Главная / Илм / КОСАИ САР

КОСАИ САР

kosai-sarКОСАИ САР (Cranium), чумчума, кадуфт, косахонаи сар, скелети сари хайвоноти мухрадор ва одам. К. с. аз 2 кисм – майнави ва чехрави иборат аст.
К. с.-и одам аз 6 устухони суфтаи хамида таркиб ёфтааст: устухонхои пешони ва пушти гардан (устухонхои ток), устухонхои фарки сар ва чакка (устухонхои чуфт), устухонхои фонашакл ва туршакл. Устухонхо ба хамдигар тавассути дарз пайваст шудаанд. Кисми болои косаи магзи сарро сарпуш ва кисми поёни онро асоси К. с. меноманд. Асоси К. с. аз 2 сатх – беруни ва даруни иборат аст. Сатхи даруни чукурчахои пеш, мобайн ва акиб дорад, ки дар онхо кисмхои гуногуни магзи сар чой гирифтаанд. Аз каналу сурохихои сершумори асоси К. с. асаб ва рагхои хунгард мегузаранд. Кисми чехравии К. с. аз 14 устухони нисбатан хурд (устухони зери забон низ мансуби онхост) иборат мебошад. Чогхои боло ва поён устухонхои нисбатан калони кисми чехравии К. с. хисоб мешаванд. Дар устухони чакка аъзои сомеа чой гирифтааст. Устухонхои рухсора, бини, ашк, ком ва тагоякхои поёни бини девораи косаи чашм, чавфи бини ва коми сахтро ба вучуд меоранд. К. с.-и занхо хачман хурд мебошад.
Омузиши тагйирёбии андоза ва шакли К. с., инчунин устухонхои алохидаи он барои антропология ахамияти калон дорад. Натичахои тадкики антропологии К. с.-и одамони кадими ин ё он мавзеъ, дар катори маълумоти археологи, таърихи, лингвисти, этнографи ва антропологии одамони муосир хангоми халли масъалахои этнографии халкхо истифода мешаванд.
Ба беморихои К. с. остеомиелит, омосхо, чуррахои модарзоди ва г. мансубанд. Латхурии косахонаю магзи сар низ аз гурухи беморихои К. с. мебошанд. Дарачаи зарарёбии устухонхо (пачак шудан, шикастани як ё чанд устухон, шикастани асоси К. с. ва г.) ба кувваи таъсир вобаста аст. Зарбу лати пушидаи чумчумаю майна боиси аз хуш рафтан, дарди сар, дилбехузури, кай ва г. мегардад. Дар холатхои вазнин ихтилоли рухия, нафаскаши, гардиши хун ва г. ба вучуд меояд. Барои муоличаи беморихо ва зарбу лати К. с. аз дорухои гуногун ва чаррохи истифода мекунанд.
Ад.: Бунак В. В., Череп человека и стадии его формирования у ископаемых людей и современных рас, М., 1959; Рогинский Я. Я., Левин М. Г., Антропология, М., 1963; Абдурахмонов Ф. А., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995 ва 1998.
КЛ
Расми 1. Косаи сар; намуд аз пеш: 1 – устухони пешони; 2 – дунгии пешони; 3 – байнабру; 4 – камони болои абру; 5 – чукурчаи чакка; 6 – сурохи болои чашмхона; 7 – кисми чашмхонавии устухони пешони; 8 – дарзи устухонхои фонашаклу рухсора; 9 – устухони рухсора; 10 – сурохи мурудшакл; 11 – сурохи зери чашмхона; 12 – устухони чоги боло; 13 – дарзи байнифарки; 14 – чоги поён; 15 – сурохи манах; 16 – дарзи рухсораю чоги боло; 17 – устухони рухсора; 18 – роги поёни чашмхона; 19 – чуи босира; 20 – роги болои чашмхона; 21 – шохаи чабинии устухони рухсора; 22 – рахи чакка; 23 – дарзи иклили; 24 – дарзи устухони бинию чоги боло; 25 – устухони бини; 26 – дарзи пешониву бини.
Расми 2. Косаи сар; намуд аз пахлу: 1 – устухони пешони; 2 – боли калони устухони фонашакл; 3 – устухони бини; 4 – устухони ашк; 5 – устухони рухсора; 6 – устухони чоги боло; 7 – чоги поён; 8 – сурохи беруни сомеа; 9 – шохаи пистонакшакл; 10 – кисми пулакчави; 11 – устухони паси гардан; 12 – устухони фарки сар.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …