Главная / Гуногун / Ислом барои бунёди илмхои дакик

Ислом барои бунёди илмхои дакик

Савол: Устод, маро бубахшед, хар он чи ки дар замони Сомониён аз тарафи олимони точик карда шудаанд ин натичаи таъсир ва заминаи бойи гузаштаи халки точик аст. Оё пас аз галабаи дини Ислом, аз тарафи ахли Ислом барои бунёди илмхои дакик, бевосита ягон хисса ё чорае дида шуда буданд ё на?!

Чавоб: Пас ба таърих ру меорем: Дини Ислом хануз ба сахнаи таърих набаромада дасти имдодхохона ба гахвораи тамаддун-Мовароуннахру Хуросон дароз кард. Дере нагузашта иддае  аз олимони бофархангро ба Арабистон чалб карданд. Абуханиф Нуъмон ибни Сабит бо тахаллуси Имоми Аъзам машхур шуд, ки у дар Ислом пас аз Мухаммад шахси дуюм гардид. Дар катори Имоми Аъзам даххо нафар мутафаккирони точик аз кабили Абдуллох ибни Муборак, Ахмад ибни Ханбал, Исхок ибни Раховайх, Хайсам ибни Курайш, Абубакр Ахмад ибни Мухаммад, Сайиди Бухоро, Иброхим ибни Макил ан Насафи, Наъима ибни Хаммад ал-Марвази, Хофиз ал-Хоразми, Чамолиддин ан-Насафи, Шиблии Истаравшани, Абулхасан ибни Мухаммад ас-Самарканди ва дигарон барои ба сахнаи таърих баромадани дини Ислом хизмати шоистае карданд.

talab-kardani-ilmМахз бо маслихату ёрии он иддае, ки мо, алъон, номбар кардем ахли Ислом ба тайёр кардани мутарчимон ба забонхои койна (юнони), лотини, форси, ибри, сурёни, наботи, хинди машгул шуданд. Дар ин давра алакай нахустин китоби Ибни Чубайр (соли 104 хичри), китоби Ибни Мунейх (соли 116 хичри), китоби Муслими Захри (соли141 хичри), дар илми нахв китоби Даили ва лугати Ибни Халил (шогирди олими забардасти забони араби- Себуяи Форси) дарч гардиданд. Ахли Ислом, сипас, баъд аз тайёр кардани тарчумонхо ба Юнону Рим ва дигар мамлакатхои мутамаддини дунё мутахассисонро бо пули зиёд фиристоданд, ки махз китобхои гуногунро дар бораи илмхои табиатшиноси дарёфт карда биёранд. Хулоса, бори нахуст ба воситаи як рухонии насрони чанд китоби юнониро доир ба илми санъат ва нучум ба даст оварда, ба забони араби тарчума карданд. Сипас аз Рим китоби Уклидус ва «Мачасти»-ро оварда ба араби тарчума карданд. Мувофики маълумоти «Одоб-ул-луга» «китобхое ки дар он замон ба араби тарчума шуда аз садхо чилд зиёд мебошанд ва минчумла аз китоби Афлотун 8 чилд, аз Арасту 19 чилд, аз Букрот 10 чилд, аз Чолинус 38 чилд ва аз осори Уклидус, Аршамидус, Аблуниюс, Монолоус, Батламиюс, Абрахас, Динофантас чандин чилд ва хамчунин аз форси 30 чилд, аз хинди 20 чилд ва аз лотинию ибриву сурёни ва наботи чандин чилд» тарчума карда шуданд.

Аз руи навишти китоби «Уюн-ул-анбо»: «Дар чамъоварии китобхо аз билоди мухталифи олам эхтимом варзида ва дар он рох сармоягузори мекарданд. Ва хамчунин дар рохи тарчумаи онхо ба забони араби хакки  калами зиёд ба мутарчимон медоданд, ки аз он чумла яке Мухаммад ибни Абулмалик аз-Зайёт аст, ки мохе 12 хазор динори тилло ба мутарчимон медод, то он ки китобхоро  ба номи у тарчума кунанд.

Албатта аз нимаи дуюми асри 7-и милоди якуякбора ин кадар ба китоб дода шудани мардуми Шарк як сабаби асоси дорад. Ин сабаб ба шарофати Яздигурди Се – шаханшохи охирини импераияи бузурги Сосон вобастаги дорад.

Савол: Чи тавр?

Чавоб: Чун пас аз эхёи дини мубини Ислом Империяи бузурги Сосон бархам хурд, Яздигурди Се ба чойи боигарии дар тули зиёда аз хазор сол – яъне аз абтидои Империяи Пахлави то интихои империяи Сосон чамъ шударо ба арабхо гузошта, тамоми китобхои дар ин давра дар пойтахти Форс – Мадоину Тайсафун чамъ шударо ба уштурхо бар карда ба Осиёи Миёна, аникаш ба Бохтар овард. Хеч касс ин боигарии ба арабхо гузоштаи шаханшохи чавон – Яздигурди Серо тасаввур карда наметавонад, ба чуз мухаккикони ин ду империяи бузург – Пахлави ва Сосон. (ниг., И. Умарзода. «Таърихи тамаддуни ориён» Душанбе, с 2006. аз сах. 374 то 525).

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …