Главная / Гуногун / Идеологияи давлати. Оё он лозим аст?

Идеологияи давлати. Оё он лозим аст?

Аз байн рафтани Иттиходи Шурави – сабаби тит шуда рафтани тамоми пояхои пусидаи ин империяи бузург гардид. Чун ба деворхои таркидаи бино кандилхои кашангу зебо мечаспонанд, ин ба сони мурдаеро мемонад, ки ба у xомаи зархали мепушонанд, гуё, ки у зинда мегардида бошад.

Иддае аз олимони xумхури ба xои он ки зухуроти аз байн рафтани Иттиходи Шуравиро тадкик намуда, хулосахои окилона бароранд ва давлати xавони тоxикро ба рохи дуруст хидоят кунанд, халки зулмдидаи тоxикро аз вартаи фалокатбори xамъияти рахо созанд, ба харзагуии бехудаву беасос ва мутлако гайри илми ва гайри таърихи даст зада, халки худро боз хам гумрох кардани шуданд.

Вокеа чунин рух дод: рузи 25 декабри соли 1993 хаво хеле сард буд, дар бинои ДДМТ, ки аз рузи бунёдаш то кунун боре хам руи гармиро надида буд, семинари назарияви барпо гардид, ки ректори Донишгох ба он сарвари мекард. Ба гайр аз олимони маъруфи Донишгох, иддае аз берун хам даъват шуда буданд.

Яке аз олимон ба забони руси бо унвони «Государственная идеология в условиях нового политического плюрализма» нутк кард. Пас олимон баромад карда идеологияи давлатиро саддарсад тарафдори карданд. Факат банда бар зидди ин акида баромад кардам.

Хама бо як овоз далелхои маро рад карданд. Ва бо тантана истинод мекарданд, ки ин масъала дар АИ Тоxикистон аз тарафи файласуфхо тархрези карда шудааст (Росташро гуям, сатхи пасти донишхои таклидии ин идда маро дар хайрат гузошт ва ба вохима афтодам, ки бо ин ахвол мо Тоxикистони мустакилро чи тавр идора мекунем).

Инак, ба зудди бо унвони «Идеологияи давлати. Оё он лозим аст?» макола навишта, дар рузномаи «Садои мардум» чоп кардам. Пас аз ин, ба воситаи телевизион чандин карат, мизи мудаввар ташкил намуданд, ки аз руи гуфтаи маърузачиашон хар дафъа галаба ба тарафи маколаи «Идеология давлати. Оё он лозим аст?» хал мешуд.

Хулоса, бар зидди ташкилкунандагони мизи мудаввар, маколаи мо пурра галаба кард. Аз ин лихоз, матни ин маколаро, ки хануз хам ахамияти худро гум накардааст, пурра, бе ягон тагироту илова чоп кардем.

Иброхим Умарзода

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …