Главная / Илм / КАЛЛАПОЧА

КАЛЛАПОЧА

kalapochaКАЛЛАПОЧА, узвхои даруни, калла, дум, дасту пои хайвонот, ки баъди куштан чудо карда мегиранд. Баъзе узвхо – чигар, гурда, магзи сар, дил, сина, пардаи зери шуш дар гизоноки аз гушт ками надоранд, аз чихати микдори баъзе витаминхо, леситин, намакхои минерали бошад, аз он мегузаранд. Чигар, хусусан чигари гов ва гусола, чун гизои шифобахш ва пархези истеъмол мешавад, чунки ба микдори зиёд витаминхои гурухи В, равган, моддахои фаъоли гормони, микроэлементхо дорад (онхо дар раванди хосил шудани хун иштирок менамоянд). Азбаски дар чигар микдори витамини А. зиёд аст, онро бештар шахсони гирифтори иллати пуст ва луобпардахо истеъмол мекунанд. К.- ро хеле бодикат тоза кардан лозим, то ки баъди истеъмоли он захролуди ва диг. ходисахои нохуш руй надихад. Дар корхонахои истехсоли махсулоти гушти хангоми ба сех овардани К. ва пеш аз ба яхдон бурдани К.-и тозакарда, назорати дукаратаи ветеринари мегузаронанд. К. – и тоза накардаро ба фуруш баровардан манъ аст. Мавриди аз К. тайёр кардани таомхои гуногун, нигох доштан ва фурухтани К. риояи коидахои бехдошт зарур мебошад. Гизои аз К. тахиягашта тез вайрон мешавад, барои хамин онхоро дар яхдон (на бештар аз як шаборуз) нигох доштан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sinto

Синтоизм: пайдоиш ва таърихи он

Синтоия /аз япони – рохи худоён/ – дини японхост, ки дар асрхои VI-VII ба вучуд …