Главная / Илм / КОКУТи

КОКУТи

kokutiКОКУТи (Origanum tuttahanthum), субинак, сипаргам, пудинаи кухи, гиёхест бисёрсола. Аз 20 то 90 см кад мекашад. Пояаш бисёр, рост, чоркирра, сершох, пашмакдор. Баргаш кутохдумчаи дарозруя, гулаш сафед ё бунафши паст. Мевааш дорчинии сиёхтоб. Июн – авг. гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар алафзор, маргзори субалпи, даштхо, нишебихои санглохи к-куххои Курама, Зарафшон, Хисору Дарвоз, нохияхои Точикистони Чанубию Шарки меруяд.
Мувофики маълумоти Абуалии Сино К. хилти часпаки синаю шуш, хайзу пешобро меронад, чанинро меафтонад. Нушидани он барои рафъи гусса ва дилбехузури муфид аст. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки К. кулинчро шифо мебахшад, давои хуби пешоброн буда, санги гурдаю масонаро об мекунад.
Дар тибби халки К.-ро барои муоличаи амрози гуногун истифода мебаранд; чушоб, накеъ ва чойи онро хангоми дарди дил, беморихои занона, шамолхури, сулфа, бехоби, сили шуш, исхол, касалихои чигар, галаёни хун, саръ ва кушодани иштихо менушанд. Бо накеъи К. дарди гулу, ушкуфа, ширинча ва рахитро табобат менамоянд. Баргу пояи сабзи онро куфта ба хафтпуст ва пучак мебанданд. Дар тибби муосир К. дар таркиби диг. давохо барои муоличаи бехоби, заъфи асаб, газаку заъфи меъда ва чун воситаи иштихоовар, балгамрон, рафъсозандаи дард ва зиддиилтихоби истифода мешавад.
Бо акидаи табибони халки К.-ро бо оби анчири тар бихуранд, дамкутохи ва сурфаро шифо мебахшад; агар бо анчири хушк бихуранд, арак меоварад, ранги руйро неку мегардонад. Агар К.-ро бо асал бардавом истеъмол кунанд, бехузур шудани дил ва дарди рудахоро шифо мебахшад, хамаи навхои кирми меъда ва рудахоро хорич менамояд; агар онро бо карафс бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислох мекунад, бо панири нав бихуранд, баданро фарбех месозад. Оби К.-и тарро ба чашм кашанд, гули чашм ва шабкуриро дафъ мекунад, агар онро нимгарм ба гуш чаконанд, гаронии гушро ислох мекунад. К.-ро куфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варамхои сахт, радикулит ва дарди суринро шифо мебахшад. Оби гули тару тозаи К.-ро дар офтоб киём карда бихуранд, варами мушакхои ду тарафи забон, забонча, инчунин чушиши дахонро сихат мекунад
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …