Главная / Илм / Коху дар Канзи Шифо (Китоб)

Коху дар Канзи Шифо (Китоб)

salat_qohu-660x330Коху — Инро ба руси салат меноманд. Коху растании маълум ва машхур мебошад; сахрои ва бустони низ мешавад. Кисми сахроияш хам намудхои гуногун дорад. Дар тиб барои давоги бустониашро истифода мекунанд. Мизочи кохуи бустони сард ва тар дар дарачаи дувум аст.

Хислатхои шифобахши Коху: инро бихуранд, хунро соф мегардонад, дар бадан хуни ракики (суюки) солим пайдо мекунад ва дар ин бобат аз тарахои дигар бехтар мебошад, зарари об ва хавои вабоиро дафъ менамояд, хаво ва обхои гуногуни ногуворро ба ислох меоварад, фишори баланди хуни сафрови, шиддати сафро, инчунин моддаи савдоро паст месозад; шиддат, ташнаги ва тафсро таскин медихад, гиреххои баданро мекушояд, хуморро дафъ мекунад, маст шуданро манъ менамояд, намегузорад, ки бухорхои зарарнок аз поёни бадан ба майна бароянд; дарди сар, сурфа ва назларо, ки хама аз гарми ва хушки бошанд, дафъ месозад; хоб меоварад, варамхои гармро рад мекунад, дарунро мулоим мегардонад, пешобро меронад, хусусан инро ношуста бихуранд, дар ин бобат кавитар мебошад.

Инчунин барои хоришхо, махав, девонаги, зардпарвин, дарди пистон, табхои гарм, захмхои даруни хичак, роххои пешоб ва сузиши пешоб дору мешавад. Агар ба ин барг сирко пошида бихуранд, иштихоро бармеангезад, зардпарвинро дафъ мекунад, дарди меъдаро таскин медихад.

Пухтаи коху назар ба хоми он сергизотар мебошад, барои дарди узвхои даруни сина ва зиёд кардани шири занхо давои хубест. Вале агар инро бисёр бихуранд, барои бох (пушти камар), беморони сил ва дамкутахи зарар дорад, фаромушхотири ба амал меоварад, хисхои баданро тира мегардонад, то ба дарачае ки касро ахмак менамояд, чашмро хира ва хатто торик мекунад ва дарунро пурбод месозад. Барои ислохи зарари ин наъноъ, карафс, халилаи парварда ва зира бояд истеъмол намоянд.

Микдори як бор хурдан аз оби ин дар як руз то 350 грамм аст. Кохуро куфта гузошта банданд, тафси чашмро таскин медихад, варамашро низ мегардонад, инчунин хар як варами гармро тахлил медихад, сурхбодро нест мекунад.

Кохуро сухта, ос карда бипошанд, чарохатхоро ба хам оварда сихат мебахшад ва чушиши (пухтани) даханро дармон мешавад. Мизочи тухмаш дар дарачаи дувум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: ин хусусиятхои карахткунандаги дорад, хоб меоварад, моддахои бачушомадаро хомуш месозад.

salat_qohu-2-300x225Агар аз ин 7 грамм куфта бихуранд, дар вакти хоб шайтони шуданро ислох мекунад, шахвати мардиро суст мегардонад, зуком ва назларо банд менамояд, дарди узвхои даруни синаро таскин медихад, чакмезакро ба ибро меоварад, беихтиёр равон шудани маниро ислох менамояд.

Инро ба пешони гузошта банданд, хоб меоварад, дарди сарро манъ мекунад ва намегузорад, ки моддахои зарарнок ба чашм рехта шаванд; агар ба муй бимоланд, онро аз рехтан нигох медорад, ба чойи каждумгазида гузошта банданд, захрашро дафъ мекунад.

Вале хурдани ин барои бод зарар дорад дар ин маврид мустако бояд бихуранд, ки дафъи зиёни он намояд.

Аз коху равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Оби баргашро хар кадар, ки хоханд, мегиранду дар зарфе аз болояш ним вазни он равгани кунчиди тоза дохил намуда, бо оташи мулоим мечушонанд, то об бухор шуда дур гардаду равган бимонад. Эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад.

Мизочи ин равган сард ва тар аст. Ин равганро бихуранд, ба майна нами мебахшад, хоб меоварад; барои молихулиё ва саръ (припадка), ки аз хушкии майна бошад, дору мешавад; сахтихои даруни баданро мулоим мекунад, намегузорад, ки аз шароб нушидан маст гарданд.

Равгане, ки аз тухми коху кашида бошанд, кавитар аст аз равгани барги он. Тарики кашиданаш чунин аст. Тухми кохуро хар микдор, ки хоханд, мегиранд ва бар он андак оби гарм пошида, баъд бо хар усул, ки сахт бар он фишор бидиханд, равганаш бармеояд.

Оби баргаш дар хама чихат монанди тухми он аст. Агар инро бо равгани гули сурх даромехта бимоланд, дарди сари гармро таскин медихад. Мизочи кохуи сахрои сард ва тар аст, вале рутубаташ камтар аз бустони мебошад. Инак, хислатхои шифобахшаш зиёдтар аз кохуи боги аст. Барг, тухм ва шири он монанди кохуи бустони мебошад, балки шираш аз он кавитар аст.

1,75 грамм аз шираш биёшоманд, моддахои обии зарарнокро аз чигар дафъ мекунад, хайзро равон менамояд, барои касоне, ки каждум ва гунда газида бошанд, дармон мешавад. Агар инро ба чашм кашанд, захми чашмро пок мекунад, беист рафтани рутубатро аз он бозмедорад ва ислох мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …