Главная / Чамъият / КОДЕКСИ МЕХНАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ МЕХНАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №7, мод. 604)

mehnat-kor

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ.. 13

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ АСОСИ.. 13

Моддаи 1. Мафхумхои асоси. 13

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат. 17

Моддаи 3. Вазифахои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат  17

Моддаи 4. Принсипхои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат  17

Моддаи 5. Озодии мехнат. 18

Моддаи 6. Манъи махдудсозии хукук ба мехнат. 18

Моддаи 7. Манъи табъиз дар муносибатхои мехнати. 18

Моддаи 8. Манъи мехнати мачбури. 18

Моддаи 9. Доираи амали Кодекси мазкур. 18

Моддаи 10. Санадхои корфармо. 19

Моддаи 11. Шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективии тарафхои шарикии. 19

Моддаи 12. Таносуби танзими конуни ва шартномавии муносибатхои мехнати  19

Моддаи 13. Тартиби мувофикасозии лоихаи санадхои корфармо бо намояндагони кормандон. 19

Моддаи 14. Хисобкунии мухлатхои дар Кодекси мазкур мукарраршуда. 20

ФАСЛИ II. МУНОСИБАТХОИ МЕХНАТИ.. 20

БОБИ 2. СУБЪЕКТОНИ МУНОСИБАТХОИ МЕХНАТИ. АСОСХОИ БА ВУЧУД ОМАДАНИ.. 20

Моддаи 15. Субъектони муносибатхои мехнати. 20

Моддаи 16. Асосхои ба вучуд омадани муносибатхои мехнати. 20

Моддаи 17. Бастани шартномаи мехнати бо шахси аз хисоби квота фиристодашуда. 21

Моддаи 18. Хукук ва ухдадорихои асосии корманд. 21

Моддаи 19. Хукук ва ухдадорихои асосии корфармо. 22

БОБИ 3. ШАРТНОМАИ МЕХНАТИ.. 24

Моддаи 20. Мавзуи шартномаи мехнати. 24

Моддаи 21. Тарафхои шартномаи мехнати. 24

Моддаи 22. Озодона бастани шартномаи мехнати. 24

Моддаи 23. Кафолатхо хангоми кабул ба кор. 25

Моддаи 24. Мазмуни шартномаи мехнати. 25

Моддаи 25. Мухлати шартномаи мехнати. 26

Моддаи 26. Бастани шартномаи мехнати ва барасмиятдарории он. 26

Моддаи 27. Махдудияти якчоя кор кардани хешовандони наздик. 27

Моддаи 28. Санчиш хангоми кабул ба кор. 27

Моддаи 29. Шартномаи шогирди. 28

Моддаи 30. Гузаронидан ба кори дигари доими. 28

Моддаи 31. Тагйир ёфтани шароити мехнат. 28

Моддаи 32. Муваккатан ба кори дигар гузаронидан хангоми бекористи. 29

Моддаи 33. Муваккатан боздоштани истехсолот (кор) 29

Моддаи 34. Махдуд кардани гузаронидан ба корхои гайритахассуси. 29

Моддаи 35. Муваккатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истехсоли (кори) 29

Моддаи 36. Муваккатан ба кори дигар гузаронидан бо хохиши корманд. 30

Моддаи 37. Ухдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон. 30

Моддаи 38. Муносибатхои мехнати хангоми иваз шудани сохибмулк ва ё азнавташкилдихии. 30

Моддаи 39. Катъ шудани шартномаи мехнати. 30

Моддаи 40. Катъ шудани шартномаи мехнати бо созиши тарафхо. 30

Моддаи 41. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корманд. 31

Моддаи 42. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо. 31

Моддаи 43. Хукуки афзалиятнок барои дар кор мондан хангоми бекор шудани шартномаи. 32

Моддаи 44. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи мехнати ва мувофикаи он бо. 33

Моддаи 45. Огохони дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати. 33

Моддаи 46. Катъ кардани шартномаи мухлатноки мехнати. 34

Моддаи 47. Бекор кардани шартномаи мухлатноки мехнати то ба охир расидани мухлат. 34

Моддаи 48. Катъ шудани шартномаи мехнати дар холатхое, ки ба иродаи тарафхо вобаста. 34

Моддаи 49. Катъ шудани шартномаи мехнати бинобар гузаштани корманд ба вазифаи. 34

Моддаи 50. Аз кор дур кардан. 34

Моддаи 51. Кумакпули хангоми катъ шудани шартномаи мехнати. 35

Моддаи 52. Хуччатхое, ки собикаи мехнатии кормандро тасдик менамоянд  35

Моддаи 53. Ухдадории корфармо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар. 35

Моддаи 54. Рох надодан ба гайриконуни аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани. 36

Моддаи 55. Масъулияти корфармо барои гайриконуни ба кори дигар гузарондан ва. 36

Моддаи 56. Беэътибории шартномаи мехнати. 36

БОБИ 4. ЧАМЪОВАРИ, КОРКАРД ВА ХИФЗИ МАЪЛУМОТХОИ ШАХСИИ КОРМАНД.. 36

Моддаи 57. Ухдадории корфармо вобаста ба чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои. 36

Моддаи 58. Хукукхои корманд бо максади таъмини хифзи маълумотхои шахси, ки корфармо. 37

БОБИ 5. ТАРТИБОТИ МЕХНАТИ. ИНТИЗОМИ МЕХНАТ.. 37

Моддаи 59. Коидахои тартиботи дохилии мехнати. 37

Моддаи 60. Таъмини интизоми мехнат. 38

Моддаи 61. Хавасмандгардони барои мехнат. 38

Моддаи 62. Чазои интизоми. 38

Моддаи 63. Тартиби татбики чазои интизоми ва шикоят нисбати он. 38

Моддаи 64. Мухлати татбики чазои интизоми. 39

Моддаи 65. Мухлати амали чазои интизоми. 39

БОБИ 6. ВАКТИ КОРИ.. 39

Моддаи 66. Вакти кори. 39

Моддаи 67. Давомнокии муътадили вакти кори. 39

Моддаи 68. Давомнокии кутохкардашудаи вакти кори. 39

Моддаи 69. Давомнокии кутохи вакти кори барои кормандоне, ки бо корхои дорои шароити. 40

Моддаи 70. Давомнокии кутохи вакти кори барои кормандоне, ки корашон дорои хусусияти. 40

Моддаи 71. Вакти нопурраи кори. 40

Моддаи 72. Намудхои хафтаи кори ва низоми вакти кори. 40

Моддаи 73. Кори бастави. 40

Моддаи 74. Давомнокии вакти кори. 41

Моддаи 75. Ба кисмхо таксим кардани рузи кори. 41

Моддаи 76. Давомнокии вакти кори дар арафаи рузхои иди гайрикори. 41

Моддаи 77. Давомнокии вакти кории шабона. 41

Моддаи 78. Бахисобгирии якчояи вакти кори. 42

Моддаи 79. Изофакори. 42

Моддаи 80. Холатхои истисноии истифодаи изофакори. 42

Моддаи 81. Тартиби хисобкунии вакти кори. 43

БОБИ 7. ВАКТИ ИСТИРОХАТ.. 43

Моддаи 82. Намудхои вакти истирохат. 43

Моддаи 83. Танаффус барои дамгири ва хурокхури. 43

Моддаи 84. Танаффусхои дохилибасти ва махсус. 43

Моддаи 85. Давомнокии танаффусхо байни рузхои (бастхои) кори. 44

Моддаи 86. Рузхои истирохат. 44

Моддаи 87. Манъи кор дар рузхои истирохат. Холатхои истисноии чалби корманд ба кор дар. 44

Моддаи 88. Чуброни кори рузхои истирохат ва вакти дамгири. 44

Моддаи 89. Истирохат дар рузхои иди гайрикори. 44

Моддаи 90. Намудхои рухсати. 45

Моддаи 91. Хукук ба рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ва рухсатии ичтимои. 45

Моддаи 92. Хукук ба рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин ва рухсатии мехнатии. 45

Моддаи 93. Давомнокии рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин. 45

Моддаи 94. Давомнокии рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда. 45

Моддаи 95. Рухсатихои иловагии харсола. 46

Моддаи 96. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои зарарнок ва вазнини мехнат. 46

Моддаи 97. Рухсатии иловагии харсола барои хусусияти махсуси кор. 46

Моддаи 98. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои махсуси табиию иклими. 47

Моддаи 99. Рухсатии иловагии бо рузи кори ба меъёр гирифтанашуда. 47

Моддаи 100. Рухсатии иловаги барои собикаи кории давомнок. 47

Моддаи 101. Бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола. 47

Моддаи 102. Бахисобгирии собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад. 47

Моддаи 103. Хукуки корфармо оид ба тагйир додани соли кории корманд  48

Моддаи 104. Шартхои пешниходи рухсатии мехнати барои соли аввали кори  48

Моддаи 105. Шартхои додани рухсатии мехнати барои солхои дуюм ва минбаъдаи кори. 48

Моддаи 106. Додани рухсатии харсола ба шахсоне, ки аз профилакторияхои табобатию.. 49

Моддаи 107. Вакт ва навбати додани рухсатии мехнати. 49

Моддаи 108. Рухсатии мехнатии харсола ва холатхои истисноии ба соли дигар гузаронидани он. 49

Моддаи 109. Хукуки корманд дар хусуси ба дигар вакт гузаронидан ва дароз намудани мухлати. 50

Моддаи 110. Окибати бе асоси конуни ва ризоияти корфармо рад намудани истифодаи. 50

Моддаи 111. Ба кисмхо чудо кардани рухсатии мехнати. Бозхонд аз рухсатии мехнати. 50

Моддаи 112. Пардохти рухсатии мехнатии асосии харсола. 50

Моддаи 113. Маблагхо барои пардохти рухсатихо. 51

Моддаи 114. Рухсатии ичтимои. 51

Моддаи 115. Рухсатии эчоди. 51

Моддаи 116. Рухсатии бемузди мехнат. 51

Моддаи 117. Рухсатии муваккатии бемузд ё кисман музднок. 52

Моддаи 118. Амали кардани хукук ба рухсатии мехнатии харсола хангоми аз кор озод намудан. 52

Моддаи 119. Хукуки корфармо хангоми додани рухсати. 52

БОБИ 8. ТАЙЁРИИ КАСБИ, АЗНАВТАЙЁРКУНИ, ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАЧРИБАОМУЗИИ.. 53

Моддаи 120. Хукук ва ухдадорихои корфармо оид ба тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили. 53

Моддаи 121. Тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон. 53

Моддаи 122. Шакл ва талаботи умуми ба тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва. 53

Моддаи 123. Хукук ва ухдадорихои кормандон оид ба тайёрии касби, азнавтайёркуни ва. 54

Моддаи 124. Мазмуни шартномаи тахсил. 54

Моддаи 125. Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълими тахсил мекунанд. 54

Моддаи 126. Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми. 55

Моддаи 127. Имтиёзхо барои таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти касби. 55

БОБИ 9. БАКОРТАЪМИНКУНИ.. 55

Моддаи 128. Кафолатхои давлатии бакортаъминкуни. 55

Моддаи 129. Хукукхои шахрвандон дар самти бакортаъминкуни. 56

Моддаи 130. Хукук ва ухдадорихои корфармо хангоми бакортаъминкуни. 56

Моддаи 131. Миёнарави дар муносибатхои мехнати. 56

БОБИ 10. БАМЕЪЁРГИРИИ МЕХНАТ.. 57

Моддаи 132. Меъёрхои мехнат. 57

Моддаи 133. Кафолатхои давлатии ташкили бамеъёргирии мехнат. 57

Моддаи 134. Мукаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрхои мехнат. 57

Моддаи 135. Талабот барои тахияи меъёрхои мехнат. 57

Моддаи 136. Хусусиятхои танзими бамеъёргирии мехнат. 57

Моддаи 137. Муайян намудани нархномаи музди мехнати корбайъ. 57

Моддаи 138. Таъмини шароити муътадил барои ичрои меъёри мехнат. 58

БОБИ 11. МУЗДИ МЕХНАТ.. 58

Моддаи 139. Мукаррар намудани андозаи музди мехнати кормандон. 58

Моддаи 140. Кафолати пардохти музди мехнат. 58

Моддаи 141. Кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнати кормандон  58

Моддаи 142. Таркиби музди мехнат. 59

Моддаи 143. Андозаи хадди акали музди мехнат. 59

Моддаи 144. Индексатсияи музди мехнат. 60

Моддаи 145. Коэффитсиентхои нохияви ва иловапули ба музди мехнат. 60

Моддаи 146. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат. 60

Моддаи 147. Тартиби пардохти музди мехнати кормандон. 60

Моддаи 148. Музди мехнат дар шароити махсус. 60

Моддаи 149. Шакл, низом ва андозаи музди мехнат. 61

Моддаи 150. Тагйир додани шартхои музди мехнат. 61

Моддаи 151. Музди мехнат хангоми ичрои корхои дарачахои тахассуси гуногун  61

Моддаи 152. Музди мехнат хангоми якчоякунии касбхо (вазифахо) ва муваккатан ичро. 61

Моддаи 153. Музди мехнат хангоми муваккатан ба чойи корманди дигар кор кардан. 61

Моддаи 154. Пардохти изофакори, кор дар рузхои истирохат ва ид. 62

Моддаи 155. Музди мехнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд  62

Моддаи 156. Пардохти музди кори шабона. 62

Моддаи 157. Пардохти музди мехнат хангоми ичро накардани меъёри коркард, истехсоли. 62

Моддаи 158. Мухлатхои пардохти музди мехнат. 63

Моддаи 159. Шаклхои пардохти музди мехнат. 63

Моддаи 160. Чойи пардохти музди мехнат. 63

Моддаи 161. Сарчашмаи воситахо барои музди мехнат. 63

Моддаи 162. Фонди захиравии музди мехнат. 64

Моддаи 163. Нигох доштани маблаг аз музди мехнат. 64

БОБИ 12. КАФОЛАТ ВА ЧУБРОНПУЛИХО.. 65

Моддаи 164. Кафолатхо хангоми ичрои вазифахои давлати ва чамъияти. 65

Моддаи 165. Кафолатхо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати харбии. 65

Моддаи 166. Кафолатхо хангоми ичрои ухдадорихо ба манфиати кормандони ташкилот. 65

Моддаи 167. Кафолат хангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд. 65

Моддаи 168. Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тибби фиристода. 65

Моддаи 169. Кафолат ва имтиёзхо барои кормандони аз кор озодшаванда  65

Моддаи 170. Кафолат барои рохбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии. 66

Моддаи 171. Кафолатхо барои гурухи алохидаи кормандон. 66

Моддаи 172. Тартиби хисоб кардани музди миёнаи мехнат. 66

Моддаи 173. Чуброни харочоти ичрои кор. 66

Моддаи 174. Сафари хизмати. 66

Моддаи 175. Барасмиятдарори, низоми вакти кори ва вакти истирохат хангоми сафари. 66

Моддаи 176. Мухлати дар сафари хизмати будан. 66

Моддаи 177. Кафолат ва чуброн хангоми сафари хизмати. 67

Моддаи 178. Чуброн барои корхои дорои хусусияти харакаткунанда ва сайёр  67

Моддаи 179. Чуброни харочоти корманд хангоми ба махалли дигар ба кор кабул намудан, 67

Моддаи 180. Чубронпули барои рафтан ба кор бо мувофикаи пешаки ба махалли дигар. 68

Моддаи 181. Холатхои баргардонидани чубронхо хангоми ба махалли дигар ба кор омадан. 68

Моддаи 182. Чуброни харочоти истифодаи молу мулки шахсии корманд. 68

БОБИ 13. ЧАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФХОИ ШАРТНОМАИ МЕХНАТИ   68

Моддаи 183. Чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми чуброни зарари. 68

Моддаи 184. Шартхои ба вучуд омадани чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати. 68

Моддаи 185. Чавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд дар натичаи. 69

Моддаи 186. Чавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба молу мулки корманд. 69

Моддаи 187. Чавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба хаёт ва ё саломатии корманд. 69

Моддаи 188. Чавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст. 69

Моддаи 189. Хадди чавобгарии моддии корманд. 70

Моддаи 190. Холатхои чавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба. 70

Моддаи 191. Чавобгарии моддии коллективи барои расонидани зарар. 70

Моддаи 192. Муайян кардани андозаи зарар. 70

Моддаи 193. Ухдадории корфармо хангоми мукаррар намудани андозаи зарар ва сабаби сар. 71

Моддаи 194. Чуброни зарарро ихтиёран додани корманд. 71

Моддаи 195. Тартиби ситонидани чуброни зарар. 71

Моддаи 196. Чуброни зараре, ки рохбар ба ташкилоти давлати расонидааст  71

Моддаи 197. Кам кардани андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад  72

БОБИ 14. БАРРАСИИ БАХСХОИ МЕХНАТИИ ФАРДИ.. 72

Моддаи 198. Бахсхои мехнатии фарди. 72

Моддаи 199. Макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди. 72

Моддаи 200. Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он. 72

Моддаи 201. Мухлати мурочиат ба макомоте, ки бахсхои мехнатии фардиро барраси. 72

Моддаи 202. Ваколатхои комиссияи созиш оид ба бахсхои мехнати. 72

Моддаи 203. Тартиби баррасии бахсхои мехнати дар комиссияи созиш.. 73

Моддаи 204. Тартиби кабули карор аз чониби комиссияи созиш ва мазмуни он  73

Моддаи 205. Ичрои карори комиссияи созиш.. 73

Моддаи 206. Аз тарафи макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди ба кор баркарор. 73

ФАСЛИ III. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ГУРУХИ АЛОХИДАИ КОРМАНДОН.. 74

БОБИ 15. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ БА СИННИ ХАЖДАХ НАРАСИДА.. 74

Моддаи 207. Хукуки кормандони ба синни хаждах нарасида дар муносибатхои мехнати. 74

Моддаи 208. Корхое, ки дар онхо истифодаи мехнати кормандони ба синни хаждах нарасида. 74

Моддаи 209. Катъи шартномаи мехнати бо талаби падару модар, васи (парастор) ё макомоти. 74

Моддаи 210. Муоинаи хатмии тиббии кормандони ба синни хаждах нарасида  74

Моддаи 211. Давомнокии вакти кори барои кормандони ба синни хаждах нарасида. 74

Моддаи 212. Пардохти музди мехнат ва меъёрхои коркард барои кормандони ба синни хаждах. 75

Моддаи 213. Хусусияти речаи мехнат ва истирохати кормандони ба синни хаждах нарасида. 75

Моддаи 214. Махдудияти чавобгарии моддии кормандони ба синни хаждах нарасида. 75

БОБИ 16. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ЗАНОН ВА ДИГАР ШАХСОНИ ДОРОИ УХДАДОРИХОИ ОИЛАВИ.. 75

Моддаи 215. Махдудияти катъи шартномаи мехнати бо занон ва дигар шахсони дорои. 75

Моддаи 216. Корхое, ки дар онхо истифодаи мехнати занон манъ аст. 76

Моддаи 217. Хусусияти низоми мехнат ва истирохат барои занон ва дигар шахсони дорои. 76

Моддаи 218. Танаффус барои гизодихии кудак. 76

Моддаи 219. Мукаррар кардани вакти нопурраи кори барои занон ва дигар шахсоне, ки. 76

Моддаи 220. Махдудияти истифодаи чамъи бахисобгирии вакти кори барои занони хомила. 76

Моддаи 221. Муваккатан ба кори дигар гузаронидани зани хомила ва заноне, ки кудаки то як. 76

Моддаи 222. Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки ухдадорихои оилави доранд, 77

Моддаи 223. Рухсати барои хомиладори ва таваллуд. 77

Моддаи 224. Рухсати барои нигохубини кудак. 77

Моддаи 225. Кафолатхо барои занони хомила ва фарзанддор хангоми ба кор кабул кардани. 78

Моддаи 226. Рухсатии кормандоне, ки кудакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онхо. 78

Моддаи 227. Кафолат ва имтиёзхо ба шахсоне, ки кудаконро бе модар тарбия мекунанд. 78

БОБИ 17. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ЧОЙ КОРКУНАНДА.. 78

Моддаи 228. Мукаррароти умуми оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан. 78

Моддаи 229. Махдудиятхои дар ду (якчанд) чой кор кардан. 78

Моддаи 230. Шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан. 79

Моддаи 231. Хуччатхои иловагие, ки барои бастани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) 79

Моддаи 232. Давомнокии вакти кории дар ду (якчанд) чой кор кардан. 79

Моддаи 233. Рухсатихои мехнатии харсолаи пардохтшаванда барои дар ду (якчанд) чой кор. 79

Моддаи 234. Махдудияти бастани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан. 79

Моддаи 235. Асосхои иловагии катъ намудани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой. 79

БОБИ 18. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ БА КОРХОИ ВАЗНИН, ЗЕРИЗАМИНИ ВА ШАРОИТИ МЕХНАТАШОН ЗАРАРНОК МАШГУЛАНД.. 79

Моддаи 236. Давомнокии вакти кори ва рухсатии мехнатии иловагии харсолаи  80

Моддаи 237. Музди мехнати кормандоне, ки ба корхои вазнин, зеризамини ва ё шароити. 80

Моддаи 238. Таъмини сихатии корманд ва бехатарии шароити мехнат. 80

БОБИ 19. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ БО КОРХОИ МАВСИМИ МАШГУЛАНД.. 80

Моддаи 239. Корхои мавсими. 80

Моддаи 240. Хусусияти бастани шартномаи мехнати бо кормандони мавсими  80

Моддаи 241. Асосхои иловагии бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо бо. 80

Моддаи 242. Хусусияти бекор кардани шартномаи мехнати бо корманди мавсими. 81

БОБИ 20. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ БО УСУЛИ ВАХТАВИ КОРКУНАНДА.. 81

Моддаи 243. Хусусиятхои кори вахтави. 81

Моддаи 244. Махдудият дар кори усули вахтави. 81

Моддаи 245. Давомнокии вахта. 81

Моддаи 246. Хисоби вакти кори ва вакти дамгири хангоми кор бо усули вахтави  81

БОБИ 21. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ ХОНАГИ   82

Моддаи 247. Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи мехнати бо кормандони хонаги. 82

Моддаи 248. Вакти кори ва вакти дамгирии кормандони хонаги. 82

Моддаи 249. Татбик ва бекор кардани чазои интизоми. 82

Моддаи 250. Халли бахсхои мехнатии фарди. 82

Моддаи 251. Катъ кардани шартномаи мехнати бо корманди хонаги. 82

БОБИ 22. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ ХОНАКОР  82

Моддаи 252. Кормандони хонакор. 82

Моддаи 253. Шартхои мехнати кормандони хонакор. 83

Моддаи 254. Речаи вакти кори ва вакти истирохат, шартхои таъмини бехатари ва хифзи. 83

БОБИ 23. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ БО КОРИ ФОСИЛАВИ (ДИСТАНСИОНИ) МАШГУЛБУДА.. 83

Моддаи 255. Кори фосилави (дистансиони) 83

Моддаи 256. Шароити мехнати кормандоне, ки бо кори фосилави (дистансиони) машгуланд. 83

Моддаи 257. Бахисобгирии вакти кори ва вакти истирохат, шартхои таъмини бехатари ва хифзи. 83

БОБИ 24. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ МАЪЮБОН.. 83

Моддаи 258. Амали намудани хукуки маъюбон ба мехнат. 84

Моддаи 259. Шароити мехнати кормандони маъюб. 84

Моддаи 260. Давомнокии вакти кутохи кории маъюбон. 84

Моддаи 261. Махдудияти истифодаи чамъи вакти кори бахисобгирифташуда барои. 84

Моддаи 262. Махдудияти кори шабона, изофакори, кор дар рузхои истирохат ва иди. 84

Моддаи 263. Пешниходи рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ба корманди маъюб. 84

БОБИ 25. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ХАЙАТИ ТЕХНИКИ ВА ХИЗМАТРАСОНИ МАКОМОТИ ДАВЛАТИ.. 85

Моддаи 264. Кабул намудан ба хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати. 85

Моддаи 265. Махдудият дар хизмати граждани. 85

Моддаи 266. Гузаронидани хизматчии граждани ба кор ба дигар макомоти давлати. 85

Моддаи 267. Аттестатсияи хизматчии граждани. 85

Моддаи 268. Пешрави дар хизмати граждани. 85

Моддаи 269. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии граждани. 86

Моддаи 270. Хавасмандгардонии хизматчии граждани. 86

Моддаи 271. Кафолат ва чубронхо ба хизматчии граждани. 86

Моддаи 272. Пардохти музди мехнати хизматчии граждани. 86

БОБИ 26. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ СОХИБКОРОНИ ИНФИРОДИ.. 86

Моддаи 273. Сохибкорони инфироди. 86

Моддаи 274. Мухлати шартномаи мехнати байни сохибкорони инфироди ва кормандон. 86

Моддаи 275. Коидахои тартиботи дохилии мехнатии сохибкорони инфироди  86

Моддаи 276. Речаи кор. 86

Моддаи 277. Шартхои пардохти музди мехнат. 87

Моддаи 278. Иштироки сохибкорони инфироди дар шарикии ичтимои. 87

Моддаи 279. Хусусияти ташкили бехатари ва хифзи мехнат аз тарафи сохибкорони инфироди. 87

БОБИ 27. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ РОХБАР ВА АЪЗОИ МАКОМОТИ ИЧРОИЯИ КОЛЛЕГИАЛИИ ШАХСИ ХУКУКИ ВА КОРМАНДОНИ БА КОР ТАЪЙИН (ИНТИХОБ) НАМУДАИ СОХИБМУЛКИ ШАХСИ ХУКУКИ, ШАХСИ АЗ ЧОНИБИ ОН ВАКОЛАТДОРКАРДАШУДА (МАКОМОТ) ВА Ё МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ШАХСИ ХУКУКИ.. 87

Моддаи 280. Асосхои хукукии танзими мехнати рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки. 87

Моддаи 281. Бастани шартномаи мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки. 87

Моддаи 282. Рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки хамчун дар ду (якчанд) чой коркунанда. 87

Моддаи 283. Пеш аз мухлат бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси рохбари. 87

Моддаи 284. Асосхои иловаги барои катъ намудани шартномаи мехнати бо рохбари макомоти. 88

Моддаи 285. Хусусияти танзими мехнати аъзои макомоти ичроияи коллегиалии шахси хукуки. 88

БОБИ 28. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ВАКИЛОНИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, СУДЯХО, ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИ, ХИЗМАТЧИЁНИ ХАРБИ, КОРМАНДОНИ МАКОМОТИ ХИФЗИ ХУКУК ВА ДИПЛОМАТИ, ИНЧУНИН ДИГАР КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТХОИ ДАВЛАТИ ВА ГАЙРИДАВЛАТИ   88

Моддаи 286. Танзими мехнати вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии. 88

Моддаи 287. Танзими мехнати хизматчиёни харби, кормандони макомоти хифзи хукук ва. 88

Моддаи 288. Хусусияти танзими мехнати кормандони дигар ташкилотхои давлати ва. 88

ФАСЛИ IV. ШАРИКИИ ИЧТИМОИ ВА МУНОСИБАТХОИ КОЛЛЕКТИВИ ДАР СОХАИ МЕХНАТ.. 89

БОБИ 29. КОЛЛЕКТИВИ МЕХНАТИ ВА ШАРИКИИ ИЧТИМОИ ДАР СОХАИ МЕХНАТ.. 89

Моддаи 289. Коллективи мехнати. 89

Моддаи 290. Намояндагони кормандон дар ташкилот. 89

Моддаи 291. Хукукхои намояндагони кормандон дар ташкилот. 89

Моддаи 292. Манъи дахолат ба фаъолияти конунии намояндагони кормандон  90

Моддаи 293. Ухдадорихои корфармо ва шахсони ваколатдори у нисбат ба намояндагони. 90

Моддаи 294. Кафолатхои иловагии мехнати барои намояндагони кормандон  90

Моддаи 295. Намояндагони корфармоён. 90

Моддаи 296. Максади бастани созишнома ва шартномахои коллективи. 90

Моддаи 297. Максади шарикии ичтимои. 90

Моддаи 298. Принсипхои асосии шарикии ичтимои. 91

Моддаи 299. Шаклхои амали намудани шарикии ичтимои. 91

Моддаи 300. Макомоти асосии низоми шарикии ичтимои. 91

БОБИ 30. ТАРТИБИ БАСТАНИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ТАРАФХОИ ШАРИКИИ ИЧТИМОИ.. 92

Моддаи 301. Намудхои созишнома ва иштирокчиёни он. 92

Моддаи 302. Тартиб ва мухлати бастани созишнома. 93

Моддаи 303. Мазмуни созишнома. 93

Моддаи 304. Амали созишнома. 93

Моддаи 305. Тагйиру иловахо ба созишнома. 93

БОБИ 31. ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВИ.. 93

Моддаи 306. Карор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективи. 94

Моддаи 307. Тарафхои шартномаи коллективи. 94

Моддаи 308. Тартиб ва мухлати бастани шартномаи коллективи. 94

Моддаи 309. Мазмуни шартномаи коллективи. 94

Моддаи 310. Мухлати амали шартномаи коллективи. 95

Моддаи 311. Тагйиру иловахо ба шартномаи коллективи. 95

Моддаи 312. Кафолатхо дар холати пеш аз мухлат катъ кардани шартномаи коллективи. 95

Моддаи 313. Ухдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективи. 95

БОБИ 32. НАЗОРАТ ВА БАКАЙДГИРИИ СОЗИШНОМА ВА ШАРТНОМАХОИ КОЛЛЕКТИВИ.. 95

Моддаи 314. Назорати татбики созишнома ва шартномахои коллективи. 95

Моддаи 315. Бакайдгирии созишнома ва шартномахои коллективи. 96

Моддаи 316. Масъулияти тарафхои созишнома ва шартномахои коллективи  96

БОБИ 33. БАРРАСИИ БАХСХОИ МЕХНАТИИ КОЛЛЕКТИВИ.. 96

Моддаи 317. Тартиби баррасии бахсхои мехнатии коллективи. 96

Моддаи 318. Пешниходи талаботи кормандон. 96

Моддаи 319. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар бахсхои мехнатии коллективи. 96

Моддаи 320. Миёнарави. 96

Моддаи 321. Арбитражи мехнати. 97

Моддаи 322. Баррасии судии бахсхои мехнатии коллективи. 97

Моддаи 323. Корпартои. 97

Моддаи 324. Кафолатхо ва чубронхо ба кормандоне, ки корпартои мекунанд  98

Моддаи 325. Ухдадорихои корфармо дар халли бахсхои мехнатии коллективи  98

Моддаи 326. Масъулияти кормандон барои корпартоихои гайриконуни. 98

ФАСЛИ V. БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ.. 98

БОБИ 34. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ХИФЗИ МЕХНАТ.. 98

Моддаи 327. Идоракунии давлатии хифзи мехнат. 99

Моддаи 328. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат  99

Моддаи 329. Ваколатхои макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мехнат  99

Моддаи 330. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба хифзи. 99

БОБИ 35. БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ.. 100

Моддаи 331.Талаботи хифзи мехнат. 100

Моддаи 332. Хукуки корманд ба гирифтани маълумот дар бораи хифзи мехнат  100

Моддаи 333. Муоинаи тиббии баъзе гуруххои кормандон. 100

Моддаи 334. Имтиёзхо ва чубронхо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст. 100

Моддаи 335. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситахои мухофизати инфироди ва. 101

Моддаи 336. Додани дастур ба кормандон оид ба коидахои хифзи мехнат ва усулхои. 101

Моддаи 337. Корро катъ кардани корманд дар холати ба хаёт ва саломатии у тахдид. 101

Моддаи 338. Бо сабаби вазъи саломати ба кори сабуктар гузаронидан. 101

Моддаи 339. Чорахои иловагии хифзи мехнати маъюбон. 102

Моддаи 340. Хизматрасонии санитарию маиши ва тиббии корманд. 102

БОБИ 36. КАФОЛАТИ ХУКУКИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ.. 102

Моддаи 341. Хукуки кормандон ба сугуртаи хатмии ичтимои. 102

Моддаи 342. Бахисобгири ва санчиши ходисахои нохуш дар истехсолот. 102

Моддаи 343. Кафолати чуброни зарар бо сабаби бад шудани саломати ё фавти корманд. 103

Моддаи 344. Кафолатхои давлатии таъмини хукуки корманд ба хифзи мехнат  103

БОБИ 37. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ.. 104

Моддаи 345. Хукуки корманд ба бехатари ва хифзи мехнат. 104

Моддаи 346. Ухдадорихои корманд дар сохаи хифзи мехнат. 104

Моддаи 347. Хукуки корфармо ба бехатари ва хифзи мехнат. 104

Моддаи 348. Ухдадорихои корфармо оид ба таъмини бехатари ва хифзи мехнат  105

БОБИ 38. ТАЪМИНИ ХИФЗИ МЕХНАТ.. 105

Моддаи 349. Талаботи меъёрии давлатии хифзи мехнат. 105

Моддаи 350. Тайёрии хатмии махсус ва касби оид ба хифзи мехнат. 106

Моддаи 351. Хифзи мехнати ноболигон, занон ва маъюбон. 106

Моддаи 352. Мутобикати иншоотхои истехсоли, тачхизот, равандхои технологи ва махсулот. 106

Моддаи 353. Сарчашмахои маблаггузории хифзи мехнат. 106

Моддаи 354. Ташхиси давлатии шароити мехнат. 107

Моддаи 355. Хифзи мехнат дар ташкилот. 107

Моддаи 356. Кумитахо (комиссияхо) оид ба хифзи мехнат. 107

Моддаи 357. Назорати чамъиятии риояи талаботи хифзи мехнат. 108

Моддаи 358. Хукукхои нозирони чамъияти оид ба хифзи мехнат. 108

ФАСЛИ VI. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ.. 109

БОБИ 39. СУГУРТАИ ИЧТИМОИ.. 109

Моддаи 359. Шаклхои сугуртаи ичтимои. 109

Моддаи 360. Намудхои таъминот аз хисоби сугуртаи ичтимоии давлати. 109

БОБИ 40. НАЗОРАТ ДАР СОХАИ МЕХНАТ.. 109

Моддаи 361. Назорати риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат. 110

Моддаи 362. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори. 110

Моддаи 363. Назорати чамъиятии риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат. 110

БОБИ 41. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ.. 110

Моддаи 364. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 110

Моддаи 365. Дар бораи аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории Чумхурии. 110

Моддаи 366. Тартиби мавриди амал карор додани Кодекси мазкур. 110

 

pdf
Скачать кодекс

Кодекси мазкур муносибатхои мехнати ва дигар муносибатхои бевосита ба онхо алокамандро ба танзим дароварда, барои хифзи хукуку озодихои тарафхои муносибатхои мехнати, мукаррар намудани кафолатхои камтарини хукук ва озодихо дар сохаи мехнат равона карда шудааст.

 

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ АСОСИ

 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

азнавтайёркуни – шакли тахсили касбии корманд, ки барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар имконият медихад;

аттестатсияи корманд – тартиби муайян намудани мувофикати корманд ба вазифаи (мансаби) ишголнамудааш (кори ичро менамудааш) бо рохи арзёбии ичрои ухдадорихои вазифави, сатхи дониш, малака ва тайёрии касби;

аттестатсияи чойи кор оид ба шароити мехнат – низоми бахисобгири, тахлил ва арзёбии мачмуии баходихи ба омилхои мухити истехсоли, раванди мехнати вазнин ва пуршиддат марбут ба чойи кори муайян, ки ба кобилияти кори ва саломатии корманд дар рафти фаъолияти мехнати таъсир мерасонанд;

бахси мехнатии коллективи – ба мувофика нарасидани корфармоён (иттиходияхои корфармоён) ва коллективи кормандон (намояндагони кормандон) оид ба масъалахои мукаррар намудан ва тагйир додани шароити мехнат дар ташкилот, бастан ва ичрои созишнома ва шартномахои коллективи, инчунин татбики мукаррароти Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи;

бахси мехнатии фарди – ба мувофика нарасидани корфармо ва корманд оид ба масъалахои татбики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шароити мехнати дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбинишуда;

бекори – зухуроти ичтимоию иктисодие, ки ба набудани талабот ба кисми муайяни кувваи кори дар бозори мехнат вобастаги дорад;

бемории касби – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилхои хатарнок ё зараровари истехсоли гирифтор шудааст;

бехатарии мехнат – мачмуи чорабинихо, ки барои таъмини хифзи кормандон дар раванди фаъолияти мехнати равона шуда, таъсири омилхои хатарнок ва зараровари истехсолиро истисно мекунанд;

бозори мехнат – доираи ташаккули талабот ва пешниход ба кувваи кори;

брон – банд кардани чойхои кории холи барои гурухи муайяни шахсон;

вазифа (мансаб) – мавкеи хизматии корманд, ки ба доираи ухдадорихо, хукукхои вазифави ва хусусиятхои масъулияти у вобастаги дорад;

вайрон кардани интизоми мехнат – аз тарафи корманд риоя накардани талаботи Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва коидахои тартиботи дохилии ташкилот;

вакти истирохат – вакте, ки корманд дар давоми он мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз ичрои ухдадорихои мехнати озод буда, онро мувофики хохишаш барои конеъ гардонидани манфиатхои шахси ва баркарор намудани кобилияти мехнатиаш истифода мебарад;

вакти кори – вакте, ки дар давоми он корманд тибки коидахои тартиботи дохили, речаи кори ва ё шартхои шартномаи мехнати ухдадорихои мехнатии худро бояд ичро намояд;

вахта – фаъолияти мехнати берун аз чойи истикомати доими, ки хангоми он бозгашти хамарузаи кормандон ба чойи истикомати доими таъмин карда намешавад;

воситахои мухофизати инфироди ва коллективии кормандон – воситахое, ки барои пешгири ва кам кардани таъсири омилхои хатарнок ва зараровари истехсоли ба кормандон истифода бурда мешаванд;

вохидхо – коргох, китъа, бригада, шуъба, идора ва дигар вохидхои сохтории ташкилот;

дагалона вайрон кардани интизоми мехнат – ба чойи кор дар холати масти бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда хозир шудан, бе сабабхои узрнок дар давоми рузи кори зиёда аз 3 соат дар чойи кор набудан, касдан вайрон намудан ё дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани коидахои техникаи бехатари, бехатари аз сухтор, ки боиси окибатхои вазнин, аз он чумла марг ё чарохати инсон, садама ё сухтор гардидааст;

дарачаи тахассус – сатхи омодагии умуми ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи хуччатхои тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида (аттестат, диплом, шаходатнома ва дигар хуччатхои дахлдор) тасдик мешавад;

дар ду (якчанд) чой кор кардан – тибки шартномаи мехнати аз тарафи корманд дар баробари кори асоси ва ё берун аз он ичро намудани кори дигар ё ишгол намудани дигар вазифаи доимии музднок;

изофакори – коре, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давомнокии вакти кории харрузаи барои корманд мукарраргардида ва ё зиёда аз микдори мукаррарии соатхои кории давраи бахисобгири ичро мекунад;

интизоми мехнат – риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва коидахои тартиботи дохилии ташкилот;

иттифоки касаба – ташкилоти чамъиятии ихтиёрие, ки шахрвандонро вобаста ба манфиатхои умуми дар сохахои фаъолияти истехсоли ва гайриистехсоли барои хифзи хукукхои мехнати, ичтимоию иктисоди ва дигар хукуку манфиатхояшон муттахид менамояд;

иттиходияи корфармоён – ташкилоти гайритичоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндаги ва хифзи манфиатхои аъзои худ дар доираи шарикии ичтимои таъсис медиханд;

ихтисос – мачмуи дониш, кордони ва малакаи тавассути омодагии махсус ва тачрибаи кории андухташудае, ки барои ичрои навъи муайяни фаъолияти мехнати дар доираи касби мазкур зарур аст ва бо хуччатхои дахлдор дар бораи тахсилот тасдик мешавад;

касб – намуди фаъолияти мехнатие, ки донишу малакаи тавассути омузиш ва тачриба андухташударо такозо менамояд;

кафолати хукукхои кормандон ба хифзи мехнат – шароит ва воситахое, ки ба корманд имконияти пурраи истифода бурдани хукукхои тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардидаро оид ба хифзи мехнат медиханд;

квота – хиссаи (кисми) чойхои корие, ки ташкилот, новобаста ба шакли ташкилию хукуки, барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба хифзи ичтимои эхтиёч дорад, пешниход мекунад;

кори мувофик – коре, ки онро шахс ичро карда метавонад, ба чинс, маълумот, ихтисос, тайёрии касби, собикаи мехнати ва тачрибаи кори, шароитхои чойи кори охирин (ба истиснои корхои чамъиятии музднок), вазъи саломатии у мувофик буда, аз махалли зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар рох) чойгир шудааст ва музди мехнат барои он дар сатхи на камтар аз музди мехнати хадди акали расман мукарраршуда кафолат дода мешавад;

кори фосилави (дистансиони) – шакли махсуси амали намудани раванди мехнат берун аз махалли чойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсиони дар раванди кор;

корманд (корманди кироя) – шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи мехнатии басташуда дар муносибатхои мехнати карор дорад;

корманди мавсими – корманде, ки вобаста ба шароити табиию иклими дар тамоми давраи соли таквими корро ичро карда наметавонад ва онро дар давраи муайяни мавсим ичро мекунад;

корманди хонаги – шахсе, ки корро (хизматро) дар хочагии корфармо – шахси вокеи ичро менамояд;

корманди хонакор – шахсе, ки корро дар хонаи худ ё чойи барои ичрои кор мувофик бо мехнати шахси анчом медихад;

корфармо – шахси хукуки, филиал ва намояндагихои он, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва шахси вокеи, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хукуки бо корманд бастан ва катъ намудани шартномаи мехнатиро доранд;

коидахои хифзи мехнат – санади меъёрии хукукии дорои талабот оид ба хифзи мехнат, ки ичрои он барои шахсони вокеи ва хукуки хангоми машгул шудан ба намуди муайяни фаъолият, аз чумла хангоми лоихакаши, сохтмон ва истифодаи иншоот, ихтирои мошин, механизм ва тачхизоти дигар, тахияи равандхои технологи, ташкили истехсолот ва мехнат хатми мебошад;

макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли – макомоти давлатии идора ва танзими шугли ахолии кобили мехнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шугли ахоли ва ба шахрвандон таъмин намудани кафолатхои давлатиро дар сохаи мехнат ва шугли ахоли амали менамояд;

мехнат – фаъолияти инсон, ки барои ба вучуд овардани арзишхои модди, маънави ва дигар неъматхо равона гардида, барои хаёт ва конеъ намудани талаботи инсон ва чомеа зарур аст;

меъёрхои мехнат – меъёрхои коркард, вакт, хизматрасони, шумора, супоришхои бамеъёргирифташуда барои кормандон мутобики сатхи дастовардхои техники, технология, ташкили истехсолоту мехнат ва барои гурухи алохидаи кормандон, бо назардошти омилхои физиологи, чинси ва синну сол;

музди мехнат – мачмуи подошхои бо вохиди пули хисобкардашудае, ки корфармо ухдадор аст онхоро ба корманди кироя барои корхои амалан ичрошуда, хамчунин барои он муддате, ки ба вакти кори дохил мешавад, пардохт намояд;

музокироти коллективи – раванди тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим даровардашудаи гуфтушунидхои коллективи, ки муносибати байни кормандон (намояндагони кормандон) ва корфармоён (намояндагони корфармоён) – ро чихати таъмини имконияти иштироки озодона дар халли масъалахои танзими муносибатхои мехнати ва шарикии ичтимои, мухокимаи онхо, тайёр ва бамувофикарасонии лоихаи созишнома ва шартномахои коллективи, ба имзо расонидани онхо таъмин мекунад;

муносибатхои мехнати – муносибати байни корманд ва корфармо, ки барои амали намудани хукук ва ухдадорихои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ба вучуд меоянд;

мунтазам вайрон кардани интизоми мехнат – аз тарафи корманд такроран вайрон кардани ухдадорихои мехнати дар давраи амали чазои интизомии ба у татбикшуда;

мутахассис – шахси дорои тахсилоти касби, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва махорати касбиро сохиб шудааст, ки ба у имконият медихад дар сохаи муайян фаъолияти касби намояд;

мутахассиси чавон – шахсе, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рузонаи муассисаи таълимии тахсилоти касби бо роххати муассисаи мазкур ба кор кабул шудааст;

намояндагони кормандон дар ташкилотхо (минбаъд – намояндагони кормандон) – шахсоне, ки аз тарафи коллективи кормандон тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои химояи манфиатхои онхо интихоб гардидаанд;

намояндаи ваколатдори корфармо – рохбари (муовинони у) ташкилот (вохиди таркиби) ё корманди дигаре, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё корфармо ба у хукуки кабули карорхоро, ки аз муносибатхои мехнати ва дигар муносибатхои ба онхо алокаманд бармеоянд, додааст;

намояндаи иттифоки касаба – рохбари иттифоки касаба ё шахси дигаре, ки мутобики оиннома (низомнома) ё бо карори макоми дахлдори иттифоки касаба барои намояндаги ваколатдор карда шудааст;

омили зараровари истехсоли – омили истехсолие, ки таъсири он метавонад боиси беморшавии корманд гардад;

омили хатарноки истехсоли – омили истехсолие, ки таъсири он ба корманд метавонад боиси гирифтани чарохат гардад;

омилхои истехсолии фаъолияти мехнати – шароитхои техники, санитарию гигиени, истехсолию маиши ва дигар шароитхое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд;

омилхои ичтимоии фаъолияти мехнати – андозаи музди мехнат, давомнокии вакти кори, рухсати ва дигар шартхое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин созиши тарафхо муайян намудаанд;

рухсати – вакте, ки дар давоми он корманд тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо шарти нигох доштани чойи кору мансаб аз ичрои ухдадорихои мехнати озод буда, онро бо хохиши худ барои фарогат, баркарор намудани кобилияти мехнати ва конеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд;

санадхои меъёрии дохили (локали) – санадхои меъёрии аз тарафи макомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии макомоти намояндагии кормандон кабулнамудае, ки муносибатхои мехнати ва дигар муносибатхои ба онхо алокамандро танзим намуда, дар худуди ташкилот амал мекунанд;

сафари хизмати – тибки супориши корфармо ба мухлати муайян ба махалли дигар барои ичрои ухдадорихои хизмати фиристодани корманд;

созишнома – санади хукуки, ки муносибатхои ичтимои – мехнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатхи чумхурияви, вилояти, шахри, нохияви ва сохави баста шудааст;

соли кори – фосилаи вакте, ки ба давомнокии соли таквими баробар буда, барои хар як корманд алохида аз рузи кабул ба кор хисоб карда мешавад;

тайёркунии касби – шакли тайёрии касби, ки барои инкишофи иловагии шахс ва гирифтани малакаи нав барои ичрои кори муайян зарур аст;

такмили ихтисос – шакли тахсилоти касби, ки барои дастгири кардан, васеъ намудан ва тахкиму такмили дониш, малакаю махорати касбии каблан гирифтаи корманд имконият медихад;

тарафхои шартномаи мехнати – корфармо ва корманд;

тачрибаомузи – намуди истифодаи амалии донишхои назарияви ва пайдо намудани махорату малакаи касби бо рохи шиносшави ва иштирок дар фаъолияти ташкилот;

фаъолияти истехсоли – мачмуи амалхои корманд бо истифода аз олоти мехнате, ки барои табдил додани захирахо ба махсулоти тайёр зарур буда, аз истехсол ва коркарди намудхои гуногуни ашёи хом, сохтмон, ичрои кор ва намудхои гуногуни хизматрасони таркиб меёбад;

хизмати граждани – фаъолияти касбии хизматчии граждани оид ба ичрои ваколатхои мансаби, ки барои ичрои вазифахои макомоти давлати ва амали намудани хизматрасонихои техники ва таъмини фаъолияти макомоти давлати равона гардидааст;

хизматчии граждани – хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мансаби вохидии музднокро дар макомоти давлати барои амали намудани ваколатхои мансаби бо максади ичрои ухдадорихои онхо, амали намудани хизматрасонихои техники ва таъмини фаъолияти макомоти давлати ишгол менамоянд;

хадди акали музди мехнат – маблаги пулии хадди акали хатмии мукарраршудае, ки корфармо онро дар давоми як мох барои кор дар шароити муътадил, бо риояи давомнокии вакти кории муайяннамудаи Кодекси мазкур ва барои ичрои ухдадорихои муайян ба корманд пардохт менамояд;

хифзи мехнат – низоми чорабинихои хукуки, ичтимоию иктисоди, ташкилию техники, санитарию гигиени, табобатию пешгирикунанда ва баркароркуни, ки мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини гардида, бехатари, хифзи саломати ва кобилияти кории шахсро дар раванди мехнат таъмин мекунад;

чойи кор – чойи доими ё муваккатии аз тарафи корфармо таъсисдодашудае, ки корманд дар раванди фаъолияти мехнати ухдадорихои мехнатиашро ичро менамояд;

шарикии ичтимоихамкории иштирокчиёни муносибатхои ичтимоию мехнатие, ки ба таъмини мутобикати манфиатхои кормандон, корфармоён ва макомоти ичроияи хокимияти давлати равона гардидаанд;

шароити бехатари мехнат – шароити мехнате, ки дар он таъсири омилхои хатарнок ва зараровари истехсоли ба кормандон истисно карда шудааст ё дарачаи таъсири онхо аз меъёрхои мукарраргардида зиёд намебошад;

шароити мехнат – шартхои пардохти музди мехнат, бамеъёрдарории мехнат, речаи вакти кор ва вакти истирохат, тартиби чобачогузории касб (вазифа), васеъкунии худуди хизматрасони, ичрои вазифаи корманди муваккатан хузурнадошта, бехатари ва хифзи мехнат, шароити техники, омилхои истехсоли – ичтимои ва дигар шартхои бо созиши тарафхо мувофикашуда;

шартномаи коллективи – санади хукуки, ки муносибатхои ичтимои – мехнатиро дар ташкилот ё сохибкори инфироди ба танзим медарорад ва аз чониби намояндагони корфармо ва кормандон баста мешавад;

шартномаи (карордоди) мехнати (минбаъд – шартномаи мехнати) – созиши байни корфармо ва корманд, ки тибки он корманд ухдадор аст корхоро аз руи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дарачахои дахлдор, бо риояи коидахои тартиботи дохилии мехнати ичро намояд, корфармо бошад, ухдадор аст барои хамин кор ба корманд пурра ва сари вакт музди мехнат дихад ва шароити мехнатеро, ки Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва созишномахои тарафхо муайян намудаанд, таъмин кунад;

шартномаи тахсил – созиши хатти байни корфармо ва корманд оид ба шартхои тахсил, гузаштани тачрибаомузи, тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос;

шартхои махсуси кор – низом ва андозаи пардохти музди мехнат, имтиёзхо, низоми кор, мукаррар намудан ва ё бархам додани вакти нопурраи кори, якчоякунии ихтисос, тагйир додани дарача ва номгуйи вазифахо;

шахсони дорои ухдадорихои оилави – занони хомила ва дигар кормандоне, ки дар тарбия ва нигохубиниашон кудаки то чордахсола, кудаки маъюб ва дигар шахсонеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, доранд;

шугл – хама гуна фаъолияти шахрвандони кобили мехнат, ки ба санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мухолиф набуда, ба конеъ гардонидани талаботи шахси ва чамъиятиашон алокаманд мебошад ва ба онхо даромад (музд) меорад.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат

Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифахои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат

Вазифахои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат фарохам овардани шароити зарурии хукуки мебошад, ки барои ноил шудан ба баробарии манфиатхои тарафхои муносибатхои мехнати, рушди иктисоди, самаранокии истехсолот ва баланд бардоштани некуахволии одамон равона гардидааст.

 

Моддаи 4. Принсипхои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат

Принсипхои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат инхоянд:

– озодии мехнат;

– манъи махдудсозии хукуки инсон ва шахрванд дар муносибатхои мехнати;

– манъи табъиз, мехнати мачбури ва истифодаи мехнати занон ва ноболигон дар корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок;

– таъмини хукук ба шароити мехнати чавобгуи талаботи коидахои бехатари ва гигиени;

– афзалияти хаёт ва саломатии корманд нисбат ба натичаи фаъолияти истехсоли;

– таъмини хукук ба музди мувофик барои мехнат, на камтар аз андозаи хадди акали музди мехнат;

– таъмини хукук ба истирохат;

– баробарии хукук ва имкониятхои кормандон;

– таъмини хукуки кормандон ва корфармоён ба муттахидшави барои хифзи хукук ва манфиатхои худ;

– кафолати таъминоти ичтимоии кормандон;

– шарикии ичтимои;

– танзими давлатии бехатари ва хифзи мехнат;

– таъмини хукуки намояндагони кормандон барои назорати чамъиятии риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат.

 

Моддаи 5. Озодии мехнат

Хар кас хукук дорад бе ягон табъиз ва мачбуркуни мехнатро озодона интихоб намояд ва ё ба мехнат озодона ризоият дихад, ба малакаи худ ба мехнат ихтиёрдори кунад, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад.

 

Моддаи 6. Манъи махдудсозии хукук ба мехнат

Хукуки хеч кас ба мехнат наметавонад махдуд карда шавад, ба истиснои холатхо ва тартибе, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд.

 

Моддаи 7. Манъи табъиз дар муносибатхои мехнати

  1. Хамаи шахрвандон ба мехнат хукуки баробар доранд, табъиз дар муносибатхои мехнати манъ аст.Хама гуна фаркиятгузори, рох надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз кабул ба кор катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар мехнат халалдор мекунад, манъ аст.
  2. Фаркият дар мехнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба гамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки мухточи химояи махсуси ичтимои мебошанд (аз руи чинс, синну сол, норасоихои чисмони, ухдадорихои оилави, дарачаи ичтимои ва фарханги), табъиз намебошад.
  3. Шахсоне, ки дар муносибатхои мехнати худро табъизшуда мехисобанд, метавонанд ба суд мурочиат намоянд.

 

Моддаи 8. Манъи мехнати мачбури

  1. Мехнати мачбури манъ аст, ба истиснои мавридхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.
  2. Мехнати мачбури хисоб намешавад:

– коре, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хизмати харби талаб карда мешавад;

– коре, ки дар шароити холатхои фавкулода, хангоми зери хатар будани хаёт, амнияти шахси ва ё саломатии ахоли талаб карда мешавад;

– коре, ки дар натичаи эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд талаб карда, тахти назорати макомоти ваколатдори давлати, ки масъули назорати конуният хангоми ичрои хукми суд мебошанд, ичро карда мешавад.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи мазкур кормандро ба ихтиёри шахси алохида ё ташкилотхои гайридавлати гузоштан мумкин нест.

 

Моддаи 9. Доираи амали Кодекси мазкур

  1. Кодекси мазкур муносибатхои зеринро танзим менамояд:

– мехнати;

– бевосита ба муносибатхои мехнати алокаманд;

– шарикии ичтимои;

– оид ба бехатари ва хифзи мехнат.

  1. Амали Кодекси мазкур, агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад, ба шахсони зерин татбик мегардад:

– ба кормандон, аз чумла кормандони ташкилотхои дар худуди Чумхурии Точикистон чойгирбуда, ки сохибони молу мулк, иштирокчиён ва ё сахмдоронаш шахсони вокеи ва хукукии хоричи мебошанд;

– ба корфармоён, аз чумла ба ташкилотхои дар худуди Чумхурии Точикистон чойгиршуда, ки сохибони молу мулк, иштирокчиён ва ё сахмдоронаш шахсони вокеи ва хукукии хоричи мебошанд.

  1. Бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон махдуд кардани хукук, озоди ва кафолатхои бо Кодекси мазкур мукарраршуда манъ аст.

 

Моддаи 10. Санадхои корфармо

  1. Корфармо бо максади танзими муносибатхои мехнати дар доираи ваколатхои худ мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи санадхо кабул менамояд.
  2. Санадхои корфармо, ки холати хукукии кормандонро дар мукоиса бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи бад мекунанд, эътибор надоранд ва татбик намегарданд.

 

Моддаи 11. Шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективии тарафхои шарикии ичтимои

  1. Муносибатхои мехнати ва муносибатхои ба он алокаманд, дар баробари Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин бо шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи танзим мегарданд.
  2. Мукаррароти созишномаи тарафхои шарикии ичтимои, шартномаи мехнати ва шартномахои коллективи, ки вазъи хукукии кормандонро дар мукоиса бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бад менамоянд, эътибор надоранд ва татбик намегарданд.

 

Моддаи 12. Таносуби танзими конуни ва шартномавии муносибатхои мехнати

  1. Сатхи хадди акали хукуки мехнати ва кафолатхоро барои кормандон Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.
  2. Созишномахои генерали, сохави (тарифи), минтакави (вилояти, шахри, нохияви), шартномаи мехнати ва шартномахои коллективи метавонанд хукук ва кафолати мехнатиеро, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини нагардидаанд, мукаррар намоянд.
  3. Шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи наметавонанд якчониба тагйир дода шаванд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.
  4. Масъалахое, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим нагардидаанд, бо розигии тарафхо ё тавассути шартномаи мехнати барраси ва хал карда мешаванд. Дар сурати байни тарафхо ба даст наомадани созиш, масъалахо тибки тартибе, ки барои халли бахсхои фарди ва ё мехнатии коллективи мукаррар гардидаанд, барраси ва хал карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Тартиби мувофикасозии лоихаи санадхои корфармо бо намояндагони кормандон

  1. Дар холатхои бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи мукарраршуда, корфармо бо мувофика ё машварати пешакии намояндагони кормандон санад кабул менамояд.
  2. Пеш аз кабули санад, корфармо лоихаи он ва асоснокиашро ба намояндагони кормандон пешниход менамояд.
  3. Лоихаи санади корфармо аз чониби намояндагони кормандон на зиёда аз 3 рузи кори аз лахзаи пешниходи он мухокима мегардад.
  4. Карори намояндагони кормандон бо протокол ба расмият дароварда мешавад, ки дар он розиги ё норозигии намояндагони кормандон ба лоихаи санади корфармо дарч мегардад.
  5. Дар холати норозигии намояндагони кормандон ба лоихаи санади корфармо ва ё чой доштани пешниходхо оид ба такмили лоиха, корфармо хукук дорад:

– хангоми розиги санадро оид ба тагйирот ё иловахо бо машварати пешакии намояндагони кормандон кабул намояд;

– хангоми норозиги машварати иловагиро бо намояндагони кормандон гузаронад.

  1. Хангоми ноил нагардидан ба созиш оид ба лоихаи санади корфармо, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои кабули он розигии намояндагони кормандон зарур аст, ихтилофоти бавучудомада бо протокол ба расмият дароварда шуда, баъд аз он корфармо хукук дорад санадро кабул намояд.
  2. Хангоми аз чониби корфармо кабул намудани санад бе назардошти пурра ва ё чузъии таклифхо, намояндагони кормандон хукук доранд расмиёти бахси мехнатии коллективиро тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон огоз намоянд.
  3. Дар холати аз чониби корфармо кабул намудани кароре, ки хукук ва кафолатхои кормандонро нисбат ба Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи поймол ва ё бад мекунад, намояндаи кормандон метавонад ба макомоти дахлдори назорати мехнат ва ё суд шикоят намояд.

 

Моддаи 14. Хисобкунии мухлатхои дар Кодекси мазкур мукарраршуда

  1. Мухлате, ки бо он Кодекси мазкур огоз, тагйир ва ё катъи муносибатхои хукукии мехнатиро вобаста мекунад, аз рузи дигари баъд аз санаи таквими, ки огози онро муайян намудааст, сар мешавад.
  2. Мухлатхое, ки бо солхо, моххо ва хафтахо ба хисоб гирифта шудаанд, дар санахои дахлдори соли охир, мох ва ё хафтаи охири мухлат ба охир мерасанд. Ба мухлатхои ба хисоби хафта ва ё рузхои таквими шуморидашаванда рузхои гайрикори низ дохил мегарданд.
  3. Агар рузи охирини мухлат ба рузи гайрикори рост ояд, пас рузи аввали кории минбаъда рузи ба охир расидани мухлат ба хисоб меравад.

 

ФАСЛИ II. МУНОСИБАТХОИ МЕХНАТИ 

БОБИ 2. СУБЪЕКТОНИ МУНОСИБАТХОИ МЕХНАТИ. АСОСХОИ БА ВУЧУД ОМАДАНИ МУНОСИБАТХОИ МЕХНАТИ

 

Моддаи 15. Субъектони муносибатхои мехнати

  1. Субъектони муносибатхои мехнати корманд ва корфармо мебошанд. Рохбари филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи метавонад дорои тамоми хукук ва ухдадорихои корфармо аз номи шахси хукукии хоричии мазкур бошад.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки манфиати кормандон ва корфармоёнро дар доираи ваколаташон, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санади суди, хуччатхои таъсиси ва ё ваколатнома пешбини шудааст, химоя менамоянд.

 

Моддаи 16. Асосхои ба вучуд омадани муносибатхои мехнати

  1. Муносибатхои мехнати байни корманд ва корфармо дар асоси шартномаи мехнати ба вучуд меоянд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигарро мукаррар накарда бошанд.
  2. Дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, хуччатхои таъсиси, санадхои корфармо, омилхои зерин метавонанд барои бастани шартномаи мехнати асос гарданд:

– интихоб шудан ба вазифа (мансаб);

– интихоб шудан дар асоси озмун ба вазифа (мансаб);

– ба вазифа (мансаб) таъйин ё тасдик шудан;

– фиристодан ба кор аз чониби макомоти ваколатдор аз хисоби квотаи мукарраршуда ё роххат;

– санади суди дар бораи бастани шартномаи мехнати.

 

Моддаи 17. Бастани шартномаи мехнати бо шахси аз хисоби квота фиристодашуда

  1. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои бо кор таъмин намудани гурухи ахоли, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудааст, квота мукаррар менамояд.
  2. Корфармо дар доираи квотаи мукарраргардида бо шахсе, ки барои бо кор таъмин намудан фиристода шудааст, хангоми ба талаботи корфармо мутобикат кардани тахассуси у, шартномаи мехнати мебандад.

 

Моддаи 18. Хукук ва ухдадорихои асосии корманд

  1. Корманд хукук дорад:

– ба бастан, тагйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи мехнати бо тартиб ва шартхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– аз корфармо ичрои шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективиро талаб кунад, аз чумла барои мухайё намудани кори мувофик барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар асоси квотахои давлати, роххати ташкилот, бо дархости ташкилот, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли ва муассисахои таълими ба кор омадаанд, ба истиснои мансабхои давлати дар макомоти давлати, ки таъйинот ба он тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад;

– ба бехатари ва хифзи мехнат;

– ба гирифтани иттилооти пурра ва дуруст оид ба шароити мехнат ва хифзи мехнат;

– ба сари вакт ва дар хачми пурра гирифтани музди мехнат тибки шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи;

– ба пардохти музди мехнат хангоми бекористи мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– ба истирохате, ки бо рохи мукаррар намудани давомнокии вакти кори, рузхои истирохати хархафтаина, рухсатии харсолаи пардохтшаванда ва пардохтнашаванда, рузхои кутохи кор барои як катор ихтисос ва корхо таъмин карда мешавад;

– ба муттахидшави, ба хукуки таъсис додани иттифоки касаба ё дигар иттиходияхо, инчунин аъзоги ба онхо, барои муаррифи ва химояи хукукхои мехнатии худ, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ба воситаи макомоти намояндагии худ дар гуфтушунидхои коллективона ва тахияи лоихаи шартномаи коллективи иштирок намояд, инчунин бо шартномаи коллективии имзошуда шинос шавад;

– ба тачрибаомузи (коромузи), тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси худ бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– барои руёнидани чуброни зарари ба саломати ва молу мулки у расонидашуда бинобар ичрои ухдадорихои мехнати;

– ба сугуртаи хатмии ичтимои ва кумакпулихо аз руи сугуртаи ичтимои дар холатхои муваккатан гум кардани кобилияти мехнати ва дигар холатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд;

– ба кафолатхо ва чубронпулихо, аз чумла чуброни харочоти модди хангоми кучидан ба чойи нави истикомат вобаста ба кор тибки мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– ба хифзи хукук ва манфиатхои конунии худ бо хама воситахои ба конун мухолифатнадошта;

– ба пардохти музди баробар барои ичрои кори якхела;

– мурочиат намудан барои халли бахсхои мехнати ба комиссияи созиш ё суд;

– ба чойи кори тачхизонидашуда тибки талаботи коидахои бехатари ва хифзи мехнат;

– ба таъминоти воситахои мухофизати инфироди ва коллективи, либосхои махсус вобаста ба бехатари ва хифзи мехнат мутобики талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шарномахои коллективи;

– ба даст кашидан аз ичрои кор хангоми ба вучуд омадани вазъияте, ки ба хаёт ё саломати тахдид мекунад, бо хабар додан ба рохбари бевосита ё намояндаи корфармо;

– ба нигох доштани музди миёнаи мехнат хангоми боздоштани кори ташкилот, бинобар мутобикат надоштан ба талабот оид ба бехатари ва хифзи мехнат;

– ба мурочиат ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли дар бораи гузаронидани санчиши шароити бехатари ва хифзи мехнат дар чойи кор, инчунин ба иштирок дар хайати намояндаги дар санчиш ва баррасии масъалахои ба бехдошти шароитхо, бехатари ва хифзи мехнат алокаманд;

– ба шикоят аз руи амали (беамалии) корфармо дар муносибатхои мехнати;

– ба пардохти музди мехнат мувофики тахассус, мураккабии мехнат, хачм ва сифати кори ичрошуда, инчунин шароити мехнат;

– ба иштирок дар идоракунии ташкилот дар шаклхои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи;

– ба халли бахсхои мехнатии фарди ва коллективи, аз чумла ба корпартои бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон;

– дорои дигар хукукхое бошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

  1. Корманд ухдадор аст:

– ухдадорихои мехнатиро мутобики шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санади корфармо ичро намояд;

– интизоми мехнатиро риоя кунад;

– талаботи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба бехатари ва хифзи мехнат, бехатарии сухтор ва санитарияи истехсолиро дар чойи кор риоя кунад;

– ба молу мулки корфармо ва кормандон эхтиёткорона муносибат намояд;

– дар бораи вазъи баамаломада, ки ба хаёт ва саломатии одамон, моликияти корфармо ва кормандон тахдид мекунад, инчунин дар бораи ба вучуд омадани бекористи ба корфармо хабар дихад;

– маълумотхои дорои сирри давлати, хизмати, тичорати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро, ки бинобар ичрои ухдадорихои мехнати ба у маълум гардидааст, фош накунад;

– ба корфармо зарари расонидаашро дар доираи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн намояд;

– дигар ухдадорихоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, ичро намояд.

 

Моддаи 19. Хукук ва ухдадорихои асосии корфармо

  1. Корфармо хукук дорад:

– ба интихоби озод хангоми кабул ба кор, ба истиснои баъзе гурухи шахсон, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои онхо имтиёз мукаррар кардааст;

– ба бастан, тагйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи бо тартиб ва шартхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– ба идоракунии ташкилот ва кабули санадхои меъёрии дохили (локали) дар доираи ваколатхои худ, ки ичрои онхо барои кормандон хатмист;

– бо максади муаррифи ва химояи хукук ва манфиатхои худ иттиходияхо таъсис дихад, ба чунин иттиходияхо шомил гардад ва дар кори онхо иштирок намояд;

– аз кормандон ичрои шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, коидахои тартиботи дохилии мехнати ва дигар санадхои корфарморо талаб намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои хавасмандгардони ва ба чавобгари кашидани кормандон чорахо андешад;

– ба руёнидани чуброни зарар, ки корманд хангоми ичрои ухдадорихои мехнати расондааст;

– барои хифзи хукук ва манфиатхои конуниаш дар сохаи мехнат ба суд мурочиат намояд;

– ба корманд бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мухлати санчиши мукаррар намояд;

– ба руёнидани харочотхои худ хангоми аз тарафи корманд вайрон намудани шартхои шартномаи тахсил;

– дорои дигар хукукхое мебошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

  1. Корфармо ухдадор аст:

– талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои меъёрии дохили (локали)-ро риоя намояд;

– хангоми кабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон шартномаи мехнати бандад;

– талаботи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба бехатари ва хифзи мехнат, бехатарии сухтор ва санитарию гигиениро дар чойи кор таъмин намояд;

– ба корманд кореро, ки шартномаи мехнати пешбини намудааст, пешниход намояд;

– сари вакт ва дар хачми пурра ба корманд музди мехнат ва дигар иловапулихоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои корфармо пешбини намудаанд, пардохт намояд;

– кормандро бо коидахои тартиботи дохилии ташкилот, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, дигар санадхои корфармо, ки бевосита ба кори корманд алокаманд мебошад, шинос намояд;

– ба намояндагони кормандон иттилооти пурра ва дурустро барои пешбурди гуфтушунидхои коллективи, бастани созишнома ва шартномахои коллективи, инчунин назорати ичрои онхо пешниход кунад;

– таклифхои намояндагони кормандонро барраси ва гуфтушунидхои коллективиро тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон доир намуда, шартномаи коллективи бандад;

– шароити мехнати кормандонро мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи таъмин намояд;

– кормандонро бо тачхизот, асбобхо, хуччатхои техники ва дигар воситахо, ки барои ичрои ухдадорихои мехнати заруранд, аз хисоби воситахои худи таъмин намояд;

– санадхои макомоти ваколатдори давлати ва чамъиятиро дар сохаи мехнат ичро намояд;

– корро боздорад, агар давом ёфтани он ба амният, хаёт, саломатии кормандон ва дигар шахсон тахдид намояд;

– сугуртаи хатмии давлатии ичтимоии кормандонро амали намояд;

– кормандро аз ходисахои нохуш хангоми ичрои ухдадорихои мехнати сугурта намояд;

– ба корманд тибки тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон рухсатихо дихад;

– хифз ва ба бойгонии давлати супоридани хуччатхоро, ки фаъолияти мехнатии кормандонро тасдик мекунанд ва маълумот дар бораи нигох доштан ва гузаронидани маблагро ба таъминоти нафака таъмин намояд;

– дар бораи мехнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитхои хавфноки мехнати ва эхтимолияти беморихои касби ба корманд хабар расонад;

– оид ба рафъи хавф дар чойи кор ва дар равандхои технологи чорахо андешида, бо назардошти пешравии илмию техники ва истехсоли корхои пешгирикунанда гузаронад;

– вакти кор, аз чумла изофакори, мехнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитхои хавфноки мехнат, корхои вазнинро, ки хар як корманд ичро менамояд, дакик ба хисоб гирад;

– тачрибаомузи, тайёрии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси кормандонро тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– зарари ба хаёт ва саломатии корманд хангоми ичрои ухдадорихои мехнати расидаро тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн намояд;

– ба таъсиси иттифоки касаба ва дигар макомоти намояндагии кормандон мамониат накунад;

– шахсони мансабдори макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли, намояндагони кормандон, нозирони чамъияти оид ба хифзи мехнатро барои гузаронидани санчиши холати бехатари, шароит ва хифзи мехнат дар ташкилотхо, риояи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин барои тафтишоти ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби бемамониат рох дихад;

– пешбурди махзани маълумоти кормандонро таъмин намояд;

– ба бархурди манфиатхо, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ кардаанд, рох надихад;

– дигар ухдадорихоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, ичро намояд.

 

БОБИ 3. ШАРТНОМАИ МЕХНАТИ

 

Моддаи 20. Мавзуи шартномаи мехнати

Мавзуи шартномаи мехнатиро муносибатхои мехнатии байни корманд ва корфармо ташкил менамояд, ки мувофики он корманд корро (ухдадориро) аз руи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дарачахои дахлдор, бо риояи тартиботи дохилии мехнат ичро менамояд ва корфармо шароити мехнатро мухайё намуда, ба корманд сари вакт ва пурра музди мехнат ва дигар пардохтхоеро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, созиши тарафхо муайян намудаанд, таъмин менамояд.

 

Моддаи 21. Тарафхои шартномаи мехнати

  1. Тарафхои шартномаи мехнати корманд ва корфармо мебошанд.
  2. Шахрванде, ки ба синни понздах расидааст, метавонад хамчун корманд тарафи шартномаи мехнати бошад.
  3. Дар холати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордах расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордах нарасидаанд ва дар театрхо, ташкилотхои банаворгирии кино, консертхо, сиркхо ва дигар ташкилотхои эчоди бе зарар расонидан ба саломати ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофикаи падар ё модар ва дигар шахсони тибки конунгузории Чумхурии Точикистон онхоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи мехнати банданд.
  4. Шахсони зерин метавонанд хамчун корфармо, тарафи шартномаи мехнати бошанд:

– макомоти дахлдори хокимияти давлати, ташкилотхо, намояндаги ва филиалхои онхо;

– шахси вокеи, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба сифати сохибкори инфироди ва ё ба сифати корфармо хамчун истифодабарандаи мехнати шахсони дигар ба кайд гирифта шудааст.

 

Моддаи 22. Озодона бастани шартномаи мехнати

  1. Тарафхо хангоми бастани шартномаи мехнати озод ва дорои хукукхои баробар мебошанд.
  2. Мачбур намудан барои бастани шартномаи мехнати мумкин нест, ба гайр аз холатхое, ки Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва ё ухдадорихои ихтиёран кабулнамудаи корфармо бастани шартномаро пешбини мекунанд.
  3. Беасос рад кардан аз бастани шартномаи мехнати бо шахсоне, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати аз хисоби квота, роххат ва брон ба кор фиристода шудаанд, инчунин дар дигар холатхое, ки бевосита дар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, манъ мебошад.
  4. Рад кардани бастани шартномаи мехнати бо корманде, ки барои кор тибки тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофикаи рохбарони ташкилотхо даъват шудааст, мумкин нест.
  5. Бо талаби корманд ва ё макомоти манфиатдор корфармо ухдадор аст дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба онхо дар бораи сабабхои рад карда шудани кабул ба кор ба таври хатти иттилоъ дихад.
  6. Пеш аз бастани шартномаи мехнати дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мумкин аст шартхои иловаги гузошта шаванд (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа (мансаб).

 

Моддаи 23. Кафолатхо хангоми кабул ба кор

  1. Гайриконуни ба кор кабул накардан манъ аст. Беасос рад кардан аз кабул ба кор, ки талаботи кисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор кабул накардани шахсони зерин гайриконуни хисобида мешавад:

– шахсоне, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд;

– шахсоне, ки корфармо мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ухдадор аст бо онхо шартномаи мехнати бандад (маъюбон ва шахсони синнашон аз хаждах хурд, ки аз хисоби квотаи мукарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони хомила ва заноне, ки кудакони то сесола доранд, бо сабаби хомила ва ё кудак доштани онхо).

  1. Хангоми рад кардан аз кабул ба кор корфармо ухдадор аст бо талаби корманд дар мухлати 3 рузи кори ба таври хатти, бо имзои шахси мансабдоре, ки хукуки ба кор кабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани кабул ба кор чавоб дихад. Дар хусуси чунин радкуни ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 24. Мазмуни шартномаи мехнати

  1. Мазмуни шартномаи мехнатиро созиши тарафхо, мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, аз чумла созишномаи генерали, сохави, шартномахои коллективи, муайян мекунанд.
  2. Дар матни шартномаи мехнати бояд нишон дода шаванд:

– ном ва сурогаи корфармо, ки шахси хукуки мебошад;

– насаб, ном ва номи падар, ракам ва чойи дода шудани хуччати тасдиккунандаи шахсият, сурогаи чойи истикомати доими ва раками мушаххаси андозсупоранда;

– насаб, ном ва номи падар, ракам ва чойи дода шудани хуччати тасдиккунандаи шахсият, сурогаи чойи истикомати доими ва раками мушаххаси андозсупоранда, агар корфармо шахси вокеи бошад;

– чойи кор (ташкилот ва ё вохиди муайян);

– вазифаи (мансаби) ишголнамудаи корманд;

– хусусияти шароити мехнат, кафолат ва имтиёзхо, агар кори ичрошаванда ба корхои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;

– санаи огози кор;

– мухлати шартномаи мехнати;

– низом ва речаи вакти кори;

– вакти истирохат ва давомнокии рухсатии мехнатии харсолаи корманд;

– андозаи музди мехнат ва дигар шартхои пардохти музди мехнат;

– хукуку ухдадорихои корфармо;

– хукуку ухдадорихои корманд;

– тартиби тагйир додан ва катъ намудани шартномаи мехнати;

– кафолат, чубронпулихо ва тартиби пардохти онхо;

– шартхои сугуртакунони;

– чавобгарии тарафхо;

– санаи бастан ва раками тартибии шартномаи мехнати.

  1. Бо розигии тарафхо дар шартномаи мехнати метавонанд дигар шартхое, ки ба Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд, пешбини карда шаванд.
  2. Шартхои шартномаи мехнати танхо бо розигии тарафхо дар шакли хатти тагйир дода мешаванд.
  3. Хангоми иваз шудани ном, сурога ва чойи истикомат, тарафхо метавонанд ба шартномаи мехнати тагйироти дахлдор ворид намоянд, ки онхо асос барои тагйир ёфтани дигар шартхои шартнома намегарданд.
  4. Хангоми бастани шартномаи мехнатии мухлатнок, дар он мухлати амал ва холатхое (сабабхое) нишон дода мешаванд, ки барои бастани чунин шартнома асос шудаанд.
  5. Хангоми бастани шартномаи мехнати паст кардани сатхи хукук ва кафолатхои мехнатии кормандонро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 25. Мухлати шартномаи мехнати

  1. Шартномаи мехнати ба мухлати зерин баста мешавад:

– ба мухлати номуайян;

– ба мухлати муайян – на камтар аз як сол, ба истиснои холатхои пешбининамудаи сархатхои сеюм, чорум ва панчуми хамин кисм;

– барои ичрои ухдадорихои корманди хозирнабуда, ки мутобики Кодекси мазкур чойи кораш нигох дошта мешавад;

– ба мухлати ичрои кори муайян;

– барои ичрои корхои мавсими.

  1. Агар дар шартномаи мехнати мухлати амали он нишон дода нашуда бошад, шартнома ба мухлати номуайян басташуда хисоб меёбад ва он бе розигии корманд аз нав барои мухлати муайян баста намешавад.
  2. Баъд аз ба итмом расидани мухлати шартномаи мехнати хангоми такроран бастани он бо корманде, ки ухдадорихои мехнатиашро дар асоси шартномаи мехнатии муайяни на камтар аз як сол басташуда ичро менамояд, чунин шартнома ба мухлати номуайян басташуда хисобида мешавад, агар тарафхо дигар шартномаи мехнатии мухлатнокро ба расмият надароранд.
  3. Шартномаи мехнати барои ичрои корхои мавсими дар холатхое баста мешавад, ки вобаста ба шароити табиию иклими кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш мох анчом дода шавад.
  4. Шартномаи мехнати ба мухлати муайян дар холатхое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити ичрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон бастани шартнома барои мухлати номуайян имконнопазир бошад.
  5. Бастани шартномаи мехнати ба мухлати муайян бо максади даст кашидан аз додани кафолат ва чубронхое, ки барои кормандони шартномаи мехнатии ба мухлати номуайян басташуда пешбини шудаанд, манъ аст.
  6. Агар яке аз тарафхо баъд аз ба охир расидани мухлати амали шартномаи мехнати дар давоми рузи охирини кор (баст) катъ намудани муносибатхои мехнатиро талаб накунад, шартнома ба мухлати номуайян басташуда хисоб карда мешавад.
  7. Шартномаи мехнати бо шахсони мансабдори макомоти ичроияи корфармо – шахси хукуки ба мухлати мукаррарнамудаи хуччатхои таъсисии ташкилот ё созишномаи тарафхо баста мешавад ва ба чунин шартнома мукаррароти кисми 2 моддаи мазкур татбик намегардад.

 

Моддаи 26. Бастани шартномаи мехнати ва барасмиятдарории он

  1. Шартномаи мехнати дар шакли хатти баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз чониби тарафхо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи мехнати ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо махфуз медорад.
  2. Ворид намудани тагйиру иловахо ба шартномаи мехнати, аз чумла хангоми гузаронидан ба кори дигар аз чониби тарафхо дар шакли хатти бо тартиби пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур амали карда мешавад. Пешниходи тагйир додани шартхои шартномаи мехнати аз чониби яке аз тарафхои шартномаи мехнати дар шакли хатти дода мешавад ва он аз чониби тарафи дигар дар мухлати то хафт рузи таквими аз рузи дода шудан барраси карда мешавад.
  3. Шартномаи мехнати бо шахсони мансабдори макомоти ичроияи ташкилот аз чониби сохибмулки ташкилот ва ё шахси ваколатдори у бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва хуччатхои таъсисии ташкилот баста мешавад.
  4. Хангоми ба кор дохил шудан хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

– шиноснома ё дигар хуччати тасдиккунандаи шахсият (шаходатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздах нарасидаанд);

– дафтарчаи мехнати ё дигар хуччати тасдиккунандаи фаъолияти мехнати (ба гайр аз холатхои бори аввал ба кор дохил гардидан);

– гувохномаи икомат ва ё шаходатномаи шахси бешахрванд (барои шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд, ки дар худуди Чумхурии Точикистон доими истикомат мекунад) ё шаходатномаи шахси гуреза;

– хуччатхо дар бораи тахсилот, дониши махсус, дарача, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи мехнати дар корхое, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дониш, малака ва махорати дахлдор зарур мебошанд;

– барои ухдадорони харби – билети харби ё шаходатномаи бакайдгири;

– хуччати аз муоинаи тиббии пешаки гузаштан (барои шахсоне, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадоранд аз чунин муоина гузаранд);

– нусхаи гувохнома дар бораи додани раками мушаххаси андозсупоранда ва шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави;

– маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доги суди хангоми бастани шартномаи мехнати дар корхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешниходи чунин маълумот зарур аст.

  1. Корфармо хукук надорад, аз шахси ба кор кабулшаванда дигар хуччатро талаб кунад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
  2. Ба кор кабул намудан дар асоси аризаи корманд ва бо санади корфармо ё шахси ваколатдори у ба расмият дароварда мешавад. Санади мазкур ба корманд бо гузоштани имзо дар давоми на дертар аз 3 рузи кори эълон карда мешавад. Ба кор кабул намудани кормандоне (кормандони хонаги ва хонакорон), ки дар назди шахсони вокеи кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи мехнати, ки намунааш аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли тасдик мегардад, ба расмият дароварда мешавад.
  3. Хангоми ба кор кабул намудан корфармо ухдадор аст, ки кормандро бо коидахои тартиботи дохилии ташкилот, дигар санадхои меъёрии ба (вазифахои мехнатии) корманд дахлдошта, шинос намояд.
  4. Амали шартномаи мехнати аз рузи огози вокеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  5. Агар шартномаи мехнати бо гунохи корфармо баста нашуда ва ё ба расмият дароварда нашуда бошад, вале корманд ба кор шуруъ карда бошад, дар ин холат муносибатхои мехнати аз рузи вокеан ба кор шуруъ намудани корманд бавучудомада хисобида мешаванд.

 

Моддаи 27. Махдудияти якчоя кор кардани хешовандони наздик

  1. Дар як ташкилоти давлати (вохидхои сохтори) ба вазифаи рохбар, сармухосиб (муовинони у) ва хазинадор якчоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алокаи хешутабори (падару модар, зану шавхар, бародарон, хохарон, писарон, духтарон, хамчунин бародарону хохарони падару модар, фарзандони зану шавхар) дошта бошанд ва агар кори онхо ба итоату назорати бевоситаи хамдигари алокаманд бошад, манъ карда мешавад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигарро мукаррар накарда бошад.
  2. Махдудиятхое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудаанд, метавонанд бо карори сохибмулк ё шахси ваколатдори у дар ташкилотхои гайридавлати низ мукаррар карда шаванд.

 

Моддаи 28. Санчиш хангоми кабул ба кор

  1. Шартномаи мехнати метавонад бо санчиши пешаки баста шавад. Санчиш бо созиши тарафхо мукаррар гардида, ба гайр аз холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, наметавонад аз се мох бештар бошад.
  2. Дар давраи санчиш ба корманд меъёрхои Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи татбик мегарданд.
  3. Хангоми ба кор кабул намудан санчиш ба шахсони зерин мукаррар карда намешавад:

– шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст;

– мутахассисони чавон, ки на дертар аз як сол баъд аз хатми муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус ё муассисахои таълимии тахсилоти олии касби аз руи ихтисос маротибаи аввал тибки роххат ба кор кабул карда мешаванд;

– шахсоне, ки тибки озмун барои ишголи вазифахои (мансаби) дахлдор ба кор кабул карда мешаванд;

– хангоми гузаронидан ба кор ба махалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар;

– ба маъюбон дар сурати доштани тавсияхои мехнати, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати дода шудаанд.

  1. Давраи муваккатан гум кардани кобилияти кори ва дигар даврахое, ки корманд бо сабабхои узрнок ба кор хозир набуд, ба хисоби мухлати санчиш дохил намегардад.
  2. Гузаштани санчиш бояд дар шартномаи мехнати кайд карда шавад. Дар сурати мавчуд набудани чунин кайд, корманд бе санчиши пешаки ба кор кабулшуда хисоб меёбад.
  3. Агар то ба охир расидани мухлати санчиш корфармо кормандро ба вазифаи (мансаби) баланд таъйин намояд, корманд аз санчиш гузашташуда хисоб меёбад.
  4. Агар баъд аз гузаштани мухлати санчиш тарафхо дар бораи катъи шартномаи мехнати изхор накунанд, амали шартнома идома меёбад ва катъи минбаъдаи он дар асосхои умуми мувофики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон рох дода мешавад.
  5. Хангоми манфи будани натичаи кори корманд дар давраи санчиш корфармо хукук дорад на барвакттар аз хафт рузи ба охир расидани давраи санчиш бо нишон додани сабабхое, ки барои аз санчиш нагузаштани корманд асос шудаанд, уро хатти огох намуда, шартномаи мехнатиро бо корманд катъ намояд.

 

Моддаи 29. Шартномаи шогирди

  1. Корфармо хукук дорад ба шахсоне, ки кор мечуянд, барои мухлати дар шартнома мукарраргардида оид ба таълими касби шартномаи шогирди бандад. Шартномаи шогирди бо максади омухтани ихтисоси ибтидои доир ба сохаи ташкилот баста мешавад.
  2. Баъд аз ба итмом расидани мухлати шартнома бо шахсоне, ки омузишро хатм намудаанд, шартномаи мехнати баста мешавад.
  3. Музди мехнат хангоми омузиш тибки шартнома мукаррар карда мешавад.
  4. Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 30. Гузаронидан ба кори дигари доими

  1. Ба кори дигари доими гузаронидан (тагйир ёфтани вазифаи мехнатии корманд), супоридани кор аз руи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танхо бо розигии корманд мумкин аст.
  2. Супоридани коре, ки хангоми ичрои он шароити мехнати дар созиши тарафхо муайяншуда мохиятан тагйир меёбад ва бо сабабхои асоснокгардидаи истехсоли, ташкили, технологи ва иктисоди алокаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан хисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.
  3. Барои дар худи хамон ташкилот ба кори дигар гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба махалли дигар, инчунин якчоя бо ташкилот гузаронидан, бояд ба таври хатти розигии корманд гирифта шавад.
  4. Дар худи хамон ташкилот ба чойи кори дигар гузаронидан, ба бахши таркибии хамон махал гузаронидан, дар доираи тахассус, дарачаи ихтисос ё вазифа (мансаб) ва дигар дастгох ё тачхизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи мехнати бармеояд ва дар айни замон шароити мехнат мохиятан тагйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ба хисоб нарафта, розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо хукук надорад кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатиаш мувофик нест, гузаронад.
  5. Чойивазкунии (ротатсияи) кадрхои рохбарикунанда дар макомоти давлати ба кори дигар гузаронидан хисобида нашуда, бо максади истифодаи самараноки махорати касбии онхо, пешгирии зухуроти коррупсиони ва бархурди манфиатхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  6. Агар давом додани кор аз руи ухдадории мехнати, ки дар шартномаи мехнати мукаррар гардидааст, бо сабабхои объективи, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, имконнопазир бошад, корфармо ухдадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавчуд аст, пешниход намояд. Хангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниходи гузариш ба кори дигар амали шартномаи мехнати метавонад дар асосхои умуми мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон катъ гардад.

 

Моддаи 31. Тагйир ёфтани шароити мехнат

  1. Корфармо хукук дорад шароити мехнатро тагйир дихад, агар чунин тагйирот дар технология ва ташкили истехсолии мехнат пешаки мукаррар шуда бошад.
  2. Бо шартномахои коллективи мумкин аст машварати пешаки бо намояндагони кормандон оид ба тагйирёбии шароити мехнат барои гуруххои алохидаи кормандон пешбини карда шавад.
  3. Корфармо ухдадор аст кормандонро оид ба дар оянда тагйирёбии шароити мехнат на дертар аз ду мох огох созад. Агар корманд дар шароити нави мехнат ба идомаи кор рози набошад, пас шартномаи мехнати метавонад катъ карда шуда, ба у барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи мохона кумакпули пардохт карда шавад. Корманд хукук дорад дар бораи аз чониби корфармо тагйир додани шароити мехнат ба суд мурочиат кунад. Хангоми баррасии бахс корфармо ухдадор аст, исбот намояд, ки нигох доштани шароити пештараи мехнат имконнопазир аст.
  4. Дар мавридхое, ки тагйирот дар истехсолот, мехнат ва хачми кор боиси ба таври оммави аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо максади нигох доштани чойи кори хукук дорад бо розигии намояндагони кормандон, бе риояи мухлати огохони, ки кисми 3 моддаи мазкур пешбини намудааст, шароити мехнати кормандонро тагйир дихад.

 

Моддаи 32. Муваккатан ба кори дигар гузаронидан хангоми бекористи

  1. Хангоми бекористи кормандон бо назардошти ихтисос ва дарачаи касбашон дар худи хамон ташкилот дар тамоми давраи бекористи ба кори дигар ва бо розигии онхо ба ташкилоти дигар, вале дар хамон махал ба мухлати то як мох гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективи мухлати дигар мукаррар нашуда бошад.
  2. Хангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натичаи бекористи музди мехнати корманд дар хачми на камтар аз маблаги миёнаи мохона (маош) дода мешавад.
  3. Хангоми рад намудани корманд аз давом додани кор вобаста ба тагйир ёфтани шароити мехнат шартномаи мехнати бо корманд бо асосхои умуми мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон катъ карда мешавад.

 

Моддаи 33. Муваккатан боздоштани истехсолот (кор)

  1. Агар ташкилот душворихои дорои хусусиятхои истехсоли, иктисоди, технологи ё ташкилиро пешбини намояд, дар ин холат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори вохидхои (сеххо, участкахо, бригадахо) алохидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваккатан боздорад.
  2. Муваккатан боздоштани ташкилот хамчун бекористи бе гунохи кормандон хисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар ба онхо ба андозаи маоши мохона музд дода мешавад.
  3. Муваккатан боздоштани кор бе додани музди бекористи манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.

 

Моддаи 34. Махдуд кардани гузаронидан ба корхои гайритахассуси

Дар вакти бекористи ва холатхои муваккатан иваз намудани корманди хозирнабуда, кормандони ихтисоснокро бе розигии онхо ба корхои гайритахассуси гузаронидан мумкин нест.

 

Моддаи 35. Муваккатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истехсоли (кори)

  1. Бинобар зарурати истехсоли (кори) кормандро бе розигии у ба мухлати то як мох муваккатан ба кори дигар гузаронидан мумкин аст. Дар ин холат кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатии у мувофик намебошад, муваккатан ба кори дигар гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваккатан ба кори дигар гузаронидан ба корманд аз руи кори ичрокардааш, вале на камтар аз маоши миёнаи пештарааш музд дода мешавад.
  2. Дар холатхои зарурати истехсоли (кори) мухлати нихоии муваккатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин андозаи мушаххаси музди мехнат дар шартномаи коллективи мукаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон муайян менамояд.

 

Моддаи 36. Муваккатан ба кори дигар гузаронидан бо хохиши корманд

  1. Хохиши корманд дар бораи муваккатан ба кори дигар гузаронидан бояд аз чониби корфармо конеъ гардонида шавад, агар ин хохиш сабабхои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавчуд бошад.
  2. Номгуйи сабабхои узрнок барои муваккатан ба кори дигар гузаронидан ва тартиби пардохти музди мехнат хангоми муваккатан ба кори дигар гузаронидани кормандро Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, агар онхо баста нашуда бошанд, корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон ва розигии тарафхо муайян менамояд.

 

Моддаи 37. Ухдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Хангоми тахдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо ухдадор аст бо розигии намояндагони кормандон ва макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли чорахои махсусе, ки корхои зеринро пешбини менамоянд, ба рох монад:

– махдуд ё муваккатан катъ кардани кабули кормандони нав, озод кардани онхое, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд;

– махдуд намудани ичрои корхои зиёда аз вакти мукаррари;

– тагйир додани шароити мехнат тибки кисми 4 моддаи 31 Кодекси мазкур;

– муваккатан боздоштани истехсолот (кор) тибки моддаи 33 Кодекси мазкур;

– давра ба давра озод кардани кормандон;

– андешидани дигар чорабинихо, агар онхоро созишнома ва шартномахои коллективи пешбини карда бошанд.

 

Моддаи 38. Муносибатхои мехнати хангоми иваз шудани сохибмулк ва ё азнавташкилдихии ташкилот

  1. Хангоми иваз шудани сохибмулк ва ё азнавташкилдихии (муттахид, хамрох, таксим, чудо кардан, табдил додан) ташкилот муносибатхои мехнати бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо катъ кардани шартномаи мехнати танхо дар асосхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо риояи хатмии кафолатхои мукарраргардида мумкин аст.
  2. Сохибмулки нав дар давоми шаш мохи пайдо кардани хукуки моликият хукук дорад шартномахои мехнатии сохибмулки пештараро бо рохбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифахои умумии идоракуниро дар ташкилот ичро мекунанд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як макомот ба тобеияти макомоти дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи мехнатиро катъ карда наметавонад.

 

Моддаи 39. Катъ шудани шартномаи мехнати

  1. Шартномаи мехнати дар холатхои зерин катъ шуда метавонад:

– бо созиши тарафхо;

– бо ташаббуси корманд;

– бо ташаббуси корфармо;

– бо гузаштани мухлат;

– бо холатхои ба иродаи тарафхо вобастанабуда;

– гузаштани корманд ба кори (вазифаи) интихоби ё таъйин намудани у ба вазифае (мансабе), ки имконияти давом додани муносибатхои мехнатиро истисно менамояд, ба гайр аз холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Катъ шудани шартномаи мехнати бо санади корфармо, ба истиснои катъ шудани шартномаи мехнати бинобар вафот кардан ё аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак гоибшуда эътироф гардидани корфармо – шахси вокеи, кормандони хонаги ва хонакорон ба расмият дароварда мешавад.

 

Моддаи 40. Катъ шудани шартномаи мехнати бо созиши тарафхо

  1. Шартномаи мехнати бо созиши тарафхо метавонад хар вакт катъ карда шавад.
  2. Тарафи шартномаи мехнати, ки хохиши катъ кардани шартномаи мехнатиро бо созиши тарафхо изхор намудааст, ба тарафи дигари шартномаи мехнати огохинома мефиристад. Тарафе, ки огохиномаро гирифтааст, ухдадор аст дар мухлати 3 рузи кори дар хусуси карори кабулнамудааш ба таври хатти тарафи дигарро хабардор намояд.
  3. Рузи катъ кардани шартномаи мехнати бо созиши тарафхо бо розигии корманд ва корфармо муайян карда мешавад.
  4. Бо мувофика бо корманд дар шартномаи мехнати хукуки корфармо барои катъ намудани шартномаи мехнати бе риоя намудани талаботи мукаррарнамудаи кисми 2 моддаи мазкур бо пардохти чубронпули ба андозаи на камтар аз музди миёнаи мехнати солонаи корманд пешбини шуда метавонад.

 

Моддаи 41. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корманд

  1. Корманд хукук дорад ду хафта пештар корфарморо ба таври хатти огох намуда, шартномаи мехнатиро, ки ба мухлати номуайян баста шудааст, бекор кунад.
  2. Баъд аз гузаштани мухлати огохи корманд хукук дорад корро катъ намояд, корфармо бошад, ухдадор аст ба корманд дафтарчаи мехнатиашро фавран тибки кисми 5 моддаи 52 Кодекси мазкур супорида, бо у хисоби кунад.
  3. Бо хохиши корманд ва розигии корфармо шартномаи мехнати то ба итмом расидани мухлати огохи метавонад бекор карда шавад. Дар холате ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи мехнатиро дар мухлати хохишкардаи корманд бекор кунад.
  4. Дар давоми мухлати огохи корманд хукук дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати бозпас гирад, агар ба чойи кори у ба таври гузаронидан, корманди дигар даъват нашуда бошад.
  5. Шартномаи мухлатноки мехнати бо талаби корманд дар холатхои бемори ё маъюб шудани у, ки барои аз руи шартномаи мехнати ичро намудани кор халал мерасонад, аз чониби корфармо вайрон кардани мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё шартномаи мехнати, инчунин бо дигар сабабхои узрнок бекор карда мешавад.
  6. Корманд хукук дорад дар холатхое, ки хангоми бастани шартнома корфармо дар бораи шароити мехнат дар чойи кор ба у маълумоти нодуруст додааст ё ухдадориашро оид ба таъмини хифзи мехнат ва бехатарии мехнат дар чойи кор вайрон кардааст, шартномаи мехнатиро бе пешаки огох намудани корфармо бекор кунад.
  7. Яктарафа бекор кардани шартномаи мехнати аз тарафи корманд ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

 

Моддаи 42. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо

  1. Шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо метавонад бо асосхои зерин бекор карда шавад:

– бархам хурдани ташкилот ё катъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси вокеи ва ё ихтисор шудани шумора ё вохиди кории кормандон;

– катъ намудани шартномаи мехнати бинобар иваз шудани сохибмулк, хангоми ошкор гардидани номувофикатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишголкардааш ё кори ичро мекардааш дар натичаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани хамин кор халал мерасонад, агар ин номувофикатии корманд дар натичаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тибби тасдик шуда бошад;

– бе сабабхои узрнок ухдадорихои мехнатиро, ки шартномаи мехнати ё коидахои тартиботи дохилии мехнати ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам ичро накардани у, агар ба корманд пештар чорахои чазои интизоми татбик шуда бошанд;

– бе сабабхои узрнок ба кор хозир нашудан, аз чумла дар давоми рузи кори зиёда аз 3 соат набудан дар чойи кор;

– хозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор мохи бефосила дар натичаи корношоямии муваккати, бе хисоб кардани рухсатии давраи хомиладори ва таваллуд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон мухлати аз ин зиёдтари нигох доштани чойи корро (вазифаро) хангоми бемории муайян мукаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби мехнати ё бемории касби кобилияти мехнатиашонро гум кардаанд, то баркарор шудани кобилияти мехнати ё мукаррар гардидани маъюби чойи кор (вазифа) нигох дошта мешавад;

– дар холати масти бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда хозир шудан ба кор;

– ба кувваи конуни даромадани карори макомоти дахлдори давлати оид ба дуздии молу мулк ва дигар кирдорхое, ки давом додани корро истисно менамоянд;

– аз тарафи корманд содир намудани хукуквайронкунихои дорои хусусияти коррупсиони, ки дар асоси санади суди имконияти минбаъд давом додани корро истисно менамоянд;

– аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартои баъд аз ба маълумоти у расонидани карори суд дар хусуси гайриконуни эътироф намудани корпартои ва ё манъи корпартои;

– катъ гардидани ичозати корманд ба сирри давлати дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– аз тарафи рохбари макомоти ичроияи корфармо, муовини у ва ё рохбари сохтори корфармо вайрон намудани ухдадорихои мехнати, ки боиси расонидани зарари модди ба корфармо гардидааст;

– рад кардани аз муоинаи тибби гузаштан барои мукаррар намудани вокеияти дар холати масти бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда карор доштан;

– аз тарафи корманд вайрон намудани коидахои хифзи мехнат ё бехатари аз сухтор ва ё харакат дар наклиёт, ки боиси окибатхои вазнин, аз чумла чарохат ва садама гардидаанд ё метавонад гарданд;

– аз тарафи корманд фош намудани маълумотхои дорои сирри давлати ё дигар сирри бо конун хифзшаванда, ки ба у хангоми ичрои ухдадорихои мехнати маълум шудаанд;

– катъ кардани шартномаи мехнати бо шахси дар ду ё якчанд чой коркунанда бинобар кабули шахсе, ки дар ду ё якчанд чой кор намекунад, инчунин вобаста ба махдуд гардонидани кор дар якчанд чой, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст;

– вайронкунии дагалонаи якдафъаинаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз чониби рохбари ташкилот (вохидхои алохидаи он) ва муовини у;

– аз чониби корманде, ки бо дороихои пулию моли бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори зиддихукукие, ки барои нисбат ба у гум шудани боварии корфармо асос мегардад;

– аз чониби корманде, ки вазифахои тарбиявиро ичро менамояд, содир кардани рафтори бадахлокона, ки барои давом додани он кор мувофик намебошад;

– пешниходи маълумоти нодуруст, хуччатхои калбаки ва риоя накардани дигар коидахои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хангоми кабул ба кор;

– манфи будани натичаи кор дар давраи мухлати санчиш хангоми ба кор кабул намудан.

  1. Санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, оинномахо ва низомномахо оид ба интизом метавонанд дигар асосхои иловагии бекор кардани шартномаи мехнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбини намоянд.
  2. Бекор кардани шартномаи мехнати аз руи асосхое, ки дар сархатхои якум (ба гайр аз бархам хурдани ташкилот ё катъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси вокеи) ва дуюми кисми 1 моддаи мазкур, сархати дуюми моддаи 48 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, рох дода мешавад, агар бо розигии корманд ба кори дигар гузаронидани у имконнопазир бошад.
  3. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваккати (ба гайр аз озодкуни мувофики сархати панчуми кисми 1 моддаи мазкур) ва дар давраи дар рухсати ё сафари хизмати будани корманд, ба истиснои холатхои бархам хурдани ташкилот, катъ шудани фаъолияти корфармо – шахси вокеи, рох дода намешавад.
  4. Яктарафа бекор кардани шартномаи мехнати аз тарафи корфармо ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

 

Моддаи 43. Хукуки афзалиятнок барои дар кор мондан хангоми бекор шудани шартномаи мехнати бинобар ихтисори шумора, вохиди кории кормандон ё тагйири шароити мехнат

  1. Хангоми бекор шудани шартномаи мехнати бинобар тагйир ёфтани технология, ташкили истехсолот ва мехнат, ки кам шудани хачми кор боиси ихтисор шудани шумора, вохиди кории кормандон ё тагйири шароити мехнат гардидааст, хукуки афзалиятнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дарачаи баландтари ихтисос ва хосилнокии мехнат мебошанд.
  2. Хангоми баробар будани тахассус ва самаранокии мехнат афзалият ба инхо дода мешавад:

– ба кормандоне, ки ду ва зиёда аъзои оилаи гайрикобили мехнат доранд;

– ба шахсоне, ки дар оилааш дигар корманди музди мехнати мустакилдошта мавчуд нест;

– ба кормандоне, ки дар хамон ташкилот собикаи зиёди кори доранд;

– ба кормандоне, ки аз истехсолот чудо нашуда, ихтисоси худро аз руи тахассуси дахлдор дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истехсолот чудо нашуда, муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касбиро ба итмом расонидаанд, ба шарте ки баъд аз хатми тахсил дар давоми ду сол аз руи ихтисос кор кунанд;

– ба шахсоне, ки дар хамон ташкилот чарохати мехнати гирифтаанд ё ба бемории касби гирифтор шудаанд;

– ба маъюбон ва иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, инчунин шахсони ба онхо баробаркардашуда;

– ба шахсоне, ки ба бемории шуоъи гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар беморихое, ки бо баландшавии нури радиатсиони вобаста буда, дар натичаи окибатхои садамаи объектхои атоми ба вучуд омадаанд, ба маъюбоне, ки сабаби маъюбии онхо бо садамаи объектхои атоми алокаманд аст, иштирокчиёни корхои бархамдихии окибатхои ин садамахо ва фалокатхо, инчунин шахсоне, ки аз минтакахои зикршуда кучонида шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурух баробар карда шудаанд;

– ба маъюбони тибки квота ба кор кабулгардида;

– ба чабрдидагони амалхои террористи ва савдои одамон;

– ба ихтироъкорон ва навоварон.

  1. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи мумкин аст дигар холатхое пешбини карда шаванд, ки хангоми мавчуд будани онхо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.

 

Моддаи 44. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи мехнати ва мувофикаи он бо Кумитаи иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон

  1. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо (моддаи 42 Кодекси мазкур) баъд аз пешаки, на дертар аз ду хафта, огох намудани иттифоки касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон сурат мегирад.
  2. Кумитаи иттифоки касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон бояд дар мухлати дах рузи гирифтани пешниходи шахсе, ки хукуки бекор намудани шартномаи мехнатиро дорад, ба корфармо дар бораи карори кабулшуда доир ба додани розиги барои бо корманд катъ кардани шартномаи мехнати дар шакли хатти хабар дихад.
  3. Корфармо хукук дорад шартномаи мехнатиро на дертар аз як мохи гирифтани розигии Кумитаи иттифоки касаба ё намояндагони дигари кормандон катъ намояд.

 

Моддаи 45. Огохони дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати

  1. Корфармо ухдададор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати, ки ба мухлати номуайян баста шудааст, дар мухлатхои зерин ба таври хатти огох кунад:

– хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бинобар бархам хурдани ташкилот ё катъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси вокеи ва ё ихтисор шудани шумора ё вохиди кории кормандон на дертар аз ду мох;

– хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бинобар ба кори ичро мекардааш мувофик набудани корманд аз сабаби нокифоягии ихтисос ё вазъи саломати на камтар аз як мох.

  1. Дар давраи огохони ба корманд хукук дода мешавад, ки барои чустучуи кори дигар хафтае на камтар аз як руз бо нигох доштани музди кор ба кор набарояд.
  2. Бо созишномаи тарафхо шартномаи мехнати метавонад аз руи асосхои зикршуда то ба охир расидани мухлати огохони бо додани чубронпули дар хачми на камтар аз музди мехнати миёнаи рузона барои хар рузи бокимондаи то ба охир расидани ин мухлат бекор карда шавад.
  3. Корфармо ухдадор аст дар мухлати мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи аз кор озодшавии дарпешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дарачаи касби ва хачми музди мехнати онхо ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли маълумот дихад.

 

Моддаи 46. Катъ кардани шартномаи мухлатноки мехнати

  1. Шартномаи мухлатноки мехнати баъд аз ба итмом расидани мухлати он катъ мегардад. Агар баъд аз гузаштани мухлат муносибатхои мехнати идома ёбад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гох шартномаи мехнати ба мухлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба мухлати номуайян идомадошта хисобида мешавад.
  2. Шартномаи мехнатие, ки дар вакти набудани корманд баста шудааст ва барои у чойи кор (вазифа) нигох дошта шудааст, аз рузи ба кор баргаштани корманде, ки пештар ин корро ичро мекард, катъ мегардад.
  3. Шартномаи мехнатие, ки ба вакти ичрои кори муайян баста шудааст, баъд аз ба охир расидани он катъ мегардад.

 

Моддаи 47. Бекор кардани шартномаи мухлатноки мехнати то ба охир расидани мухлат

  1. Шартномаи мухлатноки мехнати, ки дар сархатхои дуюм ва чоруми кисми 1 моддаи 25 Кодекси мазкур пешбини шудааст, метавонад то ба охир расидани мухлат бо асосхои пешбиникардаи моддахои 38 ва 39 Кодекси мазкур бекор карда шавад. Дар ин холатхо дар шартхои шартномаи мехнати мумкин аст пардохти чаримаи ахдшикани пешбини карда шавад.
  2. Корфармо аз пардохти чаримаи ахдшикани озод карда мешавад, агар шартномаи мехнати бо ташаббуси корманд ё бинобар ухдадорихои мехнатии худро ичро накардани корманд пеш аз мухлат бекор карда шавад.

 

Моддаи 48. Катъ шудани шартномаи мехнати дар холатхое, ки ба иродаи тарафхо вобаста намебошанд

Шартномаи мехнати дар холатхои зерин, ки ба иродаи тарафхо вобаста намебошанд, катъ карда мешавад:

– хангоми даъват ё ба хизмати харби дохил шудани корманд;

– ба охир расидани мухлати ваколат;

– хангоми ба кор баркарор шудани корманде, ки пештар ин корро ичро мекард;

– хангоми эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд, ки дар асоси он корманд ва ё корфармо – шахси вокеи ба чазои махрум кардан аз озоди махкум шудааст, халномаи суд, ки бо он корманд ва ё корфармо гайрикобили амал эътироф гаридааст ё кобилияти амали у махдуд карда шудааст ва давом додани муносибатхои мехнатиро истисно менамояд;

– бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо – шахси вокеи, инчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак гоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо – шахси вокеи;

– дар сурати вайрон кардани коидахои мукарраршудаи кабул ба кор;

– дар холатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

 

Моддаи 49. Катъ шудани шартномаи мехнати бинобар гузаштани корманд ба вазифаи (мансаби) интихоби ва ё таъйин намудани у ба вазифа (мансаб)

  1. Шартномаи мехнати бо корманд бинобар гузаштан ба вазифаи (мансаби) интихоби ва ё таъйин намудани у ба вазифа (мансаб) катъ карда мешавад, агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон барои шахсони чунин вазифа (мансаб) – ро ишголкунанда ишголи дигар вазифа (мансаб) – хои пардохтшаванда манъ карда шуда бошад.
  2. Асос барои катъ шудани шартномаи мехнати санади интихоб шудан ва ё таъйин намудани корманд ба вазифа (мансаб) мебошад.

 

Моддаи 50. Аз кор дур кардан

  1. Корфармо ухдадор аст бо талаби макомоти дахлдори давлати дар холатхои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон кормандро аз кор дур кунад.
  2. Корфармо корманди дар холати масти, бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда хозир шудан ба кор дар хамон рузи (басти) кори ба кор рох намедихад ва дар ин давра ба у музд дода намешавад.
  3. Аз кор дур кардани корманд бо санади корфармо ба мухлати то муайяншави ва ё бартараф намудани сабабхое, ки боиси аз кор дуркуни гардидаанд, амали карда мешавад.

 

Моддаи 51. Кумакпули хангоми катъ шудани шартномаи мехнати

  1. Ба корманд хангоми катъ шудани шартномаи мехнати кумакпулии яквакта дода мешавад:

– бо ташаббуси корфармо, дар холатхои бекор кардани шартномаи мехнати бо асосхои пешбиникардаи сархатхои якум, дуюм, панчум, понздахум ва шонздахуми кисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур;

– дар холатхои ба иродаи тарафхо вобастанабуда, ба истиснои холати катъ шудани шартномаи мехнати хангоми эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд (сархати сеюми моддаи 48 Кодекси мазкур) ва хангоми вафоти корманд (сархати чоруми моддаи 48 Кодекси мазкур).

  1. Хачми кумакпули хангоми аз кор рафтан набояд аз се маоши миёнаи мохонаи корманд камтар бошад.

 

Моддаи 52. Хуччатхое, ки собикаи мехнатии кормандро тасдик менамоянд

  1. Собикаи мехнатии кормандро яке аз хуччатхои зерин тасдик менамояд:

– дафтарчаи мехнати;

– шартномаи мехнати;

– иктибос аз санади корфармо, ки ба вучуд омадан ва катъ гардидани муносибатхои мехнатиро бо сабаби бастан ва катъ намудани шартномаи мехнати тасдик менамояд;

– иктибос аз китоби пардохти музди мехнати кормандон (ведомост);

– руйхати хизмати (номгуйи маълумотхо дар хусуси кор, фаъолияти мехнатии корманд), ки аз тарафи корфармо имзо шуда, бо мухри ташкилот ё ба тарики нотариали тасдик карда шудааст;

– маълумотномаи макомоти ваколатдори давлати дар хусуси супоридани андухти нафакави;

– маълумотномаи макомоти ваколатдори давлати дар хусуси пардохти сахмхои хатмии сугуртаи ичтимои;

– маълумотномаи бойгони дар хусуси фаъолияти мехнатии корманд;

– дигар хуччатхое, ки бо тартиби мукарраргардида тасдик шудаанд.

  1. Дафтарчаи мехнатии намунааш мукарраргардида ва дигар хуччатхо оид ба собикаи кории корманд хуччатхои асосии фаъолияти мехнати буда, собикаи мехнатии кормандро тасдик менамоянд. Намуна ва тартиби чори кардани дафтарчаи мехнати, инчунин номгуйи дигар хуччатхоеро, ки собикаи кории кормандро тасдик мекунанд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  2. Корфармо ухдадор аст ба хамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 руз кор кардаанд, дафтарчаи мехнати кушояд. Ба кормандоне (кормандони хонаги ва хонакороне), ки дар назди шахсони вокеи кор мекунанд, дафтарчаи мехнати кушода намешавад.
  3. Дар дафтарчаи мехнати маълумот дар бораи кабул ба кор, ба кори дигари доими гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дарачаи касби, вазифа (мансаб), (мувофики санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро мукаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосхои катъ шудани шартномаи мехнати, инчунин дар бораи хавасмандгардони ва мукофотонидан барои муваффакиятхо дар кор кайд карда мешаванд.
  4. Дар рузи катъ шудани шартномаи мехнати корфармо ухдадор аст, ки ба корманд дафтарчаи мехнати ё дигар хуччати тасдиккунандаи фаъолияти мехнатии уро дихад. Сабаби аз кор озодшави дар дафтарчаи мехнати бо нишон додани меъёри дахлдори Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон кайд карда мешавад ва дафтарчаи мехнати дар рузи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Хангоми бо гунохи корфармо кашолкори намудан аз супоридани дафтарчаи мехнати барои хар рузи кашолкори ба корманд музди миёнаи мехнаташ дода мешавад.

 

Моддаи 53. Ухдадории корфармо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар хамон ташкилот

Корфармо ухдадор аст ба корманд, аз чумла ба корманди собик, аз руи хохишаш дар бораи кор дар хамин ташкилот бо нишон додани ихтисос, дарачаи касби, вазифа (мансаб), вакти кор ва андозаи мехнат маълумотнома дихад.

 

Моддаи 54. Рох надодан ба гайриконуни аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд

  1. Корманде, ки гайриконуни ба кори дигар гузаронида ё гайриконуни аз кор озод карда шудааст, аз чониби худи корфармо ё суд ба кор баркарор карда мешавад.
  2. Хангоми баррасии бахс дар суд корфармо ухдадор аст, зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.

 

Моддаи 55. Масъулияти корфармо барои гайриконуни ба кори дигар гузарондан ва гайриконуни катъ намудани шартномаи мехнати

  1. Хангоми аз чониби суд ё корфармо ба кор баркарор намудани корманд, корфармо ухдадор аст, чуброни зарари ба корманд расонидашударо пардохт намояд.
  2. Чуброни зарар аз инхо иборат аст:

– хатман пардохт кардани вакти мачбуран ба кор хозир нашудан ба андозаи на камтар аз музди мехнати аздастдода;

– чуброни харочоти иловаги вобаста ба шикоят дар бораи гайриконуни ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслихати мутахассисон, харочоти суди);

– имконпазирии чуброни зарари маънави.

  1. Хачми чуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи мохонаи корманд камтар буда наметавонад.

 

Моддаи 56. Беэътибории шартномаи мехнати

  1. Шартномаи мехнати аз тарафи суд беэътибор дониста мешавад, агар дар холатхои зерин баста шуда бошад:

– бо фиреб, зуровари, тахдид, созиши бадкасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин;

– ошкоро бар хилофи конун, асосхои тартиботи хукуки ва ахлок;

– руяки ва калбаки;

– бо шахси ба синни понздах нарасида бе розигии хаттии падар ё модар ва дигар шахсони тибки конунгузории Чумхурии Точикистон онхоро ивазкунанда;

– бо шахси ба синни мукаррарнамудаи Кодекси мазкур нарасида;

– бо шахси гайри кобили амал эътирофгардида;

– берун аз кобилияти хукукдории шахси хукуки;

– бо окибати махдуд кардани ваколат;

– дар натичаи гумрохи.

  1. Беэътибор донистани шартномаи мехнати бо гунохи корфармо сабаби ба корманд напардохтани музди мехнат, чубронпули барои рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ва дигар имтиёзхо намегардад.
  2. Беэътибор донистани шартхои алохидаи шартномаи мехнати сабаби пурра бекор шудани тамоми шартхои шартномаи мехнати намегардад.

 

БОБИ 4. ЧАМЪОВАРИ, КОРКАРД ВА ХИФЗИ МАЪЛУМОТХОИ ШАХСИИ КОРМАНД

 

Моддаи 57. Ухдадории корфармо вобаста ба чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии корманд

  1. Корфармо ухдадор аст:

– чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии кормандро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– бо максади таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, мусоидат барои ба кор таъмин намудан, омузиш ва пешрави дар кор, таъмини амнияти шахси, чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии кормандро амали намояд;

– хангоми муайян намудани хачм ва мазмуни маълумотхои шахсии корманд талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро ба рохбари гирад;

– маълумотхои шахсии аз чониби корманд шахсан ё аз чониби макомоти ваколатдори давлати пешниходшударо бо огохкунии пешаки ва гирифтани розигии у коркард намояд;

– бо талаби корманд тагйирот ва иловахоро ба маълумотхои шахсии корманд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ворид намояд;

– тартиби нигохдории маълумотхои шахсии кормандро бо риояи талаботхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ба санадхои корфармо шинос намудани кормандро таъмин намояд;

– бе розигии хаттии корманд дар бораи маълумотхои шахсии у ба шахсони сеюм хабар надихад, ба гайр аз холатхое ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд;

– дастрасиро ба маълумотхои шахсии корманд танхо ба шахсони барои ин кор ваколатдор ичозат дихад. Дар чунин холат шахсони мазкур хукуки гирифтани танхо хамон маълумотхои шахсии кормандро доранд, ки барои ичрои амалхои мушаххас ва бо риояи речаи махфи заруранд;

– пахнкунии маълумотхои шахсии кормандро дар худуди ташкилот тибки талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали намояд;

– шахсонеро, ки ба онхо ичозати дастраси ба маълумотхои шахсии корманд дода шудааст, дар бораи чунин маълумотхоро бо риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода бурдан ва ба шахсони сеюм надодани онхо, ба гайр аз холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, огох намояд.

  1. Корфармо хукук надорад:

– аз корманд дар бораи акидахои сиёси, дини ва дигар акидахо, инчунин дар бораи хаёти шахсиаш маълумот талаб намояд;

– аз корманд дар бораи аъзоги ё фаъолияташ дар иттиходияхои чамъияти, аз чумла дар иттифокхои касаба, маълумот талаб намояд.

  1. Чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии корманд ба зиммаи рохбари ташкилот гузошта мешавад.

 

Моддаи 58. Хукукхои корманд бо максади таъмини хифзи маълумотхои шахси, ки корфармо нигох медорад

Бо максади таъмини хифзи маълумотхои шахси, ки корфармо нигох медорад, корманд хукук дорад:

– ба дастраси ба маълумотхои шахсии худ, хамчунин хукук барои гирифтани нусхаи кайдхое, ки дорои маълумотхои шахсии у мебошанд, ба гайр аз холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст;

– ба талаби ворид намудани тагйироту иловахо, нобудсозии маълумотхои шахсие, ки чамъовари ва коркарди онхо бо вайрон намудани талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали гардидаанд;

– оид ба амали (беамалии) корфармо, ки ба чамъовари, коркард ва хифзи маълумотхои шахсии у алокаманди дорад, ба суд шикоят намояд.

 

БОБИ 5. ТАРТИБОТИ МЕХНАТИ. ИНТИЗОМИ МЕХНАТ

 

Моддаи 59. Коидахои тартиботи дохилии мехнати

  1. Коидахои тартиботи дохилии мехнати дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз чониби корфармо дар мувофика бо намояндагони кормандон тасдик карда мешаванд.
  2. Дар коидахои тартиботи дохилии мехнати тартиби кабул ба кор, аз кор озод намудан, вакти кори, вакти истирохат, чорахои хавасмандгардони, интизоми кормандон, хукуку ухдадорихои асоси ва масъулияти тарафхои шартномаи мехнати ва дигар масъалахои танзимкунандаи муносибатхои мехнати мукаррар карда мешаванд.
  3. Барои гурухи алохидаи кормандон тартиботи дохилии мехнати бо оинномахо ва низомномахо, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд, ба низом дароварда мешаванд.
  4. Риояи коидахои тартиботи дохилии мехнати аз чониби корфармо ва кормандон хатми мебошад.

 

Моддаи 60. Таъмини интизоми мехнат

Интизоми мехнат аз чониби корфармо бо рохи мухайё намудани шароитхои зарурии ташкили ва иктисоди барои мехнати фарди ва коллективи, муносибати бошууронаи кормандон ба мехнат, усулхои боваркунони, хавасмандгардони барои мехнати содикона, хамчунин татбики чазои интизоми барои вайрон намудани интизоми мехнат таъмин мегардад.

 

Моддаи 61. Хавасмандгардони барои мехнат

  1. Корфармо хукук дорад намудхои гуногуни хавасмандгардониро барои дастовардхои мехнати татбик намояд.
  2. Намудхои хавасмандгардонии кормандон ва тартиби татбики онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои корфармо, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи муайян менамоянд.

 

Моддаи 62. Чазои интизоми

  1. Барои аз чониби корманд вайрон кардани интизоми мехнат, корфармо хукук дорад чунин намудхои чазои интизомиро татбик намояд:

– сарзаниш;

– танбех;

– танбехи катъи;

– катъ намудани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, оиннома ва низомномахои интизоми мехнат барои гурухи алохидаи кормандон, дигар намудхои чазои интизоми низ пешбини шуда метавонанд.
  2. Татбики чазохои интизомие, ки дар Кодекси мазкур, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, оиннома ва низомномахо оид ба интизом барои гурухи алохидаи кормандон пешбини нагардидаанд, манъ аст.

 

Моддаи 63. Тартиби татбики чазои интизоми ва шикоят нисбати он

  1. Чазои интизоми аз чониби корфармо бо рохи кабули санад татбик карда мешавад.
  2. Корфармо ухдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбик намудани чазои интизоми талаб намояд. Дар холати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. Рад намудани корманд аз додани баёноти хатти наметавонад барои татбики чазои интизоми монеъ гардад.
  3. Хангоми муайян намудани намуди чазои интизоми, корфармо бояд мазмун, хусусият ва дарачаи вазнинии кирдори интизомии содиршуда, холатхои содир шудани он, рафтори пештара ва минбаъдаи корманд ва муносибати уро ба мехнат ба эътибор гирад.
  4. Ба корманд барои хар як кирдор танхо як чазои интизоми татбик карда мешавад.
  5. Санади корфармо дар бораи ба корманд додани чазои интизоми дар даврахои зерин татбик карда намешавад:

– хангоми муваккатан корношоям будани корманд;

– хангоми озод будани корманд аз кор дар вакти ичрои ухдадорихои давлати ё чамъияти;

– хангоми дар рухсати ё истирохати байнивахтави карор доштани корманд;

– хангоми дар сафари хизмати будани корманд.

  1. Санади корфармо оид ба татбики чазои интизоми ба корманде, ки ба у чазои интизоми дода шудааст, бо гирифтани имзои у дар давоми се рузи баъд аз кабули санад эълон карда мешавад. Дар холати радкунии корманд барои гузоштани имзо дар санад барои шиносои бо он, дар ин бора дар санад оид ба татбики ин чазо кайди дахлдор карда мешавад. Хангоми гайриимкон будани шинос кардани корманд бо санад, корфармо ухдадор аст санадро ба воситаи номаи огохкуни ба у равон намояд.
  2. Нисбати санад оид ба татбики чазои интизоми корманд метавонад бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят намояд.

 

Моддаи 64. Мухлати татбики чазои интизоми

  1. Чазои интизоми ба корманд хангоми содир кардани кирдори интизоми, на дертар аз як мох аз рузи ошкор шудани он, ба гайр аз холатхои пешбининамудаи кисми 5 моддаи 63 Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дода мешавад. Дар холатхои пешбининамудаи кисми 6 моддаи 323 Кодекси мазкур чазои интизоми на дертар аз як мох аз рузи эътибори конуни пайдо кардани санади суди дар бораи гайриконуни эътироф кардани корпартои дода мешавад.
  2. Чазои интизоми наметавонад пас аз шаш мохи содир шудани кирдори интизоми татбик карда шавад. Дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ё муайян шудани кирдори интизоми дар натичаи санчиш ё тафтиши фаъолияти молияви-хочагии корфармо дар давоми ду соли содиршавии кирдори интизоми аз чониби корманд чазои интизоми дода мешавад. Ба мухлатхои мазкур вакти истехсолоти парвандаи чинояти дохил намешавад.
  3. Вакти татбики мухлати чазои интизоми хангоми дар кор хузур надоштан бинобар корношоямии муваккати, озод будан аз кор барои ичрои ухдадорихои давлати ё чамъияти, дар рухсати ва сафари хизмати будани корманд боздошта мешавад.

 

Моддаи 65. Мухлати амали чазои интизоми

  1. Мухлати амали чазои интизоми ба гайр аз холатхои пешбининамудаи сархати чоруми кисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур аз шаш мох зиёд буда наметавонад. Агар дар давоми ин мухлат ба корманд чазои нави интизоми татбик нагардад, он гох у чазои интизоми надошта хисоб меёбад.
  2. Корфармое, ки ба корманд чазои интизоми додааст, бо ташаббуси худ, бо хохиши корманд ё рохбари бевоситаи у ва ё дархости намояндагони кормандон хукуки пеш аз мухлат бардоштани онро дорад.

 

БОБИ 6. ВАКТИ КОРИ

 

Моддаи 66. Вакти кори

  1. Давомнокии вакти кори метавонад муътадил, кутохкардашуда ва нопурра бошад.
  2. Ба вакти кори инчунин корхои тайёри – хотимави (гирифтани супориши вазифави (мансаби), мавод, асбобу анчом, шиносои бо техника, хуччатхо, омодаги ва рубучин кардани чойи кори, супоридани махсулоти тайёр ва дигар холатхо), танаффусхо, тибки технологияи ташкили мехнат пешбинигардида, коидахои меъёрбанди ва хифзи мехнат, вакти хозир будан ё интизори кор шудан, дар чойи кор вакти холигии худро озодона истифода накардани корманд, навбатдори дар рузхои иди гайрикори ва истирохат ва дигар даврахое, ки шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои корфармо ё санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, дохил мешаванд.

 

Моддаи 67. Давомнокии муътадили вакти кори

  1. Давомнокии муътадили вакти кори дар ташкилотхо дар як хафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.
  2. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи мумкин аст вакти кории давомнокиаш кутохтар бо пардохти музди мехнати вакти кории муътадил пешбини гардад.

 

Моддаи 68. Давомнокии кутохкардашудаи вакти кори

  1. Барои гурухи алохидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломати, шароити мехнат, хусусияти ухдадории мехнатии онхо ва дигар холатхо бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин шартхои шартномаи мехнати давомнокии кутохкардашудаи вакти кори бе кам кардани музди мехнат мукаррар карда мешавад.
  2. Давомнокии вакти кории кутохкардашуда ба шахсони зерин мукаррар карда мешавад:

– кормандоне, ки ба синни хаждах нарасидаанд;

– занон ва дигар шахсоне, ки ухдадорихои оилави доранд;

– кормандони маъюб;

– кормандоне, ки бо корхои шароити мехнаташ зарарнок машгуланд ё хусусияти махсуси кор доранд.

 

Моддаи 69. Давомнокии кутохи вакти кори барои кормандоне, ки бо корхои дорои шароити зарарноки мехнат машгуланд

  1. Давомнокии кутохи вакти кори на зиёда аз 35 соат дар як хафта барои кормандоне мукаррар карда мешавад, ки дар раванди мехнат ба таъсири барои саломати зарарноки омилхои физики, кимиёви, биологи ва дигар омилхои истехсоли дучор мешаванд.
  2. Руйхати истехсолот, сеххо, касбхо ва вазифахоеро, ки кор дар онхо барои давомнокии кутохи вакти кори хукук медихад, Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

Моддаи 70. Давомнокии кутохи вакти кори барои кормандоне, ки корашон дорои хусусияти махсус мебошад

  1. Барои гурухи алохидаи кормандон (духтурон, омузгорон ва дигарон), ки кори онхо бо шиддати баланди эхсосоти, зехни, асаби алокаманд аст (хусусияти махсус дорад), давомнокии вакти кори дар як хафта на зиёда аз 35 соат мукаррар карда мешавад.
  2. Номгуйи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси вакти кории онхоро Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 71. Вакти нопурраи кори

  1. Бо созиши байни корманд ва корфармо хангоми кабул ба кор ва дар давоми кор рузи нопурра ва ё хафтаи нопурраи кори бо пардохти музди мехнат вобаста ба хачми истехсол ё мутаносибан ба вакти кори мукаррар карда мешавад.
  2. Корфармо ухдадор аст дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон вакти нопурраи кориро мукаррар намояд.
  3. Хангоми чори намудани низоми вакти нопурраи кори давомнокии вакти кори наметавонад аз нисфи меъёри мохонаи вакти кори камтар ва музди мехнат аз андозаи хадди акали мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон камтар бошанд.
  4. Кор дар шароити вакти нопурраи кори барои корманд боиси ягон махдудияти давомнокии рухсатии харсола, хисоби собикаи кори ва дигар хукукхои мехнати намегардад.

 

Моддаи 72. Намудхои хафтаи кори ва низоми вакти кори

Намудхои хафтаи кори (хафтаи кории панчруза бо ду рузи истирохат ё хафтаи кории шашруза бо як рузи истирохат, хафтаи кории бо рузхои истирохати тагйирёбанда) ва низоми вакти кори (давомнокии вакти кории хамаруза (баст), вакти огоз ва анчоми кор, вакти танаффус, шумораи баст дар як шабонаруз, иваз намудани рузхои кори ва гайрикори, тартиби гузаронидани кормандон аз як баст ба басти дигар) дар ташкилот тибки коидахои тартиботи дохилии мехнати, дигар санадхои меъёрии дохили (локали) ва хангоми мавчуд набудани онхо, тибки созиши байни корманд ва корфармо мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 73. Кори бастави

  1. Хангоми кори бастави давомнокии кори харруза (баст) тибки чадвали бастави, ки аз чониби корфармо пас аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон тасдик карда мешавад ва дар муддати то як мохи пеш аз чори гардидани он ба маълумоти кормандон расонида мешавад.
  2. Кормандон якдигарро дар баст баробар иваз мекунанд. Аз як баст ба дигар баст гузаштан мутобики чадвали кори бастави сурат мегирад.
  3. Пайи хам ба кор чалб намудани корманд дар давоми ду баст манъ аст.

 

Моддаи 74. Давомнокии вакти кори

  1. Дар сурати хафтаи панчрузаи кори давомнокии кори харруза (баст) – ро коидахои тартиботи дохилии мехнати ё чадвали баст, ки онро корфармо баъд аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии хафтаи кории мукарраргардида тасдик намудааст, муайян менамояд.
  2. Давомнокии вакти кории харруза (баст) зиёд буда наметавонад:

– барои кормандони аз 15 то 16 сола – 5 соат ва аз 16 то 18 сола – 7 соат;

– барои таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти умуми, муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, ки дар давоми соли хониш тахсилу кор мекунанд – аз 14 то 16 сола – 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола – 3,5 соат;

– барои шароити муътадили кор – 8 соат;

– барои маъюбон – 6 соат;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд – нисфи давомнокии муътадили вакти корие, ки дар моддахои 66 – 73 ва моддаи мазкури Кодекси мазкур муайян шудаанд.

  1. Хангоми хафтаи шашрузаи кори, агар меъёри якхафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори харруза аз 7 соат, агар меъёри якхафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри хафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 75. Ба кисмхо таксим кардани рузи кори

  1. Дар корхои дорои хусусияти махсуси мехнат хангоми зарурат рузи кори бо розигии корманд метавонад ба кисмхо таксим карда шавад, агар давомнокии умумии вакти кори аз давомнокии мукарраргардидаи вакти кории харруза зиёд набошад.
  2. Намуди корхое, ки дар онхо рузи кори ба кисмхо таксим карда мешавад, микдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудхо ва хачми чубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит созишнома ва шартномахои коллективи, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон муайян менамояд.
  3. Барои кормандони эчодии ташкилотхои касбии санъат ва сохаи фарханг, воситахои ахбори омма, варзишгарон, мураббиён мумкин аст давомнокии дигари вакти кори тибки Кодекси мазкур, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои корфармо мукаррар карда шаванд.

 

Моддаи 76. Давомнокии вакти кори дар арафаи рузхои иди гайрикори

  1. Давомнокии вакти кории харруза (баст) дар арафаи рузхои иди гайрикори (моддаи 89 Кодекси мазкур) барои хамаи кормандон на камтар аз як соат кутох карда мешавад.
  2. Давомнокии вакти кории харруза (баст) пеш аз рузи иди гайрикори дар холатхое, ки пеш аз рузи ид рузи истирохат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кутохи хафтаи кори мукаррар шуда бошад, кам карда намешавад.
  3. Дар истехсолоти муттасил амалкунанда ва намудхои алохидаи кор, ки тибки шароити истехсолот (кор) кутох кардани давомнокии кори харруза дар рузхои пеш аз иди гайрикори имконнопазир аст, ичрои кор дар вакти зиёда аз меъёр бо додани вакти иловагии истирохат мувофики тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон муайян намудааст, чуброн карда мешавад ё бо розигии корманд хамчун кори зиёда аз вакти мукаррари пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 77. Давомнокии вакти кории шабона

  1. Аз соати 22 то соати 6 сахар вакти шабона хисоб мешавад, агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар мукаррар нагардида бошад.
  2. Давомнокии вакти кории шабона бо мутаносибан кутох кардани давомнокии хафтаи кори як соат кутох карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори харрузаи (баст) барои корманд мукарраргардида ба вакти шабона рост ояд.
  3. Дар истехсолоти муттасил амалкунанда ва намудхои алохидаи кор, ки мувофики шароити истехсолот кутох кардани давомнокии кори харруза (баст) дар вакти шабона имконнопазир аст, ичрои кор дар вакти зиёда аз меъёр бо додани вакти иловагии истирохат мувофики тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон муайян намудааст, чуброн карда мешавад.
  4. Ба кори шабона чалб намудани кормандони маъюб, занон, шахсони дорои ухдадорихои оилави ва ноболигон тибки риояи махдудиятхое, ки Кодекси мазкур мукаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 78. Бахисобгирии якчояи вакти кори

  1. Дар ташкилотхое, ки мувофики шароити истехсолот (кор) давомнокии мукарраргардидаи хархафтаинаи вакти кориро риоя кардан мумкин нест, бахисобгирии якчояи вакти кори метавонад чори карда шавад, агар давомнокии вакти кори дар доираи бахисобгири аз шумораи муътадили соатхои кори зиёд набошад. Дар ин маврид давраи бахисобгири набояд аз як сол ва давомнокии вакти кории харруза (смена) аз 12 соат зиёд бошад.
  2. Тартиби татбики бахисобгирии якчояи вакти кориро шартномаи коллективи ва агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз маслихат бо намояндагони кормандон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 79. Изофакори

  1. Изофакори дар холатхои истиснои, ки моддаи 80 Кодекси мазкур мукаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва бо тартибе, ки корфармо бо мувофикаи намояндагони кормандон мукаррар намудааст, истифода бурда мешавад.
  2. Корфармо ухдадор аст хангоми изофакори бехатарии мехнат ва шароити муътадили истехсоли ва ичтимоию маиширо таъмин намояд.
  3. Чалби кормандон ба изофакори бо риояи махдудиятхое, ки Кодекси мазкур нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои ухдадорихои оилави ва ноболигон мукаррар намудааст, сурат мегирад.
  4. Хангоми 12 соат будани давомнокии баст, инчунин дар корхое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошанд, изофакори манъ аст.
  5. Изофакори набояд дар давоми ду руз пай дар пай беш аз ин бошад:

– ду соат дар корхое, ки шароити мехнат вазнин ва ё зарарнок бошад;

– чор соат дар дигар корхо.

  1. Барои хар як корманд изофакори дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Моддаи 80. Холатхои истисноии истифодаи изофакори

Холатхои истисноии истифодаи изофакори инхоянд:

– ичрои корхое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгири ва рафъи окибатхои офатхои табии ва хатари умум зарур мебошанд;

– ичрои корхо барои рафъи холатхои тасодуфи ва гайричашмдошт, ки фаъолияти муътадили истехсолотро халалдор месозанд;

– зарурати ба охир расонидани корхои шуруъгардида, ки ба ичро расонидани онхо бинобар сабабхои техники, гайричашмдошт, тасодуфан ба таъхир афтодани истехсолот дар давоми вакти мукаррарии кори гайриимкон аст (агар катъи кори шуруъгардида боиси харобии маводу тачхизот гардад);

– ичрои корхои муваккати оид ба таъмир ва баркарорсозии тачхизоту иншооте, ки вайрон будани онхо боиси катъ шудани кори аксарияти кормандон мегардад;

– давом додани кор дар истехсолоти муттасил амалкунанда дар сурати ба кор хозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин холат корфармо ухдадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатдор чорахои фаври андешад;

– ичрои корхои боркуни ва борфарори ва корхои ба он вобаста дар наклиёт дар сурати зарурати холи кардани анборхои ташкилоти наклиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борхои воситаи наклиёт ба максади пешгирии чамъшавии бор дар нуктахои интиколу кабули бор ва бекористии воситахои наклиёт.

 

Моддаи 81. Тартиби хисобкунии вакти кори

  1. Корфамо ухдадор аст вакти кориро, ки хар як корманд ичро намудааст, аз чумла соатхои изофакориро, сари вакт дакик хисоб кунад.
  2. Хисобкунии вакти кори вакти кории ичрошуда ва ичронашудаи кормандро дар бар мегирад.
  3. Ба таркиби вакти кори ичрошуда хисобкунии дигар давраи вакте, ки ба вакти кори тааллук дорад, дохил мешавад. Хисобкунии соатхои изофакори, кор дар бастхои шабона, рузхои истирохат, рузхои ид, рузхои сафари хизмати алохида бурда мешавад.
  4. Ба таркиби вакти кори ичронашуда хисобкунии вакти кори пардохтшаванда ва пардохтнашаванда бо айби корманд ва ё корфармо дохил карда мешавад.
  5. Хисобкунии вакти кори дар асоси хуччатхое, ки корфармо дар коидахои тартиботи дохилии мехнати муайян кардааст, пеш бурда мешавад.
  6. Дар холатхое, ки ба вакти кори корманд даврахои ичрои кор берун аз чойи кори сурат мегирад ё вакти ичрои онро корфармо дакик муайян карда натавонад, ин даврахо дар хуччатхо хамчун ичрои хачми кор тибки мукаррароти шартномаи мехнати ба кайд гирифта мешаванд.

 

БОБИ 7. ВАКТИ ИСТИРОХАТ

 

Моддаи 82. Намудхои вакти истирохат

Вакти истирохат аз намудхои зерин иборат аст:

– танаффусхо дар давоми рузи кори (дамгири, хурокхури, дохилибасти ва махсус);

– танаффусхо байни рузхои (басти) кори;

– рузхои истирохат (истирохати бефосилаи хархафтаина);

– рузхои иди гайрикори;

– рухсатихо.

 

Моддаи 83. Танаффус барои дамгири ва хурокхури

  1. Дар давоми рузи (басти) кори ба кормандон бояд барои дамгири ва хурокхури танаффус дода шавад. Давомнокии мушаххаси ин танаффусхо дар коидахои тартиботи дохилии мехнати, чадвали кори бастхо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо мукаррар мегардад. Танаффус бояд на дертар аз чор соат баъд аз огози кор дода шавад.
  2. Танаффусхо барои дамгири ва хурокхури ба вакти кори дохил намешаванд ва барои онхо музд дода намешавад ва давомнокиашон набояд аз ду соат зиёд бошад.
  3. Дар корхое, ки аз руи шароити истехсолот додани танаффусхо барои истирохат ва хурокхури имкон надорад, корфармо ухдадор аст барои истирохат ва хурокхурии корманд дар вакти кори шароит мухайё намояд. Номгуйи чунин корхо дар шартномаи коллективи (агар шартномаи коллективи баста нашуда бошад – аз тарафи корфармо бо машварати пешаки бо намояндагони кормандон) муайян мегардад, чойи истирохат ва хурокхури аз тарафи корфармо мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 84. Танаффусхои дохилибасти ва махсус

  1. Дар баъзе намуди корхо ба кормандон дар давоми вакти кори додани танаффусхои дохилибасти пешбини мешавад, ки онро хусусияти технологи, ташкили истехсолот ва мехнат такозо менамоянд. Намуди ин гуна корхо, давомноки ва тартиби додани чунин танаффусхо дар шартномаи коллективи муайян карда мешаванд (агар шартномаи коллективи баста нашуда бошад – бо мувофикаи намояндагони кормандон аз тарафи корфармо мукаррар карда мешавад).
  2. Барои кормандоне, ки дар фаслхои сард ва ё гарми сол, дар хавои кушод ва ё бинохои пушидаи гармнашаванда кор мекунанд, кормандоне, ки ба корхои борфарори ва боркуни машгуланд, инчунин ба дигар гурухи кормандон мувофики шароит ва тартибе, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд, танаффусхои махсус барои истирохат, гармшави, салкиншави, хушк кардани сару либос, варзиши истехсоли ва маконидани кудак дода мешаванд.
  3. Танаффусхои дохилибасти ва танаффусхои махсус ба хисоби вакти кори дохил гардида, музди онхо пардохт карда мешаванд. Корфармо ухдадор аст бо бинохое, ки барои танаффусхои дар кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбини гардидаанд, таъмин намояд.

 

Моддаи 85. Давомнокии танаффусхо байни рузхои (бастхои) кори

Давомнокии танаффусхо байни рузхои (бастхои) кории корманд аз 12 соат набояд камтар бошад.

 

Моддаи 86. Рузхои истирохат

  1. Ба хамаи кормандон рузхои истирохат (истирохати бефосилаи хархафтаина) дода мешавад.
  2. Дар хафтаи панчрузаи кори ба кормандон дар хафта ду рузи истирохат ва дар хафтаи шашрузаи кори як рузи истирохат дода мешавад.
  3. Рузи истирохати умуми – якшанбе мебошад. Рузи истирохати дуюм, дар хафтаи панчрузаи кори, тибки чадвали кории ташкилот мукаррар карда мешавад. Хар ду рузи истирохат пайи хам дода мешавад.
  4. Дар ташкилотхое, ки вобаста ба шароити истехсолию техники ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи ахоли катъи кор дар онхо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотхои муттасил коркунанда рузхои истирохат дар рузхои гуногуни хафта ба хар гурухи кормандон мувофики чадвали бастхо, ки корфармо бо машварати пешаки бо намояндагони кормандон тасдик кардааст, дода мешавад.

 

Моддаи 87. Манъи кор дар рузхои истирохат. Холатхои истисноии чалби корманд ба кор дар рузхои истирохат

  1. Дар рузхои истирохат кор кардан манъ аст.
  2. Дар рузхои истирохат ба кор чалб намудани кормандон бо мувофикаи намояндагони кормандон дар асосхо ва холатхои истисноии зерин ичозат дода мешавад:

– барои пешгири ва рафъи окибатхои офатхои табии, садамаи истехсоли ё фавран бартараф намудани окибатхои он;

– барои пешгирии ходисахои нохуш, халокат ва нобудшавии молу мулк;

– барои ичрои корхои таъхирнопазири каблан пешбинигардида, ки аз таъчилан ичро намудани онхо умуман кори муътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшхои алохидаи он вобаста мебошад;

– дар дигар холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии дохили (локали) пешбини намудаанд.

  1. Чалби кормандон дар рузхои истирохат бо риояи махдудиятхое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои ухдадорихои оилави ва ноболигон мукаррар намудааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 88. Чуброни кори рузхои истирохат ва вакти дамгири

Кор дар рузхои истирохат ва дар вакти дамгири мувофики хохиши корманд бо додани рузи дигари истирохат ва ё дар шакли пули ба андозаи мукаррарнамудаи моддаи 154 Кодекси мазкур чуброн карда мешавад.

 

Моддаи 89. Истирохат дар рузхои иди гайрикори

  1. Истирохат дар рузхои иди гайрикори мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи рузхои ид» муайян карда мешавад.
  2. Дар рузхои иди гайрикори корхое ичозат дода мешаванд, ки боздоштани онхо бинобар шароити истехсолию техники (ташкилотхои муттасил коркунанда) гайриимкон аст, корхое, ки барои хизматрасонии ахоли зарур мебошанд, инчунин корхои таъхирнопазири таъмир, борфурори ва боркуни.
  3. Кор дар рузхои иди гайрикори тибки мукаррароти моддаи 154 Кодекси мазкур чуброн карда мешавад.
  4. Тартиби гузаронидани рузи истирохатро ба дигар рузи кори бо максади самаранок истифода намудани вакти кори дар рузхои иди гайрикори Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  5. Агар рузи истирохат ба рузи иди гайрикори рост ояд, рузи истирохат ба рузи аввали кории баъд аз рузи иди гайрикори гузаронида мешавад.

 

Моддаи 90. Намудхои рухсати

  1. Рухсати аз намудхои зерин иборат аст:

– рухсатихои мехнатии харсолаи пардохтшаванда;

– рухсатихои ичтимои;

– рухсатии бемузди мехнат;

– рухсатии муваккатии бемузд ё кисман музднок;

-дигар намуди рухсатихои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Рухсатихои мехнатии харсолаи пардохтшаванда аз инхо иборат мебошанд:

– рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин;

– рухсатии мехнатии асосии харсолаи дарозкардашуда;

– рухсатии мехнатии иловагии харсола.

  1. Рухсатихои ичтимои аз инхо иборат аст:

– рухсати барои хомиладори ва таваллуд;

– рухсати барои нигохубини кудак;

– рухсати барои тахсил;

– рухсатии эчоди.

  1. Рухсатихо бо санади корфармо ба расмият дароварда мешаванд.

 

Моддаи 91. Хукук ба рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ва рухсатии ичтимои

  1. Кормандон хангоми мавчуд будани асосхои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ва рухсатии ичтимои хукук доранд.
  2. Иваз кардани рухсатии мехнати ба чуброни пули мумкин нест, ба гайр аз холатхое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад.

 

Моддаи 92. Хукук ба рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин ва рухсатии мехнатии асосии харсолаи дарозкардашуда

Кормандон хукук доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи мехнатии бо онхо басташуда, шакли ташкилию хукукии ташкилот ва музди мехнат ба рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин ё рухсатии мехнатии асосии харсолаи дарозкардашуда бароянд.

 

Моддаи 93. Давомнокии рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин

  1. Давомнокии рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтарин 24 рузи таквимиро ташкил медихад.
  2. Рухсатии асосии харсолаи камтарин барои хамаи кормандон ба таври хатми дода мешавад.
  3. Корфармо хукук дорад, ки аз хисоби маблагхои худи мухлати давомнокии рухсатии мехнатии асосии харсолаи камтаринро бо тартиб ва шартхое, ки дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини шудаанд, аз 24 рузи таквими зиёд намояд.
  4. Рузхои иди гайрикори, корношоямии муваккати, инчунин рухсати барои хомиладори ва таваллуд ба рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд.
  5. Хангоми рост омадани рузхои иди гайрикори дар давраи рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рузхои иди гайрикори дароз карда мешавад.

 

Моддаи 94. Давомнокии рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда

  1. Ба гуруххои алохидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти ухдадорихои мехнати, синну сол, собикаи кори, вазъи саломати ва дигар холатхо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шавад.
  2. Рухсатии асосии харсолаи дарозкардашуда мукаррар карда мешавад:

– ба кормандони ташкилотхои илми – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандони китобхонахои ташкилотхои илми, муассисахои таълими ва дигар китобхонахо – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандон – омузгорони шуъбахои рузона ва гоибонаи муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, аз чумла доир ба тайёри, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси кадрхои муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандони муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва муассисахои таълимии томактаби – аз 28 то 56 рузи таквими;

– ба кормандони муассисахои сохаи фарханг ва хифзи ичтимои – аз 28 то 42 рузи таквими;

– ба хамширахои тибби, ки ба тарбияи кудакони то сесола машгуланд, мураббияхои гуруххои ширхораи муассисахои таълимии томактаби ва хонаи кудакон – 42 рузи таквими;

– ба кормандони доимии хочагии чангал – 28 рузи таквими;

– ба варзишгарон – на камтар аз 30 рузи таквими;

– ба рузноманигорон – на камтар аз 30 рузи таквими;

– ба кормандони синни то хаждах, аз чумла онхое, ки барои гузаронидани тачрибаи истехсоли (таълими истехсоли) кабул шудаанд – 30 рузи таквими;

– ба кормандони маъюби гуруххои I ва II- 42, гурухи III- 35 рузи таквими;

– ба кормандоне, ки дар сохаи кишоварзи кор мекунанд – на камтар аз 28 рузи таквими;

– ба дигар гуруххои кормандон тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Номгуйи ташкилотхо, касб ва вазифахо, ки дар сархатхои аз якум то панчуми кисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 95. Рухсатихои иловагии харсола

Корфармо ухдадор аст ба шахсони зерин рухсатихои иловагии харсола дихад:

– ба кормандоне, ки дар корхои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд;

– ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад;

– ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иклими кор мекунанд;

– ба кормандони рузи кориашон ба меъёр гирифтанашуда;

– дар мавридхои дигаре, ки дар санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини шудаанд.

 

Моддаи 96. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои зарарнок ва вазнини мехнат

  1. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои зарарнок ва вазнини мехнат бо давомнокии на камтар аз 7 рузи таквими ба кормандоне дода мешавад, ки дар корхои кухии зеризамини, дар конхои кушоди кухи, буриш ва карерхо, дар минтакахои аз чихати радиоактиви олуда, дар дигар корхои ба саломатии инсон зарарнок кор мекунанд, ки дорои омилхои номусоиди физикию кимиёви, биологи ва дигар омилхо мебошанд.
  2. Номгуйи истехсолот, корхо, касбу вазифахое (мансабхое), ки кор дар онхо ба рухсатии иловагии харсола барои шароити мехнати ба саломати зарарнок ва вазнин хукук медихад, инчунин давомнокии рухсати, тартиб ва шароити додани онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  3. Рухсатии иловагии харсола танхо тибки яке аз асосхои дар номгуй пешбинигардида дода мешавад.

 

Моддаи 97. Рухсатии иловагии харсола барои хусусияти махсуси кор

  1. Рухсатии иловагии харсола барои хусусияти махсуси кор бо давомнокии на камтар аз 3 рузи таквими ба гуруххои алохидаи кормандон, ки мехнати онхо ба шиддати зиёди асаб ва эхсосот вобаста мебошад ё дорои хусусияти махсуси ичрои кор аст, дода мешавад.
  2. Номгуйи касбу вазифаи (мансаби) кормандонро, ки барояшон рухсатии иловаги барои хусусияти махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 98. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои махсуси табиию иклими

  1. Рухсатии иловагии харсола барои кор дар шароитхои махсуси табиию иклими бо давомнокии на камтар аз 8 рузи таквими дода мешавад.
  2. Давомнокии мушаххаси рухсатии иловагии харсола ва шарти додани онро санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи муайян мекунанд.

 

Моддаи 99. Рухсатии иловагии бо рузи кори ба меъёр гирифтанашуда

  1. Ба кормандони рузи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вакти кории муътадили мукарраргардида ичро намудани кор рухсатии иловаги на камтар аз 10 рузи таквими дода мешавад.
  2. Давомнокии мушаххаси чунин рухсати барои кормандони ташкилотхои аз хисоби бучети давлати маблаггузоришаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва барои кормандони дигар ташкилотхо дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ва дар сурати мавчуд набудани онхо тибки созиши тарафхои шартномаи мехнати мукаррар карда мешавад.
  3. Номгуйи кормандони рузи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотхои давлати аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва кормандони дигар ташкилотхо бо шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ё дигар санади меъёрии дохилии (локалии) ташкилот мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 100. Рухсатии иловаги барои собикаи кории давомнок

  1. Ба кормандоне, ки дар як соха ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собикаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рузи таквими дода мешавад.
  2. Номгуйи сохахо, истехсолот, кор, касб ва вазифахо (мансабхо), шароити пешниход ва давомнокии рухсатиро барои собикаи кории давомнок Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

Моддаи 101. Бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола

  1. Давомнокии рухсатихои мехнатии харсола бо рузхои таквими, сарфи назар аз низом ва чадвали кори ба хисоб гирифта мешавад.
  2. Рузхои иди гайрикори, ки ба давраи рухсати рост меоянд, мувофики моддаи 89 Кодекси мазкур хангоми муайян намудани давомнокии рухсати ба хисоб гирифта намешаванд.
  3. Хангоми бахисобгирии давомнокии умумии рухсатии мехнатии харсола рухсатии иловаги, ки мухлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад, ба рухсатии асосии харсола (аз чумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
  4. Хангоми бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола мутаносибан ба вакти кори анчомдодашуда давомнокии онхо бо рохи таксими андозаи хар як рухсати ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моххои пурраи кори муайян карда мешавад.
  5. Зимнан вакти изофа, ки ба 15 рузи таквими баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як мох баробар хисоб карда шуда, вале камтар аз 15 руз ба инобат гирифта намешавад.

 

Моддаи 102. Бахисобгирии собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад

  1. Ба собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад, инхо дохил мешаванд:

– вакти кори вокеи дар давоми соли кори;

– вакте, ки корманд вокеан кор накардааст, вале чойи кораш (мансабаш) барои у нигох дошта шудааст;

– вакти ноилоч хозир нашудан ба кор хангоми гайриконуни аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав баркарор намудан ба кори пештара;

– дигар вактхое, ки шартномахои сохави (тарифи), коллективи ва дигар санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартхои шартномаи мехнати пешбини намудаанд.

  1. Агар дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, ба собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад, инхо дохил карда намешаванд:

– вакти бе сабабхои узрнок дар кор хозир набудани корманд;

– вакти рухсатихои барои нигохубини кудак то ба синни муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон расидани у;

– вакти рухсатихои бемузд, ки бо хохиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рузи таквими дода шудааст.

  1. Санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд коидахои махсуси бахисобгирии собикаи кориро, ки барои гирифтани рухсатихои мехнатии иловаги хукук медиханд, пешбини намоянд.

 

Моддаи 103. Хукуки корфармо оид ба тагйир додани соли кории корманд

Агар мачмуи даврахое, ки тибки моддаи 102 Кодекси мазкур ба соли кори дохил мешавад, аз 12 мохи пурраи таквими кам бошанд, соли кории корманд ба вакти нарасидаи он тагйир дода мешавад.

 

Моддаи 104. Шартхои пешниходи рухсатии мехнати барои соли аввали кори

  1. Рухсатии мехнати (асоси ва иловаги) барои соли аввали кори на барвакттар аз 11 мохи кори аз чониби корфармо дода мешавад.
  2. То ба итмом расидани 11 мохи кори корфармо ухдадор аст бо хохиши корманд ба у дар холати зерин рухсатии мехнати пешниход намояд:

– ба занон пеш аз рухсатии хомиладори ва таваллуд ё баъд аз он;

– ба кормандони синни то хаждах;

– ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор кабул карда шудаанд;

– ба кормандоне, ки мувофики хулосаи тибби барои табобати санатори -курорти роххат доранд;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд, агар рухсатии мехнатиашон дар чойи кори асоси дар давраи то 11 мохи кори аз руи дар ду (якчанд) чой кор кардан мувофик ояд;

– ба омузгорони муассисахои таълими;

– ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда;

– ба занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кудаки синни то чордах ё кудаки маъюби синни то хаждах доранд;

– ба кормандоне, ки аз истехсолот чудо нашуда дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми (шуъбахои шабона), муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус, муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва аспирантурахо (шуъбахои шабона ва гоибона) таълим мегиранд;

– дар дигар холатхои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи муайяншуда.

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки ба эхтиёт чавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии мехнати баъд аз гузаштани се мох дода мешавад.
  2. Ба зани (шавхари) хизматчии харби бо хохиши онхо рухсатии мехнати дар як вакт бо рухсатии шавхари (зани) у дода мешавад.
  3. Ба гайр аз холатхои дар сархатхои аз якум то нухуми кисми 2, кисмхои 3 ва 4 моддаи мазкур нишондодашуда рухсати мутаносибан ба рузхои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рузи таквими дода мешавад.

 

Моддаи 105. Шартхои додани рухсатии мехнати барои солхои дуюм ва минбаъдаи кори

Рухсатии мехнати (асоси ва иловаги) барои солхои дуюм ва минбаъдаи кори хар вакти соли кори мувофики навбати додани рухсатихои мехнати дода мешавад, агар дар Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон холатхои дигар пешбини нашуда бошанд.

 

Моддаи 106. Додани рухсатии харсола ба шахсоне, ки аз профилакторияхои табобатию мехнати баргаштаанд

Ба шахсоне, ки аз профилакторияхои табобатию мехнати баргаштаанд, рухсатихои харсола барои муддати кори вокеи дар чойи кори охирин дода мешавад.

 

Моддаи 107. Вакт ва навбати додани рухсатии мехнати

  1. Вакт ва навбати додани рухсатии мехнати бо тартиби пешбининамудаи шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, коидахои тартиботи дохилии мехнати, чадвали рухсатихо, ки бо намояндагони кормандон мувофика карда шудаанд ва ё бо мувофикаи байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
  2. Чадвали дода шудани рухсатихои мехнати барои соли таквими тибки мухлатхои мукаррарнамудаи созишнома ва шартномахои коллективи тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофика расида, ба маълумоти хамаи кормандон пешниход карда мешавад.
  3. Хангоми муайян намудани вакт ва навбати пешниходи рухсати, хукукхои кормандони зерине, ки барои гирифтани рухсати имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:

1) Дар давраи тобистон ва дигар вакти мувофик:

– ба кормандони синни то хаждах;

– ба омузгорони муассисахои таълимии тахсилоти умуми, муаллимони муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус ва хайати профессорию омузгории муассисахои таълимии тахсилоти олии касби;

– ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда;

– ба занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки ду ва ё зиёда кудаки синни то чордах ё кудаки маъюби то синни хаждах доранд;

– ба кормандоне, ки ба бемории шуоъи гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар беморихои бо пахншавии нури радиатсиони вобастабуда;

– ба кормандоне, ки дар бартарафкунии окибати садамаи Чернобил ва дигар минтакахои захролудшуда ё рафъи окибатхои офатхои табии иштирок кардаанд;

– дар дигар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи.

2) Дар давраи муайян:

– ба кормандоне, ки аз истехсолот чудо нашуда, дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми (шуъбахои шабона), муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус, муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва аспирантурахо – пеш аз гузаронидан ё дар холати гузаронидани машгулиятхои мукарраргардида, ичрои корхои лаборатори ё таълими, супоридани имтихонхо ё санчишхо ба омузиш машгуланд;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд – дар як вакт бо рухсатии мехнатии чойи кори асоси.

  1. Ба корманд бояд 15 руз пеш аз саршавии рухсати оид ба вакти пешниходи рухсати хабар дода шавад.
  2. Ба мардон мувофики хохишашон хангоми рухсати барои давраи хомиладори ва таваллуди хамсарашон рухсатии харсолаи мехнати пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 108. Рухсатии мехнатии харсола ва холатхои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

  1. Корфармо ухдадор аст, ки ба корманд дар давоми хар як соли кори (хар сол) рухсатии мехнати пешниход намояд.
  2. Дар холатхои истиснои, ки пешниходи рухсатии пурраи мехнати ба корманд дар соли чори ба раванди муътадили кори ташкилот, сохибкори инфироди таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии уро пурра ё кисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
  3. Рухсатии мехнатие, ки бо хохиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи кори хамрох карда мешавад ё ба таври алохида, на дертар аз як соли пайдо кардани хукук ба рухсати мавриди истифода карор мегирад.
  4. Ба кормандони синнашон ба хаждах нарасида ва кормандоне, ки ба корхои вазнин машгул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки мехнати кор мекунанд, инчунин дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии мехнати ичозат дода намешавад.
  5. Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии мехнати манъ аст.

 

Моддаи 109. Хукуки корманд дар хусуси ба дигар вакт гузаронидан ва дароз намудани мухлати рухсатии мехнати дар давоми соли кори

  1. Корманд метавонад дар холатхои зерин рухсатии мехнатиашро ба дигар вакт гузаронад ё дароз намояд:

– хангоми корношоямии муваккати;

– хангоми фаро расидани мухлати рухсати барои хомиладори ва таваллуд;

– хангоми рост омадани рухсатии солонаи мехнати бо рухсати барои тахсил бе чудо шудан аз истехсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии мехнати ва ё дар вакти рухсатии мехнати ва баъд аз даъвати муассисаи таълими ба расмият дароварда бошад);

– хангоми ичрои ухдадорихои давлати ё чамъияти, агар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои ичрои чунин вазифахо аз кор озод намудани кормандро пешбини карда бошанд;

– хангоми пардохт накардани музди мехнати корманд дар мухлати мукаррарнамуда барои рухсати;

– бо мувофикаи тарафхо, инчунин дар дигар холатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд.

  1. Агар сабабхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар давраи рухсати ба миён омада бошанд, рухсати ба муддати он рузхо дароз ё бо мувофикаи корманд ва корфармо кисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба мухлати дигари соли равони кори гузаронида мешавад.
  2. Агар сабабхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда то огози рухсатии мехнати ба вучуд омада бошанд, рухсати бо хохиши корманд ва розигии корфармо ба вакти дигари соли кори гузаронида мешавад.
  3. Корманд ухдадор аст корфарморо оид ба сабабхое, ки ба истифодабарии рухсати дар мухлати муайяншуда ва вакти дароз намудани рухсати монеъ мешаванд, огох намояд.

 

Моддаи 110. Окибати бе асоси конуни ва ризоияти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии мехнати аз чониби корманд

Агар рухсатии мехнати бо риояи талаботи мукарраргашта пешниход карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар мухлати муайяншудаи он то охири соли кори бе асоси конуни рад кунад, корфармо хукук дорад рухсатии кормандро ба вакти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблаги пули чуброн накунад, ба гайр аз холатхое, ки дар кисми 1 моддаи 118 Кодекси мазкур пешбини шудаанд.

 

Моддаи 111. Ба кисмхо чудо кардани рухсатии мехнати. Бозхонд аз рухсатии мехнати

  1. Рухсатии мехнатиро бо мувофикаи корманд ва корфармо ба кисмхо чудо кардан мумкин аст, ки яке аз кисмхои он набояд аз 14 рузи таквими камтар бошад.
  2. Аз рухсатии мехнати бозхондан танхо бо розигии корманд мумкин аст.
  3. Хангоми бозхондан аз рухсатии мехнати кисми истифоданашудаи рухсати бояд ба корманд дар давоми хамон соли кори дар вакти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 108 Кодекси мазкур илова гардад, агар дар созишнома ва шартномахои коллективи дигар холатхо пешбини нашуда бошанд.
  4. Аз рухсатии мехнати бозхондани кормандони аз хаждахсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломати зарарнок, хавфнок ва вазнини мехнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар холатхои дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишуда мумкин нест.

 

Моддаи 112. Пардохти рухсатии мехнатии асосии харсола

  1. Дар давраи рухсатии мехнатии асосии харсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи мехнат пардохт кафолат дода мешавад.
  2. Пардохти рухсатии мехнатии асосии харсола дар мухлатхои мукаррарнамудаи шартномаи коллективи, вале на дертар аз як хафта пеш аз огози он сурат мегирад.
  3. Корфармо хукук дорад хангоми пешниходи рухсатии мехнатии асосии харсола тибки санадхои меъёрии дохили (локали) ва шартномаи коллективи ба корманд иловапули (кумакпули) пардохт намояд.

 

Моддаи 113. Маблагхо барои пардохти рухсатихо

  1. Рухсатихои мехнати ва ичтимоии пардохтшаванда (ба гайр аз рухсати барои хомиладори ва таваллуд (моддаи 223 Кодекси мазкур) ва барои нигохубини кудак (моддахои 224 ва 225 Кодекси мазкур) аз хисоби маблагхои корфармо ва дар ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд, аз хисоби маблагхое, ки дар сметаи харочот барои нигохдории онхо ва музди мехнат пешбини гардидаанд, пардохт карда мешаванд.
  2. Рухсатихо барои хомиладори ва тавваллуд, рухсати барои нигохубини кудак аз хисоби маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои пардохт карда мешаванд.

 

Моддаи 114. Рухсатии ичтимои

  1. Рухсатии ичтимои ба кормандон барои фаъолияти эчоди, хомиладори ва таваллуд, нигохубини кудак ва тахсил бе чудошави аз истехсолот дода мешавад.
  2. Хукуки кормандон ба рухсатии ичтимои ба давомноки, чой ва намуди кор, номгуй ва шакли ташкилию хукукии ташкилот вобаста нест.
  3. Дар вакти рухсатии ичтимои чойи кори пештара нигох дошта мешавад ва дар холатхои дар Кодекси мазкур, созишнома ва шартномахои коллективи пешбинишуда музди мехнат нигох дошта мешавад.
  4. Рухсатии ичтимои илова ба рухсатии мехнати дода мешавад.
  5. Рухсатии ичтимои барои хамон соли таквимие дода мешавад, ки корманд ба он хукук дорад.
  6. Дар холати истифода набурдани рухсатии ичтимои дар соли чории таквими он ба соли дигари кори гузаронида намешавад ва бо маблаги пули чуброн карда намешавад, аз чумла, дар сурати аз кор озод шудан.

 

Моддаи 115. Рухсатии эчоди

  1. Рухсатии эчоди бо нигохдории музди мехнат ба кормандон барои ичрои корхои рисолави, навиштани китобхои дарси ва дар дигар холатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, дода мешавад.
  2. Тартиб ва шартхои пешниход кардан ва давомнокии рухсатии эчодиро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд.

 

Моддаи 116. Рухсатии бемузди мехнат

  1. Ба корманд, бинобар вазъи оилави ва дигар сабабхои узрнок, мутобики аризааш рухсатии бемузди мехнат дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофикаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Узрнок будани сабабхои дода шудани чунин рухсатиро корфармо бахо медихад, агар дар созишнома ва шартномахои коллективи тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
  2. Рухсатии бемузди мехнат мувофики аризаи корманд ба таври хатми ба инхо дода мешавад:

– ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, шахсони ба онхо баробаркардашуда, инчунин ба нафакахуроне, ки кор мекунанд – хар сол то 14 рузи таквими;

– ба падару модарон ва хамсарони хизматчиёни харби ва кормандони макомоти хифзи хукук, ки дар натичаи захм, контузия ё осебе, ки хангоми химояи Ватан ва ичрои вазифаи (мансаби) хизмати ба онхо расидааст, ё дар натичаи бемории вобаста бо иштирокашон дар чанг ва муковиматхои сиёси фавтидаанд – хар сол то 14 рузи таквими;

– ба маъюбоне, ки кор мекунанд – то 2 мох дар як сол;

– ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кудак, маросими бастани акди никох, вафоти хешовандон – то 7 рузи таквими;

– ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо мувофики хулосаи тибби  нигохубин мекунанд (бе додани варакаи корношоямии мехнати ё хуччати ивазкунандаи он) – то 14 рузи таквими;

– ба кормандоне, ки мувофики хулосаи тибби барои табобат роххати санатори – курорти доранд, ки мухлати он аз давомнокии рухсатии мехнати зиёд аст – ба мухлати вакти нарасида (бо иловаи вакти рафтуомад), агар хамаи мухлати рухсатии мехнати истифода шуда бошад, бо мухлати пурраи роххат (бо иловаи вакти рафтуомад);

– ба кормандоне, ки барои супоридани имтихонхои дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ичозат дода шудаанд – 10 рузи таквими, ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти махсус – 15 рузи таквими, гайр аз вакти рафтуомад ба махалли чойгиршавии муассисаи таълими;

– ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва бе чудошави аз истехсолот тахсилкунанда – барои вакти рафтуомад ба махалли чойгиршавии муассисахои мазкур дар давраи супоридани имтихонхои дохилшави ва кори рисолави;

– дар дигар холатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд.

  1. Рухсатихои дар сархатхои якум, дуюм ва сеюми кисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда дар вакте дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофика кардааст.

 

Моддаи 117. Рухсатии муваккатии бемузд ё кисман музднок

  1. Хангоми зарурати муваккатан боздоштани истехсолот (кор) ё кам шудани хачми кор ба муддати на зиёда аз як мох корфармо бо максади пешгири намудани озодкунии кормандон аз руи ихтисори шумора ё вохиди кори хукук дорад, бо розигии корманд (кормандон) ба у (онхо) рухсатии бе нигохдори ё кисман бо нигохдории музди мехнат дихад, агар дар созишнома ва шартномахои коллективи тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Дар холати мазкур андозаи музди мехнати пардохтшаванда бо мувофикаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи музди мехнати мохонаи корманд кам буда наметавонад.

 

Моддаи 118. Амали кардани хукук ба рухсатии мехнатии харсола хангоми аз кор озод намудан

  1. Хангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосхои мавчуда ба корманде, ки рухсатии мехнатии худро кисман ё пурра истифода набурдааст, чубронпули дода мешавад.
  2. Хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бо хохиши корманд рухсатии мехнатии харсолаи истифоданашуда ба у бо шарти аз кор озод кардан пас аз ба итмом расидани рухсати дода мешавад. Дар ин холат санаи аз кор озод шудан рузи охирини рухсати хисоб карда мешавад.
  3. Хангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани мухлати шартномаи мехнати рухсати бо шарти баъд аз рухсати аз кор озод гардидан вакте дода шуда метавонад, агар мухлати рухсати пурра ё кисман аз мухлати шартномаи мехнати бештар бошад. Дар ин холат амали шартномаи мехнати то ба охир расидани рухсати дарозкардашуда ба хисоб меравад.
  4. Чубронпули барои рухсатии пурраи мехнати дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар корманд то рузи аз кор озод шудан дар тамоми соли кори кор карда бошад. Агар то рузи аз кор озод шудан корманд як кисми соли кори мехнат карда бошад, чубронпули мутаносибан ба вакти кори кардашуда пардохт карда мешавад.
  5. Чубронпули барои рухсатии мехнатии истифоданашуда хангоми аз кор озод кардан дар рузи озодкуни пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 119. Хукуки корфармо хангоми додани рухсати

  1. Корфармо тибки машварати пешаки бо коллективи мехнати метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корхои таъмир, баркароркуни ва навкунии истехсолот машгуланд, дар дигар вакти барои онхо мувофик рухсати дихад.
  2. Аз хисоби маблаги сарфакарда (даромад), мутобики шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, корфармо хукук дорад:

– барои кор аз руи чадвали хафтаи кори муттасил (дар холати низоми кори бисёрбасти) ба муддати на камтар аз 7 рузи таквими рухсатии иловаги мукаррар намояд;

– барои ноил шудан ба натичахои баланди мехнати, ичрои корхои махсусан мураккаб ва махсусан мухим ба муддати на камтар аз 10 рузи таквими рухсатии иловаги мукаррар намояд;

– андозаи баланди музди хамаи намудхои рухсатихои ичтимои, аз чумла рухсатихои давраи хомиладори ва таваллуд, нигохубини кудак, фаъолияти эчоди ва ба тахсил алокамандро мукаррар намояд;

– кормандонеро, ки рухсатии худро дар истирохатгоххо ва дигар муассисахои солимгардони гузаронида, кобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро бехтар мекунанд, бо рохи пурра ё кисман пардохтани арзиши харочоти роххат ва рохкиро то чойи истирохату табобат хавасманд гардонад.

 

БОБИ 8. ТАЙЁРИИ КАСБИ, АЗНАВТАЙЁРКУНИ, ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАЧРИБАОМУЗИИ КОРМАНДОН

 

Моддаи 120. Хукук ва ухдадорихои корфармо оид ба тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон

  1. Зарурият ва хачми тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандонро бо максади таъмини фаъолият ва рушди босамари ташкилот корфармо муайян мекунад.
  2. Тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон ё дигар шахсоне, ки дар муносибатхои мехнати мебошанд бевосита дар ташкилот ва ё берун аз он дар ташкилотхои ба ин максад таъсисёфта амали карда мешаванд.
  3. Корфармо ухдадор аст барои кормандон, ки тачрибаомузи, тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос мегузаранд, барои якчоя кардани корхо бо таълим, ки Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд, шароит мухайё намояд.
  4. Корфармо ухдадор аст, ки касбомузи, азнавтайёркуни ва такмили дониши кормандонро барои сохиб гаштан ба ихтисоси иловаги ба рох монад, барои бевосита дар истехсолот ё дар муассисахои таълимии тахсилоти касби такмили ихтисос кардани онхо шароит мухайё намояд.
  5. Баъд аз хатми муассисахои таълимии тахсилоти касби ба корманд тахассуси (гурух, дарача) дахлдори касби дода, мувофики ихтисоси гирифтааш кор пешниход карда мешавад.
  6. Маълумоти умумии касбии корманд хангоми баланд бардоштани тахассуси (гурух, дарача) касби, таъйини андозаи музди мехнат ва ба вазифаи (мансаби) баландтар пешбари кардани онхо ба эътибор гирифта мешавад.
  7. Кафолат ва чубронхои барои кормандони дар баробари кор тахсилкунанда пешбинишуда, танхо дар чойи кори асоси дода мешаванд.
  8. Корфармо ба муассисахои таълими, ки барномахои тахсилотии техники ва касбиро татбик мекунанд, барои тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кадрхо мусоидат менамояд.

 

Моддаи 121. Тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон

  1. Тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон бо роххати корфармо дар муассисахои таълими аз хисоби маблагхои корфармо ё дигар сарчашмахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, мутобики шартномаи тахсил амали карда мешаванд.
  2. Барои кормандоне, ки дар муассисахои таълими мехонанд, тибки шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, дигар санадхои меъёрии дохили (локали) аз хисоби маблаги корфармое, ки онхоро ба тахсил мефиристонад, мумкин аст имтиёзхои иловаги мукаррар карда шаванд.

 

Моддаи 122. Шакл ва талаботи умуми ба тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон

  1. Шакли тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандонро корфармо муайян мекунад.
  2. Талаботи умуми ба тайёркунии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандонро дар ташкилотхои давлати Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 123. Хукук ва ухдадорихои кормандон оид ба тайёрии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос

  1. Кормандон ба тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос, аз чумла тахсилоти касби ва ихтисосхои нав хукук доранд.
  2. Кормандоне, ки аз тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос мегузаранд, дар мувофика бо корфармо метавонанд аз кор ё ичрои кор бо шартхои вакти нопурраи кори озод карда шаванд.
  3. Кормандоне, ки аз тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос мегузаранд, аз кафолатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, бархурдор мебошанд.
  4. Корманд ухдадор аст, ки пас аз ба итмом расидани тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос ба мухлати дар шартномаи тахсил мувофиканамудаи тарафхо ба корфармо кор кунад.
  5. Дар холати бекор кардани шартномаи мехнати то мухлати мукаррарнамудаи шартномаи тахсил бо ташаббуси корманд ё бо ташаббуси корфармо бинобар гунохи корманд, корманд ба корфармо харочотхоро вобаста ба тахсил ба мухлати мутаносибан ичронакардаи кор бояд пардохт намояд.

 

Моддаи 124. Мазмуни шартномаи тахсил

  1. Шартномаи тахсил бояд дар бар гирад:

– сана ва махалли тартиб додани шартнома;

– тарафхои шартнома;

– номи ташкилоте, ки корманд кор мекунад, насаб, ном ва номи падари корфармо ё шахси ваколатдорнамудаи он, ваколатнома, номи муассисаи таълими, насаб, ном ва номи падари рохбари он, насаб, ном ва номи падари корманд (тачрибаомуз, донишчу), агар шартнома сетарафа бошад;

– номи ташкилот, чойи кори корманд, насаб, ном ва номи падари кордиханда ё шахси ваколатдори у, ваколатнома, насаб, ном ва номи падари корманд (тачрибаомуз, донишчу);

– мавзуи шартнома;

– маълумот дар бораи тахсили музднок ва ройгон, шакли тахсил, касби мушаххас, дарачаи ихтисоси тахсилот, ки тахсилкунанда мегирад;

– хукук ва ухдадорихои корфармо ва тахсилкунанда;

– мухлати тахсил ва мухлати кори иловаги барои корфармо баъд аз хатми тахсил;

– кафолат ва чубронпули, ки ба тахсил алокаманд мебошанд;

– холатхои гайричашмдошт (форс – мажори);

– шартхои махсус;

– тартиби баррасии бахсхо;

– мухлати амал ва тартиби бекор намудани шартнома;

– сурогаи тарафхо.

  1. Шартномаи тахсил метавонад дигар шартхоеро, ки бо созиши тарафхо муайян карда мешаванд, дар бар гирад.

 

Моддаи 125. Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълими тахсил мекунанд

  1. Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисахои таълими тахсил мекунанд, дар асоси даъвати муассисахои таълими барои иштирок дар машгулияти таълими дар мухлати мукарраргардида аз ичрои ухдадории хизмати ё истехсоли бо нигох доштани музди мехнат озод карда мешаванд.
  2. Дар созишнома ва шартномахои коллективи, дигар санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълими тахсил мекунанд, аз хисоби маблаги корфармое, ки онхоро ба тахсил фиристодааст, мумкин аст имтиёзхои иловаги мукаррар карда шаванд.

 

Моддаи 126. Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми тахсил мекунанд

  1. Ба кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми тахсил мекунанд ва хамзамон дар ташкилотхо кор мекунанд, рузи кории на зиёда аз чор соат мукаррар карда мешавад.
  2. Таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти умуми дар давоми соли тахсил на камтар аз 42 рузи таквими, хангоми шаш руз будани хафтаи кори ё мутобикан ба хамон микдор соати кори дар сурати хафтаи кории панчруза аз кор озод карда мешаванд. Агар хафтаи кор аз панч руз иборат бошад, микдори умумии соатхои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боки мондани микдори соатхои озод аз кор тагйир меёбад.
  3. Дар муддати аз кор озод будани корманд ба у аз чойи кори асоси на камтар аз 50 фоизи музди мехнат, вале на камтар аз андозаи мукарраршудаи хадди акали музди мехнат маош дода мешавад.
  4. Таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти умуми ба рухсатии пардохтшавандаи иловаги аз чойи кори асоси барои супоридани имтихонхо ба мухлати на камтар аз андозаи мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо нигохдории музди миёнаи мехнат дар давраи рухсати хукук доранд.

 

Моддаи 127. Имтиёзхо барои таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти касби

  1. Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисахои таълимии тахсилоти касби тахсил мекунанд, барои омодаги ва супоридани имтихонхо ва кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва муассисахои таълимии тахсилоти оли тахсил мекунанд, барои ичрои корхои лаборатори, супоридани санчишхо ва имтихонхо, омодаги ва дифои кори дипломи аз чойи кор ба муддати на камтар аз андозаи мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон рухсатии иловаги ва музди миёнаи мехнат дода мешаванд.
  2. Ба кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти касби тахсил мекунанд, хар хафтаи рузхои кориаш иборат аз шаш руз барои тайёри ба машгулият дар давоми дах мохи таълими пеш аз навиштани кори дипломи ё супоридани имтихонхои хатмкуни камаш як рузи аз кор озод будан ва музди миёнаи мехнат дода мешавад.
  3. Дар сурати аз панч руз иборат будани хафтаи кори микдори рузхои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти кори тагйир ёфта, микдори соатхои аз кор озод будан боки мемонад.
  4. Ба кормандоне, ки дар шуъбахои шакли гоибонаи муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби тахсил мекунанд, барои пардохти харочоти рафтуомад ба махалле, ки муассисаи таълими вокеъ гардидааст, бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон имтиёз дода мешавад.

 

БОБИ 9. БАКОРТАЪМИНКУНИ

 

Моддаи 128. Кафолатхои давлатии бакортаъминкуни

Давлат ба шахрвандон дар сохаи шугли ахоли кафолатхои зерин медихад:

– хифз намудан аз тамоми шаклхои табъиз ва таъмини имконияти баробар барои гирифтани касб ва кор;

– тайёркунии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисоси бекорон, кормандон ва шахсони камбизоат, ки ба нигохубини кудакони то 3 сола машгуланд, инчунин ташкили корхои чамъияти барои бекорон;

– тайёркунии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос, ташкили корхои чамъияти барои кормандоне, ки низоми нопурраи вакти кориро бо назардошти тагйир ёфтани истехсолот дар ташкилот доранд, инчунин хангоми азнавташкилдихи ва (ё) кам шудани хачми кор аз чониби корфармо;

– мусоидат барои рушди фаъолияти сохибкории хурду миёна;

– ташкили миёнарави дар сохаи мехнат ва шугл;

– пешниходи хизматрасонии касби ва рохнамои, маълумот оид ба чойхои кории холи;

– рохнамоии низоми тахсилоти касби барои тайёр намудани мутахассисон мувофики талаботи бозори мехнат;

– тахия ва татбики чорабинихо чихати ошкор ва конунигардонии муносибатхои мехнати;

– дар созишномахои сармоягузори мукаррар намудани ухдадории сармоягузор оид ба тайёркунии касби, таъсиси чойхои нави кори ва нигох доштани чойхои кории мавчуда;

– ташкили шароит барои рушди тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос бевосита дар ташкилот;

– хамкории мутакобилаи макомоти ваколатдор бо корфармоён оид ба масъалахои шугл;

– таъмини шароит барои бакортаъминкунии шахсоне, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

 

Моддаи 129. Хукукхои шахрвандон дар самти бакортаъминкуни

Шахрвандон хукук доранд ба:

– интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касб тарики мурочиати бевосита ба корфармоён, инчунин тавассути миёнаравии макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли;

– чустучуи мустакилонаи кор ва бакортаъминкуни, аз чумла дар хорича;

– гирифтани машварат ва маълумот аз макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли;

– иштирок дар корхои чамъияти.

 

Моддаи 130. Хукук ва ухдадорихои корфармо хангоми бакортаъминкуни

  1. Корфармо хукук дорад:

– интихоби кадрхоро ба рох монад;

– аз макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли маълумоти дакик, пурра ва фаври оид ба холати бозори мехнат ва имконияти тайёрии касбиро дастрас намояд.

  1. Корфармо ухдадор аст оид ба масъалахои зерин ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли чунин маълумотро пешниход намояд:

– дар бораи аз кор озод намудани кормандон бо сабаби бархам додани шахси хукуки ё катъ шудани фаъолияти шахси вокеи, ихтисор шудани шумора ё вохиди кори, инчунин шумора ва гурухи кормандоне, ки ин ихтисоршави метавонад ба фаъолияти онхо дахолат кунад, бо нишон додани вазифа (мансаб), касб, ихтисос, дарача ва андозаи музди мехнати кормандони аз кор озодшаванда ва мухлате, ки дар давоми он кормандон озод карда мешаванд, вале на камтар аз ду мох пеш аз озодкуни;

– дар бораи тагйир ёфтани шароити мехнат, гузариши кормандон ба низоми нопурраи вакти кори бо сабаби тагйир ёфтани истехсолот дар ташкилот, аз чумла дар вакти азнавташкилдихи ва (ё) кам шудани хачми кор, на камтар аз як мох пеш аз ба вукуъ омадани чунин холатхо;

– дар бораи мавчуд будани чойхои кори холи (мансабхои холи), дар муддати се рузи кори аз рузи ба вучуд омадани  онхо;

– дар бораи кабул кардан ва кабул накардани шахрвандон ба кор (бо нишон додани сабабхои он тавассути кайдхои дахлдор дар роххат), дар муддати панч рузи кори аз рузи фиристодани онхо тавассути макомоти ваколатдор.

 

Моддаи 131. Миёнарави дар муносибатхои мехнати

Миёнарави дар муносибатхои мехнати аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли бо роххои зерин амали карда мешавад:

– иттилоотонии шахрвандон дар бораи имконияти дарёфти кор ва ба корфармоён дар бораи имконияти таъмин бо кувваи кори;

– мусоидат ба шахрвандон дар интихоби кор;

– ба шахрвандон додани роххати бакортаъминкуни ва пешниходи он ба корфармо барои чойи кори холи;

– таъсиси манбаи маълумот дар бораи бозори мехнат;

– бакайдгирии мурочиати шахрвандон;

– хизматрасони дар муайян намудани касб;

– хамкории мутакобила бо корфармоён оид ба масъалахои бакортаъминкуни дар асоси шартнома.

 

БОБИ 10. БАМЕЪЁРГИРИИ МЕХНАТ

 

Моддаи 132. Меъёрхои мехнат

  1. Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди мехнат, мумкин аст меъёрхои баландтар ва мачмуии мехнат истифода шаванд.
  2. Хангоми пардохти музди мехнати вактбайъ ба гурухи алохидаи кормандон мумкин аст супоришхои бамеъёргирифташуда мукаррар карда шаванд. Барои ичрои ухдадорихои чудогона ва хачми кор корфармо метавонад меъёрхои хизматрасони ё меъёрхои шумораи кормандонро муайян намояд.

 

Моддаи 133. Кафолатхои давлатии ташкили бамеъёргирии мехнат

Кафолатхои давлатии ташкили бамеъёргирии мехнат аз инхо иборатанд:

– таъмини тахияи меъёрхои намунавии аз чихати техники асосноккардашуда оид ба мехнат аз чониби макомоти давлати;

– назорати корфармоён оид ба тахия, чори ва аз нав дида баромадани меъёрхои мехнат.

 

Моддаи 134. Мукаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрхои мехнат

  1. Мукаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрхои мехнат аз чониби корфармо бо иштироки намояндагони кормандон сурат мегиранд.
  2. Дар хусуси мукаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрхои мехнат кормандон бояд на дертар аз як мох хабардор карда шаванд.

 

Моддаи 135. Талабот барои тахияи меъёрхои мехнат

Хангоми тахияи меъёрхои мехнат бояд талаботи зерин таъмин карда шаванд:

– сифати меъёрхои мехнат, наздиккунии муносиби онхо ба сарфи мехнати зарури;

– муайян намудани меъёрхо барои мехнати якхела, ки дар шароити ташкили ва техникии шабех ичро мегарданд;

– такмили меъёрхои мехнат дар асоси дастовардхои илм ва техника;

– бамеъёргирии намудхои коре, ки барои онхо муайян намудани меъёрхои мехнат зарур ва максаднок мебошад;

– аз нигохи техники (илми) асоснок будани меъёрхои мехнат.

 

Моддаи 136. Хусусиятхои танзими бамеъёргирии мехнат

Тартиби пешниход, барраси ва мувофика намудани меъёрхои мехнат дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию хукуки барои хизматрасони (мол, кор), ки тавассути он танзими давлатии тарофахо (нарххо, хачми пардохтхо) чори мегарданд, аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 137. Муайян намудани нархномаи музди мехнати корбайъ

  1. Нархномаи музди мехнати корбайъ вобаста ба дарачахои мукарраршудаи кор, меъёрхои тарифи (музди мехнат) ва меъёрхои ичрои кор (меъёрхои вакт) муайян карда мешавад.
  2. Нархномаи музди мехнати корбайъ бо рохи таксим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрузаи) ба дарачаи кори ичрошуда мувофик ба меъёри коркарди соатбайъ (якруза) ё бо рохи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрузаи) ба дарачаи кори ичрошуда мувофик ба меъёри мукарраргаштаи вакт бо соат ё руз муайян карда мешавад.

 

Моддаи 138. Таъмини шароити муътадил барои ичрои меъёри мехнат

  1. Корфармо ухдадор аст, ки барои кормандон чихати ичрои меъёрхои мехнат шароити муътадил фарохам оварад.
  2. Ба шароити муътадили мехнат дохил мешаванд:

– таъмини фармоиш ва хачми корхо;

– холати коршоямии мошинхо, дастгоххо ва дигар олотхо;

– таъмини саривактии хуччатхои техники;

– сифати дахлдори мавод ва ашёхое, ки барои ичрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривактии онхо;

– таъминоти саривактии истехсолот бо кувваи барк, газ ва дигар сарчашмахо;

– шароити бехатар ва мусоиди мехнат (риояи коида ва меъёрхои техникаи бехатари, таъмини сару либоси инфиродии мухофизати, равшании зарури, гарми, шамолдихи, бартараф кардани окибати садохои зарарнок, нурафкан, ларзиш ва дигар омилхое, ки ба саломатии кормандон таъсири манфи мерасонанд).

 

БОБИ 11. МУЗДИ МЕХНАТ

 

Моддаи 139. Мукаррар намудани андозаи музди мехнати кормандон

  1. Музди мехнати кормандон вобаста ба микдор ва сифати мехнати сарфшуда мукаррар карда мешавад. Ченаки сарфи мехнат меъёрхои мехнатие (меъёри коркард, меъёри вакт, меъёри хизматрасони) мебошанд, ки онхоро корфармо дар мувофика бо намояндагони кормандон дар асоси хадди акали музди мехнат, меъёрхои тарифи ва коэффитсиентхои байнидарачави, мувофики сатхи дастовардхои техники, технологи ва ташкили истехсолот дар холати барои кормандон мухайё намудани шароити муътадили кор мукаррар мекунад.
  2. Андозаи музди мехнат бо мувофикаи байни корманд ва корфармо мукаррар карда мешавад. Музди мехнат камтар аз андозаи хадди акали мукаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон хадди аксар махдуд карда намешавад.
  3. Низоми пардохти музди мехнат, андозаи ставкахои тарифи, маошхо ва дигар намуди музддихиро муайян мекунанд:

– барои кормандони ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд – санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– барои кормандони ташкилотхои маблаггузориашон омехта (кисман маблаггузори аз бучети давлати ва кисман аз фаъолияти сохибкори) – санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотхо;

– барои кормандони дигар ташкилотхо – шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотхо.

  1. Корфармо хукук дорад, дар мувофика бо намояндагони кормандон низоми гуногуни мукофотонидан, хавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд.

 

Моддаи 140. Кафолати пардохти музди мехнат

  1. Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш ухдадор аст ба корманд барои кори ичро намудааш музди мехнати мукарраршударо пардохт намояд.
  2. Табъиз дар пардохти музди мехнат манъ аст. Корфармо ухдадор аст ба корманд барои ичрои кори баробарарзиш музди мехнати якхела дихад. Ба зарари корманд тагйир додани шарту шароити пардохти музди мехнат манъ аст.
  3. Андозаи музди мехнат, ки тарафхо бо шартномаи мехнати муайян кардаанд, аз андозаи хадди акали музди мехнат камтар буда наметавонад.

 

Моддаи 141. Кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнати кормандон

  1. Низоми кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнати кормандон инхоро дар бар мегирад:

1) Низоми тарифи, ки он аз унсурхои зерин иборат мебошад:

– меъёрхои тарифи (музди мехнат);

– чадвали тарифи;

– коэффитсиентхои тарифи;

– андозаи хадди акали музди мехнат дар Чумхурии Точикистон;

– андозаи меъёрхои тарифии дарачаи якуми Чадвали ягонаи тарифии кормандони сохаи бучетии Чумхурии Точикистон;

– тарифхои чумхуриявии музди мехнат – меъёрхои соатбайъ ё мохонаи тарифи (маошхо), ки сатхи музди мехнатро барои гуруххои мушаххаси кормандони касбию дарачадори ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори карда мешаванд ва дотатсияхои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;

– микдори зиёд намудани музди мехнат барои кор дар шароитхое, ки аз шароитхои меъёри фарк мекунанд, аз чумла барои корхои шабона, кор дар рузхои истирохати ва ид, зиёда аз вакти мукаррари кор кардан, махалхое, ки шароити номусоиди табиию иклими доранд, кор дар шароитхои зарарноку вазнини мехнат;

– чорахо барои нигохдории сатхи вокеии таъмини музди мехнат дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон;

– махдуд кардани нигохдории андозаи музди мехнат, аз чумла хачми андозбанди аз даромад;

– назорати давлатии пардохти пурраи саривактии музди мехнат ва амали намудани кафолатхои давлати оид ба кисмати андозаи он;

– чавобгарии корфармо барои вайрон кардани шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи оид ба музди мехнат.

  1. Мушкилоти ичрои кор дар асоси тарифкунонии онхо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дарачахои тарифи аз руи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабхои рохбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлати сурат мегиранд, ки онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.
  2. Кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнат ба кормандоне, ки бо корфармо дар муносибатхои мехнати мебошанд, тааллук дорад.

 

Моддаи 142. Таркиби музди мехнат

  1. Музди мехнат аз хиссахои доими ва тагйирёбанда иборат мебошад.
  2. Хиссаи доимии музди мехнат аз хиссаи соатбайъ ва ё мохонаи меъёрхои тарифи (маош) иборат аст.
  3. Хиссаи тагйирёбандаи музди мехнат ба натичахои кор вобастаги дошта, иловапулихои гуногун, мукофотпулихо, чубронпулихо (барои дарачаи тахассус, собикаи кори, аз руи натичахои кори солона, унвони илми ва монанди онхо) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз микдор зиёд истехсол намудани махсулот) дар бар мегирад.

 

Моддаи 143. Андозаи хадди акали музди мехнат

  1. Андозаи хадди акали музди мехнатро Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  2. Барои мукаррар намудани сатхи тарифхои давлатии музди мехнат дар худуди Чумхурии Точикистон хадди акали музди мехнат асос мебошад.
  3. Ба андозаи хадди акали музди мехнат пардохтхои иловаги, изофапули, пардохти хавасмандгардони, пардохтхои ичтимои, инчунин пардохти барзиёдати, ки барои аз давомнокии мукаррарии вакти кор зиёдтар кор кардан дода мешаванд, дохил намегарданд.
  4. Дар нохияхо ва махалхое, ки ба музди мехнат коэффитсиентхои нохияви, коэффитсиент барои кор дар биёбон, махалхои беоб ва баландкух мукаррар гардидаанд, андозаи хадди акали музди мехнат бо истифодаи ин коэффитсиентхо ва изофапулихо муайян карда мешавад.
  5. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи мумкин аст микдори баландтари хадди акали музди мехнат пешбини карда шавад, ба истиснои ташкилоте, ки аз бучети давлати маблаггузори мешавад ва аз дотатсияи давлати истифода мебарад.

 

Моддаи 144. Индексатсияи музди мехнат

Зиёд шудани музди мехнат индексатсияи музди мехнатро дар бар мегирад, ки аз чониби корфармо бо тартиби мукаррарнамудаи шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ё санадхои корфармо бо назардошти сатхи таварруми давраи дахлдори муайяннамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 145. Коэффитсиентхои нохияви ва иловапули ба музди мехнат

  1. Дар нохияхо ва махалхое, ки шароити номусоиди табиию иклими ва маиши доранд, ба музди мехнат коэффитсиентхо ва иловапулихо мукаррар карда мешаванд.
  2. Номгуйи минтакахое, ки дар онхо коэффитсиентхо ва иловапулихо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тартиби пардохти онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 146. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат

  1. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат дар Чумхурии Точикистон аз меъёрхои соатбайъ ва ё мохона ва маош аз руи вазифа (мансаб) иборат мебошанд, ки хадди акали музди мехнати гуруххои мушаххаси кормандони дорои дарачаи тахассусии касбии ташкилотхои бучетиро муайян мекунанд.
  2. Корфармоёни дигар бояд тарифхои мукарраршударо барои фаркияти музди мехнати кормандон хамчун кафолати хадди акали музди мехнат истифода баранд.
  3. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат дар асоси хадди акали музди мехнат аз руи коэффитсиентхои тарифии Чадвали ягонаи тарифии Чумхурии Точикистон ва тарифхои маоши дарачаи аввал аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо иштироки иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон барои фаркияти хадди акали музди мехнати гуруххои кормандони касбию тахассуси мукарраршуда муайян карда мешаванд.
  4. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат, инчунин меъёрхои маоши соатбайъ, рузбайъ ва дигар тарифхо, ки бо назардошти ин меъёрхо хисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онхо барои мукаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, инчунин дар сметахои дахлдори харочоти воситахо барои нигохдории ташкилотхои аз бучети давлати маблаггузоришаванда хамчун асос ба хисоб мераванд.
  5. Тарифхои давлатии пардохти музди мехнат дар сурати зиёд шудани андозаи хадди акали музди мехнат тагйир меёбанд.

 

Моддаи 147. Тартиби пардохти музди мехнати кормандон

  1. Музди мехнати кормандон дар асоси меъёрхои (маошхои) соатбайъ ва (ё) мохонаи тарифи пардохт карда мешавад, ки онхоро шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ва дар ташкилотхои аз бучети давлати маблаггузоришаванда бошанд, Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.
  2. Ба дарачаи мушаххаси тарифи (вазифа) мансуб донистани корхои ичрошаванда ва ба кормандон додани дарачаи тахассусии мувофик аз руи тартибе сурат мегирад, ки онро созишнома ва шартномахои коллективи ё корфармо мутобики Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабхои рохбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлати, дигар маълумотномахои тахассусие, ки тибки тартиби мукарраршуда тасдик шудаанд, мукаррар намудаанд.
  3. Ба кормандоне, ки меъёрхои мехнатиашонро ичро менамоянд, дарачаи нисбатан баланди тахассуси дар навбати аввал дода мешавад.
  4. Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се мох корхои дарачаи баландтари тахассусиро бомуваффакият ичро карда бошад, хукук дорад аз корфармо тибки тартиби мукарраршуда талаб намояд, ки ба у дарачаи баландтари тахассуси дода шавад.

 

Моддаи 148. Музди мехнат дар шароити махсус

Барои корхои вазнин, корхо дар шароити мехнати зарарнок ва махсусан зарарнок аз руи тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ё макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли, инчунин аз руи шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи музди мехнати баланд мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 149. Шакл, низом ва андозаи музди мехнат

  1. Шакл, низом ва андозаи музди мехнати кормандон, аз чумла пардохтхое, ки хусусияти хавасмандгардони ва чуброни доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи мукаррар карда мешаванд.
  2. Шакл ва низоми музди мехнати хизматчиёни давлати ва шахсони ба онхо баробаркардашударо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.
  3. Шакл ва низоми музди мехнати кормандони дигар ташкилотхои аз бучети давлати маблаггузоришавандаро корфармо, андозаи музди мехнати онхоро бошад, Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд.
  4. Тафрикабандии (дифференсатсияи) андозаи музди мехнат вобаста ба мураккаби ва вазнинии кор, шароитхои он ва дарачаи касбии кормандон сурат мегирад.

 

Моддаи 150. Тагйир додани шартхои музди мехнат

  1. Шартхои музди мехнат бо хамон тартибе, ки мукаррар шуда буданд, тагйир дода мешаванд.
  2. Тагйир додани шартхои музди мехнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии у рох дода намешавад, агар тагйирот ба технологияи истехсолот ва ташкили мехнат нигох доштани шартхои музди мехнати пешинаро имконият надихад.
  3. Дар бораи тагйирёбии шартхои музди мехнат бояд корманд на дертар аз ду мох огох карда шавад.

 

Моддаи 151. Музди мехнат хангоми ичрои корхои дарачахои тахассуси гуногун

  1. Хангоми ичрои корхои дарачахои тахассуси гуногун музди мехнати кормандони вактбайъ, инчунин кормандони дигар аз руи кори дарачаи баландтари тахассуси дода мешавад.
  2. Ба кормандони корбайъ аз руи нархномаи корхои ичрошуда музд дода мешавад.
  3. Дар чойе, ки аз руи хусусияти истехсолот ба кормандони корбайъ ичрои корхои тарифашон аз дарачахои ба онхо додашуда пасттар супорида мешавад, таносуби байнидарачави пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 152. Музди мехнат хангоми якчоякунии касбхо (вазифахо) ва муваккатан ичро намудани ухдадории кормандони ба кор хозирнабуда

  1. Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи мехнати тасдикшудаи худ аз руи ихтисос, дарача ва вазифа (мансаб) дар муддати бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраркардаи давомнокии рузи кори (басти кори) бе озодшави аз кори асоси корхои иловагиро аз руи дигар ихтисос ичро мекунанд, барои якчоякунии касбхо (вазифахо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани хачми корхои ичрошаванда) ё ичрои ухдадории кормандони муваккатан ба кор хозирнабуда иловапули дода мешавад.
  2. Андозаи иловапули барои якчоякунии касбхо (вазифахо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани хачми корхои ичрошаванда) ё ичрои ухдадории кормандони муваккатан ба кор хозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотхои аз бучети давлати маблаггузоришаванда бошад, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. Дар чунин холатхо микдори иловапули бояд на камтар аз понздах фоизи маоши кори якчояшавандаро ташкил дихад.

 

Моддаи 153. Музди мехнат хангоми муваккатан ба чойи корманди дигар кор кардан

  1. Дар вакти муваккатан ба чойи корманди дигар кор кардан дар ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд, музди мехнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии (мансабии) кормандони ивазшаванда бо вохиди кори (бе илова ва зиёдшави) пардохт карда мешаванд.
  2. Корманди ивазкунанда аз руи шарт ва ба андозаи барои вазифаи (мансаби) корманди ивазшаванда мукарраргардида хавасманд гардонида мешавад.
  3. Шарт ва тартиби пардохти музди мехнат дар вакти муваккатан ба чойи корманди дигар дар дигар ташкилотхо кор кардан, ки аз тарафи корфармо мукаррар гардидааст, дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини карда мешаванд.

 

Моддаи 154. Пардохти изофакори, кор дар рузхои истирохат ва ид

  1. Хар соати кории зиёда аз вакти мукаррари чунин пардохт карда мешавад:

– ба кормандони музди мехнаташон корбайъ – на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;

– ба кормандони музди мехнаташон вактбайъ, инчунин ба онхое, ки маоши вазифави (мансаби) мегиранд – на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.

  1. Мувофики созиш бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вакти мукаррари кор кардааст, рузи дигари истирохат додан мумкин аст.
  2. Барои дар рузхои иди гайрикори ва дар рузхои истирохат кор кардан музди мехнат мувофики коидахои пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур на камтар аз андозаи дукарата пардохт карда мешавад. Дар ин маврид ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмохаи вакти кори кор карда, мохона мегиранд, музди мехнат илова ба мохона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рузбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоха ичро шуда бошад, музди мехнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рузбайъ илова ба мохона пардохт карда мешавад.
  3. Барои кори зиёда аз вакти мукаррари, дар рузхои иди гайрикори ва истирохат мукофот аз руи музди яккаратаи нархномаи вакти корбайъ ё аз руи меъёри тарифии яккарата хисоб карда мешавад.
  4. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи дигар андозахои пардохти кори зиёда аз вакти мукаррариро низ мукаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозахое, ки дар кисмхои 1, 3 ва 4 моддаи мазкур пешбини шудаанд.

 

Моддаи 155. Музди мехнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд

  1. Музди мехнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд, мутаносибан бо вакти ичрошудаи кор аз руи натичаи кор ё дигар шартхои пешбининамудаи шартномахои мехнати пардохт карда мешавад.

2.Хангоми барои кормандони бо музди мехнати вактбайъ дар ду (якчанд) чой коркунанда мукаррар намудани супоришхои меъёри, музди мехнат барои натичаи нихоии хачми кори ичрошудаи вокеи пардохт карда мешавад.

  1. Ба шахсони дар ду (якчанд) чой коркунандаи нохияхое, ки дар онхо ба музди мехнат коэффитсиенти нохияви ва иловапулихо мукаррар шудаанд, музди мехнат бо назардошти хамин коэффитсиентхо ва иловапулихо пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 156. Пардохти музди кори шабона

  1. Музди хар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробари меъёри мукарраршуда пардохт карда мешавад.
  2. Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифи (маоши хизмати) дохил намешавад.
  3. Андозаи мушаххаси пардохт бо созишнома ва шартномахои коллективи, агар онхо баста нашуда бошанд, аз тарафи корфармо баъд аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон, мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 157. Пардохти музди мехнат хангоми ичро накардани меъёри коркард, истехсоли махсулоти нуксондор, бекористи, инчунин дар холати азхудкунии истехсолоти (махсулоти) нав

  1. Хангоми ичро накардани меъёри коркард, истехсоли махсулоти нуксондор ва бекористи, ки бо айби корманд сар назадаанд, музди миёнаи мохонаи у пардохт карда мешавад.
  2. Хангоми ичро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз руи кори ичрошудаи вокеи пардохт карда мешавад.
  3. Барои нуксони пурраи махсулот ва бекористи, ки бо айби корманд сар задааст, музди мехнат дода намешавад. Барои нукси кисман бо айби корманд рухдода музди мехнат бо нархи пасттар, вобаста ба дарачаи коршоямии арзиши махсулот, ки корфармо баъд аз мувофика бо намояндагони кормандон муайян мекунад, пардохт карда мешавад.
  4. Нукси махсулот дар натичаи мавчуд будани нуксони нихони дар маводи коркардашаванда, хамчунин нуксон бе айби корманд, ки баъд аз кабули махсулот аз чониби макомоти назорати техники маълум гардидааст, баробар бо махсулоти коршоям пардохт карда мешавад.
  5. Андозаи музди мехнати кормандон дар давраи азхудкунии истехсолоти (махсулоти) нав дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи муайян карда мешавад.

 

Моддаи 158. Мухлатхои пардохти музди мехнат

  1. Мухлати пардохти музди мехнатро шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ва ё дигар санадхои меъёрии дохили (локали) мукаррар менамоянд, вале он дар хар ним мох камтар аз як маротиба буда наметавонад.
  2. Дар сурати мувофик омадани рузи пардохти музди мехнат ба рузхои истирохат ё иди гайрикори маош дар арафаи чунин рузхо пардохт карда мешавад.
  3. Хангоми аз кор озод намудани корманд хамаи маблагхои у дар рузи охирини кор пардохт карда мешаванд.
  4. Музди мехнате, ки корманд то рузи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи у ё шахсе дода мешавад, ки харочоти дафнро ба зимма гирифтааст.
  5. Агар музди мехнат бо гунохи корфармо аз мухлати мукарраргардида дертар пардохт карда шавад, у ухдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонки, ки дар махалли ичрои кор дар рузи пардохти маош мавчуд аст, барои хар рузи таъхири пардохти маош маблаги иловаги дихад.
  6. Корфармо барои сари вакт напардохтани музди мехнат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъул аст.

 

Моддаи 159. Шаклхои пардохти музди мехнат

  1. Музди мехнат бо пули миллии Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.
  2. Бо розигии корманд ба ивази пардохти пули кисман ба пардохти асли (шакли омехтаи пардохт) рох дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблаги умумии музди мехнати якмохаи у зиёд буда наметавонад.
  3. Пардохти асли ба чойи пардохти пули бояд ба арзиши пулии музди мехнат баробар буда, барои истеъмоли шахси мувофик ва ба корманд ва ахли оилаи у фоиданок бошад.
  4. Музди мехнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онхо тибки номгуйи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон махдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.
  5. Пардохти музди мехнат дар шакли ухдадорихои карзи, забонхатхо ва купонхо манъ аст.

 

Моддаи 160. Чойи пардохти музди мехнат

  1. Музди мехнат ба корманд бевосита дар чойи кор (дар ташкилот) пардохт карда мешавад.
  2. Агар корманд дар рузи дода шудани музди мехнат супориши корфарморо дар чойи дигар ичро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизмати, дар курсхои такмили ихтисос ва монанди онхо), он гох бо хохиши корманд корфармо бояд аз хисоби худ ба у музди мехнаташро равон кунад ё маблагро бо розигии корманд ба шахсони бовариноки у супорад.
  3. Бо хохиши корманд музди мехнат пурра ё кисман ба суратхисоби бонкии у гузаронида мешавад.
  4. Музди мехнат мумкин аст тарики кортхои бонки пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасони аз корманд маблаг ситонида намешавад.

 

Моддаи 161. Сарчашмаи воситахо барои музди мехнат

Сарчашмаи воситахо барои музди мехнати кормандони ташкилотхое, ки тибки хисоби хочаги фаъолият мекунанд, як кисми даромади аз фаъолияти хочагидории онхо ба дастомада ба хисоб рафта, барои ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд, воситахои аз бучети дахлдор чудогардида мебошад.

 

Моддаи 162. Фонди захиравии музди мехнат

  1. Барои таъмини пардохти музди мехнате, ки ба корманд хисоби мешавад, хамчунин пардохтхои кафолатнок ва чубронпулии тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбинигардида дар холатхои муфлисшавии корфармо, бархамхурии ташкилот, катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфироди ва дар дигар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон корфармо ухдадор аст, ки фонди захиравии музди мехнатро таъсис дихад.
  2. Андозаи фонди захиравии музди мехнат, асосхо ва тартиби истифодаи онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 163. Нигох доштани маблаг аз музди мехнат

  1. Нигох доштани маблаг аз музди мехнат танхо дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мумкин аст.
  2. Нигох доштани маблаг аз музди мехнати корманд барои чуброни карзхояш дар назди корфармо тибки амри корфармо дар холатхои зерин амали карда мешавад:

– барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба хисоби музди мехнат ба корманд дода шудааст;

– барои баргардонидани маблаге, ки дар натичаи хисоби нодуруст зиёдати дода шудааст;

– барои чуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вакт барнагардонидае, ки барои сафари хизмати ё барои гузаронидан ба кори дигар, чойи дигар ва эхтиёчоти хочагидори дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигох доштани маблаг норозиги баён накунад. Дар чунин холатхо корфармо хукук дорад, дар бораи нигох доштани маблаг дар муддати на камтар аз як мохи рузи охирини мухлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, чуброни карзхо ва ё аз рузи нодуруст гузаронидани маблаг супориш дихад;

– хангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии мехнати гирифтааст, барои рузхои корнакардаи рухсати. Агар корманд бо асосхои дар сархатхои якум, дуюм ва панчуми кисми 1 моддаи 42 ва сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур аз кор озод шуда бошад, инчунин хангоми фиристонидан ба тахсил, ба нафака баромадани корманд ва дар холате, ки дар рузи аз кор озод шудан корманд маблаги барои пардохт хисобшударо надошта бошад, маблаг барои ин рузхо аз музди мехнат нигох дошта намешавад;

– хангоми чуброни зараре, ки бо гунохи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи мохонаи корманд (моддаи 189 Кодекси мазкур).

  1. Музди мехнатеро, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз чумла хангоми истифодаи нодурусти конунгузории Чумхурии Точикистон, ба истиснои холатхои хисоби нодуруст аз корманд руёнидан мумкин нест.
  2. Корфармо ухдадор аст, ки маблагро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди мехнати у бо тартиби хисоби гайринакди нигох дорад.
  3. Андозаи умумии нигохдошташаванда аз музди мехнат ва дигар намудхои даромадхои корманд аз 20 фоиз ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз 50 фоизи музди мехнати корманд зиёд буда наметавонад.
  4. Хангоми нигох доштан аз музди мехнат барои якчанд хуччатхои ичро бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди мехнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.
  5. Махдудиятхое, ки дар кисмхои 5 ва 6 моддаи мазкур мукаррар шудаанд, барои нигох доштани маблаг аз музди мехнат хангоми ичрои корхои ислохкуни ва руёнидани алимент, чуброни зарари ба саломати расонидашуда, чуброни зарар ба шахсоне, ки ба онхо дар натичаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва чуброни зарари дар натичаи чиноят расонидашуда татбик намегарданд. Дар ин холатхо андозаи нигохдошташаванда аз 70 фоизи музди мехнат зиёд буда наметавонад.
  6. Ба нигох доштани маблаг аз кумакпулихои яквакта, чубронпули ва дигар пардохтхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон руёнидани маблаг аз онхо манъ аст, рох дода намешавад.

 

БОБИ 12. КАФОЛАТ ВА ЧУБРОНПУЛИХО

 

Моддаи 164. Кафолатхо хангоми ичрои вазифахои давлати ва чамъияти

Корфармо ухдадор аст кормандро дар муддати ичро кардани вазифахои давлати ва чамъиятии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз кор рухсат дода, чойи кораш (вазифааш) ва музди миёнаи мехнаташро нигох дорад.

 

Моддаи 165. Кафолатхо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати харбии мухлатнок

Кормандон, ки вобаста ба даъват ба хизмати харбии мухлатнок аз кор озод карда мешаванд (сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур), баъд аз ба анчом расидани мухлати хизмат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо чойи кори пештара ё кори баробарарзиш таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 166. Кафолатхо хангоми ичрои ухдадорихо ба манфиати кормандони ташкилот

Шарти аз кор озод намудани кормандро чихати ичрои ухдадорихое, ки ба манфиати хамаи кормандони ташкилот мебошад, инчунин андозаи пардохтхои кафолатнокро дар ин муддат созишнома ва шартномахои коллективи ё корфармо бо мувофикаи намояндагони кормандон мукаррар мекунанд.

 

Моддаи 167. Кафолат хангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

  1. Хангоми дар хамон ташкилот ба кори доимии каммузд гузаронидани корманд музди мехнати пешинаи у дар мухлати ду мох аз рузи гузаронидан нигох дошта мешавад.
  2. Хангоми гузаронидани корманд мутобики хулосаи тибби бинобар осеби мехнати, бемории касби ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин ба саломатии у зарар расидааст, музди мехнати пешинаи корманд дар тамоми давраи кор ё то муайян кардани маъюби нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 168. Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тибби фиристода мешавад

  1. Дар давраи ташхис дар муассисаи тибби карор доштани корманд, ки бояд аз чунин ташхис гузарад, музди мехнати мохонаи у дар чойи кораш нигох дошта мешавад.
  2. Хангоми ташхиси корманд дар марказхои беморихои касби музди мехнати мохонаи у дар тамоми давраи дар марказ буданаш нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 169. Кафолат ва имтиёзхо барои кормандони аз кор озодшаванда

  1. Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани вохиди кори ё тагйир ёфтани шароити мехнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатхои зерин дода мешаванд:

– кумакпулии аз коррави дар хачми на камтар аз музди миёнаи якмоха;

– нигох доштани музди миёнаи якмоха дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми мохи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо карори макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли, агар корманд дар мухлати дах рузи баъди аз кор озод шудан сари вакт ба ин макомот мурочиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

– хукук барои як сол пеш аз мухлати мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба нафака баромадани шахсони синни нафака, ки собикаи мехнати доранд ва он барои аз руи синну сол ба нафака баромадан хукук медихад.

  1. Шахсоне, ки бинобар ходисаи нохуш дар истехсолот ё бемории касби барои ичрои кори пештара кобилияташонро гум кардаанд, ба кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.
  2. Санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд мухлати дарозтари нигох доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи бо кор таъмин шудани онхо пешбини намоянд.

 

Моддаи 170. Кафолат барои рохбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ба чо меоранд

Хангоми катъ намудани шартнома бо рохбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ичро мекунанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик ухдадор аст ба хар кадоми онхо на камтар аз музди мехнати шашмоха чубронпули дихад.

 

Моддаи 171. Кафолатхо барои гурухи алохидаи кормандон

Кафолатхо ба гурухи алохидаи кормандон: донорхо, ихтироъкорон, навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва кормандони дигар тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 172. Тартиби хисоб кардани музди миёнаи мехнат

Тартиби хисоб кардани музди миёнаи мехнати кормандро дар хамаи холатхо (пардохти кафолатнок хангоми ичрои вазифахои давлати ё чамъияти, хангоми пардохти музди мухлати рухсати, хангоми пардохти музди мехнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар холати чуброни зарар), ба гайр аз музди миёнаи мехнат хангоми таъйин намудани нафака Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 173. Чуброни харочоти ичрои кор

Харочоти иловагии кормандро, ки бо ичрои ухдадорихои мехнати вобаста аст, бояд корфармо тибки шарту тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва шартномаи мехнати чуброн намояд.

 

Моддаи 174. Сафари хизмати

  1. Бо супориши корфармо корманд барои ичрои ухдадорихои хизмати берун аз чойи кори доими ба махалли дигар ба мухлати муайян ба сафари хизмати фиристонида мешавад.
  2. Сафари корманде, ки кораш ба таври доими дар рох мегузарад ё хусусияти харакаткунандаю сайёр дорад, инчунин дар худуди махалли ахолинишине, ки корфармо дар он чойгир аст, сафари хизмати хисобида намешавад.

 

Моддаи 175. Барасмиятдарори, низоми вакти кори ва вакти истирохат хангоми сафари хизмати

  1. Сафари хизмати бо санади корфармо ва додани шаходатномаи сафари хизматии шакли мукарраршуда ба расмият дароварда мешавад.
  2. Дар вакти сафари хизмати низоми вакти кори ва истирохати дар махалли сафари хизмати мукарраргардида амал мекунад.

 

Моддаи 176. Мухлати дар сафари хизмати будан

  1. Мухлати вокеии дар сафари хизмати будан аз руи кайд дар шаходатномаи сафари хизмати бо рузи расидан ба махал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.
  2. Ба мухлати зиёда аз 30 рузи таквими ба сафари хизмати фиристодан танхо бо розигии корманд мумкин аст.
  3. Рузи рафтан ба сафари хизмати, рузи ба рох баромадан аз чойи кори доими ва рузи бозгашт – рузи омадан ба чойи кори доими хисобида мешавад. Хангоми ба рох баромадан то соати 24 рузи рафтан ба шабонарузи чори хисоб карда шуда, пас аз соати 00 ба шабонарузи оянда дохил мешавад.

 

Моддаи 177. Кафолат ва чуброн хангоми сафари хизмати

  1. Хангоми сафари хизмати чуброн карда мешавад:

– харочот вобаста ба истикомат берун аз чойи истикомати доими (рузмарра);

– харочоти рохкиро;

– харочоти кирояи манзили истикомати;

– харочоти дигаре, ки корманд бо розигии корфармо кардааст.

  1. Тартиб ва андозаи чуброни харочоти сафари хизмати дар ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  2. Андозаи чуброни харочоти сафари хизмати дар ташкилотхои дигар бо мувофикаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон камтар буда наметавонад.
  3. Чойи кор (вазифа) ва музди мехнати кормандони ба сафари хизмати рафта дар тамоми вакти сафари хизмати нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 178. Чуброн барои корхои дорои хусусияти харакаткунанда ва сайёр

  1. Барои кормандоне, ки ба сохтмон, истехсоли барк, коркард ва истехсоли нафту газ, алока, хочагии чангалу об, наклиёти автомобили ва рохи охан, корхои кофтукови, иктишофи геологи, топографию геодези, экспедитсияхои илми, инчунин хамлу накли нафту газ, корхои доими дар рох, кор берун аз чойи истикомати доими ва дигар корхои дорои хусусияти сайёр ва вахтави машгул мебошанд, иловапули дода мешавад.
  2. Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз руи корхое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудаанд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 179. Чуброни харочоти корманд хангоми ба махалли дигар ба кор кабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан

1.     Барои кормандон, шахсоне, ки тахсилро хатм намуда, ба махалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роххат аз чойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофикаи пешаки бо бастани шартнома ё дархост ба кор кабул шудаанд, чунин чубронхо муайян мешаванд:

– арзиши рохкирои корманд, шахсоне, ки тахсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онхо (зану шавхар, кудакон ва падару модари зану шавхар, ки дар нигохубини онхо карордошта, якчоя хамрохи онхо омадаанд), ба хамон шароите, ки корманд ба сафари хизмати фиристода мешавад;

– харочоти кашонидани молу мулк бо наклиёти автомобили ё рохи охан (истифодаи умуми) дар хачми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи тахсил ва то 150 килограмм барои хар як хамсафари аъзои оила (тибки созишномаи тарафхо метавонад харочоти кашонидани моликият дар хачми зиёдтар пардохт карда шавад);

– харочоти шабонарузи барои хар як рузи сафар – ба андозае, ки барои сафари хизмати пешбини шудааст;

– кумакпулии яквакта барои худи корманд, шахси хатмкардаи тахсил – ба андозаи музди мохонаи тарифи дар чойи нави кор ва ба хар як аъзои оила – ба андозаи чоряки хиссаи кумакпулии худи корманд, шахсони хатмкардаи тахсил.

  1. Ба корманд ва шахсоне, ки тахсилро хатм кардаанд, музди мехнат вобаста ба маоши тарифи дар чойи нави кор, барои рузхои ба рох баромадан ва дар чойи нави истикомат чо ба чо шудан, инчунин дар холати дар рох будан, аммо на зиёда аз шаш руз дода мешавад.
  2. Агар андозаи муайяни чубронеро, ки ба корманд хисоби мешавад, пеш аз мухлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гох ба у пешпардохт дода мешавад.
  3. Арзиши рохкирои аъзои оила ва овардани молу мулки онхо, хамчунин кумакпулии яквакта ба онхо дар холате хисоби карда мешавад, ки агар онхо ба чойи нави истикомати корманд то гузаштани як сол аз рузи ба онхо вокеан чудо кардани манзил омада бошанд.

 

Моддаи 180. Чубронпули барои рафтан ба кор бо мувофикаи пешаки ба махалли дигар

  1. Хангоми рафтани корманд ба кор бо мувофикаи пешаки бо корфармо ба махалли дигар ба у тибки мукаррароти моддаи 179 Кодекси мазкур чубронпули дода мешавад, ба истиснои кумакпулии яквактае, ки факат бо созиши тарафхо пардохт карда мешавад.
  2. Агар корманд ба мухлати на зиёда аз як сол ба кор ба махалли дигар гузаронида шавад ва ахли оилааш бо у наояд, он гох бо розигии тарафхо ба у харочоти зисти муваккати дар чойи нав метавонад пардохт карда шавад ва хачми чуброни харочот дар ин холат бояд аз нисфи андозаи шабонарузи зиёд набошад.
  3. Андозаи мушаххаси чубронпули бо розигии тарафхо муайян карда мешавад, вале он наметавонад аз андозаи мукарраргардидаи кормандони ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд, кам бошад.

 

Моддаи 181. Холатхои баргардонидани чубронхо хангоми ба махалли дигар ба кор омадан

1.Чубронхое, ки пардохти онхо дар моддахои 179 ва 180 Кодекси мазкур пешбини шудаанд, максаднок буда, масъулиятро барои онхо корфармое, ки корманд ба у ба кор гузаронида, равона ё кабул карда мешавад, ба зимма дорад.

  1. Чубронхое, ки бо максади ба махалли дигар ба кор омадан пардохт карда шудаанд, бояд ба корфармо, ки онхоро маблаггузори кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:

– ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шуруъ накунад;

– то тамомшавии мухлати кор, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи мехнати пешбини намудаанд ё шартхои гузаронидан, равон ё кабул намудан ба кор пешбини кардаанд, хангоми мавчуд набудани мухлати муайян бошад – то пур шудани як соли кор бо хохиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалхои гунахгорона озод шуда бошад, ки онхо мувофики Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон барои катъ гардидани шартномаи мехнати асос шудаанд.

  1. Хангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабхои узрнок саркаши намудан корманд ухдадор аст маблагхои гирифтаашро, гайр аз харочоти рохкиро баргардонад.

 

Моддаи 182. Чуброни харочоти истифодаи молу мулки шахсии корманд

  1. Агар молу мулки шахсии корманд бо ичозати корфармо ба манфиати ташкилот истифода шавад, бояд истифода ва фарсудашавии он чуброн карда шаванд.
  2. Андозаи чуброн бо мувофикаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.

 

БОБИ 13. ЧАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФХОИ ШАРТНОМАИ МЕХНАТИ

 

Моддаи 183. Чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми чуброни зарари расонидашуда

  1. Тарафи шартномаи мехнати, ки ба тарафи дигар зарар расонидааст, ин зарарро мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн менамояд.
  2. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи мумкин аст чавобгарии моддии корфармо ва корманд мушаххас карда шавад.
  3. Катъи шартномаи мехнати баъд аз расонидани зарар тарафи шартномаи мехнатиро аз чавобгарии модди нисбат ба пардохти чуброни зарари тарафи дигар озод намекунад.

 

Моддаи 184. Шартхои ба вучуд омадани чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми расонидани зарар

  1. Чавобгарии моддии тарафхои шартномаи мехнати хангоми расонидани зарар ба тарафи дигари шартнома дар натичаи кирдори (харакат, бехаракатии) гайриконунии гунахгорона ба вучуд меояд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
  2. Корфармо дар назди корманд чавобгарии модди дорад:

– барои зараре, ки ба корманд дар натичаи гайриконуни махрум намудани у аз имкониятхои мехнат кардан расонидааст;

– барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст;

– барои зараре, ки ба хаёт ё саломатии корманд расонидааст.

  1. Корманд дар назди корфармо чавобгарии модди дорад:

– барои зарари расонидашуда бо сабаби гум кардан ё хароб намудани молу мулки корфармо;

– барои зарари расонидашуда ба корфармо дар натичаи харакат (бехаракати) – и корманд.

  1. Корфармо ва корманд дар холатхои дигари мукаррарнамудаи шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи чавобгарии моддии баробар доранд.

 

Моддаи 185. Чавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд дар натичаи гайриконуни махрум намудани у аз имкониятхои мехнат кардан расонидааст

  1. Корфармо ухдадор аст ба корманд маоши нагирифта ва дигар пардохтхоро дар холатхои гайриконуни ба кори дигар гузаронидан, рох надодан ба чойи кор, яктарафа тагйир додани шартхои шартномаи мехнати, дур кардан аз кор ва беасос бекор кардани шартномаи мехнати чуброн намояд.
  2. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои корфармо дар мувофика бо намояндагони кормандон мумкин аст холатхои дигари аз чониби корфармо чуброни зараре, ки ба корманд дар натичаи гайриконуни аз имкониятхои мехнат кардан махрум намудани у расонида шудааст, мукаррар карда шавад.

 

Моддаи 186. Чавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст

Корфармо ухдадор аст, зарари ба молу мулки корманд расонидаашро мувофики шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пурра чуброн намояд.

 

Моддаи 187. Чавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба хаёт ва ё саломатии корманд расонидааст

  1. Хангоми ичрои ухдадорихои мехнати корфармо барои зараре, ки ба хаёт ва ё саломатии корманд расонидааст ухдадор аст, зарари расонидаро дар хачми мукаррарнамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон чуброн намояд.
  2. Зарари мукаррарнамудаи кисми 1 моддаи мазкур хангоми мавчуд набудани пардохтхои сугуртави ба корманд дар хачми пурра чуброн карда мешавад. Дар холати мавчудияти пардохти сугуртави корфармо ухдадор аст фаркияти маблаги сугуртави ва хачми зарари вокеиро ба корманд чуброн намояд.
  3. Тартиби аз чониби корфармо чуброн кардани зараре, ки ба хаёт ва ё саломатии корманд расонида шудааст бо конунгузориии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 188. Чавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

  1. Холатхо ва хачми чавобгарии моддии кормандро барои зараре, ки ба корфармо расонидааст, Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.
  2. Корманд ухдадор аст, зарари бевоситаи вокеии ба корфармо расонидаашро чуброн намояд.
  3. Корманд аз чавобгарии модди хангоми расонидани зарар ба корфармо озод мегардад, агар зарар дар натичаи куввахои бартарафнашаванда ё зарурияти нихои ба амал омада бошад, инчунин аз чониби корфармо ухдадорихо оид ба таъмини шароити зарури барои мухофизати молу мулки дар ихтиёрдоштаи корманд ичро нагардида бошад.
  4. Ба корманд вогузор намудани чавобгари барои зараре, ки ба таваккали мукаррарии истехсоли – хочаги алокаманди дорад, рох дода намешавад.
  5. Корфармо ухдадор аст, ба корманд шароити зарурии муътадилро барои нигохдории молу мулки боваркардашуда мухайё намояд.
  6. Вокеан кам кардани молу мулки накди корфармо ё бад кардани холати молу мулки мазкур (аз чумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо карордошта, агар корфармо барои нигохубини молу мулки мазкур масъулият дошта бошад), хамчунин барои корфармо зарурати харч ё пардохти маблаги иловаги барои харидан, баркарор кардани молу мулк ё чуброни зараре, ки аз чониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, зарари бевоситаи вокеи ба хисоб меравад.

 

Моддаи 189. Хадди чавобгарии моддии корманд

Корманд барои зарари расонидашуда дар доираи музди миёнаи мохонаи худ чавобгарии модди дорад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

 

Моддаи 190. Холатхои чавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

  1. Ба зиммаи корманд чавобгарии пурраи модди барои зарари ба корфармо расонидашуда дар холатхои зерин вогузор карда мешавад:

– таъмин накардани хифзи молу мулк ва дигар дороихои дар асоси шартномаи хатти оид ба чавобгарии пурраи моддии ба корманд супоридашуда;

– таъмин накардани хифзи молу мулк ва дигар дороихои дар асоси хуччатхои якдафъаги хамчун зерхисоб кабулкардаи корманд;

– расонидани зарар дар холати масти, бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда;

– камомад, касдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, махсулоти нимтайёр, маснуот (махсулот), аз чумла хангоми тайёр кардани онхо, инчунин асбобу анчом, либосхои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда;

– расонидани зарар аз чониби корманд бо кирдорхои гайриконунии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– расонидани зарар хангоми ичро накардани ухдадорихои мехнати;

– касдона фош намудани сирри хизмати ва тичорати, агар шартхои махфуз нигох доштани он дар конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи мехнати пешбини шуда бошанд;

– дар холатхое, ки чавобгарии пурраи зарари хангоми ичрои вазифа расонидашуда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаи корманд гузошта шуда бошад.

  1. Чавобгарии пурраи моддии корманд барои зарари хангоми ичрои вазифа расондашуда дар шартномаи мехнати, ки бо рохбари ташкилот, муовинони у ва сармухосиб баста шудааст, мукаррар карда мешавад.
  2. Чавобгарии моддии корманд хамон вакт имконпазир аст, ки агар зарар бо гунохи у ба корфармо расонида шуда бошад.

 

Моддаи 191. Чавобгарии моддии коллективи барои расонидани зарар

  1. Хангоми аз чониби кормандон дастачамъона анчом додани намудхои алохидаи кор вобаста ба нигохдори, коркард, фуруш (интикол), боркашони, кабул ё дигар истифодабарии дороихо, дар мавриди расонидани зарар муайян карда натавонистани чавобгарии хар яки онхо ва бо онхо бастани шартнома оид ба чуброни пурраи зарар, мумкин аст чавобгарии моддии коллективи ба расмият дароварда шавад.
  2. Байни корфармо ва хамаи аъзои коллектив дар бораи чавобгарии моддии коллективи шартномаи хатти баста мешавад.
  3. Хангоми ихтиёран чуброн намудани зарар дарачаи гунохи хар як аъзо бо розигии хамаи аъзои коллектив ва корфармо муайян карда мешавад.
  4. Хангоми ба тарики суди ситонидани зарар дарачаи гунохи аъзои коллектив аз чониби суд муайян карда мешавад.

 

Моддаи 192. Муайян кардани андозаи зарар

  1. Андозаи зарари ба корфармо расонидашуда аз руи талафоти вокеи дар асоси маълумоти хисобу китоби мухосиби муайян карда мешавад.
  2. Хангоми камомад, касдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, махсулоти нимтайёр, маснуот (махсулот), аз чумла хангоми тайёр кардани онхо, хамчунин асбобу анчом, либосхои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашудаи корфармо, ки ба фондхои (воситахои) асоси мансубанд, андозаи зарар аз руи нархи бозории махалли мазкур дар рузи расонидани зарар (аммо на камтар аз арзиши тавозуни бо назардошти дарачаи фарсудагии молу мулк) хисоб карда мешавад.
  3. Дар холатхои дигар андозаи зарар бо нархи бозори, ки дар махалли мазкур дар рузи расонида шудани зарар мавчуд аст, хисоб карда мешавад.
  4. Тартиби махсуси муайян намудани андозаи чуброни зарари ба корфармо расонидашуда бо рохи камомад, касдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, махсулоти нимтайёр, маснуот (махсулот), аз чумла хангоми тайёр кардани онхо, хамчунин асбобу анчом, либосхои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда бо татбики карат ба онхо, инчунин дар холатхое, ки андозаи вокеии зарар аз андозаи аслии он зиёд аст, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 193. Ухдадории корфармо хангоми мукаррар намудани андозаи зарар ва сабаби сар задани он

  1. Корфармо ухдадор аст, то кабул гардидани карор дар бораи баркарор кардани чуброни зарар аз чониби корманди мушаххас чихати мукаррар намудани андозаи зарар ва сабабхои сар задани он санчиш гузаронад.
  2. Барои чунин санчиш корфармо хукук дорад, бо иштироки мутахассисони дахлдор комиссия таъсис дихад.
  3. Аз корманд талаб кардани баёноти хатти барои мукаррар намудани сабаби сар задани зарар хатми мебошад.
  4. Корманд хукук дорад, ки дар санчиш иштирок намояд ва бо тамоми маводи санчиш шинос шавад.

 

Моддаи 194. Чуброни зарарро ихтиёран додани корманд

  1. Корманде, ки ба корфармо зарар расонидааст, метавонад чуброни онро ихтиёран пурра ё кисман дихад.
  2. Чуброни ихтиёрии зарар дар доираи пешбиникардаи Кодекси мазкур амали карда мешавад.
  3. Бо мувофикаи корманд ва корфармо чуброни зарарро дертар додан мумкин аст. Дар ин холат корманд дар бораи чуброни зарар бо зикри мухлати мушаххаси пардохт ба корфармо ухдадории хатти пешниход мекунад.
  4. Агар корманде, ки дар бораи чуброни ихтиёрии зарар ухдадории хатти додааст, бо сабаби катъ шудани муносибатхои мехнати зарарро чуброн накунад, дар ин сурат чуброни зарар ба тарики суди ситонида мешавад.
  5. Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои чуброни зарар ба у молу мулки баробарарзиш дихад ё молу мулки харобшударо баркарор намояд.

 

Моддаи 195. Тартиби ситонидани чуброни зарар

  1. Маблаги зараре, ки аз маоши якмохаи корманди гунахгор зиёд нест, бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду хафтаи ошкор шудани зарар кабул карда мешавад.
  2. Дар сурати рози набудани корманд аз маблаги ситонидашудаи зарар, у хукук дорад ба суд мурочиат намояд.
  3. Агар маблаги зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз мохонаи миёнаи у зиёд бошад ё аз рузи ошкор шудани зарар ду хафта гузашта бошад, корфармо зарарро ба тарики суди меситонад.

 

Моддаи 196. Чуброни зараре, ки рохбар ба ташкилоти давлати расонидааст

  1. Чуброни зараре, ки ба ташкилоти давлати бо гунохи рохбари он расидааст, бо риояи коидахои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ситонида мешавад.
  2. Карори аз рохбари ташкилоти давлати ситонидани чуброни зарарро макоме, ки хукуки сохибмулкро дорад, кабул мекунад. Ин маком хамчунин хукук дорад, ки чуброни зарарро аз рохбар бо тарики суди ситонад.

 

Моддаи 197. Кам кардани андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад

  1. Бо назардошти мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон андозаи чуброни зарареро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, мумкин аст кам карда шавад.
  2. Агар зарар дар натичаи чинояти бо максади гаразнок содиршуда расонида шуда бошад, ба кам кардани чуброни зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, рох дода намешавад.

 

БОБИ 14. БАРРАСИИ БАХСХОИ МЕХНАТИИ ФАРДИ

 

Моддаи 198. Бахсхои мехнатии фарди

Бахсхои мехнатии фарди дар натичаи ба мувофика нарасидани корфармо ва корманд хангоми мавчудияти ихтилофот дар татбики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва шароити мехнат ба миён омада, тартиби халли онхо дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини мегарданд.

 

Моддаи 199. Макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди

  1. Бахсхои мехнатии фардиро комиссияхои созиш ва ё судхо барраси мекунанд.
  2. Комиссияхои созиш бахсхои мехнатии фардиро аз руи мурочиати тарафхои бахси мехнати барраси менамоянд.
  3. Барои халли бахсхои мехнатии фарди тарафхои шартномаи мехнати метавонанд бевосита ба суд мурочиат намоянд.

 

Моддаи 200. Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он

  1. Комиссияи созиш дар асоси баробархукуки аз хисоби намояндагони баробари корфармо ва кормандон таъсис дода мешавад.
  2. Микдори хайати аъзо, тартиби кор ва мухлати ваколати комиссияи созиш дар мачлиси (конференсияи) умумии кормандон бо созиши корфармо ва кормандон мукаррар карда мешаванд.
  3. Аъзои комиссияи созиш аз хисоби кормандон дар мачлиси (конференсияи) умумии кормандон интихоб карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш аз хисоби корфармо бо санади корфармо таъйин карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш дар чаласаи якуми ташкилии худ бо аксарияти овозхо аз хисоби аъзои худ раис ва котиби комиссияро интихоб менамоянд.

Моддаи 201. Мухлати мурочиат ба макомоте, ки бахсхои мехнатии фардиро барраси менамояд

  1. Корманд метавонад дар давоми се мох баъд аз фахмидани он, ки хукукхои мехнатии у вайрон карда шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор карда шавад, ба комиссия оид ба бахсхои мехнатии фарди мурочиат намояд.
  2. Барои мурочиат намудан ба суд оид ба баррасии бахсхои мехнатии фарди мухлатхои зерин мукаррар карда мешаванд:

– барои бахсхо оид ба баркарор кардан ба кор – як мох аз рузи супоридани нусхаи санади корфармо дар бораи катъ намудани шартномаи мехнати;

– барои дигар бахсхои мехнати – се сол аз рузи донистани корманд ё корфармо дар бораи вайроншавии хукукхои худ.

 

Моддаи 202. Ваколатхои комиссияи созиш оид ба бахсхои мехнати

  1. Комиссияи созиш макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии дар ташкилотхо бамиёномада мебошад, ба истиснои бахсхое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигари баррасии онхоро мукаррар намудаанд.
  2. Агар корманд бевосита ё бо иштироки намояндаи худ зимни гуфтушунид бо корфармо, ба мувофика наояд, бахси мехнатиро комиссияи созиш барраси менамояд.

 

Моддаи 203. Тартиби баррасии бахсхои мехнати дар комиссияи созиш

  1. Аризаи ба комиссияи созиш воридгардида аз чониби комиссияи мазкур хатман ба кайд гирифта мешавад.
  2. Комиссияи созиш ухдадор аст, бахсхои мехнатиро аз рузи ворид шудани ариза дар давоми 7 рузи таквими барраси намояд.
  3. Бахс дар хузури аризадиханда ё намояндаи ваколатдорнамудаи у барраси карда мешавад. Баррасии бахс дар гоибии корманд ё намояндаи у танхо дар асоси аризаи хаттии корманд ичозат дода мешавад. Дар мавриди хозир нашудани корманд ё намояндаи у ба чаласаи комиссияи мазкур, баррасии бахси мехнати мавкуф гузошта мешавад. Хангоми маротибаи дуюм бе сабабхои узрнок хозир нашудани корманд ё намояндаи у, комиссияи созиш метавонад дар бораи аз барраси гирифтани масъалаи бахси карор кабул намояд, ки он кормандро аз хукуки такроран пешниход намудани ариза дар бораи такроран барраси намудани бахси мехнати дар доираи мухлати мукарраркардаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон махрум карда наметавонад.
  4. Комиссияи созиш хукуки ба чаласа даъват кардани шохидон ва мутахассисонро дорад. Бо талаби комиссия рохбари ташкилот ухдадор аст, дар мухлати мукарраргардида хуччатхои заруриро пешниход намояд.
  5. Чаласаи комиссияи созиш дар сурате салохиятнок хисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз нисфи намояндагони кормандон ва на кам аз нисфи намояндагони корфармо иштирок дошта бошанд.
  6. Дар чаласаи комиссияи созиш протокол тартиб дода мешавад, ки дар он котиб, раиси комиссия ё муовини у имзо мегузоранд.

 

Моддаи 204. Тартиби кабули карор аз чониби комиссияи созиш ва мазмуни он

  1. Комиссияи созиш бо аксарияти овозхои аъзои дар чаласаи комиссия иштирокдошта карор кабул мекунад. Дар сурати кабул карда нашудани карори дахлдор, масъала такроран аз нав барраси карда мешавад. Бо талаби аризадиханда ё як нафар аз аъзои комиссия, овоздихии пинхони гузаронида мешавад.
  2. Дар карори комиссияи созиш дарч карда мешавад:

– номи ташкилот (сохтор), насаб, ном, номи падар, вазифа (мансаб), касб ва ихтисоси корманди ба комиссия мурочиаткунанда;

– санаи мурочиат ба комиссия ва баррасии бахс, мохияти бахс;

– насаб, ном ва номи падари аъзои комиссия ва дигар шахсони дар чаласа иштироккунанда;

– мохият ва асоснокии карор (бо истинод ба санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон);

– натичаи овоздихи.

  1. Нусхаи карори имзошудаи комиссияи созиш дар давоми се рузи баъд аз кабул шуданаш ба корманд ва рохбарияти ташкилот супорида мешавад.

 

Моддаи 205. Ичрои карори комиссияи созиш

  1. Карори комиссияи созиш дар мухлати мукарраркардаи он ичро карда мешавад.
  2. Дар мавриди ичро накардани карори комиссия дар мухлати мукарраргардида, корманд ё корфармо хукук доранд бахси мехнатиро бо тартиби суди хал намоянд.

 

Моддаи 206. Аз тарафи макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди ба кор баркарор кардани корманд

  1. Хангоми бе асосхои конуни катъ кардани шартномаи мехнати ё гайриконуни ба кори дигар гузаронидан, тагйир додани чойи кор, иваз кардани шароити мехнат, аз кор дур кардан макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди дар бораи ба кор баркарор кардани корманд карор мебарорад, ба истиснои холатхои мукарраркардаи кисми 3 моддаи мазкур.
  2. Ба корманде, ки ба кори пештара баркарор карда шудааст, музди миёнаи мохонааш барои хамаи давраи ноилоч ба кор набаромаданаш (аз кор дур карданаш) ё фарки музди мехнати барои давраи ичрои корхои каммузд пардохт карда мешавад.
  3. Карори макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди дар бораи ба чойи кори пештара баркарор кардани корманд бояд фавран ичро карда шавад. Хангоми аз чониби корфармо ба таъхир андохтани ичрои карор дар бораи ба чойи кор баркарор кардан, макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди дар бораи ба корманд пардохт кардани музди миёнаи мохонааш ё фаркияти музди мехнати дар давраи ба таъхир мондан, карор мебарорад.

 

ФАСЛИ III. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ГУРУХИ АЛОХИДАИ КОРМАНДОН

БОБИ 15. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ БА СИННИ ХАЖДАХ НАРАСИДА

 

Моддаи 207. Хукуки кормандони ба синни хаждах нарасида дар муносибатхои мехнати

Хукуки кормандони ба синни хаждах нарасида дар муносибатхои мехнати бо хукуки дигар кормандон баробар буда, онхо дар хифзи мехнат, вакти кор, вакти истирохат ва дигар шароити мехнат аз кафолатхои иловагии мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 208. Корхое, ки дар онхо истифодаи мехнати кормандони ба синни хаждах нарасида манъ мебошанд

  1. Дар корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарноку хатарнок, истифодаи мехнати кормандони ба синни хаждах нарасида, инчунин дар корхое, ки ичроишашон ба саломати ва инкишофи маънавии онхо зарар мерасонад, манъ аст.
  2. Руйхати корхоро, ки дар онхо истифодаи мехнати кормандони ба синни хаждах нарасида манъ карда мешавад ва хадди нихоии меъёри борхоеро, ки барои онхо дасти бардоштан ва кашондани онхо ичозат дода мешавад, Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.
  3. Аз чой ба чойи дигар ва аз кор ба кори дигар гузаронидани кормандони ба синни хаждах нарасида, ки меъёри мукарраргардидаи кор барои онхо вазнин мегардад, манъ мебошад.

 

Моддаи 209. Катъи шартномаи мехнати бо талаби падару модар, васи (парастор) ё макомоти ваколатдор

Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни хаждах хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васи (парастор) ё макомоти ваколатдор хукук доранд, ки катъи шартномаи мехнатиро талаб намоянд.

 

Моддаи 210. Муоинаи хатмии тиббии кормандони ба синни хаждах нарасида

Бо кормандони ба синни хаждах нарасида, шартномаи мехнати танхо баъд аз муоинаи хатмии тиббии онхо баста мешавад. Минбаъд кормандон то ба синни хаждах расидан хар сол аз муоинаи хатмии тибби мегузаранд.

 

Моддаи 211. Давомнокии вакти кори барои кормандони ба синни хаждах нарасида

Барои кормандони ба синни хаждах нарасида давомнокии вакти кутохи кори мукаррар карда мешавад:

– барои кормандони аз чордахсола то шонздахсола – на зиёда аз 24 соат дар як хафта;

– барои кормандони аз шонздахсола то хаждахсола – на зиёда аз 35 соат дар як хафта;

– барои таълимгирандагони муассисахои таълими, ки якчоя дар давраи соли тахсил кор ва тахсил мекунанд, аз чордахсола то шонздахсола – 2,5 соат дар як руз ва аз шонздахсола то хаждахсола – 3,5 соат дар як руз.

 

Моддаи 212. Пардохти музди мехнат ва меъёрхои коркард барои кормандони ба синни хаждах нарасида

  1. Пардохти музди мехнати кормандони ба синни хаждах нарасида бо назардошти рузи кории кутохкардашуда ба амал бароварда мешавад.
  2. Меъёрхои коркард барои кормандони ба синни хаждах нарасида аз руи меъёрхои умумии коркард баробар ба кормандони рузи кори кутохкардашудаи дар моддаи 127 Кодекси мазкур пешбининамуда, мукаррар карда мешаванд.
  3. Барои кормандони ба синни хаждах нарасида, ки баъд аз хатми муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва муассисахои таълимии тахсилоти касби ба кор дохил гардидаанд, инчунин аз таълими касби дар истехсолот гузаштаанд, мумкин аст, меъёри пасти коркард мукаррар карда шавад.
  4. Корфармо метавонад ба кормандони ба синни хаждах нарасида то сатхи музди мехнати кормандони давомнокии пурраи рузи кори дошта иловапули пардохт намояд.

 

Моддаи 213. Хусусияти речаи мехнат ва истирохати кормандони ба синни хаждах нарасида

Чалб намудани кормандони ба синни хаждах нарасида ба корхои шабона, изофакори, ба хисобгирии якчояи вакти кори, фиристонидан ба сафари хизмати ва ичрои корхои вахтави, инчунин бозхондани онхо аз рухсатии харсолаи мехнатии пардохтшаванда манъ аст.

 

Моддаи 214. Махдудияти чавобгарии моддии кормандони ба синни хаждах нарасида

Бо кормандони ба синни хаждах нарасида бастани шартнома оид ба чавобгарии пурраи модди манъ аст.

 

БОБИ 16. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ЗАНОН ВА ДИГАР ШАХСОНИ ДОРОИ УХДАДОРИХОИ ОИЛАВИ

 

Моддаи 215. Махдудияти катъи шартномаи мехнати бо занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави

  1. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо бо зани хомила, занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки дар тарбияи худ кудаки то се сола ё кудаки маъюб доранд, рох дода намешавад, ба истиснои холати пешбининамудаи сархати якуми кисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур, ки дар ин сурат ба катъи шартномаи мехнати баъд аз хатман бо кор таъмин кардани онхо ичозат дода мешавад. Шахсони зикршударо вориси ташкилоти бархамхурда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онхо дар интихоби кори мувофик ва бо кор таъмин кардан макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли ёрии хатми расонда, дар ин давра онхоро бо кумакпулихои мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд. Корфармо ин шахсонро инчунин дар холати катъи шартномаи мехнати бинобар гузаштани мухлати он бояд бо кор таъмин намояд. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се мохи анчоми мухлати шартномаи мехнати, музди мехнати онхо нигох дошта мешавад.
  2. Агар зан дар рузи ба итмом расидани мухлати шартномаи мехнати дар хусуси зиёда аз дувоздах хафта хомиладор буданаш хулосаи тибби пешниход намояд, корфармо ухдадор аст мухлати шартномаи мехнатиро то рузи ба итмом расидани рухсати барои нигохубини кудак то ба се солаги расидан дароз кунад.

 

Моддаи 216. Корхое, ки дар онхо истифодаи мехнати занон манъ аст

  1. Дар корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок истифодаи мехнати занон манъ аст.
  2. Руйхати корхоеро, ки дар онхо истифодаи мехнати занон манъ карда мешавад ва хадди нихоии меъёри борхоеро, ки барои занон дасти бардоштан ва кашондани онхо ичозат дода мешавад, Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

Моддаи 217. Хусусияти низоми мехнат ва истирохат барои занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави

  1. Корфармо хукук надорад занони хомиларо ба кори шабона, кор дар рузхои истирохат ва иди гайрикори, изофакори чалб намояд, ба сафари хизмати фиристонад, инчунин онхоро аз рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.
  2. Корфармо хукук надорад шахсони зеринро бе розигии хаттии онхо ба кори шабона, изофакори ва ба кор бо усули вахтави чалб намояд, инчунин ба сафари хизмати фиристонад:

– заноне, ки кудаки то синни чордах доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кудаки то синни чордахро бе модар тарбия мекунанд;

– кормандоне, ки аъзои бемори оиларо нигохубин мекунанд ё кудакони маъюбро тарбия менамоянд, агар аъзои бемори оила ва кудакони маъюб дар асоси хулосаи тибби ба нигохубини доими эхтиёчманд бошанд.

 

Моддаи 218. Танаффус барои гизодихии кудак

  1. Ба гайр аз танаффус барои истирохат ва истеъмоли хурок, танаффусхои байнибасти ва махсус, ба занон, ки кудаки то яксолу шашмоха доранд, падар ё дигар намояндаи конунии кудак, ки кудаки то яксолу шашмохаро бе модар тарбия мекунанд, барои гизо додани кудак баъди хар се соати кор бо давомнокии зерин танаффус дода мешавад:

– барои як кудак – хар як танаффус на кам аз си дакика;

– барои ду ё зиёда кудак – хар як танаффус на кам аз як соат.

  1. Танаффус барои гизодихии кудак (кудакон) дар асоси аризаи кормандони дар кисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, ба танаффус барои истирохат ва истеъмоли хурок хамрох карда мешавад ё ин ки дар шакли чамъшуда дар аввал ё дар охири рузи (басти) кори бо ихтисори дахлдори вакти кори дода мешавад.
  2. Танаффус барои гизодихии кудак (кудакон) ба вакти кори дохил карда мешавад ва дар ин давра музди миёнаи мехнати зан ё дигар намояндаи конунии кудак нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 219. Мукаррар кардани вакти нопурраи кори барои занон ва дигар шахсоне, ки ухдадорихои оилави доранд

Корфармо ухдадор аст, дар асоси аризаи зани хомила ва дигар шахсони ухдадорихои оилави дошта, ки кудаки то чордахсола ё кудаки маъюбро нигохубин мекунанд, инчунин ба корманде, ки нигохубини аъзои бемори оиларо мутобики хулосаи тибби амали менамояд, речаи вакти рузи нопурраи кори ё хафтаи нопурраи кори мукаррар намояд.

 

Моддаи 220. Махдудияти истифодаи чамъи бахисобгирии вакти кори барои занони хомила

Истифодаи чамъи хисоби вакти кори барои занони хомила ичозат дода намешавад, агар давомнокии рузи кори (басти кори) аз хашт соат зиёд бошад.

 

Моддаи 221. Муваккатан ба кори дигар гузаронидани зани хомила ва заноне, ки кудаки то як солу шашмоха доранд

  1. Корфармо дар асоси хулосаи тибби ухдадор аст, зани хомиларо бо нигох доштани музди миёнаи мехнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилхои истехсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд.
  2. То додани кори дигар ба зани хомила, ки таъсири омилхои истехсолии номусоидро истисно менамояд, у аз кор бо нигох доштани музди миёнаи мехнат барои хамаи рузхои кории гузаронидашуда аз хисоби корфармо озод карда мешавад.
  3. Занони кудаконашон то як солу шашмоха дар холатхое, ки ичрои кори онхо барои модарони кудакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмакони имкон намедихад, то ба синни як солу шашмоха расидани кудакашон ба кори дигар гузаронида шуда, мохонаи миёнаашон аз руи кори пештараи онхо дода мешавад.

 

Моддаи 222. Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки ухдадорихои оилави доранд, хангоми мукаррар намудани навбати пешниходи рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда

  1. Пеш аз рухсати барои хомила ва таваллуд ё бевосита баъд аз он ё баъд аз тамом шудани рухсати барои нигохубини кудак бо хохиши зан, новобаста аз собикаи кори дар ташкилоти мазкур рухсатии харсолаи мехнатии пардохтшаванда дода мешавад.
  2. Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордахсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танхо ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки фарзанди то чордахсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии харсола бо хохиши онхо дар фасли тобистон ё дигар вакти барояшон мувофик дода мешавад.

 

Моддаи 223. Рухсати барои хомиладори ва таваллуд

  1. Ба занони хомила дар асоси варакаи корношоямии бо тартиби мукарраргардида додашуда пеш аз таваллуд хафтод рузи таквими ва баъд аз таваллуд низ хафтод (дар холати таваллуди мушкил – хаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кудак – яксаду дах) рузи таквими рухсати барои хомиладори ва таваллуд дода, кумакпули аз хисоби сугуртаи давлатии ичтимои пардохт карда мешавад.
  2. Ба занон рухсати барои хомиладори ва таваллуд, новобаста аз рузхои истифодаи вокеи то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот дар мачмуъ пурра хисоб карда, дода мешавад.

 

Моддаи 224. Рухсати барои нигохубини кудак

  1. Баъд аз ба охир расидани рухсати барои хомиладори ва таваллуд бо хохиши зан барои нигохубини кудак то ба як солу шашмохаги расидани у рухсати дода, дар ин давра аз хисоби маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои кумакпули дода мешавад.
  2. Барои нигохубини кудак то ба се солаги расидани у рухсатии бемузд бо хохиши кормандони зерин дода мешавад:

– бо интихоби падару модар – ба модар ё ки ба падари кудак;

– ба падар ё модари танхое, ки кудакро тарбия менамояд;

– биби, бобо, дигар намояндаи конунии кудак, ки кудаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд;

– ба корманд, ки кудаки навтаваллудшударо ба парастори (фарзандхонди) гирифтааст.

  1. Рухсатии бе нигох доштани музди мехнат барои нигохубини кудак то расидан ба се солаги метавонад пурра ё кисман дар асоси аризаи хаттии корманд, ки дар кисми 2 моддаи мазкур пешбини шудааст, аз руи интихоби у истифода карда шавад.
  2. Бо хохиши зан ё шахсоне, ки дар кисми 1 моддаи мазкур зикр шудаанд, хангоми дар рухсатии нигохубини кудак будан, онхо метавонанд рузи нопурраи кори ё дар хона кор карда, аз хисоби маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои кумакпули гиранд.
  3. Дар вакти рухсатии бе нигох доштани музди мехнат барои нигохубини кудак то расидани у ба се солаги ба корманд чойи кор (мансаб) нигох дошта мешавад.
  4. Вакти рухсатии бе нигох доштани музди мехнат барои нигохубини кудак то расидан ба сесолаги ба собикаи мехнатии умуми, бетанаффус ва аз руи ихтисос дохил карда мешавад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад.
  5. Корманд ухдадор аст, як мох пеш аз огози кор корфарморо дар бораи хохиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии бемузд барои нигохубини кудаки то се сола огох намояд.

 

Моддаи 225. Кафолатхо барои занони хомила ва фарзанддор хангоми ба кор кабул кардани онхо

  1. Ба кор кабул накардани занон ва кам кардани музди мехнати онхо ба сабаби хомиладори ё фарзанддори манъ аст. Хангоми ба кор кабул накардани зани хомила, занон ё дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки кудаки то сесола ё кудаки маъюб доранд, корфармо ухдадор аст, ки сабабхои ба кор кабул накарданашро хатти хабар дихад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои кабул кардан ба кор ба суд мурочиат намоянд.
  2. Корфармо ухдадор аст, занонеро, ки макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли бо максади бо кор таъмин кардани онхо мефиристад, аз хисоби квотаи мукарраршуда ба кор кабул намояд.

 

Моддаи 226. Рухсатии кормандоне, ки кудакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онхо мебошанд

Ба кормандоне, ки кудакони навзодро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон фарзандхонд кардаанд ё васии онхо мебошанд, барои давраи фарзандхонди (мукаррар шудани васоят) ва то хатми хафтод (хангоми фарзандхонд кардани ду кудаки навзод – яксаду дах) рузи таквими аз рузи таваллуди кудак барояшон рухсати дода, кумакпули аз хисоби сугуртаи давлатии ичтимоии ин давра пардохта, бо хохиши онхо барои то расидан ба як солу шашмохаги ва сесолаги нигохубин кардани кудакашон (моддаи 224 Кодекси мазкур) рухсати дода мешавад.

 

Моддаи 227. Кафолат ва имтиёзхо ба шахсоне, ки кудаконро бе модар тарбия мекунанд

Кафолат ва имтиёзхои зани кудакдор ба падароне, ки кудакро бе модар тарбия мекунанд (дар холати фавти модар, аз хукуки модари махрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобати будан ва дар дигар холатхои кудакро парастори карда натавонистани модар), инчунин ба васии (парастори) ноболигон татбик мешаванд.

 

БОБИ 17. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ЧОЙ КОРКУНАНДА

 

Моддаи 228. Мукаррароти умуми оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан

  1. Барои дар ду (якчанд) чой кор кардан, розигии корфармо аз чойи кори асоси талаб карда намешавад, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст.
  2. Хангоми ба кор кабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) чой кор кардан, у ба корфармо бояд хуччатхои дар сархатхои дуюм ва чоруми кисми 4 моддаи 26 Кодекси мазкур муайяншударо пешниход намояд. Хангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломати зарарноку хатарноки шароити мехнати кабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) чой кор кардан бошад, корманд ухдадор аст, ки дар бораи хусусият ва шароити мехнат дар чойи кори асоси маълумот пешниход намояд.
  3. Хусусияти дар ду (якчанд) чой кор карданро барои категорияхои алохидаи кормандон (кормандони сохахои омузгори, тиббию дорусози, фарханг ва дигар сохахо) Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 229. Махдудиятхои дар ду (якчанд) чой кор кардан

  1. Дар ташкилотхое, ки фаъолияташон ба хизмати давлати алокаманд аст, дар ду вазифаи (мансаби) рохбарикунанда бо шартхои дар ду (якчанд) чой кор кардан рох дода намешавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон холатхои дигар муайян нашуда бошанд.
  2. Дар ду (якчанд) чой кор кардани шахсони синнашон то хаждах, занони хомила, инчунин дар корхои шароити мехнати зарарнок дошта, агар кори асоси низ хамин гуна шароитхоро дошта бошад, манъ аст.
  3. Дар ду (якчанд) чой хамрох кор кардани хешовандони наздике, ки дар кисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур пешбини шудааст дар ташкилотхои давлати, ки фаъолияташон ба хизмати давлати алокаманд мебошад, манъ аст.
  4. Барои гурухи алохидаи кормандон махдудиятхои дар ду (якчанд) чой кор кардани кормандон, инчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии мехнати ё пардохти чубронпули барои рухсатии мехнатии истифоданашударо Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 230. Шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан

  1. Корманд ба гайр аз чойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатхои мехнати мебошад, хукук дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан шартномаи мехнати бандад, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
  2. Дар шартномаи мехнати бояд дар ду (якчанд) чой кор кардани корманд нишон дода шавад.

 

Моддаи 231. Хуччатхои иловагие, ки барои бастани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан заруранд

Барои бо дигар корфармо бастани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан илова ба хуччатхои пешбиникардаи моддаи 26 Кодекси мазкур корманд маълумотнома дар бораи хусусият ва шароити мехнати чойи кори асоси (чойи кор, вазифа (мансаб), шароити мехнат) пешниход мекунад.

 

Моддаи 232. Давомнокии вакти кории дар ду (якчанд) чой кор кардан

Давомнокии умумии рузи кории чойи кори асоси ва кори дар ду (якчанд) чой кор кардан аз меъёри давомнокии кори хамарузаи мукарраркардаи моддаи 74 Кодекси мазкур набояд аз 4 соат зиёд бошад.

 

Моддаи 233. Рухсатихои мехнатии харсолаи пардохтшаванда барои дар ду (якчанд) чой кор кардан

  1. Ба кормандоне, ки тибки шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан фаъолият менамоянд, рухсатии мехнатии пардохтшавандаи харсола бо рухсатии мехнатии чойи кори асосиашон дар як вакт пешниход карда мешавад.
  2. Агар давомнокии рухсатии мехнатии пардохтшавандаи харсола тибки шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан аз давомнокии рухсатии чойи кори асоси камтар бошад, корфармо бо хохиши корманде, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунад фаркияти давомнокии рузхои рухсатиро ба у хамчун рухсатии бе музд пешниход менамояд.

 

Моддаи 234. Махдудияти бастани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан

Бастани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой коркардан ба кормандони синнашон аз хаждах хурд, кормандоне, ки дар шароитхои вазнин, зарарнок ва ё хатарноки мехнат фаъолият менамоянд, ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 235. Асосхои иловагии катъ намудани шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан бо ташаббуси корфармо

Шартномаи мехнати оид ба дар ду (якчанд) чой кор кардан, сарфи назар аз асосхои мукаррарнамудаи моддаи 42 Кодекси мазкур бо ташаббуси корфармо дар холате катъ карда мешавад, ки агар бо корманд хамчун кори асоси шартномаи мехнати баста шавад.

 

БОБИ 18. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ БА КОРХОИ ВАЗНИН, ЗЕРИЗАМИНИ ВА ШАРОИТИ МЕХНАТАШОН ЗАРАРНОК МАШГУЛАНД

 

Моддаи 236. Давомнокии вакти кори ва рухсатии мехнатии иловагии харсолаи пардохтшавандаи кормандоне, ки ба корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок машгуланд

  1. Барои кормандоне, ки ба корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок машгуланд, давомнокии вакти кори на зиёда аз 35 соат дар як хафта мукаррар карда мешавад.
  2. Руйхати истехсолот, сеххо, касбхо ва вазифахо (мансабхо), номгуйи корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок, ки кор дар онхо барои давомнокии кутохи вакти кори ва рухсатии мехнатии иловагии харсолаи пардохтшаванда хукук медихад, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 237. Музди мехнати кормандоне, ки ба корхои вазнин, зеризамини ва ё шароити мехнаташон зарарнок машгуланд

Музди мехнати кормандоне, ки ба корхои вазнин, зеризамини ва ё шароити мехнаташон зарарнок машгуланд, дар фаркият бо музди мехнати кормандоне, ки дар корхои шароити мехнаташ мукаррари фаъолият менамоянд, бо рохи баланд бардоштани маоши вазифави ва ё иловапули, вале на кам аз мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон, созишномахои сохави ва ё шартномахои коллективи, ки дар асоси андозаи музди мехнати камтарин пешбини намудаанд, мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 238. Таъмини сихатии корманд ва бехатарии шароити мехнат

Ба кормандони ташкилот вобаста ба шароити мехнат аз хисоби маблагхои корфармо либос ва пойафзоли махсус, дигар воситахои мухофизати инфироди, моддахои шустушуй ва тамиз, шир, хуроки табобатию пешгирикунанда дода мешаванд, ки аз меъёри мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон кам буда наметавонанд.

 

БОБИ 19. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ БО КОРХОИ МАВСИМИ МАШГУЛАНД

 

Моддаи 239. Корхои мавсими

Корхое, ки вобаста ба шароитхои иклими ва ё дигар холатхои табии дар давраи муайян (мавсим), дар муддати на зиёда аз шаш мох ичро карда мешаванд, хамчун корхои мавсими ба хисоб гирифта мешаванд.

 

Моддаи 240. Хусусияти бастани шартномаи мехнати бо кормандони мавсими

  1. Дар шартномаи мехнати бояд шартхо дар бораи бастани шартнома оид ба корхои мавсими ва мухлати ичрои он нишон дода шаванд.
  2. Хангоми бастани шартномаи мехнати оид ба корхои мавсими мухлати санчиши бо максади мувофикати корманд ба корхои ба у фармудашаванда мукаррар карда намешавад.

 

Моддаи 241. Асосхои иловагии бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корхои мавсими машгуланд

Шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корхои мавсими машгуланд, гайр аз асосхое, ки дар моддаи 42 Кодекси мазкур пешбини шудаанд, мумкин аст, бо ташаббуси корфармо дар холатхои зерин бекор карда шаванд:

– боздошта шудани кори корфармо дар мухлати зиёда аз ду хафта бо сабаби хусусияти истехсоли;

– ба кор хозир нашудани корманд пайдархам дар мухлати як мох бо сабаби корношоямии муваккати.

 

Моддаи 242. Хусусияти бекор кардани шартномаи мехнати бо корманди мавсими

  1. Корманди мавсими хукук дорад, бо ташаббуси худаш ба таври хатти то 7 рузи таквими корфарморо огох намуда, шартномаи мехнатиро бекор кунад.
  2. Корфармо ухдадор аст, ба таври хатти корманди мавсимиро оид ба бекор кардани шартномаи мехнати дар асоси мукаррароти сархатхои якум ва дуюми кисми 1 моддаи 45 Кодекси мазкур то 7 рузи таквими огох намояд.
  3. Хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бо корманди мавсими, аз чониби корфармо рухсатии истифоданашуда барои корхои мутаносибан ичрошуда чуброн карда мешавад.
  4. Хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бо корманди мавсими бо сабаби бархамхурии ташкилот, ихтисори шумора ва ё вохиди кории кормандон кумакпулии азкоррави дар хачми музди миёнаи мехнати якмоха пардохт карда мешавад.

 

БОБИ 20. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ БО УСУЛИ ВАХТАВИ КОРКУНАНДА

 

Моддаи 243. Хусусиятхои кори вахтави

  1. Коре, ки бо усули вахтави анчом дода мешавад, шакли махсуси пеш бурдани раванди мехнат буда, берун аз чойи истикомати доимии кормандон ичро карда мешавад ва онхо баъд аз кор барои баргаштан ба чойи доимии истикоматашон имконият надоранд.
  2. Корфармо ухдадор аст, кормандонеро, ки бо усули вахтави кор мекунанд, хангоми дар махалли кор карор доштанашон бо чойи хоб, хурок, бурдан ба чойи кор ва овардан ба махалли истикомат, инчунин шароити мувофики кор ва истирохат таъмин намояд.
  3. Корфармо тибки шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи барои будубоши кормандон дар махалли истехсолот (кор) шароит мухайё менамояд.

 

Моддаи 244. Махдудият дар кори усули вахтави

Ба корхои бо усули вахтави ичрошаванда, кормандоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, занони хомиладор, маъюбони гурухи I ва II ичозат дода намешаванд. Дигар кормандон метавонанд ба корхои хусусияти вахтавидошта чалб карда шаванд, агар чунин корхо ба онхо дар асоси хулосаи тибби манъ карда нашуда бошанд.

 

Моддаи 245. Давомнокии вахта

  1. Давомнокии вахта аз 15 рузи таквими зиёд шуда наметавонад.
  2. Дар объектхо давомнокии вахта бо розигии хаттии корманд мутобики шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи метавонад то 30 рузи таквими зиёд карда шавад.

 

Моддаи 246. Хисоби вакти кори ва вакти дамгири хангоми кор бо усули вахтави

  1. Хангоми кор бо усули вахтави мачмуи вакти кори ба муддати як мох, се мох ё вакти зиёдтар, вале на зиёдтар аз як сол мукаррар карда мешавад.
  2. Давраи хисоб вакти кори, вакти дамгири, вакти дар рох то макони корфармо ва ё аз нуктаи чамъшавии кормандон то чойи кор ва баргашта оварданро дар бар мегирад. Хамзамон мачмуи давомнокии вакти кор барои давраи хисоботи набояд аз меъёри мукаррарнамудаи Кодекси мазкур зиёд бошад.
  3. Кисман додани рухсатии харсолаи пардохтшаванда дар давоми истирохати байнивахтави ичозат дода намешавад.
  4. Корфармо ухдадор аст, ки хисоби вакти кор ва вакти дамгирии кормандеро, ки бо усули вахтави кор мекунад, хар мох, алохида ва дар давоми тамоми давраи хисоботи ба рох монад.
  5. Барои ичрои корхои вахтави бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон иловапули пардохт карда мешавад.

 

БОБИ 21. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ ХОНАГИ

 

Моддаи 247. Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи мехнати бо кормандони хонаги

  1. Кормандони хонаги шахсоне мебошанд, ки корро (хизматро) дар хочагии корфармо – шахси вокеи ичро менамоянд.
  2. Карор дар бораи ба кор кабул намудан ва ё бекор кардани муносибатхои мехнати бо кормандони хонаги ва маълумот оид ба кори у дар дафтарчаи мехнати аз чониби корфармо ворид карда намешавад.
  3. Намудхои корхои хонагиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  4. Фаъолияти мехнатии корманди хонаги бо шартномаи мехнати тасдик карда мешавад.
  5. Мухлати огохии хатти оид ба бекор (катъ) кардани шартномаи мехнати, андозаи чуброн ва тартиби пардохти он бо корманди хонаги дар шартномаи мехнати мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 248. Вакти кори ва вакти дамгирии кормандони хонаги

  1. Ба кормандони хонаги меъёрхои давомнокии вакти кори ва вакти дамгири, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, пахн мегарданд.
  2. Речаи кор, тартиби додани рузхои истирохат, рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда, ба изофакори, кор дар вакти шабона, рузхои истирохат ва иди гайрикори, чалб намудани кормандони хонаги бо шартномаи мехнати танзим мешаванд.

 

Моддаи 249. Татбик ва бекор кардани чазои интизоми

Татбик ва бекор кардани чазои интизоми нисбати корманди хонаги бо шартномаи мехнати, ки намунаашро макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли тасдик мекунад, мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 250. Халли бахсхои мехнатии фарди

Бахсхои мехнатии фарди байни корманди хонаги ва корфармо бо мувофикаи тарафхо ва ё тарики суди хал карда мешаванд.

 

Моддаи 251. Катъ кардани шартномаи мехнати бо корманди хонаги

Катъ кардани шартномаи мехнати бо корманди хонаги дар асоси мукаррароти пешбининамудаи шартномаи мехнати бо риояи талаботи Кодекси мазкур ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ 22. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ ХОНАКОР

 

Моддаи 252. Кормандони хонакор

  1. Шахсоне, ки бо корфармо оид ба ичрои кор дар хона бо мехнати шахси бо истифода аз мавод, тачхизот, асбоб ва олотхои худ ва ё бо олоту воситахои аз чониби корфармо чудокардашуда ё ин ки бо маблагхои корфармо харидори шуда, барои ичрои корхо дар бинои шахсии худ ё чойи барои ичрои кор мувофик шартномаи мехнати бастаанд, хамчун кормандони хонакор хисобида мешаванд.
  2. Ичрои кори корманди хонакор мумкин аст хангоми бастани шартномаи мехнати, инчунин дар давоми мухлати амали шартномаи мехнати бо ворид намудани тагйироти дахлдор ба шартномаи мехнати мукаррар карда шавад.

 

Моддаи 253. Шартхои мехнати кормандони хонакор

  1. Корхои хонакор танхо дар холатхое ичро карда мешаванд, ки агар вазъи саломатии кормандро халалдор насозанд ва барои ичрои онхо талаботи бехатари ва хифзи мехнат таъмин карда шаванд.
  2. Дар шартномаи мехнати барои ичрои кор дар хона тартиби хатмии шартхои зерин бояд мукаррар карда шаванд:

– ичрои кор бо истифода аз масолех, тачхизот, асбобхо ва олотхои шахсии корманд ва ё бо олотхои чудокардашуда аз чониби корфармо ё ин ки бо маблагхои корфармо харидоришуда;

– тартиб ва мухлатхои таъмини корманд барои ичрои кор бо ашёи хом, мавод ва масолехи нимтайёр;

– тартиб ва мухлати баровардани махсулоти тайёршуда;

– чубронпули ва дигар пардохтхо ба корманд.

 

Моддаи 254. Речаи вакти кори ва вакти истирохат, шартхои таъмини бехатари ва хифзи мехнати кормандони хонакор

Речаи вакти кори ва вакти истирохат, хусусиятхои назорати корфармо барои риояи тартиби вакти кори, шартхои таъмини бехатари, хифзи мехнат ва риояи ин шартхо барои кормандони хонакор бо шартномаи мехнати мукаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 23. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ КОРМАНДОНИ БО КОРИ ФОСИЛАВИ (ДИСТАНСИОНИ) МАШГУЛБУДА

 

Моддаи 255. Кори фосилави (дистансиони)

Шакли махсуси раванди мехнат, ки берун аз махалли чойгиршавии корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсиони ичро карда мешавад, кори фосилави (дистансиони) хисобида мешавад.

 

Моддаи 256. Шароити мехнати кормандоне, ки бо кори фосилави (дистансиони) машгуланд

  1. Корфармо ба корманд воситахои коммуникатсиони (воситахои алока) пешниход намуда, харочоти пайвасткуни ва хизматрасонии онро ба зимма мегирад. Дар холатхое, ки корманд воситахои коммуникатсионии худро доимо истифода мебарад, корфармо онро чуброн менамояд. Хачм ва тартиби пардохти он бо розигии корманд мукаррар карда мешаванд.
  2. Бо розигии тарафхо корфармо метавонад, ба корманди фосилави (дистансиони) дигар харочотхоро вобаста ба ичрои кор (маблаги кувваи барк, об ва дигархо) пардохт намояд.
  3. Тартиб, мухлат ва дигар шартхои муносибатхои мехнатии кормандро бо корфармо шартномаи мехнати муайян менамояд.

 

Моддаи 257. Бахисобгирии вакти кори ва вакти истирохат, шартхои таъмини бехатари ва хифзи мехнати кормандоне, ки бо кори фосилави (дистансиони) машгуланд

  1. Барои кормандони ба кори фосилави (дистансиони) машгулбуда меъёри давомнокии вакти кори ва вакти истирохати бо Кодекси мазкур мукарраргардида татбик мегардад.
  2. Бахисобгирии вакти кори барои кормандони бо кори фосилави (дистансиони) машгулбуда ва хусусияти назорати риояи речаи вакти кори, шартхои таъмини бехатари ва хифзи мехнат ва риояи ин шартхо бо шартномаи мехнати муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 24. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ МАЪЮБОН

 

Моддаи 258. Амали намудани хукуки маъюбон ба мехнат

  1. Маъюбон дар сурати доштани тавсияхои мехнати, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати дода шудаанд, хукуки бо корфармо бастани шартномаи мехнатиро бо шартхои оддии мехнат ё дар ташкилотхои махсусгардонидашуда, ки мехнати маъюбонро истифода мекунанд, доранд.
  2. Даст кашидан аз бастани шартномаи мехнати, гузаронидани маъюб ба кори дигар, тагйир додани шароити мехнат бо сабаби маъюб будан рох дода намешавад, ба истиснои холатхое, ки мутобики хулосаи тибби холати саломатии у барои ичрои ухдадорихои мехнати монеаги мекунад ё ки ба саломатии у ва ё бехатарии мехнати дигар шахсон тахдид мекунад.

 

Моддаи 259. Шароити мехнати кормандони маъюб

  1. Шароити меъёрбанди, пардохт ва хифзи мехнат, речаи кори, тартиби якчоя кардани касбхо (мансабхо), шароитхои техники, санитари, гигиени, истехсоли-маиши, инчунин дигар шароитхо бо мувофикаи тарафхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи наметавонанд холати кормандони маъюбро бад намоянд ё хукуки онхоро дар мукоиса бо дигар кормандон махдуд кунанд.
  2. Истифодаи мехнати маъюбон дар корхои вазнин, кор бо шароитхои зарарнок ва хавфноки мехнат манъ карда мешавад.
  3. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд метавонад кафолатхои иловаги, ки Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои корфармо мукаррар намудаанд, дода шаванд.
  4. Хулосаи тибби дар бораи речаи нопурраи вакти кори, кам кардани хачми кор ва дигар шароити мехнати маъюбон барои ичрои корфармо хатми мебошад.

 

Моддаи 260. Давомнокии вакти кутохи кории маъюбон

  1. Ба маъюбони гуруххои I ва II вакти кори давомнокияш кутох на зиёда аз 36 соат дар як хафта бе кам кардани музди мехнат мукаррар карда мешавад.
  2. Давомнокии кори харрузаи (басти кории) маъюбони гуруххои I ва II аз 6 соат зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 261. Махдудияти истифодаи чамъи вакти кори бахисобгирифташуда барои кормандони маъюб

  1. Барои кормандони маъюби гуруххои I ва II истифодаи чамъи вакти кори бахисобгирифташуда рох дода намешавад.
  2. Ба кормандони маъюби гурухи III чамъи вакти кории бахисобгирифташуда мукаррар карда намешавад, агар чунин реча бо нишондодхои тибби манъ карда шуда бошад.

 

Моддаи 262. Махдудияти кори шабона, изофакори, кор дар рузхои истирохат ва иди гайрикори, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизмати

Чалб намудани маъюбон ба кори шабона, изофакори, дар рузхои истирохат ва иди гайрикори, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизмати танхо бо розигии хаттии онхо ичозат дода мешавад, агар чунин кор бо нишондодхои тибби манъ карда нашуда бошад.

 

Моддаи 263. Пешниходи рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ба корманди маъюб

Ба корманди маъюб хар сол рухсатии мехнатии пардохтшаванда тибки чадвали рухсатихо, ки корфармо бо розигии онхо тасдик намудааст, бо риояи меъёрхои моддаи 94 Кодекси мазкур дода мешавад.

 

БОБИ 25. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ХАЙАТИ ТЕХНИКИ ВА ХИЗМАТРАСОНИ МАКОМОТИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 264. Кабул намудан ба хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати

  1. Хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати (минбаъд – хизматчии граждани) – шахсоне, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мансаби вохидии музднокро дар макомоти давлати барои амали намудани ваколатхои мансаби бо максади ичрои ухдадорихои онхо ва амали намудани хизматрасонихои техники ва таъмини фаъолияти макомоти давлати ишгол менамоянд.
  2. Кабул ба хизмати граждани дар макомоти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3. Номгуйи мансабхои хизматчиёни гражданиро (хайати техники ва хизматрасонро) дар макомоти давлати Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

 

Моддаи 265. Махдудият дар хизмати граждани

  1. Хизматчии граждани хукук надорад:

– воситахои таъминоти моддию техники, молияви ва иттилооти, дигар молу мулки давлати ва иттилооти хизматиро бо максади гайрихизмати истифода намояд;

– дар амале, ки барои фаъолияти муътадили хизмати граждани ва ичрои ухдадорихои мансаби монеъ мешавад, иштирок намояд;

– макоми хизматиашро бо максади ба хизмати граждани алока надошта истифода намояд;

– маълумоте, ки сирри давлати, хизмати ва сирри дигари бо конун хифзшаванда мебошад ва ба у хангоми адои хизмати граждани маълум шудааст, фош намояд.

  1. Ба хизмати граждани ба мансабе, ки ба ичрои вазифахои ташкилию амрдихи ва хочаги алокаманд мебошад, наметавонад шахсе кабул карда шавад, ки чинояти вазнин, махсусан вазнин содир карда, доги судиаш бардошта нашудааст.

 

Моддаи 266. Гузаронидани хизматчии граждани ба кор ба дигар макомоти давлати

Хизматчии граждани дар асоси аризаи хаттиаш бо мувофикаи байни рохбарони ташкилотхои дахлдор мумкин аст ба дигар макомоти давлати гузаронида шавад.

 

Моддаи 267. Аттестатсияи хизматчии граждани

  1. Бо максади муайян кардани дарачаи тайёрии касби, сифатхои кории хизматчии граждани аттестатсия гузаронида мешавад.
  2. Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии гражданиро макомоти ваколатдори давлатии сохаи дахлдори фаъолият муайян мекунад.

 

Моддаи 268. Пешрави дар хизмати граждани

  1. Пешравии хизматии хизматчии граждани бо рохи ба вазифаи баландтар ё ба макомоти болои гузаронидан таъмин карда мешавад.
  2. Хукуки афзалиятнокро дар пешравии хизмати хизматчии граждание дорад, ки дарачаи баланди тахассуси ва тачрибаи кори дошта, доимо ба такмили дарачаи тахассуси ва махорати касбии худ машгул мешавад.

 

Моддаи 269. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии граждани

  1. Хизматчии граждани метавонад ба ташкилоти дахлдори тахсилоти бо максади такмили дониш, малакаю махорат, гирифтани касб ва ихтисос равон карда шавад.
  2. Тахсил, азнавтайёркуни ва тачрибаомузии хизматчии граждани бо назардошти тачрибаи илми дар холати бе чудошави аз истехсолот (кор) аз хисоби воситахои корфармо пардохт карда мешаванд.
  3. Ба хизматчии граждани, ки такмили ихтисос ё азнавтайёркуниро аз руи ихтисоси самти дахлдори фаъолияти хизмати граждани гузаштааст, рухсатии музднок барои тахсил дода мешавад.

 

Моддаи 270. Хавасмандгардонии хизматчии граждани

  1. Барои бовичдонона ичро намудани ухдадорихои вазифави, сифати баланди ичрои кор, аз чумла корхои мураккаб ва таъчили, барои ташаббускори, фаъолияти эчоди ва дигар комёбихо дар кор хизматчии граждани хавасманд гардонида мешавад:

– пешрави дар хизмати граждани;

– хавасмандгардонии модди ва маънави.

  1. Дар шартномаи коллективи метавонанд дигар чорахои хавасмандгардони пешбини карда шаванд.

 

Моддаи 271. Кафолат ва чубронхо ба хизматчии граждани

Ба хизматчии граждани кафолат ва чубронхои дар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбинигардида татбик мегардад.

 

Моддаи 272. Пардохти музди мехнати хизматчии граждани

Низоми пардохти музди мехнати хизматчии гражданиро, ки аз хисоби бучети давлати анчом дода мешавад, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 26. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ СОХИБКОРОНИ ИНФИРОДИ

 

Моддаи 273. Сохибкорони инфироди

Сохибкорони инфироди шахсони вокеие мебошанд, ки аз лахзаи бакайдгирии давлати ба сифати сохибкорони инфироди бе таъсиси шахси хукуки тибки патент ё шаходатнома ба фаъолияти сохибкори машгул мешаванд.

 

Моддаи 274. Мухлати шартномаи мехнати байни сохибкорони инфироди ва кормандон

Сохибкорони инфироди метавонанд шартномаи мехнатиро бо кормандон ба мухлатхое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст, банданд.

 

Моддаи 275. Коидахои тартиботи дохилии мехнатии сохибкорони инфироди

Сохибкорони инфироди мустакилона коидахои тартиботи дохилии мехнатиро бо назардошти талаботи Кодекси мазкур тасдик менамоянд.

 

Моддаи 276. Речаи кор

Сохибкорони инфироди хукук доранд, речаи кории кормандонро мукаррар намоянд, ки чалби кормандонро ба кор дар рузхои истирохат ва иди гайрикори мутобики Кодекси мазкур пешбини менамояд.

 

Моддаи 277. Шартхои пардохти музди мехнат

Шартхои пардохти музди мехнати кормандон аз чониби сохибкорони инфироди бо мувофикаи корманд хангоми бастани шартномаи мехнати мукаррар мегардад. Корфармо хукук надорад, ки хангоми тасдики шарти пардохти музди мехнат яктарафа шартхои шартномаи мехнатиро тагйир дихад.

 

Моддаи 278. Иштироки сохибкорони инфироди дар шарикии ичтимои

Ба муносибатхои мехнати бо иштироки сохибкорони инфироди амали созишномахо дар холатхое пахн мегардад, ки агар корфармо ва кормандон дар ташкилоти муайян барои пешбурди музокира ва имзогузории чунин созишномахо муттахид бошанд.

 

Моддаи 279. Хусусияти ташкили бехатари ва хифзи мехнат аз тарафи сохибкорони инфироди

Ташкили бехатари ва хифзи мехнат аз тарафи сохибкорони инфироди мумкин аст дар асоси шартнома бо шахсони вокеи ва хукуки амали гардонида шавад.

 

БОБИ 27. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ РОХБАР ВА АЪЗОИ МАКОМОТИ ИЧРОИЯИ КОЛЛЕГИАЛИИ ШАХСИ ХУКУКИ ВА КОРМАНДОНИ БА КОР ТАЪЙИН (ИНТИХОБ) НАМУДАИ СОХИБМУЛКИ ШАХСИ ХУКУКИ, ШАХСИ АЗ ЧОНИБИ ОН ВАКОЛАТДОРКАРДАШУДА (МАКОМОТ) ВА Ё МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ШАХСИ ХУКУКИ

 

Моддаи 280. Асосхои хукукии танзими мехнати рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки

Муносибатхои мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки мутобики Кодекси мазкур, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, хуччатхои таъсиси ва шартномаи мехнати ба амал бароварда мешаванд.

 

Моддаи 281. Бастани шартномаи мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки

  1. Шартномаи мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки аз чониби сохибмулки шахси хукуки ва ё шахси аз чониби он ваколатдоркардашуда (макомот) ва ё макомоти ваколатдори шахси хукуки ба мухлати бо конунгузории Чумхурии Точикистон, хуччатхои таъсиси ва ё созиши тарафхо мукарраршуда баста мешавад.
  2. Бо конунгузории Чумхурии Точикистон ё хуччатхои таъсиси метавонад расмиёти иловаги мукаррар карда шавад, ки ба бастани шартномаи мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки мусоидат намояд.

 

Моддаи 282. Рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки хамчун дар ду (якчанд) чой коркунанда

Рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки метавонад бо риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон вазифаи (мансаби) пардохтшавандаро дар дигар ташкилот танхо бо розигии макомоти ваколатдори шахси хукуки ё сохибмулки шахси хукуки ё шахси ваколатдоркардашудаи он ишгол намояд.

 

Моддаи 283. Пеш аз мухлат бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки

Рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки хукук дорад, на камтар аз ду мох пештар ба тарики хатти сохибмулки шахси хукуки ё шахси (макомоти) аз чониби шахси хукуки ваколатдоркардашуда ё макомоти ваколатдори шахси хукукиро огох карда, пеш аз мухлат шартномаи мехнатиро катъ намояд.

 

Моддаи 284. Асосхои иловаги барои катъ намудани шартномаи мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки

  1. Ба истиснои асосхои бо Кодекси мазкур пешбинишуда карори сохибмулки шахси хукуки ё шахси аз чониби шахси хукуки ваколатдоркардашуда ё макомоти ваколатдори шахси хукуки дар бораи пеш аз мухлат катъ кардани муносибатхои мехнати асосхои иловаги барои катъ намудани шартномаи мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки шуда метавонад.
  2. Дар холати катъ намудани шартномаи мехнати бо рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки то ба охир расидани мухлати амали он ба у чубронпули барои пеш аз мухлат катъ намудани шартномаи мехнати дар хачм, шартхо ва тартиби муайяннамудаи шартномаи мехнати пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 285. Хусусияти танзими мехнати аъзои макомоти ичроияи коллегиалии шахси хукуки ва кормандони аз чониби сохибмулки шахси хукуки ё шахси (макомоти) аз чониби у ваколатдоркардашуда ё макомоти ваколатдори шахси хукуки таъйиншуда (интихобшуда)

  1. Хусусияти танзими мехнати рохбари макомоти ичроия, ки бо боби мазкур танзим гардидааст, ба дигар аъзои макомоти ичроияи коллегиалии шахси хукуки низ пахн мегардад, агар бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Хусусияти танзими мехнати кормандони аз чониби сохибмулки шахси хукуки ё шахси (макомоти) аз чониби у ваколатдоркардашуда ё макомоти ваколатдори шахси хукуки таъйиншуда (интихобшуда) бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 28. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕХНАТИ ВАКИЛОНИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, СУДЯХО, ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИ, ХИЗМАТЧИЁНИ ХАРБИ, КОРМАНДОНИ МАКОМОТИ ХИФЗИ ХУКУК ВА ДИПЛОМАТИ, ИНЧУНИН ДИГАР КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТХОИ ДАВЛАТИ ВА ГАЙРИДАВЛАТИ

 

Моддаи 286. Танзими мехнати вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, судяхо ва хизматчиёни давлати

Танзими мехнати вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, судяхо ва хизматчиёни давлатиро Кодекси мазкур бо хусусиятхои пешбининамудаи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки шарт ва тартиби махсуси дохил шудан ба хизмат, адои хизмат ва катъи он, шароити махсуси мехнат, пардохти музди мехнат, инчунин имтиёзхои иловаги, бартарият ва махдудиятро мукаррар намудаанд, танзим мекунанд.

 

Моддаи 287. Танзими мехнати хизматчиёни харби, кормандони макомоти хифзи хукук ва дипломати

Мехнати шахсоне, ки дар хизмати харби, хифзи хукук ва дипломати мебошанд, Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки шароитхои махсус ва тартиби дохил шудан ба хизмат, адои он ва катъи хизмат, шароитхои махсуси мехнат, шартхои пардохти музд, рухсатихо, инчунин имтиёзхои иловаги, бартарият ва махдудиятхои иловагиро мукаррар мекунанд, танзим менамоянд.

 

Моддаи 288. Хусусияти танзими мехнати кормандони дигар ташкилотхои давлати ва гайридавлати

Хусусияти мехнати кормандони дигар ташкилотхои давлати ва гайридавлати бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

 

ФАСЛИ IV. ШАРИКИИ ИЧТИМОИ ВА МУНОСИБАТХОИ КОЛЛЕКТИВИ ДАР СОХАИ МЕХНАТ 

БОБИ 29. КОЛЛЕКТИВИ МЕХНАТИ ВА ШАРИКИИ ИЧТИМОИ ДАР СОХАИ МЕХНАТ

 

Моддаи 289. Коллективи мехнати

  1. Тамоми кормандони ташкилот коллективи мехнатиро ташкил медиханд.
  2. Хукук ва ухдадорихои коллективи мехнати, тартиб ва шакли татбики онхоро санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, оинномаи (низомномаи) ташкилот муайян мекунанд.

 

Моддаи 290. Намояндагони кормандон дар ташкилот

  1. Намояндагони кормандон дар ташкилот бо максади химояи манфиатхои кормандон дар муносибатхои мехнати мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон интихоб мешаванд.
  2. Иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон манфиатхои кормандонро дар муносибатхои мехнати намояндаги мекунанд.
  3. Хукуки иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандонро дар муносибат бо макомоти давлати ва хочаги, корфармоён конунгузории Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи муайян менамоянд.
  4. Кормандон худашон он макомеро, ки ба он намояндаги ва химояи манфиатхояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.
  5. Хамаи макомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онхо додашуда амал карда, хангоми химояи манфиати кормандон аз хукукхои баробар истифода мебаранд. Хамкории макомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот хавасманд карда мешавад.
  6. Мавчудияти макомоти гуногуни намояндаги дар ташкилот набояд дар фаъолияташон ба амали гардонидани вазифахо халал расонанд.
  7. Манфиатхои кормандон ва корфармоёнро наметавонад хамон як макоми намояндагии кормандони ташкилот намояндаги ва химоя намояд.

 

Моддаи 291. Хукукхои намояндагони кормандон дар ташкилот

  1. Намояндагони кормандон дар ташкилот хукук доранд:

– гуфтушунидхои коллективона гузаронанд, созишнома ва шартномахои коллективи ба имзо расонанд, дар тахияи санадхои дигари меъёри оид ба мехнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоихаи чунин санадхоро пешниход кунанд;

– дар баррасии масъалахои рушди ичтимоию иктисодии ташкилот иштирок намоянд;

– риояи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективиро назорат кунанд;

– дар макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнати манфиати кормандро химоя кунанд;

– дар бораи карори корфармо ва шахсони ваколатдори у, агар карор хилофи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат бошад ё бо рохи дигар хукукхои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;

– тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон корпартои эълон кунанд;

– хангоми фаъолияти намояндаги дигар амали конуниро анчом диханд.

  1. Хамаи намояндагони ваколатдоршудаи кормандон хукукхои баробар доранд.

 

Моддаи 292. Манъи дахолат ба фаъолияти конунии намояндагони кормандон

  1. Дахолат ба фаъолияти конунии намояндагони кормандон дар кадом шакле, ки бошад, манъ аст.
  2. Катъ намудани фаъолияти намояндагони кормандон бо ташаббуси корфармо ва ё шахсони ваколатдори у манъ аст.

 

Моддаи 293. Ухдадорихои корфармо ва шахсони ваколатдори у нисбат ба намояндагони кормандон

Корфармо ва шахсони ваколатдори у нисбат ба намояндагони кормандон ухдадоранд:

– ба фаъолияти намояндагони кормандон мусоидат намуда, хукукхои онхоро риоя кунанд;

– кабл аз кабули карорхое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо намояндагони онхо машварат кунанд;

– пешниходи намояндагони кормандонро сари вакт барраси намуда, дар бораи карорхои кабулнамудаи худ иттилои асоснок диханд;

– ба намояндагони кормандон барои бемамоният рафтан ба чойи кори кормандоне, ки манфиати онхоро ифода менамоянд, ичозат диханд;

– ба намояндагони кормандон оид ба масъалахои мехнат ва рушди ичтимоию иктисоди ройгон маълумоти зарури диханд;

– барои ичрои ухдадорихояшон ба намояндагони кормандон шароити мусоид фарохам оранд;

– барои фаъолияти намояндагони кормандон бино, воситахои наклиёт, алока, дигар шароитхоро, ки тартиби вогузории онхо дар созишнома ва шартномахои коллективи муайян гардидааст, диханд;

– дар муносибат бо намояндагони кормандон дигар ухдадорихоро, ки санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд, ичро намоянд.

 

Моддаи 294. Кафолатхои иловагии мехнати барои намояндагони кормандон

  1. Ба намояндагони кормандон вобаста ба амали гардонидани фаъолияти намояндаги химоя аз хар гуна таъкиби корфармо кафолат дода мешавад.
  2. Ба кормандоне, ки бинобар намояндаи кормандон интихоб шуданашон аз фаъолияти истехсоли озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатхои интихобиашон чойи кори (вазифаи) пештараашон пешниход карда мешавад, агар чунин чойи кор мавчуд набошад, чойи кори (вазифаи) ба он баробар дар хамон ташкилот пешниход мегардад.

 

Моддаи 295. Намояндагони корфармоён

Корфармоён хукук доранд, дар иттифокхо, ассотсиатсияхо ва дигар иттиходияхои чамъияти муттахид шаванд. Иттиходияхои чамъиятии корфармоён хамчун ташкилоти чамъияти таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва максади асосиашон мусоидат ба рушди иктисоди, баланд бардоштани самаранокии иктисодиёт ва ташаббуси сохибкори, инчунин бо рохи ифода намудани манфиатхои ташкилотхо ва сохибони молу мулк, химояи хукуки онхо дар сохаи муносибатхои хочаги ва мехнати дар макомоти давлати, дар муносибатхои хамдигари бо намояндагони кормандон ба амал баровардани шарикии ичтимои мебошад.

 

Моддаи 296. Максади бастани созишнома ва шартномахои коллективи

  1. Созишнома ва шартномахои коллективи бо максади илова ба санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чихати мукаррар намудани шароити мехнат, шугл ва кафолати ичтимои баста мешаванд.
  2. Тартиби тахия, бастан, амали созишнома ва шартномахои коллективиро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 297. Максади шарикии ичтимои

Максади шарикии ичтимои аз инхо иборат аст:

– татбики хукукхои мехнати ва хифзи манфиатхои ичтимоию иктисодии шахрвандони Чумхурии Точикистон тибки кафолатхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур, санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– мусоидат ба танзими масъалахои ичтимоию мехнати, бо фарогирии масъалаи мукаррар намудани андозаи музди мехнат;

– зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши хосилнокии мехнат ва самаранокии истехсолот;

– таъсиси механизми самараноки танзими муносибатхои ичтимои-мехнати;

– гузаронидани музокироти коллективи, машваратхои мутакобила, тахия ва бастани созишнома ва шартномахои коллективи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– пешгирии бахсхои мехнатии коллективи ва мусоидат ба халли ихтилофотхои ичтимои-мехнати;

– тахким ва инкишофи муносибатхои ичтимоию мехнати дар асоси принсипхои демократи;

– фарохам овардани шароити мусоид барои таъмини шугли ахолии Чумхурии Точикистон ва инкишофи бозори мехнат.

 

Моддаи 298. Принсипхои асосии шарикии ичтимои

Принсипхои асосии шарикии ичтимои инхоянд:

– хатман бастани созишнома ва шартномахои коллективи дар сурати манфиатдор будани кормандон ва ё корфармо дар шахси намояндагони ваколатдор бо тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– баробархукукии тарафхо;

– ваколатдории намояндагони тарафхо;

– эхтироми манфиати тарафхо;

– интихоби озод дар баррасии масъалахое, ки мазмуни созишнома ва шартномахои коллективиро ташкил медиханд;

– ихтиёри аз чониби тарафхо кабул намудани ухдадорихо;

– ичрои хатмии мукаррароти созишнома ва шартномахои коллективии аз чониби тарафхо кабулгардида;

– чавобгарии тарафхо барои ичро накардани ухдадорихо, карорхо, созишнома ва шартномахои коллективи;

– назорати мутакобила ва самимият (ошкоро) дар назди шарикон;

– дурусти ва мунтазамии иттилоот оид ба масъалахои фаъолияти тарафхо.

 

Моддаи 299. Шаклхои амали намудани шарикии ичтимои

Шаклхои амали намудани шарикии ичтимои инхоянд:

– музокирот ва машваратхо;

– тахия, кабул ва татбики карорхои муштарак;

– бастани созишнома ва шартномахои коллективи;

– иттилоотонии мутакобилаи тарафхо оид ба ичрои ухдадорихои кабулгардида.

 

Моддаи 300. Макомоти асосии низоми шарикии ичтимои

  1. Макомоти асосии низоми шарикии ичтимои дар тамоми сатххо комиссияхои сетарафа (дутарафа) ба хисоб мераванд. Аз чониби комиссияхо музокироти коллективи гузаронида, созишнома ва шартномахои коллективи тахия ва баста мешаванд, хамчунин рафти ичрои онхо мавриди барраси карор мегиранд.
  2. Комиссияхои чумхурияви, сохави ва минтакави мувофики Низомнома дар бораи комиссияхои сетарафа оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати дар Чумхурии Точикистон, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо мувофикаи иттиходияхои намояндагони кормандон ва иттиходияи корфармоён тасдик мегардад, фаъолият мекунанд.
  3. Дар сатхи чумхурияви комиссияхои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати, макомот оид ба таъмини мутобикгардонии манфиатхои давлат ва тарафхои муносибатхои ичтимоию мехнати дар Чумхурии Точикистон барпо карда мешаванд. Комиссияхои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Хукумати Чумхурии Точикистон, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакили Точикистон ва Иттиходияи корфармоёни Чумхурии Точикистон иборатанд.
  4. Дар сатхи сохави комиссияхои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати таъсис дода мешаванд. Хайати комиссияхои сохави, ки ба он намояндагони макомоти дахлдори ичроияи хокимияти давлати, намояндагони кормандон ва корфармоён шомиланд, аз чониби тарафхо ташкил карда мешавад.
  5. Дар сатхи минтакави комиссияхои сетарафа оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати аз хисоби намояндагони макомоти дахлдори ичроияи хокимияти давлати, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.
  6. Дар сатхи ташкилотхо оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати, тахия ва бастани шартномахои коллективи комиссияхои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба хайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.
  7. Дар сатхи гуруххои молияви – саноати ва корпоратсияхои трансмилли комиссияхои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратхои) коллективи, тахия ва бастани созишнома дар иттиходияхои ташкилотхои мазкур, аз чумла ташкилотхои берун аз худуди давлат чойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба хайати комиссияхо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мешаванд.

 

БОБИ 30. ТАРТИБИ БАСТАНИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ТАРАФХОИ ШАРИКИИ ИЧТИМОИ

 

Моддаи 301. Намудхои созишнома ва иштирокчиёни он

  1. Намудхои созишномахо инхоянд:

– генерали;

– сохави;

– минтакави.

  1. Созишномаи генерали принсипхои умумии сиёсати шарикии ичтимоию иктисоди, равандхои асосии хамкори ва ухдадорихои тарафайни Хукумати Чумхурии Точикистон, иттиходияхои иттифокхои касаба, дигар намояндагони кормандон ва иттиходияхои умумичумхуриявии корфармоёнро дар сохаи шугли ахоли, баланд бардоштани кафолатхои ичтимоии шахрвандон, таъмини хифзи ичтимоии гуруххои камбизоати ахоли, зиёд кардани даромади кормандонро вобаста ба муътадил гардидани вазъи иктисодиёт муайян мекунад.
  2. Созишномаи сохави равандхои ичтимоию иктисодии инкишофи соха, шароити мехнат, сатхи шугл, музди мехнат, кафолатхои ичтимоии кормандони соха ва масъалахои тарафайни сатхи сохавиро муайян менамояд.
  3. Созишномаи минтакави шароити умумии мехнат, кафолат ва имтиёзхои мехнатиро дар минтакаи вохиди дахлдори маъмурии худуди муайян намуда, хангоми бастани шартнома ба хисоб гирифта мешавад ва барои тарафхо хатми мебошад.
  4. Созишнома бо мувофикаи тарафхо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар музокироти сетарафа иштирок мекунанд, дар сурати ба он талаб намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдори намоянд.
  5. Созишномахо дар сатххои зерин баста мешаванд:

– дар сатхи чумхурияви – байни Хукумати Чумхурии Точикистон, иттиходияи корфармоён ва намояндагони кормандони Точикистон (созишномаи генерали);

– дар сатхи сохави – байни макомоти дахлдори давлати, иттиходияхои корфармоён ва макомоти сохавии намояндагии кормандон;

– дар сатхи вилояти – байни макомоти дахлдори ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои корфармоён ва иттиходияхои вилоятии намояндагони кормандон;

– дар сатхи шахри (нохияви) – байни макомоти дахлдори ичроияи махаллии хокимияти давлати, иттиходияхои корфармоён (сохибмулкон), намояндагони кормандон.

 

Моддаи 302. Тартиб ва мухлати бастани созишнома

  1. Тартиб, мухлати тахия ва бастани созишнома ва хайати комиссия аз чониби тарафхо муайян гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд.
  2. Лоихаи созишнома аз чониби комиссия тахия гардида, аз тарафи макомоти дахлдори идораи давлати, иттиходияхои корфармоён, макомоти иттифокхои касаба ё дигар намояндагони кормандон ба имзо расонида мешавад.
  3. Тартиби мушаххаси бастани созишномахоро Низомномаи тартиби тахия ва бастани созишномахои генерали, сохави ва минтакави дар Чумхурии Точикистон, ки Хукумати Чумхурии Точикистон бо мувофикаи намояндагони кормандон ва иттиходияхои корфармоён тасдик кардааст, муайян менамояд.

 

Моддаи 303. Мазмуни созишнома

  1. Мазмуни созишнома аз инхо иборатанд:

– ухдадорихо дар сохаи пардохти музди мехнат, хифзи мехнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

– ичрои мачмуи тадбирхои махсус оид ба хифзи ичтимоии ахоли, чорабинихо оид ба инкишофи бозори мехнат, таъминоти муфиди шугли ахоли, зиёд намудани хачми махсулот, аз чумла молхои ниёзи мардум ва кишоварзи;

– мукаррар намудани меъёрхои асосии сатхи зиндаги ва паст кардани сатхи камбизоати;

– мукаррар намудани имтиёзхо ва афзалиятхои иловаги ба ташкилотхо, корфармоёне (сохибмулконе), ки чойхои кории иловаги ташкил намуда, аз мехнати маъюбон, занон, чавонон, аз чумла наврасон истифода менамоянд;

– иштироки кормандон дар истифодабарии даромадхое, ки аз фуруши молу мулки ба моликияти давлати тааллукдошта ба даст меоянд;

– хифзи манфиати кормандон хангоми хусусигардонии фонди манзил;

– зиёд намудани хачми иловапулихои хусусияти чубронидошта, ки андозаи хадди акали онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст;

– таъмини амнияти экологи ва хифзи саломати;

– масъалахои таъминоти ичтимои ва сугуртаи ичтимои;

– бехтар намудани шароити хизматрасонии ичтимоии шахсоне, ки дар истехсолот кор мекунанд, дигар масъалахои ба сохаи рушди ичтимоию иктисоди ва муносибатхои мехнати вобаста, инчунин ухдадорихо оид ба пешгирии ихтилофоти мехнати ва корпартоихо, тахкими интизоми мехнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба раванди ичрои созишнома.

  1. Тарафхо инчунин метавонанд дар созишнома шартхои иловагиро мукаррар намоянд, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф набошанд.

 

Моддаи 304. Амали созишнома

  1. Созишнома аз рузи имзо шудани он аз чониби тарафхо ва ё аз рузи дар созишнома мукарраршуда эътибор пайдо мекунад. Давраи амал ва мухлати бастани созишномаро тарафхо муайян мекунанд.
  2. Созишнома доираи кормандонеро, ки дар созишнома муайян карда шудааст, фаро мегирад.

 

Моддаи 305. Тагйиру иловахо ба созишнома

Тагйиру иловахо ба созишнома тибки тартиби барои бастани он мукарраргардида бо мувофикаи тарафхо ворид карда мешаванд.

 

БОБИ 31. ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВИ

 

Моддаи 306. Карор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективи

Карор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективиро дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва намуди фаъолият иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон ва корфармо кабул менамоянд.

 

Моддаи 307. Тарафхои шартномаи коллективи

  1. Шартномаи коллективи дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва намуди фаъолият, дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, инчунин дар вохидхои таркибии ташкилотхо оид ба масъалахое, ки марбут ба салохияти ин вохидхои сохтори мебошанд, баста мешаванд.
  2. Тарафхои шартномаи коллективи намояндагони кормандон, корфармо (сохибмулк) ё макомоти аз тарафи онхо ваколатдоршуда ба хисоб мераванд.
  3. Дар сурати дар ташкилот мавчуд будани якчанд намояндагони кормандон, бо мувофикаи байни онхо ба сифати тарафи шартномаи коллективи намояндагоне, ки аксарияти кормандони ташкилотро муттахид менамоянд ё онхо хамаи кормандонро намояндаги мекунанд, тарафи шартномаи коллективи шуморида мешаванд.

 

Моддаи 308. Тартиб ва мухлати бастани шартномаи коллективи

  1. Тартиб ва мухлати бастани шартномаи коллективи, хайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъйиншавандаро тарафхо муаяйн мекунанд, ки он бо санади корфармо ба расмият дароварда мешавад.
  2. Лоихаи шартномаи коллективи бояд ба таври хатми дар коллективхои мехнати мухокима карда шавад. Лоихаи такмилдодашуда аз тарафи мачлиси умумии (конференсияи) коллективи мехнати тасдик карда мешавад.
  3. Мачлиси умумии (конференсияи) коллективи мехнатии ташкилот бо протокол (карор) намояндаи худро ухдадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективи бандад (имзо кунад).
  4. Намояндаи кормандон хукук дорад, ки бо тартиб ва шартхои барои бастани шартномаи коллективи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективи, ки аз номи коллективи мехнати баста шудааст, музокирот намояд. Замима чузъи чудонашавандаи шартномаи коллективи буда, баробари он эътибори хукуки дорад.

 

Моддаи 309. Мазмуни шартномаи коллективи

  1. Мазмуни шартномаи коллективи мукаррароти зеринро дар бар мегирад:

– дар бораи ташкили мехнат;

-дар бораи шаклхо, низоми пардохти музди мехнат, мукофотпулихо, кумакпулихо, чубронпулихо ва пардохтхои иловаги;

– дар бораи андозахои тарифии маош ва маошхои вазифави (мансаби) вобаста ба касб, дарачаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити кори, ки онхо ичро менамоянд;

– дар бораи давомнокии вакти кори ва вакти истирохат;

– дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии мехнат, бехтар намудани хифзи саломати, кафолатхои сугуртаи тиббии аъзои коллективи мехнати ва оилахои онхо, дигар намудхои сугурта;

– дар бораи таъмини шугл, омодасозии кадрхо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;

– дар бораи танзими тартиботи дохилии мехнат;

– дар бораи тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияхои созиш оид ба барраси ва халли бахсхои мехнатии коллективи;

– дар бораи тартиби огохонидани намояндагони кормандон ва гузаронидани машварат хангоми ба таври оммави озод намудани кормандон бо сабаби такмил додани ташкили кор, бархам додани ташкилот, пурра ва ё кисман аз кор бозмондани истехсолот.

  1. Дар шартномаи коллективи бо назардошти имкониятхои иктисодии ташкилот метавонанд шартхои дигар, аз чумла шартхои мехнати ва ичтимоиву иктисодии имтиёзнок дар мукоиса бо меъёрхо ва мукаррароти бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва созишномахо мукаррарнамуда (рухсатихои иловаги, иловапулихо ба нафака, чуброни харочоти наклиёт ва сафархои хизмати, таъмини хуроки ройгон ё кисман пардохтшавандаи кормандон дар истехсолот ва фарзандони онхо дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва муассисахои таълимии томактаби, имтиёзхо ва чубронпулихои иловагии дигар) чой дошта бошанд.
  2. Мазмуни шартномаи коллективиро тарафхо дар доираи салохияти худ муайян мекунанд.

 

Моддаи 310. Мухлати амали шартномаи коллективи

  1. Мухлати амали шартномаи коллективиро тарафхо муайян мекунанд.
  2. Шартномаи коллективи аз рузи аз чониби тарафхо имзо шудан ё аз рузи дар шартномаи коллективи мукарраргардида эътибор пайдо мекунад.
  3. Дар мавриди тагйир ёфтани хайати макомоти идоракунии ташкилот, иваз шудани сохибмулк шартномаи коллективи то вакти кабули шартномаи нав амал мекунад.
  4. Дар холати бархам додани ташкилот бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шартномаи коллективи дар тамоми мухлати раванди бархамдихи амал менамояд.

 

Моддаи 311. Тагйиру иловахо ба шартномаи коллективи

Ба шартномаи коллективи дар давоми мухлати амали он бо мувофикаи тарафхо мумкин аст тибки тартиби мукаррарнамудаи шартнома тагйиру иловахо ворид карда шаванд.

 

Моддаи 312. Кафолатхо дар холати пеш аз мухлат катъ кардани шартномаи коллективи

  1. Агар ичрои шартномаи коллективи мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдихии (муттахид, хамрох, таксим, чудо кардан, табдил додан) ташкилот ё тагйир ёфтани намуди фаъолияти он идома додани амали он гайриимкон бошад, сохибмулк бояд хамаи имтиёзхои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигох дорад.
  2. Дар муддати се мох аз рузи гузаштани хукуки сохибмулкии ташкилот ба сохибмулки нав, дар байни у ва намояндагони кормандон шартномаи коллективии нав баста мешавад ва то баста шудани он хамаи мукарраротхои шартномаи коллективии каблан амалкунанда риоя карда мешаванд.
  3. Дар холати бархамдихии ташкилот то ба охир расидани мухлати амали шартномаи коллективи сохибмулк ё макомоти ваколатдори таъсисдихандаи ташкилот ухдадоранд, ки ба кормандон дар давоми мухлати бархамдихи маблаги барои халли масъалахои инкишофи ичтимоии коллектив, имтиёзхои инфиродии дар шартномаи коллективи пешбинишударо пардохт намоянд.

 

Моддаи 313. Ухдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективи

  1. Шахсони мансабдор ухдадоранд дар музокироти коллективи иштирок намоянд.
  2. Шахсони мансабдоре, ки аз иштирок дар музокироти коллективи ва аз даъвати комиссияи гузаронидани музокирот бо максади бастани созишнома ва шартномахои коллективи саркаши мекунанд ё ухдадорихои тибки созишнома ва шартномахои коллективи пешбинишударо ичро накардаанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари ­кашида мешаванд.

 

БОБИ 32. НАЗОРАТ ВА БАКАЙДГИРИИ СОЗИШНОМА ВА ШАРТНОМАХОИ КОЛЛЕКТИВИ

 

Моддаи 314. Назорати татбики созишнома ва шартномахои коллективи

  1. Назорати татбики созишнома ва шартномахои коллективиро комиссияхои дахлдор оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати, тарафхо (намояндагони онхо), инчунин макомоти аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдоршуда амали менамоянд.
  2. Назорати рафти ичрои созишнома ва шартномахои коллективи дар асоси Низомномаи комиссияи сетарафаи чумхурияви оид ба шарикии ичтимои ва танзими муносибатхои ичтимоию мехнати, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда шудааст, амали карда мешавад.

 

Моддаи 315. Бакайдгирии созишнома ва шартномахои коллективи

  1. Созишнома ва шартномахои коллективи дар давоми дах рузи баъд аз имзо шуданашон бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бакайдгирии огохони ба макомоти дахлдор оид ба мехнат фиристода мешавад.
  2. Бакайдгири ба эътибори конуни пайдо кардани созишнома ва шартномахои коллективи таъсир намерасонад.
  3. Шартхои созишнома ва шартномахои коллективи, ки холати кормандонро нисбат ба санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бад мекунанд, эътибор надоранд ва татбик карда намешаванд.

 

Моддаи 316. Масъулияти тарафхои созишнома ва шартномахои коллективи

Дар сурати саркаши намудан аз музокирот ва бо гунохи яке аз тарафхо ичро нагардидани шартхои созишнома ва шартномахои коллективи тарафи дигар хукук дорад дар бораи чуброни зарари моддии дар натичаи ин амал расонидашуда тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон аризаи даъвоги пешниход намояд.

 

БОБИ 33. БАРРАСИИ БАХСХОИ МЕХНАТИИ КОЛЛЕКТИВИ

 

Моддаи 317. Тартиби баррасии бахсхои мехнатии коллективи

Тартиби баррасии бахсхои мехнатии коллективи бо Кодекси мазкур, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи танзим карда мешавад.

 

Моддаи 318. Пешниходи талаботи кормандон

  1. Ба пешниходи талабот кормандон ва намояндагони онхо хукук доранд.
  2. Талаботхои кормандон дар мачлиси (конференсияи) кормандон пешниход карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниходи талабот барои иштирок кардан дар баррасии бахси мехнатии коллективи намояндагони ваколатдори худро интихоб мекунанд.
  3. Намояндагони кормандон талаботашонро бо тартиби мукаррарнамудаи оиннома ва ё карори мачлиси (конференсияи) кормандоне, ки макомоти намояндагиро таъсис додааст, пешниход мекунанд.
  4. Талаботхо хатти пешниход карда, ба корфармо фиристода мешаванд.

 

Моддаи 319. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар бахсхои мехнатии коллективи

  1. Макомоти иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, ки мувофики оинномахояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар намояндагони кормандон, ки мачлиси (конференсияи) кормандон интихоб намудааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд.
  2. Намояндагони корфармоён рохбарони ташкилотхо ё дигар шахсони мувофики оинномаи ташкилот ваколатдор, макомоти ваколатдори ассотсиатсияхо ё иттиходияхои корфармоён мебошанд.

 

Моддаи 320. Миёнарави

  1. Миёнарав бо мувофикаи тарафхо интихоб гардида, миёнаравиро дар гузаронидани гуфтушунид барои расидан ба созиши тарафхо ичро мекунад.
  2. Миёнарав хукук дорад барои ичрои ухдадориаш аз тарафхо маълумоту хуччатхои заруриро талаб карда гирад.
  3. Миёнарав хукук надорад иттилооти махфиро, ки барои ичрои ухдадорихояш гирифтааст, фош намояд.
  4. Коидаи миёнаравиро тарафхо бо розигии миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъд аз кушиши ошти кунонидани тарафхо ба онхо оид ба баррасии бахс ва чихати халли он тавсияхои хатти медихад.
  5. Агар тарафхо дар давоми дах руз тавсияи миёнаравро рад накарда бошанд ва ё агар тарафхо каблан оид ба ичрои тавсия созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафхо хатми мегардад.

 

Моддаи 321. Арбитражи мехнати

  1. Агар тарафхои бахси мехнатии коллективи дар комиссияи ошти дар давоми дах руз созиш накунанд, бо иштироки намояндаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати арбитражи мехнати таъсис дода мешавад.
  2. Хайат ва шумораи арбитражи мехнатиро аз руи хар бахс тарафхо муайян мекунанд. Раиси арбитражи мехнати бо созиши тарафхо аз чумлаи аъзои хамин арбитражи мехнати тасдик карда мешавад.
  3. Ба хайати арбитражи мехнати вакилони халк, намояндагони иттифокхои касаба ё дигар намояндагони кормандон, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.
  4. Арбитражи мехнати бахси мехнатии коллективиро бо иштироки хатмии намояндагони тарафхо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони макомоти дигари манфиатдор барраси мекунад.
  5. Арбитражи мехнати бояд дар давоми дах рузи таъсис ёфтанаш карор кабул намояд.
  6. Агар тарафхо каблан дар бораи ичрои карор созишнома имзо карда бошанд, карори арбитражи мехнати хатми мебошад.
  7. Тарафхо ва макомоти ошти ухдадоранд, ки барои рафъи сабаби холатхое, ки боиси бахси мехнатии коллективи гардидаанд, тамоми имкониятхоро истифода намоянд.
  8. Агар комиссияи ошти ва арбитражи мехнати ихтилофи тарафхоро танзим карда натавонанд, сабабхои онро ба коллективи мехнати, иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон навишта мефиристанд. Дар ин холат коллективи мехнати, иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон хукук доранд барои ичрои талабхое, ки мувофики моддаи 318 Кодекси мазкур ба миён гузошта шудаанд, тамоми воситахои пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистонро то хадди пурра ё кисман катъ кардани кор (ба кор набаромадан, ичро накардани ухдадорихои мехнати) дар ташкилот, муассиса, ташкили корпартоиро истифода баранд.

 

Моддаи 322. Баррасии судии бахсхои мехнатии коллективи

  1. Бахсхои мехнатии коллективи дар мавриди татбики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат (ичро накардан ё вайрон намудани онхо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафхо дар суд барраси мегарданд.
  2. Хангоми баррасии аризахо дар суд ва ичрои карорхои он коидахо ва мухлатхое, ки барои бахсхои мехнатии фарди дар Кодекси мазкур мукаррар шудаанд, истифода мегарданд.

 

Моддаи 323. Корпартои

  1. Агар бахсхои мехнатии коллективи бо чорахои ошти барраси ва хал нашуда бошанд, ё корфармо аз чорахои ошти саркаши намояд ва ё созишхои дар рафти баррасии бахс хосилшударо ичро накунад, кормандон хукук доранд тадбирхои дигари нихоии барраси ва халли бахс – корпартоиро истифода баранд.
  2. Карор дар бораи корпартои дар мачлиси (конференсияи) коллективи мехнати ё намояндагони кормандон бо овоздихии пинхони кабул карда мешавад ва агар ба тарафдории карор на кам аз се ду хиссаи аъзои коллективи дар мачлис хузурдошта (намояндагони кормандон) ё аз се ду хиссаи вакилони конференсияи намояндагони коллективи мехнати, дар сурати салохиятнок будани мачлис (намояндагони кормандон), кабул мегардад.
  3. Корпартоиро як шахс ё гурухи шахсоне, ки аз тарафи коллективи мехнати ё намояндагони кормандон ваколатдор шудааанд, рохбари мекунанд.
  4. Корфармо аз огози корпартои ва мухлати имконпазири он камаш як мох пеш бояд хатти огох карда шавад.
  5. Агар корпартои ба хаёт ва саломатии одамон, амният ва кобилияти мудофиавии давлат хатари чидди ба вучуд орад, хукук ба корпартои метавонад мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд карда шавад.
  6. Конуни ё гайриконуни будани корпартоиро суд мукаррар мекунад.

 

Моддаи 324. Кафолатхо ва чубронхо ба кормандоне, ки корпартои мекунанд

  1. Ширкат дар корпартои ихтиёрист. Хеч касро барои ширкат кардан ё накардан дар корпартои мачбуран чалб кардан мумкин нест.
  2. Ширкати корманд дар корпартои (ба истиснои ширкат дар корпартоихои гайриконуни) хамчун вайрон кардани интизоми мехнат ё асос барои бекор кардани шартномаи мехнати барраси шуда наметавонад.
  3. Музди мехнати кормандоне, ки дар корпартои ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти ичрои кори худро надоштанд, на камтар аз маблаги барои бекористи, ки ба он корманд гунахгор нест, дода мешавад.
  4. Барои давраи корпартои музди мехнати кормандони дар он ширкаткарда нигох дошта намешавад, агар дар шартнома оид ба халли бахс тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  5. Кумитаи иттифоки касаба ва дигар намояндагони кормандон хукук доранд, ки аз хисоби пардохтхои ихтиёри ва хайрияхо фонди корпартои, фонди махсуси сугурта таъсис диханд.

 

Моддаи 325. Ухдадорихои корфармо дар халли бахсхои мехнатии коллективи

  1. Корфармо ухдадор аст, ки дар кори комиссияи ошти иштирок намояд ва карорхои онро бетаъхир ичро кунад.
  2. Бо талаби иттифоки касаба ва ё намояндагони кормандон макомоти дахлдори ташкилот ухдадор аст, ки то аз вазифа (мансаб) озод кардани рохбаре, ки бо гунохи у бахси мехнатии коллективи руй додааст, чорахо андешад.

 

Моддаи 326. Масъулияти кормандон барои корпартоихои гайриконуни

  1. Ташкили корпартои, ки суд онро гайриконуни донистааст ё худ иштирок дар он хамчун вайрон кардани интизоми мехнат эътироф гардида, боиси татбики чорахои чазои интизомии пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон шуда метавонад.
  2. Бо рохи зури ё тахдид ба корпартои мачбур кардани корманд манъ аст.
  3. Зарари ба сохибмулк аз корпартоии гайриконуни расида, ки бо карори коллективи мехнати гузаронида шудааст, аз хисоби ташкилот бо тарики суди чуброн карда мешавад.
  4. Агар корпартоии гайриконуни бо ташаббуси иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон гузаронида шуда бошад, зарар аз хисоби иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон чуброн карда мешавад.
  5. Шахсоне, ки манфиати тарафхоро муаррифи намуда, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намекунанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

ФАСЛИ V. БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ 

БОБИ 34. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ХИФЗИ МЕХНАТ

 

Моддаи 327. Идоракунии давлатии хифзи мехнат

  1. Татбики принсипхои сиёсати давлати дар сохаи хифзи мехнат, тахияи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин талабот ба воситахои истехсолот, технология ва ташкили мехнат, ки ба хамаи кормандон шароити бехатар ва солими мехнатро кафолат медиханд, ташкил ва амали намудани назорати давлатии риояи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат идоракунии давлатии хифзи мехнат мебошад.
  2. Идоракунии давлатии хифзи мехнат аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мехнат ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати амали карда мешавад.

 

Моддаи 328. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат дохил мешаванд:

– татбик намудани самтхои асосии сиёсати давлати оид ба хифзи мехнат;

– кабули санадхои меъёрии хукуки оид ба хифзи мехнат дар доираи салохияти худ;

– муайян намудани асосхои идоракунии давлатии хифзи мехнат;

– мусоидат ба тахия ва татбики барномахои максадноки чумхурияви, сохави ва минтакави оид ба бехдошти шароит ва хифзи мехнат ва назорати ичрои онхо;

– муайян намудани харочот барои хифзи мехнат аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви;

– муайян кардани ваколатхои макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мехнат;

– таъмини хамкории макомоти хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, корфармоён, иттиходияхои корфармоён, инчунин иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо ва дигар макомоти намояндагии ваколатдори кормандон дар татбики сиёсати давлатии хифзи мехнат;

– хамкории байналмилали оид ба хифзи мехнат;

– дигар салохиятхо оид ба хифзи мехнат.

 

Моддаи 329. Ваколатхои макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мехнат

Ваколатхои макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мехнат аз инхо иборатанд:

– тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат ва бо тартиби мукарраргардида ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани онхо;

– тахия ва тасдики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат дар доираи ваколати худ;

– хамохангсозии корхои вазорату идорахо оид ба хифзи мехнат;

– ташкил ва сертификатсияи корхо оид ба хифзи мехнат дар ташкилотхо;

– экспертизаи давлатии шароити мехнат дар ташкилотхои амалкунанда ва навтаъсисёфта, новобаста аз шакли ташкилию хукукии онхо;

– ба рох мондани назорати давлатии риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат;

– дар мувофика бо макомоти давлатии омор тахия ва кабули шаклхои хисоботи давлатии омории нишондихандахои шароитхо ва хифзи мехнат, ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби;

– тахияи тартиби тафтиши ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби;

– тахия ва тасдики коидахои байнисохави ва санадхои ташкилию методи оид ба хифзи мехнат;

– тасдик намудани меъёрхои намунавии сохавии ба кормандон ройгон додани воситахои мухофизати инфироди;

– хамохангсози ва гузаронидани корхои илмию тадкикоти оид ба хифзи мехнат;

– тахияи барномахои милли ва минтакави оид ба бехдошти шароити мехнат ва хифзи он;

– дигар ваколатхо оид ба хифзи мехнат бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 330. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба хифзи мехнат

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколатхои худ татбики самтхои асосии сиёсати давлатиро оид ба хифзи мехнат таъмин менамоянд.

 

БОБИ 35. БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ

 

Моддаи 331.Талаботи хифзи мехнат

  1. Корфармо ухдадор аст, ки дар тамоми ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки шароити мехнатии ба талаботи бехатари ва санитарию гигиени чавобгуро мухайё намояд.
  2. Талаботи хифзи мехнат бо санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  3. Корфармо барои риоя накардани талаботи хифзи мехнат чавобгар аст.

 

Моддаи 332. Хукуки корманд ба гирифтани маълумот дар бораи хифзи мехнат

  1. Дар вакти бастани шартномаи мехнати корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити мехнат, аз чумла дар бораи омилхои зарарнок ё хатарноки истехсоли, хатари беморихои касби ва дигар беморихо, дар хусуси имтиёзу чубронхое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани имтиёзхо хукук дорад ва аз воситахои мухофизати инфироди маълумот дихад.
  2. Корфармо ухдадор аст, соле на камтар аз як маротиба кормандон ва ё намояндагони онхоро аз холати шароити мехнати дар истехсолот ва чойхои кор, оид ба натичаи тафтиши шароити мехнат аз тарафи макомоти назорати, андешидани тадбирхо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатари мехнат хабардор созад, чунин маълумотро бо хохиши корманд дар ихтиёри у гузорад.

 

Моддаи 333. Муоинаи тиббии баъзе гуруххои кормандон

  1. Корфармо ухдадор аст, пешаки хангоми бастани шартномаи мехнати ва дар раванди кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз чумла дар корхои зери замини ва шабона, хамчунин бо воситахои наклиёт кор мекунанд, ба максади муайян кардани мутобикати кори ичрошаванда ба саломатии онхо ва пешгирии беморихои касби хатман аз муоинаи тибби гузаронад.
  2. Кормандоне, ки дар саноати хуроквори, сохаи хуроки умуми, савдо ва дигар сохахое, ки бевосита бо хизматрасонии ахоли машгуланд, бо максади хифзи саломатии ахоли, пешгири аз пайдоиш ва пахншавии беморихо аз муоинаи тибби мегузаранд.
  3. Дар корхои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз огози кор аз муоинаи тибби гузаронида мешаванд.
  4. Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити мехнат вобаста аст, у хукук дорад гайринавбати аз муоинаи тибби гузаштанашро талаб намояд.
  5. Руйхати омилхои зарарноки истехсоли ва корхое, ки хангоми ичрои онхо кормандон аз муоинаи тиббии пешаки ва даври мегузаранд, тартиб ва мухлати гузаронидани онхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  6. Хангоми аз муоинаи тибби саркаши кардани корманд ё тавсияхои дар натичаи муоинаи тибби додашударо риоя накардани у, корфармо хукук дорад кормандро ба ичрои ухдадорихои мехнатиаш рох надихад.
  7. Аз муоинаи тибби гузаштани корманд аз хисоби маблагхои корфармо амали карда мешавад.

 

Моддаи 334. Имтиёзхо ва чубронхо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

  1. Дар корхои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофики меъёрхо ва тартиби мукарраргардида шир ё дигар махсулоти зарури ройгон дода мешавад.
  2. Меъёрхои додани шир ё дигар махсулоти зарури, тартиби додани онхо, номгуйи моддахои кимиёвие, ки хангоми кор кардан бо онхо ба максадхои пешгири истеъмоли шир ё дигар махсулоти зарури тавсия мешавад, бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар мегарданд.
  3. Дар корхои шароиташон махсусан хатарнок мувофики меъёрхои мукарраршуда хуроки табобатию пешгирикунанда ройгон дода мешавад.
  4. Руйхати истехсолот, ихтисосу вазифахое, ки машгул шудан бо онхо ба гирифтани хуроки табобатию пешгирикунанда хукук медихад, номгуй ва меъёри чунин хурок, тартиби додани он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
  5. Корфармо ухдадор аст ба корманд ба гайр аз ин имтиёзу чубронхо, дигар имтиёзу чубронхои пешбиникардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дихад.

 

Моддаи 335. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситахои мухофизати инфироди ва гигиени

  1. Корфармо ухдадор аст ба кормандоне, ки бо корхои шароиташон зарарнок ва хатарнок, хамчунин дар шароити номусоиди харорати ё бо ифлоси вобаста машгуланд, мувофики меъёрхои мукарраршуда либосу пойафзоли махсус ва дигар воситахои мухофизати инфироди ва гигиениро ройгон дихад.
  2. Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситахои мухофизати инфиродии ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигохдори, шустушуй, таъмиз, безарар ва таъмир карда мешаванд.
  3. Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситахои мухофизати инфироди ба корманд дода нашуда бошанд ё мухлати додани ин воситахо гузашта бошад ва ё корманд ноилоч онхоро бо маблаги худ харида гирад, корфармо ухдадор аст, ки ба корманд харочоти харидории воситахои мазкурро чуброн намояд. Дар сурати бе гунохи корманд пеш аз мухлат фарсуда шудани либосу пойафзоли махсус, воситахои мухофизати инфироди корфармо ухдадор аст, ки онхоро иваз намояд.
  4. Агар ба сабаби кормандро бо воситахои мухофизати инфироди ва гигиени таъмин накардан ба хаёту саломатии у хатар тахдид намояд, корманд метавонад корро катъ кунад. Барои мухлати катъи кор хамчун барои бекористи бе гунохи корманд музд дода мешавад.

 

Моддаи 336. Додани дастур ба кормандон оид ба коидахои хифзи мехнат ва усулхои бехатарии кор

  1. Корфармо ухдадор аст ба кормандоне, ки ба кор кабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба хифзи мехнат ва омузиши усулхои бехатари кор дастур дихад.
  2. Барои кормандони дар истехсолоти шароити корашон махсусан хатарнок бояд таълими хифзи мехнат ба рох монда, онхо баъд аз хатми таълим имтихон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтихон карда шаванд.
  3. Дастурдихи, таълим ва санчиши давра ба давраи дониши кормандон, аз чумла мутахассисон ва рохбароне, ки барои холати хифзи мехнат масъуланд, бо тартиб ва дар мухлатхои мукаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба рох монда мешаванд.
  4. Шахсоне, ки бо тартиби мукарраршуда аз хифзи мехнат ва усулхои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор рох дода намешаванд.
  5. Донистани коидаю меъёрхои бехатари ва хифзи мехнат кисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон такозо мешавад.

 

Моддаи 337. Корро катъ кардани корманд дар холати ба хаёт ва саломатии у тахдид намудани хатар

  1. Агар корманд дар раванди кор ба хаёт ва саломатиаш тахдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситахои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, хукук дорад корро катъ намояд.
  2. Корманд ухдадор аст, ки аз вазъияти хатарноки раванди кор рохбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори китъа) ё макомоти хифзи мехнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 338. Бо сабаби вазъи саломати ба кори сабуктар гузаронидан

  1. Корфармо ухдадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломати, аз чумла маъюби, бемории касби ё дигар сабаби носолимии вобаста бо ичрои ухдадорихои мехнати ба кори нисбатан сабуктар эхтиёч доранд, бо мувофикаи онхо ва мутобики хулосаи тибби онхоро муваккатан ё бе махдудияти мухлат ба чунин кор гузаронида, аз руи имконият чойхои нави кори ташкил намояд.
  2. Музди мехнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломати ба кори дигар мегузаранд ё кумакпулии онхо аз руи сугуртаи ичтимои бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.
  3. Дар холатхое, ки бо сабаби маъюбии мехнати, бемории касби ё дигар сабаби носолимии вобаста бо ичрои ухдадорихои мехнати зарурати тагйири ихтисос пеш меояд, корфармо ухдадор аст барои ба кор таъмин намудани корманди мухточи такмили ихтисос азнавтайёркунии уро бо нигох доштани музди миёнаи мехнати у дар давраи мазкур, вале на зиёда аз дувоздах мох ташкил намояд.
  4. Агар шароити истехсолот ба ташкили бо кор таъмин намудани корманди дар раванди кор маъюбшуда, бемории касби ё дигар сабаби осеби ба саломати бинобар ичрои ухдадории мехнати расида имкон надихад, шартномаи мехнати бо у катъ карда, барои аз кор рафтан кумакпули пардохт карда мешавад.
  5. Андозаи кумакпули барои аз кор рафтан бо ризогии тарафхо муайян карда мешавад ва андозаи он набояд аз музди миёнаи мехнати шашмохаи корманд камтар бошад.

 

Моддаи 339. Чорахои иловагии хифзи мехнати маъюбон

  1. Корфармо ухдадор аст аз хисоби квотаи мукарраршуда маъюбонеро, ки макомоти ваколатдори давлати бо максади ба кор таъмин кардани онхо фиристодааст, ба кор кабул намояд.
  2. Ичрои тавсияхои макомоти ваколатдори давлатии ташхиси тиббию ичтимои оид ба низоми вакти нопурраи кори, сабуктар кардани кор ва дигар шароити мехнати маъюбон барои корфармо хатми мебошад.
  3. Нисбати маъюбон чорахои дигари иловагии хифзи мехнат бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 340. Хизматрасонии санитарию маиши ва тиббии корманд

  1. Корфармо вобаста ба намуди фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон ухдадор аст:

– онхоро бо оби нушоки таъмин намояд;

– хуроки онхоро ташкил кунад;

– дар ташкилот утокхои санитарию маиши, чойи либоскаши, оббози, утокхои махсус (чойхои махсус барои рафъи хастагии зиёди чисмони ва рухи), утоки гигиенаи шахси барои занон, нуктахои расонидани ёрии аввалияи тибби дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани корманд дар чойи корро мучаххаз созад.

  1. Корфармо ухдадор аст, ки макомот ва муассисахои дахлдори тандурусти (нуктаи тибби, кисми тиббию санитари, шифохона) ва хифзи ичтимоии ахолиро бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ташкил намояд.

 

БОБИ 36. КАФОЛАТИ ХУКУКИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ

 

Моддаи 341. Хукуки кормандон ба сугуртаи хатмии ичтимои

Хамаи кормандон аз чониби корфармо тибки тартиб ва шартхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ба сугуртаи хатмии ичтимои аз ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби ё дигар осеб ба саломати вобаста бо ичрои ухдадорихои мехнати бояд фаро гирифта шаванд.

 

Моддаи 342. Бахисобгири ва санчиши ходисахои нохуш дар истехсолот

  1. Корфармо ухдадор аст сабабхои ходисаи нохушро дар истехсолот фавран санчиш намояд, мувофики намунаи мукарраршуда санад тартиб дихад ва ходисаи нохуши дар истехсолот рухдодаро сари вакт ба кайд гирад.
  2. Корфармо ухдадор аст бо талаби чабрдида нусхаи санади ходисаи нохушро на дертар аз се рузи баъд аз анчоми санчиш ба у дихад.
  3. Агар корфармо аз тартиб додани санади ходисаи нохуш саркаши кунад ё чабрдида бо холатхои дар санади ходисаи нохуш нишондодашуда рози набошад, чабрдида хукук дорад, ки ба намояндагони кормандон ё ба суд мурочиат намояд.
  4. Тартиби бахисобгири ва санчиши ходисахои нохушро дар истехсолот Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

Моддаи 343. Кафолати чуброни зарар бо сабаби бад шудани саломати ё фавти корманд

  1. Агар корфармо бинобар таъсири кувваи рафънопазир ё касди чабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зарарро исбот карда натавонад, бояд ин зарарро бо тартиби пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн намояд.
  2. Агар корфармо исбот намояд, ки зарар на бо гунохи у расидааст, хангоми расидани зарар дар шароити одди (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) у аз чуброн кардани зарар озод шуда метавонад.
  3. Музди аз дастрафта, харочоти бад шудани саломати, хамчунин зарари маънави бояд чуброн карда шаванд.
  4. Хангоми таъйин ва пардохти маблаг барои чуброни зарар музди мехнат, стипендия, нафака ва дигар даромади корманд ба хисоб гирифта намешаванд.
  5. Ташкилот ё вориси хукукии он ухдадор аст, ки ба корманде, ки дар натичаи ходисаи нохуш дар истехсолот маъюб шудааст, илова ба маблаги чуброни зарари барои чунин холатхо мукарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздахмохаи чабрдида кумакпулии яквакта пардохт намояд.
  6. Хангоми фавти корманд дар натичаи ходисаи нохуш дар истехсолот, ба оилаи у илова ба маблаге, ки барои шахсони дар таъминоти у буда мукаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди мехнати шастмохаи фавтида кумакпулии яквакта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд.
  7. Дар холати фавти чабрдида хукуки гирифтани чуброни зарар ба шахсони гайрикобили мехнат, ки тахти саробонии мархум буданд ё то рузи фавти у ба гирифтани маблаг аз ин корманд хукук доштанд, хамчунин тифли мархум, ки баъд аз марги у таваллуд шудааст, мегузарад.
  8. Нафакае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъйин мегардад, ба хисоби чуброни зарар дохил намешавад.
  9. Корфармо зарари маънавиро дар сурати гунахкор буданаш ба расидани зарар ба андозаи бо ризоияти чабрдида ё шахрванд муайянгардидае, ки ба сабаби фавти чабрдида ба гирифтани чуброни зарар хукук дорад, чуброн мекунад. Хангоми ба миён омадани бахс андозаи зарари маънави ба тарики суди муайян карда мешавад.

 

Моддаи 344. Кафолатхои давлатии таъмини хукуки корманд ба хифзи мехнат

Бо максади таъмини хукуки кормандон ба хифзи мехнат давлат кафолат медихад:

– манъ будани ворид намудани тагйирот ба конунгузории Чумхурии Точикистон чихати бад намудани хукукхои мукарраргардида оид ба хифзи мехнат;

– тахия ва татбики барномахои максадноки давлати оид ба хифзи мехнат, ки ба бехдошти шароити мехнат ва боло бурдани сатхи бехатарии истехсолот нигаронида шудаанд;

– чори намудани сугуртаи хатмии ичтимоии кормандон аз ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби;

– мухофизати судии хукуки кормандон ба хифзи мехнат аз амалхои гайриконунии корфармоён ва шахсони мансабдор;

– амали намудани назорати давлати оид ба риояи талаботи хифзи мехнат;

– татбики чавобгарии модди нисбат ба корфармоёне, ки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи мехнатро вайрон намудаанд;

– эътироф ва таъмини хифзи хукукхои иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон нисбат ба фаъолияти онхо оид ба хифзи мехнати кормандон.

 

БОБИ 37. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРИ ВА ХИФЗИ МЕХНАТ

 

Моддаи 345. Хукуки корманд ба бехатари ва хифзи мехнат

Корманд чунин хукукхоро доро мебошад:

– ба чойи кори ба талаботи бехатари ва хифзи мехнат чавобгу;

– таъмин будан бо бинои санитари-маиши, воситахои мухофизати инфироди ва коллективи, либоси махсус тибки талаботи бехатари ва хифзи мехнат, инчунин шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи;

– мурочиат ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва хифзи ичтимоии ахоли ва ё макомоти махаллии он барои гузаронидани муоинаи шароит ва хифзи мехнат дар чойи кор;

– шахсан ё ба воситаи намояндааш дар санчиш ва тафтиши масъалахое, ки ба бехтар намудани шароит ва хифзи мехнат вобаста аст, иштирок намояд;

– дар холати ба вучуд омадани вазъе, ки ба хаёт ё саломатии у тахдид мекунад аз ичрои кор даст кашида, дар ин хусус ба рохбари бевоситааш ё корфармо хабар дихад;

– ба маълумот ва тайёрии касбии ба амнияти ичрои ухдадорихои мехнати зарур мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ба гирифтани маълумоти дакик аз корфармо дар бораи шароити мехнат, аз чумла дар бораи омилхои зарарнок ё хатарноки истехсоли, хатари беморихои касби ва дигар беморихо, дар хусуси воситахои мухофизати инфироди ва санитари – гигиени, имтиёз ва чубронхое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онхо хукук дорад;

– ба нигох доштани музди миёнаи мехнат дар вакти боздоштани кори ташкилот бинобар номутобики ба талаботи бехатари ва хифзи мехнат;

– ба овардани шикоят нисбати амал ё беамалии гайриконунии корфармо оид ба бехатари ва хифзи мехнат.

 

Моддаи 346. Ухдадорихои корманд дар сохаи хифзи мехнат

Корманд ухдадор аст:

– ба рохбари бевоситаи худ дар бораи хар як ходисаи нохуши дар истехсолот рухдода, омилхои бемории касби (захролудшави), инчунин вобаста ба холатхое, ки ба хаёт ва саломатии одамон тахдид мекунанд, фавран хабар дихад;

– аз муоинаи тиббии хатмии пешаки (хангоми ба кор кабул шудан), мархилави (дар давоми фаъолияти мехнати), инчунин дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз муоинаи тибби (ташхиси) гузарад;

– воситахои мухофизати инфироди ва коллективи, санитари – гигиени, пойафзол ва либоси махсусро, ки корфармо додааст, кабул намуда, онхоро максаднок истифода барад;

– нишондодхои муассисахои тандурустиро чихати татбики тадбирхои муоличави ва солимгардони хангоми аз чониби корфармо маблаггузори шудани онхо, ичро намояд;

– талаботи хифзи мехнатро, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, риоя намояд;

– аз дастурдихихо ва омузишхо оид ба хифзи мехнат ва усулхои бехатари ичрои корхо, тачрибаомузи дар чойи кор ва санчиши доимии донистани талаботи хифзи мехнат гузарад.

 

Моддаи 347. Хукуки корфармо ба бехатари ва хифзи мехнат

Корфармо хукук дорад:

– кормандонро барои фарохам овардани шароити мусоиди мехнати дар чойи кор, таклифи ратсионализатори вобаста ба бехатари ва хифзи мехнат хавасманд гардонад;

– кормандонеро, ки талаботи бехатари ва хифзи мехнатро вайрон мекунанд, тибки мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз кор дур кунад ва ба чавобгарии интизоми кашад.

 

Моддаи 348. Ухдадорихои корфармо оид ба таъмини бехатари ва хифзи мехнат

  1. Ухдадорихо оид ба таъмини бехатари ва хифзи мехнат ба зиммаи корфармо гузошта мешаванд.
  2. Корфармо дар таъмини корхои зерин ухдадор аст:

– шароити дахлдори бехатари ва хифзи мехнатро дар хар як чойи кори таъмин намояд;

– барои бартараф намудани хама гуна хатар дар чойи кори ва раванди технологи, бо рохи гузаронидани чорахои пешгирикунанда, ба тачхизоти истехсоли ва раванди технологии бехатар иваз намудани он;

– бехатарии кормандон дар истифодаи бино, иншоот, тачхизот, амали намудани раванди технологи, инчунин ашёи хом ва маводи дар истехсолот истифодашаванда;

– истифодаи воситахои мухофизати инфироди ва коллективии кормандон;

– низоми мехнат ва истирохати кормандон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– таълими усулхо ва тарзхои бехатари ичрои корхо, дастурдихи оид ба хифзи мехнат, тачрибаомузи дар чойхои кории кормандон ва санчиши дониши онхо доир ба талаботи хифзи мехнат;

– ба кор рох надодани шахсоне, ки тибки тартиби мукарраргардида аз таълим, дастурдихи, тачрибаомузи ва санчиши донишхо оид ба талаботи хифзи мехнат нагузаштаанд;

– на камтар аз як маротиба дар панч сол гузаронидани аттестатсияи чойхои кори оид ба шароити мехнат бо сертификатсияи минбаъдаи корхо оид ба хифзи мехнат дар ташкилот;

– ба макомоти идоракунии давлатии хифзи мехнат, макомоти назорати давлатии риояи талаботи хифзи мехнат пешниход кардани иттилоот ва хуччатхои зарури барои амали намудани ваколатхои онхо;

– санчиши ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;

– хизматрасонии санитарию маиши ва муоличавию профилактикии кормандон мутобики талаботи хифзи мехнат;

– бемамоният рох додани шахсони мансабдори макомоти идоракунии давлатии хифзи мехнат, назорати давлатии риояи талаботи хифзи мехнат, сугуртаи ичтимои, инчунин намояндагони макомоти назорати чамъияти бо максади гузаронидани санчиши шароит ва хифзи мехнат дар ташкилотхо ва тафтиши ходисахои нохуш дар истехсолот, беморихои касби;

– дастурхои шахсони мансабдори макомоти назорати давлатиро вобаста ба риояи талаботи хифзи мехнат ва баррасии пешниходи макомоти назорати чамъиятиро дар мухлатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичро намояд;

– сугуртаи хатмии ичтимоии кормандонро аз ходисахои нохуш дар истехсолот ва аз беморихои касби таъмин намояд;

– кормандонро бо талаботи хифзи мехнат шинос намояд;

– дар муддати як мох натичаи аттестатсияи чойхои кори ва дастурдихиро оид ба шароити мехнат ва хифзи мехнат дар ташкилот дар шакли электрони ва лавха омода ва чоп намояд;

– аз хисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии хатмии пешаки (хангоми ба кор кабул шудан), мархилави (дар давоми фаъолияти мехнати), инчунин дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз муоинаи тибби (ташхиси) гузаронад.

  1. Дар конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи бо назардошти хусусияти фаъолият ва намудхои кор, мавчудияти манбаъхои хатари чидди метавонанд барои корфармо ухдадорихои иловаги пешбини гарданд.
  2. Донистани коидахо ва меъёрхо оид ба бехатари ва хифзи мехнат кисми таркибии талаботи тахассусии пешниходшаванда ба корманд ба хисоб меравад ва дар дастурамали вазифавие (мансабие), ки аз чониби макомоти дахлдори давлати тасдик карда мешавад, кайд мегардад.

 

БОБИ 38. ТАЪМИНИ ХИФЗИ МЕХНАТ

 

Моддаи 349. Талаботи меъёрии давлатии хифзи мехнат

  1. Талаботи меъёрии давлатии пешбининамудаи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат коида, расмиёт ва талаботхои ба хифзи хаёт ва саломатии кормандон дар раванди фаъолияти мехнати равонашударо мукаррар мекунанд.
  2. Ичрои талаботи меъёрии давлатии хифзи мехнат барои шахсони вокеи ва хукуки дар пешбурди хама гуна фаъолият, аз чумла лоихакаши, сохтмон (азнавсози) ва истифодабарии иншоот, тархрезии мошинхо, механизмхо ва дигар тачхизот, тахияи раванди технологи, ташкили истехсолот ва мехнат хатми мебошад.
  3. Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, коидахо ва меъёрхои бехатарии пешбурди корхо ва хифзи мехнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.

 

Моддаи 350. Тайёрии хатмии махсус ва касби оид ба хифзи мехнат

  1. Макомоти ваколатдори давлати тайёрии мутахассисонро дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби чихати фаъолият дар хадамоти хифзи мехнат таъмин менамояд.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби бояд омузиши курси «Хифзи мехнат» – ро барои таълимгирандагон ва донишчуён бо назардошти хусусиятхои истехсолии сохахои гуногуни иктисодиёт ташкил намоянд.
  3. Ичозати кор додан ба шахсоне, ки тайёрии зарурии касби надоранд ва мувофики тартиби мукарраргардида аз таълим ва аттестатсия оид ба хифзи мехнат нагузаштаанд, манъ аст.
  4. Маъмурияти ташкилот ухдадор аст, ки оид ба хифзи мехнат ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон низоми омузиши мунтазамро ташкил намояд.
  5. Рохбарони ташкилотхо, муовинони онхо, ки масъули ташкили хифзи мехнатанд, рохбарон, мутахассисони хадамоти хифзи мехнат на кам аз як маротиба дар панч сол, бояд аз курсхои такмили ихтисос оид ба масъалахои хифзи мехнат гузаранд.

 

Моддаи 351. Хифзи мехнати ноболигон, занон ва маъюбон

Хифзи мехнати ноболигон, занон ва маъюбон бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

 

Моддаи 352. Мутобикати иншоотхои истехсоли, тачхизот, равандхои технологи ва махсулот ба талаботи хифзи мехнат

  1. Лоихахои сохтмон ва тачдиди иншоотхои истехсоли, инчунин мошинхо, механизмхо ва дигар тачхизоти истехсоли, равандхои технологи ба талаботи хифзи мехнат бояд мутобик бошанд.
  2. Сохтмон, тачдид, азнавчихозонии техникии иншооти истехсоли, истехсол ва татбики техника ва технологияи нав бе хулосаи ташхиси давлатии шароити мехнат дар бораи мутобикати лоихахои дар кисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда ба талаботи хифзи мехнат, инчунин бе ичозати макомоти дахлдори назорати давлати оид ба риояи талаботи хифзи мехнат манъ аст.
  3. Иншооти нав ё тачдидшавандаи истехсоли бе хулосаи макомоти дахлдори назорати давлатии риояи талаботи хифзи мехнат наметавонанд мавриди истифода карор гиранд.
  4. Дар истехсолот истифода бурдани моддахои хатарнок ё зарарнок, мавод, махсулот, мол ва хизматрасонихое, ки барои онхо усулхо ва воситахои назорати метрологи тахия нагардидаанд ва баходии токсикологии (санитарию гигиени ва тиббию биологи) онхо гузаронида нашудаанд, манъ аст.
  5. Дар холати истифодаи моддахои нави пеш дар ташкилот истифоданашудаи хатарнок ё зарарнок, корфармо ухдадор аст, ки то истифодаи моддахои мазкур оид ба хифзи хаёт ва саломатии кормандон тадбирхо андешад ва онхоро бо макомоти дахлдори назорати давлати оид ба риояи талаботи хифзи мехнат мувофика кунад.
  6. Мошинхо, механизмхо ва дигар тачхизоти истехсоли, воситахои наклиёт, равандхои технологи, мавод ва ашёи кимиёви, воситахои мухофизати инфироди ва коллективии истехсоли ватани ва хоричии кормандон бояд ба талаботи хифзи мехнат, ки дар Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст, мутобик ва сертификати мутобикат дошта бошанд.

 

Моддаи 353. Сарчашмахои маблаггузории хифзи мехнат

  1. Маблаггузории хифзи мехнат аз хисоби маблагхои хамасолаи пешбинишавандаи бучети давлати, корфармоён ва сарчашмахои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, сурат мегирад.
  2. Маблаггузории хифзи мехнат, ки дар бучетхои дахлдор бо сархати алохида чудо карда мешавад, барои нигохдории макомоти идоракунии хифзи мехнат, гузаронидани корхои илмию тадкикоти, ичрои барномахои максадноки давлати оид ба хифзи мехнат истифода бурда мешавад.
  3. Хар як ташкилот хар сол барои хифзи мехнат дар хачми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномахои коллективи маблагхои зарури чудо менамояд. Кормандони ташкилот ба ин максад ягон харочоти иловагиро анчом намедиханд.
  4. Андозаи харочотхо вобаста ба чорабинихои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар шартномаи коллективи ва санади корфармо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 354. Ташхиси давлатии шароити мехнат

  1. Бо максади назорати шароит ва хифзи мехнат, сифати гузаронидани аттестатсияи чойхои кори аз руи шароити мехнат, сахехияти пардохти чубронпули барои корхои вазнин ва корхои дорои шароити хатарнок ё зарарноки мехнат, инчунин омода намудани таклифхо дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурухи хатарноки касби, мутобики натичахои сертификатсияи корхо оид ба хифзи мехнат дар ташкилотхо аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли ташхиси шароити мехнат бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Хулосаи ташхиси шароити мехнат барои аз тарафи суд барраси гардидани масъала дар бораи бархам додани ташкилот ё сохтори он дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи хифзи мехнат асоси вокеи мебошад.
  3. Ташхиси шароити мехнат дар чойхои кори хангоми лоихакашии сохтмон ва тачдиди иншоотхои истехсоли, хангоми ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият, инчунин бо дархости макомоти суди, макомоти идоракунии хифзи мехнат, корфармоён, иттиходияхои корфармоён, кормандон, иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 355. Хифзи мехнат дар ташкилот

  1. Барои ташкили хифзи мехнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти хифзи мехнат, ки бевосита ба рохбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти хифзи мехнат ё чори намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба хифзи мехнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истехсолии ташкилот карор кабул мекунад ё ухдадорихоро оид ба хифзи мехнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Низомномаи намунавии хадамоти хифзи мехнат дар ташкилот аз тарафи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли тасдик карда мешавад.
  2. Дар хайати хадамоти хифзи мехнати ташкилот вобаста ба хусусияти истехсолот ё дар сурати бештар аз 500 нафар будани шумораи кормандон вазифаи табиб оид ба гигиенаи мехнат чори карда шуда, лабораторияи саноатию санитари таъсис дода мешавад. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавчудияти омилхои зарарноки истехсоли чунин лабораторияхо метавонанд аз чониби якчанд ташкилот тибки принсипи сохави ташкил карда шаванд.
  3. Бархам додани хадамоти хифзи мехнати ташкилотхо танхо дар мавриди катъ гардидани фаъолияти онхо мумкин аст. Масъалахои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдихии хадамоти хифзи мехнатро маъмурият, кумитаи иттифоки касаба ва ё намояндагони кормандон хал мекунанд.

 

Моддаи 356. Кумитахо (комиссияхо) оид ба хифзи мехнат

  1. Дар ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё кормандон ё иттифокхои касаба ё дигар намояндагони кормандон кумита (комиссия) оид ба хифзи мехнат таъсис дода мешавад. Ба хайати он дар асоси баробари намояндагони корфармоён, иттифокхои касаба ё дигар намояндагони кормандон шомил мешаванд.
  2. Кумита (комиссия) оид ба хифзи мехнат фасли созишнома ва шартномахои коллективи оид ба хифзи мехнатро тахия мекунад, амалхои муштараки корфармо ва кормандонро оид ба таъмини талаботи хифзи мехнат, пешгири аз маъюбшавии истехсоли, беморихои касби, инчунин гузаронидани тафтиши шароит ва хифзи мехнат дар чойхои кори ва иттилоотонидани кормандонро аз натичахои тафтишоти мазкур ташкил мекунад.

 

Моддаи 357. Назорати чамъиятии риояи талаботи хифзи мехнат

  1. Назорати чамъиятии риояи меъёру коидахои хифзи мехнат аз чониби иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онхо бо ин максад хукук доранд бозрасии худиро таъсис диханд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба хифзи мехнат интихоб намоянд.
  2. Нозирон ва шахсони ваколатдор оид ба хифзи мехнати иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон хукук доранд:

– аз чониби корфармоён риоя гардидани санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дар бораи хифзи мехнат назорат кунанд;

– ташхиси мустакилонаи шароити мехнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;

– дар санчиши ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби иштирок кунанд, инчунин мустакилона онхоро санчиш намоянд;

– аз рохбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва хифзи мехнат, инчунин дар бораи хамаи ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби маълумот гиранд;

– дар бораи боздоштани корхо дар холатхои тахдид ба хаёту саломатии кормандон талабот пешниход кунанд;

– ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкунихои ошкоршудаи талаботи хифзи мехнат амрномахо медихад, ки ичрои онхо хатми мебошад;

– санчиши шароит ва хифзи мехнат, ичрои ухдадорихои корфармоёнро оид ба хифзи мехнат, ки тибки созишнома ва шартномахои коллективи пешбини шудаанд, таъмин намоянд;

– дар кори комиссияхо оид ба санчиш ва ба истифода додани иншооти истехсоли ва воситахои истехсоли ба хайси коршиносони мустакил иштирок намоянд;

– дар тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат иштирок намоянд, инчунин онхоро бо тартиби мукарраргардида мувофика кунанд;

– ба макомоти дахлдор дар бораи ба чавобгари кашидани шахсоне, ки талаботи хифзи мехнатро риоя накардаанд, ходисахои нохуши дар истехсолот рухдодаро пинхон медоранд, мурочиат намоянд;

– дар халли бахсхои мехнати, ки ба вайронкунии мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ухдадорихои пешбиникардаи созишнома ва шартномахои коллективи чихати хифзи мехнат, инчунин тагйирёбии шароити мехнат алокаманд мебошанд, иштирок кунанд;

– дорои дигар хукук ва ухдадорихои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бошанд.

  1. Иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон хукук доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи хифзи мехнатро санчида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии хатмиро оид ба бартараф намудани вайронкунихои ошкоршудаи талаботи хифзи мехнат пешниход намоянд.

 

Моддаи 358. Хукукхои нозирони чамъияти оид ба хифзи мехнат

Нозирони чамъияти оид ба риояи хифзи мехнат чунин хукукхо доранд:

– хукуки кормандонро оид ба хифзи мехнат дар назди корфармо ба воситаи назорати чамъияти барои риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи барои таъмини бехатарии мехнат, шароити мехнат ва техникаи бехатари дар ташкилотхо хифз намоянд;

– иштирок намудан дар санчиши ходисахои нохуш дар истехсолот ва санчиши мачмуии холати бехатари ва хифзи мехнати аз чониби нозирони давлатии мехнат гузаронидашаванда;

– гирифтани иттилоот ва шархдихи, аз чумла дар шакли хатти аз корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои ичрои ухдадорихои худ;

– аз чониби корфармо ичро шудани ухдадорихои дар созишнома ва шартномахои коллективи пешбинишударо дар бахши хифзи мехнат назорат намоянд;

– вобаста ба натичаи санчиш ба номи шахсони мансабдор ирсол намудани пешниход дар бораи бартараф намудани камбудихои чойдошта;

– иштирок намудан дар кори комиссия оид ба санчиш ва кабули иншоотхои истехсоли ва воситахои истехсоли барои истифодабари;

– иштирок дар тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва хифзи мехнат ва пешниходи таклифхо;

– ба макомоти дахлдори давлати барои ба чавобгари кашидани корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои вайрон намудани санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат, бехатари ва хифзи мехнат, мукаррароти созишнома ва шартномахои коллективи, аз чумла пинхон намудани ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби мурочиат намоянд;

– иштирок намудан дар баррасии бахсхои мехнати, ки вобаста ба тагйир додани шароити мехнат, риоя накардани мукаррароти санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат, бехатари ва хифзи мехнат, ичро накардани ухдадорихои дар шартномахои мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбинишуда;

– мурочиат намудан бо даъво ба суд бо аризаи корманд барои хифзи хукуки кормандон барои чуброни зарари дар натичаи маъюбшави ё дигар зарар ба саломати вобаста ба ичрои ухдадории мехнати ва дигар холатхои поймолшавии хукуки кормандон оид ба мехнат, бехатари ва хифзи мехнат.

 

ФАСЛИ VI. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

БОБИ 39. СУГУРТАИ ИЧТИМОИ

 

Моддаи 359. Шаклхои сугуртаи ичтимои

  1. Сугуртаи ичтимоии кормандон дар шаклхои зерин амали карда мешавад:

– сугуртаи ичтимоии давлати;

– сугуртаи ичтимоии ихтиёри.

  1. Сугуртаи ичтимоии давлати ба тамоми шахсоне, ки бо шартномаи мехнати кор мекунанд, бе истисно дахл дорад. Маблаги сугуртаи ичтимоии давлати аз хисоби хиссахое, ки корфармо мепардозад, маблагхои бучети давлати ва дигар сарчашмахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
  2. Кормандон хиссаи худро ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи сугуртаи ичтимои ва нафака бо тартиб ва андозаи муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон мепардозанд.
  3. Сугуртаи ичтимоии ихтиёри тавассути фондхои гайридавлатии сугурта, ки аз тарафи ташкилотхо, коллективхои шахрвандон ва иттиходияхои чамъияти таъсис ёфтаанд, амали мегарданд.

 

Моддаи 360. Намудхои таъминот аз хисоби сугуртаи ичтимоии давлати

  1. Маблаги сугуртаи ичтимоии давлати барои кумакпулихо (кумакпулихои корношоямии муваккати, хомиладори ва таваллуд, дафн, кумакпулихои оилави ва дигар кумакпулихое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд), дар холати бесаробон мондани оила, барои собикаи кории баъзе гуруххои кормандон, барои табобати санатори – курорти ва ташкили истирохати кормандон ва аъзои оилаи онхо, хуроки пархези, хизматрасонии тибби мувофики сахми сугурта барои дигар пардохтхо чихати тадбирхои солимгардонию пешгирикунанда, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон муайян шудааст, харч карда мешавад. Харчи маблаги сугуртаи ичтимоии давлати ба максадхои пешбининакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон манъ аст.
  2. Аз фонди сугуртаи давлатии ичтимои карздор будани корфармо, кормандро аз хукуки таъмини у аз хисоби маблаги сугуртаи ичтимоии давлати махрум намесозад.
  3. Дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи аз хисоби маблаги худии корфармо ва хиссахои ихтиёрии кормандон андозахои зиёдтари пардохтхо, инчунин пардохтхои иловагии ичтимои пешбини шуда метавонанд.

 

БОБИ 40. НАЗОРАТ ДАР СОХАИ МЕХНАТ

 

Моддаи 361. Назорати риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат

Назорати риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат аз тарафи макомоти давлати ва гайридавлатии ваколатдор бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 362. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори

Назорати давлатии риояи коидахои пешбурди бехатарии корхоро дар саноат ва сохаи кухкори макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи назорати бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкори ва макомоти махаллии он амали менамоянд.

 

Моддаи 363. Назорати чамъиятии риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат

  1. Назорати чамъиятии риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва коидахои хифзи мехнатро иттифокхои касаба, нозирон ва комиссияхои макомоти дахлдори интихобии иттифоки касабаи ташкилот ё дигар намояндагони кормандон амали менамоянд.
  2. Назорати чамъиятии санитариро нозирони чамъиятии санитарии ташкилот амали мегардонанд.

 

БОБИ 41. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 364. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 365. Дар бораи аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон

Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон, ки бо Конуни Чумхурии Точикистон аз 15 майи соли 1997, №417 кабул гардидааст (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997, №9, мод. 112, мод. 113; с. 1998, №23 – 24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, №4, к. 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152, №4, мод. 195; с. 2009, №5, мод. 320; с. 2010, №7, мод. 545, мод. 549; с. 2011, №3, мод. 151, №12, мод. 842; с. 2012, №8, мод. 817; с. 2013, №7, мод. 509), Конуни Чумхурии Точикистон аз 19 майи соли 2009, №517 «Дар бораи хифзи мехнат» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, №5, мод. 324; с. 2012, №8, мод. 819) ва Конуни Чумхурии Точикистон аз 28 июли соли 2006, №202 «Дар бораи шарикии ичтимои, созишномахо ва шартномахои коллективи» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2006, №7, мод. 350) аз эътибор сокит дониста шаванд.

 

Моддаи 366. Тартиби мавриди амал карор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

        Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                              Эмомали Рахмон

 

            ш. Душанбе

23 июли соли 2016, №1329

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

islom-kitob

АКИДАХОИ АХЛОКИИ ДИНИ ИСЛОМ 

ИСЛОМ таълимоти ахлокии динхои дигари самовиро на танхо идома ва такмил додааст, балки кушиш намудааст, …