Главная / Илм / Китоби бахисобгирии мухосибИ ва хисоботи молияви

Китоби бахисобгирии мухосибИ ва хисоботи молияви

Конуни Чумхурии Точикистон

Дар бораи бахисобгирии мухосибЇ ва хисоботи молиявЇ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон,

с. 2011, №3, мод.169; с.2014, №3, мод.149)

Конуни мазкур асосхои ташкилию хукуки, принсипхо ва коидахои пешбурди бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молиявиро  дар Чумхурии Точикистон мукаррар карда, муносибатхои ин сохаро танзим менамояд.

БОБИ 1. 

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Максади Конуни мазкур аз таъмини сиёсати ягонаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви, пешбурди бахисобгирии молу мулк, дороихо, ухдадорихо ва тартиб додани иттилооти мукоисави ва сахех вобаста ба амалиёти хочагидорие мебошад, ки макомоти давлати, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо (минбаъд – ташкилотхо) барои истифодабарандагон пешниход менамоянд.

Моддаи 2. Мафхумхои асосии Конуни мазкур

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

бахисобгирии мухосиби – низоми ягонаи чамъовари, бакайдгири, чамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороихо, ухдадорихо ва сармояи ташкилот, ки аз руи шаклхои мукарраршуда тартиб дода шудаанд;

хисоби таркиби – бахисобгирии маълумоти чамъбастии бахисобгирии мухосиби дар бораи намудхои молу мулк, дороихо, ухдадорихо ва амалиёти хочагидори аз руи нишонахои муайяни иктисоди, ки дар хисоби таркибии бахисобгирии мухосиби нишон дода мешаванд;

хисоби тахлили – бахисобгирие, ки дар хисобхои тахлилии  бахисобгирии мухосиби бо гурухбандии маълумоти муфассал оид ба молу мулк, дороихо, ухдадорихо ва муомилоти дохилихочагии хар кадом  хисоби таркиби дарч гардидаанд;

накшаи хисобхои бахисобгирии мухосиби – номгуи ба низом даровардашудаи хисобхои таркибии бахисобгирии мухосиби;

ташкилоти мухосиби – шахси хукукие, ки хизматрасониро дар сохаи бахисобгирии мухосиби пешниход намуда, аъзои ташкилоти касбии мухосибон мебошад ва дар басти вазифахои худ на камтар аз ду мухосиби касби дорад;

мухосиби касби – шахси вокеие, ки ихтисос ва сертификати мухосиби касби дорад;

сирри мухосиби – иттилооти дорои сирри тичоратие, ки дар хуччатхои аввалияи бахисобгирии мухосиби ва фехристи бакайдгирии мухосиби дарч гардидааст;

хуччатхои мухосиби – хуччатхои аввалияи бахисобгирии мухосиби, сиёсати бахисобгири, накшаи хисобхо, хисоботи молияви, шартномахо ва хуччатхои дигари марбути бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молиявии ташкилотхо;

ташкилоти касбии мухосибон – ташкилоти гайритичоратии аккредитатсияшудаи иттиходияи мухосибон ва (ё) аудиторон, ташкилоти мухосиби ё аудитори;

аккредитатсия – хукуки эътирофшудаи ташкилоти касбии мухосибон, ки дар шакли мукаррарнамудаи  макоми ваколатдори давлати шаходатнома дорад;

субъектхои дорои манфиати умум – ташкилотхои ахамияти калони  чамъиятидошта, ки меъёрхои муайян намудани ахамияти онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд;

хисоботи молияви – мачмуи маълумоте, ки холат ва натичаи фаъолияти молиявии ташкилотхоро дар асоси нишондодхои бахисобгирии мухосиби тибки стандартхои байналмилали ё милли дар бар мегирад;

фехристи бахисобгирии мухосиби – тартиби чамъовари, чамъбасткуни ва мураттабсозии иттилооте, ки дар хуччатхои бахисобгирии аввалия ва мавчуда барои инъикос кардан дар низоми бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви кабул гардидаанд;

хуччатхои аввалияи бахисобгири – хуччатхои шаходатдихандаи  амалиёт ё руйдодхои ба анчомрасида ё хукуки ба анчом расонидани он дар хомилхои когази ва электрони, ки дар асоси онхо бахисобгирии мухосиби сурат мегирад;

сертификати мухосиби касби (минбаъд – сертификат) – хуччате, ки дарачаи тахассуси касбии мухосибро тасдик мекунад;

амалиёти хочагидори – муомила, руйдод, шарт ва амалиёте, ки ба холати молиявии ташкилот, натичаи фаъолияти молиявии он ё муомилоти маблаг таъсир расонида метавонад;

сиёсати бахисобгири – принсипхои дакике, ки дар асоси хуччатхои тасдикнамудаи рохбарияти ташкилот, мачмуи коидахо, усулхо ва тартиби пешбурди бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молиявиро тибки стандартхои байналмилали ва ё милли муайян менамояд;

стандартхои байналмилали – стандартхо ва тафсирхое, ки Фонди стандартхои байналмилалии хисоботи молияви ба нашр расонида, макоми ваколатдори давлати барои истифода тасдик намудааст;

стандартхои милли – хуччатхои меъёрии хукукии танзимкунандаи бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молияви, ки макоми ваколатдори давлати тасдик намудааст;

махфуздоранда – манбаи электронии маълумоти хисоботи молияви дар макоми ваколатдори давлати, ки барои истифодабарандагон дастрас мебошад;

дороихо – захирахое, ки дар натичаи амалиёти пешин тахти назорати шахсони вокеи ва хукуки карор дошта, гирифтани нафъи иктисоди аз онхо дар назар аст;

ухдадорихои мухосиби – ухдадорихои шахсони вокеи ва хукукие, ки аз амалиёти пешин ба вучуд омада, дар натичаи танзими он захираи дороихои нафъи иктисоди хорич мешаванд;

сармоя – хиссаи дороихои шахсони вокеи ва хукукие, ки пас аз тарх кардани маблаги хамаи ухдадорихо боки мондааст;

даромад – афзоиши манфиати иктисодии давраи хисоботи дар шакли воридшави ё зиёдшавии дороихо ё худ камшавии ухдадорихо, ки сармояи сахомии бо хиссагузорихои сохибмулкон вобастаро афзун мегардонад;

харочот – камшавии манфиати иктисоди дар давраи хисоботи дар шакли хоричшави ё камшавии дороихо ё худ зиёдшавии ухдадорихо, ки ба камшавии сармояи сахомии бо хиссагузорихои сохибмулкон новобаста оварда мерасонад;

макоми ваколатдори давлати – макоми марказии хокимияти ичроия, ки фаъолияти сохаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молиявиро ба танзим медарорад.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бахисобгирии  мухосиби ва хисоботи молияви

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои  хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Доираи амали  Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур нисбати хамаи ташкилотхо, сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукукиашон, инчунин нисбати ташкилотхои хоричи, ки дар Чумхурии Точикистон фаъолият менамоянд татбик мегардад, агар  санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.
  2. Сохибкорони инфироди, ки бе таъсиси шахси хукуки ба фаъолияти сохибкори машгуланд, пешбурди хисоби даромад ва харочотро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории андози Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

 

БОБИ 2.

ВАЗИФАХО ВА НИЗОМИ БАХИСОБГИРИИ МУХОСИБИ ВА ХИСОБОТИ МОЛИЯВИ

Моддаи 5. Вазифахои  бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви

Вазифахои асосии бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви  таъмин намудани шахсони манфиатдор бо иттилооти пурра ва дакик оид ба холати молияви, натичаи фаъолият ва тагйироти вазъи молиявии ташкилотхо  мебошад.

Моддаи 6. Низоми бахисобгирии мухосиби

  1. Низоми бахисобгирии мухосиби низоми батанзимдарори, бакайдгири ва чамъбасти иттилоот оид ба амалиёт ва руйдодхои  ташкилотхо мебошад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.
  2. Амалиёт ва руйдодхои дар низоми бахисобгирии мухосиби инъикосёфта, дар асоси талаботи зерин амали карда мешаванд:

– навиштачоти комилан мувофики мухосиби бо хуччатхои аслии аввалия ва инъикоси хамаи амалиёту руйдодхо дар навиштачоти мухосиби;

– бакайдгирии муттасил  ва саривактии амалиёту руйдодхо;

– мутобиксозии хисоби таркиби бо хисоби тахлили ба санаи якуми хар мох.

  1. Амалиёт ва руйдодхо дар хисобхои таркиби бо усули сабти дутарафа дар асоси накшаи  хисоби бахисобгирии мухосибии ташкилотхо мутобик ба талаботе, ки макоми ваколатдори давлати мукаррар намудааст, инъикос карда мешаванд.

Моддаи 7. Принсипхо ва тавсифи сифатхои асосии  бахисобгирии мухосиби ва  хисоботи  молияви

  1. Принсипхои бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молияви муттасил  хисоб кардан ва ба хисоб гирифтан  мебошад.
  2. Асоси тавсифи сифатии хисоботи молияви возех, бамаврид, боэътимод ва  мукоисашаванда будан аст.

Моддаи 8. Салохияти макоми ваколатдори давлати дар  сохаи бахисобгирии мухосиби ва  хисоботи молияви

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи бахисобгирии мухосиби ва  хисоботи  молияви Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Макоми ваколатдори давлати салохиятхои зеринро дорад:

– сиёсати давлатиро дар сохаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи  молияви татбик менамояд, рохбарии умумии методологиро ба зимма дорад ва аккредитатсияи ташкилотхои касбии мухосибонро мегузаронад;

– Шурои машваратиро хамчун макоми эксперти дар сохаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви таъсис дода, дар мувофика бо Бонки миллии Точикистон Низомнома ва хайати шахсии онро тасдик менамояд;

– дар асоси барномахои байналмилали ба номзадхо сертификати мухосиби касби ва ба ташкилотхо бошад, сертификати барномаи электронии бахисобгирии мухосибиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон медихад. Тартиби додани сертификат ва шартхои сертификатсияи мухосибони касби, барномаи электронии  бахисобгирии мухосиби, инчунин мухлати эътибор пайдо кардан ва беэътибор донистани онхоро муайян менамояд;

– хуччатхои меъёри оид ба масъалахои танзими бахисобгирии  мухосиби ва хисоботи молиявиро дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи омор кабул менамояд, ки ичрои онхо барои хамаи ташкилотхои дар Чумхурии Точикистон амалкунанда хатми мебошад;

– ба хамаи шахсони манфиатдор, аз чумла ба ахоли маълумотеро, ки дар махфузгох мавчуд аст, пешниход  менамояд;

– салохиятхои дигари бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишударо ичро менамояд.

Моддаи 9. Ташкили бахисобгирии мухосиби ва  хисоботи молияви

  1. Шахсони вокеи ва хукуки барои ташкили бахисобгирии мухосиби ва  хисоботи молияви оид ба риояи талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар мавриди ичрои амалиёти хочагидори масъул мебошанд.
  2. Рохбарони ташкилотхо вобаста ба хачми кори бахисобгири вазифадоранд:
    – хизматрасонии мухосибиро хамчун сохтори таркиби, ки ба он сармухосиб (мухосиб) рохбари мекунад, таъсис диханд;

– дар басти вазифахо вазифаи  мухосибро чори намоянд;

– дар асоси шартнома бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молиявиро  ба мухосиботи маркази, ташкилоти мухосиби ё ба мухосиби касби супоранд;

– бахисобгирии мухосибиро хангоми зарурат шахсан ба зимма гиранд.

  1. Сиёсати бахисобгири принсипхои мушаххас, низомнома, коидахо ва тачрибаи андухтаи ташкилотхоро чихати бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молияви тибки конунгузории Чумхурии Точикистон,  стандартхои байналмилали, милли ва накшахои хисоби бахисобгирии мухосиби вобаста ба талабот ва хусусиятхои фаъолияташон дар бар  мегирад.
  2. Сиёсати бахисобгирии ташкилот бо карори рохбари аввали ташкилот ё шахси масъули холати бахисобгирии мухосиби тасдик карда мешавад.
  3. Хамзамон инхо тасдик карда мешаванд:

– накшаи кории хисобхои бахисобгирии мухосиби;

– шаклхои хуччатхои аввалияи бахисобгири барои барасмиятдарории амалиёти хочагидори ва  хисоботи дохилии мухосиби;

– тартиби гузаронидани баруйхатгири ва усулхои нархгузории молу мулк, дороихо ва ухдадорихо;

– тартиби гардиши хуччатхо ва коркарди иттилооти бахисобгири;

– тартиби назорати амалиёти хочагидори ва инчунин дигар карорхои барои ташкили бахисобгирии мухосиби зарур.

  1. Сиёсати  бахисобгири дар  ташкилот ба таври мунтазам хар сол  татбик карда мешавад. Сиёсати бахисобгири метавонад дар холатхои тагйир ёфтани конунгузории Чумхурии Точикистон ё санадхои меъёрии макомоте, ки бахисобгирии мухосибиро ба танзим медароранд, аз чониби ташкилот тахия гардидани тартиби нави бахисобгирии мухосиби ё дар холати куллан тагйир ёфтани шароити фаъолияти онхо тагйир ёбад.

Моддаи 10. Талаботи асоси чихати бахисобгирии мухосиби ва тартиб  додани хисоботи

                        молияви

 

  1. Бахисобгирии мухосибии молу мулк, дороихо, ухдадорихо ва амалиёти хочагидории ташкилотхо бо пули миллии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Молу мулк, дороихо ва ухдадорихое, ки моликияти ташкилот ба хисоб мераванд, аз молу мулки шахсони дигари хукукии хайати ин ташкилот алохида ба хисоб гирифта мешаванд.
  3. Бахисобгирии мухосибиро ташкилот ба таври доими аз лахзаи ба сифати шахси хукуки ба кайд гирифта шуданаш амали менамояд.
  4. Ташкилот бахисобгирии мухосибии молу мулк, дороихо,  ухдадорихо ва амалиёти хочагидориро бо усули сабти дутарафаи ба хам алокаманди хисобхои бахисобгирии мухосиби амали менамояд.
  5. Маълумоти бахисобгирии тахлили ба муомилот ва бакияи хисобхои бахисобгирии таркиби мувофикат менамояд.
  6. Тамоми амалиёти хочагидори ва натичахои баруйхатгири бе истисно дар хисобхои бахисобгирии мухосиби саривакт ва пурра ба кайд гирифта мешаванд.
  7. Субъектхои дорои манфиати умум вазифадоранд, ки бахисобгирии мухосиби, хисоботи молиявиро мутобики стандартхои байналмилали ва Конуни мазкур амали намоянд.
  8. Рохбарони субъектхои дорои манфиати умум вазифадоранд, ки хизматрасонии доимоамалкунандаи аудити дохилиро таъсис диханд.
  9. Ташкилотхо, ба истиснои субъектхои дорои манфиати умум, вазифадоранд, ки бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молиявиро мутобики стандартхои милли амали намоянд.
  10. Барои ташкилотхои хурде, ки низоми андозбандии соддакардашударо истифода мебаранд, усули соддакардашудаи хисобот ва  бахисобгирии мухосиби мукаррар карда мешавад.

Моддаи 11.  Рохбари  хизматрасонии мухосиби

1.Рохбари хизматрасонии мухосиби (минбаъд–cармухосиб) cармухосиби ташкилот ва ё дигар шахси мансабдоре  мебошад, ки у бевосита ба рохбари ташкилот итоат намуда, барои ташкили бахисобгирии  мухосиби, сари вакт ва пурра пешниход кардани хисоботи молияви масъул мебошад.

  1. Ба вазифаи сармухосиби дастгохи макомоти марказии ичроияи хокимияти давлати, ташкилотхои давлати, молияви ва сахомие, ки аз нисф зиёди сармояи оинномавии онхо хиссаи давлат мебошад, шахсоне таъин карда мешаванд, ки:

– тахсилоти олии иктисоди дошта бошанд;

– собикаи кории касбиашон аз 5 сол кам набошад

  1. Ба вазифаи сармухосиби субъектхои дорои манфиати умум шахсоне таъин карда мешаванд, ки сертификати мухосиби касби дошта бошанд.
  2. Сармухосиби бонкхо, ташкилотхои карзи ва молиявии хурд бояд ба талаботи мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон чавобгу бошанд.
  3. Сармухосиб мутобикати амалиёти хочагидориро бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва назоратро ба муомилоти молу мулк, дороихо ва ичрои ухдадорихо таъмин менамояд.
  4. Талаби сармухосиб дар бораи ба расмият даровардани амалиёти хочагидори, пешниходи хуччатхои лозими ва маълумоти мухосиботи барои хамаи кормандони ташкилот хатми мебошад.
  5. Хуччатхои пули ва хисобу китоб, ухдадорихои молияви ва карзи бе имзои сармухосиб эътибор надоранд ва барои ичро кабул карда намешаванд.
  6. Шахси масъули моддии ташкилот бо мувофикаи сармухосиб ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, аз як чой ба чойи дигар гузаронида мешавад.
  7. Дар сурати вучуд доштани ихтилофи акидахо миёни рохбари ташкилот ва сармухосиб дар мавриди ичрои баъзе амалиёти хочагидори хуччатхо танхо дар сурати супориши хаттии рохбари аввали ташкилот, ки у барои окибати ичрои чунин амалиёт пурра масъул аст, барои ичро кабул карда мешаванд.
  8. Хангоми аз вазифа озод кардани сармухосиб хуччатхо ба сармухосиби  навтаъингашта (дар сурати набудани у – ба корманди бо карори дахлдор таъиншуда) супурда, дар раванди он холати бахисобгирии  мухосиби, боэътимодии маълумоти хисоботи аз чониби комиссияи таъсисгардида санчида, санади дахлдор тартиб дода мешавад, ки онро рохбари аввали ташкилот тасдик мекунад.
  9. Хукук, ухдадорихо ва масъулияти сармухосиб тибки Дастурамали намунавии мансабии сармухосиб, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда шудааст, муайян карда мешаванд. (ЌЉТ аз 14.03.14 с., №1074)

Моддаи 12. Хуччатхои аввалияи бахисобгири

1.Тамоми амалиёти хочагидори, ки ташкилот онро анчом медихад, бояд бо хуччатхои дахлдор ба расмият дароварда шаванд. Ин хуччатхо хуччатхои аввалияи бахисобгири буда, дар асоси онхо бахисобгирии  мухосиби сурат мегирад.

  1. Хуччатхои аввалияи бахисобгири ба шарте кабул карда мешаванд, ки онхо аз руи шакли тасдиккардаи макоми ваколатдори давлати тартиб дода шуда, маълумоти хатмии зеринро дар бар гирифта бошанд:

– номгуи хуччат;

– раками хуччат;

– санаи тартиб додани хуччат;

– номи  ташкилот, ки аз номи он хуччат тартиб дода шудааст;

– мундаричаи амалиёти хочагидори ё руйдод;

– вохиди ченаки амалиёти хочагидори ё руйдод;

– чекхои мошинахои хазинави- назоратии дорои хотираи фискали;

– насаб, ном ва номи падар, мансаби шахсоне, ки барои анчом додани амалиёти хочагидори ва дурустии барасмиятдарории онхо масъул мебошанд ва имзои шахсии онхо;

– раками мушаххаси андозсупоранда.

  1. Руйхати шахсонеро, ки хукуки имзо кардани хуччати аввалияи бахисобгириро доранд, рохбари аввали ташкилот дар мувофика бо  сармухосиб  тасдик мекунад.
  2. Хуччатхое, ки дар онхо амалиёти хочагидори бо маблаг ба расмият дароварда мешавад, аз тарафи рохбари аввали ташкилот, сармухосиб ё  шахси ваколатдори  онхо имзо карда мешаванд.
  3. Хуччатхои аввалияи бахисобгири аз лахзаи анчом ёфтани амалиёти хочагидори тартиб дода мешаванд.
  4. Шахсоне, ки хуччатхои аввалияи бахисобгириро тартиб дода, имзо кардаанд, онхоро сари вакт ва хушсифат ба расмият медароранд ва барои  инъикос намудан дар хуччатхои бахисобгирии мухосиби дар мухлати мукарраршуда супорида, дурустии маълумоти дар онхо дарчёфтаро таъмин менамоянд.
  5. Даровардани ислох дар хуччатхои хазинави ва бонки манъ аст. Дар дигар хуччатхои аввалияи бахисобгири танхо дар мувофика бо иштирокчиёни амалиёти хочагидори ислох дароварда мешавад ва ин ислохи даровардашуда бо имзои  шахсоне, ки ин хуччатхоро имзо кардаанд, бо нишон додани санаи даровардани ислох тасдик карда мешавад.
  6. Барои амали намудани назорат ва батартибдарории маълумот оид ба амалиёти хочагидори дар асоси хуччатхои аввалияи бахисобгири хуччатхои чамъбастии бахисобгири тартиб дода мешаванд.
  7. Хуччатхои аввалия ва чамъбастии бахсобгирии мухосиби дар хомилхои когази ва электрони тартиб дода мешаванд.
  8. Хуччатхои аввалияи мухосиби дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон мусодира карда мешаванд.
  9. Сармухосиб ё шахси мансабдори дигари ташкилот хукук доранд дар хузури шахсоне, ки ин хуччатхоро мусодира мекунанд, аз хуччатхо нусха бардоранд.

Моддаи 13. Ташкилоти касбии мухосибон

  1. Ташкилоти касбии мухосибон тибки оиннома, шартхо ва коидахои сертификатсия ва аккредитатсия амал намуда, бахисобгирии мухосибиро пеш мебарад.
  2. Сохтор ва макоми идоракунии ташкилоти мухосибони касбиро оинномаи он мутобики коидахои аккредитатсия муайян  менамояд.
  3. Ташкилоти касбии мухосибон хукук дорад:

– дар тахияи санадхои меъёрии хукуки оид ба масъалахои  бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви иштирок намояд;

– тачрибаи пешкадамро дар сохаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви чамъбасту тахлил кунад ва такмил дихад.

4.Ташкилоти касбии мухосибон ухдадор аст:

– коидахои аккредитатсияро риоя намояд;

– ба макоми ваколатдори давлати хисоботро оид ба фаъолияти худ бо тартиби мукарраршуда пешниход намояд.

5.Талабот нисбат ба ташкилоти касбии мухосибон инхоянд:

– ба хайати ташкилоти касбии мухосибон бояд мутахассисоне кабул карда шаванд, ки дар сохаи бахисобгирии мухосиби ё аудит акаллан ду сол тачрибаи кори дошта бошанд;

– риояи Кодекси одоби мухосиби касби ва тачрибаи байналмилали барои хамаи аъзои ташкилоти касбии мухосибон хатмb мебошад;

– низоми тахаcсусии аъзои ташкилот ба коида ва шартхои сертификатсия хатман мутобик бошад.

Моддаи 14. Фехристи бахисобгирии мухосиби

  1. Фехристи бахисобгирии мухосиби бо максади сари вакт танзим намудан ва андухтани иттилооти дар хуччатхои аввалияи бахисобгири кабулгашта барои инъикос кардан дар хисобхои бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви пешбини шудааст.
  2. Фехристи бахисобгирии мухосиби дар шакли китоби махсус дар варакахои алохида ва дигар хомилхои электрони сабт мешавад.
  3. Амалиёти хочагидори дар фехристи бахисобгирии мухосиби муттасил ва мутобики хисобхои дахлдори бахисобгирии мухосиби гурухбанди карда мешаванд.
  4. Инъикоси дурусти амалиёти хочагидориро дар фехристи бахисобгирии мухосиби шахсоне, ки онро тартиб дода, имзо кардаанд, таъмин менамоянд.
  5. Зимни нигохдории фехристи бахисобгирии мухосиби он аз гайриконуни ислох даровардан хифз карда мешавад. Ислохи хатохо дар фехристи бахисобгирии мухосиби асоснок карда, бо имзои шахсе, ки ин ислохро даровардааст, бо нишон додани санаи даровардани ислох тасдик карда мешавад.
  6. Мундаричаи фехристи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи мухосибии дохили сирри тичорати хисобида мешавад.
  7. Шахсоне, ки барои гирифтани иттилоот аз фехристи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи мухосибии дохили ичозат доранд, вазифадоранд, ки сирри тичоратии онро нигох доранд.

Моддаи 15.  Бахисобгирии  молу мулк, дороихо ва ухдадорихо

  1. Молу мулк, дороихо  ва ухдадорихо барои инъикос намудани онхо дар хисобхои бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви аз тарафи ташкилот ба китоби ворида сабт карда мешаванд.
  2. Молу мулк ва дороихои воридшуда ба китоби ворида бо тартиби зерин сабт карда мешаванд:

– молу мулки харидашуда – бо рохи чамъ кардани харочоти вокеи;

– молу мулки ба тарзи ройгон гирифташуда – бо арзиши бозори дар рузи ба китоби ворида сабт шудани он;

– молу мулки дар худи ташкилот истехсолшуда – бо арзиши аслии он.

3.Истехлоки воситахои асоси ва дороихои гайримодди новобаста ба натичахои фаъолияти хочаги дар давраи хисоботи ба хисоб гирифта мешаванд.

  1. Тартиби дигари даромад намудани молу мулк, аз чумла бо рохи захиракунони, дар холатхое ичозат дода мешавад, ки санадхои меъёрии макоми ваколатдори давлати пешбини карда бошанд.
  2. Бахисобгирии мухосибии хисобхои асъории ташкилотхо ва амалиёт бо асъори хоричи ва милли дар асоси хисоби асъори хоричи бо курби мубодилавии Бонки миллии Точикистон дар рузи гузаронидани амалиёт амали мегардад.

Моддаи 16. Баруйхатгирии молу мулк, дороихо ва ухдадорихо

  1. Барои таъмини боэътимоди маълумоти бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви ташкилотхо ухдадоранд, ки молу мулк, дороихо ва ухдадорихояшонро ба руйхат гиранд. Дар асоси он мавчудияти ин молу мулк, холат ва нархгузории онхо санчида, бо хуччатхо тасдик карда мешаванд
  2. Тартиб ва мухлати баруйхатгирии молу мулк, дороихо ва ухдадорихоро рохбари ташкилот муайян мекунад, ба истиснои холатхое, ки  баруйхатгири хатми мебошад.
  3. Дар холатхои зерин баруйхатгири хатми мебошад:

– хангоми супурдани молу мулк ба ичора ва хариду фуруш;

– пеш аз тартиб додани хисоботи солонаи мухосиби;

– хангоми  дигар шудани шахсони масъули модди;

– хангоми ошкор гардидани холати дузди, суиистифода ва ё хароб кардани молу мулк;

– хангоми офатхои табии, сухтор ва ё холатхои дигари фавкулодда;

– хангоми азнавташкилдихи, чудо кардан ё бархамдихии ташкилот;

– дар холатхои дигари пешбининамудаи конунгузори.

  1. Хангоми баруйхатгири фарки муайяншудаи байни мавчудияти вокеии молу мулк, дороихо ва нишондихандахои бахисобгирии мухосиби дар хисобхои бахисобгирии мухосиби аз руи тартиби зерин инъикос карда мешавад:

– молу мулк ва дороихои зиёдати дар китоби ворида навишта шуда, маблаги дахлдор ба натичахои молиявии ташкилот гузаронида мешаванд;

– камомади молу мулк ва дороихо, вайроншавии он дар худуди меъёри камшавии табии аз хисоби истехсолот ё муомилот ва дар сурати зиёда аз меъёр будан аз  хисоби шахси гунахкор чуброн карда мешавад. Агар шахсони гунахкор муайян нашуда бошанд ё ки суд руёнидани товони зиёнро аз хисоби онхо рад намояд, пас камомади молу мулк, дороихо ва молу мулки вайроншуда аз натичаи молиявии ташкилот аз хисоб бароварда  мешавад.

  1. Хангоми ошкор гардидани дузди, камомад, касдан нобуд ё хароб намудани арзишхои модди, товони зиён аз хисоби шахси гунахкор  ситонида  мешавад.

Моддаи 17. Таркиби хисоботи  мухосиби

  1. Таркиби хисоботи мухосиби оид ба баходихии холати молияви аз молу мулк, дороихо, ухдадорихо ва сармоя иборат мебошад.
  2. Хамаи ташкилотхо вазифадоранд, ки дар асоси маълумотхои хисоби таркиби ва хисоби тахлили хисоботи мухосибиро тартиб диханд.
  3. Таркиб ва хачми хисоботи мухосибиро барои ташкилотхо макоми ваколатдори давлати мукаррар менамояд.
  4. Ба ташкилотхои нашрия дар матбаахо зиёд кардан, тайёр намудан  ва ба фуруш баровардани варакахо ва шаклхои хисоботи мухосиби ва  молияви бе ичозати хаттии макоми ваколатдори давлати манъ аст

Моддаи 18. Соли хисоботи

  1. Барои хамаи ташкилотхо соли хисоботи барои хисоботи молияви аз 1 январ то  31 декабр шуморида мешавад.
  2. Барои ташкилотхои азнавташкилшуда соли аввали хисоботи давраи аз рузи бакайдгирии давлати то 31 декабр шуморида мешавад.
  3. Хисоботи хармоха ва семоха фосилави буда, бо чамъбасти афзоиши аз аввали соли хисоботи тартиб дода мешавад.

Моддаи 19. Тартиб ва мухлати пешниход кардани хисоботи  мухосиби

  1. Хамаи ташкилотхо (ба истиснои ташкилотхои бучети) хисоботи солонаи мухосибиро мутобики хуччатхои таъсиси ба муассисон ё сохибони молу мулк пешниход менамоянд.
  2. Вазорату идорахо хисоботи чамъбастии мухосибии семоха ва солонаро ба макоми ваколатдори давлати дар мухлатхои мукарраркарда месупоранд.
  3. Макомоти дигари хокимияти давлати, бонкхо ва дигар истифодабарандагон хисоботи мухосибро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд.
  4. Ташкилотхои бучети хисоботи хармоха, семоха ва солонаи мухосибиро ба макоми болои дар мухлатхои мукарраркардаи онхо месупоранд.

Моддаи 20. Нигохдории хуччатхои бахисобгирии мухосиби

  1. Ташкилотхо вазифадоранд, ки хуччатхои аввалияи бахисобгирии мухосиби, хисоботи молияви ва фехристи бахисобгирии мухосибиро дар хомилхои когази ва ё электрони дар мухлатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нигох доранд.
  2. Барои ташкили нигахдории бахисобгири, фехристи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви рохбар ва сармухосиби ташкилот масъул мебошанд.

Моддаи 21. Сирри  мухосиби

  1. Маълумоти хуччатхои аввалия ва фехристи бахисобгирии мухосиби сирри тичорати ба хисоб рафта, онро танхо шахсоне, ки ичозати рохбари аввали ташкилотро доранд ва шахсони мансабдори макомоти давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дастрас карда метавонанд.
  2. Шахсоне, ки ба сирри тичорати дастраси доранд, барои ошкор сохтани он  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошанд.

БОБИ 3.

ХИСОБОТИ МОЛИЯВИ

Моддаи 22. Хисоботи молияви

  1. Хисоботи молияви маълумотро дар бораи холати молияви, натичаи фаъолият ва тагйироти вазъи молиявии ташкилотхо, ки мутобики стандартхои байналмилали ва ё милли тайёр карда шудаанд, дар бар мегирад. Ташкилотхо ухдадоранд, ки барои хар як давраи хисоботи хисоботи солонаи молияви ва фосилавиро мутобик ба стандартхои  байналмилали ё милли тартиб диханд.
  2. Коидахои тартиб додани хисоботи молияви ва талаботи иловаги ба он тибки стандартхои байналмилали ё милли ва талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви мукаррар карда мешаванд.
  3. Хачм, шакл ва тартиби тайёр намудани хисоботи молиявии субъектхои дорои манфиати умум, ба истиснои  ташкилотхое, ки дар кисми 4 моддаи мазкур пешбини гардидаанд, тибки стандартхои байналмилали ва Конуни мазкур муайян карда мешаванд.
  4. Хачм, шакл ва тартиби тайёр намудани хисоботи молиявии бонкхо, ташкилотхои карзи ва молиявии хурдро Бонки миллии Точикистон муайян менамояд.
  5. Хисоботи молиявиро рохбари аввали ташкилот  ва сармухосиб имзо мекунанд.

Моддаи 23. Пешниходи хисоботи молияви

  1. Хисоботи молияви бо пули  миллии Чумхурии Точикистон тартиб дода  мешавад.
  2. Ташкилот хисоботи молиявиро ба муассис тибки хуччатхои таъсиси ва макоми ваколатдори давлатии сохаи омор дар чои кайди давлати пешниход менамояд.
  3. Чамъиятхои сахоми ва дигар ташкилотхое, ки хисоботи молиявиро тибки стандартхои байналмилали тартиб медиханд, вазифадоранд хисоботи молиявии солонаро бо хулосаи аудитори бо тартиб ва дар мухлати  мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати ба махфуздоранда  пешниход намоянд.
  4. Ташкилотхо хисоботи молиявиро то 30 апрели соли баъд аз соли хисоботи пешниход менамоянд.

Моддаи 24. Нашри хисоботи молияви

Чамъиятхои сахоми, бонкхо ва дигар ташкилотхои карздихи, сугуртави, биржахо, Агентии давлатии сугуртаи ичтимои ва нафака, фондхои сармоягузори ва дигар фондхое, ки аз хисоби маблагхои шахси, чамъияти ва давлати ташкил шудаанд, вазифадоранд хисоботи солонаи молиявиро дар мухлати на дертар аз 1 июни соли баъд аз соли хисоботи аз хисоби худашон дар воситахои ахбори омма  нашр намоянд.

БОБИ  4.

ТАНЗИМ  ВА НАЗОРАТИ НИЗОМИ БАХИСОБГИРИИ МУХОСИБИ ВА ХИСОБОТИ МОЛИЯВИ

Моддаи 25. Танзими  бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви

  1. Бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви аз тарафи макоми ваколатдори давлати ба танзим дароварда мешавад.
  2. Танзими давлатии низоми бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молиявии бонкхо, ташкилотхои карздихи ва молиявии хурд аз тарафи Бонки миллии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 26. Назорат дар сохаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви

  1. Назорат дар сохаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви дар шакли санчиш гузаронида мешавад.
  2. Санчиш дар сохаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви тибки Конуни мазкур ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон»  гузаронида мешавад.

 БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 Моддаи 27. Чавобгари барои  риоя  накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор сокит намудани Конуни Чумхурии Точикистон    «Дар бораи бахисобгирии  мухосиби»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи бахисобгирии  мухосиби» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1999, №5, мод. 63; с. 2006, №11, мод. 473) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал  карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                     Эмомали  Рањмон

ш. Душанбе, 25 марти соли 2011,

№ 702

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …