Главная / Илм / ИНФАНТИЛИЗМ

ИНФАНТИЛИЗМ

infantilizmИНФАНТИЛИЗМ (Infantilismus; лот. infantilis – кудакона, аз infans – гапнозан), як навъ синдромест, ки дар таъхири инкишофи чисмони, чинси ва рухии хоси синни кудаки ё навраси падид меояд. И. аз даврахои зерин иборат аст: чанини – дар кудакони чала (афгона) ба мушохида расидани нишонахои чанин; инфантилизм ба маънои асоси (кудакона) – дар кудакон махфуз мондани нишонахое, ки хоси кудакони синни ширхораги мебошанд; пуэрилизм – махфуз мондани аломатхое, ки хоси давраи то балогат дар бачагон ва духтарон мебошанд; ювенализм – махфуз мондани аломатхое, ки хоси давраи чавони дар одамони калонсол мебошанд.
Чараёни И. катъи назар аз сабаби пайдоиш музмин аст. Дар мавриди И.-и умуми инкишофи чисмони, рухи ва чинси халалдор шуда, одам аз сабзиш мемонад; узвхои таносул ва аломатхои дуюмини чинси инкишоф намеёбанд, чуссаю фикррони кудакона аст. Сабаби И.-и умуми мумкин беморихои музмини узвхои дохили ва ихтилоли мубодилаи моддахо, истеъмоли хурокхои камгизо, захролуди (дар давраи сабзиши организм) бошанд. И.-и умумии майнаю гипофизи хангоми осебхои гуногун, беморихои сирояти ва рагхои магзи сар, ки дар натича фаъолияти гипофиз халалдор мешавад, ба вучуд меояд. Барои И.-и чинси дар занхо аменорея ё ихтилоли хайз, хуншории бачадон, бенасли, бачапартои ва г. хос мебошанд; дар мардхо бисёр вакт крипторхизм, набудани нуфуз, эхтилом, азооспермия ба мушохида мерасад.
И. дар асоси аломатхои болини, натичаи тадкикоти гинекологи ва урологи, муоинаи психиатр ва г. ташхис карда мешавад. И.-и чинсиро аз руи аломатхои аз сабзиш мондани узвхои таносул мукаррар мекунанд.
Муоличаи саривакти ва босамари И., одатан, натичаи мусбат медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …