Главная / Чамъият / КОДЕКСИ ЧАНГАЛИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ЧАНГАЛИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ФАСЛИ I. КИСМИ УМУМИ.. 1

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ.. 1

Моддаи 1. Мафхумхои асоси. 1

Моддаи 2. Конунгузории чангали Чумхурии Точикистон. 2

Моддаи 3. Объектхои муносибатхои хукукии чангал. 2

Моддаи 4. Принсипхои пешбурди сохаи хочагии чангал. 2

Моддаи 5. Фонди ягонаи чангал. 3

Моддаи 6. Заминхои фонди давлатии чангал. 3

Моддаи 7. Захирахои чангал ва хосиятхои фоиданоки он. 3

Моддаи 8. Субъектхои муносибатхои хукукии чангал. 3

ФАСЛИ II. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ВА НАЗОРАТ ДАР СОХАИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ.. 3

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ВА НАЗОРАТИ ФОНДИ ЧАНГАЛ.. 3

Моддаи 9. Макомоти давлатии идоракуни ва назорати давлати дар  сохаи хифзу химоя, 4

Моддаи 10. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи  идоракунии хочагии чангал. 4

Моддаи 11. Ваколатхои макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал оид ба танзими. 4

Моддаи 12. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба  танзими муносибатхо дар. 4

Моддаи 13. Иштироки иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон дар рушд ва идоракунии хочагии. 5

Моддаи 14. Назорати давлатии фонди чангал ва шикор. 5

ФАСЛИ III. ХИФЗ ВА ХИМОЯИ ЧАНГАЛ.. 5

БОБИ 3. ХИФЗ ВА ХИМОЯИ ФОНДИ ЧАНГАЛ.. 5

Моддаи 15. Хифз ва химояи фонди чангал. 5

Моддаи 16. Вазифахои макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал дар хифзу химояи. 5

Моддаи 17. Амали намудани чорабинихо оид ба хифзу химояи фонди  чангал. 6

Моддаи 18. Хифзи чангал аз хашароти зараррасон ва касалихо. 6

БОБИ 4. НОЗИРОТИ ДАВЛАТИИ ХИФЗИ ЧАНГАЛИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН.. 6

Моддаи 19. Нозироти давлатии хифзи чангали Чумхурии Точикистон. 6

Моддаи 20. Нозирони чамъиятии хифзи чангал. 7

БОБИ 5. ХУСУСИЯТХОИ ХИФЗУ ХИМОЯ, БАРКАРОРКУНИ ВА ИСТИФОДАИ УСТУВОРИ ФОНДИ.. 7

Моддаи 21. Хусусиятхои хифзу химоя, баркароркуни ва истифодаи устувори чангалхои шахри. 7

Моддаи 22. Хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори  фонди чангал дар. 7

Моддаи 23. Хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори  чангал дар худудхои. 7

ФАСЛИ IV. ТАШКИЛИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ.. 8

БОБИ 6. ВАЗИФАХО ВА ТАЛАБОТ ОИД БА ТАШКИЛИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ.. 8

Моддаи 24. Максади ташкили хочагии чангал. 8

Моддаи 25. Талаботи асоси нисбати ташкил ва пешбурди хочагии  чангал. 8

Моддаи 26. Категорияхои мухофизатии чангалхо. 8

Моддаи 27. Намуди заминхои фонди чангал. 8

Моддаи 28. Ба дигар категория гузаронидани заминхои фонди  давлатии чангал. 9

Моддаи 29. Мувофика кардани чойи сохтмони иншоотхое, ки ба холати  чангалхо таъсир. 9

Моддаи 30. Ичрои корхо дар заминхои фонди давлатии чангал, ки ба пешбурди фаъолияти. 9

ФАСЛИ V. БАХИСОБГИРИИ ДАВЛАТИИ ФОНДИ ЧАНГАЛ.. 9

БОБИ 7. БАХИСОБГИРИИ ФОНДИ ЧАНГАЛ ВА БАНАКШАГИРИИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ.. 9

Моддаи 31. Чангалсози. 10

Моддаи 32. Гузаронидани корхои чангалсози. 10

Моддаи 33. Накшахои хочагии чангал. 10

Моддаи 34. Кадастри давлатии чангал. 10

Моддаи 35. Мониторинги давлатии чангал. 11

ФАСЛИ VI. БУНЁД, БАРКАРОР ВА ЗИЁД КАРДАНИ  МАХСУЛНОКИИ ЧАНГАЛ.. 11

БОБИ 8. БУНЁД ВА БАРКАРОР КАРДАНИ ЧАНГАЛ.. 11

Моддаи 36. Максади бунёд ва баркарор кардани чангал. 11

Моддаи 37. Бунёд кардани чангал. 11

Моддаи 38. Баркарор кардани чангал. 11

Моддаи 39. Чангалхои плантатсиони. 11

Моддаи 40. Тухмипарвари дар чангал. 11

Моддаи 41. Хочагии нихолпарвари дар чангал. 12

ФАСЛИ VII. ХУКУКИ ЧАНГАЛДОРИ.. 12

БОБИ 9. ЧАНГАЛДОРИ.. 12

Моддаи 42. Чудо намудани заминхои фонди чангал ба хукуки  чангалдори. 12

Моддаи 43. Хукук ва ухдадорихои чангалдорон. 12

Моддаи 44. Катъ гардидани хукуки чангалдори. 13

ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАБАРИИ ЧАНГАЛ.. 13

БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ МУШТАРАКИ ЧАНГАЛ.. 13

Моддаи 45. Идоракунии муштараки чангал. 14

Моддаи 46. Максадхои идоракунии муштараки чангал. 14

Моддаи 47. Унсурхои идоракунии муштараки чангал. 14

Моддаи 48. Шарти идоракунии муштараки чангал. 14

Моддаи 49. Мухлати шартнома. 14

БОБИ 11. ХУКУКИ ИСТИФОДАБАРИИ ЧАНГАЛ.. 14

Моддаи 50. Асосхои хукукии истифодабарии чангал. 14

Моддаи 51. Хукук ва ухдадорихои истифодабарандаи  чангал. 15

Моддаи 52. Хуччатхои ичозатдихии хукуки истифодаи чангал. 15

Моддаи 53. Асосхои боздоштан ва ё катъ гардидани хукуки истифодаи  чангал. 15

Моддаи 54. Будубоши шахсони вокеи дар худуди фонди давлатии  чангал. 16

БОБИ 12. ИСТИФОДАБАРИИ ФОНДИ ЧАНГАЛ.. 16

Моддаи 55. Истифодабарии фонди чангал. 16

Моддаи 56. Намудхои истифодабарии фонди чангал. 16

Моддаи 57. Дарахтбурии асоси ва фосилави. 17

Моддаи 58. Махдуд намудани истифодабарии чангал. 17

Моддаи 59. Алафдарави ва чаронидани чорво дар чангал. 17

Моддаи 60. Истифодаи заминхои фонди давлатии чангал бо максади  ичрои корхои илмию.. 17

Моддаи 61. Истифодаи заминхои фонди давлатии чангал бо максади  гузаронидани чорабинихои. 17

Моддаи 62. Истифодаи чангал барои эхтиёчоти хочагии шикори. 18

ФАСЛИ IX. МЕХАНИЗМХОИ ИКТИСОДИИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ.. 18

БОБИ 13. ИКТИСОДИЁТИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ.. 18

Моддаи 63. Механизмхои иктисодии идоракунии хочагии чангал. 18

Моддаи 64. Пардохти маблаг барои истифодаи фонди давлатии чангал. 18

Моддаи 65. Хавасмандгардонии иктисоди барои васеъ намудани майдони чангалзори Чумхурии. 18

Моддаи 66. Сугуртакунонии масъулияти чангалдорони давлати ва  истифодабарандагони чангал. 19

БОБИ 14. МАБЛАГГУЗОРИИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ.. 19

Моддаи 67. Сарчашмахои маблаггузори барои пешбурди хочагии  чангали фонди давлатии. 19

Моддаи 68. Дастгирии давлатии молиявии хочагии чангал. 19

БОБИ 15.  ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ.. 20

Моддаи 69. Хамкории байналмилали дар сохаи хифзу химоя, баркароркуни ва истифодаи устувори  20

БОБИ 16. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ.. 20

Моддаи 70. Намудхои вайронкунии конунгузории чангал. 20

Моддаи 71. Чуброни товони зарари ба хочагии чангал расонидашуда. 20

Моддаи 72. Халли бахсхо оид ба чангал. 20

Моддаи 73. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 20

Моддаи 74. Аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории  Чумхурии Точикистон. 20

Моддаи 75. Тартиби мавриди амал карор додани Кодекси мазкур. 21

 

 

ФАСЛИ I. КИСМИ УМУМИ 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

чангал – мачмуи набототи табии, ки бо рохи мукаррари ё сунъи дар худуди муайян аз мачмуи дарахтону буттахо (на камтар аз 10 фоиз бо дарахту буттахо, на камтар аз 0,5 га масохат ва на камтар аз 10 метр бар дошта бошад) дар алокаманди бо дигар чузъхои табиати зинда ташкил ёфта, дорои ахамияти калони экологи, иктисоди ва ичтимои мебошад;

баркарор кардани чангал – шинонидани нихолхо ё мусоидат кардан ба баркароркунии табиии чангалзор дар заминхои чангалхояшон харобгардида;

бунёд кардани чангал – шинонидан ва парвариш кардани нихолхо дар заминхои холи, ки барои бунёди чангал пешбини гардидаанд;

гуногунии биологи – мачмуи организмхои зинда, ки гуногунии дохили намуд, байни намудхо ва экосистемахоро дар бар мегирад;

дарахтбурии асоси – буридани дарахтон дар чангалхо ба максади тайёр кардани чуб ва хезум;

дарахтбурии фосилави – буриши интихобии дарахтони чангал бо максади бехдошти холати он;

дарахтбурии санитари – буридани дарахтони алохидаи касал, хушк ва пусида бо максади бехтаркунии холати чангал;

кадастри давлатии чангал – маълумот оид ба чойгиршавии фонди давлатии чангал аз чихати табии, хукуки ва истифодабари;

идоракунии муштараки чангал – истифодаи устувори китъахои фонди давлатии чангал бо иштироки шахсони вокеи ва хукуки тибки шартнома;

истифодабарандагони чангал – шахсони вокеи ва хукукие, ки ба онхо хукуки истифодабарии захирахои фонди давлатии чангал бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур дода шудааст;

истифодабарии гайриасосии чангал – истифодабарии захирахои чангал, ба гайр аз захирахои чуб (алафдарави, чаронидани чорво, чойгир намудани куттихои занбури асал, тайёр ва чамъовари намудани мева, растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайра);

– истифодабарии устувори чангал – истифодабарии захирахои чангал, ки талаботи наслхои хозира ва минбаъдаро ба захирахо ва хосиятхои фоиданоки чангал таъмин мекунад;

китъаи чангал – майдони чангал, ки барои хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувор ба чангалбон вобаста шудааст;

макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал – макоми давлатие, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон рохбарии умумии фонди давлатии чангал ва шикорро амали менамояд;

мамнуъгоххои давлатии табиии чангал – худуди фонди давлатии чангале, ки аз истифодаи хочагидори бароварда шуда, барои хифзи хайвонот, наботот ва тамоми мачмуи табиат, аз чумла хайвоноту набототи нодир ва нестшаванда, инчунин бо максади омузиши равишхои табиии омилхо ва ходисахои табии, тахияи асосхои илмии хифзи табиат ташкил карда мешаванд;

минтакаи чангалпарвари – вохиди зертобеи ташкилоти хочагии чангал, ки бо максади хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувор ва идоракунии фонди чангал дар минтакахои алохида таъсис дода мешавад;

парваришгохи давлатии табиии чангал – худуди табиии махсус мухофизатшаванда, ки бо максади нигохдори ва баркароркунии олами набототу хайвонот, ичрои корхои илмию тадкикоти, махдуд кардани баъзе намудхои фаъолияти хочагидори таъсис дода мешавад;

сохаи хочагии чангал – сохаи иктисодиёт, ки фаъолияти тахкику бахисобгири, танзими истифода ва назорати чангалро амали менамояд;

ташкилоти хочагии чангал – сохтори худудии давлатии хочагии чангал, ки шахси хукуки мебошад;

фонди шикор – хама намуди хайвоноти вахши, ки дар шароити табии сукунат доранд ва объектхои шикор ба хисоб мераванд, новобаста ба он, ки худуди зисташон дар заминистифодабарии ки карор дорад;

хифзи чангал – мачмуи чорабинихо оид ба пешгири аз касалихо ва хашароти зараррасони чангал;

химояи чангал – мачмуи чорабинихо оид ба пешгири ва мубориза бар зидди сухтори чангал, худсарона буридани чангал ва хукуквайронкуни дар сохаи чангал;

чарогох – китъаи замини фонди давлатии чангал, ки барои чарогох пешбини шудааст;

чиптаи чангал – хуччате, ки хукуки истифодаи захирахои чангалро дар худуди муайян тасдик мекунад;

чорабинихои биотехники – нигохубини хайвоноту парандагони вахши ва фарохам овардани шароити мусоиди зисти онхо;

чангалдор– шахсони хукуки, ки ба онхо заминхои фонди давлатии чангал вобаста карда шудаанд;

– чангалноки – дарачаи дарахтзору буттазор будани худуд, ки дар таносуб ба майдони умуми бо фоиз муайян карда мешавад;

чангалсози – мачмуи чорабинихои бахисобгири, баходихи ва банакшигирии хочагии чангал, ки барои баланд бардоштани самаранокии пешбурди хочагии чангал ва истифодабарии захирахои ангал равона карда мешаванд;

чангалхои мухофизати – чангалхое, ки маъмулан вазифахои обнигохдори, хифзи замин аз эрозия, сохилмустахкамкуни, санитарию гигиени ва солимгардонии мухити зистро ичро менамоянд;

чангалхои милли ва табии – чангалхое, ки дар худуди богхои милли ва табии вокеанд ва онхо бо максади хифзи табиат, кишваршиноси, илми, фарханги ва сайёхи истифода мешаванд;

чангалхои фарогати – чангалхое, ки барои истирохати ахоли ва гузаронидани чорабинихои фарханги пешбини шудаанд.

 

Моддаи 2. Конунгузории чангали Чумхурии Точикистон

Конунгузории чангали Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Объектхои муносибатхои хукукии чангал

  1. Ба объектхои муносибатхои хукукии чангал фонди ягонаи чангали Чумхурии Точикистон, аз чумла заминхои холии фонди давлатии чангал, захирахо ва хосиятхои фоиданоки чангал новобаста ба истифодабарандагон дохил мешаванд.
  2. Объектхои муносибатхои хукукии чангал бо назардошти ахамияти бисёрчабхаи чангал, инчунин эътироф кардани он хамчун воситаи асосии истехсоли дар хочагии чангал истифода ва хифз карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Принсипхои пешбурди сохаи хочагии чангал

Конунгузории чангали Чумхурии Точикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:

– танзим ва назорати давлати;

– нигохдории гуногунии биологии чангал, иншоотхои давлатии фонди мамнуъгоххои табии, мероси табиию фарханги;

– идоракунии устувори чангал дар асоси банакшагирии хочагии чангал ва бо максади рушди захирахои чангал ва истифодаи устувори онхо бо максадхои гуногун;

– баркарор кардани зарари дар натичаи риоя накардани конунгузори оид ба чангал ва шикор расонидашуда;

– дастрас будани итилоот оид ба холати фонди чангал;

– принсипхои иктисоди ва истифодаи пулакии захирахои чангал;

– иштироки ахоли ва иттиходияхои чамъияти дар хифзу химоя, баркароркуни ва истифодаи устувори фонди чангал;

– эътирофи ахамияти умумидавлатии чангал хамчун танзимгари иклим, мухитофари, мухофизати замин, об ва дигар хусусиятхои мухофизати.

 

Моддаи 5. Фонди ягонаи чангал

  1. Чангалхои каламрави Чумхурии Точикистон, инчунин заминхои фонди давлатии чангал, новобаста аз шаклхои фаъолияти хочагидори, фонди ягонаи чангали Точикистонро ташкил медиханд. Ба фонди ягонаи чангали Точикистон фонди давлатии чангал ва фонди чамъиятии чангал дохил мешаванд.
  2. Ба фонди давлатии чангал чангалхои табии, новобаста аз истифодабарандагони онхо, чангалхои сунъи, ки дар истифодаи макомоти давлати карор доранд, инчунин заминхои холие, ки барои эхтиёчоти хочагии чангал пешбини шудаанд, дохил мешаванд.
  3. Идоракуни, танзим ва истифодаи самараноки фонди давлатии чангал ба зиммаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал гузошта мешавад.
  4. Ба фонди чамъиятии чангал чангалхои хочагихои дехкони (фермери), кооперативхои истехсоли, ба таври сунъи аз тарафи шахсони хукуки, инчунин дигар субъектхои хочагидори гайридавлати бунёд карда шуданд, дохил мешаванд.
  5. Ба фонди чангал дарахту буттахои чудогона ва гурухи дарахту буттахои заминхои таъиноти кишоварзи, заминхои наздихавлиги ва богхои фархангию истирохати дохил намешаванд.

 

Моддаи 6. Заминхои фонди давлатии чангал

  1. Ба заминхои фонди давлатии чангал дохил мешаванд:

– заминхои чангалдор, холи, заминхои лалмии барои чангал пешбинишуда ва дигар заминхое, ки дар истифодабарии доимии ташкилотхои давлатии хочагии чангал карор доранд;

– заминхои чангал, заминхои дарахту буттадор ё заминхои холи, ки барои парвариш ва баркароркунии чангалхо пешбини шудаанд (дарахтонашон буридашуда, аз сухтор осебдида, дарахтхои хушкида, маргзорхо, майдонхои парвариши нихолхо);

– заминхои бедарахту бутта, ки барои истифодаи хочагии чангал пешбини шудаанд (замини роххо, маргзорхо, замини кишоварзи ва дигар заминхо);

– заминхои марзи фонди чангал (замини ботлокхо, санглоххо ва заминхои барои истифодабари номувофик).

  1. Марзи заминхои фонди давлатии чангал хангоми чангалсози дар асоси хуччатхои заминсози муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Захирахои чангал ва хосиятхои фоиданоки он

  1. Захирахои чангал аз чуб, хезум, мевачот, растанихои гизои, гиёххои шифобахш, техники ва дигар махсулоти аз олами набототи фонди чангал чамъшаванда ва коркардшаванда иборат мебошанд.
  2. Ба хосиятхои фоиданоки чангал вазифахои дорои ахамияти иктисоди, экологи ва ичтимои дохил мешаванд.

 

Моддаи 8. Субъектхои муносибатхои хукукии чангал

Субъектхои муносибатхои хукукии чангал шахсони вокеи ва хукукие мебошанд, ки хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангалхоро ба ухда доранд.

 

ФАСЛИ II. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ВА НАЗОРАТ ДАР СОХАИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ 

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ВА НАЗОРАТИ ФОНДИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 9. Макомоти давлатии идоракуни ва назорати давлати дар  сохаи хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори  фонди чангал

Ба низоми макомоти давлатии идоракуни ва назорати давлати оид ба хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори фонди чангал Хукумати Чумхурии Точикистон, макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал, инчунин макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи салохияташон мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дохил мешаванд.

 

Моддаи 10. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи  идоракунии хочагии чангал

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи идоракунии хочагии чангал салохияти зерин дорад:

– муайян намудани сиёсати давлати ва муносибатхои байналмилали дар сохаи хочагии чангал;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ва сохтори идоракунии он;

– мукаррар намудани тартиби хисоботи омории давлати дар сохаи хочагии чангал;

– тасдики барномахои давлати оид ба хифзу химоя, баркароркуни, истифодабарии устувор ва дигар санадхои меъёрии хукукии сохаи хочагии чангал;

– амали намудани дигар салохиятхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 11. Ваколатхои макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал оид ба танзими муносибатхои сохаи хочагии чангал

Макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал оид ба танзими муносибатхои сохаи хочагии чангал ваколатхои зеринро дорад:

– амали кардани сиёсати давлатии сохаи хочагии чангал;

– ба рох мондани хамкории байналмилали дар сохаи хочагии чангал;

– ташкил ва таъмини хифзу химоя, баркароркуни, бунёд ва танзими истифодабарии устувор дар фонди давлатии чангал;

– иштирок дар тахия ва ичрои барномахо ва санадхои меъёрии хукуки оид ба хифзу химоя, баркароркуни, истифодабарии устувори захирахои чангал;

– тасдик намудани меъёри харсолаи аз тарафи ташкилотхои хочагии чангал пешниходшудаи тайёр намудани чубу хезум аз дарахтбурии асоси ва фосилави;

– тасдик намудани меъёри харсолаи чамъоварии мевачот, растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники дар худуди фонди давлатии чангал;

-тасдик намудани квотахои хайвоноти фонди шикор (ба истиснои намудхои ба Китоби Сурхи Точикистон ворид карда шуда);

– тасдик ва назорати ичрои накшаи идоракунии хочагихои чангал ва парваришгоххои давлатии табии барои мухлати муаяйн;

– ташкили корхои чангалсози, ичрои кадастр ва мониторинги чангал;

– амали кардани назорати давлати оид ба холат, хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори фонди ягонаи чангали Чумхурии Точикистон, инчунин олами хайвонот дар фонди шикор;

– амали кардани назорати давлати барои истифодабарии максадноки захирахои чангал дар худуди Чумхурии Точикистон;

– таъмини рушд ва ташкили хочагии шикор дар худуди Чумхурии Точикистон, аз чумла бастани шартномахо бо шахсони хукуки дар бораи вобаста кардани шикоргох барои пешбурди хочагии шикор бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– додани ичозатнома ва дигар хуччатхои ичозатдихи ба шахсони вокеи ва хукуки дар асоси меъёрхо ва тартиби мукарраршуда барои истифодабарии хайвоноти фонди шикор;

– бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси намудани  мавод оид ба риоя накардани конунгузории чангал ва шикор бо ситонидани чарима, товони зарар ва пешниходи даъво ба суд нисбати шахсони хукуки ва вокеи.

 

Моддаи 12. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба  танзими муносибатхо дар сохаи хочагии чангал

Дар сохаи хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори фонди чангал макомоти махаллии хокимияти давлати ваколатхои зерин доранд:

– тахияи чорабинихои хифзу химояи чангал аз сухтор, хашароти зараррасон ва касалихо, инчунин пешгирии риоя накардани конунгузории чангал ва шикор дар худуди дахлдор якчоя бо макомоти хочагии чангал;

– таъмини ичрои барномахои давлатии рушди хочагии чангал ва худудхои табиии махсус мухофизатшаванда;

– дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

 

Моддаи 13. Иштироки иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон дар рушд ва идоракунии хочагии чангал

Иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон дар амали намудани чорабинихо оид ба хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангал иштирок намуда, барои бехтар намудани онхо таклифхо пешниход мекунанд.

 

Моддаи 14. Назорати давлатии фонди чангал ва шикор

  1. Назорати давлатии фонди чангал ва шикорро дар каламрави Чумхурии Точикистон макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ва ташкилотхои он, инчунин дигар макомоти дахлдори давлати дар доираи салохиятхояшон бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали мекунанд.
  2. Тартиби назорати давлатии холат, хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангалро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

ФАСЛИ III. ХИФЗ ВА ХИМОЯИ ЧАНГАЛ 

БОБИ 3. ХИФЗ ВА ХИМОЯИ ФОНДИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 15. Хифз ва химояи фонди чангал

Фонди чангали Чумхурии Точикистон аз сухтор, дарахтбури ва шикори гайриконуни, хашароту зараррасонандагони дигар, касалихои чангал ва дигар амалхое, ки ба чангал зарар мерасонанд, хифз карда мешавад.

 

Моддаи 16. Вазифахои макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал дар хифзу химояи фонди чангал

Вазифахои асосии макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал дар хифз ва химояи фонди чангал аз инхо иборатанд:

– гузаронидани чорабинихо оид ба пешгири намудани сухтори чангал, сари вакт ошкор ва бартараф намудани он;

– таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур, коидахои бехатарии сухтор ва меъёрхои санитари дар чангалхо аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки;

– андешидани чорабинихо оид ба пешгирии буриши гайриконуни, осеб расонидан ба дарахту буттахо, риоя накардани тартиби мукаррарнамудаи истифодабарии чангал, бо партовхои кимиёвию маиши захролуд кардани чангалхо, нест кардани олами набототу хайвонот;

– танзими истифодабарии гайриасосии чангал, аз чумла чамъовари намудани мевачот, растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайра;

– сари вакт ошкор намудани манбаъхои пайдоиши хашароту зараррасонандагони дигар ва касалихои чангал, гузаронидани мушохидаи патологии афзоиш ва мубориза бар зидди онхо;

– таъмини риояи коидахои шикор ва мохидори дар худуди фонди чангал;

– дигар амалхое, ки хифзу химоя, баркароркуни ва истифодаи устувори чангалро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 17. Амали намудани чорабинихо оид ба хифзу химояи фонди  чангал

  1. Макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ва ташкилотхои он, макомоти махаллии хокимияти давлати, чангалдорон, истифодабарандагони чангал ичрои чорабинихоро оид ба хифзу химояи фонди чангал таъмин менамоянд.
  2. Чорабинихо оид ба хифзи чангал аз сухтор дар асоси коидахои бехатарии сухтор аз тарафи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати оид ба бехатари аз сухтор тасдик карда мешаванд.
  3. Чорабинихо оид ба пешгирии дарахтбурии гайриконуни, нест кардан ва осеб расонидан ба дарахтону буттахо, вайрон кардани тартиботи мукаррарнамудаи истифодабарии чангал, захролуд кардани чангалхо бо партовхои кимиёви, коммуналию маиши ва гайра, нест кардани олами хайвонот ва дигар хукуквайронкунихои чангалу шикор дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Хифзи чангал аз хашароти зараррасон ва касалихо

  1. Хифзи чангал аз хашароти зараррасон ва касалихо дар асоси мушохидахои доимии холати фонди чангал, сари вакт ошкор намудани манбаъхои пайдоиши онхо бо андешидани чорахои профилактики оид ба несту нобуд сохтани онхо амали карда мешаванд.
  2. Хифзи чангал аз хашароти зараррасон ва касалихо чорабинихои зеринро дар бар мегирад:

– тадкикоти чории патологии чангал;

– мушохидахои умуми ва муфассали инкишофи хашароти зараррасон ва касалихои чангал;

– пешгири ва нест кардани манбаъхои хашароти зараррасон ва касалихои чангал бо рохи кимиёви ва биологи.

  1. Чорабинихо оид ба хифзи фонди чангал аз хашароти зараррасон ва касалихои оммавии чангал дар мувофика бо макоми ваколатдор оид ба мубориза бар зидди хашароти зараррасони растанихо тахия ва амали карда мешаванд.

 

БОБИ 4. НОЗИРОТИ ДАВЛАТИИ ХИФЗИ ЧАНГАЛИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 19. Нозироти давлатии хифзи чангали Чумхурии Точикистон

  1. Нозироти давлатии хифзи чангали Чумхурии Точикистон (минбаъд – Нозироти давлатии хифзи чангал) дар назди макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ташкил дода мешавад.
  2. Кормандони Нозироти давлатии хифзи чангал дар як вакт нозирони давлатии хифзи чангал ба хисоб мераванд.
  3. Руйхати кормандоне, ки ба хайати Нозироти давлатии хифзи чангал дохил мешаванд, аз тарафи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал тасдик карда мешавад.
  4. Вазифахои Нозироти давлатии хифзи чангал иборатанд аз:

– таъмини хифзу химояи захирахои чангал ва фонди шикор;

– амали намудани назорати давлати оид ба хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангал.

  1. Кормандони Нозироти давлатии хифзи чангал ухдадоранд, ки:

– хукуквайронкунихоро дар сохаи хочагии чангал ва шикор пешгири ва рафъ намоянд;

– ба макомоти хифзи хукук оид ба ситонидани зарари расонидашуда мавод фиристонанд;

– назорати бехатари аз сухторро дар фонди давлатии чангал таъмин намоянд;

– дар доираи ваколатхои худ ба шахсони вокеи ва хукуки оид ба бартараф намудани окибати хукуквайронкунихои ошкоршуда амрнома диханд.

  1. Кормандони Нозироти давлатии хифзи чангал хукук доранд, ки:

– вазъи истифодабарии чангалро бисанчанд;

– хуччатхои шахсони вокеи ва хукукиро оид ба истифодабарии фонди ягонаи чангал бисанчанд;

– оид ба хукуквайронкунихои маъмури ва дигар хукуквайрокунихо дар сохаи чангал протоколхо ва санадхо тартиб диханд;

– доир ба ситонидани товони зарари ба чангал расонидаи шахсони вокеи ва хукуки ба суд мурочиат намоянд;

– воситахои наклиёт ва дигар объектхоро дар чангал аз назар гузаронанд;

– махсулоти гайриконуни ба даст овардашуда ва инчунин олоти шикори онхоро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори мусодира намоянд.

  1. Кормандони Нозироти давлатии хифзи чангал тахти химояи хукуки ва ичтимоии давлат карор доранд ва дар кайди сугуртаи хатмии давлати мебошанд.
  2. Кормандони Нозироти давлатии хифзи чангал бо либоси ягонаи расми ройгон таъмин карда мешаванд. Намуди либоси ягона, аломатхои фарккунандаи он ва тартиби таъмин намудани онхо бо пешниходи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  3. Шахсони мансабдори Нозироти давлатии хифзи чангал хукуки нигох доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроки хизматиро доранд. Руйхати мансабхои Нозироти давлатии хифзи чангал, ки хукуки нигох доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроки хизматиро доранд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад. Тартиби нигох доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроки хизматии шахсони мансабдори Нозироти давлатии хифзи чангал мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 20. Нозирони чамъиятии хифзи чангал

  1. Барои расонидани кумак ба кормандони Нозироти давлатии хифзи чангал аз хисоби ахоли Нозироти чамъиятии хифзи чангал ташкил карда мешавад.
  2. Назорат ба фаъолияти кори нозирони чамъиятии хифзи чангал ба зиммаи кормандони Нозироти давлатии хифзи чангал гузошта мешавад.
  3. Фаъолияти нозирони чамъияти тибки Низомнома ва бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал амали карда мешавад.

 

БОБИ 5. ХУСУСИЯТХОИ ХИФЗУ ХИМОЯ, БАРКАРОРКУНИ ВА ИСТИФОДАИ УСТУВОРИ ФОНДИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 21. Хусусиятхои хифзу химоя, баркароркуни ва истифодаи устувори чангалхои шахри

  1. Чангалхои дар махалхои ахолинишини шахр чойгирбуда (чангалхои шахри)  барои истирохати ахоли, гузаронидани чорабинихои фарханги, варзиши ва нигох доштани холати мусоиди экологии шахр пешбини гардидаанд.
  2. Хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангалхои шахри бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти махаллии хокимияи давлати ва Кодекси мазкур амали карда мешаванд.
  3. Истифодабарии чангалхои шахри бидуни максадхои таъинотии он манъ аст.
  4. Назорати давлати оид ба хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангалхои шахр аз тарафи сохтори махаллии макоми ваколатдор дар сохаи хочагии чангал  амали карда мешавад.

 

Моддаи 22. Хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори  фонди чангал дар минтакахои сархади

  1. Чангалхои замини минтакахои сархади ба фонди давлатии чангал дохил гардида, истифодабарии онхо дар мувофика бо макомоти ваколатдори хифзи сархади давлати амали карда мешавад.
  2. Назорати давлати оид ба хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чунин чангалхо ба зиммаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал гузошта мешавад.

 

Моддаи 23. Хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори  чангал дар худудхои табиии махсус мухофизатшаванда

Хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангал дар худудхои табиии махсус мухофизатшаванда тибки Кодекси мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи худудхои табии ва объектхои махсус мухофизатшаванда” ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

ФАСЛИ IV. ТАШКИЛИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ 

БОБИ 6. ВАЗИФАХО ВА ТАЛАБОТ ОИД БА ТАШКИЛИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 24. Максади ташкили хочагии чангал

Максади ташкил кардани хочагии чангал вобаста ба шароити табии ва иктисоди, хадаф, мавкеи чойгиршави, таркиби чинсу навъи дарахтхо ва хамчунин вобаста ба вазифахое, ки хочагихои чангал ба чо меоранд, таъмин кардани риояи меъёри хукуки ва техники барои окилона истифода кардани захирахои чангал мебошад.

 

Моддаи 25. Талаботи асоси нисбати ташкил ва пешбурди хочагии  чангал

Макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ва истифодабарандагони он барои ташкил намудани хочагии чангал ухдадоранд, ки:

– корхои чангалсози, мониторинг ва кадастри чангалро гузаронанд;

– накшаи идоракунии хочагии чангалро тахия ва амали намоянд;

– фонди чангалро ба категорияхо таксим намоянд;

– меъёрхои истифодабарии захирахои чангалро мукаррар намоянд;

– оид ба хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори фонди чангал чорахо андешанд;

– хочагихои нихолпарвари ташкил намоянд;

– корхои селексиони ва тухмипарвариро ба рох монанд;

– дигар чорабинихои хукуки, ташкили ва техникиро оид ба омузиш, бахисобгири, хифзу химоя ва баркароркунии чангалхо амали намоянд;

– назорати риояи конунгузории чангали Чумхурии Точикистонро таъмин намоянд.

 

Моддаи 26. Категорияхои мухофизатии чангалхо

Фонди давлатии чангали Точикистон вобаста ба вазифахо ба категорияхои зерини мухофизати таксим мешавад:

– обнигохдори – китъахои мухофизатии чангалхо дар сохилхои дарёхо, кулхо, обанборхо ва дигар иншооти оби, аз чумла минтакахои мамнуи чангалхое, ки чойхои тухмгузории чинсхои пуркимати мохихоро мухофизат менамоянд;

– мухофизати – китъахои чангали зидди эрозия, аз чумла китъахои чангали  нишебихои кух, китъахои мухофизатии чангали кад-кади роххои охан ва автомобилгард, мавзеъхои пурарзиши чангал ва дигар чангалхои дорои ахамияти зарури барои мухофизати мухити зист;

– чангалхои санитарию гигиени ва солимгардони – чангалхои шахри, чангалхои минтакахои сабзи гирду атрофи шахрхо ва дигар махалхои ахолинишин, чангалхои фарогати, чангалхои хифзи осоишгоххои минтакахои истирохати;

– чангалхои худудхои табиии махсус мухофизатшаванда – чангалхои мамнуъгоххо, парваришгоххо, богхои милли ва табии, чангалхои таъиноти илми, таърихи, осори табии ва фарогати;

– чангалхои саноатии пистазору чормагззорхо ва мевачот.

 

Моддаи 27. Намуди заминхои фонди чангал

  1. Таркиби заминхои фонди чангалро ташкил медиханд:

– замини чангалзор – замини дарахтзор, дарахтзорхои чудо-чудо, китъахои таъиноти махсус, парваришгоххои нихоли дарахт ва хамчунин заминхои бедарахт (дарахтхояшон бурида, чаману маргзорхо ва заминхои камдарахт);

– заминхои гайричангали – замини кишоварзи, роххо, китъахои зидди сухтор, бошишгох, об, ботлок, пиряххо, регзор ва заминхои дигари фонди чангал.

  1. Заминхои бедарахти фонди чангал ба категорияи (катори) заминхои чангалзори фонди чангал бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал гузаронида мешаванд.
  2. Заминхои чангалзорро ба категорияи (катори) заминхои гайричангалии фонди давлатии чангал бо максади ба рох мондани фаъолияти сохаи чангал ва истифодаи чангал макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал дар асоси маводи чангалсози ё тахкикоти махсус мегузаронад.
  3. Чаманзору маргзорхо аз руи маводи тахкики хок ва чангалсози гайри кобили чангал эътироф карда шуданашон ба категорияи (катори) заминхои гайричангали гузаронида мешаванд.
  4. Дар карори макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал дар бораи ба категорияи (катори) заминхои гайричангали гузаронидани заминхои чангалзор, ки бо пешбурди хочагии чангал алокаманд аст, махалли вокеъгардидаи китъа, масохат, хадаф ва мухлати гузаронидан, номгуйи корхои ичрояшон чоиз, чорабинихои киштбоб кардани ин китъа баъди гузаштани мухлати гузаронидани замин аз як категория ба категорияи дигар нишон дода мешавад.
  5. Замини чангалзорро бо максади киштукор, аз чумла барои чорводори ба категорияи (катори) замини гайричангал гузаронидани чангалдор ё истифодабарандаи чангал мумкин нест.

 

Моддаи 28. Ба дигар категория гузаронидани заминхои фонди  давлатии чангал

  1. Гузаронидани заминхои фонди давлатии чангал ба дигар категория, ки ба пешбурди хочагии чангал алокаманди надорад ва (ё) гирифтани заминхои фонди давлатии чангал барои эхтиёчоти давлати аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Дар сурати ба дигар категория гузаронидани заминхои фонди давлатии чангал товони талафот ва зарари истехсолоти хочагии чангал бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

 

Моддаи 29. Мувофика кардани чойи сохтмони иншоотхое, ки ба холати  чангалхо таъсир мерасонанд

1.Чойи сохтмони иншоотхое, ки ба холати чангалхо таъсир мерасонанд, бо макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал мувофика карда мешавад.

  1. Хангоми чойгирони, таррохи, сохтмон ва ба истифода додани корхонахо, иншоотхо ва объектхои дигар, хамчунин дар мавриди татбики равандхои нави технологие, ки ба холати чангалхо таъсир мерасонанд, бояд тадбирхое пешбини ва амали карда шаванд, ки чангалхоро аз таъсири бади обхои ифлос, партову ахлот ва пасмондахои саноати ва коммуналию маиши эмин доранд.
  2. Ба истифода додани корхонаю сеххо, роххои наклиёт ва иншоотхои дигаре, ки барои нарасонидани таъсири бад ба холати чангалхо тачхизоти пешгирикунанда надоранд, манъ аст.

 

Моддаи 30. Ичрои корхо дар заминхои фонди давлатии чангал, ки ба пешбурди фаъолияти хочагии чангал ва истифодаи он алокаманди надоранд

Дар заминхои фонди давлатии чангал корхои сохтмон, истихрочи канданихои фоиданоки маъмул ва корхои чустучуию геологие, ки ба пешбурди хочагии чангал ва истифодаи он алокаманди надоранд, дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ичро карда мешаванд.

 

ФАСЛИ V. БАХИСОБГИРИИ ДАВЛАТИИ ФОНДИ ЧАНГАЛ 

БОБИ 7. БАХИСОБГИРИИ ФОНДИ ЧАНГАЛ ВА БАНАКШАГИРИИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 31. Чангалсози

  1. Чангалсози бо максади пешбурди устувори хочагии чангал чихати ноил шудан ба мувозинати талаботи иктисоди, экологи ва ичтимои равона карда мешавад. Чангалдорон ва истифодабарандагони чангал фонди чангалро мувофики накшаи идоракунии хочагии чангал дар асоси хуччатхои чангалсози истифода мебаранд.
  2. Чангалсози амалхои зеринро дар бар мегирад:

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудани сархад ва масохати заминхои хочагихои чангал;

– ичрои корхои топографию геодези ва харитасозии чангалхо;

– бахисобгирии фонди чангал бо муайян кардани намуд, синну соли чангал, холати санитари, сифат ва микдори захирахои чангал;

– муайян намудани объектхои фонди мамнуъгоххои табии, растанихои нодир ва худудхои махсус мухофизатшаванда;

– асосхои гузаронидани китъахои фонди чангал ба категорияхо, тайёр намудани пешниходхо вобаста ба гузаронидани фонди чангал аз як категория ба категорияи дигар;

– гузаронидани майдонхои чангалхои ба таври сунъи бунёдкардашуда ба категорияи майдонхои чангалдор;

– муайян намудани шаклхои хукукии ба истифода додани захирахои чангал ва китъахои фонди чангал ба шахсони вокеи ва хукуки, инчунин муайян намудани худудхо барои идораи муштараки чангал;

– муайян намудани хачм ва тартиби ичрои корхо оид ба хифзу химоя, баркароркунии чангал ва чамъоварии тухмии дарахту буттахои чангал;

– муайян намудани хачми дарахтбурии асоси ва фосилави дар китъахои фонди чангал;

– муайян намудани хачми истифодабарии гайриасосии захирахои чангал;

– муайян намудани китъахои фонди чангал барои эхтиёчоти хочагихои шикори бо максади гузаронидани чорабинихои фарогативу солимгардони, сайёхи ва варзиши.

 

Моддаи 32. Гузаронидани корхои чангалсози

  1. Чангалсози бо тартиби ягона ва низоми мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал аз хисоби бучети давлат амали карда мешавад.
  2. Чангалсозиро дар худудхои фонди чангал корхонахои чангалсози якчоя бо чангалдор ва бо хамкории макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал мегузаронанд. Дар худудхои фонди давлатии чангал, идоракунии муштараки чангал бо иштироки истифодабарандагони чангал амали карда мешавад.

 

Моддаи 33. Накшахои хочагии чангал

  1. Хангоми чангалсози накшахои идоракунии хочагии чангал аз руи принсипхои идоракунии устувори чангал тахия мешаванд, ки онхо бахисобгирии захирахои чангал, арзёбии холат ва хочагидории чангал дар давраи санчиш ва банакшагирии максадхои тараккиёт, баркароркуни ва истифодабарии захирахои чангалро дар мавзеъхои муайяншуда (хочагихои чангал, чангалбонхо ва китъахои идоракунии муштараки чангал) дар бар мегиранд.
  2. Накшахои идоракунии хочагии чангал дар хамкори бо истифодабарандагон ва ташкилотхои хочагии чангал барои давраи тафтишоти ба мухлати аз 5 то 10 сол тахия мешаванд.
  3. Накшахои идоракунии ташкилотхои хочагии чангал аз тарафи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ва накшахои идоракунии минтакаи чангал ва китъахои идоракунии муштараки чангал аз тарафи ташкилотхои худудии хочагии чангал тасдик карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Кадастри давлатии чангал

  1. Максади кадастри давлатии чангал аз дастрас намудани маълумоти асоснок оид ба чойгиршавии заминхои фонди ягонаи чангал аз чихати табии, хукуки ва истифодабари иборат мебошад.
  2. Ба низом даровардани муносибатхои чангалдори асоснок кардани маблаги пардохти истифодаи чангал, танзими фонди чангал ва арзёбии фаъолияти истифодабарандагонро дар бар мегирад.
  3. Кадастри давлатии чангал бо низоми ягонаи мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал гузаронида мешавад.

 

Моддаи 35. Мониторинги давлатии чангал

  1. Мониторинги давлатии чангал аз мушохидаи мунтазами холати чангал, баходихи, ояндабини ва тахияи тавсияхо оид ба пешгирию бартараф кардани окибатхои манфи дар хифзу химоя, баркароркуни ва истифодаи захирахои чангал иборат мебошад.
  2. Мониторинги давлатии чангал бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал дар панч сол як маротиба гузаронида мешавад.

 

ФАСЛИ VI. БУНЁД, БАРКАРОР ВА ЗИЁД КАРДАНИ  МАХСУЛНОКИИ ЧАНГАЛ 

БОБИ 8. БУНЁД ВА БАРКАРОР КАРДАНИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 36. Максади бунёд ва баркарор кардани чангал

Максади бунёд ва баркарор кардани чангал аз нигохдори ва бехтар намудани вазъи экологии чангалхо, афзун гардонидани гуногунии биологи, инчунин мусоидат намудан ба паст кардани таъсири гармшавии иклим ва дигар падидахои табии иборат мебошад.

 

Моддаи 37. Бунёд кардани чангал

  1. Чангал дар заминхои холи бунёд карда мешавад.
  2. Чангал дар асоси лоихахо бунёд карда мешавад.
  3. Барои бунёд намудани чангал дар навбати аввал замини сохили дарёхо, обанборхо ва дигар категорияхои замин, ки барои истифодаи кишоварзи номувофиканд (заминхои обшуста, чарихо, кумзор ва дигар заминхои ба эрозия дучоршуда) ва хамчунин заминхои захираи давлати истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 38. Баркарор кардани чангал

Чангал бо риояи талаботи зерин баркарор карда мешавад:

– кишти тухми ва шинонидани нихоли навъхои пурарзиши дарахту буттахои барои хочагидори фоидаовар дар заминхои фонди чангал бо назардошти шароитхои сабзиши чангал;

– аз заминхои холии фонди чангал дар навбати аввал чудо намудани замин барои ичрои корхои баркароркунии чангал;

– бехтар кардани гуногунии намудхо ва баланд бардоштани самаранокии чангалхо, хусусиятхои мухофизати ва мухитофаринии онхо;

– нигохдории фонди генетики ва гуногунии биологии чангалхо.

 

Моддаи 39. Чангалхои плантатсиони

Чангалхои плантатсиони ба максади тайёр намудани чуб ва дигар махсулоти чангал (мевачот, растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайра) бунёд карда мешаванд.

 

Моддаи 40. Тухмипарвари дар чангал

  1. Тухмипарвари дар чангал бо максади парвариш, чамъовари, коркард, нигохдори ва истифодаи минбаъдаи тухми дар хочагии чангал ва нихолхонахо таъсис дода мешавад.
  2. Максад ва вазифаи тухмипарвари дар чангал таъмин кардани хочагихои чангал ва нихолхонахо бо тухмии хушсифати  аслаш муайяни ба шароити чангалзор мувофик, бо назардошти таъмини нигохдории гуногунии биологи, аз чумла гуногунии генетикии дарахту буттахо, мебошад.

 

Моддаи 41. Хочагии нихолпарвари дар чангал

  1. Хочагии нихолпарвари дар заминхои фонди давлатии чангал таъсис дода мешавад.
  2. Максад ва вазифаи хочагии нихолпарвари дар фонди давлатии чангал аз парвариши нихолхои дарахтону буттахои хушсифати махалли ва чавобгуйи талаботи стандарт иборат мебошад.

 

ФАСЛИ VII. ХУКУКИ ЧАНГАЛДОРИ 

БОБИ 9. ЧАНГАЛДОРИ

 

Моддаи 42. Чудо намудани заминхои фонди чангал ба хукуки  чангалдори

  1. Хукук ва ухдадорихои чангалдор дар китъахои фонди давлатии чангал берун аз заминхои истифодаи доимии ташкилотхои хочагии чангал, мамнуъгоххо ва богхои милли ба зиммаи ташкилоти худудии хочагии чангал гузошта мешавад.
  2. Чангалдори бо хукуки истифодаи бемухлати замин ба ташкилотхои хочагии чангал ва чангалдорони дигар барои хифзу химоя, баркароркуни, бунёд ва истифодабарии устувори чангал вобаста карда мешавад.
  3. Хукуки истифодаи замин дар заминхои фонди чангал бо сертификати хукуки истифодаи бемухлати замин тасдик мегардад.
  4. Хукуки чангалдорони чамъияти дар заминхои кишоварзи ва гайрикишоварзи (заминхои хочагихои дехкони (фермери), кооперативхои истехсоли ва дигар субъектхои хочагидори гайридавлати) тибки Кодекси замини Чумхурии Точикистан пайдо мегардад.

 

Моддаи 43. Хукук ва ухдадорихои чангалдорон

  1. Чангалдорон бояд аз руи принсипи идоракунии устувори рушди чангал ва истифодаи бисёрчабхаи захирахои чангал дар асоси банакшагирии касби фаъолият намоянд.
  2. Чангалдорон вазифадоранд, ки дар рафти банакшагирии истифодабарии захирахои чангал коидахои бунёду баркароркуни ва хифзу химояи чангалхоро риоя намоянд.
  3. Чангалдорони давлати хукук доранд:

– истифодаи чангал ва дигар фаъолияти хочагидориро дар фонди давлатии чангал бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур амали намоянд;

– чорабинихо оид ба чамъоварии мевачот, растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайраро дар заминхои фонди давлатии чангал ташкил намоянд;

– тибки конунгузори дар китъахои фонди давлатии чангал биною иншоотеро (ба истиснои манзилхои истикомати), ки барои пешбурди хочагии чангалу шикор заруранд, бунёд намоянд;

– бо шахсони вокеи ва хукуки барои истифодаи захирахои фонди давлатии чангал шартнома банданд;

– бо максади идоракунии муштараки чангал бо шахсони вокеи ва хукуки шартномахо банданд;

– дар якчояги бо макомоти махаллии хокимияти давлати мавзеъхои чарогох ва алафдаравиро дар худуди заминхои фонди давлатии чангал муайян намоянд;

– ба шахсони вокеи ва хукуки барои истифодабарии захирахои чангал рухсатномахо (чиптаи чангал) диханд ва онхоро бекор кунанд;

– барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур санаду протоколхо тартиб диханд;

– шикори хаваскорию варзиширо дар худуди фонди давлатии чангал ташкил намоянд.

  1. Чангалдорони давлати ухдадоранд:

– хочагии чангалро бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон идора намоянд;

– ба таври васеъ бунёду баркароркуни, хифз ва бехтар намудани холати санитарии чангалхо, нигохубини онхо, баланд бардоштани махсулноки ва дигар хосиятхои фоиданоки чангал, ташкили истифодаи бисёрчонибаи максаднок, ичрои корхои чангалсози, инчунин нигохдории иншооти давлатии фонди табиии мамнуъгоххо, ёдгорихои табии, фарханги, богхои милли ва табииро таъмин намоянд;

– нигохдории гуногунии биологи, баркароркунии чангалхо, истехсоли маводи дорувори, гизои ва техники, ичрои дигар талаботро оид ба хифзу химоя, баркароркунию бунёди чангал ва истифодабарии устувори фонди давлатии чангалро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, таъмин намоянд;

– воситахои зиддисухтори ва санитарии худудхои фонди давлатии чангалро мухайё намоянд, риоя нашудани коидахои бехатарии сухтор ва истифодаи чангал, инчунин дигар намудхои риоя нашудани конунгузории чангали Чумхурии Точикистонро сари вакт огох, ошкор ва пешгири намоянд, оид ба хомуш намудани сухтори чангал, мубориза бар зидди хашароту зараррасонандагони дигар ва касалихои чангал, мубориза бар зидди риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон чорахои зарури андешанд;

– ба истифодабарандагони чангал дар хифзу химояи чангал мусоидат намоянд;

– дар асоси коидахои тасдикнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал мониторинги чангалро гузаронида, саршумори хайвоноти вахширо ба хисоб гиранд.

  1. Чангалдорони чамъияти хукук доранд:

– истифода ва идоракунии китъахо ва захирахои чангалии фонди чамъиятии чангалро бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба рох монанд;

– тибки конунгузори дар китъахои фонди чамъиятии чангал иморату иншоотхои (ба истиснои манзилхои истикомати) барои пешбурди хочагии чангалу шикор зарурро дар мувофика бо макоми давлатии дахлдор бино намоянд;

– китъахои фонди чамъиятии чангалро ба ичора ё истифодабарии муваккати диханд.

  1. Чангалдорони чамъияти ухдадоранд:

– пешбурди хочагии чангал ва истифодабарии чангалро дар китъахое, ки дар истифодабарии онхо карор доранд, бо роху усулхои муносиби экологи, мувофики Кодекси мазкур ва дигар санадхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намоянд;

– хифзу химоя, нигохубин ва бехтар намудани холати санитарии чангалхоро, ки дар истифодабарии онхо карор доранд, таъмин намоянд;

– ба макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал маводеро, ки барои бахисобгирии фонди давлатии чангал, кадастри давлатии чангал заруранд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, пешниход намоянд;

– воситахои зиддисухтори ва санитариро дар китъахои фонди чангалхои чамъияти, ки ба моликияти онхо дохил мешаванд ё дар истифодаи дарозмухлати заминистифодабарандагон карор доранд, таъмин намоянд;

– оид ба пешгири ва хомуш намудани сухтори чангал, мубориза бар зидди хашароту зараррасонандагони дигар ва касалихои чангал чорахои зарури андешанд;

– сухтори чангалро дар китъахои фонди чангал, ки ба истифодабарии онхо дохил мешаванд, ба кайд гиранд ва барои окибати онхо чорахо андешанд.

 

Моддаи 44. Катъ гардидани хукуки чангалдори

Хукуки чангалдории давлати дар холатхои зерин катъ мегардад:

– бархам хурдани шахси хукуки, ки фонди давлатии чангал ба вай вобаста карда шудааст;

– тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои эхтиёчоти давлати гирифтани замини фонди давлатии чангал.

 

ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАБАРИИ ЧАНГАЛ 

БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ МУШТАРАКИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 45. Идоракунии муштараки чангал

  1. Идоракунии муштараки чангал аз тарафи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ва истифодабарандагони чангал дар асоси шартномахои муштарак амали карда мешавад.
  2. Чангалхои давлати дар доираи идоракунии муштараки чангал ба шахсони вокеи ва хукуки дар асоси накшахои идоракуни барои истифода дода мешаванд.
  3. Тартиб ва мухлати додани китъахои чангалро барои идоракунии муштараки чангал макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал муайян менамояд.
  4. Талаботи асосии идоракунии муштараки чангал мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 46. Максадхои идоракунии муштараки чангал

Максадхои идоракунии муштараки чангал аз инхо иборат мебошанд:

– истифодабарии устувори захирахои чангал хамчун воситаи баркароркуни, бехтар кардани холат ва нигохдории чангал дар асоси шартномаи идоракунии муштараки чангал;

– фарохам овардани шароити мусоид барои таъмини шахрвандон бо манбаи даромад;

– чалби шахрвандон ба чорабинихои зидди  биёбоншави ва идоракунии мухити атроф;

– андешидани тадбирхои иловаги барои нигохдории майдонхои чангалдор ва таъмини хифзи чангал;

– васеъ намудани масохати чангалхо ва фарохам овардани шароити мусоид барои зисти олами хайвонот.

 

Моддаи 47. Унсурхои идоракунии муштараки чангал

  1. Унсурхои хатмии идоракунии муштараки чангал инхоянд: – шартномаи байни ташкилотхои хочагии чангал ва истифодабарандагони чангал;

– накшаи идоракунии хочагии чангал, ки дар хамкори бо истифодабаранда ва ташкилотхои хочагии чангал ба мухлати 5-10 сол тахия карда мешавад.

  1. Накшаи идоракунии хочагии чангал ва накшаи солонаи чорабинихои хочагии чангал барои мустакилона истифода бурдани фонди чангал аз тарафи истифодабаранда хуччатхои асоси ба хисоб мераванд.
  2. Максади асосии таксимоти хиссаи махсулоти солона хавасманд кардани истифодабарандаи чангал барои истифодаи хиссаи худ дар рушд ва хифзи фонди чангал мебошад.

 

Моддаи 48. Шарти идоракунии муштараки чангал

Истифодабарии захирахои чангал дар худудхое, ки дар шартномахои идоракунии муштараки чангал муайян гардидаанд, аз тарафи шахсони сеюм ё берун аз накшаи идоракуни ва накшаи солона манъ аст.

 

Моддаи 49. Мухлати шартнома

  1. Шартномаи муштараки идоракунии чангал барои давраи муайян тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон баста мешавад.

2.Тамдиди мухлати шартнома дар холати риоя намудани шартхои шартнома кафолат дода мешавад.

  1. Дар холати вайрон кардани шартхои шартнома макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал метавонад амали шартномаро пеш аз мухлат катъ гардонад ва ё барои тамдиди он розиги надихад.

 

БОБИ 11. ХУКУКИ ИСТИФОДАБАРИИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 50. Асосхои хукукии истифодабарии чангал

Хукуки истифодаи чангал дар заминхои фонди давлатии чангал дар асоси хуччатхои зерин пайдо мегардад:

– шартномаи истифодаи намудхои муайяни захирахои чангал дар китъахои замини фонди давлатии чангал, ки ба шахсони вокеи ва хукуки барои истифодабари вобаста карда шудааст;

– шартномаи истифодаи чангал дар заминхои фонди давлатии чангал, ки шартхои он аз тарафи чангалдори давлати ва истифодабарандаи чангал муайян карда шудаанд;

– чиптаи чангал, ки чангалдори давлати хар сол ба истифодабарандаи чангал дар асоси шартномаи хукуки истифодаи захирахои дар шартнома муайянгардидаи чангал медихад.

 

Моддаи 51. Хукук ва ухдадорихои истифодабарандаи  чангал

  1. Истифодабарандаи чангал хукук дорад:

– китъахои фонди давлатии чангалро, ки дар хуччатхои ичозатдихи нишон дода шудаанд, истифода барад;

– оид ба холати фонди давлатии чангал маълумот гирад;

– товони зарареро, ки дар натичаи аз у барои эхтиёчоти давлати гирифтани заминхои фонди давлатии чангал расонида шудааст, талаб намояд.

  1. Истифодабарандаи чангал ухдадор аст:

– ба расонидани зарар ба мухити зист ва саломатии ахоли рох надихад;

– корхои пешгирии эрозияи заминро, ки ба холат ва баркароркунии чангал, инчунин ба холати объектхои об ва дигар объектхои табии таъсири манфи мерасонад, бо усулу воситахое, ки олами хайвонот ва мухити зисти онхоро нигох медоранд, ичро намояд;

– дар китъахои фонди давлатии чангали чудогардида коидахои бехатарии сухторро риоя намояд ва дар холати сар задани сухтор барои  хомуш намудани он чора андешад;

– дар китъахои фонди давлатии чангал бо Нозироти давлатии хифзи чангал ба пешгирии дарахтбурии гайриконуни, худсарона чамъовари намудани захирахои табиии чангал ва дигар хукуквайронкунихо мусоидат намояд;

– маблаги истифодаи чангалро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сари вакт пардохт намояд;

– талаботи бехтар кардани холати санитарии чангалро ичро намояд;

– ба чангалдорони давлати аз пайдо шудани хашароту зараррасонандагони дигар ва касалихои дарахту буттахо дар чангалзорхои ба онхо вобастабуда хабар дихад ва чорахои рафъи онхоро андешад;

– хукуки дигар истифодабарандагони чангалро махдуд накунад;

– дигар ухдадорихои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро ичро намояд.

 

Моддаи 52. Хуччатхои ичозатдихии хукуки истифодаи чангал

  1. Хуччатхои асосии ичозатдихи ба истифодаи чангал чиптаи чангал, ичозатнома дар бораи истифодаи объектхои олами набототу хайвонот мебошанд.
  2. Чиптаи чангал барои хукуки дарахтбурии асоси, дарахтбурии фосилави, истифодаи захирахои чангал (алафдарави, чарондани чорво, чамъоварии мевачот, растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайра) дар доираи меъёрхои муайян барои як сол дода мешавад.
  3. Хуччатхои ичозатдихи хар сол дар асоси шартномаи истифодаи чангал ва ё барои як мавсим, бидуни шартнома дода мешаванд. Дар ин холат хуччатхои ичозатдихи танхо барои истифодабарии чангал дар китъахо ё ба захирахое дода мешаванд, ки истифодабарандаи дигари дорои хукуки истифодабари дар асоси шартномаи истифодаи чангал ё шартномаи идоракунии муштараки чангал надорад.
  4. Варакаи чиптаи чангал, роххати шикор ва ичозатнома хуччатхои бахисобгири ба шумор мераванд ва тартиби бахисобгири, нигохдори ва додани онхоро макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал мукаррар менамояд.

 

Моддаи 53. Асосхои боздоштан ва ё катъ гардидани хукуки истифодаи  чангал

  1. Хукуки истифодаи чангал дар заминхои фонди давлатии чангал дар холатхои зерин боздошт ва ё катъ карда мешавад:

– аз эътибор сокит гардидани чиптаи чангал ва шартномаи истифодаи чангал;

– бекоркунии шартнома оид ба истифодабарии чангал;

– талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба чангал ва дигар конунхоро риоя накардани истифодабаранда;

– ичро накардани шартхои шартнома аз тарафи истифодабарандаи чангал;

– рох додан ба вайронкунии конунгузории чангал, ки сабаби бад шудани холати чангал гардидааст, кам шудан ва осеб расонидан ба захирахои чангал, олами набототу хайвоноти китъаи ба истифода вобаста кардашуда;

– ихтиёри даст кашидани истифодабарандаи чангал аз хукуки истифодаи чангал;

– гузаштани мухлати шартномаи истифодаи чангал;

– бархам хурдани шахси хукуки – истифодабарандаи чангал;

– мунтазам (ду маротиба ва зиёда аз он) риоя накардани коидахои истифодабарии чангал ва мухлати мукарраргардидаи пардохти маблаг барои истифодабарии чангал;

– гирифтани замини фонди давлатии чангал барои эхтиёчоти давлати;

– дигар холатхое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

  1. Катъ гардидани хукуки истифодабарии чангал дар заминхои фонди давлатии чангал истифодабарандаро барои вайрон кардани конунгузории чангали Чумхурии Точикистон дар давраи истифодабарии конунии чангал аз чавобгари озод намекунад.

 

Моддаи 54. Будубоши шахсони вокеи дар худуди фонди давлатии  чангал

  1. Шахсони вокеи хукук доранд, ки ба худуди фонди давлатии чангал бо максади истирохат, иштирок намудан дар чорабинихои фарханги, солимгардони, фарогати, сайёхи ва варзиши, чамъоварии мевачот ва растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва дигар захирахои чангал барои эхтиёчоти худ ворид шаванд.
  2. Чамъоварии мевачот ва растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва дигар захирахои чангал барои эхтиёчоти шахси бе пардохт дар мухлатхои муайянгардида, дар хачм ва бо тартибе, ки ба табиат зарар намерасонанд, дар асоси коидахои тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.
  3. Будубоши шахсони вокеи дар худуди фонди давлатии чангал ва чамъовари намудани мевачот ва растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва дигар захирахои чангал дар холатхои зерин махдуд карда мешавад:

– ба манфиати хифзи саломатии ахоли;

– таъмини бехатари аз сухтор дар чангалхо;

– ба ташкилоти хочагии чангал чудо намудани китъахои чангал барои тайёркунии мевачот ва растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайра;

– чудо намудани китъахои чангал барои ичрои корхои илмию тадкикоти;

– ба максадхои таъмини мавзеъхои пахншавии олами хайвонот.

  1. Шахсони вокеи ухдадоранд, ки дар худуди хочагии чангал коидахои бехатарии сухторро риоя намоянд, ба шикастан ва буридани дарахтон ва буттахо, осеб расонидан ба нихолхои чангал, ифлос кардани чангалхо, вайрон намудани лонаи парандагон ва чои зисти олами хайвонот рох надиханд, махсулоти худруй ва гизоии чангал, гиёххои шифобахшро дар мухлатхои муайянгардида ва бо тартибе, ки ба табиат зарар намерасонанд, чамъовари намоянд.

 

БОБИ 12. ИСТИФОДАБАРИИ ФОНДИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 55. Истифодабарии фонди чангал

Фонди чангал барои истифодабари ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон дода мешаванд. Тартиби чудо намудани заминхои фонди чангалро Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 56. Намудхои истифодабарии фонди чангал

  1. Фонди давлатии чангалро ба максадхои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– тайёр намудани чуб ва хезум;

– истифодабарии гайриасосии чангал – алафдарави, чаронидани чорво, чойгир кардани куттихои занбури асал, парвариши тухми ва нихолхо, тайёр ва чамъовари намудани мевачот ва растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайра;

– ичрои корхои илмию тадкикоти, чорабинихои фархангию истирохати ва сайёхиву варзиши;

– истифодабарии заминхои фонди чангал барои хочагихои шикори.

  1. Истифодабарии заминхои фонди давлатии чангал барои сохтмони инфрасохтори сайёхи, иншооти минтакахои фарогатию истирохати ва табобати, инчунин ташкили шикоргоххо тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба рох монда мешавад.

 

Моддаи 57. Дарахтбурии асоси ва фосилави

  1. Дарахтбурии асоси бо максади тайёр намудани чуб ва хезум дар чойхои махсуси ба ин максад чудогардидае, ки дар накшаи идоракунии хочагии чангал муайян шудааст, амали карда мешавад.
  2. Дарахтбурии фосилави бо максади ба тартиб даровардан ва солимгардонии чангалхо амали карда мешавад.
  3. Дарахтбурии асоси ва фосилави дар асоси коидахои мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал сурат мегирад.

 

Моддаи 58. Махдуд намудани истифодабарии чангал

  1. Дар чангалхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба худудхои табиии махсус мухофизатшаванда дохил карда шудаанд, ба монанди мамнуъгоху парваришгоххои табии, чангалхои ёдгории табии ва таърихи, чангалхое, ки дар онхо корхои илмию тадкикоти ва тухмипарвари ба рох монда шудааст, корхои хочагидори ва истифодабари махдуд карда мешаванд.
  2. Тартиби истифодабарии чангалро дар чангалхои номбаршуда макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал муайян мекунад.

 

Моддаи 59. Алафдарави ва чаронидани чорво дар чангал

  1. Заминхои фонди давлатии чангалро, ки дар онхо имконияти алафдарави ва чаронидани чорво мавчуд аст, дар асоси накшаи идоракунии хочагии чангал  ташкилотхои хочагии чангал ба шахсони вокеи ва хукуки барои истифодабари чудо мекунанд. Дар китъахои муштараки идоракунии чангал чойхои алафдарави ва чаронидани чорво бо накшаи идоракунии хочагии чангал (накшаи идоракуни) мукаррар карда мешаванд.
  2. Мавзеъхои алафдарави ва чаронидани чорво дар заминхои фонди давлатии чангал ба шахсони вокеи ва хукуки дар асоси аризаи онхо тибки шартнома ба мухлати муайян вобаста карда мешаванд.
  3. Аз меъёр зиёд чаронидани чорво дар заминхои фонди давлатии чангал ва чангалзор, ки метавонад ба сабзиши нихолхои чангали ба таври сунъи бунёдшуда ва табии зарар расонад, манъ аст.
  4. Чаронидани чорво ва алафдарави дар заминхои фонди давлатии чангал танхо дар чойхои махсус чудонамудаи макомоти хочагии чангал ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 60. Истифодаи заминхои фонди давлатии чангал бо максади  ичрои корхои илмию тадкикоти

Барои ичро кардани корхои илмию тадкикоти макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал китъахои алохидаи замини фонди давлатии чангалро ба шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла ба шахсони вокеи ва хукукии хоричи, дар асоси шартнома ва хуччатхои ичозатдихи, ки Кодекси мазкур пешбини кардааст, чудо менамояд.

 

Моддаи 61. Истифодаи заминхои фонди давлатии чангал бо максади  гузаронидани чорабинихои фархангиву солимгардони, фарогати, сайёхи ва варзиши

  1. Китъахои замини фонди давлатии чангал бо максади гузаронидани чорабинихои фарханги, солимгардони, фарогати, сайёхи ва варзиши барои истифода ба шахсони вокеи ва хукуки дар асоси шартнома бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур вобаста карда мешаванд.
  2. Истифодабарандагони чангал дар китъахои замини вобасташудаи фонди давлатии чангал оид ба корхои ободони ва фарогатию маиши, хизматрасонии ахоли, бо назардошти шароити нигохдории мухити чангал ва ландшафтхои табии, риояи коидахои зиддисухтори ва санитари, чорахо меандешанд.

 

Моддаи 62. Истифодаи чангал барои эхтиёчоти хочагии шикори

  1. Макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал хукук дорад олами хайвоноти фонди шикорро бо рохи ташкили хочагихои шикори истифода барад.
  2. Макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал барои эхтиёчоти хочагихои шикори ба шахсони хукуки шикоргоххоро барои истифодаи муваккати ва пешбурди хочагии шикор вобаста карда метавонад.
  3. Макоми ваколатдори давлатии сохаи хочагии чангал ва макоми худудии хочагии чангал гузаронидани чорабинихоеро, ки барои рушди хочагии шикор, хифзи хайвоноти фонди шикори, бахисобгирии шумораи хайвоноти вахши заруранд, тахти назорат мегиранд.
  4. Истифодаи китъахои фонди давлатии чангал, инчунин шикори хайвонот барои шахсони вокеи ва хукуки музднок мебошад.
  5. Истифодабарии чангал, гузаронидани дигар чорабинихои марбути хочагии чангал ва корхои биотехники дар китъахои фонди давлатии чангал, ки барои эхтиёчоти хочагии шикори дода шудаанд, бояд бо фарохам овардани шароити мусоиди зисти хайвоноти вахши сурат гиранд.
  6. Саршумори хайвоноти вахши дар чангал  дар доирае, ки суботи экосистемаро таъмин намояд, ба танзим дароварда мешавад.

 

ФАСЛИ IX. МЕХАНИЗМХОИ ИКТИСОДИИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ 

БОБИ 13. ИКТИСОДИЁТИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 63. Механизмхои иктисодии идоракунии хочагии чангал

Механизмхои иктисодии идоракунии хочагихои давлатии чангал аз инхо иборат аст:

– банакшагирии чорабинихо оид ба хифзи чангалзорхо аз нестшави ва баркароркунии онхо;

– маблаггузории хочагихои чангал тибки меъёрхо ва барномахои давлати, ки онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст;

– пардохти хаки истифодаи захирахои чангал аз тарафи истифодабарандагони чангал;

– хавасмандгардони барои васеъ намудани масохати заминхои фонди давлатии чангал;

– сугуртаи фонди давлатии чангал аз холатхои фавкулоддаи табии, сухтор ва хашароту зараррасонандагони дигар.

 

Моддаи 64. Пардохти маблаг барои истифодаи фонди давлатии чангал

  1. Истифодаи захирахои фонди давлатии чангал музднок мебошад.
  2. Музди истифодаи китъахои фонди давлатии чангал аз хамаи намудхои истифодабарии чангал тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  3. Музди истифодабарии чангал дар китъахои фонди давлатии чангал бо назардошти фоидаоварии чангалхо, сифат ва дастрас будани захирахои чангал, бо нархи бозории махсулоти чангал мукаррар карда мешавад.
  4. Тартиби хисоб ва пардохти музди истифодабарии чангал мутобики санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон муайян мегардад.

 

Моддаи 65. Хавасмандгардонии иктисоди барои васеъ намудани майдони чангалзори Чумхурии Точикистон

Хавасмандгардонии иктисоди барои васеъ намудани масохати чангалзор бо роххои зерин сурат мегирад:

– ба фонди заминхои чангал гузаронидани заминхои захираи давлати ва заминхои дигар категорияхо, ки дар сохаи кишоварзи истифода бурдани онхо гайриимкон аст;

– хавасмандгардони барои бунёди чангал ва плантатсияхои махсуси нихолхояшон зуд сабзишёбанда, бунёди чангалхои агромелиоративи ва дигар минтакахои мухофизати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– хавасмандгардони барои бунёди плантатсияхои сермахсули мевадиханда ва чангалзорхои плантатсиони бо максади таъминоти иктисодиёти чумхури бо захирахои чуб ва дигар махсулоти истеъмоли;

– мухайё намудани шароити мусоид барои маблаггузори кардани хочагии чангал;

– хавасмандгардони ба максади чалби шахрвандон барои баркароркунии чангал ба воситаи идоракунии муштараки чангал.

 

Моддаи 66. Сугуртакунонии масъулияти чангалдорони давлати ва  истифодабарандагони чангал

  1. Чангалдорони давлати ва истифодабарандагони чангал дар китъахои фонди давлатии чангал барои хифзи сохибмулкон хангоми хатар аз руи ухдадорихои шартнома сугурта карда мешаванд.
  2. Сугуртаи чангалдорони давлати ва истифодабарандагони китъахои фонди давлатии чангал ихтиёри мебошад.
  3. Тартиби сугуртакунонии ихтиёрии чангалдорони давлати ва истифодабарандагони чангал тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 14. МАБЛАГГУЗОРИИ ХОЧАГИИ ЧАНГАЛ

 

Моддаи 67. Сарчашмахои маблаггузори барои пешбурди хочагии  чангали фонди давлатии чангал

Пешбурди хочагии чангал дар фонди давлатии чангал аз хисоби манбаъхои зерин маблаггузори карда мешавад:

– бучети давлати дар доираи барномахои дастгирии давлатии рушди сохаи хочагии чангал;

– хизматрасонии музднок ва фуруши махсулоти чангал;

– фуруши лавозимоти шикори ва сайди мусодирашуда;

– товони зарари ба чангал расонидашуда;

– дигар сарчашмахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 68. Дастгирии давлатии молиявии хочагии чангал

Дастгирии давлатии молиявии хочагии чангал аз хисоби маблагхои бучети давлати ба ичрои чорабинихои зерин равона карда мешавад:

– корхои чангалсози, хисоботи фонди давлатии чангал, кадастр ва мониторинги чангал;

– чорабинихои хифзи чангал аз сухтор, мухофизат аз хашароту зараррасонандагони дигар ва касалихои дарахтон;

– ичрои корхои илмию тадкикоти, чустучуи, лоихакаши дар сохаи хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии фонди чангал;

– ичрои корхои селексиони ва тухмипарвари;

– тайёр намудани кадрхои хочагии чангал ва шикор;

– чорабинихо оид ба  хифзи чангал аз дарахтбурии гайриконуни ва дигар хукуквайронкунихо;

– бунёд ва баркароркунии чангал;

– сохтмон ва таъмири роххои дохилии чангал, сохтмони иморату иншоот барои хочагии чангал, харидани воситахои махсус;

– чорабинихои биотехники барои рушд ва афзоиши саршумори хайвоноти вахши ва батартибдарории мавзеъхои шикори;

– бахисобгирии хайвоноти вахши;

– таъмини кормандони Нозироти хифзи давлатии чангал бо сарулибос ва лавозимоти хизмати.

 

БОБИ 15.  ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

 

Моддаи 69. Хамкории байналмилали дар сохаи хифзу химоя, баркароркуни ва истифодаи устувори чангал

Хамкории байналмилали дар сохаи хифзу химоя, баркароркуни ва истифодабарии устувори чангал дар асоси Кодекси мазкур ва принсипхои мукаррарнамудаи санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, ба рох монда мешавад.

 

БОБИ 16. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 70. Намудхои вайронкунии конунгузории чангал

Вайрон кардани конунгузори дар сохаи чангал аз инхо иборат аст:

– гайриконуни буридан, несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба дарахту буттахои чангал то давраи  аз сабзиш бозмондан;

– несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба навнихолхои киштшуда ва кучатшуда дар хочагихои чангал ва нихолпарвари;

– касдан несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба фонди чангал бо рохи оташ задан ва риоя накардани талаботи коидахои бехатари аз сухтор дар чангал;

– хароб кардани алафзорхо ва маргзори чорвочарони дар заминхои фонди чангал;

– худсарона даравидани алафхо ва чарондани чорво дар худуди фонди чангал;

– худсарона чамъовари ва тайёр намудани мевачот, растанихои худруйи гизои, гиёххои шифобахш, техники ва гайра;

– несту нобуд кардани аломатхои махдудкунанда ва огохкунанда дар каламрави фонди давлатии чангал;

– гайриконуни доштан, захмдор ё несту нобуд кардан ва нигох доштани хайвонот дар мухити гайри озод, вайрон кардани лонаи парандагон ва мавзеъхои зисти хайвоноти вахши;

– осеб расонидан ба чангал бо обхои ифлос, махлулхои химияви, партовхои саноати ва коммунали, ки ба хушкшави ва ё ба касалшавии дарахтони чангал оварда мерасонанд;

– несту нобуд кардани олами хайвоноти ба чангал фоидаовар;

– худсарона ишгол намудани заминхои фонди чангал.

 

Моддаи 71. Чуброни товони зарари ба хочагии чангал расонидашуда

Шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд, ки товони зарари ба фонди чангал ва шикор расонидашударо аз руи тартиб ва меъёри мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чуброн намоянд.

 

Моддаи 72. Халли бахсхо оид ба чангал

Бахсхо байни шахсони вокеи ва хукуки вобаста ба талаботи Кодекси мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

 

Моддаи 73. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 74. Аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории  Чумхурии Точикистон

Кодекси чангали Чумхурии Точикистон, ки бо Карори Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз 24 июни соли 1993, № 770 кабул карда шудааст (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1993, № 13, мод. 243; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997, № 9, мод. 117;  с. 2008, №1, к. 2, мод.17; № 6, мод.464), аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 75. Тартиби мавриди амал карор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2011, №7-8, мод. 615)

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                               Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе,

2 августи соли 2011,

№ 761

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …