Главная / Илм / Китоби баҳисобгирии муҳосибӢ ва ҳисоботи молиявӣ

Китоби баҳисобгирии муҳосибӢ ва ҳисоботи молиявӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи баҳисобгирии муҳосибЇ ва ҳисоботи молиявЇ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

с. 2011, №3, мод.169; с.2014, №3, мод.149)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, муносибатҳои ин соҳаро танзим менамояд.

БОБИ 1. 

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, пешбурди баҳисобгирии молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва тартиб додани иттилооти муқоисавӣ ва саҳеҳ вобаста ба амалиёти хоҷагидорие мебошад, ки мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо (минбаъд – ташкилотҳо) барои истифодабарандагон пешниҳод менамоянд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии Қонуни мазкур

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

баҳисобгирии муҳосибӣ – низоми ягонаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармояи ташкилот, ки аз рӯи шаклҳои муқарраршуда тартиб дода шудаанд;

ҳисоби таркибӣ – баҳисобгирии маълумоти ҷамъбастии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бораи намудҳои молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидорӣ аз рӯи нишонаҳои муайяни иқтисодӣ, ки дар ҳисоби таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ нишон дода мешаванд;

ҳисоби таҳлилӣ – баҳисобгирие, ки дар ҳисобҳои таҳлилии  баҳисобгирии муҳосибӣ бо гурӯҳбандии маълумоти муфассал оид ба молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва муомилоти дохилихоҷагии ҳар кадом  ҳисоби таркибӣ дарҷ гардидаанд;

нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ – номгӯи ба низом даровардашудаи ҳисобҳои таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ;

ташкилоти муҳосибӣ – шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ пешниҳод намуда, аъзои ташкилоти касбии муҳосибон мебошад ва дар басти вазифаҳои худ на камтар аз ду муҳосиби касбӣ дорад;

муҳосиби касбӣ – шахси воқеие, ки ихтисос ва сертификати муҳосиби касбӣ дорад;

сирри муҳосибӣ – иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки дар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва феҳристи бақайдгирии муҳосибӣ дарҷ гардидааст;

ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ – ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, сиёсати баҳисобгирӣ, нақшаи ҳисобҳо, ҳисоботи молиявӣ, шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари марбути баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявии ташкилотҳо;

ташкилоти касбии муҳосибон – ташкилоти ғайритиҷоратии аккредитатсияшудаи иттиҳодияи муҳосибон ва (ё) аудиторон, ташкилоти муҳосибӣ ё аудиторӣ;

аккредитатсия – ҳуқуқи эътирофшудаи ташкилоти касбии муҳосибон, ки дар шакли муқаррарнамудаи  мақоми ваколатдори давлатӣ шаҳодатнома дорад;

субъектҳои дорои манфиати умум – ташкилотҳои аҳамияти калони  ҷамъиятидошта, ки меъёрҳои муайян намудани аҳамияти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

ҳисоботи молиявӣ – маҷмӯи маълумоте, ки ҳолат ва натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳоро дар асоси нишондодҳои баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ дар бар мегирад;

феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ – тартиби ҷамъоварӣ, ҷамъбасткунӣ ва мураттабсозии иттилооте, ки дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии аввалия ва мавҷуда барои инъикос кардан дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ қабул гардидаанд;

ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ – ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи  амалиёт ё рӯйдодҳои ба анҷомрасида ё ҳуқуқи ба анҷом расонидани он дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ, ки дар асоси онҳо баҳисобгирии муҳосибӣ сурат мегирад;

сертификати муҳосиби касбӣ (минбаъд – сертификат) – ҳуҷҷате, ки дараҷаи тахассуси касбии муҳосибро тасдиқ мекунад;

амалиёти хоҷагидорӣ – муомила, рӯйдод, шарт ва амалиёте, ки ба ҳолати молиявии ташкилот, натиҷаи фаъолияти молиявии он ё муомилоти маблағ таъсир расонида метавонад;

сиёсати баҳисобгирӣ – принсипҳои дақиқе, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти ташкилот, маҷмӯи қоидаҳо, усулҳо ва тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва ё миллӣ муайян менамояд;

стандартҳои байналмилалӣ – стандартҳо ва тафсирҳое, ки Фонди стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба нашр расонида, мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода тасдиқ намудааст;

стандартҳои миллӣ – ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намудааст;

маҳфуздоранда – манбаи электронии маълумоти ҳисоботи молиявӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ, ки барои истифодабарандагон дастрас мебошад;

дороиҳо – захираҳое, ки дар натиҷаи амалиёти пешин таҳти назорати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дошта, гирифтани нафъи иқтисодӣ аз онҳо дар назар аст;

ӯҳдадориҳои муҳосибӣ – ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз амалиёти пешин ба вуҷуд омада, дар натиҷаи танзими он захираи дороиҳои нафъи иқтисодӣ хориҷ мешаванд;

сармоя – ҳиссаи дороиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки пас аз тарҳ кардани маблағи ҳамаи ӯҳдадориҳо боқӣ мондааст;

даромад – афзоиши манфиати иқтисодии давраи ҳисоботӣ дар шакли воридшавӣ ё зиёдшавии дороиҳо ё худ камшавии ӯҳдадориҳо, ки сармояи саҳомии бо ҳиссагузориҳои соҳибмулкон вобастаро афзун мегардонад;

хароҷот – камшавии манфиати иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ дар шакли хориҷшавӣ ё камшавии дороиҳо ё худ зиёдшавии ӯҳдадориҳо, ки ба камшавии сармояи саҳомии бо ҳиссагузориҳои соҳибмулкон новобаста оварда мерасонад;

мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми марказии ҳокимияти иҷроия, ки фаъолияти соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро ба танзим медарорад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии  муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои  ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Доираи амали  Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур нисбати ҳамаи ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин нисбати ташкилотҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд татбиқ мегардад, агар  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
  2. Соҳибкорони инфиродӣ, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, пешбурди ҳисоби даромад ва хароҷотро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 2.

ВАЗИФАҲО ВА НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

Моддаи 5. Вазифаҳои  баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ  таъмин намудани шахсони манфиатдор бо иттилооти пурра ва дақиқ оид ба ҳолати молиявӣ, натиҷаи фаъолият ва тағйироти вазъи молиявии ташкилотҳо  мебошад.

Моддаи 6. Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ

  1. Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ низоми батанзимдарорӣ, бақайдгирӣ ва ҷамъбасти иттилоот оид ба амалиёт ва рӯйдодҳои  ташкилотҳо мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
  2. Амалиёт ва рӯйдодҳои дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ инъикосёфта, дар асоси талаботи зерин амалӣ карда мешаванд:

– навиштаҷоти комилан мувофиқи муҳосибӣ бо ҳуҷҷатҳои аслии аввалия ва инъикоси ҳамаи амалиёту рӯйдодҳо дар навиштаҷоти муҳосибӣ;

– бақайдгирии муттасил  ва саривақтии амалиёту рӯйдодҳо;

– мутобиқсозии ҳисоби таркибӣ бо ҳисоби таҳлилӣ ба санаи якуми ҳар моҳ.

  1. Амалиёт ва рӯйдодҳо дар ҳисобҳои таркибӣ бо усули сабти дутарафа дар асоси нақшаи  ҳисоби баҳисобгирии муҳосибии ташкилотҳо мутобиқ ба талаботе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, инъикос карда мешаванд.

Моддаи 7. Принсипҳо ва тавсифи сифатҳои асосии  баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи  молиявӣ

  1. Принсипҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ муттасил  ҳисоб кардан ва ба ҳисоб гирифтан  мебошад.
  2. Асоси тавсифи сифатии ҳисоботи молиявӣ возеҳ, бамаврид, боэътимод ва  муқоисашаванда будан аст.

Моддаи 8. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар  соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи  молиявӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:

– сиёсати давлатиро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи  молиявӣ татбиқ менамояд, роҳбарии умумии методологиро ба зимма дорад ва аккредитатсияи ташкилотҳои касбии муҳосибонро мегузаронад;

– Шӯрои машваратиро ҳамчун мақоми экспертӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ таъсис дода, дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон Низомнома ва ҳайати шахсии онро тасдиқ менамояд;

– дар асоси барномаҳои байналмилалӣ ба номзадҳо сертификати муҳосиби касбӣ ва ба ташкилотҳо бошад, сертификати барномаи электронии баҳисобгирии муҳосибиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Тартиби додани сертификат ва шартҳои сертификатсияи муҳосибони касбӣ, барномаи электронии  баҳисобгирии муҳосибӣ, инчунин мӯҳлати эътибор пайдо кардан ва беэътибор донистани онҳоро муайян менамояд;

– ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои танзими баҳисобгирии  муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳатмӣ мебошад;

– ба ҳамаи шахсони манфиатдор, аз ҷумла ба аҳолӣ маълумотеро, ки дар маҳфузгоҳ мавҷуд аст, пешниҳод  менамояд;

– салоҳиятҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.

Моддаи 9. Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва  ҳисоботи молиявӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷрои амалиёти хоҷагидорӣ масъул мебошанд.
  2. Роҳбарони ташкилотҳо вобаста ба ҳаҷми кори баҳисобгирӣ вазифадоранд:
    – хизматрасонии муҳосибиро ҳамчун сохтори таркибӣ, ки ба он сармуҳосиб (муҳосиб) роҳбарӣ мекунад, таъсис диҳанд;

– дар басти вазифаҳо вазифаи  муҳосибро ҷорӣ намоянд;

– дар асоси шартнома баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро  ба муҳосиботи марказӣ, ташкилоти муҳосибӣ ё ба муҳосиби касбӣ супоранд;

– баҳисобгирии муҳосибиро ҳангоми зарурат шахсан ба зимма гиранд.

  1. Сиёсати баҳисобгирӣ принсипҳои мушаххас, низомнома, қоидаҳо ва таҷрибаи андӯхтаи ташкилотҳоро ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  стандартҳои байналмилалӣ, миллӣ ва нақшаҳои ҳисоби баҳисобгирии муҳосибӣ вобаста ба талабот ва хусусиятҳои фаъолияташон дар бар  мегирад.
  2. Сиёсати баҳисобгирии ташкилот бо қарори роҳбари аввали ташкилот ё шахси масъули ҳолати баҳисобгирии муҳосибӣ тасдиқ карда мешавад.
  3. Ҳамзамон инҳо тасдиқ карда мешаванд:

– нақшаи кории ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ;

– шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ барои барасмиятдарории амалиёти хоҷагидорӣ ва  ҳисоботи дохилии муҳосибӣ;

– тартиби гузаронидани барӯйхатгирӣ ва усулҳои нархгузории молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;

– тартиби гардиши ҳуҷҷатҳо ва коркарди иттилооти баҳисобгирӣ;

– тартиби назорати амалиёти хоҷагидорӣ ва инчунин дигар қарорҳои барои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ зарур.

  1. Сиёсати  баҳисобгирӣ дар  ташкилот ба таври мунтазам ҳар сол  татбиқ карда мешавад. Сиёсати баҳисобгирӣ метавонад дар ҳолатҳои тағйир ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии мақомоте, ки баҳисобгирии муҳосибиро ба танзим медароранд, аз ҷониби ташкилот таҳия гардидани тартиби нави баҳисобгирии муҳосибӣ ё дар ҳолати куллан тағйир ёфтани шароити фаъолияти онҳо тағйир ёбад.

Моддаи 10. Талаботи асосӣ ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб  додани ҳисоботи

                        молиявӣ

 

  1. Баҳисобгирии муҳосибии молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидории ташкилотҳо бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳое, ки моликияти ташкилот ба ҳисоб мераванд, аз молу мулки шахсони дигари ҳуқуқии ҳайати ин ташкилот алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  3. Баҳисобгирии муҳосибиро ташкилот ба таври доимӣ аз лаҳзаи ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуданаш амалӣ менамояд.
  4. Ташкилот баҳисобгирии муҳосибии молу мулк, дороиҳо,  ӯҳдадориҳо ва амалиёти хоҷагидориро бо усули сабти дутарафаи ба ҳам алоқаманди ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ амалӣ менамояд.
  5. Маълумоти баҳисобгирии таҳлилӣ ба муомилот ва бақияи ҳисобҳои баҳисобгирии таркибӣ мувофиқат менамояд.
  6. Тамоми амалиёти хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои барӯйхатгирӣ бе истисно дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ саривақт ва пурра ба қайд гирифта мешаванд.
  7. Субъектҳои дорои манфиати умум вазифадоранд, ки баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва Қонуни мазкур амалӣ намоянд.
  8. Роҳбарони субъектҳои дорои манфиати умум вазифадоранд, ки хизматрасонии доимоамалкунандаи аудити дохилиро таъсис диҳанд.
  9. Ташкилотҳо, ба истиснои субъектҳои дорои манфиати умум, вазифадоранд, ки баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро мутобиқи стандартҳои миллӣ амалӣ намоянд.
  10. Барои ташкилотҳои хурде, ки низоми андозбандии соддакардашударо истифода мебаранд, усули соддакардашудаи ҳисобот ва  баҳисобгирии муҳосибӣ муқаррар карда мешавад.

Моддаи 11.  Роҳбари  хизматрасонии муҳосибӣ

1.Роҳбари хизматрасонии муҳосибӣ (минбаъд–cармуҳосиб) cармуҳосиби ташкилот ва ё дигар шахси мансабдоре  мебошад, ки ӯ бевосита ба роҳбари ташкилот итоат намуда, барои ташкили баҳисобгирии  муҳосибӣ, сари вақт ва пурра пешниҳод кардани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошад.

  1. Ба вазифаи сармуҳосиби дастгоҳи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, молиявӣ ва саҳомие, ки аз нисф зиёди сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мебошад, шахсоне таъин карда мешаванд, ки:

– таҳсилоти олии иқтисодӣ дошта бошанд;

– собиқаи кории касбиашон аз 5 сол кам набошад

  1. Ба вазифаи сармуҳосиби субъектҳои дорои манфиати умум шахсоне таъин карда мешаванд, ки сертификати муҳосиби касбӣ дошта бошанд.
  2. Сармуҳосиби бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии хурд бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд.
  3. Сармуҳосиб мутобиқати амалиёти хоҷагидориро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назоратро ба муомилоти молу мулк, дороиҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳо таъмин менамояд.
  4. Талаби сармуҳосиб дар бораи ба расмият даровардани амалиёти хоҷагидорӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва маълумоти муҳосиботӣ барои ҳамаи кормандони ташкилот ҳатмӣ мебошад.
  5. Ҳуҷҷатҳои пулӣ ва ҳисобу китоб, ӯҳдадориҳои молиявӣ ва қарзӣ бе имзои сармуҳосиб эътибор надоранд ва барои иҷро қабул карда намешаванд.
  6. Шахси масъули моддии ташкилот бо мувофиқаи сармуҳосиб ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, аз як ҷой ба ҷойи дигар гузаронида мешавад.
  7. Дар сурати вуҷуд доштани ихтилофи ақидаҳо миёни роҳбари ташкилот ва сармуҳосиб дар мавриди иҷрои баъзе амалиёти хоҷагидорӣ ҳуҷҷатҳо танҳо дар сурати супориши хаттии роҳбари аввали ташкилот, ки ӯ барои оқибати иҷрои чунин амалиёт пурра масъул аст, барои иҷро қабул карда мешаванд.
  8. Ҳангоми аз вазифа озод кардани сармуҳосиб ҳуҷҷатҳо ба сармуҳосиби  навтаъингашта (дар сурати набудани ӯ – ба корманди бо қарори дахлдор таъиншуда) супурда, дар раванди он ҳолати баҳисобгирии  муҳосибӣ, боэътимодии маълумоти ҳисоботӣ аз ҷониби комиссияи таъсисгардида санҷида, санади дахлдор тартиб дода мешавад, ки онро роҳбари аввали ташкилот тасдиқ мекунад.
  9. Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти сармуҳосиб тибқи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешаванд. (ЌЉТ аз 14.03.14 с., №1074)

Моддаи 12. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ

1.Тамоми амалиёти хоҷагидорӣ, ки ташкилот онро анҷом медиҳад, бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда шаванд. Ин ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ буда, дар асоси онҳо баҳисобгирии  муҳосибӣ сурат мегирад.

  1. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ ба шарте қабул карда мешаванд, ки онҳо аз рӯи шакли тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, маълумоти ҳатмии зеринро дар бар гирифта бошанд:

– номгӯи ҳуҷҷат;

– рақами ҳуҷҷат;

– санаи тартиб додани ҳуҷҷат;

– номи  ташкилот, ки аз номи он ҳуҷҷат тартиб дода шудааст;

– мундариҷаи амалиёти хоҷагидорӣ ё рӯйдод;

– воҳиди ченаки амалиёти хоҷагидорӣ ё рӯйдод;

– чекҳои мошинаҳои хазинавӣ- назоратии дорои хотираи фискалӣ;

– насаб, ном ва номи падар, мансаби шахсоне, ки барои анҷом додани амалиёти хоҷагидорӣ ва дурустии барасмиятдарории онҳо масъул мебошанд ва имзои шахсии онҳо;

– рақами мушаххаси андозсупоранда.

  1. Рӯйхати шахсонеро, ки ҳуқуқи имзо кардани ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгириро доранд, роҳбари аввали ташкилот дар мувофиқа бо  сармуҳосиб  тасдиқ мекунад.
  2. Ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо амалиёти хоҷагидорӣ бо маблағ ба расмият дароварда мешавад, аз тарафи роҳбари аввали ташкилот, сармуҳосиб ё  шахси ваколатдори  онҳо имзо карда мешаванд.
  3. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ аз лаҳзаи анҷом ёфтани амалиёти хоҷагидорӣ тартиб дода мешаванд.
  4. Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгириро тартиб дода, имзо кардаанд, онҳоро сари вақт ва хушсифат ба расмият медароранд ва барои  инъикос намудан дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар мӯҳлати муқарраршуда супорида, дурустии маълумоти дар онҳо дарҷёфтаро таъмин менамоянд.
  5. Даровардани ислоҳ дар ҳуҷҷатҳои хазинавӣ ва бонкӣ манъ аст. Дар дигар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ танҳо дар мувофиқа бо иштирокчиёни амалиёти хоҷагидорӣ ислоҳ дароварда мешавад ва ин ислоҳи даровардашуда бо имзои  шахсоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро имзо кардаанд, бо нишон додани санаи даровардани ислоҳ тасдиқ карда мешавад.
  6. Барои амалӣ намудани назорат ва батартибдарории маълумот оид ба амалиёти хоҷагидорӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии баҳисобгирӣ тартиб дода мешаванд.
  7. Ҳуҷҷатҳои аввалия ва ҷамъбастии баҳсобгирии муҳосибӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ тартиб дода мешаванд.
  8. Ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.
  9. Сармуҳосиб ё шахси мансабдори дигари ташкилот ҳуқуқ доранд дар ҳузури шахсоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро мусодира мекунанд, аз ҳуҷҷатҳо нусха бардоранд.

Моддаи 13. Ташкилоти касбии муҳосибон

  1. Ташкилоти касбии муҳосибон тибқи оиннома, шартҳо ва қоидаҳои сертификатсия ва аккредитатсия амал намуда, баҳисобгирии муҳосибиро пеш мебарад.
  2. Сохтор ва мақоми идоракунии ташкилоти муҳосибони касбиро оинномаи он мутобиқи қоидаҳои аккредитатсия муайян  менамояд.
  3. Ташкилоти касбии муҳосибон ҳуқуқ дорад:

– дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои  баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ иштирок намояд;

– таҷрибаи пешқадамро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ҷамъбасту таҳлил кунад ва такмил диҳад.

4.Ташкилоти касбии муҳосибон ӯҳдадор аст:

– қоидаҳои аккредитатсияро риоя намояд;

– ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботро оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намояд.

5.Талабот нисбат ба ташкилоти касбии муҳосибон инҳоянд:

– ба ҳайати ташкилоти касбии муҳосибон бояд мутахассисоне қабул карда шаванд, ки дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ё аудит ақаллан ду сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд;

– риояи Кодекси одоби муҳосиби касбӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ барои ҳамаи аъзои ташкилоти касбии муҳосибон ҳатмb мебошад;

– низоми тахаcсусии аъзои ташкилот ба қоида ва шартҳои сертификатсия ҳатман мутобиқ бошад.

Моддаи 14. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ

  1. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ бо мақсади сари вақт танзим намудан ва андӯхтани иттилооти дар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ қабулгашта барои инъикос кардан дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ пешбинӣ шудааст.
  2. Феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ дар шакли китоби махсус дар варақаҳои алоҳида ва дигар ҳомилҳои электронӣ сабт мешавад.
  3. Амалиёти хоҷагидорӣ дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ муттасил ва мутобиқи ҳисобҳои дахлдори баҳисобгирии муҳосибӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
  4. Инъикоси дурусти амалиёти хоҷагидориро дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ шахсоне, ки онро тартиб дода, имзо кардаанд, таъмин менамоянд.
  5. Зимни нигохдории феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ он аз ғайриқонунӣ ислоҳ даровардан ҳифз карда мешавад. Ислоҳи хатоҳо дар феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ асоснок карда, бо имзои шахсе, ки ин ислоҳро даровардааст, бо нишон додани санаи даровардани ислоҳ тасдиқ карда мешавад.
  6. Мундариҷаи феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии дохилӣ сирри тиҷоратӣ ҳисобида мешавад.
  7. Шахсоне, ки барои гирифтани иттилоот аз феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии дохилӣ иҷозат доранд, вазифадоранд, ки сирри тиҷоратии онро нигоҳ доранд.

Моддаи 15.  Баҳисобгирии  молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо

  1. Молу мулк, дороиҳо  ва ӯҳдадориҳо барои инъикос намудани онҳо дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз тарафи ташкилот ба китоби ворида сабт карда мешаванд.
  2. Молу мулк ва дороиҳои воридшуда ба китоби ворида бо тартиби зерин сабт карда мешаванд:

– молу мулки харидашуда – бо роҳи ҷамъ кардани хароҷоти воқеӣ;

– молу мулки ба тарзи ройгон гирифташуда – бо арзиши бозорӣ дар рӯзи ба китоби ворида сабт шудани он;

– молу мулки дар худи ташкилот истеҳсолшуда – бо арзиши аслии он.

3.Истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ новобаста ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

  1. Тартиби дигари даромад намудани молу мулк, аз ҷумла бо роҳи захиракунонӣ, дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки санадҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ карда бошанд.
  2. Баҳисобгирии муҳосибии ҳисобҳои асъории ташкилотҳо ва амалиёт бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар асоси ҳисоби асъори хориҷӣ бо қурби мубодилавии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи гузаронидани амалиёт амалӣ мегардад.

Моддаи 16. Барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳо

  1. Барои таъмини боэътимоди маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳояшонро ба рӯйхат гиранд. Дар асоси он мавҷудияти ин молу мулк, ҳолат ва нархгузории онҳо санҷида, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда мешаванд
  2. Тартиб ва мӯҳлати барӯйхатгирии молу мулк, дороиҳо ва ӯҳдадориҳоро роҳбари ташкилот муайян мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки  барӯйхатгирӣ ҳатмӣ мебошад.
  3. Дар ҳолатҳои зерин барӯйхатгирӣ ҳатмӣ мебошад:

– ҳангоми супурдани молу мулк ба иҷора ва хариду фурӯш;

– пеш аз тартиб додани ҳисоботи солонаи муҳосибӣ;

– ҳангоми  дигар шудани шахсони масъули моддӣ;

– ҳангоми ошкор гардидани ҳолати дуздӣ, суиистифода ва ё хароб кардани молу мулк;

– ҳангоми офатҳои табиӣ, сӯхтор ва ё ҳолатҳои дигари фавқулодда;

– ҳангоми азнавташкилдиҳӣ, ҷудо кардан ё барҳамдиҳии ташкилот;

– дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ.

  1. Ҳангоми барӯйхатгирӣ фарқи муайяншудаи байни мавҷудияти воқеии молу мулк, дороиҳо ва нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ аз рӯи тартиби зерин инъикос карда мешавад:

– молу мулк ва дороиҳои зиёдатӣ дар китоби ворида навишта шуда, маблағи дахлдор ба натиҷаҳои молиявии ташкилот гузаронида мешаванд;

– камомади молу мулк ва дороиҳо, вайроншавии он дар ҳудуди меъёри камшавии табиӣ аз ҳисоби истеҳсолот ё муомилот ва дар сурати зиёда аз меъёр будан аз  ҳисоби шахси гунаҳкор ҷуброн карда мешавад. Агар шахсони гунаҳкор муайян нашуда бошанд ё ки суд рӯёнидани товони зиёнро аз ҳисоби онҳо рад намояд, пас камомади молу мулк, дороиҳо ва молу мулки вайроншуда аз натиҷаи молиявии ташкилот аз ҳисоб бароварда  мешавад.

  1. Ҳангоми ошкор гардидани дуздӣ, камомад, қасдан нобуд ё хароб намудани арзишҳои моддӣ, товони зиён аз ҳисоби шахси гунаҳкор  ситонида  мешавад.

Моддаи 17. Таркиби ҳисоботи  муҳосибӣ

  1. Таркиби ҳисоботи муҳосибӣ оид ба баҳодиҳии ҳолати молиявӣ аз молу мулк, дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармоя иборат мебошад.
  2. Ҳамаи ташкилотҳо вазифадоранд, ки дар асоси маълумотҳои ҳисоби таркибӣ ва ҳисоби таҳлилӣ ҳисоботи муҳосибиро тартиб диҳанд.
  3. Таркиб ва ҳаҷми ҳисоботи муҳосибиро барои ташкилотҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
  4. Ба ташкилотҳои нашрия дар матбааҳо зиёд кардан, тайёр намудан  ва ба фурӯш баровардани варақаҳо ва шаклҳои ҳисоботи муҳосибӣ ва  молиявӣ бе иҷозати хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ манъ аст

Моддаи 18. Соли ҳисоботӣ

  1. Барои ҳамаи ташкилотҳо соли ҳисоботӣ барои ҳисоботи молиявӣ аз 1 январ то  31 декабр шуморида мешавад.
  2. Барои ташкилотҳои азнавташкилшуда соли аввали ҳисоботӣ давраи аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ то 31 декабр шуморида мешавад.
  3. Ҳисоботи ҳармоҳа ва семоҳа фосилавӣ буда, бо ҷамъбасти афзоишӣ аз аввали соли ҳисоботӣ тартиб дода мешавад.

Моддаи 19. Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод кардани ҳисоботи  муҳосибӣ

  1. Ҳамаи ташкилотҳо (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ҳисоботи солонаи муҳосибиро мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба муассисон ё соҳибони молу мулк пешниҳод менамоянд.
  2. Вазорату идораҳо ҳисоботи ҷамъбастии муҳосибии семоҳа ва солонаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркарда месупоранд.
  3. Мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо ва дигар истифодабарандагон ҳисоботи муҳосибро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
  4. Ташкилотҳои буҷетӣ ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва солонаи муҳосибиро ба мақоми болоӣ дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи онҳо месупоранд.

Моддаи 20. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ

  1. Ташкилотҳо вазифадоранд, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибиро дар ҳомилҳои коғазӣ ва ё электронӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доранд.
  2. Барои ташкили нигаҳдории баҳисобгирӣ, феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ роҳбар ва сармуҳосиби ташкилот масъул мебошанд.

Моддаи 21. Сирри  муҳосибӣ

  1. Маълумоти ҳуҷҷатҳои аввалия ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, онро танҳо шахсоне, ки иҷозати роҳбари аввали ташкилотро доранд ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда метавонанд.
  2. Шахсоне, ки ба сирри тиҷоратӣ дастрасӣ доранд, барои ошкор сохтани он  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

БОБИ 3.

ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

Моддаи 22. Ҳисоботи молиявӣ

  1. Ҳисоботи молиявӣ маълумотро дар бораи ҳолати молиявӣ, натиҷаи фаъолият ва тағйироти вазъи молиявии ташкилотҳо, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва ё миллӣ тайёр карда шудаанд, дар бар мегирад. Ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки барои ҳар як давраи ҳисоботӣ ҳисоботи солонаи молиявӣ ва фосилавиро мутобиқ ба стандартҳои  байналмилалӣ ё миллӣ тартиб диҳанд.
  2. Қоидаҳои тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва талаботи иловагӣ ба он тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Ҳаҷм, шакл ва тартиби тайёр намудани ҳисоботи молиявии субъектҳои дорои манфиати умум, ба истиснои  ташкилотҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
  4. Ҳаҷм, шакл ва тартиби тайёр намудани ҳисоботи молиявии бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии хурдро Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.
  5. Ҳисоботи молиявиро роҳбари аввали ташкилот  ва сармуҳосиб имзо мекунанд.

Моддаи 23. Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ

  1. Ҳисоботи молиявӣ бо пули  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода  мешавад.
  2. Ташкилот ҳисоботи молиявиро ба муассис тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи омор дар ҷои қайди давлатӣ пешниҳод менамояд.
  3. Ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дигар ташкилотҳое, ки ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб медиҳанд, вазифадоранд ҳисоботи молиявии солонаро бо хулосаи аудиторӣ бо тартиб ва дар мӯҳлати  муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба маҳфуздоранда  пешниҳод намоянд.
  4. Ташкилотҳо ҳисоботи молиявиро то 30 апрели соли баъд аз соли ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Моддаи 24. Нашри ҳисоботи молиявӣ

Ҷамъиятҳои саҳомӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ, суғуртавӣ, биржаҳо, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фондҳои сармоягузорӣ ва дигар фондҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ ташкил шудаанд, вазифадоранд ҳисоботи солонаи молиявиро дар мӯҳлати на дертар аз 1 июни соли баъд аз соли ҳисоботӣ аз ҳисоби худашон дар воситаҳои ахбори омма  нашр намоянд.

БОБИ  4.

ТАНЗИМ  ВА НАЗОРАТИ НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

Моддаи 25. Танзими  баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

  1. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба танзим дароварда мешавад.
  2. Танзими давлатии низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии бонкҳо, ташкилотҳои қарздиҳӣ ва молиявии хурд аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 26. Назорат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

  1. Назорат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар шакли санҷиш гузаронида мешавад.
  2. Санҷиш дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  гузаронида мешавад.

 БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои  риоя  накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    «Дар бораи баҳисобгирии  муҳосибӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи баҳисобгирии  муҳосибӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №5, мод. 63; с. 2006, №11, мод. 473) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал  қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ  Рањмон

ш. Душанбе, 25 марти соли 2011,

№ 702

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …