Главная / Илм / «КИТОБУ-Л-ЧАДАРи В-АЛ-ХАСБА»

«КИТОБУ-Л-ЧАДАРи В-АЛ-ХАСБА»

nagzak«КИТОБУ-Л-ЧАДАРи В-АЛ-ХАСБА» («Китоб дар боби нагзак ва сурхча»), асари Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози дар боби тиб. Ибтидои а. 10 ба забони араби навишта шудааст. «К.» асарест, ки дар асоси мушохидахои шахсии муаллиф навишта шуда, сар то по мукаммал ва баландмазмун мебошад. Нагзак ва сурхча ба инсоният аз кадимулайём маълум аст. Вале аввалин маротиба дар таърихи илми тиб дар «К.» нагзак аз сурхча хамчун бемории алохида чудо карда шудааст. Дар асари мазкур дар бораи аломатхо, тарзи сироят, муолича, пешгири ва чараёни беморихои нагзак ва сурхча ва нисбат ба нагзак масуният (иммунитет) пайдо намудани одами ба он гирифтор маълумоти пурра дода шудаанд. Маълумоти мазкур то хол киммати илмию амалии худро гум накардаанд. Минбаъд дар «К.» барои исботи гояи мазкур тачрибахои моеъи дохили хубобчахои бемории нагзакро гирифта, ба шахси дигари солим пайванд кардан, тасвир гаштааст. Гоя ва усули мазкур минбаъд дар тамоми мамлакатхои Шарк, баъди а. 17 дар Европа пахн гашта, мувофики он усули нагзаккани кашф гардид.
«К.» асрхои зиёд дар мактабхою муассисахои тиббии чахон чун китоби дарси ва дастурамал истифода шудааст. Асар нахустин маротиба с. 1498 дар Венетсия бо номи «Liber de Pestilentia» ба забони лотини ва минбаъд то с. 1781 боз 7 маротиба, с. 1548 бо забони юнони, 1817 бо забони англиси ва с-хои 1763, 1866 бо забони франсави нашр шудааст.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …