Главная / Илм / КЕРАТОЗХО

КЕРАТОЗХО

keratozhoКЕРАТОЗХО (Keratosis; юн. keras, keratos – шох), як гурухи беморихо, ки дар мавриди он пуст аз хад зиёд шуга мебандад. К. беморихои маъмул мебошанд. К. гайримодарзоди ва модарзоди мешаванд.
К.-и гайримодарзоди дар мавриди баъзе беморихои сирояти (махав, сифилис, сузок), ихтилоли фаъолияти асаб ва гадудхои усораи дохили (мас., кератодермияи климактерии кафи дасту по), омосхои саратонии аъзои дарун, хусусан сурхруда, меъда ва г. инкишоф меёбад. К. мумкин аст касби низ бошанд; онхо зери таъсири омилхои химияви, механики ва афканишот ба вучуд меоянд. Чунин навъи К., одатан, дар чойхои кушодаи пуст, мас., дар даст пайдо мешаванд. Дар пусти пушти дасти духтурони рентгенолог баъди 20 – 25 соли кор зери таъсири афканишоти бардавом (он хеле кам хам бошад) хосилахои озахмонанди рангашон зарди хокистари инкишоф меёбанд. Дар коргароне, ки муддати мадид бо катрон, равгани ангишт, нефт, гудрон тамос доранд, дар даст озаххои сахт пайдо мешаванд. Дар пусти руй, гардан, бозу мумкин аст пулакчахои шохин ба вучуд оянд.
Дар организм нарасидани витамини А ва С боиси хушкидани пусти тамоми бадан мегардад. Дар одамони калон бисёр вакт К.-и пирсоли ба вучуд меоянд (дар бини, рухсора, гардан, чакка ва г.). Баъзан чойхои шугбастаи пуст ба яра табдил меёбанд.
Дар байни К.-и модарзоди бештар ихтиоз, кератодермия, поликератозхо дучор меоянд. Барои муоличаи К. пархез ва истеъмоли гизохои дорои витамини А ва гурухи В муфид аст. Хамчунин обзанхои охари (37 – 38°С), содаи ё намаки (1 – 3%) ахамияти калон доранд. Духтур мархамхои гуногун, афканишоти ултрабунафш, электрокоагулятсия ва г. низ таъин мекунад. Фарчоми бемори хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …