Главная / Биология / ИНКИШОФИ ФАРДИИ ОРГАНИЗМҲО (ОНТОГЕНЕЗ)

ИНКИШОФИ ФАРДИИ ОРГАНИЗМҲО (ОНТОГЕНЕЗ)

Онтогенез инкишофи фардии организмҳо, яъне такрори филогенез дар шакли кўтоҳу зуд ва ё инкишофи таърихии намуд аст, ки ин фард ба он дохил мешавад.

Қонуни биогенетикӣ Ибтидои организми нави ҳайвонот ва растанӣ новобаста аз тарзи афзоиш аз як ё чанд ҳуҷайра оғоз меёбад, ки онҳо фақат дорои ҳиссачаҳои ирсӣ буда, ягон хосият, хусусият ва аломатҳои организми бутунро надоранд.

Инкишоф гуфта, зина ба зина амалӣ гардидани ахбори ирсии аз волидон гирифтаро меноманд. Масъалаҳои инкишофи фардиро эмбриология (аз лотинии embri – ҷанин) ё ҷаниншиносӣ меомўзад.

ОНТОГЕНЕЗ

Асосгузори эмбриологияи ҳозира академики Академияи Фанҳои Россия К.М.Бэр мебошад.

Соли 1828 Бэр китоби «Таърихи инкишофи ҳайвонот»-ро нашр намуд. Бэр инкишофи ҷанини мурғ ва ҳайвоноти ширхўрро омўхта, ба илм қонуни монандии ҷанинҳоро дохил кард. Ў исбот кард, ки инкишофи ҷанини одам низ аз рўи як

нақшаи умумӣ, ки ба ҳайвоноти мўҳрадор хос аст, сурат мегирад. Дар ташкили эмбриологияи эволютсионӣ саҳми олимони дигари рус А.О.Ковалевский ва И.И.Мечников арзанда аст. Тасаввуроти ҳозиразамон оиди қабатҳои ҷанин ба Ко-

валевский тааллуқ доранд. Ў қабатҳои эктодерма, энтодерма ва мезодермаи ҳама гурўҳҳои хордадоронро нишон дод. Бо шарофати корҳои Мечников ва Ковалевский, ҳамчунин олимони дигари нимаи дуюми асри ХIХ қонуни инкишофи ҳайвоноти бемўҳра ва мўҳрадор муайян гардид.

Эмбриологияи эволютсионӣ, анатомияи қиёсӣ, палеонтология далелҳои муҳими эволютсияи ҳайвонотро исбот карда, ба ҳам қаробат доштани гурўҳҳои гуногуни онҳоро муайян намуд. Тадқиқоти Ч.Дарвин, корҳои К.М.Бэр, А.О.Ковалевский, И.И.Мечников ва олимони дигар барои ба миён омадани қонуни биогенетикӣ замина фароҳам овард ва он аз ҷониби олимони олмонӣ Ф.Мюллер ва Э.Гек-

кел пешниҳод шуд. Мувофиқи ақидаи онҳо, онтогенез инкишофи фардӣ – шакли кўтоҳи такрорёбии филогенез аст, яъне инкишофи таърихии намуде, ки фардҳо ба он дохил мешаванд. Миёнаҳои асри ХХ бо масъалаи таносуби онтогенез ва филонегез олими бузурги рус, академик А.Н.Северсов машғул шуд. Ҳоло дар мисоли баъзе ҷонварони хордадор раванди онтогенез ва хусусиятҳои онро дида мебароем, ки натиҷаи он ба марҳилаҳои гуногуни инкишофи фардӣ оварда мерасонад. Онтогенез чист? Онтогенез ё инкишофи фардӣ гуфта тамоми давраи ҳаёти фардро меноманд, ки аз омехта шудани нутфа бо ҳуҷайратухм ва ташаккули зигота сар шуда, то маҳв шудани организмҳоро дар бар мегирад.

Онтогенез ба ду давра ҷудо мешавад: 1) давраи ҷанинӣ – аз пайдоиши зигота то таваллуд ё аз тухмпарда баромадани фардро дар бар мегирад; 2) давраи баъдиҷанинӣ – аз лаҳзаи баромадан аз тухм ё таваллуд то фаро расидани марг.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Инкишофи фардии организмҳо чист?
  2. Инкишофи фардӣ ба кадом давраҳо ҷудо мешавад?
  3. Олимонеро номбар кунед, ки дар пешрафти эмбриология ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …