Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

Моддаи 63-и Кодекси Оила. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон 

  1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадорӣ мебошанд.

Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ  намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

  1. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд.

Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти  умумии асосӣ  интихоб намоянд.

  1. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …