Главная / Илм / «КОНУНЧА»

«КОНУНЧА»

konuncha«КОНУНЧА», асарест, ки онро аз руи «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Абуалии Сино Махмуд Мухаммад ибни Умари Чагмини (ваф. 1344) ба араби тахия кардааст. «К.» аз 10 боб (макола) иборат аст. Дар «К.» оид ба табиати инсон (боби 1), ташрехия (боби 2), холатхои гуногуни организми одам (боби 3), набзи шараён (боби 4), бехдошт ва пархези одамони солим (боби 5), дарди сар (боби 6), беморихои аъзои чудогонаи одам (боби 7), касалихои гурда (боби 8), амрози умумии организм (боби 9), куввахое, ки дар гизои сахт ва нушокихо мавчуданд (боби 10) маълумоти мухтасар дода шудааст. Як нусхаи «К.» иборат аз 38 варак тахти раками 2409 дар Фонди дастхатхои Ин-ти шаркшиносии АИ узбекистон махфуз мебошад. Шоир ва табиби а. 19 Чунайдуллохи Хозик хам ба «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино бо номи «Тахкику-л-кавоид» шарх навиштааст. Асари номбурда с. 1822 дар Бухоро ба забони точики таълиф ёфтааст ва яке аз нусхахои он (229 варак тахти раками 1306) дар Фонди дастнависхои Ин-ти шаркшиносии АИ узбекистон махфуз мебошад.
Ад.: Энциклопедияи Советии Точик, ч. 8, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …