Главная / Биология / ИНКИШОФИ ФАРДИИ ОРГАНИЗМХО (ОНТОГЕНЕЗ)

ИНКИШОФИ ФАРДИИ ОРГАНИЗМХО (ОНТОГЕНЕЗ)

Онтогенез инкишофи фардии организмхо, яъне такрори филогенез дар шакли кутоху зуд ва ё инкишофи таърихии намуд аст, ки ин фард ба он дохил мешавад.

Конуни биогенетики Ибтидои организми нави хайвонот ва растани новобаста аз тарзи афзоиш аз як ё чанд хучайра огоз меёбад, ки онхо факат дорои хиссачахои ирси буда, ягон хосият, хусусият ва аломатхои организми бутунро надоранд.

Инкишоф гуфта, зина ба зина амали гардидани ахбори ирсии аз волидон гирифтаро меноманд. Масъалахои инкишофи фардиро эмбриология (аз лотинии embri – чанин) ё чаниншиноси меомузад.

ОНТОГЕНЕЗ

Асосгузори эмбриологияи хозира академики Академияи Фанхои Россия К.М.Бэр мебошад.

Соли 1828 Бэр китоби «Таърихи инкишофи хайвонот»-ро нашр намуд. Бэр инкишофи чанини мург ва хайвоноти ширхурро омухта, ба илм конуни монандии чанинхоро дохил кард. У исбот кард, ки инкишофи чанини одам низ аз руи як

накшаи умуми, ки ба хайвоноти мухрадор хос аст, сурат мегирад. Дар ташкили эмбриологияи эволютсиони сахми олимони дигари рус А.О.Ковалевский ва И.И.Мечников арзанда аст. Тасаввуроти хозиразамон оиди кабатхои чанин ба Ко-

валевский тааллук доранд. У кабатхои эктодерма, энтодерма ва мезодермаи хама гуруххои хордадоронро нишон дод. Бо шарофати корхои Мечников ва Ковалевский, хамчунин олимони дигари нимаи дуюми асри ХIХ конуни инкишофи хайвоноти бемухра ва мухрадор муайян гардид.

Эмбриологияи эволютсиони, анатомияи киёси, палеонтология далелхои мухими эволютсияи хайвонотро исбот карда, ба хам каробат доштани гуруххои гуногуни онхоро муайян намуд. Тадкикоти Ч.Дарвин, корхои К.М.Бэр, А.О.Ковалевский, И.И.Мечников ва олимони дигар барои ба миён омадани конуни биогенетики замина фарохам овард ва он аз чониби олимони олмони Ф.Мюллер ва Э.Гек-

кел пешниход шуд. Мувофики акидаи онхо, онтогенез инкишофи фарди – шакли кутохи такрорёбии филогенез аст, яъне инкишофи таърихии намуде, ки фардхо ба он дохил мешаванд. Миёнахои асри ХХ бо масъалаи таносуби онтогенез ва филонегез олими бузурги рус, академик А.Н.Северсов машгул шуд. Холо дар мисоли баъзе чонварони хордадор раванди онтогенез ва хусусиятхои онро дида мебароем, ки натичаи он ба мархилахои гуногуни инкишофи фарди оварда мерасонад. Онтогенез чист? Онтогенез ё инкишофи фарди гуфта тамоми давраи хаёти фардро меноманд, ки аз омехта шудани нутфа бо хучайратухм ва ташаккули зигота сар шуда, то махв шудани организмхоро дар бар мегирад.

Онтогенез ба ду давра чудо мешавад: 1) давраи чанини – аз пайдоиши зигота то таваллуд ё аз тухмпарда баромадани фардро дар бар мегирад; 2) давраи баъдичанини – аз лахзаи баромадан аз тухм ё таваллуд то фаро расидани марг.

Саволхо барои санчиш:

  1. Инкишофи фардии организмхо чист?
  2. Инкишофи фарди ба кадом даврахо чудо мешавад?
  3. Олимонеро номбар кунед, ки дар пешрафти эмбриология хиссаи арзанда гузоштаанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …