Главная / Илм / ИНСОН дар Канзи Шифо (Китоб)

ИНСОН дар Канзи Шифо (Китоб)

Дар таркиби бадани инсон (одам) чизхои фоидабахш ва зарарнок бисёранд. Бехтарини инсон барои истифодаи кисмхои бадани он чавони тандуруст, пайкараш хушрехта ва сокини махалли иклимаш муътадил бошад. Хислатхои шифобахши он: агар чирки гушашро бихуранд, дарунро пурбод ва касро бехуш мекунад. Агар онро ос карда гузошта банданд, дарди нимсарро шифо мебахшад; ос кардаи онро чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм ва гули ба он афтодаро дафъ мекунад. Хурдани устухонаш беморихои хатарнокро ба зухур меоварад, аз чумла, агар бардавом бихуранд, кур мекунад. Пусидаи онро куфта, ба решхои хуранда бипошанд, сихат мебахшад, хусусан устухони каллааш дар ин бобат кавитар аст. Агар онро сухта, хар руз 4,5 грамм бо 4,5 грамм шакар то се руз бихуранд, барои беморихои саръ (припадка) ва иркуннасо (радикулит) даво мешавад.

Оби дахани каси дили нахор доштаро дар гуш чаконанд, кирми гушро мекушад ва хавоеро, ки дар даруни он банд шуда бошад, пароканда менамояд. Агар ба чойи газидаи каждум ва гунда бимоланд, захри он чоро дафъ мекунад ва агар онро бимоланд, шукуфахои пуст, догхои кунчидак, догхои захм ва решхо, нуктахои сурхи хунинро дар чашм ва гули чашмро дафъ мекунад ва ба дахани мор туф кунанд, фавран он мемирад, хусусан сохиби туф каси сафровимизоч бошад.

Саргини гунчишкро бо оби дахани инсон хамир карда, ба озаххо шукуфахои пуст гузошта банданд, онхоро дафъ мекунад. Агар оби даханро танхо бимоланд, аз ягон чойи пусти бадан хун равон бошад, онро манъ мекунад ва дахани чарохатхоро ба хам меоварад. Бо асал даромехта бимоланд, догхои кунчидак ва догхои решу захмхоро аз пусти бадан пок мекунад. Чун гандумро хангоми дили нахор будан хоида, ба варам гузоранд, варамро тахлил медихад ва агар ба пучакхо бигузоранд, онхоро мепазонад.

Чирки бехи дандонро хангоми дили нахор будан чамъ карда, ба шукуфахои пусти кудакон бимоланд, онхоро хушк ва нест мекунад; ба доги кунчидак ва догхои дигари пуст бимоланд, онхоро пок месозад. Захраи (талхаи) инсонро бихуранд, баданро фарбех менамояд. Хуни дар хичомат ва фасд (хунгири) гирифтаи инсонро ба никрис (подагра), бугумхо ва иркуннасо (радикулит) бимоланд, дарди онхоро таскин медихад. Агар хуни инсонро бихуранд, хатман ахмак мекунад. Хуни хайзро бимоланд, дардхои шадиди узвхоро таскин медихад, дахани носур (захми бедаво)-ро ба хам оварда сихат мебахшад; ва агар инро бихуранд, захри котил мебошад. Латтаро, ки ба хуни хайз тар карда шуда бошад, занхо аз таг бардоранд, хомила шуданро манъ месозад. Латтаи хайзро сухта, дудашро бигиранд, табларзаро, яъне варачаро шифо мебахшад.

Пешоби инсон-одам, хусусан пешоби кудакон ё аз они худро бинушанд, сурфаи кухнаро дафъ мекунад, душвории нафаскаширо ислох мегардонад; иллатхои сипурз, истиско (водянка), зардпарвин, банд шудани пешоб, кутури тар, хориши бедаво ва шукуфаи пустро дору мешавад. Агар онро бо оби нахуд ё бо асал биёшоманд, зардпарвинро дафъ мекунад. Агар онро бичаконанд, барои дарди чашм даво мешавад; хусусан ки дар зарфи мис бо асал бисёр чуш дода бошанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин, пешобро дар зарфи мис чушонида, намаки онро гирифта, ос карда, ба чашм бипошанд, гули ба он афтодаро ба зуди нест мегардонад, инро ба доги кунчидак низ бимоланд, онро дафъ мекунад.

Саргини тифли майдаро ба реши чамра (карбункул), ки мухлик аст, бимоланд, онро сихат мебахшад; ба чарохатхо бимоланд, дахани онхоро ба хам меоварад, низ бадбуйии узвхоро дур мегардонад. Агар онро сухта ба милки дандонхо бимоланд, буйи бади онро ислох мегардонад. Агар доги сафеди пуст ва доги пес дар натичаи тарс ба зухур пайваста бошад, ду руз саргини тифлро пайдархам молида, дар офтоб нишинанд, бешубха аз ин иллатхо начот меёбанд. Ба сокхои по бимоланд, реш ва захмхои он мавзеъро ба ибро меоварад.

Муйи сухтаи инсонро бихуранд, барои дамкутахи, гирифтагии овоз, истиско ва захрхои кушанда даво мешавад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва инчунин, намегузорад, ки муй сафед шавад. Агар ин сухтаи муйи инсонро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро мебарад. Муйи сухтаи инсонро чун гард ос карда, дар равгани гули сурх хал намуда дар гуш чаконанд, дарди гушро таскин медихад. Обкардаи онро ба решхои хуранда, чарохатхо, захмхои шадид ва даванда бипошанд, онхоро шифо мебахшад. Хокистарашро бипошанд, чушишхоро нест мекунад; инро бо шир хамир карда гузошта банданд, варамхои давандаро аз харакат бозмедорад ва тахлил медихад. Хурдани равгани инсон бохро кувват мебахшад. Мании инсонро бимоланд, доги пес ва доги сафеди пустро пок мекунад. Хар кас хамрохаки тифлро, ки хангоми таваллуд кардани зан фуромаданаш бихурад, хатман ба иллати махав гирифтор мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …