Главная / Илм / КАДМИЙ

КАДМИЙ

kadmiyКАДМИЙ (лот. Cadmium, аз юн. kadmeia – маъдани рух), элементи химиявии гурухи II чадвали элементхои Менделеев; раками ат. 48, массаи ат. 112,40; металли сафеди нукратоб. С. 1817 Ф. Штромейер кашф кардааст. К. 8 изотопи собити адади массаашон 106, 108, 110 – 114, 116 дорад.
К металли вазнин, нарм ва ёзанда, ба куфт тобовар; t гуд. 320,9°С, t чуш. 767°С; зичиаш 8650 кг/м3 (20°С). Пайвастхояш дувалента аст. Дар хаво бо кабати тунуки оксиди тира – CdO пушида мешавад. Дар харор. мукаррари бо галогенхо ва сулфур пайваст гашта, дар кислотахо нагз хал мешавад; ба таъсири ишкорхо устувор аст. Намакхои асоси, дучанда ва комплексии К. сершуморанд. Пайвастхои К. (хусусан буги оксиди К.) захрнок мебошанд. К. дар мубодилаи карбогидратхо, синтези кислотаи гиппур дар чигар, фаъолияти баъзе ферментхои организм ахамияти мухим дорад.
Пайвастхои К. захрноканд, мас., CaO, CdSO, CaS. Хамаи онхо таъсири ангезишовар дошта, ба силсилаи асабхои маркази ва канори, шуш, гурда, чигар, мушакхои скелет, бофтахои устухон таъсири номатлуб мерасонанд. Барои пешгири кардани зиёни К. дар корхона бояд ба коидахои бехатарии мехнат риоя карда шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …