Главная / Илм / ИХТИОЗ

ИХТИОЗ

ihtiozИХТИОЗ (Ichthyosis; юн. ichthys – мохи), мохипусти, бемории ирсии пуст. Сабаби он ихтилоли раванди шуга бастани пуст аст. И. мукаррари ва модарзод мешавад.
И.-и мукаррари нисбатан бештар дучор меояд. Он дар синни хурдсоли инкишоф ёфта, то давраи ба балогат расидан авч мегирад. Хангоми ин шакли И. кариб тамоми пуст (гайр аз чинхои калон – оринч, зери каш, кадкашак) зарар мебинад. Пусти иллати хушк буда, бо кабатхои шугаи хокистарранг фаро гирифта мешавад. Дар мавриди шакли сабуки бемори пуст сабусак хосил мекунад; шакл нисбатан вазнини И. бо хосил шудани пулакчахои гафс (диаметраш то 1 см) ё шугаи сахти чигари падид меояд.
Ба И.-и модарзод ихтиози кудакон ва эритродермияи ихтиозмонанд мансубанд. И.-и кудак дар мохи сеюми инкишофи у дар батни модар ба вучуд меояд: пуст бо кабати гафси шуга фаро гирифта мешавад («косаи сангпушт»), узвхои дохилии он пурра инкишоф намеёбанд. Чунин кудакон мефавтанд.
Эритродермияи ихтиозмонанд хангоми ба дунё омадани тифл мушохида шуда, пуст якбора сурх мегардад (баъд тадричан сабусак пайдо мекунад). Бисёр вакт пилки чашм ругардон (эктропион) ва нохунхо гафс шуда, гиперкератози кафи дасту по инкишоф меёбад (гафс шудани шохпардаи эпидермис); дар пуст дамидани обилачахо низ аз эхтимол дур нест (И.-и эпидермолизи). Дар беморони гирифтори И. амрози римноки пуст низ пайдо мешаванд.
Муоличаи И. дуру дароз аст. Ба микдори зиёд витамини А, аевит таъин карда мешавад; аз усулхои обшифои ва афканишоти ултрабунафш истифода мекунанд. Мунтазам ба пуст мархамхои нармсозанда, инчунин мархами дорои мочевина ва натрий хлор молидан лозим аст.
Фарчоми бемори ба шакли И. вобастаги дорад. Хангоми И.-и мукаррари анчоми маризи хуб аст; дар мавриди эритродермияи ихтиозмонанд бо гузашти синну сол зухуроти бемори хеле сабук шавад хам, муолича намеёбад. Рохи пешгирии И. маълум нест.
Ад.: Зоиров П. Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.
М. С. Исоева..

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …