Главная / Чамъият / Хукуку ухдадорихои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

Хукуку ухдадорихои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

Моддаи 63-и Кодекси Оила. Хукуку ухдадорихои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон 

  1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои хукуку ухдадори мебошанд.

Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломати, такомули чисмони, рухи, маънави ва ахлоки, таълим, касбомузии фарзандонашон гамхори  намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба хамаи шахсони дигар хукуки афзалиятнок доранд.

  1. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани тахсилоти умумии асоси, ба фарзандонашон имконият фарохам оваранд.

Падару модар хукук доранд, ки бо назардошти фикру хохиши фарзандонашон муассисахои таълими ва шаклхои тахсили онхоро то давраи аз чониби онхо гирифтани маълумоти  умумии асоси  интихоб намоянд.

  1. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар хукуку ухдадори ва масъулияте мебошанд, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …