнат ба инобат гирифта намешаванд.
    V. Коидахои умуми барои тамоми холатхое, ки ба пардохти музди миёнаи мехнат алокаманданд
    20. Хангоми хисобкунии музди миёнаи мехнат пардохтхое, ки аз онхо андози ичтимои ситоиида мешавад ва ба бучети давлатии Чумхурии Точикистон ворид мегарданд, ба хисоб гирифта мешаванд, яъне:
    а) музди мехнати асоси, ки тибки шартномаи (карордоди) коллективи,
    инфироди, бо меъёрхои тарифи, маоши вазифави ё музди корбайъ, муайян карда шудааст;
    б) нигохдории кафолатноки музди мехнат хангоми ба кори дигар гузаронидан, тагйири макон бо сабаби кабул ё гузаштан ба кори дар махали дигар вокеъбуда, хангоми сафари хизмати, дар рухсатии мехнати будан, ичро намудани вазифахои давлати ва чамъияти;
    – пардохти музди мехнат хангоми истехсоли махсулоти нокис ва бекористи на бо айби корманд, вакти ноилоч хозир нашудан ба кор;
    – музди мехнати хангоми тахсил дар муассисахои таълими (курсхо) нигохдошташаванда ва ба занхо дар давраи танаффусхо барои маконидани тифл нигохдошташаванда;
    в) иловапулихо:
    – барои тахассус, дарача, рутбахои тахассуси, унвони илми, донистани забони хоричи, барои собикаи хизмат, фаркияти байнидарачави, ичрои корхои махсусан мухим, шахси ва дар дигар холатхо;
    – барои баланд бардоштани самаранокии мехнат, (барои ичрои вазифахои корманди хозирнабуда дар муддати давомнокии рузи кории мукаррари, барои хизматрасонии якчанд дастгох, барои ичрои ду вазифа, касб, барои васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани хачми корхои ичрошаванда)), барои рохбари ба хайат, тачрибаомузии истехсоли барои омузонидани шогирдон дар истехсолот;
    – барои кор хангоми риоя накардани низоми муътадили вакти кори (барои кори зиёда аз вакти мукаррари ва кори шабона, барои кор дар рузхои ид ва истирохат);
    – иловапулихо ба кормандони меъёри кориашон корбайъ, хангоми тагйири шароити муътадили мехнат (дар мавридхое, ки агар ичро нагардидани меъёри коркарди махсулот дар холати тагйирёбии шароити истехсолот нисбати он шароите, ки бо дарназардошти он меъёр мукаррар карда шуда буд, ба амал омада бошад);
    – барои кор хангоми риоя накардани шароити муътадили мехнат (барои корхои вазнин ва зарарнок, шароити мехнати махсусан вазнин ва махсусан зарарнок, дар нохияњо ва махалхои дорои шароити номусоиди табиию иклими ва маишии мехнат);
    г) тамоми намуди мукофотхои тибки низомномаи музди мехнат ва низомнома дар бораи мукофотони пешбинигардида ва дар хамин корхона, муассиса, ташкилот тасдикшуда ё мувофики шартномаи (созишномаи)
    колективи тасдикгардида.
    21. Хангоми хисоби музди миёнаи мехнат инхо ба хисоб гирифта намешаванд:
    а) пардохтњое, ки берун аз манбаъхои фонди музди мехнат (барои мусоидат дар чорй намудани ихтироот ва пешниходхои навовари), пардохти стипендияхое, ки корхона барои донишчуён ва аспирантхои чудо аз истехсолот ба тахсил фиристодашуда медихад, кумакпулихо барои хуроки нисфирузи, арзиши роххатхо барои табобат дар осоишгоху истирохатгоххо аз хисоби Фонди рушди ичтимои (фонди истеъмолот):
    б) хамаи намудхои подошхои иловагии дорои хусусияти яквакта (ичрои супоришхои алохидае, ки ба доираи вазифахои мукаррарии корманд дохил намешаванд, мукофотпулихо, подошхои яквактаи дорои хусусияти хавасмандгардони, ба муносибати чашнхои шахси, кумакпули хангоми озодшави аз вазифа, кумакпулихои хавасмандгардонии модди, мукофотхои пули барои ишголи макоми аввал дар озмунхо ва гайра);
    в) чубронпулихо:
    – хангоми дар сафари хизмати будан ва гузаштан ба кори дигар, ки ба чои харочоти шабонарузи, кирояи манзил ва рохкиро пардохта мешаванд (маблагхои харочот барои интикол, пардохти кирояи мехмонхона, рохкиро, пардохт барои кашонидани амвол ва кирояи бино хангоми ба кори дигар гузаронидан ё гузаштан ба кори дар махали дигар вокеъбуда);
    – арзиши манзилхои ба таври ройгон додашуда, хизматрасонии коммунали ва сузишвори;
    – барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, либоси махсус ва гайра;
    г) кумакпулихои аз сугуртаи ичтимоии давлати пардохтшаванда;
    д) музди мехнати дар рузхои кории беподоши мехнат, ки ба бучети дахлдор ё фондхои хайрия гузаронида мешавад.
    22. Мукофотхо ва дигар пардохтхои хавасмандкунии мувофики системаи музди мехнат пешбинишуда аз руи хисоби вокеи ва мукофотхою подошхои солона бошанд, ба андозаи 1/12 барои хар як мохи давраи хисоботи дохил карда мешаванд.
    23. Хангоми ичрои корхои гунногунпардохт (корхои таъмири, якчокунии касбхо (вазифахо), васеъ шудани доираи хизматрасони ё ичрои вазифаи кормандони муваккатан дар кор хозир набуда ва гайрахо) музди миёнаи мехнат аз маблаги умумии подош, ки бо хамаи намудхои корхои ичрошуда пардохт карда шудааст, хисоб карда мешавад.
    24. Музди миёнаи мехнат дар рузи пардохти он ба корманд, ки дар давраи хисоботи меъёри муайяни вакти кори ва хачми корро пурра ичро намуданд.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …