Главная / Чамъият / КОНУНИ ШИКОР

КОНУНИ ШИКОР

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ШИКОР ВА ХОЧАГИИ ШИКОР

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 2, мод. 415)

Конуни мазкур асосхои хукуки ва иктисодии пешбурди хочагии шикорро муайян намуда, муносибатхои чамъиятиро вобаста ба истифодабарии устувор, хифзу баркароркунии захирахои хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо, инчунин хукуки бо шикор машгул шудани шахрвандон ва чамъиятхои онхоро танзим менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси  

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд:

гуногунии биологи – шаклхои гуногуни организмхои зиндаи мансуб ба хама манбаъхо, аз чумла, экосистемахои замини, оби ва комплексхои экологи, ки организмхои зинда чузъи онхо буда гуногуниро дар доираи намуд, байни намудхо ва экосистемахо дар бар мегиранд;

чорабинихои биотехники – тадбирхои таъсиррасонии бевосита ба хайвоноти шикори ва мухити сукунати онхо (шикоргох) бо максади нигох доштан, танзими саршумор ва таркиби намуди хайвоноти  шикори дар шароити табии ва сермахсул кардани шикоргоххо;

шикори гайриконуни – шикори хайвоноти шикори ва хайвоноти гайришикори бе риояи  талаботи конунгузори оид ба хифзи олами хайвонот;

шаходатномаи шикорчи – хуччате, ки макоми шикорчиро тасдик менамояд;

Фонди шикор – намудхои олами хайвонот (хайвоноту паррандахои вахши), ки дар шароити табии сукунат доранд ва объектхои шикор ба хисоб мераванд;

шикори хайвоноти шикори – чудо кардани хайвоноти шикори аз табиат тавассути паррондан ё дошта гирифтан;

Китоби сурхи Точикистон – мачмуи маълумот оид ба намудхои нодир, нобудшаванда ё тахти тахдиди нобудшави карордоштаи растанихо ва хайвонот, ки бо максади андешидани чорахои нигохдори, баркароркуни ва истифодаи босуботи онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;

хадди камтарини шикор – саршумори нихоии хайвоноти худуди шикоргоххои Чумхурии Точикистон бо назардошти сукунати доими ва афзоиши саршумори онхо;

бунёди шикоргоххои байнихочаги – мачмуи чорабинихо оид ба муайян кардани худуди шикоргоххо ва мукаррар намудани минтакахои хифзи намудхои хайвоноти шикори;

мониторинги захирахои хайвоноти шикори – низоми мушохидахои доимии пахншави, саршумор, холати чисмонии захирахои хайвоноти шикори, таркиби синнусоли ва чинсии популятсияи ин ё он намуди хайвонот, сифат ва масохати махалли сукунати онхо;

меъёрхои истифодабари – саршумори нихоии намудхои хайвоноти шикории намудхои махдуднашудае, ки чудо кардани он аз мухити зисти табии чоиз буда, барои шикоргоххои мушаххас ё барои як шикорчи дар давраи муайян бо назардошти кобилияти сукунату афзоиши устувор мукаррар карда шудааст;

чамъияти шикорчиён – ташкилоти ихтиёрии гайритичоратии худидораи  аз чониби шахсони вокеии (шикорчиёни) дар асоси умумияти манфиат муттахидгардида, ки барои амали намудани хукук ба шикор ташкил шудааст;

шикор – намуди фаъолият оид ба истифодаи объектхои олами хайвонот бо рохи чустучу, таъкиб ва дунболагири кардан бо максади ба даст овардани (тавассути дошта гирифтан ё паррондани) хайвоноту паррандахои вахши, ки дар табиат дар холати озод ё дар шароити нимозод мавчуданд;

шикорчи – шахси вокеи, ки шаходатномаи шикорчиро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сохиб гаштааст;

хадди камтарини маълумот оид ба шикор – мачмуи маълумоти камтарин оид ба биологияи хайвоноти шикори, коидаву усулхои шикор, чорахои бехатари хангоми истифодаи силох, масъулияти риоя накардани коидаи шикор ва дигар масъалахои вобаста ба шикор, ки донистани онхо барои шикорчи, истифодабарандаи шикоргох, молики паррандахои шикори шарт аст;

хочагии шикор – намуди субъекти хочагидори оид ба нигохдошт ва истифодабарии босуботи хайвоноти шикори дар шикоргоххо, афзоишёбии саршумори онхо ва сермахсул гардонидани шикоргоххо;

егер – шахси масъул, ки рохбаладии шикор, назорат, хифз ва афзунгардонии хайвоноти шикориро дар шикоргох таъмин менамояд;

хайвоноти шикори – намудхои олами хайвонот (хайвоноту паррандахои вахши), ки дар шароити табии ё дар парваришгоххо сукунат доранд;

захираи хайвоноти шикори – мачмуи намуд ва саршумори хайвоноти шикори;

шикоргоххо – худуд ё акваторияхои марзашон муайяне, ки мухити сукунати хайвоноти шикори буда, ба шахсони вокеи ва хукуки барои шикор ва пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар онхо хукук дода мешавад;

парваришгоххои хайвоноти шикори – субъекти хочагидоре, ки дар он хайвоноти шикориро дар шароити нимозод ё озод бо максади минбаъд рахо кардан ба шикоргох барои шикор кардан ва афзоиш додани саршумори онхо, хамчунин ба максади фурухтан парвариш мекунанд;

истифодабарандаи шикоргох – шахси хукукие, ки барои пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар асоси шартнома бо макоми ваколатдори давлатии сохаи шикор ва хочагии шикор дар шикоргохи муайян хукук дорад;

банакшагирии хочагии шикор – тартиб додани накшаи хочагии шикор оид ба инкишофи босубот ва пешбурди хочагии шикор дар шикоргоххо;

ганимат – кисми бадани хайвонот (калла, калла бо шохаш, шох, дандон, нохун ва пуст), ки дар табиат бешикор ёфт шудааст;

махсулоти шикор – хайвоноти шикори, гушт, пуст, пашм ва дигар махсулоти хайвоноти шикорие, ки дар рафти шикор ба даст омадааст;

роххати шикор – хуччате, ки истифодабарандаи шикоргох ба шикорчи барои аз руи меъёр шикор кардани намуди хайвоноти шикоргохе медихад, ки дар он ба истифодабарандаи шикоргох хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор дода шудааст;

хифзи захирахои хайвоноти шикори – фаъолият оид ба нигох доштани захирахои хайвоноти шикори дар холате, ки имконият медихад гуногунии намуди, генетики, экосистема хифз карда шуда, микдори популятсияи ин ё он намуди хайвоноти шикори, ки барои афзоиши устувори он кофист, боки монад;

истифодабарии устувори захираи хайвоноти шикори – шикори тулонии захираи хайвоноти шикори ба тарз ва суръате, ки он имкон медихад гуногунии биологи дар сатхи намудхо, популятсия ва гуногунии генетики боки монда, кобилияти конеъгардонии амалишавии талабот бо рохи мукаррар намудани саршумори хайвоноти шикори бо назардошти омилхои биологи, экологи ва ичтимоию иктисоди хифз шавад;

макоми ваколатдори давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор – макоми ичроияи хокимияти давлати, ки дар доираи ваколатхои худ татбики сиёсати давлатиро дар сохаи шикор ва хочагии шикор амали менамояд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шикор ва хочагии шикор

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шикор ва хочагии шикор ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Объектхои муносибат дар сохаи шикор ва хочагии шикор

  1. Объектхои муносибат дар сохаи шикор ва хочагии шикор, ки бо Конуни мазкур танзим мешаванд, хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо мебошанд.
  2. Хифз ва истифодаи намудхои хайвоноти шикории ба Китоби сурхи Точикистон воридгардида мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 4. Принсипхои асоси дар сохаи шикор ва хочагии шикор

Принсипхои асоси дар сохаи шикор ва хочагии шикор инхоянд:

– истифодабарии устувори захирахои хайвоноти шикори;

– хифз ва афзун намудани саршумори хайвоноти шикори;

– дастрасии баробари хамаи шахрвандон ба объектхои шикор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ба хукуки истифодаи замин ва захирахои дигари табии вобаста набудани хукуки шикори объектхои олами хайвонот;

– норавоии ичрои хамзамони вазифахои назорату танзими макомоти давлати бо фаъолият оид ба истифода бурдани захирахои шикор;

– иштироки чонибхои манфиатдор дар идораи захирахои хайвоноти шикори;

– дастрас будани иттилоот дар бораи холати захираи хайвоноти шикори ва пешниходи он барои истифодаи доираи васеъ;

– музднок будани истифодаи махсуси захирахои хайвоноти шикори зимни шикори хайвоноти вахши;

– аз чихати илми асоснок будани чорахои хифз, афзун гардондан ва истифодаи захираи хайвоноти шикори;

– шикори хайвоноти шикори бо истифодаи дому олот ва воситахои шикорие, ки чавобгуи талаботи тараххуманд ва рох надодан ба азобу шиканчаи хайвонот.

 

БОБИ 2.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ОИД БА ХИФЗ ВА ТАНЗИМИ ЗАХИРАХОИ ХАЙВОНОТИ ШИКОРИ

Моддаи 5. Идоракунии давлати оид ба хифз, афзун  намудан ва истифодаи захирахои     хайвоноти шикори  

Идоракунии давлати оид ба хифз, афзун намудан ва истифодаи захирахои хайвоноти шикории худуди Чумхурии Точикистон аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон, макоми ваколатдори давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор, макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот амали карда мешавад.

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи шикор ва хочагии шикор 

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи шикор ва хочагии шикор мансубанд:

– тасдики барномахои давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор ва назорати ичрои онхо;

– кабули санадхои меъёрии хукуки дар сохаи шикор ва хочагии шикор;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор;

– муайян намудани номгуи намудхои хайвоноти шикори;

– хамохангсозии фаъолияти вазорату идорахо ва макомоти махаллии хокимияти давлати, хамчунин корхонахо, муассисахо ва  дигар  ташкилотхо, сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки оид ба масъалахои истифодаи хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо;

– таъмини ичрои ухдадорихои Чумхурии Точикистон мутобики санадхои хукукии байналмилали оид ба масъалахои хифз ва истифодаи захираи хайвоноти шикори;

– танзими дигар намудхои истифодабарии табиат бо максади хифзи захираи хайвоноти шикори ва мухити сукунати онхо;

– амали намудани дигар салохиятхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор (минбаъд – макоми ваколатдори давлати) дохил мешаванд:

– татбик намудани барномахои давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор;

– тахия ва ичрои барномахои тахкикоти илми оид ба хифз, афзун намудан ва истифодабарии устувори захираи хайвоноти шикори;

– андешидани тадбирхои биотехники дар шикоргоххое, ки дар онхо шахсони хукуки барои пешбурди фаъолияти хочагии шикор хукук надоранд;

– таъмини амалишавии мунтазами мониторинги холати саршумори хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо;

– пешбурди Фехристи захирахои хайвоноти шикори;

– хамохангсози ва ичрои корхои марбут ба тартиби шикори байнихочаги;

– якчоя бо хадамоти байтории давлати андешидан ва амали кардани тадбирхои байторию санитари, чорабинихои профилактики оид ба ошкорсози, пешгирии пайдоиш ва густариши беморихои гузарандаи хайвонот, аз чумла беморихои барои инсон ва хайвонот умуми, инчунин андешидани чорабинихо барои бартараф намудани онхо;

– бо тартиби мукарраргардида чамъовари ва мубодилаи маълумоти экологи дар доираи системаи иттилооти экологии чумхурияви, минтакави ва байнидавлати, хамкори бо ташкилотхои хоричи ва байналмилали дар сохаи фаъолияти хочагии шикор;

– назорати давлати оид ба хифз ва истифодабарии устувори захираи хайвоноти шикори;

– таъмин намудани макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ва ахоли бо иттилоот оид ба холати захираи хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо;

– хамохангсозии фаъолияти хочагихои шикор;

– амали намудани дигар ваколатхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 8. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист

Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист оид ба шикор ва хочагии шикор тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист муайян карда мешаванд.

Моддаи 9. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии   шахрак ва дехот дар сохаи шикор ва хочагии шикор 

  1. Ба ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор дохил мешаванд:

– иштирок дар амали намудани барномахои давлатии сохаи шикор ва хочагии шикор;

– иштирок дар чорабинихо оид ба хифзи объектхои олами хайвонот ва начот додани онхо дар холатхои фавкулоддаи табии ва техногени;

– мусоидат ба ташкил ва амали сохтани назорати чамъиятии шикор;

– расонидани иттилоот ба ахолии махалли дар бораи чорахои хифзи хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо, пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар худуди онхо;

– хамкори бо макоми ваколатдори давлати дар ташаккули муносибати байнихамдигари бо ташкилотхои чамъиятии махалли дар масъалаи нигох доштан ва окилона истифода бурдани захираи хайвоноти шикори.

  1. Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи шикор ва хочагии шикор ваколатхои зерин доранд:

– иштирок дар чорабинихо оид ба хифзи объектхои олами хайвонот ва начот додани онхо дар холатхои фавкулоддаи табии ва техногени;

– иштирок дар ташкил ва амали сохтани назорати чамъиятии шикор;

– истифодаи самараноки маблаги аз хисоби шикор бадастомада барои маблаггузори намудани чорабинихои рушди ичтимоию иктисоди, рафъи мушкилоти хифзи мухити зист, баркарорсози ва истифодаи босуботи хайвоноти шикории махал;

– амали намудани дигар ваколатхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

БОБИ 3.

ИСТИФОДАИ ФОНДИ ШИКОР

Моддаи 10. Истифодаи умуми ва махсуси Фонди шикор 

  1. Фонди шикор ба таври умуми ва махсус истифода мешавад.
  2. Истифодаи умумии Фонди шикор аз истифодаи хайвоноти шикори ва хосиятхои фоиданоки онхо бо максадхои илми, фархангию маърифати, тарбияви, истирохати (рекреатсиони), эстетики ва максадхои дигар бе чудо кардани онхо аз мухити зисти табии иборат мебошад.
  3. Истифодаи умумии Фонди шикор аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки ройгон буда, ичозати махсусро талаб намекунад, агар дар Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  4. Истифодаи махсуси Фонди шикор аз истифодаи хайвоноти шикори бо чудо кардани онхо аз мухити зисти табии иборат мебошад.
  5. Истифодабарандаи шикоргох хукуки истифодаи махсуси хайвоноти шикориро танхо дар шикоргоххое амали менамояд, ки дар онхо ба у хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор дода шудааст.
  6. Хукуки истифодаи махсуси хайвоноти шикории намудхои махдуднашуда ба истифодабарандаи шикоргох бо ичозат пешниход гардида, хукуки истифодаи махсуси хайвоноти шикории намудхои махдудшуда бо рохи ба истифодабарандаи шикоргох додани ичозатнома пешниход карда мешавад.
  7. Истифодаи махсуси хайвоноти шикори аз тарафи истифодабарандаи шикоргох ва шикорчи дар асоси роххати шикор бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур додашуда ва риояи Коидахои шикор амали карда мешавад.

Моддаи 11. Истифодабарандаи шикоргох

Истифодабарандаи шикоргох  фаъолияти хочагии шикорро дар шикоргох дар асоси шартномаи пешбурди фаъолияти хочагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоххо), ки бо макоми ваколатдори давлати баста шудааст, дигар талабот ва коидаву меъёрхои дахлдор мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мекунад.

Моддаи 12. Хукук ва ухдадорихои истифодабарандаи шикоргох 

  1. Хукук ва ухдадорихои истифодабарандаи шикоргох бо Конуни мазкур ва шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хочагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоххо) танзим карда мешаванд.
  2. Истифодабарандаи шикоргох хукук дорад:

– фаъолияти хочагии шикор, аз чумла хифзу мониторинг ва истифодаи хайвоноти шикориро дар доираи меъёрхо ва махдудиятхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки оид ба шикор ва дар асоси ичозатномаи истифодабарии махсуси захираи хайвоноти шикори пеш барад;

– ба шикорчиён барои шикор ба таври музднок роххат дихад;

– хайвонот ё дигар махсулоти шикорро сохиби намояд, мавриди коркард карор дихад ё фурушад;

– тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба расонидани зарар ба объектхои олами хайвонот ва махалли сукунати онхо санад тартиб дихад ва ба макоми ваколатдори давлати  пешниход намояд;

– ба суд нисбати шахсони вокеи ва хукуки, ки амали онхо ба истифодабарандаи шикоргох зарари молумулки расонидаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон даъво пешниход кунад;

– карори макомоти давлати ва шахсони мансабдори онхоро, ки хукуки уро вобаста ба шикори объектхои олами хайвонот вайрон мекунанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят намояд;

– бо мувофикаи заминистифодабарандагон ва дар асоси накшахои тасдикгардидаи хочагии шикор оид ба бехтар кардани холати мухити зисти объектхои олами хайвонот чорахо андешад;

– бо дигар истифодабарандагони шикоргох барои пешбурди якчояи фаъолияти хочагии шикор муттахид шавад.

  1. Истифодабарандаи шикоргох ухдадор аст:

– бо фаъолияти хочагии шикор танхо дар асоси накшахои хочагии шикор ва мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон машгул шавад;

– сархади шикоргоххоро, ки истифодабаранда барои пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар онхо хукук дорад, нишонагузори кунад (сутун шинонад, навиштачот часпонад ва гайра);

– шикори хайвоноти шикориро тибки тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали намоянд;

– ба шикорчиён меъёру коида ва дигар талаботи дар сохаи шикор ва хочагии шикор мукаррарнамудаи конунгузориро фахмонад ва риоя шудани онхоро талаб намояд;

– шикори хайвоноти шикориро бо максади хифз намудан ва афзун гардонидани саршуморашон мустакилона махдуд намояд;

– шахсони мансабдори макомоти давлатиро, ки бо тартиби мукарраргардида назорати давлатии шикоргоххоро амали менамоянд ва хукуки гузаронидани санчишро доранд, бемамониат ба шикоргох рох дихад ва амрномахои баровардашударо сари вакт ичро намояд;

– маблаги мукарраргардидаро барои шикори хайвоноти шикори  дар асоси хуччатхои тасдикшуда ба бучети давлати сари вакт пардохт намояд;

– ба муомилаи берахмонаи хайвоноти шикоршуда рох надихад;

– зарареро, ки бо айби истифодабарандаи шикоргох ба хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо расидааст, бо тартиби мукарраргардида чуброн намояд;

– дар шикоргоххое, ки хукук дорад дар онхо фаъолияти хочагии шикорро ба рох монад, мониторинги хайвоноти шикори ва мухити сукунати онхоро гузаронад, хайвоноти шикоргардидаро ба хисоб гирад ва маълумоти дахлдорро ба макоми ваколатдори давлати пешниход намояд;

– ба хифз ва афзунгардонии саршумори хайвоноти шикори мусоидат намояд;

– макоми ваколатдори давлати, хадамоти байтори ва санитарию эпидемиологиро дар бораи ошкор гардидани бемори, бад шудани холати хайвоноти шикори бетаъхир огох намояд, оид ба пешгири ва рафъи бемори чора андешад ва дар мавриди сар задани офатхои табии барои начот додани хайвонот ёри расонад;

– ходисахои конунвайронкуниро ошкор ва бартараф намояд;

– хар сол ба макоми ваколатдори давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон вобаста ба фаъолияти хочагии шикор хисобот пешниход намояд.

  1. Истифодабарандаи шикоргох хукук надорад ба пешбурди фаъолияти дигар заминистифодабарандагон, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, монеъ шавад.

Моддаи 13. Хукук барои пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар шикоргоххо

  1. Хамаи шикоргоххои Чумхурии Точикистон дар мачмуъ, сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки (аз чумла парваришгох, минтакахои алохидаи паркхои милли ва табии), фонди шикоргоххо ба хисоб рафта, дар ихтиёри макоми ваколатдори давлати мебошад. Тархи чойгиршави ва сархади шикоргоххо дар доираи сохтори шикоргоххои байнихочаги муайян карда мешавад.
  2. Хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор ба шахсони хукуки бо рохи бастани шартномахо дар бораи пешбурди фаъолияти хочагии шикор доир ба шикоргоххои муайян (шартномахо дар бораи вобаста намудани шикоргоххо) мутобики тархи чойгиршавии шикоргоххо, ки  дар доираи шикоргохсозии байнихочаги муайян гардидаанд, дода мешавад.
  3. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хочагии шикор бори аввал ба мухлати 10 сол баста мешавад. Дар сурати коидахои шартномаро риоя кардани истифодабарандаи шикоргох онро макоми ваколатдори давлати пеш аз гузаштани мухлати эътибораш яктарафа бекор карда наметавонад. Ичрои ухдадорихо тибки шартхои шартномаи вобаста кардани шикоргоххо аз чониби истифодабарандаи шикоргох, ки каблан шикоргоххо ба у вобаста карда шуда буданд, хангоми кабул намудани карор дар бораи ба мухлати нав вобаста кардани шикоргоххои мазкур бартарияти иловаги мебошад. Мухлати дуюм то 20 сол буда метавонад.
  4. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар шикоргоххо дар асоси озмун баста мешавад.
  5. Тартиби гузаронидани озмун ва ба шахси хукуки (истифодабарандаи шикоргох) додани хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар шикоргохи муайян, шакли намунавии шартнома дар бораи  тартиби бастан ва бекор кардани он, чуброни харочоти макоми ваколатдори давлати барои гузаронидани озмун ва бастани шартнома аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  6. Дар сурати гайриимкон будани гузаронидани озмун макоми ваколатдори давлати хукук дорад, бе гузаронидани озмун бо истифодабарандаи шикоргох шартнома бандад.
  7. Истифодабарандаи шикоргох фаъолияти худро якчоя бо истифодабарандагони дигари имконпазири худуде амали месозад (чарогох, замини таъиноти кишоварзи, фаъолияти туристи ва гайра), ки ба таркиби шикоргоххое, ки ба истифодабарандаи шикоргох хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар он дода шудааст, шомил аст. Дигар истифодабарандагони замину об, чангал ва худудхои дигаре, ки дар хайату таркиби шикоргоххои мазкуранд, хукуки пешбарии фаъолияти хочагии шикор ва ихтиёрдори кардани хайвоноти шикориро надоранд.

Моддаи 14. Боздоштан ва катъ кардани хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор

  1. Хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор бо карори макоми ваколатдори давлати дар холати шартхои шартномаро ичро накардани истифодабарандаи шикоргох боздошта мешавад.
  2. Мухлати боздоштани хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  3. Хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар холатхои зерин бо рохи бекор намудани шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хочагии шикор катъ карда мешавад:

– гирифтани замини шикоргоххо барои эхтиёчоти давлати, ки ба пешбурди фаъолияти хочагии шикор мувофик нест;

– бархам додани истифодабарандаи шикоргох;

– ихтиёран даст кашидани истифодабарандаи шикоргох аз хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикор;

– гузаштани мухлати шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хочагии шикор, агар минбаъд тарафхо хохиши бастани шартномаро надошта бошанд;

– бо кабул шудани карори суд дар мавриди аз чониби истифодабарандаи шикоргох риоя накардани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Истифодабарандаи шикоргох барои ичро накардани шартхои шартнома масъул нест, агар онро бинобар холати рафънопазир (форс – мажор) ичро карда натавонад.

Моддаи 15. Шикор 

  1. Шикор дар Чумхурии Точикистон аз чониби шахсони вокеие, ки макоми шикорчиро доранд, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Бо силохи оташфишон, пневматики ва силохи  хаводихандаи сард, бо паррандахои шикори, дом ва олоту воситахои дигари шикор дар китъахои табиии махсус мухофизатшавандае, ки ба таркиби шикоргох дохил нестанд, гаштугузор намудан ба шикор кардан баробар дониста мешавад.
  3. Шикор дар шикоргоххое, ки истифодабарандаи шикоргох хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикорро дар он надорад, манъ аст.

Моддаи 16. Гирифтани роххати шикор 

  1. Хукуки шикори намудхои махдудшудаи хайвоноти шикори аз тарафи истифодабарандаи шикоргох ба шикорчи бо рохи додани роххати шикор амали карда мешавад, ки меъёри онро макоми ваколатдори давлати тавассути ичозатномадихи мукаррар менамояд.
  2. Хукуки шикори намудхои махдуднашудаи хайвоноти шикори аз чониби истифодабарандаи шикоргох ба шикорчи бо рохи додани роххати шикор дар шикоргохи муайян дода мешавад.
  3. Намунаи роххати шикориро макоми ваколатдори давлати мукаррар менамояд.

Моддаи 17. Пардохти маблаги роххати шикор ва истифодаи он

  1. Шикори хайвоноти шикори музднок мебошад. Пардохти маблаги роххати шикор бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ситонида мешавад. Маблаги пардохти мукарраршуда хангоми гирифтани роххат барои истифодабарии махсуси хайвоноти шикори пурра пардохт карда  шуда, пас гардонида намешавад.
  2. Маблаги роххати шикор ба тарики зайл таксим карда мешавад:

– 40 фоиз ба суратхисоби махсуси макомоти худидоракунии шахрак ва дехоти махалли хайвони шикоргардида барои маблаггузори намудани чорабинихои рушди ичтимоию иктисоди, рафъи мушкилоти хифзи мухити зист, баркарорсози ва истифодаи босуботи хайвоноти шикории махал равона карда мешавад;

– 20 фоиз ба фонди махсуси худудхои табиии махсус мухофизатшаванда гузаронида мешавад, агар шикор дар дохил ё наздикии худудхои табиии махсус мухофизатшаванда анчом дода шудааст;

– 40 фоиз ба суратхисоби махсуси макоми ваколатдори давлати барои ичрои корхои вобаста ба хифз, мониторинг ва баркарорсозии захираи хайвоноти шикори (ба рох мондани назорат ва хифз, мониторинги хайвоноти шикори, шикоргохсозии байнихочаги, устувор намудани заминаи моддию техники) ва харочоти дигари ба фаъолияти он алокманд гузаронида мешавад.

Моддаи 18. Хукуки моликият ба махсулоти шикор

  1. Истифодабарандаи шикоргох ва шикорчиёне, ки хукуки истифодаи махсус ва шикор кардани хайвоноти шикориро доранд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дорои хукуки моликият ба махсулоти шикор мебошанд.
  2. Хукуки моликият ба ганимати хайвоноти шикори тибки тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 4.

ШИКОРЧИ

 

Моддаи 19. Шикорчи

 

  1. Шахсони вокеии Чумхурии Точикистон ва шахрвандони хоричие, ки дар Чумхурии Точикистон ба таври доими истикомат карда, бо тартиби мукарраргардида дар Чумхурии Точикистон шаходатномаи шикорчи ва дар сурати парвариш кардани паррандахо ва сагхои шикори ва шикор намудан бо онхо бо кайди махсус дода шудааст, шикорчи шуда метавонанд.
  2. Шахсони вокеии зерин шикорчи шуда метавонанд:

– шахсони вокеии ба синни 18 расида, ки дар шикор намудхои ичозатдодашудаи олоти шикор, сагхо ва паррандахои шикориро истифода мебаранд;

– шахсони вокеие, ки мутобики талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи силох» хукуки сохиб шудан ба силохи оташфишонии шикориро доранд.

  1. Ба шикорчи шахрванди хоричие баробар дониста мешавад, ки мувофики шартнома бо истифодабарандаи шикоргох ё бо шахси сеюм ба Чумхурии Точикистон муваккатан барои шикор кардан омадааст ва дар асоси шартнома манфиати истифодабарандаи шикоргохро дар Чумхурии Точикистон ё мамлакатхои дигар намояндаги менамояд.

 

Моддаи 20. Хукук ва ухдадорихои шикорчи

 

  1. Шикорчи хукук дорад:

– чамъияти шикорчиёнро таъсис дихад ва узви онхо шавад;

– тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон шикор кунад;

– молики махсулоти шикорие бошад, ки бо тартиби мукарраргардида шикор карда шудаанд.

  1. Шикорчи ухдадор аст:

– хангоми ба шикор баромадан тибки талаботи Конуни мазкур хуччатхоеро, ки барои шикор хукук медихад, бо худ дошта бошад;

– талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя кунад;

– дар шикор бо тартиби мукарраргардида танхо силох ва паррандахои шикори, ки барои истифодаи онхо ичозат дода шудааст, истифода кунад;

– захирахои хайвонотро аз руи меъёри мукарраргардида ва дар худуди шикоргоххои муайяншуда истифода барад;

– натичаи шикорро ба маълумоти истифодабарандаи шикоргохе расонад, ки дар худуди он шикор амали гаштааст;

– ба муассисахои илмию тахкикоти имконият дихад, ки хайвоноти намудашон махдудкардашударо омузанд ва намунахои илмиро, бе вайрон намудани холати махсулоти шикор гиранд;

– ба истифодабарандаи шикоргох ё намояндаи макоми ваколатдори давлати (бахши сохториаш) мустакилона ё бо рохи пурсиш оид ба ошкор шудани бемории хайвонот ва хайвоноти шикории мушохидашуда (намуд, микдор ва гайра) иттилоъ дихад.

 

Моддаи 21. Чамъияти шикорчиёни Чумхурии Точикистон

 

Чамъияти шикорчиёни Чумхурии Точикистон ба максадхои зерин таъсис дода мешавад:

– хифзи манфиатхои иктисоди, ичтимои ва фархангии шикорчиён;

– гузаронидани чорабинихо оид ба хифз ва афзун намудани хайвоноти шикори;

– чалби шахрвандон ба шикор ва пешбурди фаъолияти хочагии шикор;

– пешгири кардани шикори гайриконуни.

 

Моддаи 22. Шаходатномаи шикорчи 

 

  1. Шаходатномаи шикорчиро ба шахси вокеи чамъияти шикорчиёни Чумхурии Точикистон дар асоси доштани хадди камтарини маълумот оид ба шикор медихад.
  2. Намунаи шаходатномаи шикорчи аз руи категория (силсила) ва тартиби додан ва гирифтани он аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешавад.

 

Моддаи 23.Хадди камтарини маълумот оид ба шикор 

 

  1. Хадди камтарини маълумот оид ба шикор асос барои гирифтани шаходатномаи шикорчи мебошад.
  2. Чамъияти шикорчиён дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати хадди камтарини маълумот оид ба шикор ва тартиби супурдани имтихон аз руи хадди камтарини маълумот оид ба шикорро тахия ва тасдик менамояд.

 

Моддаи 24. Хуччатхои зарури барои шикор 

 

  1. Шикорчи хангоми дар Чумхурии Точикистон шикор кардан, ба истиснои холатхои дар кисмхои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, бояд хуччатхои зеринро бо худ дошта бошад:

– шаходатномаи шикорчи;

– ичозати нигох доштан ва бо худ гирифта гаштани силохи шикори, ки бо тартиби пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи силох» дода шудааст, ба истиснои холатхои шикор кардан бо олоти шикорие, ки мутобики Конуни мазкур аз чумлаи силохи шикори намебошад;

– хангоми шикор намудан бо паррандахо ва сагхои шикори шаходатномаи шикорчи бо кайди махсус ва хуччатхои бакайдгирии онхо;

– роххати шикор.

  1. Талаботи дар сархатхои якум ва дуюми кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ба шахрванди хоричии ба шикорчи баробаркардашудае татбик намешавад, ки дар Чумхурии Точикистон муваккатан икомат дошта, аз руи шартномаи бо истифодабарандагони шикоргох ё бо шахсони сеюм бастааш, ки дар асоси шартнома манфиати истифодабарандагонро дар кишвархои дигар химоя менамояд, хохиши шикор кардан дорад.
  2. Шахрванди хоричии ба шикорчи баробаркардашуда, ки дар Чумхурии Точикистон шикор мекунад, ухдадор аст ичозати макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистонро барои воридоту содироти силохи шикории худ, ичозати макоми ваколатдори давлатиро барои воридоту содироти паррандахои (сагхои) шикори, ки дар шикор истифода мебарад, дошта бошад.

 

БОБИ 5.

КОИДАХОИ ШИКОР

 

Моддаи 25. Коидахои шикор 

 

  1. Асоси шикор Коидахои шикор буда, аз талаботи зерин иборат мебошад:

– усул ва олоти шикор;

– фасли сол (мавсим) ва мухлати шикор;

– тарз ва воситахои шикор ва шикори хайвоноти намудхои муайян;

– техникаи бехатари;

– истифодаи махсулоти шикор ва ба расмият даровардани хуччатхои махсулоти шикор ё махсулоти  бо тартиби мукарраргардида ба дастовардашуда;

– чавобгари барои шикори гайриконуни.

  1. Риояи Коидахои шикор барои хамаи шикорчиён хатми мебошад.

 

Моддаи 26. Усул ва олоти шикор 

 

  1. Усул ва олоти шикор бояд ба меъёрхои байналмилалии шикори тараххумона мутобик бошанд.
  2. Ба усул ва олоти манъшудаи шикор мансубанд:

– ба кор бурдани усул ва олоти шикорие, ки дар натичаи истифодаи онхо муайян кардани намуди хайвони шикоргардида  имконнопазир гашта, хатари шикори намудхои хайвоноти вахшии шикорашон манъшуда вучуд дорад;

–  истифодаи силохи чанги ва лавозимоти он;

– истифодаи асбобхои нурафкан (равшанидиханда), маводи тарканда, дорухои захрноки кимиёви, ширеш ва чох;

– гузоштани дому капконхое, ки дасту по ва гардани хайвонро мефишуранд, аз чумла барои шикори хирсу гург, силовсину кашкалдок ва рубох;

– шикор кардан бо истифода аз чархбол, наклиёти автомобили ва барфрав;

– истифодаи дастгоххои барки (электрошок).

  1. Ба олоти барои шикор ичозатдодашуда инхо дохил мешаванд:

– силохи оташфишон бо тири мувофик, ки махсус барои шикор пешбини шудааст;

– банду дом барои ба тарзи анъанави дошта гирифтани тазарв ва кабку бедона;

– капконхо барои шикори сугур ва хайвони дарранда, ба шарте ки хайвон зинда монад ва осеб набинад ё зуд кушта шавад;

– паррандахои шикори;

– сагхои шикори.

  1. Барои ба дом афтондани хайвони шикори бо максади илми ва максадхои дигар усулу олотхои замонави ба кор бурда мешаванд, ки аз онхо хайвони шикоргардида набояд осеб бинад.
  2. Барои хамчун олоти шикор истифода бурдани паррандахо ва сагхои шикори мавчуд будани хуччат оид ба конуни дошта гирифтан, ворид намудан ва нигох доштани онхо талаб карда мешавад.

 

Моддаи 27. Мавсими шикор 

 

Мавсими шикор бо назардошти биологияи хайвонот барои зарар надидани устувории популятсияи онхо ва имконияти шикор бо пешниходи макоми ваколатдори давлати аз тарафи Хукумати  Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 28. Дошта гирифтани хайвоноти шикори бо максадхои илми ва таълими

 

  1. Хайвоноти шикори бо максади гузарондани тахкикоти илмии муассисахои илми ва таълими танхо дар мавридхои зарури дар асоси барномаю лоихахои илмию техникии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон мувофики ичозат, ки макоми ваколатдори давлати бо тартиби мукарраргардида додааст, дошта гирифта мешаванд.
  2. Махсулоти шикор барои тахкикоти илми, чамъовари ва пурра кардани коллексияхо, ташкили намоишхо ва хамин гуна эхтиёчоти ташкилотхои илми, таълими, хамчунин муассисахои фарханги ва хифзи табиат истифода карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Дошта гирифтани хайвоноти шикори бо максадхои санитари

 

  1. Хайвоноти шикориро бо максади санитари (барои пешгирии пахн гардидани беморихои сирояти) истифодабарандагони шикоргох танхо дар холатхои зарури дар асоси экспертизаи хадамоти давлатии байтори ва санитарию эпидемиологи тибки ичозате, ки барои дошта гирифтан макоми ваколатдори давлати додааст, дошта мегиранд.
  2. Хайвоноти вахшии баръало аз девонаги сироятёфтаро бо максади бехатарии санитари дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати безарар гардонидан мумкин аст.
    3. Хайвоноти шикории ба максади бехатарии санитари дошташуда бо риояи чорахои бехатарии санитари ба хадамоти  давлатии байтори ва хадамоти санитарию эпидемиологи барои тахкик ва безарар кардани онхо супурда мешаванд.

 

Моддаи 30. Коидахои нигох доштани паррандахо ва сагхои шикори 

 

  1. Паррандахои шикори бо максади истифода хангоми шикор, барои хифз ва дастгирии анъанахои миллии шикор нигох доштан мумкин аст.
  2. Паррандахои шикори аз мухити сукунаташон ё аз парваришгохи бакайдгирифташуда ё аз сохибони дигари конуни гирифта мешаванд.
  3. Сохиби паррандахо ва сагхои шикори бояд шаходатномаи шикорчии бо кайди махсус дошта бошад, ки донишу малакаи парваришу тарбияи паррандахо ва сагхои шикори ва барои шикор истифода бурдани онхоро тасдик менамояд.
  4. Коидахои нигох доштани паррандахо ва сагхои шикори аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешавад.

 

БОБИ 6.

МОНИТОРИНГ, БАНАКШАГИРИ ВА ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ ХОЧАГИИ ШИКОР

 

Моддаи 31. Мониторинги захирахои хайвоноти шикори 

 

  1. Мониторинги захирахои хайвоноти шикори ва махалли сукунати онхо хамчун кисми таркибии системаи мониторинги давлатии мухити зист бо максади идоракунии давлатии сохаи хифз намудан, баркароркуни ва истифодаи хайвоноти шикори ва мухити сукунати онхо, хифзи гуногунии биологи, шикор ва пешбурди фаъолияти хочагии шикор гузаронида мешавад.
  2. Мониторинги захирахои хайвоноти шикориро макоми ваколатдори давлати, маъмурияти худудхои табиии махсус мухофизатшаванда ва истифодабарандаи шикоргох бо тартиби мукарраргардида мегузаронанд.
  3. Макоми ваколатдори давлати доир ба намудхои хайвоноти махдудшудаи шикори на камтар аз як маротиба дар панч сол мониторинги давлати мегузаронад. Маълумоти мониторинги давлати барои мукаррар кардани андозаи махдудияти шикори хайвоноти шикори истифода бурда мешавад.
  4. Истифодабарандаи шикоргох мониторинги истехсолии намудхои асосии хайвоноти шикориро аз хисоби маблаги худ соле на камтар аз як маротиба мегузаронад. Маълумоти мониторинги истехсоли хангоми мукаррар намудани андозаи махдудияти шикори хайвоноти шикоргохи чудогона истифода бурда мешаванд.
  5. Маълумот дар бораи мониторинги давлатии банакшагирифташуда, хамчунин натичаи мониторингхои давлати ва истехсоли барои чомеа дастрас буда, дар сомонаи интернетии макоми ваколатдори давлати чойгир карда мешавад.
  6. Тартиби гузаронидани мониторинги захираи хайвоноти шикори ва мухити зисти онхоро макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

 

Моддаи 32. Хисоботи шикори истифодабарандаи шикоргох ва тамгазании хайвоноти

                        шикоргардида

 

  1. Истифодабарандаи шикоргох вазифадор аст шикори хайвоноти шикоргохеро, ки дар он ба у хукуки амали намудани фаъолият оид ба хочагии шикор дода шудааст, бо номгуи намуди хайвонот, макону санаи шикор шудан, синни тахмини ва чинси хайвонот ва дигар маълумоти мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати ба хисоб гирад.
  2. Маълумоти хисоботи шикори хайвонотро истифодабарандаи шикоргох ба макоми ваколатдори давлати бо тартиби мукарраршуда пешниход менамояд. Маълумоти дар доираи мониторинги хайвоноти шикори ба даст омада, нигох дошта ва тахлил карда мешавад.
  3. Хайвоноти сумдори шикори ва намудхои дигари ба Китоби сурхи Точикистон воридшударо дар махалли шикор макоми ваколатдори давлати бо пломба (бирка, микрочип, дог ва гала) тамга мезанад.
  4. Паррандахои вахшии аз махалли сукунаташон дошта гирифташуда ва (ё) дар кафас аз тухм баромада бояд аз чониби намояндаи истифодабарандаи шикоргох ё аз хисоби онхо бо халкаи гирифтанашаванда ё микрочип нишондод карда шаванд. Нигохдорандаи паррандаи ба домафтода ухдадор аст халка ва ё микрочипро бемухлат дар парранда нигох дорад.
  5. Пломбахо (тамга, халка, микрочип) предмети намунаи ягонаи давлатии хисобашон катъи буда, силсилаю ракамхои хисобгири доранд ва онхоро макоми ваколатдори давлати (бахши худудиаш) медихад.
  6. Тартиби пломбазаниро макоми ваколатдори давлати мукаррар менамояд.

 

Моддаи 33. Кадастри хайвоноти шикори 

 

  1. Кадастри хайвоноти шикори маълумоти мониторингро оид ба махалли пахншави, саршумор ва сохтори популятсия, холати мухити зист, махалли шикор, ходисахои шикори гайриконуни, паррандахои шикори ва хайвоноти дигари шикории аз мухити сукунаташон дошта гирифташуда ва дигар маълумотро оид ба хайвоноти шикори дар бар мегирад.
  2. Тартиби пешбурди Кадастри хайвоноти шикориро макоми ваколатдори давлати  тасдик менамояд.
  3. Истифодабарандаи шикоргох маълумоти кадастриро барои ворид намудан ба Кадастри хайвоноти шикори ба макоми ваколатдори давлати пешниход мекунад.

 

Моддаи 34. Мукаррар кардани меъёр ва махдудияти дошта гирифтани хайвоноти шикори 

 

  1. Бо максади таъмини истифодаи устувори хайвоноти шикори  меъёр ва махдудияти дошта гирифтани онхо мукаррар карда мешаванд. Барои мукаррар намудани онхо маълумоти мониторинг, маълумоти манбаъхои дигар, асоснокии (розигии) муассисахои илми асос мебошанд.
  2. Хайвоноти шикори вобаста ба шумора ва дарачаи афзоиши популятсия ба ду гурух таксим мешаванд:

– намудхои махдуднашуда – намудхое, ки дошта гирифтани онхо барои таъмини устувории популятсия бинобар зиёд будани саршумор ва сернаслиашон махдудияти аникро дар шакли хисса аз хадди калонтарини саршумори популятсияи дар натичаи мониторинг мукарраргардида талаб намекунад. Дар баробари ин барояшон меъёри махдудкунии шикор ба тарики муайян намудани мавсими шикор, махдуд кардани микдори роххати шикори хайвоноти шикори, шикоррави аз руи як роххат ва шикори хайвонот дар ин шикоррави ва (ё) давраи дигари муайян мукаррар карда мешавад;

– намудхои махдудшуда – намудхое, ки дошта гирифтани онхо барои таъмини устувории популятсия махдудияти аникро дар шакли хисса аз хадди калонтарини саршумори популятсияи дар натичаи мониторинг мукарраргардида талаб мекунад. Намудхои муайяни хайвоноти шикори, аз чумла хайвоноте, ки ба  Китоби сурхи  Точикистон дохил карда шуда, ба категорияхои хайвоноти «Тахти хатари нестшави карордошта» мансубанд, ба хайвоноти махдудшуда дохил мешаванд.

  1. Махдудияти шикори хайвоноти шикори аз тарафи комиссияи ичозатдиханда, ки дар назди макоми ваколатдори давлати дар хайати намояндагони макоми ваколатдори давлати, макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист, Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва чамъияти шикорчиён таъсис дода мешавад, муайян карда мешавад. Хайати шахсии комиссияро ба мухлати се сол макоми ваколатдори давлати мукаррар мекунад. Карори комиссия бо машварат кабул карда мешавад. Карори комиссия дар бораи муайян кардани махдудият аз чониби макоми ваколатдори давлати кабул карда мешавад.
  2. Номгуи намудхои хайвоноти шикори, ки барояшон меъёр ва махдудияти шикор, хамчунин микдори онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикгардида мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 35. Бунёди шикоргоххои байнихочаги

 

  1. Шикоргоххои байнихочаги бо максади таъмини нигохдошти саршумор ва баркарор намудани он ва истифодаи окилонаи хайвоноти шикори бунёд карда мешаванд.
  2. Шикоргоххои байнихочаги аз тарафи макоми ваколатдори давлати, бо истифода аз имкониятхои худ, хамчунин бо чалби мутахассисон ва ташкилотхои махсус бунёд ва фаъолияташон хамоханг карда мешавад.
  3. Хадафи бунёди шикоргоххои байнихочаги иборат аст аз:

– мукаррар кардани китъахои хифзи намудхои хайвоноти шикори, ки дар онхо фаъолияти кишоварзи ё фаъолияти дигар муваккатан ё доими махдуд ё манъ карда мешавад;

– муайян кардани сархади китъахои шикоргох, ки барои фаъолияти кишоварзи таъин гардидаанд ва самтхои афзалиятноки онхо.

  1. Заминхои зерин  ба таркиби шикоргоххои байнихочаги дохил  намешаванд:

– замини мамнуъгоххои табиии давлати, минтакахои алохидаи паркхои табиии давлати (милли), парваришгоххои табиии давлати, минтакахои марказии мухити биосфери;

– замини махалхои ахолинишин ва заминхои атрофи махалхои ахолинишин, ки на кам 500 метр аз шахракхо ва 2 км аз маркази нохияву шахрхо вокеъ гардидаанд;

– замини объектхои саноати, хочаги, табобатию офияти, харби ва гайра ва заминхои 500 метр аз онхо дуртар чойгиршудаи гирду атроф;

– замини махалли истирохати оммавии ахоли, паркхо, бустонсаройхо ва заминхои 500 метр аз онхо дуртар чойгиршудаи гирду атроф.

 

Моддаи 36. Банакшагирии хочагии шикор (бунёди шикоргоххои дохилихочаги) 

 

  1. Пешбурди фаъолияти хочагии шикор ба шикори устувори хайвоноти шикори асос ёфта, танхо дар асоси банакшагирии он амали мегардад.
  2. Натичаи банакшагирии хочагии шикор накшахои зерини хочагии шикори истифодабарандагони шикоргох мебошанд:

– накшаи миёнамухлати фаъолияти хочагии шикор (на камтар аз 5 сол);

– накшаи харсолаи гузаронидани чорабинихои хочагии шикор.

  1. Тартиби ташкил ва амалигардонии банакшагирии фаъолияти хочагии шикор, шаклхои накшаи миёнамухлати хочагидори ва накшаи харсолаи чорабинихои он аз тарафи макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 37. Пешбурди фаъолияти хочагии шикор

 

  1. Пешбурди фаъолияти хочагии шикор иборат аст аз:

– банакшагирии фаъолияти хочагии шикор;

– мониторинги истехсоли;

– мусоидат намудан ба хифз ва афзоиши захираи хайвоноти шикори;

– андешидани тадбирхо дар хусуси ба сохаи кишоварзи зарар нарасонидани хайвоноти шикори;

– ташкил ва амали кардани назорати истехсолии шикоргох;

– ташкили фаъолияти егери;

– ташкили шикори хайвоноти шикори;

– амали намудани хуччатгузори.

  1. Истифодабарандаи шикоргох бояд хуччатхои зеринро дошта бошад:

– шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хочагии шикор бо замимахояш;

– накшаи идоракунии хочагии шикор ва накшаи харсолаи гузаронидани чорабинихои хочагии шикор;

– шаходатномаи шикорчи;

– коидахои тартиботи дохилии хочагии шикор.

  1. Истифодабарандаи шикоргох бо максади хифз, баркароркунии саршумор ва шикори босуботи хайвоноти шикори мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон коидахои тартиботи дохилии хочагии шикорро мукаррар менамояд, ки онхо будубоши шахрвандонро дар худуди шикоргохи дар ихтиёрдоштаи истифодабаранда танзим мегардонанд. Коидахои тартиботи дохилии хочагии шикор бо фармони истифодабарандаи шикоргох ба расмият дароварда мешаванд ва бояд барои хар шахси манфиатдор дастрас бошанд.
  2. Коидахои тартиботи дохили масъалахои зеринро дар бар мегиранд:

– маълумот дар бораи мукаррар намудани худуди шикоргох бо нишон додани сархади китъахои шикор, минтакахои хифзи намудхои хайвоноти шикори, афзоишёби бо зикри насаб, ном ва номи падари кормандон ва китъахои онхо;

– коидахои ба шикоргох омадан ва шикор кардан;

– номгуи объектхое, ки дар онхо шикор кардан ичозат дода шудааст ва нархномаи хизматрасони;

– номгуи кормандоне, ки назорати истехсолии шикорро ба зимма доранд;

– дигар маълумоти дахлдор.

  1. Истифодабарандаи шикоргох хар сол ба макоми ваколатдори давлати (ё ба бахши сохториаш) хисобот пешниход мекунад, ки он дорои маълумоти зерин мебошад:

– натичаи бахисобгирии саршумори намудхои асосии хайвоноти шикори ва дигар хайвоноте, ки ба Китоби сурхи Точикистон ворид кардашуда, дар шикоргох сукунат доранд;

– маълумоти ба шикоргох (китъаи шикор) омадани шикорчиён, харочоти ичозати шикор ва шикори хайвоноти шикори;

– маълумот дар бораи чорабинихои биотехники ва мухофизатии гузаронидашуда.

  1. Хисобот бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 38. Нигохдори, хифз ва баркароркунии саршумори хайвоноти шикори 

 

  1. Бо максади нигохдории захираи хайвоноти шикори, кам нашудан ва баркароркунии саршумори онхо ва барои мухайё сохтани шароити мусоид чихати афзоиши табиии саршумори онхо истифодабарандаи шикоргох, минтакахои нигохдории намудхои хайвоноти шикори ва китъахои афзоишёбиро мукаррар мекунад ва тадбирхои биотехники мегузаронад.
  2. Чорабинихои биотехники аз инхо иборатанд:

– мусоид гардонидани мухити зисти хайвоноти шикори бо рохи бехтар намудани сифати шикоргоххо, бехтар намудани хусусиятхои гизоноки, хифз ва барои лонагузори мувофик будани онхо;

– муваккатан бехтар кардани шароити зисти хайвоноти шикори;

– начот додани хайвонот хангоми фалокати табии, аз чумла дар шароити душвору вазнини обу хаво муваккатан бо хуроквори таъмин намудани онхо;

– чорахои байторию пешгирикунанда, ки барои бехдошти популятсияи намудхои хайвоноти шикори ва пешгирии эпизооти истифода мешаванд;

– бо рохи сунъи парвариш кардани хайвоноти шикори барои минбаъд ба шикоргох сар додани онхо;

– ба хадди чоиз расонидани саршумор ва сифати намудхои хайвоноти шикори.

  1. Чорабинихои биотехникиро вобаста ба талабот ва шароити махаллии биотехники истифодабарандаи шикоргох дар шикоргохе мегузаронанд, ки барои пешбурди фаъолияти хочагии шикор дар он хукук дорад.

 

Моддаи 39. Хифзи хайвоноти шикори ва пешгирии нобудшавии онхо хангоми амали

                        намудани фаъолияти кишоварзи ё фаъолияти дигар, рух додани холатхои

                        фавкулоддаи табии ва техногени

 

  1. Хангоми амали намудани фаъолияти кишоварзи ва ё корхои дигаре, ки ба холати хайвоноти шикори ва шароити (махалли) сукунати онхо таъсир мерасонад ё расонда метавонанд, оид ба хифзи хайвоноти шикори ва мухити зисташон, шароити афзоиши саршумори онхо ва роххои хичраташон, пешгирии бемори ва талафи хайвоноти шикори чорахо андешида мешаванд.
  2. Истифодабарандаи шикоргох ва дигар шахсони дахлдор хангоми руй додани холатхои фавкулоддаи табии ва техногени ухдадоранд барои начот додани хайвоноти шикори чорахо андешанд.

 

Моддаи 40. Махдуд кардани хукуки истифодабарандагони замин ва захирахои дигари табии

                        бо максади нигохдории хайвоноти шикори  ва мухити сукунати онхо ва

                        пешбурди фаъолияти хочагии шикор

 

Бо максади нигохдории хайвоноти шикори ва мухити сукунати онхо хукуки машгул шудан бо фаъолияти кишоварзи ва гайра (аз чумла чаронидани чорво ва алафдарави) машгул шудани истифодабарандагони замин ва захирахои дигари табии пурра ё кисман бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон махдуд карда мешавад.

 

БОБИ 7.

НАЗОРАТ ДАР СОХАИ ШИКОР ВА ХОЧАГИИ ШИКОР

 

Моддаи 41. Намудхои назорат дар сохаи шикор ва хочагии шикор

 

  1. Назорат дар сохаи шикор ва хочагии шикор аз назорати давлати, назорати истехсоли ва назорати чамъияти иборат буда, тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Назорати давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор аз тарафи макоми ваколатдори давлати (бахшхои сохтории минтакавии он) амали карда мешавад. Номгуи шахсони мансабдоре, ки назорати давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикорро ба зимма доранд, бо карори макоми ваколатдори давлати тасдик карда мешавад.
  3. Назорати истехсолиро дар сохаи шикор ва хочагии шикор истифодабарандагони шикоргох дар худуди шикоргоххое, ки хукуки пешбурди фаъолияти хочагии шикорро доранд анчом медиханд. Номгуи кормандони масъули назорати истехсоли дар сохаи шикор ва хочагии шикор бо карори истифодабарандаи шикоргох тасдик карда мешавад.
  4. Назорати чамъиятиро дар сохаи шикор ва хочагии шикор шахсони вокеи ва хукукии дахлдор амали менамоянд.

 

Моддаи 42. Назорати риоя шудани шартномахо аз тарафи истифодабарандаи шикоргох 

 

  1. Назорати риояи шартхои шартномаи пешбурди фаъолияти хочагии шикорро аз чониби истифодабарандаи шикоргох макоми ваколатдори давлати амали менамояд.
  2. Макоми ваколатдори давлати аз руи зарурат дурусти ва сифати хисоботу хуччатхои пешниходкардаи истифодабарандаи шикоргохро оид ба ичрои шартхои шартномаи пешбурди фаъолияти хочагии шикор месанчад. Аз руи натичаи санчиш санад тартиб дода, оид ба бартараф намудани норасоихо ва хукуквайронкуни карор кабул карда мешавад. Истифодабарандаи шикоргох оид ба ичрои карор макоми ваколатдори давлатиро хатти огох месозад.
  3. Дар сурати ба олами хайвонот зарар расонидани истифодабарандаи шикоргох бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон у ба чавобгари кашида мешавад.

 

Моддаи 43. Хукуку ухдадорихои шахсони мансабдоре, ки назорати давлати дар сохаи шикор

                        ва хочагии шикорро амали менамоянд

 

  1. Шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати, ки назорати давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикорро амали менамоянд, нозирони давлати дар сохаи шикор ва хочагии шикор мебошанд.
  2. Рохбари макоми ваколатдори давлати сарнозири давлати оид ба назорати шикори Чумхурии Точикистон мебошад.
  3. Нозирони давлатии шикор хукук доранд:

– вориди корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, бозорхо ва  макомоти давлати шаванд ва бо хуччатхо, натичаи тахлилхо, маводи дигари барои ичрои вазифахояшон зарури  шинос шаванд;

– риоя шудани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифз, баркароркуни ва истифодаи объектхои олами хайвонот, шартхои шартномаи пешбурди фаъолияти хочагии шикор аз чониби истифодабарандаи шикоргохро бо тартиби мукарраргардида мавриди санчиш карор диханд;

– дар бораи бартараф намудани хукуквайронкунихо дастур диханд;

– доир ба риоя нашудани конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист ва истифодабарии табиат санад тартиб диханд;

– конуншиканонро боздоранд, азназаргузаронии шахси ва чизу чораро анчом диханд, ашё ё олоти содир шудани конуншикани (аз чумла хайвоноти гайриконуни шикоргардидаро) гиранд, воситахои наклиётро аз назар гузаронанд;

– парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро дар сохаи хифз, баркароркуни ва истифодаи объектхои олами хайвонот барраси намуда, шахсони гунахкорро ба чавобгари кашанд, оид ба чуброни зарари ба олами хайвонот ва наботот расондаашон даъво пешниход намоянд, хангоми зарурат парвандаро ба макомоти хифзи хукук ва суд барои барраси супоранд:

– силохи хизмати ва тачхизоту воситахои махсусро хангоми ичрои вазифахои хизмати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нигох доранд, бо худ гирифта гарданд ва истифода намоянд;

– тибки коидахои тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон либоси хидматии дорои нишонахои фарккунандаро пушида гарданд;

– корхои истифодабарии объектхои олами хайвонотро, ки бо вайрон намудани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мешаванд, манъ намоянд;

– корхои истифодабарии захирахои табииро, ки бо дагалона ё мунтазам риоя нагардидани стандартхо, меъёрхо коидахои хифз ва истифодаи захирахои табии, кор фармудани дастгоху иншооти таъиноти хифзи табиат амали мешаванд, манъ намоянд ва боздоранд;

– воридоту содирот, баровардан, ба шикоргох сар додану чойгир кардан ва муътодонидани хайвоноту набототеро, ки ба объектхои олами набототу хайвоноти худуди Чумхурии Точикистон зарар расонида метавонанд, манъ кунанд;

– тадбирхои дигареро бо максади ичрои Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мухити зист ва истифодабарии табиат аст андешанд.

  1. Нозирони давлатии шикор ухдадоранд:

– зимни ичрои вазифахои хизмати талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя намоянд;

– нисбат ба шахсони санчишшаванда хушодобу хушмуомила бошанд;

– ба кормандони истифодабарандаи шикоргох дар хусуси назорати истехсоли дар сохаи шикор ва хочагии шикор инчунин ба шахсоне, ки назорати чамъиятро дар сохаи шикор ва хочагии шикор ба зиммаашон аст, мусоидат намоянд.

 

Моддаи 44. Хукуку ухдадорихои шахсоне, ки назорати истехсоли дар сохаи шикор ва хочагии

                        шикорро амали менамоянд

 

  1. Шахсоне, ки назорати истехсоли дар сохаи шикор ва хочагии шикорро амали менамоянд, хукук доранд:

– оид ба вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шикор ва хочагии шикор санад тартиб диханд;

– шахси хукуквайронкуни содирнамударо дастгир намуда, азназаргузаронии шахси ва чизу чораро анчом диханд, ашё ва олоти содир шудани хукуквайронкуни (аз чумла объектхои табиии гайриконуни дошта гирифта)-ро гиранд, воситахои наклиётро аз назар гузаронанд.

  1. Кормандони истифодабарандаи шикоргох, ки назорати истехсоли дар сохаи шикор ва хочагии шикорро амали менамоянд, ухдадоранд:

– санадхои вайрон карда шудани конунгузори дар сохаи шикор ва хочагии шикор ва ашёву олоти содиршавии хукуквайронкуни, аз чумла объектхои гайриконуни шикоргардида ва махсулоти дигари шикорро ба макоми ваколатдори давлати (бахшхои сохториаш) супоранд;

– оид ба тамоми ходисахои вайрон карда шудани конунгузории дар сохаи шикор ва хочагии шикор ба макоми ваколатдори давлати (бахшхои сохториаш) иттилоот пешниход намоянд.

 

Моддаи 45. Хукуку ухдадорихои шахсоне, ки назорати чамъияти дар сохаи шикор ва хочагии

                        шикорро амали менамоянд

 

  1. Шахсоне, ки назорати чамъияти дар сохаи шикор ва хочагии шикорро амали менамоянд, хукук доранд:

– холатхои вайрон кардани конунгузориро дар сохаи хифз, баркароркуни ва истифодабарии объектхои олами хайвонот зимни тартиб додани санади намунаи дилхох ба кайд гиранд;

– ичрои конунгузории сохаи хифз, баркароркуни ва истифодабарии объектхои олами хайвонотро тахти назорат гиранд;

– бо макоми ваколатдори давлати (бахшхои сохториаш) барои пешбурди фаъолияташон хамкори намоянд.

  1. Шахсоне, ки назорати чамъияти дар сохаи шикор ва хочагии шикорро амали менамоянд, ухдадоранд:

– санадхои вайрон кардани конунгузории сохаи хифз, баркароркуни ва истифодабарии объектхои олами хайвонот тартиб додаро ба макоми ваколатдори давлати супоранд;

– барои дурустии маълумоти вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифз, баркароркуни ва истифодабарии объектхои олами хайвонот масъулият доранд.

 

БОБИ 8.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 46. Мукаррароти интиколи

 

  1. Хукуки шикори хайвоноти шикори, ки ба он истифодабарандаи шикоргох дар асоси ичозати шикори объектхои олами хайвонот то мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур гирифтаашон сохиб гаштаанд, то гузаштани мухлати амали ичозати мазкур, эътибор дорад.
  2. Шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргохе, ки пеш аз мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур баста шудаанд, то анчом ёфтани мухлати дар шартнома зикршуда эътибор дорад.

 

Моддаи 47. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур 

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 48. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти 

Чумхурии Точикистон   Эмомали  РАХМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№1118

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …