Главная / Илм / КАНАКАИ ХИНДи

КАНАКАИ ХИНДи

КАНАКАИ ХИНДи, муначчим ва табиб. Дар Гундишопур фаъолият доштааст. К. Х. аз касонест, ки бо ёрии дигар мутарчимин китобхои хиндиро ба форси (пахлави) ё араби бармегардонд. Дар карни дуввум ва авв. карни севвуми хичри зистааст. Ба фармони халифаи аббоси Хорунуррашид ба Багдод даъват шуд ва дар хизмати халифа карор ёфта, сохиби вазифа ва маоши хос гардид. у аз пуштибонии хонадони бармакиён низ бархурдор буд. К. Х. чандин китоби тибби ва нучумиро ба ёрии мутарчимон аз хинди ба пахлави ва араби баргардонд, ки аз он чумла «Китобу-с-сумум»-и табиби кадими хинди Шонок мебошад. Тарчимаи дигари у яке аз таълифоти Сусрутаи Хинди аст. Онро барои Яхёи Бармаки тарчима кард ва он хамчун кунноше дар тиб буд, ки дар бемористон аз он истифода мебурданд. Ба гайр аз ин К. Х. китобхои зерини хиндиро тарчима ё таълиф кардааст: «Китобу-н-намузор фи-л-аъмор», «Китобу асрори-л-маволид», «Китобу-л-кироноти-с-сагир» ва «Асмоу акокири-л-хиндия» (онро барои Исхок ибни Сулаймон тафсир кардааст).
Ад.: Забехуллох Сафо, «Таърихи улуми акли», ч. 1, Техрон, 1331 х. ш.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …